Ҳомид Карзай кист?

      Ё чаро дар Ғарб Карзайро «мири шаҳри Кобул» ном мебаранд?

Homid KarzayҲомид Карзай сарвари ҳукумати интиқолии Афғонистон аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи июни соли 2002, раисҷумҳур аз моҳи июни соли 2002 ва соли 2004 нахустин раисҷумҳури Афғонистон гашт, ки ба тариқи раъйдиҳӣ интихоб шудааст. Ҳомид Карзай 24-уми декабри соли 1957 дар деҳаи Карзи музофоти Қандаҳори Афғонистон таваллуд шудааст. Падараш Абдулаҳад Карзай сарвари қавми  нерӯманди паштунии попалзой буд, ки ба тариқи хеле фаъол шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳро дастгирию пуштибонӣ намуда, узви порлумони кишвар низ маҳсуб мешуд.

Д

2011 – даҳумин соли ҳузури низомии Амрико ва НАТО дар Афғонистон!

Ҳомид дар шаҳри Қандаҳор вориди таълим  дар мактаб шуд, вале баъдан хонаводаи Карзайҳо ба шаҳри Кобул кӯч бастанд, ки дар ҳамин ҷо Ҳомид мактаби мутавасситаи Ҳабибияро хатм намудааст. Дар муҳити мактаб Ҳомид таваҷҷӯҳи махсус ба улуми табиӣ зоҳир мекард ва дар навбати аввал ба химия ва назарияи таҳаввулоти дарвинӣ  гароида буд. Тибқи баъзе маълумотҳо Ҳомид дар ҷавонӣ махсусан мутолиаи осори Антон Чехов, Фёдор Достоевский ва Чарлз Диккенсро дӯст медоштааст.

 Аз соли 1976 то соли 1982  (мувофиқи дигар маълумотҳо солҳои  1976 - 1983  Карзай дар Донишгоҳи Химачали Ҳиндустон дар шаҳри Симла таҳсил мекунад ва дар ҳамин ҷо соҳиби дараҷаи магистри сиёсатшиносӣ мегардад.

Донишгоҳро хатм карда, Карзай муборизаи худро алайҳи неруҳои низомии шӯравӣ оғоз кард. Ӯ ин замон дар Покистон сукунат дошт ва аз ин ҷо маблағу аслиҳа дастрас карда, барои муҷоҳидини афғон интиқол медод. Баъзе муаррихон тасдиқ низ мекунанд, ки маҳз ҳамон замон Карзай бо Раёсати Марказии Иктишофии ИМА (РМИ - СРУ) ва хадамоти махсуси бритониёии «МИ-6» робитаи қавӣ барқарор карда буд. Соли  1985  (мувофиқи дигар маълумотҳо солҳои  1985 -1986)  Карзай  дар шаҳри фаронсавии Лилле иштирокдори курси рӯзноманигорӣ (журналистика) низ гашта буд. Баъди бозгашт ӯ яке аз сарварони Ҷабҳаи  Наҷоти Миллӣ мегардад, ки  тавассути Сибқатуллоҳи Муҷаддадӣ таъсис ёфта буд. Дар интиҳои соли 1988 Карзай яке аз онҳое буд, ки ба тариқи расмӣ оиди ниятҳои гуфтушуниди муҷоҳиддин бо Иттиҳоди Шӯравӣ эълом дошт ва натиҷааш хуруҷи неруҳои шӯравӣ аз Афғонистон гашт.

Соли 1989 баъди хуруҷи неруҳои низомии шӯравӣ муҷоҳиддин ҳукумати муваққатии интиқолие таҳти сарварии Муҷаддадӣ таъсис доданд, ки дар ин маъмурият Карзай шӯъбаи равобити хориҷиро раҳбарӣ мекард. Соли  1992 неруҳои низомии ин ҳукумат пойтахти кишвар шаҳри Кобулро таҳти тасарруфи худ дароварданд, зимнан  Карзай ҳамзамон бо гурӯҳҳои нахустини муҷоҳидин вориди шаҳр шуда буд. Худи ҳамон сол дар ҳукумати таъсисдодаи профессор Бурҳониддин Раббонӣ муовини вазири умури хориҷа гашт ва ин вазифаро то соли 1994 нигоҳ дошт.

Ибтидои солҳои 90- ум дар Афғонистон наҳзати исломие таҳти унвони «Толибон» зуҳур кард, ки асос ва бунёду заминаи паштунӣ дошта, ба зудӣ тавонист афғонҳои зиёдеро таҳти таъсири худ қарор диҳад. Аллакай дар миёнаи солҳои 90- ум «Толибон» қисмати асосии ҳудуди Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварданд. Сараввал Ҳомид Карзай аз Ҷунбиши «Толибон» шадидан ҳимоят мекард: ӯ ба «Толибон» кӯмаки молиявӣ низ мекард ва тибқи баъзе маълумотҳо ба сифати мушовир байни намояндагони толибон ва ширкати нафтии Unocal  оиди имконияти интиқоли нафт бо лӯлаҳо тавассути ҳудуди таҳти назорати «Толибон» баромад менамуд. Соли  1996  вақте, ки қисмати асосии ҳудуди Афғонистон таҳти тасарруфи «Толибон» қарор гирифт, сарварони ин ҷунбиш ба Карзай пешниҳод карданд, ки манфиатҳои ҳукумати онҳоро дар СММ намояндагӣ кунад, вале ӯ аз ин таклиф худдорӣ намуда, ба ҷониби шаҳри покистонии Кветта фирорӣ шуд. Аз ин замон ба баъд зиддиятҳои ӯ бо ин ҷунбиш оғоз ёфт. Соли  1998  Карзай ба тариқи равшану мустақим ба муқовимати зидди «Толибон» пардохт, таҳаввули «Толибон»- ро ҳамчун гурӯҳи иртиҷоию ифротии террористӣ бо «таъсири беруна» - таъсири покистониҳо ва арабҳои иртиҷоъпараст тавъам донист.

