Раббонӣ Фирдавсии замона ва Масъуд Рустами қаҳрамони ӯ буд

…. БузуrabbaniSUM_2003973cртарин иштибоҳи устод Раббонӣ дар зиндагияш ин буд, ки ба хулосаи Конфронси Бон мувофиқат намуд ва ҳукуматро ба гурӯҳи нолоиқ ва нобакор таслим кард. Иштибоҳе, ки ба қиммати ҷони азизи Устод тамом шуд. Ӯ ҳаргиз бояд чунин намекард ва агар ҳам кард, бояд бо ҳукумате, ки таҳти ишғоли Амрико қарор дорад, ҳамкорӣ намекард. Ба таъбири Пидром баъди даргузашти Масъуд, Устод Раббонӣ натавонист ба дурустӣ ин наҳзатро идора кунад. Ва хиёнат ё иштибоҳи ҳамроҳонаш назири Муҳаммадқосими Фаҳим, Юнуси Қонунӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ боис шуд, қудрати солҳо барояш муборизашударо ба осонӣ таслим кунанд. Коре, ки агар Масъуд зинда мебуд, ҳаргиз дунё шоҳидаш намешуд. Яъне на таслиме, на Боне, на ҳукумати муваққате ва на Карзае.

Эҳтиром ба масофаи ҳазорҳо километр

… Аммо дар ин миён як амали Латифи Пидром, ҷамъи донишманду хабарнигори тоҷикро шокӣ кард ва баъди хориҷ шудан аз мулоқот ба якдигар аз он иштибоҳи зебои Пидром мегуфтанд. Ӯ зимни интиқод аз раҳбарони Ҷабҳаи шимол, аз ҷумла Устод Раббонӣ, ба иштибоҳ исми Ӯ-ро бидуни пешванди Устод, ба забон овард. Билфосила, истод, аз ҳама маъзарат хост ва лафзи худро ислоҳ кард ва Устод-ро ба пеши номи Устод Раббонӣ афзуд. Ин кор ҳамаро такон дод. Воқеъан ҳасад мебарам ба ин навъи эҳтиром, зиҳӣ марде, Устоде, ки аз ҳазор километр масофа эҳтиромаш ба ҷо меояд...

Ин иттифоқ ҷои андеша дорад. Зеро Пидром на дар гузашта узви ҳукумати Устод Раббонӣ буд ва на акнун дар созмони ӯ мақом дорад ва на пайрави хати сиёсии Ӯст. Аммо эҳтироме, ки Пидром ба Устод нишон дод, ба назари ман тааҳҳуди худи Пидром ба худии худаш аст, то ба Устод Раббонӣ. Ин эҳтироми Пидром ба қавму миллату арзиши милливу мазҳабиаш аст. Ин эҳтиром ва эътирофи ҷойгоҳи олим аст. Ин баёнгари дар як сатҳе аз суботи фикрӣ қарор гирифтани Пидром ва Устод аст. Баёнгари ваҳдати фикр ва фарзанди як миллат будани ду нафар аст, ки ба якдигар бадӣ намехоҳанд, агарчанд башиддат аз ҳам интиқод мекунанд. Чизе, ки тоҷикони Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳ онро тақрибан, ки надоранд.

Аммо ин иттифоқ баҳонаи бештареро барои зикри чанд мавриди дигар ба ман медиҳад. Яке ин ки:

ЧАРО УСТОД РАББОНӢ САЗОВОРИ ЭҲТИРОМ АСТ?

Ҷолиб ин аст, ки Устод Раббонӣ солҳост, ки ҳамаи ин интиқодоти хешу табору пайраву пайвандро таҳаммул мекунад. Ва на танҳо таҳаммул мекунад. Ба хотири ҳамон доктор Абдуллоҳе, ки ӯро аз қудрат барандохта буд меравад, то дар Тахору Бадахшон таблиғ кунад, ки Абдуллоҳ Раиси ҷумҳур шавад ва наздик буд, кушта мешуд. Юнуси Қонуниро ҳам бузургӣ ва ҳиммату ҳилаи Устод Раббонӣ раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон кард. Ҳикмати бузургӣ низ дар ҳамин аст ва Устод ба ҳиммате, ки дошт, шогирдони нопухтаву норасидаи худро бахшид, на танҳо бахшид, балки пояи аслии бақо ва пойдории мактаби Масъуд Устод Раббонӣ буд, - мактаби тоҷикият дар Афғонистон.

Яъне ба рағми ҳар он чи зикр шуд, дар паҳлӯи шогирдони худ қарор гирифтани Устод Раббонӣ ба маънои он аст, ки Ӯ андешаи миллиро ба ҳама манфиати дигар тарҷеҳ дода ва шогирдонашро бахшид. Агар Устод кина мегирифт, ин на ба нафъи худи ӯ, на ба нафъи қавми ӯ, ва на ба нафъи шогирдони хатокори мактабаш буд. Акнун, ки ҳимат гумоштааст, танҳо ба бузургиаш афзуда. Тафовути Ӯ низ аз дигарон дар ҳамин аст, вагарна пешванди номаш Устод намебуд.

