Қаззофӣ Путин ва Медведевро «ҷанг» андохт

Putin_va_MedvedovДмитрий Медведев ва Владимир Путин рӯзи 21 март дар масъалаи таҷовузи Амрико ва ёронаш ба кишвари Либия назару андешаҳои мухталиф ва бо лаҳни тунде изҳор намуданд.

Сарвазир Путин замони боздиди хеш аз корхонаи Воткини Ҷумҳурии Удмуртистон ба ҳангоми мулоқот бо коргарон гуфтааст, ки ҳукумат машғул ба сиёсати берунаи кишвар нест, вале агар онҳо андешаи шахсии ӯро донистан бихоҳанд, ӯ бар ин назар аст, ки режими Қаззофӣ ба ҳеч чаҳорчӯби меъёрҳои демократӣ мутобиқ нест ва вазъияти дохилии сиёсӣ дар ин кишвар  шакли муборизаи мусаллаҳонаро касб кардааст.

Ҳамаи ин ба ҳеч дигар кишваре ҳақ намедиҳад, ки ба низоъи сиёсии дохилии як давлати дигар дахолат намояд ва аз як ҷониби даргир пуштибонӣ кунад. Агар ба Қатъномаи СММ бингарем, - гуфтааст Путин,- он ҷо омадааст, ки онҳо ҳар гуна иқдомро метавонанд бар алайҳи як давлати соҳибистиқлол роҳандозӣ намоянд, ки ин тавр амал кардан ба ёди ман Лашкаркашиҳои салибии асрҳои миёнаро меорад. Бояд зикр кард, ки сарвари Либия Муаммар Қаззофӣ низ айнан мисли Путин таҷовузи Амрико ва мутафиқинашро Лашкаркашии салибӣ ном бурд.  Путин Қатъномаи Созмони миллали муттаҳидро номукаммал ва хатарбор хонда, амалкарди Амрико ва иттифоқчиёнашро дар қиболи Либия маҳкум кард. Дар ҳамин ҳол Президент Медведев дар посух ба ин суханони устод, ҳомӣ ва пири сиёсии хеш ҷаноби Путин даъват намуд, ки дар изҳори андеша намудан бояд эҳтиёт кард ва зикр сохт, ки Қатъномаи шӯрои амнияти СММ ҳарчанд идеалӣ нест, вале он мавқеъи раҳбарияти Русияро низ ифода мекунад. Мо огоҳона ин корро кардем ва Вазорати хориҷа тибқи дастури ман дар ин масъала амал кардааст, - гуфтааст Дмитрий Медведев. Дар Кохи Кремл хотиррасон кардаанд, ки муайян намудани хати машйи сиёсати хориҷии давлат дар салоҳияти Президент аст. Коршиносон бар ин назаранд, ки ин барои аввалин бор аст аз соли 2008, аз замони ба маснади президентӣ расидани Медведев ва таъсиси дугонаи Путин- Медведев, ки миёни Президент ва Сарвазир гуфтугӯе бо чунин лаҳни тезу тунд сурат мегирад.

Дар Кремл гуфтаанд, ки Путин сари ин масъала назари шахсии хешро иброз намудааст ва сиёсати хориҷии давлат аз ҷониби президент муайян мешавад ва мақомоти марбута, аз ҷумла вазорати хориҷа тибқи дастури шахсияти аввали кишвар амал мекунанд. Ба қавли ин манбаъ Қатъномаи мазкури СММ бо шарофати мавқеъгирии дурусти Чин, Русия, Олмон ва Бразилия қабул шудааст ва ҳангоми интиқод кардан аз он набояд фаромӯш кард, ки ин Қатънома мавқеъи Русияро низ инъикос мекунад.

Дмитрий Медведев ва Владимир Путин бори аввал нест, ки оид ба ин ё он масъалаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ихтилофи назар доранд, вале ин бори нахуст аст, ки онҳо дар як масъалаи ҷиддии сиёсати вақт дар як фосилаи кӯтоҳи замонӣ назари мухолиф мегӯянд. Бунёди "Сиёсати Петербург" чунин меҳисобад, ки бо ин баҳси хеш Медведев ва Путин марзи муайяни дар мубоҳиса роиҷро убур карданд.

Раиси Бунёди "Эффективная политика" ("Сиёсати босамар") Глеб Павловский бар ин назар аст, ки занги задаи Путин воқеъан ғайримуқаррарист. Мо акнун мебинем ва мешунавем, ки- мегӯяд мавсуф,- чӣ гуна норозиёни Медведев, якҷо бо мухолифинаш дар ҳукумат, ки то кунун аз ошкоро изҳори назар кардан метарсиданд, хоҳанд гуфт: Бигзор Путин раҳбар ва пешвои сиёсии мо бошад. Ва ин тавр ранг гирифтани кор хатар дорад.

