Уштурони Ғарбро арабҳо меронанд

Karavan_GarbДар шумораи 6 - и "Миллат", аз 9 феврали соли равон матлабе зери унвони "Бедории арабҳо қудратҳои худкомаро бедор мекунад"- ро хондам, ки дар он назару андешаҳои ҷолиберо барои худ кашф кардам.

Чунон зери таассуроти андешаҳои ширкатдорони мизи гирди "Миллат" қарор гирифтам, ки беихтиёр ҳамин нукта аз хотирам гузашт, ки он ҳама гуфтаҳои коршиносони огоҳу донишманди тоҷикро бо ашъори Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ қиёс намоям.

Албатта ин як қиёси шогирдона ва сода аст, чун андешаҳои Иқболи бузург сари бедорӣ ва талоши худшиносиву озодӣ тақрибан сад сол қабл гуфта шудаанду коршиносони тоҷик ҳамин чанд рӯз пеш сари ин мавзӯъ назари хешро изҳор доштаанд. Вале банда хостам, ки аз ҳамин роҳ ва бо ҳамин усул таассурот ва бардошти хешро аз мизи гирди "Миллат" баён дошта бошам. Иқрор мешавам, ки ширкатдорони мизи гирд ҷанобон Давлати Усмон, Қосими Бекмуҳаммад, Саъдӣ Юсуфӣ ва Зоҳири Давлат сари мавзӯъи бедории арабҳо ва омилҳои вуқӯъи ҳаводиси сиёсии Мисру Тунис хеле донишмандона ва огаҳона сӯҳбат кардаанд, ки ростӣ будани чунин таҳлилгарони хирадманд ва андешапардоз бароям мояи ифтихору шодмонӣ аст. Мо ҳамеша ба қавли Иқболи хирадманд "ҳакимонро баҳо камтар ниҳодаву ба нодонон ҷилваи мастона зиёд додаем." Ва масъулини марказҳои тадқиқотӣ ва омӯзиши афкори идораҳои давлатро зарур аст, ки аз донишу андешаи чунин огаҳону соҳибназарон истифода бикунанд.

Шоми 11 феврали соли ҷорӣ Ҳуснӣ Муборак, ки зиёд мехост ва ҳам ин ормонро дошт, ки мардумаш ӯро иҷозаи то моҳи сентябр, яъне шаш моҳи дигар ҳукумат ронданро бидиҳанд, ноилоҷу ночор зери фишор ва истодагарии собитқадамонаи тазоҳургарон ва норозиёни режимаш ва бо тавсияи нухбагони низомӣ- генералитети Миср аз олитарин мақом- Президенти кишвар, ки тайи 30 соли ахир  ин вазифаро дар панҷаи оҳанини хеш нигоҳ медошт, ба истеъфо рафт. Ва Иқбол рафтани Муборакро чунин меситояд:

Чӣ хуш бахте, чӣ хуррам рӯзгоре,

Дари султон ба дарвеше кушоданд.

Муборак аз шинохтатарин, бонуфузтарин ва дарозумртарин сарвари яке аз кишварҳои калидӣ ва меҳварии ҷаҳони Ислом- Миср маҳсуб меёфт ва касе ҳам ин интизорро надошт, ки сиёсатмадори ботаҷриба ва пухтаву корозмудае чун Муборак, ки се даҳсола қудратро дар даст дошт ва ҳарфаш дар кишварҳои ҷаҳони Ислом, ба хусус мамолики Арабӣ гап буд ва қурбу манзалату ҷойгоҳи вижае дошт, бо ин шеваи то ҷое нагину шармандаосо ва бо ин сарнавишти талху нохуш аз мансаб барканор мешавад. Биёед бубинем, ки Иқбол дар ашъори хеш сурату симои Мубораки раис ва қудратмандро чӣ гуна ба қалам додааст:

 

Дерсолу қоматаш боло чу сарв, 

Талъаташ тобанда чун туркони Марв. 

