Фақру фасод пояи давлати Муборакро ба ларза даровард

Ё Муборак ҳам аз ватанаш мегурезад?

Тазоҳуроти миллионнафарӣ

1_1039202_1_28Рӯзи 1-уми феврал беш аз як миллион нафар мисрӣ дар Майдони Таҳрир (Озодсозӣ)-и шаҳри Қоҳира гирдиҳам омаданд ва дар рӯзи ҳаштуми тазоҳурот ҳам барканории Ҳуснӣ Муборак Президенти Мисрро талаб доранд.

Ин таҷаммуъ бузургтарин намоиши қудрати мардум алайҳи давлати Ҳуснӣ Муборак мебошад.Ҷамъ шудани миллион мисрӣ дар Қоҳира дар ҳоле сурат мегирад, ки ба хотири иҷрои муқаррароти рафту омад аз ҳаракати қаторҳо ва парвозҳои дохилӣ ба ин шаҳр пешгирӣ шудааст.

 

 Муборак бояд биравад!

Бино ба иттилои хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, тазоҳурот алайҳи раиси ҷумҳури Миср беш аз як ҳафта идома дорад. Садҳо ҳазор мардум дар ин кишвар ба майдонҳои марказӣ дар Қоҳира, Искандария, Исмоилия, Сувейс, Мансура, Даманҳур, Думёт ва бисёре дигар аз шаҳру шаҳристонҳои Миср гирдиҳам омада, бо ҳамбастагӣ истеъфои президент Ҳуснӣ Муборакро талаб менамоянд. Ҳафтумин рӯзи гирдиҳамоӣ бо кушта шудани беш аз 130 шаҳрванд ва захмӣ гардидани ҳазорон тазоҳургар идома ёфт. Тазоҳургарон мехоҳанд бо идомаи эътирозоти пайдарпай Муборакро водор кунанд, то аз қудрат канорагирӣ намояд. Канорагирӣ аз қудрате, ки Муборак онро ҳаққи модарзодии хеш медонад ва 30 сол боз онро дар дасти худ нигаҳ медорад.  Пеш аз пардохтан ба мавзӯи тазоҳурот дар Миср нигоҳе меафканем ба Миср ва шахсияти Муборак.

 Миср

Ҷумҳурии Мисри Араб ё дурусттар Ҷумҳурии арабии Миср кишваре аст дар шимоли шарқии қораи Африқо бо масоҳати 980,869 километри мураббаъ. Нимҷазираи Сийно бахше аз қаламрави он дар қораи Осиё ҷой дорад. Миср дар ҷануби Баҳри Миёназамин ва ғарбии Баҳри Сурх мавқеъ гирифта, аз ғарб бо Либия, аз ҷануб бо Судон ҳамсоя аст. Аз бари нимҷазираи Сийно бо Исроилу Навори Ғаззаи Фаластин марзи заминӣ дорад.

Миср аз ҷумлаи пурҷамъияттарин кишварҳои африқоӣ ба ҳисоб рафта, аз дидгоҳи фарҳангиву сиёсӣ аз муҳимтарин кишварҳо дар ҷаҳони араб ва Ховари Миёна мебошад. Теъдоди аҳолии Миср наздик ба 80 миллион мерасад ва сарзамини он асосан биёбонӣ аст. Канораҳои рӯди Нил 40000 километри мураббаъ, ё худ 1/25 ҳиссаи қаламрави кишварро ташкил медиҳанд, ки аҳолӣ асосан дар он мавзеъҳо ба сар мебаранд. Наздик ба 40 миллион сокини Миср шаҳрнишин буда, бештари онҳо дар Қоҳираву Искандария ва атрофи ин ду шаҳр сукунат доранд.

Бисёре аз шаҳрвандони мисрӣ ба роҳбарии созмонҳои бузурги байналмилалӣ ва минтақавӣ расидаанд. Муҳимтарин маркази мазҳабии ҷаҳони ислом Донишгоҳи ал-Азҳар дар Миср ҷойгир аст. Бостонӣ будани Миср бо вуҷуди аҳромҳои сегона ва маҳалли баромадани паёмбарон Юсуф ва Мӯсо будани он ба исбот расидааст, ки торихи давлатдорӣ дар онро ба даврони то ҳазораи чоруми то милоди Масеҳ медонанд.

Миср дар соли 1945 узви Созмони Милали Муттаҳид гашт. То аҳди сисолаи Муборак Ҷамол Абдунносир (аз 1956 то 1970) ва Анвар ас-Содот (аз соли 1970 то 1981) президенти ин кишвар будаанд. Номи Ҷамол Абдунносир бо арабгароӣ ва Анвар ас-Содот бо кушта шудан аз ҷониби исломгароён машҳур шудааст.

