Рашид Дустум кист?

 ДУСТУМ КОРМАНДИ ГАЗ ВА КОММУНИСТ

Dustum_2Абдуррашид Дустум мутаваллиди музофоти Ҷузҷони Афғонистон (соли 1954) аст. Баъд аз таҳсили ибтидоӣ ӯ дар яке аз корхонаҳои истеҳсоли газ фаъолият дошт.

Пас аз вуруди нирӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон (27 декабри соли 1979)  солҳои 1980 - 1981 ба сифати яке аз пайравони таълимоти марксистию ленинӣ дар шаҳри Маскав таҳсил намудааст. Бо бозгашт ба Афғонистон чанде дар хадамоти махсуси амниятии Афғонистон ифои вазифа намуд. Солҳои ҳузури нирӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон қумондони дивизияи 53 - юми нирӯҳои ҳукуматӣ маҳсуб меёфт, ки аксаран иборат аз сарбозони узбактабор буд. Баъди хуруҷи нирӯҳои низомии шӯравӣ чанде дар хидмати ҳукумати шӯравимаоби доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳ боқӣ монд. Ӯ зимнан Ҳизби наҳзати миллию исломии Афғонистонро таъсис дод, ки ҳадафи аслии он тақсимоти ҳудуди минбаъдаи Афғонистон дар асоси нишонаҳо ва мансубиятҳои миллию этникӣ ва усулҳои федерализм буд. Баъди суқути низоми доктор Наҷибуллоҳ  соли 1992 ҳудуди дуюниммиллионнафараи шимолу маркази Афғонистонро иборат аз музофотҳои Балх, Ҷузҷон, Форёб ва Қундуз таҳти тасарруфи худ дароварда, маркази он шаҳри Мазори Шарифро эълон намуд.

«ДУСТУМИСТОН» ВА ХИЁНАТҲОИ ДУСТУМ

Чанде ӯ тавонист як номи ғайрирасмиеро ҳамчун «Дустумистон» дар муқобили номи ғайрирасмии «Масъудистон» - и Шимоли Афғонистон низ дар ин ҷо ҷорӣ намояд, ки кӯшишҳои пули худӣ ва урдуи худӣ доштанро низ карда буданд, Дустум дар ин ҷо Ҳукумати «Дустумистон» таъсис дода, то 50 ҳазор (тибқи маълумоти баъзе коршиносони дигар то 65 ҳазор) сарбоз ва тонку тӯпу тайёраҳои аз нирӯҳои шӯравӣ ғаниматмондаро низ аз худ намуд. Зимни идома ёфтани ҷанги дохилию шаҳрвандӣ дар Афғонистон бо чандин эътилофҳои ташкилшуда паймону шартномаҳо имзо намудааст; масалан бо Гулбиддини Ҳикматёр алайҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, бо Аҳмадшоҳи Масъуд алайҳи толибон, бо толибон алайҳи Аҳмадшоҳи Масъуд. Ибтидои соли 1995 Дустум ба Тошканд сафар намуда, пушти дарҳои баста бо президенти Узбакистон Ислом Каримов дар танҳоӣ сӯҳбату мулоқотҳо дошт ва коршиносон ҳадс мезананд, ки мулоқотҳои пуштипардагии ӯ бо Ислом Каримов маҳз оид ба масъалаи ба ҳудуди Узбакистон ворид намудани қисматҳои шимолии Афғонистон буд. Соли 1996 Дустум ва «Дустумистон» - и ӯ шомили Эътилофи Шимол шуданд, ки бо ҳукумати марказии толибон мубориза мебурд. 25 майи соли 1997 баъди аз даст додани чанде аз музофотҳои шимоли Афғонистон ва хиёнати муовини худ  Абдул Малик  Рашид Дустум ба Туркия фирор мекунад ва ҳамин тариқ «Дустумистон»  минбаъд таҳти тасарруфи толибон мегузарад. Баъди суқути толибон соли 2001 Рашид Дустум бори дигар ба Афғонистон баргашта, вориди ҳукумати нав мешавад. Соли 2004 Дустум номзадии худро ба мақоми президенти Афғонистон пешбарӣ намуд ва дар натиҷа бо касби камтар аз 10 фисади овозҳо ноком низ гашт. Соли 2005 сардори ситоди Фармондеҳии олии нирӯҳои мусаллаҳи Афғонистон таъйин гашт.

ДУСТУМИ БАЛВОГАР ВА ИХТИЛОФИ Ӯ БО МАСЪУД

Ҳамин тариқ, Рашид Дустум яке аз иштирокдори фаъолтарини табаддулотҳои таърихии сӣ соли ахири Афғонистон аст. Масалан, соли 1992 замоне, ки доктор Наҷибуллоҳ ниёзи бештаре ба тамаркузу муттаҳидии нирӯҳои вафодори худ дошт, Рашид Дустум ба сифати қумондони дивизияи 53 - юми Мазори Шариф ба якборагӣ бо аъзои Ҳизби халқию демократии Афғонистон, ки аз президенти собиқ Бабрак Кармал пуштибонӣ мекарданд, муттаҳид гашта ба доктор Наҷибуллоҳ зарбаҳои ҷонкоҳ мезанад.Ahmad_Shah_Masud Ин замон, ки дигар доктор Наҷибуллоҳ тавассути «Пули дӯстӣ» (Тирмиз)  аз шӯравиҳо аслиҳаю муҳиммот ва маводи сӯхт  дарёфт намекард, мавқеъи ҳукумати марказии Наҷибуллоҳ оҳиста - оҳиста заъиф гаштан мегирад. Зимнан муҷоҳидин аллакай Кобулро низ дар муҳосира гирифта буданд. Маҳз тавассути тарафдорону хайрхоҳони Бабрак Кормал апрели соли 1992 дар Кобул тасмим гирифта шуд, ки нирӯҳои вафодор ба Рашид Дустум ба Кобул интиқол дода шаванд. Ва воқеъан ҳам нирӯҳои Дустум чанде баъд мустақар дар фурудгоҳи Кобул гаштанд.