Ошнои расму роҳи ҳар тариқ, 

Ошкор аз чашми ӯ фикри амиқ,

Тезбин монанди доноёни Ғарб,

Кисваташ чун пири тарсоёни Ғарб.

Тазоҳуроти мардуми Миср на танҳо Муборак, балки шарикони стротежӣ ва муттаҳидини ӯ Исроил ва Амрикоро низ ғофилгир кард. Муборак дар як сӯҳбаташ бо телевизиони ЭйБиСи гуфта буд, ки 62 сол барои Миср хидмат кардааст, воқеъан аз ҳақ нагзарем тайи сӣ соли раҳбарии Муборак ин кишвар ва мардуми он дар тинҷиву амонӣ ҳаёт ба сар мебурд. Мизи гирди "Миллат" ҳаводиси сиёсии Ховари наздик ва Осиёи марказиро хеле ҷолиб инъикос ва таҳлилу баррасӣ намудааст. Донишманд Қосими Бекмуҳаммад он ҷо нуктаеро бозгӯ кардааст, ки хеле ҷолиб ба назар мерасад. Номбурда авомили сар задани тазоҳурот ва эътирози мардумро дар Миср баррасӣ карда аз ҷумла мегӯяд:

"Дар робита ба таъсири омили хориҷӣ бояд гуфт, ки шарик ва муттаҳиди стратегии Амрико ва Исроил будани Миср барои тазъифи пояҳои қудрати Ҳуснӣ Муборак нақш дошт. Мардуми Миср дар робита ба таҳаввулоти чанд соли ахири минтақаи Ховари миёна ва ба вижа қазияи Фаластин ва иқдомоти ғайрибашарии Телавив, аз мавзеъгириҳои расмии Қоҳира эҳсоси нороҳатӣ мекарданд ва худро дар ҷойгоҳе, ки муносиби як кишвари меросбари тамаддуни бузурги исломист, намедиданд. Қатъан ин мавзӯъ барои тадовуми ҳар навъ қудрат дар Миср аз ин ба баъд бисёр муҳим хоҳад шуд." Алломаи Лоҳурӣ дар тақвияти андешаҳои Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд:

Ҳаркӣ аз банди худӣ вораст мурд,

Ҳаркӣ бо бегонагон пайваст мурд.

Ва Муборак ҷойи он ки бо мардуми мусалмони Фаластин бипайвандад, ё ҳадди ақал аз талошу пайкори ишон забонӣ дастгирӣ намояд, ба шиъори қуръонии "Иннамал мӯъминина ихватун" (Ҳар ойина мӯъминон бародари ҳамдигаранд) садоқат нишон бидиҳад, қудраташро ба як нирӯи бадхоҳи мусалмонони сарсахту пайкорҷӯи Фаластин табдил дод ва бо душманони ин мардум кишварҳое назири Исроилу Амрико тарҳи дӯстӣ ниҳоду паймони шарикӣ баст. Ва садои Иқболи огоҳу худшинос, ин марди муборизу мӯъмину ғамшарики мусалмонҳоро Муборак нашунид. Ва ҳушдори ин марди ҳушёру ҳушманд бояд барои мо ҳамеша дарси огаҳиву худшиносӣ бошад:

То ба фарзандӣ гирифт ӯро Фаранг,

Шоҳиде гардид беномусу нанг.

Ҳикматаш ҳар қавмро бечора кард,

Ваҳдати аъробиён садпора кард.

