Риши «дарди сар», ношукрии норвежи ҳо ва хахолҳои соҳибэҳтиром

Мо ба бегонапарастӣ одат кардаем

Rishi_dardi_sarСафари сеюми ин банда моҳи октябри соли 2010 ба ҷашнвораи байналмилалии «Шери тиллоӣ» ба шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украин бо намойишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ» буд. Шахсан барои ман тӯли ду сол  дуюмин сафар ба ин кишвар буд.


Аз ташвиқи сиёсати замони шӯравӣ  бендерҳои Украин барои мо аз фашистҳои немис ҳам бадтар ҷилва мекарданд. Ботил будани ин ақида дар ин ду сафар бароям рӯшан шуд. Шаҳри Лвов, маркази мардуми бендер хеле зебову қадима ва тозаву озода аст. Як навъ Пориси Фаронсаро ба ёд меорад. Мардумаш хеле орому боодоб,  мисли мардуми аврупоянд.

Фақат бароям як чиз сахт буд: Аввал боз ҳам ин гӯши одакарда дашном нашунид ва баъд чашми одаткардаам навиштаҷоти русиро он ҷо надид. Ба ҷуз навиштаҷот  бо забони украинӣ дигар ҳеч навиштае ба чашм намехӯрад. Пас, метавон бе навиштаҷоти русӣ ҳам мустақил буд?! Мешудааст! Боз Украина мисли Русия кишвари славянтабор ва ҳамсояи Русия аст. Мо ҳеч аз навиштани овезаву шиорҳо бо забони русӣ ва дар ҳар куҷо заруру нозарур такаллум кардан бо ин забон дил канда наметавонем. Одат кардаем ё ҳанӯз тарсу рӯҳияи бегонапарастӣ моро тарк накарда, вале «хахол»- ҳо ба забони модариашон арҷ мегузоранд ва шиору овезаҳоро танҳо бо ин забон менависанд. То ҳаркӣ омад, бингарад ва бидонад, ки ин ҷо Украина, давлати соҳибистиқлолу озод аст.

 

Дар Душанбе 150 доллар, дар Ирон 4 доллар супурдем

Оқибат омадам сари баёни сафаре, ки маро маҷбур кард қалам ба даст бигирам. Аз 18 то 24 ноябри соли гузашта ба ҷашнвораи  байналмилалии «Руми фестивал» ба шаҳри Осло, пойтахти  давлати Норвеж сафари ҳунарӣ доштем. Барномаи сафари ҳунарии мо аз чанд бахш иборат буд ва ҳамсафарони ман бону Мунира Шаҳидӣ, овозхони маъруф Давлатманди Хол, ҳунармандон Қурбони Собир, Хайринисо Ватанова ва дигарон буданд. Қурбони Собир бо худ намойишномаҳои «Шоҳ Лир» ва «Шайх Санъон»- ро дошт.

Соати 3-и субҳи 18 ноябр гурӯҳи нӯҳнафараи ҳунармандони тоҷик дар фурудгоҳи Душанбе ҷамъ шудем. Шукр, ки имсол намояндаҳои масъули фурудгоҳ моро хеле хуш қабул ва гусел карданд, ба ҷуз баъзе ҷузъиётҳо. Инро дида воқеъаи як сол пеш дар фурудгоҳи Душанбе аз сарам гузашта ба ёдам омад.  Дар сафари ҷашнвораи «Даҳаи Фаҷр» ба давлати ҳамзабони Ирон бо намойиши «Рустам ва Сӯҳроб» мо ҳамроҳамон ду табли ҷангии  аз дег сохта доштем. Азбаски ҳаҷм ва вазнашон каме зиёдтар аз меъёр буд, аз  мо ҳамватанони азизамон дар Душанбеи худамон 150 доллар (!) ситониданд. Вақти бозгашт дар фурудгоҳи Ирон низ ҳамин масъала рӯ зад. Ва яке аз масъулини фурудгоҳ назди мо омада гуфт, ки ба хотири ҳунарманди театр ва баъдан меҳмон буданатон, бори аввалу охир таблҳои моро иҷозаи гузаронидан медиҳад ва бо супоридани 4(чаҳор) доллар ин мушкил ба осонӣ ҳал гардид.

 

Риши «дарди сар»

Чаро ёди солҳои пешин кардам ва дар ин бора  бояд ҳамон вақт менавиштам. Соле, ки гузашт дар ҳақиқат муносибати масъулини фурудгоҳҳо хуб буд. Фақат вақти аз назорати паспорт гузаштан масъуле, шиносномаи маро медид, якбора «Чаро риш мондаӣ?», гуфт. Ман орому ботааҷуб ба чашмонаш нигоҳ кардам, ки ин нигоҳ шояд каме ӯро ба худ овард ва «Дар паспортат ришат бо тартиб аст, чаро ҳоло ришатро бо тартиб наовардӣ?»- гуфт. Боз бо ҳамон нигоҳ, вале бо иловаи каме табассум, ба ӯ нигаристам. Андаке ҳолаташ дигар шуду баъди мақсади сафарамонро фаҳмидан, бо чеҳраи кушод ба ман роҳи сафед хост ва «ҳунару санъати моро ба ҷаҳон нишон бидиҳед, ки мо ҳастем»- гуфта, хандае ҳам кард. Шояд бо ин хандаи сохтааш дуруштгуфтории худро то ҷое ҷуброн кардан мехост. Он бечора то ҷое шояд гуноҳ надорад, насиҳат кардан имрӯз дар мо одат шудааст. Ё вай гуноҳ надорад, ки дуруст намедонад вазифаи  ӯ имрӯз дар он ҷое, ки нишастааст аз чӣ иборат аст. Вагарна чи гуна ба худ иҷозат медиҳӣ, ки ба марди 50 сола, ки  аз ту бузургсолтар аст, чи хел риш монданро бифаҳмонӣ. Шояд масали «Ҷойи салла калла овардан» ана дар ҳамин ҳолатҳо пайдо шуда бошад. Ба ҳавопаймои «Боинг»- и ширкати Туркия савор шудем. Аввалин чизе, ки маро «хурсанд» ва нороҳат мекунад ин эълону хушомадеди хидматгори ҳавопаймо буд. Гуфтору эълону суханҳо ба забони туркӣ, англисӣ  ва русӣ буд. Дар ҳайрат мондам, ки гӯё то ҳол туркҳо намедонанд, ки  мо давлати мустақилем. Вагарна чаро ба худ  иҷозат медиҳанд, ки ба забони ғайритоҷикӣ бо мусофирони тоҷик гуфтугӯ кунанд ва эълон намоянд. Шояд гумон кардаанд, ки мо ҳоло ҳам дар шӯравием.

 

«Дӯст гӯяд шакарвор, душман табарвор?!»

Ҳар хориҷие, ки ба кишвари мо меояд, агар каме кунҷкову зирак бошад, ин навиштаҳои русию тоҷикии бо ҳуруфи русӣ, ё рекламаҳои бештар русии барномаҳои русии телевизион, ки беш аз 50% ё филмҳои русии кинотеатр ва телевизиони давлатӣ, муоширати русии мардуми  бумии пойтахт, ё бахусус муоширати қариб 90%  русии коргарони тоҷикзабони ширкату созмонҳои хориҷиро дида, бе шубҳа фикр мекунад, ки ин Тоҷикистон то ҳанӯз ҷумҳурии шӯравии сотсиалистӣ аст, ё ҷумҳурии мухторе дар ҳайати Русия! Хурсанд аз он шудам, ки ин хонуми турк ҳақиқати талхро рӯйрост ба ман фаҳмонд. Ва маро маҷбур сохт, ки сари ин масъала аз нав андеша бикунам. Магар аз ҳамватани тоҷики тамаллуқзани ман, ки ҷор аз мустақилият мезанад, аммо 90 дар сади муоширати хонаводааш ғайри тоҷикӣ аст, ё андешаи «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» ба сар дорад, ин амали пандомӯз, вале дардовари хонуми турк беҳтар нест?! Биёед, масали маъмулро дигар кунем. «Дӯст гӯяд шакарвор, душман табарвор». То аз шакари заҳрогини ту, ай дӯсти ҳамватан дуд карда сӯхтан, бо табар биё, ай бегона, ки на бинаму на сӯзам!!!