Моҳи августи соли 1990 падари Ҳомид Карзай ба қатл расонида шуд, ки ҳамроҳаш дар ҳудуди Покистон сукунат дошт. Дар ин қатл ӯ толибонро муҷрим медонист, ҳарчанд тибқи баъзе сарчашмаҳо ин кори дасти хадамоти махсуси Покистон дониста мешуд. Гуфта мешавад, ки ӯ ҷасади падарашро тавонист, ки ба ҳудуди таҳти назорати «Толибон» дар Афғонистон интиқол дода, дафн кунад. Баъди фавти падараш Ҳомид Карзай сарварии қавми популзайро ба ӯҳда мегирад. Дар ин давра ӯ чанд маротиба тавонист, ки ба ИМА рафта ва ҳатто соли 2000- ум дар назди яке аз кумитаҳои сенати Амрико расман суханронӣ низ намуд.

Баъди аъмоли террористии Ню-Йорк ва Вашингтон (11-уми сентябри соли 2001), ки ҳудуди 3000 нафар ба ҳалокат расид ва эҳтимолан онро Усома Бинни Лодин, ки дар назди толибон мавқеият дошт, тарҳрезӣ карда бошад, зимни баррасии имкони табодули ҳокимият дар Кобул коршиносон Ҳомид Карзайро сарвари эҳтимолии Афғонистон ҳадс мезаданд. Моҳи октябри соли 2001 ИМА ва муттаҳидини онҳо дар Афғонистон амалиёти густардаи низомиро тарҳрезӣ карданд, ки ҳадафи аслӣ сарнагун кардани низоми толибон пайдо ва боздошти Усома Бинни Лодин буд. Худи ҳамон моҳ  (тибқи баъзе сарчашмаҳо аллакай як рӯз баъди оғози амалиёти низомӣ) Ҳомид Карзай ба тариқи пинҳонӣ вориди Афғонистон шуд, вале иҷборан аз толибон дурӣ меҷӯст ва маҳз тавассути неруҳои таъйиноти махсуси Амрико наҷот ёфта буд.

Моҳи декабри соли 2001 Ҳомид Карзай ба тариқи фаъол дар озод намудани Қандаҳор аз толибон ширкат намуд. Ибтидои ҳамон моҳ конфронси махсуси СММ дар шаҳри Бонни Олмон оиди таъсиси ҳукумати интиқолии Афғонистон расман эълон дошт, ки ин ҳукуматро Ҳомид Карзай сарварӣ мекунад. Аллакай моҳи  январи соли 2002 ӯ нахустин маротиба ба сифати раҳбари нав дар Конфронси Токио оиди эҳёи Афғонистон  маърӯза карда, тавонист, ки барои Афғонистон ҳудуди чор миллиард доллар пайдо намояд.

13 июни соли  2002  Луӣ Ҷирга (Шӯрои Кӯҳансолон) Ҳомид Карзайро сарвари давлат эълон кард ва зимнан ӯ аз дастгирию пуштибонии як гурӯҳи қумондонҳои саҳроӣ ва шоҳи собиқи Афғонистон Зоҳиршоҳ бархӯрдор шуд. Ба он нигоҳ накарда, ки мухолифинаш ҳама вақт дастнишонда ва вобаста ба  Амрико буданашро зикр мекарданд, аҳолии аз ҷангу даҳшатҳои даҳсолаҳо идомадошта хастагашта, ӯро эътироф намуданд.

Ҳарчанд Ҳомид Карзай ба сифати раисҷумҳури Афғонистон эътироф шуда буд, берунтар аз шаҳри Кобул ӯ нуфузе надошт. Дар ҳар сурат ӯ ҳамчун раисҷумҳури Афғонистон гоҳ- гоҳ аз сиёсат ва хатти машйи ғарбиён (махсусан Амрико)  сарпечӣ мекард ва ҳамзамон таваҷҷӯҳи Амрикою ғарбиён дар ин давра ба сӯи Ироқ мутамарказ гашта буд.

Соли 2004 дар Афғонистон нахустин интихоботи озоди риёсатҷумҳурӣ доир шуд, ки Ҳомид Карзай  бо касби зиёдтар аз 55%-и орои мардум баранда гардид. 7-уми декабри соли 2004 Ҳомид Карзай нахустин раисҷумҳури интихобшудаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон эълом шуд.

Замони раҳбарии Карзай Афғонистон тавонист дар самту соҳаҳои эҳёи иқтисод, маориф ва чанде дигар то андозае тавассути хориҷиён баъзе пешрафтҳои нисбӣ низ намояд, вале дар ин ҷода коршиносон хидматҳои шахсан раисҷумҳурро инкор мекунанд. Вале баъзан таъкид карда мешавад, ки зимни раҳбарии Ҳомид Карзай чанде аз бонувон шомили ҳукумат гаштаанд.

Зимнан бояд мутазаккир шуд, ки вазъ дар Афғонистон дар даҳ соли ахир ҳатто суботи нисбӣ ҳам надошт ва ҳоло низ хеле ноором аст. Соли 2006 нирӯҳои бритониёӣ зимни тарҳрезии амалиёт дар музофоти Ҳилманд ба муқовимати шадиди толибон рