Амрико аз будан дар Афғонистон безор шудааст

(идома)

Ё Толибон сулҳ мехоҳанд

 

Толибон ва ШӮрои Олии Сулҳ

afghan-opium-polytrics_012Афғонистон тӯли сӣ соли ахир нуқтаи доғи сайёра боқӣ мондааст.  Соли 2010-ум барои нируҳои эътилофии ИМА ва НАТО дар Афғонистон хунинтарин буд, теъдоди қурбониён аз ҳисоби аҳолии осоишта афзоиш ёфт,

нуфузи толибон амалан дар тамоми ҳудуди кишвар эҳсос карда мешуд. Маҳз дар ҳамин ҳолату вазъият даъвату нидоҳои сулҳомез ба ҷониби толибон равона карда шуданд ва ҷустуҷӯи роҳу усулҳои ғайринизомии ҳаллу фасли мунозиъаи низомӣ идома ёфт. Ҳамин тариқ се гурӯҳи асосии шӯришгар ва мухолифин - «Толибон»- и Мулло Муҳаммад Умар, «Ҳаққонӣ» - и Ҷалолиддини Ҳаққонӣ, пайрави деринаи Усома Бинни Лодин ва  собиқ вазири ҳукумати толибон, Ҳизби Исломии Афғонистон таҳти сарварии Гулбиддини Ҳикматёр, ки бо толибон эътилофия дорад, тибқи иттилоъи шахсони расмию масъули Афғонистон ва намояндагони Ғарб ба мулоқоти ғайрирасмӣ оиди имкони мулоқот оид ба мусолиҳа ҷалбу ҷазб шудаанд.

Ибтидои моҳи сентябр раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар доираи стратегияаш оиди ҳамгироӣ ва ҳамойиши сарбоз - муҷоҳиддин ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва ҳаёти осоишта Шӯрои Олӣ оиди масойили сулҳ таъсис дод, ки  бояд пуле барои гурӯҳҳои даргир гардад. Дар ҳайати ин мақоми олӣ 70 нафар шомил карда шуданд, ки иборат аз қумондонҳои саҳроӣ, сарварони рӯҳоният, намояндагони сохторҳои шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон, чанде аз сарони ақвому қабойил мебошанд.

Раисҷумҳур, ки чандин маротиба муҷоҳиддинро ба мусолиҳа даъват кардааст, нақшаи сулҳ ва ризоиятро пешниҳод кард, ки аксари пайравону ҳавохоҳони толибон бояд аслиҳаро гузошта ба ивази манзилу маскан, васойити зист ва кору машғулият ба ҷониби ҳукумат гузаранд. Чанде қабл худи Ҳомид Карзай низ эътироф кард, ки муддатест бо намояндагони толибон мулоқотҳои ғайрирасмӣ анҷом дода мешавад. Тибқи гуфтаи ӯ, «Мо бо толибон ҳамчун ҳамватан сӯҳбат мекунем. Ин робитаҳои расмии мураттаб набуда, робитаҳои ғайрирасмии шахсӣ мебошанд». Мунтаҳо, Ҳомид Карзай мисли давраҳои қаблӣ, таъкид намуд, ки ҳамгироӣ ва ҳамойиш ба ашхосе, ки бо «Ал - Қойида» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ робита доранд, дахл надорад.

 