ПАЙМОНИ МАХФИИ ДУСТУМ БО КОРМАЛ

Коршиносон ҳатто ҳадс мезананд, ки ин ҳангом ҳатто байни шахсони вафодори Бабрак Кормал ва Дустум паймони махфие низ оиди табаддулот дар Кобул баста шуда буд. Вақте хатти амниятии Кобул рахна гашт, Наҷибуллоҳ истеъфои худро расман эълон намуда, танҳо дар гӯшае боқӣ монд. Ва дар амри аз шаҳри Кобул баромада, дар хориҷа паноҳгоҳ ёфтани Наҷибуллоҳ маҳз   ашхоси Дустум имкон надоданд. Баъди тасарруфи Кобул Аҳмадшоҳи Масъуд Рашид Дустумро, ки мехост вазифаи муовини вазири дифоъро соҳиб шавад, иҷоза надод. Шаҳид Аҳмадшоҳ намехост шахсеро, ки зимни ҳузури нирӯҳои шӯравӣ алайҳаш меҷангид, ба ҷойнишинӣ қабул дошта бошад. Ин амрро дигар Рашид Дустум наметавонист фаромӯш кунад ва ниҳоят январи соли 1994 собиқ коммунист бо душмани қаттолтарини доктор Наҷибуллоҳ – Гулбиддини Ҳикматёр эътилофи навбатӣ таъсис дод. Доҳии якчашмаи Ҳизби исломии Афғонистон баъди чор моҳи ҳокимияти муваққатии Бурҳониддин Раббонӣ худро раҳбари Афғонистон дидан мехост. Гулбиддини Ҳикматёр ҳатто мансаби сарвазириро низ ба худ арзанда наҳисобид. Ва ин дафъа Кобул тавассути хиёнати Дустум ва нирӯҳои вафодор ба Гулбиддини Ҳикматёр ба иҳота гирифта шуд.

 КОБУЛРО МАСЪУД ОЗОД НАМУД

Нирӯҳои Аҳмадшоҳи Масъудро хеле мебоист заҳмат кашида байни муҷоҳидини худ  исбот намоянд, ки «бародарони ҷиҳодӣ» - и худро ба қатл расонидан (яъне муҷоҳидини Ҳикматёрро) албатта мушкил аст, вале бинобар он, ки онҳо хиёнат карданд ва хиёнаткорона ба ҳукумати муҷоҳидин ҳамла намуданд, зарурат дорад. Тариқе, ки худи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд махсусан дар мусоҳибаи хосса бо рӯзноманигорони тоҷик гуфта буд, «Аз ҳамаи хандақҳо гузар кунед, ба сарбоз - муҷоҳидин назар кунед! Ин мунозиъа асос ва бунёди миллӣ надорад! Дар хатти ҷабҳаи пеши ман паштунҳо ҳам ҳастанд, узбакҳо ҳам ҳастанд! Аксари қумондонҳои ман паштунҳо мебошанд, ба мисли Сайёф. Онҳо бо мананд, на бо Гулбиддин! Моро аз ҳам нирӯҳои беруна ҷудо мекунанд!». Барои он ки бо Дустум ба набард пардохт, умури сиёсӣ ҳам  зарурат надошт. Сарбозони хушкигарди Масъуд беҳтарин сарбозон мебошанд», - изҳор дошта буд яке аз коршиносони хосса, ки бо Масъуд дар болои тонк аз Панҷшер мустақиман ҷониби душманон раҳсипор гашта буд.  Кобулро онҳо  хона ба хона ва кӯча ба кӯча озод намуданд. Дар муқойиса бо сарбозони Дустум ва Ҳикматёр онҳо Кобулро мисли панҷ  панҷаи худ медонистанд. Ва воқеъан ҳам дар озодкунии Кобул на танҳо тоҷикон, балки дар паҳлӯи Масъуд паштуҳо  ва узбакҳо ҳам ширкат доштанд.

