Ҷопон: сарзамини офатҳо ва миллате ҳушёру омода

110314_hiroshima1Дар ҳаёти рӯзмарраи худ мо маҳсулоти гуногуни ҷопониро во мехӯрем, истифода мебарем ва ё ҳадди ақал мебинем. Дар мошини сохти Ҷопон савор мешавем ва ё телевизиёни истеҳсоли ин кишварро тамошо мекунем ва ё номҳои ширкатҳои гуногуни ҷопониро мехонему медонем: Canon, Sony, Toshiba, Honda, Mazda, Sanyo, Mitsubishi, Panasonic , …. ва дигару дигар.

Ин вазъияте нест, ки танҳо хоси кишвари азизи мо Тоҷикистон бошад. Ба ҳамин тартиб дар ҳар кишвари ҷаҳон  ҳатман бо фазои фаоли вуҷуди ашёву амволи гуногуни сохти Ҷопон рӯ бар рӯ шудан мумкин аст. Ба таъбири дигар Ҷопон бо истеҳсолоти худ ҳузури қавиву нерӯманде дар ҳаёти тиҷорату бозорҳои ҷомеаҳои гуногуни ҷаҳон дорад.

Бовар карданӣ нест аммо ин ҳама ҷаҳонгирӣ бо истеҳсолот ва он ҳам истеҳсолоти рақобатпазиру кишваркушо хоси миллате ҳаст, кишваре ҳаст, ки ҳамвора ва дар тӯли таърихи худ дар оғӯши табиати пуртуғён ва сарзамини пур аз балову офатҳои табиъӣ ва аммо бо омодагиву ҳушёриву зиракӣ дар ҷазираҳои чун роҳи Каҳкашон парокандае дар уқёнуси Ором зиндагии ноороме доштааст.

Ҷопон сарзаминест ободу пешрафта ва бо ҳаёти пурмавҷу ҷаззоб аммо ҳамзамон бо ин ҳама қаламравест пур аз балоҳову офатҳои табиъӣ; зилзилаҳои ҳамешагиву беамон, тӯфонҳову гирдбодҳо, оташсӯзиҳову вулканҳову обхезиҳо ва ахиран сунамӣ, ки тақрбан ҷони бештар аз 10 000 нафарро аз байн бурду пасларзаҳояш то ҳол идома доранд.  Агар ин ҳама кори дасти табиати саркаш бошад ҳадафи ҳамлаи ҳастаиву терроризм қарор гирифтани ин кишвари нодир кори дасти башар буд дақиқтараш ҳамлагарони амрикоӣ. 

Дубора месозамат ватан,

Агарчӣ бо хишти ҷони хеш…

Ин мисраъҳо дар кишвари азизи мо оҳанг аст, оҳанге, ки ромишгари чирадасте бо номи Тобиш Ҳилолӣ онро зам-зама мекунаду дар пардаи телевизиёнҳо намоиш дода мешавад аммо дар амалия ба кундӣ пеш меравад вале зоҳиран дар Ҷопон ин фарҳанги мардум аст. Натанҳо бозсозӣ балки бозсозии давомдору хастагинопазир.

Ҳанӯз соли 1888 инфиҷори азими "Монт Бандай" 500 нафарро кушта то сар задани охирон сунамӣ деҳаҳои зиёдеро ба пуррагӣ тахриб намудааст.

Ба ҳама ноомадиҳои зиндагӣ ва бераҳмиҳои тақдир посухи мардуми Ҷопон яксону якнаво будааст; "созандагии бардавом ва бозсозии хастагинопазир бо хишти ҷони хеш".

Ҷопониҳо ин созандагиро ба фарҳанги ягонаи худ ва ба зеҳнияту менталитети худ мубаддал намудаанд. Яъне аз мушкилоту сахтиҳо ва офату балоҳо намегурезанду ба ҷову мулки бегонае муҳоҷир намешаванд, инчунин дар баробари балоҳо сияҳпӯшу аламзадаву шикастарӯҳу хаста ба кунҷе хазидаву ором намегиранд ва нолаву доду фарёд намекашанд. Балки омодаи ҳар рӯзи бад будан ва посухи таёри қотеъ ба ҳама ҳолату вазъият доштанро шиору фарҳанги худ кардаанд.

Барои асрҳо нависандагон, шоирон ва ҳунармандони ҷопонӣ дар бораи ҳаёти ноорому пурбалои ҷазираҳои худ навиштаанду гуфтаанду сурудаанд. Вазъияти фавқуллода, офатҳои табиъӣ ва зарурияти посух ба он масъалаи меҳварии эҷодкорони ҷопонӣ шудааст. "Офати табиъӣ фурсате ҳаст барои инсон то бар пучиву бемаъноии гетӣ бияндешад ва онро бишиносад" омадааст дар асари Камо но Чомеи ҷопонӣ (1155-1216).

