Аҳмадшоҳи Масъуд кӣ буд?

09.09.2001-09.09.2011: Даҳумин солгарди шаҳодати сипаҳсолор

Ин ҷаҳон бе Масъуд маънӣ надорад!

Ahmadshohi_Masud_0022Дарку фаҳми он нукта, ки чаро Кристоф де Понфилии фаронсавӣ, ки тайи 23 сол ҷангҳои афғониро ба риштаи тасвир ва навор кашида буд ва баъди марги Аҳмадшоҳи Масъуд даст ба худкӯшӣ зад, он қадар мушкил надорад. Ӯ баъди марг ва шаҳодати ғайриинтизори шаҳиди шаҳир Аҳмадшоҳи Масъуд ба Фаронса бозгашта, даст ба худкӯшӣ зада, ҳамагӣ як ҷумла ва як варақ аз худ боқӣ гузошт, ки дар он омада: "Ин ҷаҳон бидуни Аҳмадшоҳи Масъуд барои ман дигар маънию мафҳуме надорад!" Ӯ худро дар хонааш баъди бозгашт аз сафари Афғонистон, ки дигар Аҳмадшоҳи Масъудро зинда дарнаёфт, ба қатл расонд. Ӯ дигар натавонист бовар кунад, ки ин инсони наҷибу шариф аз ин пас дар қайди ҳаёт нест ! Ғаму ғусса гулӯгираш карда буд. Ва боз як далелу воқеияти дигар ин аст, ки баҳори соли 2002 фиристодаи хосаи Фаронса, рӯзноманигори сиёсӣ Бернар - Анри Леви ҳамроҳ бо Жил Эртзог ба дараи Панҷшер катибаи ёддоштии мармаринеро оварда насб карданд, ки чунин навиштаҷот дошт: "Ба фармондеҳи ҷасур Аҳмадшоҳи Масъуд, муборизи роҳи озодӣ, дӯсти воқеъии Фаронса! Бо арзи эҳтиром аз дӯстони бист сол қабли ӯ Бернар - Анри Леви ва Жил Эртзог!"

Хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд

   Аҳмадшоҳи Масъуд 1 сентябри соли 1953 дар деҳаи тоҷикнишини Ҷангалаки ҳудуди водии Панҷшер дар оилаи полковники пулиси шоҳӣ - Дӯстмуҳаммадхон (с.т. 1908) таваллуд шудааст. Гуфта мешавад, ки падараш чанде мушовир ва боэътимодтарин шахс барои Аҳмадшоҳ буд. Дар бораи модараш маълумоти кофӣ ва мушаххас дастрас нест. Бародараш Дил Оғо, соли таваллудаш 1938, собиқ афсар (подполковник) - и урдуи афғонӣ буд ва соли 1982 ҳамроҳ бо хонавода ба Покистон ҳиҷрат карда буд. Бародари дигараш - Ҷон Оғо - (с.т. 1948) - собиқ корманди раёсати кишоварзии музофоти Ҳилманд буд. Чанде дар қароргоҳи Ҷамъияти исломии Афғонистон дар шаҳри Пешовар масруфи хидмату кор буд. Бародараш Аҳмад Зиё (с.т. 1956), собиқ донишҷӯи Донишкадаи политехникии Кобул, дар ИМА низ таҳсил кардааст. Ҳамчунин дар қароргоҳи Ҷамъияти исломии Афғонистон дар шаҳри Пешовар чанде фаъолият кардааст. Аз моҳи июни соли 1984 ба Дараи Панҷшер баргашта буд. Дар вазифаи нойиби раисҷумҳури Афғонистон (Ҳомид Карзай) низ хидмат дошт. Яке аз боэътимодтарин ашхос ва ҳамзамон мушовири Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Бародари дигараш Аҳмад Валӣ ( с.т. 1970) мебошад. Аз чор хоҳараш яке дар Кобул ва сеи дигар дар Покистон сукунат доштанд. Гуфта мешавад, ки яке аз хоҳаронаш замони Шӯравӣ ҳам Кобулро тарк накарда буд. Амакаш Ёр Муҳаммад дар яке аз ширкатҳои доруворӣ ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа менамуд. Амаки дигараш Амир Муҳаммад дар Кобул сукунат карда, собиқан омӯзгор дар деҳаи Бозораки Панҷшер буд. Амакаш Муҳаммад Исо, дар Кобул сукунат мекард ва нафақахӯр буд. Амакаш Муҳаммад Амон, дар Кобул сукунат карда, корманди шабакаҳои барқи Кобул буд. Амаки дигараш Шаҳ Боз, дар Кобул сукунат карда, ронандаи нақлиёт дар муассисаи элеваторӣ буд. Тағояш Муҳаммад Довуд (с.т. 1934), собиқ афсари урдуи афғонӣ чанде дар маҳбаси Пули Чархӣ маҳбус буд.