Вашингтон бо Мулло Умар гуфтугӯ намекунад

Шӯрои Олии Сулҳ аллакай ба толибон пешниҳод намуд, ки  шарту талаботи худро оиди пешбурди мулоқот бо ҳукумат пешниҳод намоянд. Тариқе, ки яке аз намояндагонаш – Атоуллоҳ Лудин зикр намуд, толибон дархост намудаанд, ки рӯйхати «талаботҳои қобили қабул» тартиб дода шавад, то ин ки тавассути он «пешбурди ҷараёни мусолиҳа» роҳандозӣ шавад. Ӯ зикр намуд, ки  ҳайати  намояндагони Ҳизби Исломии Афғонистон аллакай ба раисҷумҳур ҳуҷҷатеро иборат аз 16 банд таслим намудааст. Айни ҳамин корро бояд толибон низ анҷом бидиҳанд. Зимнан, узви Шӯрои Олии Сулҳ аз намояндагони расмии Афғонистон, қумондонҳои НАТО, кишварҳои ҳамҷавор ва ИМА даъват намуд, ки барои расидан ба мусолиҳа мамониат эҷод накунанд. ӯ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ёвари котиби давлатии ИМА оиди робита бо ҷомеъа ва матбуот  Филлип Кроули изҳор намудааст, ки Вашингтон Мулло Муҳаммад Умар, сарвари толибонро ба сифати иштирокдори ҷараёни мусолиҳаи сиёсӣ эътироф нахоҳад кард. ӯ ҳамчунин афзудааст, ки «Агар ИМА дар ин самт мамониат эҷод кунад, муқовимати мухолифин шиддат хоҳад гирифт, ки ин дар навбати худ мушкилоти зиёдтаре фароҳам хоҳад овард». Дар навбати худ собиқ раисҷумҳури Афғонистон, роҳбари Шӯрои Олии Сулҳ, профессор Бурҳониддин Раббонӣ изҳор намуд, ки толибон аллакай якчанд шарту талабот барои мулоқот пешниҳод кардаанд, робита бо онҳо  алъон фақат ба ҷанбаҳои техникӣ нигаронида шудааст – дар куҷо бояд мулоқоти имконпазир барпо шавад ва чӣ гуна метавон амнияти иштирокдоронро таъмин намуд. Бо ин мақсад Шӯро нисбати НАТО пешниҳод намуд, ки амалиёти низомӣ дар музофотҳое, ки толибон мехоҳанд мулоқот барпо гардад, қатъ гардонида шаванд. Худи профессор Раббонӣ нисбати омодагии толибон барои мулоқот эътимоду боварӣ дорад ва ҳамчунин изҳор медорад, ки толибон ҳоло аз ғояи ҳаллу фасли ғайринизомии мунозиъа даст накашидаанд.

Сулҳ бо Карзай хиёнат ба наҳзат аст

rabboniТибқи мулоҳизаҳои профессор Раббонӣ, ҳоло яке аз имконоти мусоидтарини баргузории мулоқотҳо фароҳам омадааст.
Нисбати масъалаи муҳими амният ва халалнопазирии ҷонибҳои мулоқот, фармондеҳи неруҳои НАТО ва ИМА дар Афғонистон генерал Дэвид Петреус изҳор дошт, ки Неруҳои байналмилалии мусоидати амният (ИСАФ) дар кори интиқоли намояндагони толибон ба Кобул аллакай мусоидат кардаанд. Дар қароргоҳи Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ таъкид низ кардаанд, ки НАТО ва ИМА ба сифати миёнҷигар ва восита баромад нахоҳанд кард, мунтаҳо онҳо кафолату замонат додаанд, ки зимни воридшавӣ ба Кобул низ намояндагони толибон халалнопазир боқӣ монда, маҳбус нахоҳанд шуд. Аз тарафи дигар, Дабири кулли НАТО ҷаноби Андрес Фог Расмуссен, ҳарчанд таъкид намуд, ки Эътилоф барои мулоқот мусоидат хоҳад намуд, вале ҳамчунин мутазаккир шуд, ки фишори низомӣ нисбати толибон бояд идома ёбад.

Худи толибон чандин маротиба ёдовар шуданд, ки мулоқотҳои мусолиҳатомез фақат дар сурате имконпазир мегарданд, ки неруҳои ишғолгар хоки Афғонистонро барои ҳамеша тарк гӯянд. Тибқи гуфтаҳои сарварони «Толибон»  «ҳеҷ як ваъдаи таъминоти моддӣ наметавонад муҷоҳидинро аз мубориза ва ҷиҳод боздорад, чаро ки онҳо на барои молу пул ва мақом меҷанганд, балки ин ҷиҳод ва мубориза ба хотири ислом ва қатъи ҳузури низомии хориҷӣ мебошад». «Аморати Исломии Афғонистон мисли замонҳои қабл мулоҳизаҳоро оиди баргузории мулоқот инкор менамояд» - гуфт намояндаи толибон Забеҳуллоҳи Муҷоҳид ва афзуд, ки «Ворид шудан ба ин ҷараён хиёнати сарбозони наҳзат шуморида мешавад». Тариқе, ки Забеҳуллоҳи Муҷоҳид зикр мекунад, шомил шудани баъзе аз намояндагони собиқи Аморати Исломии Афғонистон ба Шӯрои Олии Сулҳ ягон аҳамият дошта наметавонад. Ин ашхос наметавонанд аз «Толибон» намояндагӣ кунанд, - зикр мекунад ӯ.

