Кури Умар кист?

mullahomaragesmМулло Муҳаммад Умар (ному насаби аслӣ ва пуррааш - Сайид Муҳаммад Охундзода) мутаваллиди 27 сентябри соли 1962 (деҳаи Навдеҳи музофоти Қандаҳор) - и Афғонистон аст. Тибқи баъзе сарчашмаҳои дигар санаи таваллуди ӯ 27 сентябри  соли 1959 мебошад.

 Миллаташ пашту. Мансубият ба гурӯҳи "ҳуттокӣ" - и қавми "гилзой" дорад. Баъзе аз муаррихин макони валодати ӯро деҳаи Сангсори  музофоти Урузгони Афғонистон ҳам медонанд. Падараш мансуб ба деҳқонони оддию маъмулӣ буд. Қаблан дар мадрасаи деҳаашон маълумоти ибтидоии исломӣ гирифта, баъди фавти падараш дар ҳамин мадраса даст ба пешаи мударрисӣ задааст.  Ҳарчанд падараш деҳқони оддӣ ҳам бошад, вале гуфта мешавад, ки ӯ шахси хеле муттақӣ ва донишманд низ будааст. Ному насаб ва кунияти пурраи ӯро баъзе коршиносон ба тариқи дигар низ меоранд:   Муҳаммад Умар Муҷоҳид бинни Мавлавӣ Ғулом Набии Акванд бинни Мулло Муҳаммад Расули Акванд бинни Мулло Муҳаммад Айёзи Акванд. Тибқи баъзе маълумоти дигар ӯ соли 1960 дар  деҳаи Нурми музофоти Қандаҳор таваллуд шудааст. Падари Мулло Умар Мавлавӣ Ғулом Набӣ дар деҳаи Нурм яке аз уламои дин ва имомхатиби масҷид буд. Гузаштагони ӯ дар  вулусволии Шакай ва Бейрут сукунат доштаанд. Аҷдоди Мулло Муҳаммад Умар дар ҳар як насл олиму шахсиятҳои рӯҳонӣ доштааст. Аслан Мулло Муҳаммад  Умар аз оила ва хонаводаи хеле оддию маъмулӣ баромада бошад ҳам, ҳамчун шахсияти рӯҳонӣ дар музофотҳои Қандаҳор, Зобул ва Урузгон нуфузи зиёде доштааст.

 МУЛЛО УМАР ПАЙРАВИ МАЗҲАБИ ҲАНАФИСТ

Мулло Муҳаммад  Умар ҳамагӣ се сол дошта, ки падараш Мавлавӣ Ғуломнабии Акванд дар синни чилсолагӣ аз олам даргузаштааст. Ӯ ягона фарзанди оила буд. Бародари хурдӣ ва се хоҳари калони ӯ дар айёми туфулият аз дунё гузашта буданд. Биноан, ӯ на танҳо ятиму бенаво монд, балки барои модараш яккаю ягона фарзанд боқӣ монд. Касе ҳам он замон гумон дошта наметавонист, ки ин писарак мақоми Амиралмӯъмининро соҳиб мешавад. Баъди фавти падараш амаки ӯ Мавлавӣ Муҳаммад Анвар ба модараш издивоҷ намуда, хонадор мешавад ва сарпарастии оиларо ба ӯҳда мегирад. Онҳо аз ин издивоҷ соҳиби се писар ва чор духтари дигар низ мешаванд ва имрӯзҳо тибқи баъзе маълумотҳо гӯё зиндаю саломатанд. Яке аз бародаронаш соли 1998 зимни бомборон кардани қароргоҳи идориаш мефавтад.  Ин сӯйиқасд тавассути АМИ (СРУ) ва гӯё ходимони Аҳмадшоҳи Масъуд ба роҳ андохта шуда буд.  Дигар амакҳои Мулло Муҳаммад Умар Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҷумъаи Акванд ва Ҳоҷӣ Мулло Муҳаммад Валӣ Акванд ном доранд.