Масъуд меъмор шудан мехост

   "Масъуд" ба маънии "хушбахт" ва "хуштолеъ" тахаллус (лақаб)- и ӯ мебошад, ки аз соли 1970 қабул карда, вале аз соли 1975 инҷониб мустаъмал ва муравваҷ гашт ва ин замони нахустин шӯриши низомии ӯ дар Дараи Панҷшер буд. Аҷдодан миллаташ тоҷик аст. Ӯ аслан аз насли ашрофзодаи низомиён аст. Нахуст ӯ литсеи "Истиқлол" - и Кобулро хатм карда, солҳои 1973 -1974 ду сол дар факултаи сохтмон ва меъмории Донишкадаи политехникии Кобул таҳсил мекунад. Орзу дошт, ки меъмор шуда, минбаъд ободгар бошад ва қаблан тамоман ба сиёсат таваҷҷӯҳ зоҳир намекард. Таърихнигорони рус аксаран бар ин боваранд, ки ӯ сараввал литсеи "Умар Шаҳид" (собиқ литсеи "Нодирия") - ро хатм кардааст.

Баъди табаддулоти низомии 17- уми июли соли 1973, ки дар натиҷаи он шоҳ Муҳаммад Зоҳиршоҳ сарнагун шуда, ба сари ҳокимият Муҳаммад Довудшоҳ омад, аҳли хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд иҷборан ба Покистон ҳиҷрат намуд ва ба нирӯҳои вафодори профессор Бурҳониддин Раббонӣ пайваст. Соли 1974 Аҳмадшоҳи Масъуд шомили созмони "Бародарони мусулмон" гашт ва нахустин маротиба дар амалиёти низомие 22- юми июли соли 1975 дар шӯриши Дараи Панҷшер ширкат кард, ки тавъам бо Гулбиддини Ҳикматёр зидди ҳукумати вақт ба тариқи мусаллаҳона тарҳрезӣ карда буданд. Вале ин шӯриш бар зидди Муҳаммад Довудхон ноком анҷом ёфт ва Аҳмадшоҳро, ки аз пояш ҷароҳат бардошта буд, дар ҷуворимакказоре анқариб сарбозон дастгир намоянд. Соли 1979 дар Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд гурӯҳҳои низомии чирикӣ таъсис дод, ки баъди вуруди нирӯҳои низомии Шӯравӣ (27-уми декабри соли 1979) табдил ба як урдуи калон шуданд ва тавассути чанде аз кишварҳои арабӣ сарпарастии низомию молиявӣ меёфтанд.