 Амрико аз будан дар Аф ғонистон безор шудааст

Бисёре аз коршиносони мустақил низ аз камнафъ ва ғайримусмир будани ин Шӯро  ёдовар мешаванд ва далелеро пеш меоранд, ки намояндагони собиқ Эътилофи Шимол, ки қаблан бо толибон меҷангиданд ва Шӯрое, ки онро тоҷик (даризабон) Бурҳониддин Раббонӣ сарварӣ мекунад, ба гумон аст, ки ба пешрафтҳо муваффақ гардад.яДар худи Вашингтон ба доиршавии мулоқот ва муваффақона гузаштани онҳо шубҳа доранд. Масалан, котиби давлатии ИМА Ҳиллари Клинтон аллакай изҳор намуд, ки нисбати пешрафтҳо дар мулоқотҳои имконпазир шубҳа дорад.» Фикр мекунам, раҳбарони «Толибон», ки ҳанӯз соли 2001 барои таслим намудани Бинни Лодин кӯшише ба харҷ надоданд, наметавонанд ягон вақт барои мусолиҳа омода бошанд. Толибон бояд ба тариқи пурра аз зӯроварию хушунат даст кашанд, аслиҳаро ба замин гузоранд, равобитро бо «Ал - Қойида» қатъ кунанд, қонунҳо ва сарқонуни давлати Афғонистонро риоят кунанд».

Дар Вашингтон зарурати ҳаллу фасли ниҳоии сиёсии қазияро эътироф мекунанд, чаро ки ҷанг оҳиста - оҳиста ба дили амрикоиҳо задан дорад ва Барак Обама низ ба онҳо хуруҷи марҳилавии нируҳоро аз соли оянда ваъда ҳам карда буд. Дар ҳар сурат, ИМА ҳоло ҳам  ба он бовар аст, ки баъзе аз аз муҷоҳидини толиб ва сарони онҳоро метавон ба ҷониби ҳукумат кашид ва ба ҳамин тариқ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки шӯришиёнро пароканда намуда дар инзиво гузоранд.

Ба сифати давлатҳои миёнарав аллакай Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Туркия ва Покистон номбар шудаанд. Ба ақидаи ниҳодҳои иктишофии амрикоӣ аксари қумондонҳои калидӣ ва раҳбарияти «Ал - Қойида» дар кӯҳҳои Покистон паноҳ мебаранд. Коршиносони Покистон чунин мешуморанд, ки баъди хуруҷи нируҳои Амрико ва НАТО фақат Покистон метавонад нақши калидие дар ҳаллу фасли мунозиъаи низомии байни афғонҳо дошта бошад. Тариқе, ки аллакай сарвазири Покистон Юсуф Ризои Гелонӣ ёдовар шудааст, бидуни иштироки Покистон ҳаллу фасли қазияи Афғонистон ғайриимкон аст ва тамоми кӯшишҳо байни ҳукумати Кобул ва толибон бидуни ширкати Исломобод ба бод хоҳад рафт.

Аксари коршиносон бар ин ақидаанд, ки дар муддатҳои наздик натойиҷи мусбатеро дар ин робита интизор шудан аз кишваре, ки дар он зиёда аз 30 сол аст, ки ҷанги дохилӣ меравад, эҳтимолият надорад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки толибон метавонанд ҷиҳати зудтар баромадани нируҳои байналмилалӣ бо Кобул шартномае ҳам банданд, вале он метавонад назарфиребие барои интизори фурсати мусойид бошад.