Қосими Бекмуҳаммад ва ҳам Давлати Усмон  аз манфиатҷӯйи Ғарб- Фаранг ва бо баҳонаи бунёди ҷомеъаи демократӣ ва мардумӣ,  ҳимоят аз ҳаққу ҳуқуқи инсонҳо гӯё мехоҳанд аҳдофи муғризона ва мақсадҳои хоси хешро бароварда ва пиёда созанд ҳарф зада, афзудаанд, ки "кишварҳои Ховари наздик ва Осиёи марказӣ қонунҳои асосии худро ба гунае тарҳрезӣ кардаанд, ки ба зоҳир ҳама талабот ва арзишҳои демократиро риоят намудаанд, вале зери пӯшиши қонун муваффақ ба тамдиди умри сиёсии худ мешаванд." Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва пештозони арсаи демократия кишварҳои хешро ҳуқуқбунёду мардумсолорӣ кардаву дар мамолики мусалмонӣ демократияи коғазӣ ва қонунбозиро поя гузошта ва ҳам онро арҷгузорӣ  мекунанд. Ва мардуми кишварҳои арабӣ назири Тунису Миср ба дарки ин ҳама найрангу манфиатҷӯиҳои сиёсии Афранг- Ғарб расида ва ҳам  фаҳмидаанд, ки бо "шарофат"- и ҳамин "чингизии бе ҳарбу зарб"- и (ибораи Иқбол) сардамдорони афрангӣ сарзаминҳояшон хароб гаштаву пешрафт намекунад. Ва Иқбол аз бедории мардуми Араб истиқбол мекунад:

Дар замираш инқилоб омад падид,

Шаб гузашту офтоб омад падид.

Ва гӯё Иқбол ҳамин ибтидои моҳи январи соли ҷорӣ дар майдони шаҳри Тунис ва 18 рӯз дар майдони Таҳрири Қоҳира дар ҷамъи тазоҳургарон буду бо наъраи шерона ба мардум хитоб мекард:

Нақши нав андар ҷаҳон бояд ниҳод,

Аз кафандуздон чӣ умеди кушод.

Дар Женево чист, ғайр аз макру фан,

Сайди ту ин мешу он нахчири ман.

Риштаи суду зиён дар дасти туст,

Обрӯи Ховарон дар дасти туст!

Ва Давлати Усмон бар ин назар аст, ки Ғарб имрӯз дар рӯ ба рӯйи ҷаҳони Ислом истода ду роҳ дорад, "ё ба демократияи коғазӣ хотима мебахшад, ё ҷомеъаҳоро боз мекунад ва ба демократияи воқеъӣ роҳ мекушояд ва ё дар муқобили ал- Қойида истода мағлуб мешавад. Ё Ғарб ин ҷомеъаҳоеро, ки аз онҳо пуштибонӣ дорад, ба ислоҳ меорад, ё ин мардум барои талаби ҳаққи озодиҳои хеш меравад ба канори ал- Қойидаву дигар ҷунбишҳои тундгарову ифротӣ."

Муҳаммад Иқбол бошад ба ақвоми мусалмони Шарқ роҳи дигар пирӯзӣ бар хостаҳои Ғарб ва наҳваи нави эътироз бар сиёсатҳои ғалати ғулҳои ҷаҳониро бозгӯ ва тарғиб мекунад:

Донӣ аз Афрангу аз кори  Фаранг,

То куҷо дар қайди зуннори Фаранг?

Гар ту медонӣ ҳисобашро дуруст,

Аз ҳарираш нармтар карбоси туст.

Бениёз аз коргоҳи ӯ гузар,

Дар зимистон пӯстини ӯ махар.

Иқбол он андешаеро баён мекунад, ки соле қабл бархе аз кишварҳои исломӣ дар қиболи тавҳини Паёмбари акрам аз он кор гирифта буданд, яъне молу коло ва ғизои истеҳсоли кишварҳои тавҳингарро таҳрим эълон намуда, аз пӯшишу тановули онҳо манъ фармуда буданд. Ин бузургмарди ҳушманд меафзояд:

Гавҳараш тафдору дар лаълаш раг аст,

Мушки ин савдогар аз нофи саг аст.

Ҳушманде аз хуми ӯ май нахӯрд,

Ҳаркӣ хӯрд, андар ҳамин майхона мурд.