Гуфта мешавад, ки таҳсилоти ибтидоиро Мулло Муҳаммад Умар аз падарандараш Мавлавӣ Муҳаммад Анвар касб кардааст, ки имомхатиби яке аз масоҷиди вулусволии Бейрути музофоти Урузгон буд. Ғайр аз дарсу таълимоти додаи падарандараш ӯ ҳамчунин Қуръон, Ҳадис ва Фиқҳро омӯхт. Чанде баъд ӯ ҳамчунин то андозае  аз амаки дигараш Мавлавӣ Муҳаммад Ҷумъаи Акванд низ таҳсилот гирифт. Ҳамин тариқ, ягон нафар аз аҷдоду авлоди ӯ мутааллиқ ба ашрофзодагон набуда, дар маҷмӯъ зиндагии фақирона доштаанд.

Соли 1979 Мулло Муҳаммад Умар китоби фиқҳи дараҷаи олии мактаби ҳанафияро таҳти унвони "Ҳидоят" меомӯхт, ки нирӯҳои  шӯравӣ Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварданӣ шуданд. Ӯ низ дар синни ҳаждаҳсолагӣ рӯ ба ҷиҳод алайҳи нирӯҳои шӯравӣ пардохтааст.

 МУҶОҲИД, ҚУМОНДОН ВА АМИРАЛМӮЪМИНИН

Мулло Муҳаммад Умар аз 27 сентябри соли 1996 то 13 ноябри соли 2001 раҳбари Шӯрои Олии Афғонистон (Амиралмӯъминин) маҳсуб буд. Аз 14 феврали соли 2006 тибқи баъзе маълумотҳо ӯро раҳбари Шӯрои Олии Вазиристон (Паштунистон) - и Покистон низ интихоб намудаанд. Пайрави мазҳаби суннӣ ва аз аҳли тасаннуни Ислом худро меҳисобад. Ӯ муассиси Ҷунбиши "Толибон" ва Аморати Исломии Афғонистон  мебошад, ки ҳамагӣ аз ҷониби се давлат Арабистони Саудӣ, Покистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб расман эътироф гардида буд. Миёнаҳои солҳои 70 - ум Мулло Муҳаммад  Умар бо сафари дуҳафтаина аз Покистон дидан кард ва дар он ҷо курси теология (иллоҳиёт) - ро дар мадрасаи "Ҳаққония" наздики шаҳри Пешовар гузашт. Тибқи баъзе маълумотҳои дигар ӯ бахши иллоҳиётро дар мадрасаи назди шаҳри Кветтаи Покистон хатм намудааст. Шурӯъ аз соли 1979 даст ба мубориза алайҳи нирӯҳои шӯравӣ ва ҷонибдорони афғонии онҳо задааст. Қаблан ӯро ба сифати яке аз муҷоҳидини оддӣ меҳисобиданд. Баъдан ӯ ба сифати муовини қумондони гурӯҳҳои низомии Ҳизби инқилоби исломии Набии Муҳаммадӣ мегардад. Тибқи маълумотҳои дигар дар хидмати қумондони саҳроӣ Юнуси Холис низ будааст. Ҳатто ҳадс зада низ мешавад, ки чанд муддат  аз ҷонибдорони гурӯҳҳои низомии  Бурҳониддин Раббонӣ ҳам буд. Ҳамчунин маълум аст, ки ӯ чор маротиба маҷрӯҳ ва аз як чашм ҳам маҳрум гаштааст. Тибқи яке аз фарзияҳо ӯ зимни амалиёти низомие  аз як чашм маҷрӯҳ шуда, тавассути корде шахсан боқимондаҳои ҳамон чашмашро бурида, ҷояшро дӯхтааст. Ҳарчанд коршиносони зиёде ҷарроҳии чашмашро нисбат ба дармонгоҳе дар шаҳри Пешовари Покистон медонанд. Баъди хуруҷи нирӯҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон Мулло Муҳаммад Умар соли 1989  имомхатиби яке аз масоҷиди таъсисдодаи худ дар  зодгоҳаш  Сангсор дар муҳавватаи Майванд дар қисмати ғарбии Қандаҳор мегардад. Солҳои 1996 - 2001 раҳбари Аморати Исломии Афғонистон гашта, амалан шаҳри ҷанубии Қандаҳорро боре ҳам тарк накардааст ва боре ҳам бо масеҳиён мулоқот анҷом надодааст.

