Султони № 1 –и Осиёи Марказӣ дигарбора бар тахт нишаст

0000005298Интихоботи зудҳангоми 3 апрели раёсати ҷумҳурии Қазоқистон бо натоиҷе анҷомид, ки ҳеч аҷобате надошт. Аҷобат дар он буд, ки бархе аз расонаҳо аз мулоқоти раиси ҷумҳури Қазоқистон бо атрофиён ва чеҳраҳои аслии ҳизби ҳокими "Нур Отан" хабар доданд, ки гӯё дар он Нурсултон Назарбоев эълон кардааст, ки дар интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ, ки дар соли 2016 баргузор мегардад, ширкат нахоҳад намуд.

Агар Назарбоев, дар ҳақиқат, қодир ба чунин коре бошад, нахустин бор дар Осиёи Марказӣ интиқоли мусолиматомези раёсати ҷумҳуриро таҷриба хоҳад кард, ки ба хотири ин иқдом хеле аз иштибоҳоти вай дар таи даврони мудирияташ аз сӯи рақибону мунтақидонаш нодида гирифта хоҳад шуд.

Албатта, дар тӯли беш аз ду даҳаи рӯи саҳнаи сиёсии Қазоқистон қарор доштани Назарбоев бархе аз нашрияҳо суханонеро аз вай ба сабт расонидаанд, ки ноҳамоҳангӣ ва фосилаи миёни ҳарфу амалашро ба таври бисёр рушан нишон медиҳад. Ба ин мавзӯъ баъдан ишора хоҳем кард, вале ҳоло баргардем ба интихоботи рӯзи якшанбе.

Зоҳиран ҳузури 90 дарсадии интихобкунандагон беш аз интизори бархе аз атрофиёни Назарбоев буд, зеро дар чанд рӯзи пеш мушовири раиси ҷумҳури Қазоқистон Ёрмуҳаммад Ертисбоев гуфта буд, ки дар ҳама кишварҳо маъмулан сеяки интихобкунандагон овоз намедиҳанд, бинобар ин ширкати 65-70 дарсадии интихобкунандагон низ барои мо муваффақиятомез хоҳад буд.

Дар ҳар сурат ё мардум, дарвоқеъ, масъулияти шаҳрвандӣ нишон доданд ва ё дастгоҳҳои давлатӣ кори "хоси" худро карданд, ки ҳатто дар бархе аз шаҳрҳо (масалан, Алмаато) ширкати мардум ба ҳудуди 97 дарсад расид. Дар муқобили 95,5 дарсади Назарбоев се нафар рақиби вай тавонистанд танҳо 4,5 дарсади раъйи мардумро ба даст оранд, ки ниёз ба шарҳу тафсир надорад.

Майдоне, ки танҳо як "қаҳрамон" дорад

Ин панҷумин пирӯзии пай дар пайи Назарбоев дар як назархоҳии тамдиди салоҳияту ихтиёроти вай (дар соли 1995) ва чаҳор интихобот дар 20 соли ахир мебошад. Таи ин муддат Қонуни асосии Қазоқистон борҳо ислоҳ шуда, мӯҳлати раёсати ҷумҳур низ чанд маротиба зиёду (7 сол) кам (5 сол) гардидааст. Пайваста дар Қонуни асосии ин кишвар омадааст, ки як нафар наметавонад пайи ҳам беш аз ду бор интихоб шавад. Вале пас аз ислоҳи навбатии Қонуни асосии Қазоқистон дар соли 2007 эълон шуд, ки маҳдудияти замонӣ ба Назарбоев дахл надорад. Ҷолиб аст, агар ин маҳдудият ба Назарбоев дахл надоштааст, пас барои кадом номзади хаёлӣ навишта ва ё пешбинӣ шудааст? Барои номзади эҳтимолие, ки метавонад ба пирӯзӣ бирасад? Албатта, не. Зеро эҳтимоли чунин иттифоқе ҳатто тасаввурнопазир аст. Пас як чиз боқӣ мемонад; талоши фароҳам кардани зоҳири қонуни демократие, ки бо ҳаёти воқеъӣ иртиботи чандоне надорад, вале барои бастани, ба истилоҳ, даҳони мухолифон ва мунтақидони дохиливу берунӣ кӯмак хоҳад кард.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ бо илҳом гирифтан аз қонунӣ шудани унвони нави Назарбоев - "пешвои миллат", парлумони Қазоқистон ба хотири тамдиди салоҳияту ихтиёроти Назарбоев то соли 2020 бори дигар Қонуни асосии ин кишварро ислоҳ ва заминаи баргузории ҳамапурсиро фароҳам кард. Аммо ин иқдоми парлумон ба боди интиқодоти шадиди Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалии ғарбӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷа Назарбоев аз имзои қонун дар бораи ислоҳоти Қонуни асосии кишвараш сарфи назар кард ва масъаларо ба Шӯрои Қонуни асосӣ вогузошт. Маълум буд, ки ба дастури Назарбоев ва бо таваҷҷуҳ ба паёмадҳои эҳтимолии баргузории ҳамапурсӣ ва бахусус вокуниши манфии Ғарб, Шӯрои Қонуни асосӣ ин иқдоми парлумонро мухолифи қонун донист.