Ва хӯву хислат, аъмолу кирдори аҳли Мағрибро ҳанӯз 100 сол  қабл Алломаи Машриқ тавре баён кардааст, ки гӯё ҳамин дирӯз гуфта бошад:

Вақти савдо ханд- ханду камхурӯш,

Мо чу тифлонем, ӯ шаккарфурӯш.

Қолӣ аз абрешими ту сохтанд,

Боз ӯро пеши ту андохтанд.

 

Давлати Усмон ба ин андеша омадааст, ки ҷаҳони Ғарб дигар наметавонад ва он имкону тавонро ҳам аз даст дода, ки ба кишварҳои арабӣ ва африқоӣ бигӯяд, ки "бигиред қанд бихӯреду даҳан ширин кунед", яъне онҳоро наметавонад дигар мисли кӯдак  бифиребад, зеро онҳо дигар кӯдак нестанд. Онҳо бузург шудаву ва ҳам ҷомеъаҳо бедор гаштаанд.

Мо шоҳид будем, ки дар шаҳрҳои мухталифи Миср тайи 18 рӯз мардуми зиёде ба майдонҳо рехт ва тақозои истеъфои Муборакро карданд, бо вуҷуди он ки 300 тан куштаву беш аз 1500 нафар захмҳо бардоштанд, вале рӯҳияи озодихоҳӣ ва ҳақталабии мисриёнро чизе тарсондану тағйир додан натавонист ва бо истодагарии он мардуми бедор билохира режими Муборак суқут кард. Мардум ба ҳарфи Иқбол гӯш дод, ки барояшон гуфта буд:

Бигзар аз дашту дару кӯҳу даман,

Хаймаро андар вуҷуди хеш зан.

Табъ аз боди биёбон карда тез,

Ноқаро сар деҳ ба майдони ситез.

Иқбол  мардуми Мисрро бо ҳарфҳои пурҳарорат ва ҷонсӯзи хеш дар муқобили Муборак ва режими ӯ далер ва шердилтар менамуд:

Пеши он Фиръавн бигӯ ҳарфи Калим,

То кунад зарби ту дарёро дуним.

Эй мусалмон, андар ин дайри кӯҳан,

То куҷо бошӣ ба банди Аҳраман?!

Мардум бо шунидани фарёди озодихоҳонаи ин марди бедори Машриқ "табъ аз боди биёбон карда тез", аз дашту даман ва кӯҳу ҳомун ба Тунису Қоҳираву Искандария рехт, дар Таҳриру дигар майдонҳо хайма зад ва лигоми ноқаи адлу ҳақталоширо ба ҳар раставу рустову кӯву кӯчаву хиёбонҳои Тунису Миср сар дод. Иқбол аз мардум хост, он кореро, ки имкон дорад имрӯз анҷом шавад, ба фардо нагузоранд:

Дар ҳуҷуми рӯзи ҳашр худро маҷӯ,

Ҳаст дар имрӯзи ту, фардои ту.

Ва Иқболи огоҳу ҳушёр мардумро ба майдонҳо барои талаби ҳаққи хеш аз ҳокимони худкома мехонду ҳушмандона ҳушдор медод:

Марди саҳро! Пухтатар кун хомро,

Бар иёри худ бизан айёмро!

Ва чуноне таҳлилгари тоҷик Саъдӣ Юсуфӣ мегӯяд "ҳар кас, ки гурусна буд, аз фақр азоб мекашид ва ҳаққи инсониаш поймол шуда буд, рафт ба хиёбону талаби ҳақ кард". Ва он чӣ Давлати Усмон дар тақвияти андешаҳои ҷаноби Юсуфӣ мегӯяд, ки "на танҳо фақр, балки маҳдудиятҳои иҷтимоъӣ ва дар дасти 5 дар сади намояндагони элитаи давлатӣ ва наздикону пайвандони онҳо будани сарвату дороӣ ва тиҷорат дар Мисру Тунис инқилобҳоро иҷод кард", дуруст аст. Ва мардуми ин кишварҳо он ҳама ноадолатӣ ва нақз шудани қонунро медид ва сари он ҳама нуқсу камбудиҳои ҷомеъа фикр мекард ва интизори паёме буд. Ва Иқбол ҳам баробар бо мардуми мусалмони Шарқ аз ин ҳама огоҳ буд ва нидо дардод:

Ин банук, ин фикри чолоки яҳуд,

Нури ҳақ аз синаи одам рабуд.