 МУЛЛО УМАР ЧӢ ГУНА АЗ ҚАНДАҲОР ФИРОР КАРД?

Соли 2001 зимни амалиёти зиддитеррористии Эътилофи Шимол бо пуштибонии Амрико ва НАТО ҳукумати марказии Толибон ба сифати Аморати Исломии Афғонистон рӯ ба  таназзул ниҳода суқут кард  ва Мулло Муҳаммад Умар низ чанде баъд аз саҳнаи сиёсӣ ғайб зад. Ҳудуди се моҳи дароз расонаҳои хабарӣ, сиёсатмадорону  сиёсатшиносон ва коршиносон оид ба макони сукунат ва будубоши  Мулло Муҳаммад Умар фақат ҳадсу гумону тахминҳо  мезаданд. Фақат моҳи январи соли 2002 дар Покистон ба рӯзноманигорони нашрияи  "Newsweek" имкон даст дод, ки бо собиқ ронандаи Мулло Муҳаммад Умар Қорӣ Соҳиб, ки ба асорат афтода буд,  мусоҳиба намоянд ва фақат гуфта тавонист, ки раҳбарашон зиндаю саломат фирор намуда, паноҳ бурдааст, вале макони сукунат ва будубошаш маълум нест. Тибқи гуфтаҳои Қорӣ Соҳиб то лаҳзаҳои охирин Мулло Муҳаммад Умар намехост шаҳри Қандаҳорро тарк намояд ва фақат чанде қабл аз вуруди воҳидҳои низомии таъйиноташон махсуси Амрико ба Қандаҳор ӯ тавонист ин шаҳрро тарк намояд. Вале гуфта мешавад, ки ӯ ҳамон лаҳзаҳо  шаҳрро тарк карда бошад ҳам, дар яке деҳаҳои  ҳамин музофот маскан гузида буд. Тибқи гуфтаҳои  ронанда Қорӣ Соҳиб  Мулло Муҳаммад Умар нахуст тавассути ракша аз қароргоҳи худ хориҷ шуда, сипас ба яке аз мошинҳои маъмулии боркашони шаҳр савор шуда, ба самти номаълум равона гаштааст. Баъдан ҳар шабонарӯз ӯ макони худро тағйир додан мегирифт, то он даме, ки дар яке аз  нуқтаҳои маскунии музофоти Қандаҳор ашхоси вафодор ӯро пинҳон намуданд.  Чанде баъд маҳз ҳамин ашхоси вафодор ба ӯ имкон  фароҳам овардаанд, ки вориди Покистон шавад. Ҳоло низ ӯ ба сифати террористи байналмилалӣ дар пайгарду таъқиб ва ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад ва 140 ҳазор афсару сарбози Амрикою НАТО, ки зиёда аз 40 давлати ҷаҳонро муаррифӣ мекунанд дар ҳамкорӣ бо  гурӯҳҳои таъйиноташон махсусу иктишофӣ низ ӯро боре ҳам ҳатто дида натавонистаанд.