ДУСТУМ ҚАССОС МЕГИРАД

Бохт дар Кобул кӯшиши қассосгирии Дустумро шиддат бахшид. Ӯ дар Мазори Шариф расман изҳор дошт, ки ба ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ итоат нахоҳад кард. Ӯ ҳатто даст ба нашри пулҳои афғонии мустақили худ зад, то ин ки мустақилияти худро нишон диҳад.  Дустум минбаъд кӯшишҳои хунин кард, ки сарҳадоти хонигарии  худро то Қундуз ва Тахор низ расонад. Солҳои 1994 – 1995 музофоти Қундуз чандин маротиба аз даст ба даст гузашт. Дустум чанд маротиба тавонист, ки шаҳри Қундузро тасхир намояд, вале ҳар дафъа нирӯҳои Масъуд шаҳрро пас мегардонанд. Дар роҳ аз Қундуз то Толуқон тонкҳо меистоданд, баҳори соли 1995 байни Қундуз ва Толуқон дар ҳудуди вулусволии Хонобод аслиҳаи низомии «Град» ва тонку тӯпҳои Масъуд мавқеъ доштанд, то ин ки аз нав нирӯҳои узбактабори Дустум даст ба ҳуҷум назананд. Ҳатто ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳам ҷой доштанд. Дустум чандин маротиба навобаста ба ҷой доштани аҳолии осоишта Қундуз ва Толуқонро низ бомбборон намуд.

 ҲАМКОРИИ ДУСТУМ БО ТОЛИБОН

Ҳатто дар пешравиҳои низомии толибон низ дар Афғонистон Дустум дасти қавӣ ва нақши пешгӯинашаванда дошт. Замоне, ки Масъуд сентябри соли 1996 ба Дустум пешниҳод намуд, ки бояд аз гиллаҳои пешина фаромӯш кард ва алайҳи толибон муштаракан мубориза бурд,  Дустум  даст ба хомӯшию интизории шадид зад. Вақте  маълум шуд толибон дигар ният надоранд, ки бо хонигариҳои ҷудогона мусолиҳа намоянд, аллакай дер шуда буд.

Dustum_01Чун ба Рашид Дустум яке аз наздиконаш Абдул Малики узбак хиёнат кард.  Дар роҳи бозгашт ба Мазори Шариф Дустум кӯшиш мекард, ки бо ҳар роҳу восита эътибори аз даст рафтаи худро барқарор намояд. Чанд маротиба кӯшиш ҳам кард, ки  аз Маскав, Тошканд, Теҳрон ва Анқара пуштибонӣ ёбад, вале ҳар дафъа дигар боварию эътимод ба ӯ камтар шуда буд. Аллакай доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ қариб тамоми ҷаҳонро аз воқеъияти набардҳо дар ҷабаҳаҳоти Афғонистон мутталеъ намуда буд. Имрӯз дигар баъзе аз санад ва ҳуҷҷатҳои махфӣ низ дар робита бо ҷанги Афғонистон ва хосатан фаъолиятҳои Рашид Дустум фош ва ошкору дастраси ҳамагон гаштаанд. Масалан, санади № 2 – «Ислом 00975, Сафорати ИМА (Исломобод), депеша, «Сарвари қавии Шимоли Афғонистон генерал Дустум (Dostam) намояндагони Ҷунбиши «Толибон»- ро қабул кард, 29- 01- 1995 тамоман махфӣ, саҳ. 2». Ҳатто баъзе аз ашхоси расмии Покистон низ, ки аз ёддошт кардани ному насабашон худдорӣ кардаанд, дар шаҳри Исломобод бо Рашид Дустум декабри соли 1995 мулоқот намуда, гӯё ба ӯ тавсия ҳам додаанд, ки аз Ҷунбиши «Толибон» нигарон ва дар ҳарос набошад, чаро ки дар ин маврид Покистон метавонад нисбати ӯ «ғамхорӣ» зоҳир намояд. Тибқи баъзе маълумотҳо  генерал Дустум низ дар ин мулоқот барои ҳамкорӣ бо толибон дар масъалаи кушоиши хутути тиҷоратии Афғонистон тавассути Покистон ризоят додааст. Моҳи декабри ҳамон сол генерал Дустум дар шаҳри Мазори Шариф бо ашхоси расмии Покистон ва худи намояндагони Ҷунбиши «Толибон» мулоқот намудааст. Толибон зимнан ба ӯ таъкид кардаанд, ки ҳудудҳои шимолии Афғонистонро таҳти нуфузи ӯ қарор хоҳанд дод ва Дустум набояд нисбати онҳо муқовимат намояд. Вале моҳи майи соли 1997 Ҷунбиши «Толибон» минбаъд нисбати генерал Дустум нобовару беэътимод гашта, назорати шаҳри Мазори Шарифро ба дасти худ гирифтанд. Тамоми моликияти генералро аз худ намуданд, вале ин дафъа ҳам Дустум тавонист аз Афғонистон фирор намояд.