Вале дар ҳар сурат, ҷонибдорони ҳаллу фасли ғайринизомии  мунозиъаи афғонҳо бар ин боваранд, ки баъди қариб даҳ соли ҳузури низомии аҷнабиён дар Афғонистон ҳарчанд хеле хира ҳам бошад, чароғи умеде фурӯзон гаштааст. Аслан ҳоло «мулоқот барои мулоқот» идома дорад.»

Чанде аз сарварони «Толибон» дар сатҳи олии Ҳукумати афғонҳо ба ҳузур пазируфта шуданд, дар баъзе мавридҳо онҳо бо намояндагони кишварҳое, ки ба амалиёти низомӣ дар Афғонистон дахл доранд, мулоқот доштанд» - мегӯяд генерал Дэвид Петрэус. Зимнан ӯ ёдовар шуд, ки ҷараёни мулоқот дар дараҷаи ибтидоии рушд  қарор дорад. Инро ҳоло ҳамчун тадорукоти ибтидоӣ арзёбӣ кардан мумкин аст!»  -  изҳор медорад генерал.

Ҳамчунин генерал Петрэус таъкид дошт, ки дар муддати се моҳи муайян воҳидҳои низомии таъйиноти махсус ҳудуди 300 нафар сарварони толибро қисман нобуд ва қисман  асир ҳам гирифтаанд. Ҳамчунин ӯ иттилоъ медиҳад, ки дар замони ахир амалиёте, ки ба несту нобуд кардани сарони толибон нигаронида шудаанд, қариб 3 - 4 маротиба нисбати вақтҳои пешина афзудаанд ва дар фаъолияти толибон амалҳои ғайримутамарказонае ба мушоҳида мерасанд..

Назарҳо дар бораи хуруҷи нируҳо мухталифанд

Генерал ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки дар муддатҳои ахир нируҳои эътилофӣ дар кори таъмини амнияти Афғонистон муваффақиятҳои зиёдеро ба даст оварданд, аз ҷумла «муваффақиятҳо» дар музофотҳои ҷанубии Қандаҳор ва Ҳилманд.  Зимнан ӯ таҳкиму тақвияти камию кайфияти урдуи маҳаллиро низ таъкид медорад, ки дар ниҳояти кор ояндаи Афғонистон ба худи афғонҳо вобаста аст. Марк Седуилл - намояндаи шаҳрвандии НАТО дар Афғонистон сарони кишварҳои Эътилофи Атлантикаи шимолиро ҳушдор дод, ки оид ба давра ва марҳилаҳои хуруҷи нируҳои эътилофӣ аз ин кишвар эҳтиёт намоянд. Ба қавли ӯ ихтилофи назарҳо дар амри давраҳои ибтидоии хуруҷи нируҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ба рисолати  нируҳои эътилофӣ метавонад садамаҳои ҷиддӣ ворид намояд. Тибқи мулоҳизаҳои ӯ муҷоҳидин аз ин гуна ихтилофи назарҳо истифода карда, метавонанд оромии нисбиеро пешаи худ қарор диҳанд, то ин ки нируҳои эътилофӣ зудтар аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Собиқ сафири Бритониёи Кабир дар Афғонистон муаллифони чунин изҳоротро номбар накард, вале зикр намуд, ки огоҳонии ӯ дар ин робита ба Шоҳигарии Муттаҳида дахл надорад. Худи сарвазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон аллакай соли 2015 - умро ибтидои хуруҷи нируҳо аз Афғонистон номид. Вале дар ҳар сурат намояндаи шаҳрвандии НАТО дар Афғонистон зикр намуд, ки соли 2011 ба сифати соли ибтидоии хуруҷи нируҳо аз Афғонистон дониста мешавад. Ин соли хуруҷи пурраи нируҳои эътилофӣ аз кишвар набуда, балки ибтидои интиқоли ваколату салоҳиятҳо ба тариқи марҳилавӣ ба раҳбарияти афғонҳо мебошад ва аз соли 2014 ҳамчун даврае, ки низомиёни маҳаллӣ метавонанд нақши раҳбариро дар таъмини амният ва тартибот иҷро намоянд, ёдовар шуд.

Амрико ва маводи мухаддир

Русия ва ИМА паймон бастаанд, ки кӯшишҳои худро оиди мубориза алайҳи шустани маблағҳои маводи мухаддир ҳамоҳанг созанд. Дар ин бора дар Вашингтон раҳбари Хадамоти федеролии Русия оид ба назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Виктор Иванов низ изҳорот пахш кард. Ҷониби амрикоӣ  зимни ҳамоиш ва нишасте дар ин робита изҳор дошт, ки ИМА нигаронии Русияро оиди интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон дарку фаҳм мекунад. Дар Русия фақат тибқи омори расмӣ ҳудуди 5 миллион нафар мӯътод ба маводи мухаддир гаштааст. Ин фақат омори расмӣ аст, шояд ин теъдод ба маротиб зиёдтар ҳам бошад. Гуфта мешавад, ки фақат аз истифодаи маводи мухаддир дар ҳудуди Русия соле 30 - 40 ҳазор шаҳрванд ба ҳалокат мерасанд. Асосан инҷо қурбониёни ҳероини афғонӣ мебошанд. Тааҷҷубовар он аст, ки аз замони ҳузури низомии Амрико ва НАТО дар Афғонистон ҳаҷму андозаи маводи мухаддир чандин маротиба афзоиш ёфтааст. Вазъият дар Афғонистон то он андоза печидаю мураккаб аз мавқеъ ва нуқтаназари низомию сиёсӣ аст, ки шояд барои нируҳои эътилофӣ истеҳсол ва гардиши маводи мухаддир масъалаи чандумдараҷа шуда монда бошад.  Эҳтимолияти манфиатдори нест  кардани маводи мухаддир набудани ҷонибҳо низ вуҷуд дорад. Ба гумони аксари коршиносон амрикоиҳо ва шарикони онҳо дар мубориза бо толибон ва қумондонҳои саҳроии онон ҷиҳати ба даст овардани ҳусни тафоҳум дар истеҳсол, фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир монеа ҳам эҷод намекунанд. Дар ин ҳолат на танҳо Русия, балки қисмати зиёди кишварҳои дуру наздик, ки солимии миллату шаҳрвандонашон аз таъсири маводи мухаддир халалдор мегардад, метавонанд аз чунин сиёсати абарқудратон норизо гарданд.

Шояд як сабаби асосӣ ва умдаи худдорӣ кардан аз ҷилавгирии маводи мухаддир  он бошад, ки амрикоиҳо ва муттафиқини онҳо на аз маводи мухаддири афғонӣ, балки аз кокайини Амрикои лотинӣ ранҷ мекашанд? Худи Русия суроғаи мушаххаси қариб панҷ коргоҳи героинро дар Афғонистон ҳанӯз моҳи июли соли гузашта дар ихтиёри амрикоиҳо гузошта буд. Вале ҷониби ИМА ва махсусан Раёсати мубориза бо маводи мухаддири он то чанд муддат адами иҷозат аз ҷониби фармондеҳии НАТО - ро баҳонаю сабаб пеш меоварданд. Чанде баъд ИМА камбуди маводи сӯхтро  ҳам дар ин робита  пеш оварда буд. Дуруст аст, ки мақомоти зисалоҳи Русия ва ИМА соли гузашта зимни як амалиёти муштарак чанде аз коргоҳҳои маводи мухаддирро нест карда ҳам тавонистанд, вале бубинед, ки ҳам дар дохили ҷомеъаи афғонӣ ва ҳам дар НАТО он ихтилофоти зиёдеро ба бор оварда буд. Пас, яқинан имрӯз манфиатдор набудани доираҳои мухталифи воломақом ва дар ботлоқи маводи мухаддир ғутавар шудани онҳо бармало эҳсос карда мешавад.

«ПОКИСТОН» чӣ маънӣ дорад?