 Муборак кист?

Муҳаммад Ҳуснӣ Саййид Муборак 2-юми майи соли 1928 дар музофоти Мануфияи Миср таваллуд шуда, пас аз тараққӣ дар Неруҳои ҳавоии Миср то мақоми ноиби президенти ин кишвар боло рафт. Пас аз кушта шудани Анвар ас-Содот дар 6-уми октябри соли 1981 ба раёсати Миср расид. Тибқи қонуни соли 1981-и Миср Ҳуснӣ Муборак контроли комили Мисрро бар уҳда дорад ва аз қудратмандтарин ҳокимони минтақа ба шумор меравад.

Муборак ҷонибдорони ҳаракати Ихвонулмуслиминро рақиби аслии худ медонад ва бо муаррафӣ кардани онҳо ҳамчун ифротгароёни исломӣ нуфузи худро дар назди бархе аз ҳукуматҳои ғарбӣ афзоиш додааст. Аммо Ҳаракати Ихвонулмуслимин бо риояи эътидол дар байни мардум аз шӯҳрати беандоза бархӯрдор мебошад ва алорағми мамнӯият аз ҷониби давлат, идеяву ғояҳои он барои мардуми маҳрум аз озодиҳои сиёсӣ ва хостори адолати иҷтимоӣ ба ормони милливу мазҳабӣ мубаддал шудааст.

 Ҳаракатҳои фаоли сиёсӣ дар Миср

Дар солҳои охир ҷунбишу ҳаракатҳои зерин дар Миср нисбатан фаол шуда, оқибат дар ҳамбастагӣ ба майдонҳо рехтанд ва садо баланд карданд, ки бояд ва бояд Муборак аз қудрат канорагирӣ кунад:

«Ҷунбиши ҷавонони 6-уми апрел» дар соли 2008 бо истифода аз шабакаҳои интернетии Фейсбук, Твиттер ва Фликер тавассути гурӯҳе аз ҷавонони таҳсилкардаи мисрӣ бунёд шуд ва ба ҳимоят аз коргарони эътисобӣ (коршиканҳо) хостори коршикании саросарии Миср дар 6-уми апрели он сол шуданд ва нақши муҳиммеро дар ҳамоишҳои демократияхоҳӣ иҷро намуданд. Ин ҷунбиш аз шаҳрвандони мисрӣ дархост кард, ки то расидан ба хостаҳои хеш алайҳи давлати Ҳуснӣ Муборак роҳпаймоиҳои эътирозиро идома бидиҳанд.

«Ҷамъияти миллии тағйир» созмони муташаккил аз чандин гурӯҳи мухолифи давлат мебошад, ки онро Муҳаммад Ал-Бародаъӣ мудири кулли собиқи Агентии байналмилалии энергияи атомӣ пас аз бозгашт ба Миср ташкил кард ва роҳбарони ҳизбҳои сиёсии либералӣ ба мисли Ҳизби ал-Ғад (Фардо), Ҷабҳаи демократӣ дар канори Ихвонулмуслимин, сиёсатмадорони пешина, рӯшанфикрон ва аъзои шинохтаи ҷараёну аҳзоби мухолифи давлатро зери чатри худ гирифт.

«Ихвонулмуслимин» бузургтарин ва созмонёфтатарин ҷунбиши мухолифи давлати Миср мебошад. Фаолияти ин ҷунбиш аз сӯйи давлати Ҳуснӣ Муборак ғайриқонунӣ эълон шуда аст. Аъзои Ихвонулмуслимин дар интихоботи парлумонии соли 2005 дар Миср ба унвони номзадҳои мустақил аз панҷ як ҳиссаи курсиҳои парлумони ин кишварро соҳиб шуданд. Вале дар даври аввали интихоботи соли 2010 дар пайи ношаффофиҳо дар шумориши овозҳо курсиҳои худро аз даст дод ва даври дувуми интихоботро таҳрим кард. То роҳпаймоиҳои ҳафтаи ахир «Ихвонулмуслимин» аз чолишҳои мустақим бо давлати Ҳуснӣ Муборак парҳез мекард ва тазоҳуроти эътирозомезе алайҳи Исроилу ҷанги Ироқу дигар қазияҳои марбут ба олами ислому мусулмонон созмон медод. Дар байни ҷавонон ҳам ба унвони ҳаракати миллӣ-исломӣ маҳбубу пайравони зиёд дорад. Ин ҳаракат пеш аз мамнӯъ эълон шуданаш дар Миср якчанд миллион аъзо доштааст.