ДУСТУМ МАНСАБТАЛОШ ВА НИФОҚАНГЕЗ

Аслан тамоми муборизоти Дустум ҳадди аксар муваффақшавӣ ба мақоми президентию сарвазирии Афғонистон ва ё ҳадди ақал ҷудо намудани Афғонистон ба ҳудудҳои алоҳида дар асоси нишонаю мансубиятҳои миллӣ мебошад. Ӯ ҳатто дар ин бора мустақиман боре изҳороти сиёсӣ ҳам пахш кардааст. Ва ӯ ахиран кӯшиш менамояд, ки Афғонистонро ба гирдоби федеролизм кашонад. Вале фаромӯш мекунад, ки агар Афғонисторн федератсия ҳам шавад, он бояд ба ҳудудҳои тоҷикнишин, паштунишин ва ҳазораҷот мунқасим ва аз нав муттаҳид  бошад. Ҳарчанд Шимоли Афғонистон нисбатан  узбакнишин ҳам бошад, бинобар бархӯрдор будан аз пуштибонию дастгириҳои Ҷумҳурии Узбакистон мехоҳанд дар ин ҷо дар ибтидо давлати нави узбакнишине  таъсис ёбад. Ҳатто дар ин робита лоиҳаи Ҳизби миллию исломии Афғонистони Дустум низ  интишор гаштааст. Дар ин лоиҳа аллакай тақсимоти ҳудудии Афғонистон дар асоси этникӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин  махсус зикр гаштааст, ки дар санадҳои Бонн, ки аслан ва асосан Ҳукумати имрӯзаи Афғонистон он ҷо ташаккул ёфтааст, ҳизби ӯро нодида гирифтаанд. Ӯ  гоҳ - гоҳ изҳор медорад, ки ба тариқи  ноодилона ҷою мақоми узбактаборонро ба тоҷикон дар Ҳукумати Карзайи паштун додаанд. Вале чанде баъд бо назардошти ин изҳороти Дустум ӯро муовини вазири дифоъ ва намояндаи музофотҳои шимолӣ дар ҳукумат низ таъйин намуданд.

Дафъае ҳатто оиди шакли федеративии идоракунӣ дар Афғонистон котиби давлатии собиқи ИМА Колин Пауэлл низ изҳор дошта буд.

Вале дар ин маврид, Ҳабиб Мангал, собиқ сафири Афғонистон дар Маскав ҳушдор дода буд, ки шакли федеративии идоракунӣ дар Афғонистон хеле хавфнок аст,  чаро ки ҷамоаҳои миллӣ дар тамоми ҳудуди Афғонистон парешонанд ва як ҷою макони муайян надоранд. Ӯ воқеан ҳам дуруст иброз дошта буд, ки «фақат таҳкиму тақвияти демократия ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ метавонад ба ширкати тамоми миллатҳо дар идоракунии давлат имкон  фароҳам оварад». Яке аз ходимони сиёсии афғонӣ Башир Азизӣ, ки мансуб ба тоҷикони Афғонистон аст,  мегӯяд, гарави субот дар Афғонистон метавонад  эҳтиром ба фарҳанг, таърих, суннату анъанот ва забони ҳар як гурӯҳҳои миллӣ буда бошад.

ДУСТУМПОШШО ЧАНД «ПАГОНА» АСТ?

Dustum_03Тариқе, ки ӯ мефармояд, «қаблан тамоми ҳокимиятро марказ мунҳасир дошта буд  ва маҳз  марказ сарнавишти музофотҳоро таъйин мекард. Ҳоло бояд баракс бошад». Агар фардо дар Афғонистон масъалаи таъйину ташхиси федеративияти ҳудудҳо низ сар занад, яқин аст, ки таъйину ташхиси сарҳадот дар асоси нишонаҳои мансубияту тааллуқоти  миллӣ хеле мушкил гардад.

Дустум доиман иддао мекард, ки дар музофотҳои Балх, Сарипул, Ҷузҷон, Форёб ва   Самангон аксаран узбакҳо маскунанд, вале фаромӯш мекард, ки таърихан на ин ки ин   музофотҳо, балки худи Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Тирмиз, Хева, Хоразм ва ғайра аслан тоҷикнишинанд. Ӯ яқинан тибқи маълумотҳои баъзе коршиносон аз худ  Темури ланги сонӣ тарошиданист. Муҳоҷирони узбак, пашту, ҳазора ва туркманро сари ҳар қадам дар Ҷузҷону Балх, Сарипул ва Форёбу Самангон ҳамроҳ бо тоҷикони бумии ин ҷо дидан мумкин аст. Дустум шахсияти мураккаб ва дугонаю чандгона аст. Ӯ метавонад ҷиҳати расидан ба аҳдофи шахсию пуштибонҳои пасипардагии худ ба ҳар иқдоми ноҷавонмардонае даст занад. Рашид Дустум дӯст дорад, вақте ӯро «Дустумпошшо» унвон мекунанд. Ӯ ҳатто чандин маротиба  зимни баромадҳо дар тазоҳурот ва сӯхбатҳои хоса худро бо Темури Ланги садаи чордаҳум баробар дониста, қиёс ҳам кардааст. Ӯ ҳама  вақт кӯшиш мекунад ба ҷониби онҳое гузарад, ки дар лаҳзаи зарурӣ нируманданд. Ӯ як маротиба тавонист аз усулҳои худ гузашта, бо толибон муқовимат намояд. Ва ин ҳодиса ҳанӯз соли 1998 рӯй дода буд. Вале ҳамон дафъа ҳам ба ӯ ҷонибдоронаш хиёнат карданд ва ӯ гоҳ дар Тошканд пайдо мешуду гоҳ дар Анқара аз худ дарак медод.

ДУБОРА БО МАСЪУД ВА БАР АЛАЙҲИ ТОЛИБОН

Ӯ қаблан чанд муддате як нафар корманди оддию маъмулии иттифоқҳои касабаи корхонаи истеҳсоли гази Афғонистон буд. Баъди вуруди нирӯҳои шӯравӣ Дустум дарк кард, ки барояш имконияти мусоид фароҳам омадааст ва дар Шимоли Афғонистон даст ба таъсис ва раҳбарии малишаҳои узбактабор зад. Ва дивизияи 53 - уми низомии узбактаборони Афғонистон маҳз дар ҳамин асос таъсис ёфта буд.