"Шери Панҷшер" ва кишваре бо номи Масъудистон

Ahmadshohi_Masud_001Дар ҳудуди Дараи Панҷшер тавассути Аҳмадшоҳи Масъуд истеҳкоми қавие сохта шуд, ки дар давоми даҳсолаҳо онро ягон нирӯи низомии дохилию хориҷӣ наметавонист рахна кунад ва воқеъан ҳам нирӯи ақлонию зеҳнии меъмории ӯ дар ин ҷода кӯмак ва мусоидат кард. Аз ин ҷост, ки минбаъд дӯстону душманон ӯро "Шери Панҷшер" меномиданд. Фақат зидди ӯ дар Дараи Панҷшер нирӯҳои низомии Шӯравӣ 9 маротиба амалиёти махсус анҷом доданд, вале ҳамагӣ бенатиҷа анҷом ёфт. Моҳи июли соли 1988 Аҳмадшоҳи Масъуд ҳусни нияти нек нишон дода, пешниҳод низ намуд, ки тамомии асирони низомии Шӯравӣ озод карда шаванд ва ваъда дод, ки зимни бозгашт ва хуруҷи урдуи Шӯравӣ ба онҳо ҳамла ва мамониат эҷод нахоҳад кард. Ахмадшоҳи Масъуд худи ҳамон сол (1988 ) бо духтари яке аз пайравону ёваронаш издивоҷ намуд, ки баъдан аз ин издивоҷ соҳиби шаш фарзанд (панҷ духтар ва як писар - Аҳмад) гашт, ки писараш минбаъд дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Ирон ба таҳсил фаро гирифта шуд. Аз интиҳои солҳои 80- ум Аҳмадшоҳи Масъуд сарварии Шӯрои Шимоли Афғонистонро низ ба ӯҳда гирифт ва узви созмони сиёсии Ҷамъияти исломии Афғонистон низ буд. Ӯ нахустин шахс ва қумондони муҷоҳиддин буд, ки соли 1982 ҳанӯз зимни ҳокимияти Юрий Андропов пешниҳоди сулҳ бо нирӯҳои Шӯравиро карда буд. Баъди хуруҷи нирӯи низомии Шӯравӣ аз Афғонистон шӯҳрату шукӯҳи Аҳмадшоҳи Масъуд даҳчанд афзоиш ёфт. Баъди хуруҷи нирӯҳои Шӯравӣ дар соли 1989 Аҳмадшоҳи Масъуд амалан ва воқеъан ҳам ҳокими мутлақи якчанд вилоёти шимоли Афғонистон (Парвон, Тахор, Бадахшон, Бағлон…) буд ва марказ шаҳри Толуқон (маркази вилояти Тахор) маҳсуб мешуд. Бисёре аз коршиносон ва ҳам аҳолии осоишта он вақт ин минтақаи калонро "Масъудистон" низ ном мебурданд, ки ҳамон замон ҳукумат пули миллии худ ва нирӯи низомии зиёда аз 60 ҳазор нафараи худро дошт. Баъди тасхиру тасарруфи ҳокимияти марказӣ тавассути толибон дар соли 1996 "Масъудистон" ҷузъи таркибии Эътилофи Шимол шуд, ки раҳбарии онро Аҳмадшоҳи Масъуд ба ӯҳда дошт. Аз соли 1974 бо ашхоси масъули Миср ва Созмони наҷотбахши Фаластин робитаи хуб барқарор карда буд. Гуфта мешавад, ки ӯ роҳу усулҳои пешбурди амалиёти низомиро маҳз дар Миср ва Фаластин мустақиман дар набардҳо ширкат карда, омӯхтааст. Ҳатто баъзан ҳадс зада мешавад, ки ӯ ҷиҳати мукаммал намудани донишу малакаҳои низомии худ ба Амрикои Лотинӣ низ сафарҳо доштааст.

Мухолифати Масъуд ва Ҳикматёр

Аҳмадшоҳи Масъуд яке аз нахустин ашхоси сиёсии Афғонистон буд, ки соли 1992 ба ибтикороти мусолиҳатомези фиристодаи хосаи СММ посухи мусбат дод. Масалан, ин ҳангом матбуоти Фаронса ӯро ба унвони шахсе зикр кард, ки ҷавобгӯи арзишҳою манофеи олитарини афғонҳо мебошад. Соли 1992 нирӯҳои низомии вафодор ба Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҳамдастӣ бо Рашид Дустум Кобулро озод ва ҳукумати дастнишондаи Шӯравӣ - доктор Наҷибуллоҳро сарнагун карданд ва маҳз аз ҳамин замон мухолифат ва мунозиъа байни ӯ ва Гулбиддини Ҳикматёр шурӯъ мешавад, ки нирӯҳои ӯ дар чандкилометрии Кобул мустақар буданд. Моҳи январи соли 1994 Гулбиддин Ҳикматёр аллакай дар эътилоф ва ҳамроҳ бо Рашид Дустум, ки зуд- зуд мавқеъ ва нуқтаназарҳои худро иваз мекард, ҷиҳати ба даст гирифтани назорати Кобул алайҳи Аҳмадшоҳи Масъуд ҷанг эълон кард ва дар ин набард тавассути гулулаборони Дустум ва Ҳикматёр зиёда аз 4 ҳазор сокини осоиштаи Кобул ба ҳалокат расиданд.

Масъуд раҳбари низомии Афғонистон

Моҳи апрели соли 1992 Аҳмадшоҳи Масъуд сарвари Шӯрои таъмини амнияти Кобул таъйин гардид. Баъди оне, ки раисҷумҳури собиқи Афғонистон - доктор Наҷибуллоҳ аз ваколату салоҳиятҳои худ 15- уми апрели соли 1992 расман даст кашид, Аҳмадшоҳи Масъуд узви Шӯрои низомӣ шуд, ки ҳокимият пурра таҳти назорати он қарор гирифта буд.