 ШАКЛУ ШАМОИЛИ МУЛЛО УМАР

Новобаста ба он, ки ӯ мақоми хеле баландро дар Афғонистон ва арсаи байналмилалӣ соҳиб гашта буд, оид ба ҳаёту фаъолият ва ҷанбаҳои мухталифи зисташ маълумотҳои маҳдуд вуҷуд доранд. Дар маҷмӯъ ҳатто ягон акси дурусташ ҳам то ҳол дар дунё вуҷуд надорад, то дар заминаи он ӯро ҳамчун шахсияте тасвиру тасаввур ва таъйину ташхис кардан мумкин бошад, чаро ки ӯ ва дар маҷмӯъ тамоми толибон ба гирифтани акс ва тасвирҳо мухолифанд. Худи ӯ боре ҳам ба тариқи расмӣ ва ошкоро ба рӯзноманигорон мусоҳиба ва мулоқотҳои хоса наоростааст. Муроҷиатҳои фақат овозию садои  ӯ гоҳо дар интернет пайдо мешаванд ва гоҳи дигар  ба ожонсиҳои байналмилалӣ тавассути факсҳо фиристода мешаванд. Аслан ӯро шахсони хеле кам аз наздик дидаанд ва мегӯянд, ки таассуроти зидду нақизе ба инсон  мебахшад: ӯ шахси болобаланд, қиёфаю ваҷоҳаташ таҳти таъсири ҷароҳатҳо доғдору осебдида, риши дароз дорад. Дар сар одатан кӯлоҳу саллаи сиёҳ мегузорад ва маъмулан либосҳои суннатии паштуӣ мепӯшад. Мулло Муҳаммад Умар чор зан ва чор фарзанд дорад, ду писар ва ду духтар. Соли 1999 яке аз духтаронаш зимни бомбборон кардан ва сӯиқасд ба ҷони падараш  ба ҳалокат расидааст.  Тибқи фарзияи дигар, ӯ соҳиби панҷ писар мебошад. То замони суқути низоми толибон чунин ҳисобида мешуд, ки Усома бинни Лодан ва Мулло Муҳаммад Умар хешу ақрабоянд: гӯё яке аз чаҳор зани Мулло Муҳаммад Умар ягона духтари Усома бинни Лодан аст. Мунтаҳо, ронандаи раҳбари толибон  Қорӣ Соҳиб соли 2002 ин овозаҳоро радду инкор намуд ва гуфтааст, ки Мулло Муҳаммад Умар  чорумин маротиба фақат ба хотири худдорӣ намудан аз издивоҷ бо духтари Усома бинни Лодан ойиладор шудааст. Зимни ҳокимияти худ (1996 - 2001) Мулло Муҳаммад Умар маротибае ҳам қароргоҳи худро дар Қандаҳор тарк накарда буд ва онро пойтахти Афғонистон номида, фақат чор маротиба сафарҳои кӯтоҳмуддат ба Кобул доштааст.

 МУЛЛО УМАРИ ЗАХМИН ТАЯММУМ НАКАРД, ТАҲОРАТ КАРД

Зимни татбиқи ҷиҳоди ибтидоии худ ӯ нахустин ду ҷароҳати худро дар вулусволии Бейрути музофоти Урузгон бардоштааст. Нахустин маротиба аз пой ва дафъаи дуввум баданаш якчанд  осеб дид.  Баъдан ӯ мубориза ва муқовимати худро бо воҳидҳои низомии шӯравӣ дар вулусволии ҷанубу ғарбии Панҷвай давом дод.  Ин вулусволие буд, ки ҷодаи асосии Қандаҳор - Ҳирот тавассути он мегузашт. Саввумин ҷароҳати худро Мулло Муҳаммад Умар зимни муборизаю муқовимат бо русҳо дар деҳаи Сангсор бардоштааст. Ин дафъа ӯ аз як чашми худ маҳрум гашта буд. Табибон ҷиҳати нигоҳдошти сиҳаташ ба ӯ тавсия доданд, ки минбаъд қабл аз гузоридани намозҳояш фақат таяммум кунаду халос, вале ӯ бо хости худ ба таҳорат кардан идома медод, чаро ки ба қавли худаш "Ман наметавонам аз вузӯъ бинобар сабаби ҷароҳати  ночизе даст кашам". Ҳамин тариқ, Мулло Муҳаммад Умар ҷиҳати афзоиши эътиқоду эътимодаш дар мавридҳои зарурӣ "аз худ гузаштанхо ва бурдбориҳо" нишон медиҳад.