Қаблан Президент ва Сарвазир хеле муваффақона ва чордаста кишварро пеш мебурданд ва мояи нигаронист агар ин комёбиро аз даст бидиҳем. Глеб Павловский бар ин андеша аст, ки ибрози назар кардани сарвазир Путин дар мавриди Либия барои фурсатталабон, ки интизори рӯ задани ихтилоф ва ҷудоӣ миёни Медведев ва Путин буданд, як иштибоҳе буд, ки аз ҷониби сарвазири Русия сар зад.

Коршиноси шинохтаи амрикоӣ оид ба умури Русия Томас Грэм, ки дар собиқ ёвари президент Буш будааст, ҳини қироати маърӯзааш дар Донишгоҳи Хопкинси Вашингтон зери унвони "Медведев ё Путин? Чӣ фарқ доранд?" гуфтааст, ки Президент ва Сарвазир дар ҳамбастагӣ метавонанд Русияро раҳбарӣ кунанд, вале муносибати миёни онҳо метавонад мубориза ва ихтилофоти гурӯҳиро дар Кохи Кремл вусъат бахшад.

Мавсуф дар суханронии якунимсоатаи хеш масъалаи дуҳокимиятиро дар Русия мавриди муҳокима қарор дода, гуфтааст, ки Путин пас аз рафтан аз мақоми президентӣ ҳам нақши муҳим ва калидӣ доштани хешро дар умури кишвараш идома медиҳад. Ӯ хотиррасон кардааст, ки Путин ба суъоли он ки  чаро расми Президент Медведевро дар ҳуҷраи кораш овезон намекунад, посух надодааст ва дар кабинеташ пӯсти хирсро овехтааст. Аз ин тарзи баён аҳли толорро ба ҷуз дипломатҳои русӣ ханда фаро гирифтааст. Бо вуҷуд,- гуфтааст ҷаноби Грэм,- нирӯ ва тавони Медведевро нодида гирифтан иштибоҳ аст ва муносибати байни Медведев ва Путин на танҳо ихтилофи ду шахси сиёсӣ аст, балки он метавонад бойиси бархӯрди ду гурӯҳ, командаи президент ва командаи сарвазир гардад. Ин гуна бархӯрду ихтилоф ҳатман рӯзе ба вуқӯъ хоҳад омад, махсусан замоне, ки як нафар барои қабули қарори муҳиме ба Медведев муроҷиат мекунад ва агар ин қарор ба афкори Путин мухолиф бошад, муноқиша рӯ хоҳад зад. Грэм бар ин андешааст, ки раҳбарони мамолики Ғарб дар кори худ раҳгум задаанд, ки дар ҳалли ин ё он масъала ба Медведев муроҷиат кунанд ё ба Путин. Таърихи сиёсии Русия асоси ҷиддие ҷиҳати боманфиат будани чунин тарзи идораи давлатро намебинад ва бо чунин дугонабозӣ умед бастан ба эҳёи Русия номумкин аст.

Мардум то ҳол дар хотир доранд, ки Владимир Путин дар соли 2008 ба хотири он аз мансаби президентӣ канор рафт, ки дубора баргардад. Ва ин амалро як найранги сиёсии Путин, ки таҷрибаи хуби ҷосусӣ ва чекистӣ дорад, унвон намуданд.

Чӣ чиз монеъи Путин шуд, ки ӯ нахост пайи ҳам бори саввум президент интихоб шавад? Ба чӣ хотир буд чунин хирадмандӣ зоҳир кардан? Нахост, ки Сарқонуни кишварашро халалдор созад? Ба доми найранги Ғарб гирифтор шуд? Хост то бо ин амалаш худнамоӣ кунад ва аз хеш ҳомӣ ва пуштибони арзишҳои демократӣ бисозад? Агар ӯ мехост президент монад, мемонд. Аз қудрат ба хотири ҳифзи қудрат даст кашид, ё ба хотири он рафт, ки мардум аз даврони раҳбарии ӯ ёд кунанд ва чун қаҳрамон ӯро бори саввум бар тахти салтанат оваранд.