То таҳу боло нагардад ин низом,

Донишу таҳзибу дин савдои хом.

Ва он чӣ, ки дар Мисру Тунис гурӯҳҳои исломӣ, аз ҷумла "Ихвон- ул- муслимин" ва нухбагони дин дар ин бедориҳо ва майдондориҳо камтар садо баланд карданду нақши камранге доранд ин ҳамон ҳушдори Иқбол аст, ки ба муллову шайху фақеҳу сӯфӣ гуфт, ки инқилобҳо кори онҳо нест ва кори худ бикунанд. Шоири бузург ба насли ҷавону ҳушманд хитоб кард, ки ба ҳаводиси ҷаҳон бо диду назари тоза бингаранд ва умури корро бар дасти хеш дошта бошанд:

Нест ин кори фақеҳон, эй писар,

Бо нигоҳе дигаре ӯро нигар.

Ана ҳамин нуктаи муҳимро нирӯҳои озодихоҳ ва бедори тоҷик дар солҳои 1990- 1992 аз мадди назар дур гирифтанд ва ба муборизаҳои истиқлолхоҳӣ ва бедорӣ ҳамроҳ ва олуда шудани ҳизби динӣ ва муллоҳо он ҳама озодихоҳиву муборизаҳои мардуми огоҳи тоҷикро ба шикасту нокомӣ мувоҷеҳ сохт.

Вақте анбӯҳи бешумори мардум дар майдону хиёбонҳои шаҳрҳои Тунису Миср гирди ҳам омаданд ва талаби истеъфои сарварони кишварҳои хешро мекарданд ва чун як ҳафтаву ду ҳафта майдоннишинӣ каарданду ҳокимон аз мақом рафтан намехостанд ва ба сӯйи онҳо тир кушоданд ва иддаеро куштаву нафарони зиёдеро захмӣ карданд, бегумон шояд дар қалби мардуми озодихоҳ албатта андешае хутур кард, ки чӣ мешавад агар ин тоғутҳо аз қудрат нараванд, пас ин мардуми ба шӯр омадаро ё қатл хоҳанд кард, ё ба зиндон хоҳанд афканд ё аз Ватан берун хоҳанд кард. Ва ҳамин ҷо буд, ки Иқболи дардошно ба кӯмаки мардуми майдонҳо расид ва наъра зад:

Мӯъмин аз азму таваккул қоҳир аст,

Гар надорад ин ду гавҳар кофир аст.

Яъне ба мардуми туғёнӣ гуфт, ки чун қиём кардаед, собит бошед ва то барафкандани бунёди зулм ва режими Муборак сабр бикунед. Дар сӯҳбати Мизи гирди "Миллат" Давлати Усмон изҳор доштааст, ки замони раҳбарии сарвазир Урдуғон Туркия ба таври фантастикӣ пешрафт кард ва Муҳаммад Иқбол ҳам бо ҷаноби Усмон мувофиқ аст.

Ба туркон орзуи тоза доданд,

Бинои корашон дигар ниҳоданд.

Ба мулки хеш ихвонӣ амир аст,

Дилаш огоҳу чашми ӯ басир аст.

Вале Иқбол бар хилофи Давлати Усмон бар ин назар аст, ки Туркия ҳанӯз комилан аз банди Ғарб нарастааст:

Напиндорӣ, ки раст аз банди Афранг,

Ҳанӯз андар тилисми ӯ асир аст.