Ҳарчанд интихоботи рӯзи якшанбе моҳиятан аз ҳамапурсӣ ҳеч тафовуте надошт, вале гӯё намояндагони Амрико ва кишварҳои аврупоӣ мунтазири чунин иқдоми Назарбоев барои қабул надоштани ҳамапурсӣ ва тарҷеҳ додани интихобот буданд, ки ин иқдоми вайро мавриди ситоиш қарор доданд. Зоҳиран ғарбиҳо низ ба ин воқеияти сохташуда бо дастони Остона тан додаанд, ки феълан ин майдон як қаҳрамон дорад...

 Елтсин шудан осон нест

Албатта, ҳамон гуна, ки ишора шуд, тибқи таъйиди бархе аз манобеъи хабарии наздик ба раёсати ҷумҳурии Қазоқистон Назарбоев қасд надорад, ки дар интихоботи баъдии соли 2016 ширкат намояд. Ҳамин ки ҳанӯз ин ваъда мустақиман аз забони Назарбоев берун наомадааст, худ шакку гумонҳоро меафзояд. Зеро якуним ҳафта қабл аз баргузории интихоботи ахир мушовири раиси ҷумҳури Қазоқистон Ертисбоев ба истиноди дидори 9 феврали соли ҷории худ бо Назарбоев гуфт, ки "агар саломатиаш иҷозат бидиҳад, Назарбоев азм дорад, ки дар интихоботи соли 2016 низ ширкат намояд".

Ҳатто шояд раиси ҷумҳур гоҳе ба ҳаде хаста шавад, ки орзуи бознишастагиро низ кунад, вале вай танҳо мутааллиқ ба худаш нест ва наметавонад ба танҳоӣ тасмим бигирад. Ин ки атрофиён чӣ мехоҳанд, мавзӯъи муҳим аст. Борис Елтсин шудан осон нест.

Ҳанӯз дар соли 1987, яъне дар даврони бозсозии Михаил Горбачев Назарбоеви 47 солаи пурэнержӣ таи як мусоҳибаи худ бо маҷаллаи "Дӯстии халқҳо" зимни интиқод аз умри тӯлонии раҳбарони қарордошта дар раъси қудрат гуфта буд, ки як шахс набояд даҳсолаҳо курсии раҳбариро ишғол кунад... зеро майлу рағбат ба ҳифзи чунин ҷойгоҳ барои ин гуна раҳбарон ҳолаи (ореоли) орӣ будан аз хатову лағзишро эҷод мекунад...

Аммо сарнавишт худи ӯро дар ҳолати раҳбароне қарор дод, ки бехабар аз ояндааш мавриди интиқод қарор дода буд. Вай баъд аз 21 соли он мусоҳиба дар поёни як нишасти иқтисодӣ бо ҳузури сармоягузорони хориҷӣ дар Остона ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки ба ҳеҷ куҷо рафтан намехоҳад ва то вақте ки мардум ба вай эътимод дорад ва ба кишварам лозим ҳаст, кор хоҳад кард...