Устод Раббонӣ воқеъан сазовори эҳтиром аст. Чаро, ки ӯ ба сурати баробар, самимона, содиқона ва холисона тавонист ҳамқавмону пайравону ҳаммиллатони худро қаноъат бидиҳад. Ва ҳама ӯро аз они худ медонист. Шарти раҳбарӣ ҳамин аст. Раҳбарони мо барои он наметавонанд миллӣ ва маҳбуб шаванд, ки як қисми ҷомеъаро аз худашон норозӣ нигаҳ медоранд. Барои ҳамин ман метавонам ба сурати рамзӣ бигӯм, ки Устод Раббонӣ падари миллат буд. Зеро ба ҳамаи фарзандон ба сурати баробар нигоҳ кард, аз ҷумла дар замони ҷанги дохилӣ ҳам ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам мухолифинро ба сурати баробар бародарони худ хонд ва ба ҳарду як хел кӯмак кард. Ҳеҷ якеро бузургу кӯчак надонист. Албатта иштибоҳе ҳам дар ин миён кард, ки ҷуброннопазир аст, вале зебост... Ин иҷбори мухолифон ба сулҳ бидуни қайду шарт буд.

Устод Раббонӣ раҳбари муқовимат ва ҷиҳоде буд, ки натиҷаи он сарнавишти башарро ба сӯи дигар савқ дод, ба сӯи озодӣ. Ифтихори пирузӣ ва ё маҳор кардани ҷанги сард ба номи Устод бар мегардад.

Зеро ин ду ном тамсиле аз ҷиҳод аст ва тавъам ба номи тоҷик. Шикасти шӯравӣ дар Афғонистон ва суқути коммунизм дар дунё аввали аввал ба ин номҳо робита мегирад: УСТОД РАББОНӢ ва АҲМАДШОҲИ МАСЪУД ва баъд дигарон. Мутаассифона, тавре Мӯъмин Қаноъат, мегӯяд, ин миллат бештар аз дӯст душман дорад. Ё ин миллат пир шудааст ва ё ин миллат ҷавон асту дунё пир шудааст. Чизе ҳаст, ки ин миллат бо дунё сохта наметавонад. Устод Раббонӣ ва Масъуд ҳам натавонистанд бо дунё бисозанд, рози бузургашон ҳам дар ҳамин аст, ки хостанд бо қонуни худашон зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин сазовори эҳтироманд. Номи Раббонӣ дар саросари дунё ҳар кӣ бихоҳад ё не, рамзи тоҷикият аст. Ҳар кӣ номи ӯро бигирад, тоҷик ба ёдаш мерасад. Раббонӣ ҳамном ва тавъам бо тоҷик аст. Ӯ Фирдавсии ҳаким ва Масъуд Рустами қаҳрамони ӯ буд, ки баъди ҳазор сол дубора ба ҷони мурдаи тоҷик ҷон овард. Акнун на Рустам монд, на Фирдавсӣ, тоҷик барои чӣ дигар зиндагӣ кунад?!

Ҳама тоҷик вомдори ӯст

Ҳама тоҷик дар саросари олам, хоса дар Тоҷикистон вомдори Ӯст... Чаро мегӯям, ки ҳамаи тоҷик вомдори ӯст?

Зеро ӯ чун як тоҷик дар ҳамаи сутуҳ масъулияти миллии худро адо кардааст. Ду мавридро аз мушоҳидаам зикр мекунам. Аввал дар соли 1992-93 ҳамаи тоҷики овораро, ки дасташ мерасид, ҷойгоҳ дод, нон дод, пуштибонӣ кард. Мисли раҳбарони солҳои бисти асри гузаштаи Афғонистон ва даврони инқилоби болшевикӣ, ки раҳбарони муҳоҷирин ва муҷоҳиддини Бухороро савори самалёти фиристодаи Ленин карданд, ин корро накард.

Вақте бори аввал шарафёби дидори Устод шудам, дидам Марде бо фаросат, бо фурсат, бо тадбир… Албатта сари фурсате дигар ба тафсил дар ин маврид хоҳам гуфт, аммо ҳоло… мегуфт, ба ҳамаи бародарони тоҷик то ҳарчи дар имконамон буд, кӯмак кардем ва мекунем. Мунтаҳо бояд роҳи сулҳ пайдо шавад, ҷанг роҳи кор нест. Ман ба раҳбарони муҳоҷирон, ба Устод Нурӣ ва Тураҷонзода ҳам гуфтам, ки бо Раҳмонов ҷанг накунед, сулҳ кунед, бо Раҳмонов сулҳ кунед, ки ватан вайрона нашавад". Гуфтем, ки ӯ мехоҳад сулҳ кунад?