Ҳанӯз соли 1992 гарнизони шӯравимаоби Кобул ба муҷоҳидин метавонист муқовимати шадид нишон диҳад, вале ногаҳон ба мудофеъини Кобул нирӯҳои худи Дустум, ки бояд шаҳрро ҳимоят мекарданд, зарба заданд ва ин хиёнати нобахшиданӣ буд. Ӯ ҳамин тариқ, бо Бурҳониддин Раббонӣ эътилоф карда, шомили ҳукумати нави Кобул шуда буд. Вале чанде баъд ӯ аз Раббонӣ рӯй гардонида, ин дафъа бо Гулбиддини Ҳикматёри паштутабор эътилоф намуд.

Ин дафъа ҳам ӯ ақибнишинӣ намуда, ба мавқеи одатан ва маъмулан интихобнамудаи худ сарҳадоти Ҷумҳурии Узбакистон ақибнишинӣ намуд. Ӯ ҳатто тасмим гирифт, ки ширкати ҳавоии худро бо номи «Балх Эйр» таъсис диҳад. Соли 1994- ро Дустум қариб пурра ба мубориза алайҳи нирӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд бахшид. Чанде баъд зимни ҳокимияти толибон ӯ боз бо тоҷикон ва Бурҳониддин Раббонию Аҳмадшоҳи Масъуд эътилоф баст ва алайҳи толибон мубориза бурд. Вале ин эътилоф дер давом накард. Дар тамоми лаҳзаҳои душвортарин ӯ Эътилофи Шимолро дар танҳоӣ мегузошт ва аз кӯмакҳои низомию молиявӣ худдорӣ мекард. Ӯ ҳатто дар мавридҳои ҳассос имконият пайдо карда, ба ҳазораҳои ташаййуъ, ки дар Эътилофи зидди толибон қарор доштанд, зарба мезад. Яқин буд, ки ӯ мехост, тамоми ҷонибҳо мустазъаф бошанду фақат ӯ ва тарафдоронаш қавитар. Ӯ фақат мушоҳидакори ғайрифаъол шуда монда буд. Мунтаҳо, соли 1998 аз хиёнаткориҳои ӯ яке аз муовинонаш генерал Абдул Малик хаста шуда, ба худи Дустум хиёнат намуд.

ДУСТУМ ДУШМАНИ АКБАР БОЙ ШУД

Додситонии кулли Афғонистон чанд сол қабл ҳушдор намуд, ки агар ӯ барои бозпурсӣ ҳозир нашавад, генерал Рашид Дустумро ҳабс хоҳад кард. Яке аз сарварони Эътилофи Шимоли зиддитолибон муттаҳам ба ҳуҷуму хушунат ба яке аз собиқ пайраву ҳамкорони худ раҳбари мардуми турктабори Афғонистон Акбар Бой дониста мешуд. Ин амалу ҳушдор ва изҳороти Додситонии кулл дар Шимоли Афғонистон тазоҳуроти ҷонибдорони Дустумро ба бор оварда буд. Дустум то он дараҷа вазъро буғранҷ намуда буд, ки ҳатто баъзе коршиносон ҳадс мезаданд, ки ин мунозиъа метавонист Афғонистонро ба ду қисмат, ба қисмати ҷануби паштунии Афғонистон ва қисмати тоҷикию узбакии Шимоли Афғонистон оварда расонад. Бале, воқеъият дар асоси мансубият ва тааллуқоти миллию этникӣ  дар Афғонистон ба ҳамин дараҷа аст, ки узбактаборон ба худ дар шахси Дустум пешво доранд ва дар маҷмӯъ тамомии қавму қабоили туркнажод дар шахси Акбар Бой боз пешвои дигар доранд. Дар ин робита ҳатто додситонии кулл чанде аз вукалои узбакзабони Порлумони Афғонистонро низ мавриди бозпурсӣ қарор доданӣ буд.

Яъне дар маҷмӯъ Дустум тавониста буд, ки чандин ашхоси узбакзабони дигари Афғонистонро низ алайҳи Акбар Бой ва нуфузу эътибори ӯ бишӯронад. Ин ҳодиса 8 феврали соли 2008 рӯй дода буд. Чуноне қумондонии амнияти Кобул шаҳодат дода буд, ҳудуди 80 нафар аз ашхоси мусаллаҳи Дустуми аз шароб ширакайф  таҳти роҳбарии ӯ ба ҳавлии Акбар Бой, ки дар қитъаи бошукӯҳи Кобул – Вазир Акбархон мустақар аст, ворид шуданд. Ҳамлагарон яке аз муҳофизони ҳавлиро ба ҳалокат расонида, Акбар Бой, занон ва фарзандонашро мавриди азияту шиканҷа ва латукӯб қарор доданд.  Баъдан худи Акбар Бойро бо яке аз писаронаш ба асорат гирифта, ба яке аз бӯстонсароҳои Рашид Дустум интиқол доданд. Наздикон ва хешу ақориби Акбар Бой  фавран пулисро дар ҷараёни воқеъа гузоштанд ва пулис бӯстонсарои Дустумро ба муҳосира гирифта, талаб намуд, ки Акбарбой ва ҳамроҳонашро озод намоянд ва генерал Дустум бояд худро таслим намояд. Ҳар ду ҷониб ҳам аллакай омодаи ҷангу ҳамла ба ҳамдигар буданд, ки Дустум асиронро озод кард, вале шахсан аз таслимшавӣ худдорӣ намуд. Мунтаҳо, чанде баъд пулис низ муҳосираро раҳо кард, чаро ки тибқи ақидаи коршиносон аз болотарин мақомот чунин амр расида буд.