Тарҷумаи ҳоли Путин хеле сода аст. Ӯ мисли Жириновский ду донишгоҳ хатм накарда ва чун ӯ доктори фалсафа, профессори сотсиология, бакалаври ҳуқуқ, академики экология нест. Владимир Владимирович  мактабро дар шаҳри Ленинград хатм карда, ба Донишгоҳи Жданов дохил шудааст. Пас аз донишгоҳ дар Кумитаи амният хидмат кард. Аз Кумитаи амният ба ҳайси омӯзгор ба Донишгоҳ омад ва аз он ҷо рафт назди Собчак, ки мири Санкт- Петербург буд. Аз канори устоди хеш Собчак рост ба Маскав, ба Кремл омад, аввал ба Дастгоҳи президент, баъдан ба Хадамоти федеролии амният ва пас аз чанде Сарвазир шуд. Ва дар шаби Соли нави милодии 2000- ум Президент Борис Елсин ӯро вориси сазовори тахту тоҷи Русия эълон кард. Ва ҳашт сол Русияро роҳбарӣ карду намехоҳам Сарқонунро вайрон кунам гуфта, ҷойи хешро ба муовини аввали Сарвазир ва раҳбари собиқи Дастгоҳаш Дмитрий Медведев холӣ кард. Ва худ тибқи нишондоди тарҳе бо номи "Нақшаи Путин" ба курсии Сарвазирӣ такя зад. Ва ба қавле парастори  ҷавони дар сиёсат навомӯзу навроҳ Дима Медведев шуд. Замоне, ки Путин дар мактаби ҷосусӣ таҳсил мекард, дар хислатномааш навишта буданд: Эҳсосаш дар дарки хатар суст аст. Разведчики ҷавон ин эродро ҷиддӣ қабул кард ва пайи ислоҳи камбуди хеш кӯшиш кард. Демократияи ҳақиқӣ наметавонад дусара, ду калла дошта бошад. Вақт аст, ки бояд сари ин масъала Русия, Медведев ва Путин ҷиддӣ мулоҳиза кунанд.

Putin_va_Medvedov.jpg_021Сарвазир наметавонад андешаи шахсӣ дошта бошад. Ин гуна ибрози назар кардани Путинро иддае хилофи меъёрҳои ахлоқи корӣ ва вазифаи доштааш донистаанд. Ихтилофи Президент Медведев ва Сарвазир Путин оянда бо чӣ меанҷомад, касе гуфтан наметавонад ва ҳам алъон чизеро пешгӯӣ кардан душвор аст. Президент Путин як чеҳраи хеле матраҳ ва як мансабдори обрӯманди қавист. Ӯ дар доираҳои сиёсии кишвараш аз эҳтирому эътибор ва нуфузи хосса бархӯрдор аст. Ӯ як сарвазири оддӣ нест. Ӯ раиси пурқудраттарин ҳизби сиёсии Русия- "Русияи воҳид" аст, ки дар Думаи давлатии ин кишвар ва дар тамоми маҷлисҳои маҳаллии шаҳру вилоёт аксари курсиҳоро дар даст дорад. Аз ин рӯ ҳарфи Путин имрӯз ва оянда ҳам барои Русия қобили қабул ва таъсиргузор аст. Вале.. Вале набояд нодида гирифт, ки Медведев ҳам акнун он Димаи бетаҷрибаву навсафари роҳи сиёсат нест.

Ба гуфтаи бархе манбаъҳои огоҳ Ҷо Байден муовини раиси ҷумҳури Амрико дар сафари ахири худ ба Маскав Путинро ташвиқ кардааст, ки аз номзад шудан дар интихоботи моҳи марти соли 2012 худдорӣ кунад. Яъне Ғарб дар ин интихобот аз Дима Медведев ҳимоят мекунад, зеро Путини коркушта ва қавӣ барои Ғарб муносиб нест. Аммо  бо баҳонаи  қазияи  Либия Путин  ба ин пешниҳоди Амрико посухи қатъӣ ва рад дод. Метавон гуфт, ки ин гуна изҳори назари Путин метавонад ба маънои тасмими ӯ барои ширкат дар интихобот бошад. Ва  Медведев умедвор буд, ки  Путин барои бори дуввум ӯро дар интихоботи соли оянда ҷонибдорӣ мекунад. Аммо ҳафт маротиба ба суханони Путин вокуниши бо эҳсос нишон додани Дима дар шаш моҳи охир баёнгари ин аст, ки Путин  мехоҳад худаш номзад шавад.

Дар қазияи ахир Медведев эҳсосӣ буд ва Путин низ, аммо қазияи ба нафъи Путин феълан анҷом шудааст. Зеро Путин бо ҳушмандии худ ҷангро маҳкум кард, алайҳи Амрико шиор дод ва барои худ дар дохил ва хориҷ саромоя андӯхт. Аммо Дима - малчишка, аз сари эҳсос аз ҷанг пуштибонӣ кард. Ин на дар афкори мардуми Русия ва на дар андешаи мардуми дунё қобили қабул нест. Аз ин ҷост, ки  нахустин мунозираро дар интихоботи соли 2012 Медведев ба Путин бохт.

Аммо чизи аз ин ҳама ҷолибтар ин аст, ки доираҳое дар Тоҷикистон ҳам сарнавишти худ ва ояндаи худро ба нуфуз, ҳузур ва будану набудани Путин вобаста медонанд. Дили ин тоифа бештар аз атрофиёни Путин ва Медведев феълан дар тапиш аст.

Таҳияи Т. САЙИДЗОДА

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97