Дар ёдам ҳаст, ки гуфт, мехоҳад ба Тоҷикистон биравад ва бо мардум ва раҳбарии он мулоқот кунад ва насиҳат кунад, ки "ҷанг фақат харобӣ дорад", ҳамин калимаи "насиҳат"-аш дақиқан дар гӯши ёдам ҳаст.

Пасон аз телевизион суханронии Устодро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидам, ки поёнаш дар бораи майу соқӣ буд:

Он қадаҳ бишкасту он соқӣ намонд,

Он қадар бишкаст, ки ҳич боқӣ намонд.

Ӯ ин суханонро дар бораи коммунизму шӯравӣ мегуфт, шӯравие, ки шикасташ дода буд.

Баъд ҳам аз забони Устод Нурӣ ин ҳақиқатро шунидам, ки гуфт, Устод Раббонӣ ва Масъуд дар нахустин мулоқот ба мо, ки интизори кӯмакро доштем, гуфтанд, ки бояд сулҳ кунед: "Мо бисёр хафа ва норозӣ ҳам шудем, ки ин мардҳо, бо ин ҳама таҷриба ва собиқаи ҷиҳод ба ҷои роҳнамоӣ барои ҷиҳод ба мо роҳи сулҳро нишон медиҳанд, аммо баъд фаҳмидем, ки роҳ танҳо ҳамин будааст, сулҳ".

Имоми Аъзам ва Раббонӣ

Ҳақиқати дигар, дар соли 2002, боз ҳам дар Кобул ва боз ҳам дар манзили Устод Раббонӣ. Ин бор донишманди фарҳехта, Қосимшоҳ Искандаров, сафири собиқи Тоҷикистон дар Кобул - Фарҳод Маҳкамов, Меҳринисо, шодравон - Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев ва Шодон Ҳаниф ва чанде дигар дӯстон ҳозир буданд.

Устод китоби донишманди тоҷик, Ҳақназар Назаров, "Нақши тоҷикон дар таърихи Афғонистон"-ро, ки худаш нашри форсии онро саҳмгузрӣ карда буд, ба даст гирифт. Китобро варақ мезад ва роҷеъ ба сарнавишти тоҷикон ва нақши тоҷикон дар Афғонистон бо завқи тамом қисса мекард. Интизор будам бузургтарон аз ман ин қиссаро ҷое биоваранд, вале вар нахӯрдам. Устод аз воқеъоти нахустин рӯзҳои ба қудрати сиёсии Кобул нишастанаш қисса мекард. Мегуфт, баъд аз зуҳри рӯзе аз ташрифот гуфтанд, ки ҷамъи зиёде аз мардумон мехоҳанд бо шумо мулоқот кунанд. Фаҳмидам, ки сарони қабилаҳои паштун аз ҷануб ҳастанд, ҳудуди сесад нафар. Гуфтам, ки зиёфати шомро омода кунанд барои ҳама ва намози шомро бо ҳам гузоштем. Онҳо ҳудуди сесад нафар буданд. Баъди намоз ва зиёфати шом дар ҳамин сохтмон онҳоро мулоқот кардам. Гуфтанд, ки Устод, ҳама ҳаққи Шумо ба ҷост. Шумо раҳбари ҷиҳоду миллат ҳастед. Ҳаққи Шумо пеши миллат собит аст. Аммо масъала ин аст, ки раҳбари аввали давлат дар Афғонистон бояд аз паштунҳо бошад. Чун паштунҳо ғайри инро қабул надоранд. Шумо ҳар мақоме дигар мехоҳед касе сари он мухолифат надорад, мунтаҳо бояд нафари аввал, яъне раиси давлат аз қавми паштун бошад, шарти ризоят дар Афғонистон ҳамин аст. Ман ҳар он чи ҳамаи раҳбарони қабоил гуфтанд, ба диққат шунидам ва аз онҳо танҳо як суол кардам, ки ҳамаи мо мусулмон ҳастем? Гуфтанд; алҳамдулиллаҳ, бале. Гуфтам. Дар мазҳаби кӣ ҳастед? Гуфтанд; дар мазҳаби Имоми Аъзам. Гуфтам; Имоми Аъзам тоҷик буд? Гуфтанд; бале. Гуфтам; раҳбарии Имоми Аъзамро, ки тоҷик буд, қабул доред? Гуфтанд; бале. Гуфтам; он гоҳ ман низ аз қавми ӯстам ва раҳбари Шумо? Касе дигар даъвое надошт ва маҷлис ҳамин ҷо хотима ёфт…

Раҳматкарими ДАВЛАТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97