Шояд афғонҳо одат карда бошанд, ки хориҷиҳо (аҷнабиҳо) омадаю мераванд, вале қумондонҳо доимианд ва бояд ба онҳо итоат намуд !?  Бадтар  аз ҳама он аст, ки агар 5 - 6 миллион пашту имрӯз дар Афғонистон ба сар баранд ҳам, тибқи сарҳадсозиҳои садаҳои ҳаждаҳу нӯздаҳ қариб ҳамин қадар паштуҳои дигар (шояд аз ин ҳам зиёдтар) дар ҳудуд таърихан паштуннишини Покистони ғарбӣ сукунат доранд. Худи мафҳуми «Покистон» ҳам аз се ҳарфи нахусти он маншаъ мегирад: «п» - паштуҳо, «о» (алиф - «у», «и», «о», «е» ) – урдуҳо ва «к» - курдҳо. Яъне дар маҷмӯъ нуфуси Покистонро паштуҳо, урдуҳо ва курдҳо ташкил мекунанд. Ноамнӣ дар Афғонистон ҳатман маънии ноамнӣ дар Покистонро ҳам дошта метавонад ва баръакс. Яке аз роҳҳои амну осоиш дар Афғонистон муттаҳид кардани Паштунистони Афғонистон бо Паштунистони Покистон аст. Вале оё Покистон ба ин розӣ мешуда бошад ? Ба гумонам, ҳаргиз! Шояд беҳтар мебуд, агар давлатҳои ғарбӣ ҷои худро ба ҳузури нируҳои низомии давлатҳои исломӣ медоданд !? Чаро ки мухолифати афғонҳо мухолифати мазҳабу фирқаю ҷараёнҳои исломӣ ва дар маҷмӯъ ҷаҳонбинӣ ва мафкураҳои исломӣ низ ҳаст! Ё шояд бо оҳиста - оҳиста кам кардани ҳаҷму андозаи истеҳсоли маводи мухаддир барои пешбурди рӯзгор ва зисти афғонҳо бо истифода аз захираҳои табиӣ ва ашёи хоми дохилӣ коргоҳу фабрикаҳо месохтанд. Ҳарчанд дар Афғонистон нисбати Тоҷикистон нархи маводи ғизои аввалия арзонтар ҳам ҳаст, вале дастрасӣ ба захираҳо ва пайдо кардани моҳонаи басанда хеле мушкил ва амри маҳол ҳам ҳаст!

АфҒонистон федератсия бошад ё конфедератсия?

Дигар аз роҳҳои ҳаллу фасл  агар мунозиъаро рангу оби мухолифати миллӣ диҳем, дар шакли федератсия (ва ё шояд конфедератсия) тақсим ва боз ҳам муттаҳид кардани Афғонистон аст: «Хуросон» - и тоҷикон, Паштунистони паштуҳо ва «Ҳазораҷот»- и ҳазораҳо. Шояд Афғонистон байни давлатҳои абарқудрат ба як майдони собит кардани қудрату тавонмандии худ қарор ёфта бошад? Ва ё майдон (полигон) - е барои санҷишу озмоиши анвои мухталифи аслиҳаи тозаихтироъи худ?

Дирӯз ин навбат нойиби раисҷумҳури ИМА ба Афғонистон сафар кард. Сафарҳо ба Кобул зуд-зуд анҷом ёфтан доранд. Дирӯз боз дар шаҳри Кобул инфиҷоре рӯй дод, ки дар пайи он чандин нафар ба ҳалокат расид. Инфиҳорҳо ҳам зуд-зуд такрор шудан доранд.

Ахиран Амрико ва НАТО тасмим гирифтанд, ки шурӯъ аз имсол амният ва тартиботро дар қисматҳои Шимоли Афғонистон ба ихтиёри худи афғонҳо вогузор мекунанд! Фаромӯш набояд кард, ки зимни ҳузур надоштани низомиёни хориҷӣ низ Шимолу Шарқи Афғонистон амну суботи нисбӣ дошту дорад, ҳама гап дар ҷанубу ғарб (Қандаҳор, Ҳилманд, Хуст, Пактиё, Пактико, Нангарҳор, Кунарҳо, Ғазнӣ …).

Хулласи калом, роҳҳои ҳаллу фасли қазия зиёданд, вале оё иродаҳои сиёсӣ вуҷуд доранд? Дар ҳар сурат, ҳанӯз Аллома Иқбол саҳеҳ гуфта буд:

 

Осиё як пайкари обу гил аст,

Миллати афғон дар он пайкар дил аст! 

Аз фасоди ӯ фасоди Осиё, 

Дар кушоди ӯ кушоди Осиё!

Ҷумъахон Алимӣ

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97