«Ҳизби ал-Вафд (Ҳайъат)» аз аҳзоби дерсол, вале камшӯҳрати Миср мебошад. Он дар солҳои пештар ҳизби аслии мухолифи давлати Миср дар парлумон буд ва даври дувуми  интихоботи соли 2010-ро таҳрим кард. Сайид ал-Бадовӣ раҳбари вафдиҳо наздикии зиёд ба давлати Миср дошт ва вонамуд мекард, ки «ал-Вафд» як ҳизби секулори мухолифи давлат аст.

«Ҳизби ал-Ғад (Фардо)» ҳизбе либералӣ мебошад ва бунёнгузори он Айман Нур бо иттиҳомоти сохтагӣ се сол то феврали соли 2009 дар зиндон буд. Аз замони раҳоияш то кунун дар ҳамаи тазоҳуроти зиддидавлатӣ ширкат дошта, ба «Ҷамъияти миллии тағйир»-и Муҳаммад ал-Бародаъӣ пайвастааст.

 Фақру бекорӣ дар 30 соли муборакӣ

Тағйир наёфтани сатҳи зиндагӣ барои миллионҳо мисрӣ дар аҳди сисолаи Муборак ва ҳамоно дар канори мақбараҳои аҷдодӣ зиндагиро давом додани беш аз яку ним миллион нафар, ба атрофиёни як хонавода тааллуқ ёфтани дороиҳои як кишвар аз асоситарин авомиле дониста мешавад, ки миллионҳо мардум дигар таҳаммули онро накарданд. Ҷавонони бедор, ки дигар намехоҳанд мисли падаронашон зери фишори сахтиҳову ноадолатиҳои иҷтимоӣ бошанд, акнун бадбахтии худро дар вуҷуди ҳукумату ҳукуматдорони давлати Миср бо раҳбарии Ҳуснӣ Муборак мебинанд. Эътирози саросарӣ дар Миср аз бисту панҷуми январ бо роҳпаймоиҳо, эътирозот ва нофармониҳои маданӣ шурӯъ шуд. Ин эътирозот бо илҳом аз комёбии мардум дар инқилоби Тунис сурат гирифт. Ташкилкунандагони эътирозот мардуми Мисрро ба инқилоб алайҳи шиканҷа, фақр, фасод ва бекорӣ фаро хонданд ва ба муқобилияти сахти неруҳои амниятии давлати Ҳуснӣ Муборак рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷаи тазоҳурот ва даргириҳои хиёбонӣ бо пулис дастикам беш аз 110 нафар кушта шуд, 750 корманди пулис ва беш аз 2000 шаҳрванди мулкӣ захм бардоштанд.

Ҳадафи аслии эътирозу тазоҳурот сарнагунии Ҳуснӣ Муборак аст, ки аз 30 соли пеш қудратро дар ин кишвар дар даст дорад. Аз соли 1968 то кунун дар ин кишвар Қонуни шароити изтирорӣ (ба истиснои яку ним сол дар ин муддати мадид) амал мекунад ва мардум хостори лағви он шудаанд. Тазоҳургарон аввал дархост мекарданд, ки ҳадди ақалли дастмуздҳо афзоиш дода шавад. Пас аз он, ки пулисҳо таҳти фармони Вазири дохила Ҳабиб ал-Адлӣ ба ҷониби эътирозгарон тир кушоданд, ҳамагӣ хостори барканории ӯ шуданд ва хашми мардум боло гирифт.

 Эътирозҳо ё инқилоби насли нав

Эътирозотро аслан гурӯҳи ҷавонони ҳомии демократия аз «Ҷунбиши 6-уми апрел» дар Рӯзи миллии пулиси Миср созмон доданд. Бо вуҷуди он, ки бар асоси Қонуни шароити изтирорӣ тазоҳуроти хиёбонӣ дар Миср мамнӯъ буд, даҳҳо ҳазор нафар аз афроди машҳур, ҳаводорони футбол ва аъзои оппозитсиюни давлат дар як сафҳаи Фейсбук ширкати худро дар тазоҳурот эълом доштанд.

Хабаргузории «Рейтерз» дар рӯзи аввали тазоҳурот гузориш дод, ки мардуми Миср бар хилофи гузашта, ки аз пулис тарс доштанд, ба назар мерасид, ки тарси худро комилан аз даст додаанд. Вақте пулис бо насосҳои пуроб ба эътирозгарон ҳамла мекард, онҳо ба ҷойи фирор ҷасуртар шуда, баъзе ҳатто маъмурони пулисро таъқиб мекарданд. Баъзе аз неруҳои пулис ҳам аз нақши худ комилан норозӣ буданд.