Мушкили низом

Nazarbaev_0142Ҷолиб аст, дар остонаи интихоботи рӯзи якшанбе бархе аз мушовирони Назарбоев муддаъӣ шуданд, ки мардуми кишварашон бояд интихоб кунанд: Ё рушду субот бо Назарбоев ва ё ақибмондагиву бесуботӣ бидуни Назарбоев. Атрофиёни Назарбоев дар раъси қудрати Қазоқистон қарор гирифтани каси дигарро ҳатто қобили эҳтимол низ намедонанд ва ҳатман кашмакашу бархурдҳои беҳудаи сиёсиро тасаввур мекунанд.

Аввалтар аз ҳама ин ки, агар чунин аст, пас тағйири бепоёни Қонуни асосӣ, ки густариши ислоҳоти демократиро ҳадаф эълон мекард, сирфан бозӣ бо мардум будааст ва дигар ин ки, чаро дар кишваре, ки дорои зарфияти болои кадрии сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва илмист, ҷуз як нафар ҳеч интихоби дигаре қобили тасаввур намебошад? Магар дар ин 20 соли истиқлол мактаби Назарбоев фаъол набудааст, ки суол ин гуна матраҳ мешавад, ки "Ё вай, ё ҳарҷу марҷу бесуботӣ"?

Агар чунин аст, пас бояд иқрор шуд, ки низоми давлатдорие, ки таи 20 сол Назарбоев ба сохтани он машғул аст, мушкил дорад. Зеро дар сурати мавҷудияти низоми собиту пойдор рафтану омадани раҳбарон моҳияти масъаларо тағйир намедиҳад, чаро ки низом кор мекунад.

Ҳунари сиёсӣ ва хадамоти Назарбоев

Назарбоев дар даврони раҳбарии худ тавонистааст бо бештари тарафҳои хориҷӣ ва бахусус қудратҳо, назири Русия, Амрико, Аврупо ва Чин равобити мутавозин барқарор кунад. Албатта, бахше аз ин равобит ба ҳунари сиёсӣ ва дипломатии Назарбоев иртибот дорад ва бахши дигарро мавқеияти геополитикӣ ва захоири саршори энержии Қазоқистон ташкил медиҳад. Муносибати Ғарб бо Қазоқистон ва дигар кишварҳои минтақа нишон медиҳад, ки имрӯз демократия на ҳадаф, балки абзори расидан ба манофеъ аст. Ва аз он ҳам ҳукуматҳои минтақа истифода мекунанд ва ҳам кишварҳои ғарбӣ.

Вале дар мавриди хадамоти Назарбоев. Боре яке аз коршиносони қазоқ дар ҳошияи як мизи гирд зимни сӯҳбат аз хадамоти Назарбоев ҳарфи ҷолибе зад. Гуфт, ки Назарбоев ҳам тавонист худаш бихурад ва ҳам мардумро бихуронад.

Дар ҳақиқат, дар беш аз якуним даҳаи гузашта маҳсулоти нохолиси дохилии ин кишвар ба сари ҳар як аз сокинонаш аз 800 доллар то 9000 доллар афзоиш ёфт, ки барои кишварҳои дигари минтақа феълан орзуи дастнаёфтанист. Ҳамчунин дар тӯли ин давра Назарбоев бинобар мулоҳизоти мухталиф ва азҷумла геополитикӣ пойтахти кишварашро ба Остона интиқол дод ва бо вуҷуди мушкилоти иқлимӣ тавонист як шаҳри пешрафтаи муосир созад.

Вай аз ташаббускорони ҳамгироӣ дар фазои Шӯравии собиқ ва бахусус Осиёи Марказӣ мебошад ва имрӯз дар созмонҳое, назири Ҷомеаи иқтисодии Авросиё ва Иттиҳодияи гумрукӣ нақши муҳим дорад.

Зеҳнияти аврупоӣ ва рафтори осиёӣ

Қазоқистон муддаъист, ки як кишвари авросиёист, ки дар он ҳатто тафаккур ва зеҳнияти (менталитети) аврупоӣ бештар ба назар мерасад. Вале дар ду даҳаи гузашта Назарбоев чун як раҳбари сирфан осиёӣ амал кард. Низомеро, ки вай эҷод намудааст, ба қудрати хусусиаш устувор аст. Қавонини ин кишвар дар зоҳир аз қавонини кишварҳои пешрафта тафовути чандоне надорад, вале дар амал яке аз аслҳои муҳимми демократия, ки истиқлоли шохаҳои қудрат мебошад, риоят намешавад. Шохаи қонунгузор ва додгоҳӣ комилан тобеъи назари раиси ҷумҳур ва дастгоҳи иҷроии вай мебошанд.