Аз 24- уми апрел то 6- уми майи соли 1992 Масъуд масъули умури дифоъӣ дар мақоми вазир дар Шӯрои интиқолии муҷоҳиддин дар Пешовар буд. Солҳои 1992 - 1993 вазири дифоъ дар Ҳукумати муваққатӣ таъин гардид, ки тавассути муҷоҳиддин дар Кобул таъсис ёфта буд. Ҳамзамон ӯ қумондони нирӯҳои ҳукуматӣ низ буд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки ӯ ҳамроҳ бо Бурҳониддин Раббонӣ Ҷамъияти исломии Афғонистонро раҳбарӣ намуда, аз ибтидои солҳои 1990- ум дар сурати ғайривоқеъӣ гаштани орзую омоли асосиаш мехост давлати ғайрипаштунию мустақили Афғонистони Шимолиро таъсис диҳад.

Зимни тасхири шаҳри Кобул тавассути толибон 27- уми сентябри соли 1996 ҷиҳати ҷилавгирӣ аз харобкориҳои пойтахт ва куштори аҳолии осоишта Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҷониби Дараи Панҷшер ақиб рафт, то ин ки толибон натавонанд ба ҷониби Шимоли Афғонистон ҳаракат кунанд. Аҳмадшоҳи Масъуд мақомҳои нойиби раисҷумҳури Давлати исломии Афғонистон, сарқумондони нирӯҳои низомии зиддитолибии Эътилофи Шимол ва вазири дифоъи Ҳукумати профессор Бурҳониддин Раббониро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1999 намояндагони Раёсати марказии иктишофии ИМА (РМИ - СРУ) чанд маротиба бо ӯ мулоқотҳо анҷом додаанд. 9 сентябри соли 2001 зимни мусоҳибаи матбуотӣ нисбати Аҳмадшоҳи Масъуд тавассути ду нафар араби зархарид, ки худро "рӯзноманигор" вонамуд карданд, суиқасди хунин ба амал оварда шуд ва қумондони шаҳир тариқи маводи мунфаҷирае, ки дохили камераи видеоӣ пинҳон карда шуда буд, ҷоми шаҳодат нӯшид. Худи ҳамин сол зимни ҳуҷуми Эътилофи Шимол ва амалиёти низомии ИМА ва муттаҳидин ҳокимияти толибон сарнагун шуда, ҳамин тариқ "Масъудистон" низ мавҷудияти худро қатъ кард.

Масъуд шогирди Чэ Гевара

Аҳмадшоҳи Масъуд ҷонибдори идеологҳои исломӣ оид ба "Роҳи саввуми исломӣ" буд. Худи мухолифин низ ӯро гоҳ-гоҳ исломии мӯътадил унвон мекарданд. Забонҳои фаронсавӣ ва англисиро хуб медонист.

Теъдоди нирӯҳои низомии Аҳмадшоҳи Масъуд дар солҳои мухталиф: соли 1980 - камтар аз 1000 сарбоз; соли 1981 - 2200 сарбоз; соли 1984 - 5000 сарбоз; соли 1989 - 13000 сарбоз; соли 1996 - 60000 сарбозро ташкил медод.

Тибқи маълумоти ниҳодҳои иктишофии замони Шӯравӣ дар ихтиёри Аҳмадшоҳи Масъуд 200 гурӯҳу воҳидҳои ҷангӣ, ҳудуди 9000 сарбоз, 20 адад ПУ РС , 6 адад ПЗРК, 2 адад пушкаи кӯҳӣ, 170 адад ДШК, 30 адад ЗГУ, 50 адад аслиҳаи калони бидуниқатъ, 100 адад гулӯлаандоз, 300 адад РПГ ва чанде дигар муҳимот будааст.

Тактика ва стратегияи роҳандозӣ ва пешбурди амалиёти низомӣ тавассути Аҳмадшоҳи Масъуд хеле мусмир ва муассир буд ва он иборат аз шеваю усулҳои суннатии муборизаи мусаллаҳонаи афғонҳо тавъам бо усулҳои чирикии мубориза буд, ки эҳтимолан қумондон чунин роҳу равишро ба ақидаи баъзе ҷангшиносон ва қумондонҳо аз осори Мао Тседун ва Че Гевара омӯхта буд.