 Рейтерз: Камрангии нақши Ихвонулмуслимин дар тазоҳурот

«Рейтерз» ҳамчунин иттилоъ дод, ки давлати Миср бедиранг монанди гузашта исломгароёнро масъули ин эътирозот эълом кард, аммо дарвоқеъ «Ихвонулмуслимин» нақши кӯчаке дар ин эътирозот дошт. Ҳатто Созмони ҷавонони он хашмгин буд, ки чаро «Ихвонулмуслимин» фаолтар амал намекунад. Созмондиҳандаи аслии эътирозот корбарони интернетӣ буданд, ки ба хубӣ аз расонаҳои иҷтимоӣ барои таблиғу ташвиқи мардуми норозӣ истифода карданд.

Дар рӯзи дувуми эътирозҳо 28-уми январ, ки дигар дар таърих бо номи «Ҷумъаи хашм» сабт мешавад, бо кушта шудани 27 нафар дар Сувейс, 23 тан дар Искандария ва 22 кас дар Қоҳира аз ҷониби пулис поён ёфт. «Ассошиэйтед Пресс» навишт, ки дар баробари ин 17 маркази пулис ва маркази Ҳизби халқӣ-демократии ҳоким дар Қоҳира аз ҷониби норозиҳо ва мухолифони Муборак ба оташ кашида шуд. Муҳиммот ва аслиҳаи бархе пулисҳо гирифта шуд ва теъдоде аз боздоштшудагонро озод карданд. Дар Искандарияву Сувейс ҳам милисахонаҳо сӯхта шуданд. Аз соати 6-и бегоҳ то 6-и субҳ қуюдоти шабгардӣ эълом шуд ва мамнуъияти омаду рафт рӯзҳои баъди тамдид ёфт.

Рӯзи 29-уми январ навобаста ба ин, ки Муборак кобинаи ҳукуматро ба истеъфо амр намуд ва алорағми эълони соатҳои комендантӣ ҳазорҳо мардум ба хиёбонҳо омаданд. «Ал-Ҷазира» ва «Ассошиэйтед Пресс» иттилоъ доданд, ки пулис дар Майдони Таҳрир (Озодсозӣ) ба сӯйи мардуме, ки мехостанд Вазорати дохиларо тасхир кунанд, тир кушод ва 3 нафар кушта шуданд. Як тан аз пулис ҳам бо мардуми тазоҳургар пайваст ва бо шиорҳои зииди Муборак садо баланд кард. Ҳамингуна мавҷи эътироз то 1-уми феврали дома ёфт ва мардум дар баробари неруҳои низомии давлати Муборак истодагарӣ намуда, бо пофишорӣ рафтани Президент Ҳуснӣ Муборакро хоҳонанд.

 Косаи сабр лабрез шуд

Акнун мардуми норозӣ аз сиёсатҳои Муборак, ки тақрибан 30 соли комил дар ин кишвар ҳукумат меронад, тасмим доранд, ки то суқути ӯ тазоҳуротро идома бидиҳанд. Акнун пас аз кушта шудани беш аз сад нафар аз тазоҳургарон, ки аз бекорӣ, аз маоши ночиз, аз беадолатиҳои иҷтимоӣ, аз ноумедӣ ба ояндаи фарзандон, аз таҳқири иддае амалдорон ба дод омадаанд, роҳи бозгашти бе пирӯзӣ надоранд. Онҳо медонанд, ки дар сурати паст омадан ва боқӣ мондани Мубораку атрофиёнаш дар ҳукумат зиндагии хушро намебинанд ва таҳқиршуда боқӣ мемонанд. Акнун иддае аз низомиёни мисрӣ, ки теъдоди умумиашон наздик ба ним миллион мерасад, ба ҷонибдории мардуми мулкӣ моил шудаанд ва қавл медиҳанд, ки дар канори артиш дигар тарафи мардуми хостори адолати иҷтимоӣ тир холӣ намекунанд.

Дар ҳоле ки мардуми эътирозгар рӯзҳои аввали тазоҳурот дар майдонҳо таҷаммуъ доштанд, гуфта мешуд, ки Алоъ ва Ҷамол Муборак бо ҳамсарону фарзандонашон Қоҳираро ба қасди Ландан тарк кардаанд. Акнун онҳо умедворанд, ки Муборакро бо хонаводааш сарнавишти президенти сарнагуншудаи Тунис Зайналобидин бен Алӣ мунтазир аст…

Зоҳири Давлат

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97