Ҳавопаймои мо дар фурудгоҳи шаҳри Истамбул пойтахти  давлати Туркия фуруд омад ва баъди як соат аз Истамбул ба шаҳри Копенҳаген пойтахти давлати Дания парвоз кардем. Дар фурудгоҳи Копенҳаген  ҳарчанд билетҳои тронзитӣ доштем, лекин бояд борҳоямонро  аз нав гирифта  билетҳоро аз қайд мегузаронидем ва кортҳои вурудии нав мегрифтем. Чун ҳамаи гурӯҳ бори аввал дар ин фурудгоҳ будем ва  боз бадбахтона забони англисиро намедонистем, ба ҷустуҷӯи ҳамзабонҳо рафтем. Зуд як хонуми ҳамзабони ирониро ёфтем ва ташаккур ба ин хонум, ки чун англисиро хуб медонист, мушкили моро зуд осон кард. Мо бору колоямонро аз нав ба бағоч супорида кортҳои нави вуруд гирифтем. Ман ним соат пеш аз гурӯҳамон ба Осло расидам, баъд бачаҳои гурӯҳ ҳам расида омаданд. Ҳамроҳашон як марди иронӣ бо ҳамсараш  омад. Аз барномаи ҳунарии мо тавассути оғои Амир Мирзоӣ ошно шуда, меҳрубонона худоҳофизӣ кард. Қурбони Собир бо ҳаяҷон гуфт, ки имрӯз  тавассути ҳамзабонҳои иронию афғонӣ, ки дар ҷаҳон паҳн шудаанд, хаёл мекунам тамоми дунё ватани ман аст. Ва нақл кард, ки чи гуна дар ҳавопаймои Копенҳаген  - Осло, ки як соат вақти парвоз дошт, ҳаққи ғизову нӯшокиро ба ҷойи онҳо ироние пардохт кардааст. Чун Қурбон бо ҳамроҳонаш дар салуни ҳавопаймо анвоъи ғизову нӯшокиҳои бешумору лазизро мебинад, аз ҳар намуди хӯрданиҳо тановул мекунанд. Нохост аз пушт садое мешунаванд, ки «оқоён, зиёд дархост накунед, ки пулакӣ аст.» Чун ҳама чиз аллакай пешкаш шуда буд, бачаҳо ба хулосае меоянд, ки мехӯранду чи пуле, ки зарур бошад, мепардозанд. Вале соҳиби садо аз пушт «оқоён, имрӯз шумо меҳмони манед»,- гуфта он маблағро пардохт мекунад.

Барномаи аввалини ҳунарии мо рӯзи 19 ноябр дар рӯзи ифтитоҳи ҷашнвора шурӯъ шуд. Сурудҳои Давлатманд Хол, рақси зебои Хайринисо Ватанова ҳамаро ба ваҷд овард. Гурӯҳи чорнафараи мо, яъне Қурбони Собир, Сӯҳроб Ҷанҷолов, Абдуваҳҳоб Дӯстов ва банда композитсияи адабӣ аз ашъори Мавлавии Балхиро пешниҳод намудем, ки бойиси истиқболи хуби бинандаҳо гардид. Рӯзи дуюм дар ҳамон  толор «Шоҳ Лир» ва «Шайх Санъон» ба тамошо гузошта шуд. Хоҳиш мекунам хонанда инро ман-маниву худситоӣ  напиндорад, ҳақиқат ин аст, ки он намойиш хеле хуб истиқбол шуд. Субҳи рӯзи дигар Қурбон, Сӯҳроб ва Ваҳҳобро ба Тоҷикистон гусел кардам ва шоми он рӯз бо қиссагӯи норвежӣ  Тори Грин қиссаи «Дарвеш ва муш»-ро иҷро намудам.