ДУСТУМ ПЕШГӮИНАШАВАНДА АСТ

Генерал Абдуррашид Дустум бори чандум аст, ки аз Афғонистон рафтаву бозгаштааст. Шаби 16 ба 17 августи соли 2010 ӯ аз шаҳри Анқараи Туркия, ки дар муҳоҷирати иҷборӣ ва амалан «ҳабси хонагӣ» буд, ба Кобул парвоз кард. Ин дафъа ӯ дар Анқара қариб 9 моҳи пурра боқӣ монд. Бозгашти Дустум ба Кобул яке аз ҳодисаҳои муҳиму асосии маъракаи аллакай ба интиҳо расидаи президенти Афғонистон Ҳомид Карзай буд, вале ин бозгашт ҳамчунин ибтидои бозиҳои нави сиёсиро дар Кобул низ шаҳодат медод.

Ҳатто то 17 август хабару иттилоъот оиди бозгашти Дустум, сарвари қиссавию мутазоди узбактаборони Афғонистон ихтилофангез боқӣ монда буд. Расонаҳои хабарии Афғонистон фақат чанд соат қабл аз парвози Дустум аз Кобул ба Шимоли Афғонистон оид ба бозгашти ӯ хабар доданд. Бино ба баъзе хабарҳо ӯ гӯё ба музофоти Ҷузҷон рафта бошад, вале ҳамзамон гуфта мешуд, ки ӯ ҷониби Форёб  раҳсипор гаштааст. Ин замон аз ӯ ҳамчун сарвари «Наҳзати миллию исломии Афғонистон» ёд мекарданд.

Тамоми ҷанбаҳои эҳёи сиёсии Дустумро дар Афғонистон пешбинӣ ва пешгӯӣ кардан албатта мушкил аст, чаро ки ӯ яке аз чеҳраҳои хеле мураккаб ва пешгӯинашавандаи сӣ соли ахири Афғонистон маҳсуб аст. Вале коршиносон баъзан дар ин робита аз ироаи фикру мулоҳизаҳои шахсӣ худдорӣ накардаанд.

Озод намудани генерали узбактабор аз «асорати ифтихорӣ» дар Туркия бидуни шакку тардид дар байни коршиносон яке аз пирӯзиҳои дипломатии президент Ҳомид Карзай шуморида мешавад. Соҳиби имрӯзаи Кохи Арк сарвари узбактаборони Афғонистонро ба ватан хонд, вале дар ин маврид бояд ёдовар шуд, ки ин дафъа ҳам ӯ ин амрро новобаста ба эътирози сиёсатмадорони дигари афғон иҷро кард. Дар ин замина Вашингтон низ аз бозгашти генерал Дустум нохушоянд буд. Ҳамзамон бо хабару маълумотҳо оиди бозгашти Дустум ба Кобул сафорати ИМА дар Афғонистон низ изҳороти сиёсие оиди маҳкумияти ин амал пахш кард.

 КАРЗАЙ ПУШТИБОНИ ДУСТУМ

Дар изҳороти сафорати ИМА ҳамчунин гуфта мешуд, ки бозгашти сарвари узбакҳои Афғонистон наметавонад дар амри беҳбудии вазъи минтақа мусоидат дошта бошад. «Абдуррашид Дустум барои ҳалокати қисмати зиёди аҳолии осоишта ва қатли асирони низомии зиёд масъул ва муттаҳам дониста мешавад» – гуфта мешуд дар изҳороти сафорати ИМА. Ҳамчунин дар изҳорот дарҷ ёфта буд, ки бозгашти Дустум ба Афғонистон дар «лаҳзаи муҳиму ҳассоси таърихии Афғонистон – дар арафаи интихобот» ба вуқӯъ пайвастааст.

Мунтаҳо, Ҳомид Карзай алорағми чунин даъвою нуқтаназарҳо на танҳо аз амалаш худдорӣ нанамуд, балки  баръакс ниятҳои ҷиддии худро оиди иттиҳод бо сарвари узбакҳо таъкид кард. Аллакай  баъди чанд соати пахши изҳороти сафорати ИМА дафтари матбуоти президенти Афғонистон изҳороте пахш кард, ки тибқи он «бозгашти генерал Дустум кори дохилии Афғонистон» шуморида мешуд. Гузашта аз ин, дар изҳороти маъмурияти Ҳомид Карзай гуфта мешуд, ки  «Афғонистон қобилияти таъмини амнияти шахсии генералро дорад». Ҳамин тариқ, президенти Афғонистон ба кишварҳои ғарбӣ ёдрас шуд, ки дар сурати зарурӣ ҳозир аст аз Дустум тавассути аслиҳа низ пуштибонӣ кунад.