Масъуд пинҳонкор, зирак ва боэҳтиёт

Ашхоси баландрутбаи Шӯравӣ ҳарчанд бо ӯ дар сангари муқобил қарор доштанд, вале ӯро эътироф мекарданд. Афсарони баландмақоми низомӣ ва иктишофии Шӯравӣ масалан оид ба Аҳмадшоҳи Масъуд маълумотнома тартиб дода, чунин тавсиф карда буданд: "Бо намояндагони давлатҳои бузурги сармоядорӣ, кишварҳои исломӣ ва Чин робитаи қавӣ дошта, тавассути онҳо дастгирии сиёсӣ, кӯмакҳои низомӣ, аслиҳа ва муҳиммот, васойити молиявӣ ва моддию техникӣ дарёфт менамояд. Равобити шахсӣ махсусан бо фаронсавиҳо барқарор мекунад (озодона бо забони фаронсавӣ ҳарф мезанад). Аҳмадшоҳ шахси қавиирода, нирӯманд, нотарсу далер ва раҳбари қатъӣ мебошад.   Дар масъалаи ба ҳадафҳо расиданаш ба ягон шакку тардид роҳ намедиҳад, масъулиятшинос буда, қавлу амалаш як аст. Боақл, маккор, айёр ва душмани қатъӣ аст. Дар байни шӯришиён ва роҳбарони гурӯҳҳои зертобеъ аз нуфӯзи беандоза бархӯрдор аст, ба аҳолии ҳудудҳои таҳти назорати худ ва аҳолии Дараи Панҷшер, ки дар Кобул сукунат доранд, ҳамчунин аҳолии дигар минтақаҳо таъсири беандоза дорад. Пинҳонкори собиқадор, эҳтиёткор, шӯҳратпарасту ҳокимиятхоҳ аст!" Таърих камтар ёд дорад, ки душман ба душмани хатарноки худ чунин баҳо дода бошад.

Чораҳои амниятии Масъуд

Тибқи гузоришҳои ниҳодҳои иктишофии Шӯравӣ, "…Аҳмадшоҳ дар робита ба амнияти шахсии худ аз чораҳои зиёди амниятӣ истифода мекард. Бо ин мақсад дар байни атрофиёни наздики худ зуд - зуд тағйирот ворид мекард, роҳбарон ва ҳайати дастаи муҳофизин ва ҳамсафаронашро зимни ба дигар ҳудудҳо рафтан иваз мекард. Муҳофизини шахсии Аҳмадшоҳ аз байни тамоми ашхоси вафодораш то 15 нафар интихоб шуда буд. Ба тариқи доимӣ ҳамроҳаш аз 1 то 3 нафар муҳофизи шахсӣ дорад. Зимни ба ҳудуд ва минтақаи дигар сафар кардан маъмулан 2 гурӯҳи мӯътамади шӯришиён (ҳар яке то 30 нафар) ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Баъзан дар ҳолати зарурӣ ӯро то 100 нафар шӯришиён низ ҳамроҳӣ доранд. Зимни сафарҳои хидматӣ аз тартибу сохтори раҳпаймоӣ истифода мешавад, зимнан дар аввал гурӯҳи иктишофӣ қарор мегирад, баъд пешоҳанги қавию нерӯманде иборат аз 30-60 нафар, баъдан дар масофаи 1- 2 соата роҳ худи Аҳмадшоҳ ҳамроҳ бо муҳофизони шахсиаш раҳсипор мегардад. Баъзан баъди гурӯҳи Аҳмадшоҳ гурӯҳи пуштибон ва муҳофизони ақибгоҳӣ раҳсипор мегарданд, ки ҳайаташон гоҳ- гоҳ иваз карда мешавад".