Фазои сиёсии Қазоқистон низ бо дигар кишварҳои минтақа тафовути бунёдӣ надорад. Рақибони ҷиддии Назарбоев ё пушти миллаҳои зиндонанд ва ё тарҷеҳ медиҳанд, ки хомӯш бимонанд. Онҳое, ки ба таври ҷиддӣ ҳарф доранд, барои гуфтанашон аввал худро ба хориҷа ва тарҷеҳан ба Ғарб мерасонанд ва сипас лаб ба сухан мекушоянд. Аммо онҳо низ ҳеч гоҳе эҳсоси амният нахоҳанд дошт, зеро дунёи сиёсат бо дунёи тиҷорат яке шуда ва дар ҳар ду низ савдову муъомила корро ҳал мекунад. Яъне як рӯзе метавонанд ба асбоби муъомилаи Остона бо қудратҳо табдил шаванд, ки намунаҳое аз ин даст дар Шӯравии собиқ ва минтақа кам набудааст.

Чиро бояд интизор буд?

Бархе аз таҳлилгарон нигаронӣ аз эҳтимоли таъсири таҳаввулоти Африқои Шимолӣ ва Ховари Наздик ва ҳамчунин мубҳам будани вазъи номзадии Д. Медведев ва В. Путин дар интихоботи соли 2012 раёсати ҷумҳурии Русияро аслитарин ангезаи баргузории интихоботи зудҳангоми раиси ҷумҳури Қазоқистон донистаанд. Вале атрофиёни Назарбоев ин иддаъоро бепоя хонда, мегӯянд, ки пеш аз мӯҳлат баргузор шудани интихобот барои пиёда кардани ислоҳоти фарогири сиёсӣ ва сохторӣ дар Қазоқистон лозим буд.

Назарбоев қавл додааст, ки пас аз ин интихобот гомҳоеро дар ростои эҷоди низоми раёсати ҷумҳурӣ-парлумонӣ хоҳад бардошт. Тибқи ин ваъда ҳизби пирӯз дар интихоботи парлумонӣ ҳукуматро ташкил хоҳад кард. Дар қонуни интихоботи Қазоқистон соли гузашта ислоҳе ворид шуд, ки бар асоси он ҳизбе, ки дар интихобот ҷойи дуввумро мегирад, қатъи назар аз дарсадии овози ҷонибдоронаш ҳатман вориди парлумон хоҳад шуд.

Вале агар ислоҳоти фарогир, ки Назарбоеву атрофиёнаш ваъда мекунанд, анҷом нашавад, қабл аз ҳама ваҷҳа ё худ имиҷи Назарбоев ва Қазоқистон зиён хоҳад кард. Ҳанӯз маълум нест, ки манзур аз ислоҳоти фарогир дар ин кишвар чист. Назарбоев феълан танҳо ба зарурати афзоиши нақши аҳзоби сиёсӣ таъкид кардааст. Дар интихоботи қаблӣ ҷуз ҳизби раиси ҷумҳур "Нур Отан" дигар ҳеч ҳизбе натавониста буд вориди парлумон шавад. Ва имсол дар интихоботи навбатии парлумон хоҳем дид, ки то куҷо ваъдаи Назарбоев метавонад ҷомаи амал пӯшад.

Агар иқдомоти воқеан демократӣ барои баргузории интихоботи парлумонӣ баргузор нашавад, аҳзоби ҷиддии мухолиф боз ҳам аз ширкат дар он сарфи назар хоҳанд кард ва Қазоқистон ҳамонанди солҳои ахир масиреро хоҳад паймуд, ки шабеҳи ҷодаи яктарафа аст. Набуди тарафи муқобил дар масири ҳаракат хотирро ба ҳадде ҷамъ мекунад, ки гоҳе поёни он қарор гирифтан дар бунбаст аст.

Қосими Бекмуҳаммад

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97