Хулласи калом, масъалаи бозгашти Дустум дар интиҳои маъракаи интихобот байни ИМА ва Афғонистон боз як навъ сардие пеш оварда тавонист. Гузашта аз ин, ин масъала метавонист сабабу омили ҷиддии сар задани мунозиъа баъди 20 август гардад. Тибқи  гуфтаҳои баъзе коршиносони ғарбӣ Ҳомид Карзай наметавонад президент бошад ва ҳамзамон бо генерал Дустум ҳамкорӣ намояд.

Табиист, ки қотеъияти Ҳомид Карзай дар моҳи августи интихоботӣ ҳисобу китоби мантиқие дошт; тибқи арзёбиҳои баъзе коршиносони Кобул бозгашти Рашид Дустум ба ватан метавонист ба Ҳомид Карзай тахминан 5 дарсад орои интихобгаронро рӯзи 20 август ба манфиати ӯ ҳаллу фасл намояд. Бо назардошти хулосаю натиҷаҳои тадқиқотҳои ахирии ҷомеъашиносони ғарбӣ нисбати Карзай ҳудуди 45 дарсади интихобгарон ҳусни таваҷҷӯҳ доштанд ва тибқи маълумоти онҳо ин 5 дарсади овозҳои дигар ба Ҳомид Карзай мисли обу боду ҳаво зарурат доштанд.

 ДУСТУМ БАР АЛАЙҲИ УСТОД АТО МУҲАММАДИ НУР

Вале харчӣ ҳам, ки бошад, ин амалҳо тавонистанд, ки ҳавохоҳону пайравони Дустумро ба ҳайси интихобгарони оянда қариб аз 5 музофоти Шимоли Афғонистон сафарбар намоянд. Мусаллам аст, ки дар акси ҳол доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ ҳатман ба тариқи раднашаванда барандаи интихобот ва президенти Афғонистон мебуд. Ҳамин тариқ, Ҳомид Карзай бо узбактаборони Шимоли Афғонистон дар шахси Дустум иттиҳод баста, тавонистанд, ки ҳам ба доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва ҳам раҳбари маъракаҳои интихоботии номзадии Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар шимол волии музофоти Балх Ато Муҳаммади Нур зарба зананд. Вале бо ин амал дуруст маълум нест, ки Дустум бо Ҳомид Карзай чӣ маслиҳату машварати пинҳоние карда буданд. Вале як чиз маълум аст, ки Ато Муҳаммади Нур тамоми нирӯи худро дар Шимоли Афғонистон солҳои 2009 - 2010 ҷиҳати дастгирию пуштибонии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ равона карда буд.

 РӮ БА КАРЗАЙ, ПУШТ БА АМРИКО

Рашид Дустум аллакай тавонист вазифаи дар наздаш бударо «муваффақона» анҷом диҳад; дар гирдиҳамоии 17 август дар Ҷузҷон генерали узбактабор ба тариқи ошкоро Ҳомид Карзайро барои мусоидат дар бозгашташ ташаккур ва изҳори миннатдорӣ  намуд. Ҳамзамон Рашид Дустум аз тамоми ҳаводоронаш хоҳиш ва талаб намуд, ки дар интихоботи 20 август ба ҷонибдории Ҳомид Карзай райъ диҳанд. Вале бояд зикр намуд, ки ҳамзамон дар ин гирдиҳамоӣ ӯ мавқеъи маъмурияти кунунии ИМА - ро қотеъона мавриди интиқод қарор дод.

Вале аз ҳама ҳайратовар он аст, ки ҳамин тариқ дар Афғонистон мавқеъи аҷиберо ба бор овард – яъне «рӯ ба ҷониби Ҳомид Карзай ва пушт ба ҷониби ИМА».  То ин замон нерӯҳои сиёсии афғонӣ ба ду гурӯҳи дигар ҷудо шуда буданд: онҳое, ки ҳам аз Карзай ва ҳам аз Амрико тарафдорӣ мекарданд ва онҳое, ки ҳам Карзай ва ҳам ИМА – ро мухолиф буданд. Вале як чиз мусаллам аст, ки чунин мавқеъгирии генерал Дустум наметавонист бидуни маслиҳати қаблӣ бо Ҳомид Карзай сурат бигирад.  Гумони ғолиб он аст, ки чунин изҳорот ва мавқеъгириҳои генерал Дустум на танҳо фикри шахсии ӯ, балки метавонад идеологияи Наҳзати миллию исломии Афғонистон, ки раҳбарияшро ба ӯҳда дорад, гардад.

 АМРИКО ДУСТУМРО ҶИНОЯТКОРИ НИЗОМӢ МЕДОНАД

Ҳамин тариқ, генерал Дустум ақида дорад, то замоне ки Ҳомид Карзай президенти Афғонистон аст «Наҳзати миллию исломии Афғонистон» таҳти ҳимояту сарпарастии ӯ қарор хоҳад гирифт.   Агар тибқи ниятҳои Дустум лоиҳаи дар асоси ин наҳзат ташкил кардани ҳизбе барои президент татбиқ гардад, пас яқинан хадамоти махсус ва ҳам худи Туркияи расмӣ онро таҳти таъсир ва нуфузи худ қарор хоҳанд дод. Беҳуда ҳам нест, ки дар ҳамон гирдиҳамоии рӯзи 17 август генерал Дустум аз фурсат истифода карда, ба Туркия барои «меҳмоннавозиаш» изҳори сипос намуда буд.