Бо фоҷеаҳову балоҳо бархурди хунсардонаву оромона кардани ҷопониҳо аз рӯйи ақидаи коршиносон ба мисоли "Хонаи сӯзон" дар Лотус Сутра бармегардад: "Агар ҷаҳонро ба чашми хирад бингарем хонаи сӯзон аст ва барои он сӯзон аст, ки он хонаи зудшикану нозук аст ва нозукии ҷаҳон ба сабаби ҳирсу ози одамон аст ва роҳи дурусти бархурд бо он ҷилавгирӣи аз хоҳишот аст,  агарчанде на пурра саркӯб кардани он".

Лотус Сутра иборат аз таълимоти муайяни яке аз шохаҳои дини Буддоӣ ҳаст, ки ба эътиқоди онҳо ин таълимотрро Буддо дар авохири ҳаёти худ тақдим намудааст.

Нависандагону шоирони ҷопонӣ қаҳрамонҳои худро аз миёни онҳое бармегузинанд, ки бо офатҳои табиъӣ фаолона мубориза мебаранд ва барои бозсозӣ  талош мекунанд.

Шоирон низ ба васфи ин арзиши баланди ояндаву тақдирсози миллати худ хуни қалам рӯйи сафаҳот  мерезанд.

Соли 1923 шаҳри Токиёро зилзилае такон додааст, ки дар асри гузашта яке аз бадтарин заминҷунбиҳо ба шумор меравад, ки хисороти ҷонияш ба 100 000 нафар дар аҳолии 4 миллионаи он шаҳр будааст. Ин зилзила оташсӯзиеро дар пай доштааст, ки боқимонда хонаҳоеро, ки пас аз заминларза боқӣ монда буданд,  сӯзонидааст.

Бомбборон шудани Ҳирошима ва Нагасакӣ дар соли 1945 таҳаввули наве дар ваҳшатҳои Ҷопон ба шумор меравад. Радиатсияҳои ин ҳамлаи ҳастаӣ пастаъсирҳои баде барои мардуми ин минтақаро барои солиёни дароз дар пай доштааст, вале боз шоирону нависандагон ва филмсозони ҷопонӣ аз ин ҳодиса тавре истифода карданд, ки дар беҳбуди вазъ саҳм гузошта бошанд, масъалан филме дар бораи тифлаке сохтаанд, ки алайҳи радиатсия ва муҳофизат аз зарарҳои он барои ҳаёти солим мубориза мебарад.

Заминларзаи соли 1995 дар Кобӣ, бо қуввати 6,8 бал аз рӯйи ҷадвали Рихтер ҷони 7 000 танро рабуд ва 102.5 млрд хисорот ба иқтисоди Ҷопон ворид намуд. Новелисти машҳур Ҳарукӣ Марукамӣ китобе иборат аз достонҳои кӯтоҳе навишт; "баъди зилзила", ки асосан бо таври рамзӣ ва тамсилӣ ва ба таври мустақим бо фоҷеа иртибот дорад.

Дар зилзилаву сунамие, ки дар кишвари Ҷопон анқариб рух дод Абдураҳмон Наҷмиддинов корманди шӯъбаи макроиқтисодии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон шоҳиди айнии зилзила буд ва баъди баргашт хотироташро дар сӯҳбат ба мо чунин баён дошт:

buntitled_jopon"Дар ҳолате ки заминҷунбӣ шуд, мо дар ошёнаи 6-ум маркази омӯзишии Ҷайка дар шаҳри Токио қарор доштем. Рости гап бисёр даҳшатовар буд, новобаста аз ин ки координаторҳое, ки аз тарафи ҳамин курси омӯзишӣ ҳамроҳи мо буданд, мардуми ба ин чиз одат кардае буданд. Онҳо аз ҷойҳо бархеста ба мо роҳҳои бехатариро нишон медоданд. Умуман ду нафар дар назди тирезаҳои ҳамон бино истода буданд. Ин гапро такрор мекарданд ва ду нафар муаллимоне, ки ҳамроҳи мо буданд, онҳо мегуфтанд, ки ба таги курсиҳо дароед то дар ин ҳолат ягон ашё аз боло афтад, ба шумо зарар нарасонад. Дар ҳамон ҳолат як нафари дигар дарро кушод роҳи гурезро ба мо нишон медод ва ҳамин тариқ ҳамаро аз ҳодиса огоҳ мекарданд.