Акнун биёем сари он нукта, ки тазоҳуроти Мисру Тунис чӣ таъсиру паёмаде метавонад ба кишварҳои Осиёи марказӣ дошта боша два дар ин масъала Муҳаммад Иқбол чӣ паёме барои мо дорад.Коршинос Саъдӣ Юсуфӣ бар ин андеша аст, ки ҳукуматдорон бо додани амният ба мардум иктифо накунанд, балки бештар барои беҳбуду осудаҳолии мардум талош бикунанд. Давлати Усмон низ дар ин масъала назари хоси худро дорад ва мегӯяд, ки " Ва ин кишварҳо Ғарбро ҳама вақт бо як чиз метарсонданд, ки агар шумо ба ин камбудиҳои мо чашм напӯшед, шумо ҳатман ба исломи сиёсӣ мувоҷеҳ мешавед." Акнун чун назари коршиносони тоҷик дар масъалаи он ки чӣ умумияте миёни Мисру Тунис ва кишварҳои Осиёи марказӣ мавҷуд аст, бароямон ошкор шуд, биёед бубинем, ки Иқбол бо илҳом аз ҳаводиси сиёсии кишварҳои арабӣ  бо дарку омӯзиши воқеъияти ҷаҳони имрӯз  ва дастнигару пойбанди Амрикову Ғарб будани мамолики мусалмонии олам чӣ паёме дорад. Фарзонамарди лоҳурӣ ба масъулини давлат, вазоратхонаҳо ва умури дин хитоб мекунад:

Эй амини давлату таҳзибу дин,

Он яди байзо барор аз остин.

Хезу аз кори умам бикшо гиреҳ,

Нашъаи Афрангро аз сар бинеҳ.

Нақше аз ҷамъияти Ховар фикан,

Вораҳон худро зи дасти Аҳриман.

Зоҳири Давлат, соҳибназари тоҷик изҳор доштааст, ки "гӯё байни Амрико ва Миср қарордоде бошад, ки бояд чандин ҳазор гектар заминҳое, ки дар канори рӯди Нил ҷойгиранд, кишт нашаванд. Амрико гуфта, ки ҳар кӯмаке зарур аст, яъне орду гандуму дигар маводи ғизоӣ худамон таъмин мекунем. Амрико медонад, ки агар ин заминҳо кишт шаванд, дигар кишварҳои арабиро ниёзе ба ғаллаи онҳо боқӣ намемонад." Иқбол ҳам дар ин масъала андешаи донишманд Зоҳири Давлатро тақвият бахшида изҳори нороҳатӣ мекунад, ки барои мардуми мусалмон муздур ва дастнигари лорди мағрибӣ будан айб аст.

Ҳам ҳунар, ҳам дин зи хоки Ховар аст,

Рашки гардун хоки поки Ховар аст.

Ҳар садафро гавҳар аз найсони мост,

Шавкати ҳар баҳр аз тӯфони мост.

Он чӣ аз хоки ту раст, эй марди ҳур,

Он фурӯшу он бипӯшу он бихӯр!

Иқбол мегӯяд, ки аз созишҳои муғризона, найрангҳои сиёсӣ ва демократибозиҳои Ғарб ҳушёр мебояд буд, "аз шароби сотгин" ва "аз қимори баднишинаш" ҳазар бояд кард.

Алҳазар аз гармии гуфтори ӯ,

Алҳазар аз ҳарфи паҳлӯдори ӯ.

Домани ӯро гирифтан аблаҳист,

Синаи ӯ аз дили равшан тиҳист.

Ва Муҳаммад Икбол ин мутафаккири бузурги сад соли ахири Шарқ дар ашъори ҷовидонии хеш моро дарси хештаншиносиву бедорӣ ва сабақи огаҳӣ аз фитнаву фасоди Мағриб дода, ба ин натиҷа мерасад:

Эй зи афсуни фарангӣ бехабар,

Фитнаҳо дар остини ӯ нигар.

Аз фиреби ӯ агар хоҳӣ амон,

Уштуронашро зи ҳавзи худ бирон!

Аҳтамбеки Қурбонӣ,

омӯзгор, узви ИЖТ

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97