Барномаро бинандаҳо бисёр хуб истиқбол карданд. Барномаи консерти овозхонҳо ва муғанниёни иронӣ якҷо бо чанд навозандаҳои кишварҳои мухталиф бисёр дар сатҳи олӣ гузашт. Консерти Давлатманд Хол ва рақсҳои Хайриниссо Ватанова ҳам хеле олӣ буданд. Ба хусус рақсу чархиданҳои Хайриниссо зиёд писанди мардум гашт. Мулоқот ва суханронии Мунира Шаҳидӣ дар донишгоҳи шаҳри Осло бо устодон ва донишҷӯён, ки банда шоҳид будам, хеле хубу таъсирбахш  буд.

Таманнои мо тоҷикон аз Худои бузург ин буд, ки рӯзе расаду ин  ҷашнвора дар Тоҷикистон ҳам баргузор гардад ва мо бо сари баланд онро роҳандозӣ намоем. Шоми 23 ноябр барномаи ихтитомии ҷашнвора бо консерти Давлатманди Хол, рақси Хайринисо ва ҳунари сарояндаҳои норвежӣ Кристин Гравен ва Эрик Рудолф хеле дилнишин буд. Ҷашнвора чӣ аз ҷиҳати ҳунарӣ ва чӣ ташкилӣ хеле хубу зебо гузашт. Ҳама хуб буд, ба ҷуз баъзе мушоҳидаҳое, ки ба ин чашму гӯши одаткардаи ман ғайри табиӣ буд. Кишвари Норвеж се соли охир аз ҷиҳати осоиштагӣ ва дараҷаи хуби зиндагии мардумаш дар ҷаҳон дар ҷои аввал ё дуюм аст. Дар ду соли охир бори дуюм аст, ки ман дар ин кишварам. Ба ин хотир аз рӯи мушоҳидаҳоям дар ман шубҳа пайдо шуд. Аввал ин ки дар ин ду сафар ҳам шабҳо ва ҳам рӯзҳо шаҳрро гаштам ва қариб, ки пулисро надидам. Агар дар фосилаҳои кӯтоҳи вақт аз пешат пулис набарояду аз ту ҳуҷҷат напурсад (вақте, ки симои зоҳирии ман пурра бегона буданамро нишон медод),чи гуна амният мешавад? Хусусан нисфи шабҳо баъди меҳмонӣ бо мошин қариб тамоми шаҳрро убур мекардем, қариб ҳеҷ вақт пулиси нозири роҳро надидам, ки барои ман мисли мӯъҷиза буд. Агар дар ҳар хамгашти кӯчаю хиёбони шаҳрҳои мо коркуни БДА набошаду мошинро манъ карда ба ронанда дарди сар эҷод накунад, намешавад. Дар масъалаи одобу муошират ҳам ин мардум намунаанд. Ин ҷо ҳам гӯшам тайи чанд рӯзе, ки он ҷо будам, ягон  дашном ё сухани дуруштро  нашунид. Шукр, ки гурҳии 9 нафараи  ҳамватанон будему баъзан  гӯшҳоям ором  мешуданд. Як нафар тоҷике бо номи Мустафо шаҳрванди Осло буд, ки хеле  меҳрубон буд,  бадбахтона муоширати вай ҳам мисли норвежиҳо шудааст. Ҳар куҷое ,ки меравӣ, ба ту «Ҳай» медиҳанд, яъне салом ва  табассум мекунанд. Масалан, ба ҳотел(меҳмонхона) медароӣ, чи мард ва ё зан «Ҳай» гуфта салом медиҳад ва ширин табассум мекунад. Ба мағоза медароӣ  духтарон бо салому ханда  пешвозат мегиранд. Хуллас, дар ҳама ҷо меҳрубониву рафтори хуш. Дар аввал тарсидам ва дилам ба қавле дур рафт ва шубҳа пайдо шуд. Чаро ба мани ношинос салом медиҳанд ва боз ба сӯям бо меҳр механданд?! Ман ба ин чиз одат накардаам. Бо ман дурушт муомила ва бархӯрд бояд кард. Ба рӯйи ман бо ғазаб бояд нигарист, ман табассуму хушмуомилагиро надидаам. Ман аз табассуми меҳрбор ва муомилаи хуш метарсам. Ман акнун дуруст будани рафтори баъзе фурӯшандаҳои бозори «Саховат» ё мағозаҳои худамонро фаҳмидам! Тарсу ваҳм бошад, чи гуна амният мешавад?!  Аз назари ҳурмату эҳтиром ҳам шубҳа зиёд буд. Ҳатто дар фурудгоҳи бузургаш қариб, ки навбат ё дуруштӣ намебинӣ. Хуллас, ин гуна мушкилиҳо, ки асаби маро хаста мекард, кам набуд! Вақте бо Мустафо шаҳри Ослоро давр мезадем, дар як майдон чанд нафар зану мард шиорҳо дар даст ҷамъ шуда, чизе мегуфтанд. Мустафо ба мо фаҳмонд, ин майдонест, ки ҳар моҳ мардум 3-4 маротиба ҷамъ шуда бар зидди сиёсат ё амали нодурусти ҳукумат эътироз мекунанд. Ношукриро бинед!!! Се сол аст дар ҷаҳон Норвеж аз ҷиҳати осоиштагӣ ва зиндагии хуб дар ҷои аввал аст, боз ин мардуми ношукр ҳамойиши эътирозӣ ташкил мекунанд!