Худи ман, вақте ки ин ҳолатро медидам ва дар аудитория 15 нафар муҳассилини курси мазкур қарор доштем. Ба якдигар нигоҳ карда, як ҳолати аҷибе ба мо рух дода буд ва мо механдидем. Масалан барои ман ин ҳолат хандаовар буд. Мо фикр мекардем, ки ин як лаҳзаи муваққатӣ аст ва ба зудӣ мегузарад, лекин ин ҳодиса тахминан 15-20 дақиқа идома дошт.  Мо тахминан як дақиқаи аввал дар дохили аудитория истода, ва ба назари мо чунин менамуд, ки ин ҳолат зуд мегузарад. Лек баръакс, замин ҷунбидан гирифт. Дар ин ҳолат худи онҳо ҳам беқарор шуданд. Яъне шаҳрвандони Ҷопон, ки ҳамроҳи мо дар дохил буданд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки аз дохили аудитория берун шавед. Ва саросема мо тавассути лифт поён фаромадем. Дар ҳақиқат ларзиш гарон буд. Тибқи маълумотҳое, ки худи онҳо доданд замин дар Токио 8, 9 бал ҷунбид".

Дар иртибот ба бархурди мардуми Ҷопон бо зилзилаву сунамӣ ва ҳолату вазъияти фавқуллода ҳамсӯҳбати мо чунин илова намуд: "Рости гап бисёр мардумаш ба ҳолатҳои табиӣ одат карда будаанд. Дар назари мо чунин менамуд. "Умуман вақте ки заминларза ба итмом расид, бегоҳи рӯз мо ба тамошои шаҳр баромадем. Гӯё ягон воқеа рух надода бошад. Ва ҳама ба корҳои худ машғул  ва дар ҳолати оддӣ қарор доштанд ва ҳама оромона ба якдигар сӯҳбат мекарданд. Умуман ягон ҳодисаи ғайричашмдошт ҳис карда намешуд. Бояд қайд кард ки  вақте  заминларза шуд тамоми техника ва нақлиётхои хизматрасонии дохили шаҳрӣ фаъолияташро мутаваққиф намуда буд.  Аксарияташон аз хонаҳое, ки  зиндагӣ мекарданд дур қарор доштанд"

Чанде қабл Абуллоҳи Қодирӣ, коршиноси пурмулоҳизаи тоҷик низ ба муддати 2 моҳ дар кишвари Ҷопон қарор дошт ва таассуроти худро аз мардуму фарҳанги Ҷопон чунин иброз дошт:

"Зиндагии ҷопониҳо асосан аз рӯйи фарҳанги самурайӣ сомон мегирад, ки ду рукни умда дорад: "дониш ва варзиш". Вақте дар Ҷопон будам медидам, ки мардумаш дар ҳама вақту соат ба варзиш ва аз ҳама бештар ба варзиши давидан машғуланд. Барои давидан субҳу шому нисфирӯзӣ намегӯянд, метавон хулоса кард, ки донишу варзиш на танҳо ду рукни зиндагии онҳо, балки ду сирри муваффақияту пешрафти онҳо низ ҳаст".

Аз ончӣ дар Ҷопон рух додаасту медиҳад, эҳтимолан нигарониҳову рӯҳафтодагиҳо дар берун аз кишвари Ҷопон ба маротиб болотар аз дохили ин кишвар бошад. Чун онҳо таҷрибаи зиёду фаровон ва фарҳангии ғании таомул бо номеҳурубониҳои чархи гардунро доранд. Ин ҳама бар иловаи иқтидори бузурги молиявӣ ва захираҳои бузурги иқтисодӣ ҳаст, ки ин кишвар дар ихтиёр дорад ва бар иловаи кӯмакҳои башардӯстонае, ки кишварҳои дигар ба ин сарзамини пур аз ҷазираҳо сарозер мекунанд.

Кишварҳои гуногуни ҷаҳон бо офату вазъиятҳои фавқуллодаву табиъӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин ки чунин вазъияте бар сари миллате ва ё хоку кишваре биёяд ҷойи таасуфу дилсӯзист ва аммо душвортар аз ину вазнинтар аз ҳамаи ин, офату балоҳои зеҳниву менталитетӣ ҳастанд, ки дар ҳангоми сар задании аввалӣ, дуввумӣ болои сӯхта намакоб мепошад вале агар ин фарҳанг ҳалли худро дар зеҳнҳо ёфта бошад, яъне вақте доштани зеҳнияти созандагии хастагинопазир вуҷуд дошта бошад пас таҳаммули ҳар балову қазое осон мешавад ва фурсате барои исботи садоқату ихлосу меҳри воқеӣ ба ватану марзу бум хоҳад буд. Худованд аз балову офатҳои табиъӣ ва муҳимтар аз он балову офатҳои зеҳниву менталитетӣ нигаҳдор бошад. Омин ё Рабб!!!

Саъдии ЮСУФӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97