Масъуд китобхон буд

Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд бесаводию бемаърифатиро хуш намедид ва ба ҳар шахс тавсияи хондану маърифатнок шудан мекард. Зоҳиран хеле шахси оромтабиат буд, вале ботинан зираку кунҷкоб менамуд, олимону донишмандонро хеле эҳтиром мекард ва аз сӯҳбат бо онҳо мутаассир мегашт. Қобилияти фавқулоддаи то охир гӯш кардани мусоҳибро дошт. Аз суолу ҷавобҳои зиёд хастаю монда намешуд. Шахси соҳибтафаккур ва хирадманде буд. Ҳеҷ вақт бидуни бовар ва итминону эътимоди қавии шахсӣ ба коре шурӯъ намекард ва тасмими ниҳоиро баъди андешаю таҳлилу таҷзияҳои зиёд мегирифт. Хурофотро низ хушбин набуд, ба ҳама чизҳои дар назари нахуст ҷузъӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Муболиғаю воҳима ва иғроку ифротро намеписандид ва ашхоси дорои чунин хислатҳоро накӯҳиш мекард. Ӯ эҳсосу қобилияти фавқулоддаи ба ҷониби андешаҳои худ кашидан, ҷалбу ҷазб кардан ва мӯътақид гардонидани мусоҳибонро соҳиб буд, Дар ҳама гуна ҷамоа ҳузури ӯ ба зудӣ эҳсос мешуд, зимнан мусоҳибон ва ҳамнишинон бо ӯ худро хеле роҳат эҳсос мекарданд. Расмиятчигиро намепазируфт, лутфу марҳамат ва сидқу самимиятро дӯст медошт. Рафтору муносибат ва муомилаю муошираташ бо атрофиён хеле одилонаю гарм буд. Мутолиаро хеле дӯст медошт ва яке аз шуғлҳои дӯстдоштааш бо худ гирифтани китобҳо буд.

Аз хотира ва ёддоштҳои Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқадори ҷанги Афғонистон Руслан Аушев: "Вақте ман соли 1998 бо Аҳмадшоҳи Масъуд вохӯрда мулоқот кардам, хеле зиёд сӯҳбат кардем. Ӯ як чизи аҷибу ғалатиеро ба ман гуфт: "Ман метавонистам бо шумо дигар хел ҳам ҷанг кунам. Ман метавонистам тайёраҳои мусофирбари шуморо сарнагун кунам. Охир ман ин корро намекардам -ку? Ман фақат бо низомиёнатон ҷанг мекардам".

Масъуд маъмулан либосҳои якранг пӯшиданро меписандид, бавижа либосҳои ранги осмонидоштаро. Куртаи сафед ва кӯлоҳи афғонии худро хеле зиёд дӯст медошт..

Ӯ қаду қомати миёна, бинии уқобӣ, чеҳраи гарму самимӣ дошт.

Ҷумъахон АЛИМӢ, махсус барои "Миллат"

PS: Истиқлоли Тоҷик ва шаҳодати Шери Панҷшер

Бо гузашти 10 сол аз Истиқлоли Тоҷик маҳз дар ҳамин рӯз, аниқтараш 9-уми сентябри соли 2001 абармарди миллат, фарзонаи муборизу муҷоҳид, сипаҳсолори майдони набард, ҷенерол Аҳмадшоҳи Масъуд аз дасти душманон ва зархаридони хориҷӣ ҷоми шаҳодат нӯш кард. Бо як ҳамлаи интиҳорӣ ду худкуши худфурӯхтаи асолатбохта Шери Панҷшерро ҳадафи террор қарор доданд.

Шояд шаҳодати Масъуд дар ин рӯз нақшае буд, ки аз ҷониби душманони миллати тоҷик тарҳрезӣ шуда. Агар ин як марги маъмулӣ мебуд, шояд онро як тасодуф мехонданд, аммо пӯшида нест, ки барои як ҳамлаи интиҳорӣ моҳҳову солҳо омодагӣ мебинанд. Ин рӯзро интихоб кардани қотилони Сарвари муқовимати Афғонистон низ шояд ба хотири зарбаи мӯҳлик задан бар камари Истиқлолу озодии тамоми миллати тоҷик буд, ки Масъуди бузург низ аз ин миллат бо ифтихор намояндагӣ дошт.

Бо аз байн бурдани Аҳмадшоҳи Масъуд нирӯҳои хориҷӣ дубора вориди ин сарзамини муборизу мардхез гаштанд ва 10 сол аст, ки ҳар рӯз бо ҳар баҳона садҳо манзил ва аз аҳли ин кишварро харобу нобуд мекунанд. Аҳмадшоҳ муқобили сарсахти ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон буд. Шояд кору пайкори ӯ ба ғосибони ин кишвар мақбул набуд.

Таърих ӯро ба симмати шиканандаи занҷири Даҷҷоли аср -Иттиҳоди Шӯравӣ ва як Сутуни муқовимат дар муқобили душманону бадхоҳони миллат ёд хоҳад кард.

Раҳмати Худованд бар равони Ӯ ва ҷояш Ҷаннату рӯҳи азизаш шод бод!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97