Тибқи баъзе маълумотҳо ҳамсафони наздики ӯ дар ҷиҳод алайҳи нирӯҳои шӯравӣ  - Мулло Муҳаммад, Мулло Нақии Муҳаммад, Мулло Бурҷон ва қумондононе чун  Мулло Бародар, Мулло Ёрон, Мулло Убайдуллоҳ ва Мулло Ахвандзода будаанд. Он ҳангом ӯ бо гурӯҳи Набӣ Муҳаммади Мавлоӣ таҳти унвони  "Ҳаракати инқилоби исломӣ" пайваста буд.  Гуфта мешавад, ки ӯ яке аз қумондонҳои гурӯҳӣ ва нишонзане тавассути  аслиҳаи зиддитонкии РПГ - 7 будааст.  Пайравону ҳаводоронаш то он андозае ӯро таърифу тавсиф менамоянд, ки ӯ гӯё "танҳо бар зидди як воҳиди хурди низомии шӯравӣ ҷангида", тавонистааст тавассути андохтани шонздаҳумин рокет ин гурӯҳро дар вулусволии Панҷвай  нобуд созад, ки албатта баъзе аз ин гуфтаҳо берунтар аз воқеъият қарор доранд ва сирф ҷиҳати афзоиши эътиқоду эътимоди афғонҳо бофтаю сохта шудаанд.

ТАЪСИСИ ҶУНБИШИ "ТОЛИБОН" ВА ПИРӮЗИҲОИ БАРҚОСО

Пайравону таърихнигоронаш дар ситоиши ӯ  қиссаҳои зиёде офарида, ҳатто чунин андеша ҳам доранд, ки на Мулло Муҳаммад Умар ва на ягон хешовандонаш зимни  ҷиҳод намудан ба Покистон, Ирон ва ё   ягон кишвари дигар муҳоҷират накардаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ танҳо баъди ба охиррасии ҷиҳод алайҳи нирӯҳои Шӯравӣ дар синни 31 солагӣ тасмим гирифт, ки издивоҷ намояд ва зимнан тадқиқотҳои исломӣ пеш мебурд. Сараввал ӯ соҳиби ду писар мешавад Яъқуб ва Идрис.  Бо мурури замон дар Афғонистони аз нирӯҳои Шӯравӣ озодгашта  мардум рӯ ба мушкилоти нав ва номуназзамиҳое дар фаъолияти муҷоҳидоне заданд, ки таҳти таъсири қумондонсолорӣ баъзе корҳои нораворо низ гуё анҷом медодаанд.  Ҳатто ҳадс зада мешавад, ки волии вақти Қандаҳор гӯё бо номи Оғо Гул ба баччабозиҳои зиёде пардохта бошад. Ҳар як қумондон минтақаеро таҳти нуфузи худ қарор дода, худро шоҳу табъро вазир мепиндошт.