Ҳаводиси атрофи генерал Дустум ҳамчунин метавонад ҷанбаи муносиботи ҳамдигарии Ҳомид Карзайро бо қумондонҳои саҳроии муҷоҳидин тағйир диҳад. Вале набояд фаромӯш кард, ки қатли дастҷамъонаи асирони ҳарбиро дар Шимоли Афғонистон аз ҷониби сабозони генерал Дустум ИМА ва муттафиқинаш, бахусус мақомоти дифоъ аз ҳуқуқи инсони кишварҳои Ғарб аз хотир набурдаанд. Якчунин иттиҳомоте аз ҷониби Вашингтони расмӣ чандин маротиба ба нишонии Дустум нигаронида шуда буд. Дар робита бо кӯшишҳои Амрико ва муттафиқинаш оиди забон ёфтан бо толибони мӯътадил кӯшишҳои аз ҷониби ғарбиён заъиф гардонидани нирӯҳои Дустумро аз мадди назар набояд дур дошт. Набояд фаромӯш кард, ки қариб тамоми асирони низомие, ки дар Шимол тавассути нирӯҳои Дустум ба ҳалокат расида буданд намояндагони паштуҳо ва толибон буданд ва ин амалро на толибон ва на паштуҳо ҳеҷ вақт бахшида наметавонанд. ИМА ва муттафиқинаш дар ҳалокати асирони низомии толибон тирамоҳи соли 2001  ғайр аз Дустум қумондонҳои саҳроии дигарро низ муттаҳам медонад. Ҷиҳати ба даст овардани ҳусни таваҷҷӯҳи толибон ИМА метавонад боз чандин қумондони саҳроии зидди толибонро, ки собиқан шарики худ меҳисобиданд,  низ ба маҳбаси Гуантанамо фиристонад. Ҳамин тариқ, имрӯз дар Афғонистон чандин эътилофияҳои дугонаю чандгона ба вуҷуд омадаанд ва вобаста ба тағйир ёфтани вазъу ҳолати низомию сиёсӣ ин эътилофияҳо метавонанд зуд - зуд тағйир ёбанд.

 ШАШ ҶАБҲАИ АФҒОНИСТОН

Агар Ҳомид Карзай худро ба сифати каҳрамони миллии Афғонистон ташаккул ва ҳифозат карданӣ бошад, ӯ ҳатман кӯшиш хоҳад кард, ки аз сиёсати ғарбиён берун баромада, такя ба қаҳрамонҳои маҳаллии кишвари худ намояд. Вале баръакс, агар ӯ нисбати қаҳрамони миллии Афғонистон худро ҳомии манофеи ғарбиён дар Афғонистон шуморад, он вақт ӯ метавонад аз чунин эътилофияҳои дуҷонибаю чандҷониба бо Дустум ва мисли он даст кашад. Дар ҳар сурат, беҳуда нагуфтаанд, ки Шарқ  чизи нозук ва пешгӯинашаванда аст !

Дар маҷмӯъ дар ҳудуди Афғонистон дар тамоми замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои  оромии нисбӣ ҳам аз вуҷуд доштани шаш ҷабҳа ҳарф мезаданду мезананд:

Ҷабҳаи нахустин ва муҳимтарин Ҷабҳаи Панҷшер ва Шимолу Шарқи Афғонистон  таҳти сарпарастии шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва ҳоло  ин ҷабҳаро Бурҳониддин Раббонӣ ва маршали тоҷик Муҳаммад Фаҳимхону доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ намояндагӣ мекунанд.

Ҷабҳаи дуввумро шартан Ҷабҳаи узбакҳо номидан мумкин аст, ки таҳти сарварии Дустум  дар баъзе аз манотиқи Шимоли Афғонистон мавқеъият дорад.

Ҷабҳаи саввум музофоти Ҳирот ва манотиқи назди сарҳади Ҷумҳурии Исломии Ирон таҳти сарварии волии вилоят Исмоилхон аст, ки ӯро низ баъзан «Шери Ҳирот» меноманд.

Ҷабҳаи чорум дар музофоти Ғӯр, дар маркази кишвар аст, ки онро баъзан Ҷабҳаи аҳли ташаййуъ ва Ҷабҳаи Чоғчарон низ меноманд.

Ҷабҳаи панҷум Ҷабҳаи Бомиён, ки он Ҷабҳаи ҳазораҷоти ташаййуъ низ мебошад ва роҳбари он Муҳаммад Карими Халилӣ маҳсуб аст.

Ҷабҳаи шашум ва аз ҳама асосӣ ва  ҳалкунанда – Ҷабҳаи Толибони Мулло Муҳаммад Умар аст, ки алъон нисбати тамоми ҷабҳаҳо дар мухолифати нисбӣ қарор дорад. Вале Афғонистон – Афғонистон аст, имрӯз чунин аст, вале фардо ҳар ҷабҳа метавонад бо ҷабҳаи дигар эътилоф карда, мавқеи худро тағйир диҳад, вале дар ҳар сурат генерал Рашид Дустум ҳама вақт мехоҳад нақшу мавқеъи ҳалкунанда дошта бошад ва аз ғаразу ҳадафи шахсияти рақами як ё дуи Афғонистон будан даст нахоҳад кашид. Довари беҳтарин вақт, замон ва таърих аст.

 

Ҷумъахон АЛИМӢ,

махсус барои «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97