Бо ҳама ин хаёлоту дидаҳову мушоҳидаҳову бардоштҳо, ки дар майнаи ман  чарх мезад, рӯзи 24 ноябр ҳамроҳи Давлатманд Хол ва аъзои гурӯҳаш ба Тоҷикистон баргаштем. Боз бо ҳамон роҳе, ки рафта будем. Осло- Копенҳаген- Истамбул- Душанбе. Боз ҳавопаймои Истамбул- Душанбе, боз забони туркӣ- англисӣ-русӣ. Кай туркҳо мустақил будани моро мефаҳмида бошанд?! Туркия Русия нест, ки ин амалро нописандона ё аз рӯи бузургманишӣ иҷро кунад, ё боз кӣ медонад, ки таги коса чӣ нимкосаест?!

Ман кӯру кар мебудам, агар намедидам ё намефаҳмидам, ки дар шароити имрӯз Тоҷикистони кӯчаку нав истиқлол касб кардаи мо ниёз ба  пуштибонии давлатҳои абарқудрат дорад. Лек на ба ин сурат. Сиёсати давлатро вобаста ба шароити сиёсии имрӯзи ҷаҳон метавон дигар кард, лекин агар фарҳангу забони миллат дигар шуд, яқин аст, ки  ин миллат ва давлатро хатари аз байн рафтан пеш меояд. Барои шӯхиҳои  ноҷоям аз ту ҳамватани азизу асилам пӯзиш мехоҳам. Ба худ мақсад гузоштам, ки ин дафъа дарду алам камбуду нуқсонҳоро бо шӯхӣ изҳор кунам (ҳарчанд осон набуд), шояд таъсираш нисбат ба нолаву фиғон хубтар бошад. Барои ман ҳам  ин гӯшаи зебои замин, ки Худованд бароям насиб кардааст, Ватан аст. Ва азизтарин пораи замин барои ман Тоҷикистон аст. Аз Худо мехоҳам, ки Ватани ман ҳам мисли Норвеж ободу зебо гардад, то ки ободию пешрафт ва соҳиби рафтору гуфтори воло гаштани насли нави кишварам бойиси болидагии хотири ҳамагон гардад.

Ва инак, шаҳри азизам маро боз бо меҳр ба оғӯш мегирад, Душанбеи дилорои ман.  Аввалин «меҳрубоние», ки  дар ватанам мебинам, ин аст, ки  баъди ҳар сафари ҳунариям дар коргоҳам аз ҳамон маоши ночизам як ҳафтаина ҳаққи маро намедиҳанд. Ин «тӯҳфа» ва меҳрубонии коргоҳам буд дар подоши он ҳама ташвиқу тарғиби фарҳангу ҳунари миллатам дар назди мардуми мухталифи  ҷаҳон. Аслан дуруст ҳам карданд, ки маъошамро буриданд. Қаблан, ки аз сафарҳои ҳунарӣ бо ҷойизаҳо бармегаштем маошам намедоданду акнун медиҳанд!? ҚОНУН барои ҳама ҚОНУН аст!!!

Абдулмӯъмин ШАРИФӢ,

ҳунарманди Театри давлатии

ҷавонон ба номи

М. Воҳидов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97