Маҳз аз чунин  фазою муҳити номусоид Мулло Муҳаммад Умар истифода карда, солҳои 1993 -1994 дар синни 33 бо гурӯҳе иборат аз 15 - 30 толиби рӯҳонӣ даст ба таъсиси "Таҳрик-ул-исломӣ ат-Толибон" (Ҷунбиши исломии Толибон)  зад. Онҳо нахуст ба нуқтаи назоратии қумондонҳои Қандаҳор зарба  зада, дар муддати хеле кам шаҳри Булдокро ба тасарруфи худ дароварданд. Ва зимнан оҳиста - оҳиста дар тамоми қаламрави музофоти Қандаҳор ба пуррагӣ қавонин ва қавоийди сирф шариатиро ҷорӣ намуданд. Толибони мадориси динӣ оҳиста - оҳиста узвияти худро дар ин ҷунбиш тасдиқ кардан гирифтанд. Батадриҷ толибон тавонистанд қариб дар 80 дарсади ҳудуди Афғонистон ҳокимияти худро барқарор намоянд.  Фақат ҳудуде боқӣ монд таҳти назорати шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд.  Соли 1996 Толибон назорати Кобулро низ ба дасти худ гирифтанд ва зимнан Мулло Муҳаммад Умар - Амиралмӯъминин ва  Афғонистон -  Аморати Исломии Афғонистон  расман эълон шуданд.

МУЛЛО УМАРРО ШАБУ РӮЗ ВА ДАР ҲАМА ҶО МЕҶӮЯНД

Гуфта мешавад, ки боре ҳайати вакилоне бо Мулло Муҳаммад Умар мулоқот доштаанд. Барои ҳайати вакилон ғизои мутанаввеъи болаззате омода намуданд. Ҳама ба ҷуз Мулло Муҳаммади Умар даст ба тановул мезананд. Меҳмонон аз мизбон хоҳиш мекунанд, ки бо онҳо тановул кунад. Вале ӯ ҳар дафъа аз истеъмоли ғизоҳои хуштамъ худдорӣ мекард. Баъди чанде ба ӯ шӯрбои оддӣ ва нони хушк оварда доданд ва ӯ шурӯъ ба тановул кард. Аз ӯ ҳикмати ин амалашро пурсиданд. Дар посух ӯ гӯё чунин  гуфта бошад: "То замоне, ки мардуми фақиру бенавои Афғонистон имкони  тановули чунин ғизои мутанаввеъ ва хуштамъро надошта бошад, ман низ худро чунин ҳуқуқ нахоҳам дод, ки аз онҳо бештару хубтар ғизо истеъмол намоям!". Маҳз баъди чунин ситоишу "қаҳрамониҳо" гурӯҳи махсуси ҷонибдоронаш ба сифати "имиҷмейкерон" - и Мулло Муҳаммад Умар тавонистанд аз ӯ як фидоӣ ва қаҳрамони давру замон созанд. Ана ҳамин тариқ, Мулло Муҳаммад Умар дар лаҳазоти зарурӣ метавонистааст, ки бо чунин аъмолу атвораш нуфузу эътиборашро афзоиш диҳад, вале муҳиту фазое, ки ӯ тавонист муваққатан дар Афғонистон эҷод кунад, хеле ваҳшатзою даҳшатзо буд ва ҷомеъаро ба сӯи асрҳои миёна мекашонид! Чанд муддат ӯро фавтида ва ҳалокгашта низ эълон карда буданд,  баъдҳо маълум мешуд, ки ӯ зинда аст ва толибонро ҳанӯз ҳам раҳбарӣ дорад. Ҳоло ҳам нирӯҳои хосаи амрикоӣ ҳудуди даҳ сол аст, ки ӯро ҷустуҷӯ доранд. Дар ҳудудҳои паштунишини Покистон буданаш яқин аст, вале дар кадом нуқтаи  паштунишини маскунии Покистон?  Чаро ки дар ҳудуди паштунишини  Покистон нуқтаҳои маскунӣ хеле зиёданд ва ӯро аз куҷо бояд ҷӯст?  Аз Порачанор, Шинихо, Мусофирпур, Ширинҷӯ, Муслимбоғ ё Думандӣ? Ё Нӯшакӣ, Чатрол, Мироншоҳ, Дастахайл, Размак, Свот, Синдак ва ё ҷои дигар? Дар ҳар сурат ҷустуҷӯи шабонарӯзии Мулло Умар идома дорад!

Ҷумъахон АЛИМӢ,

махсус барои «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97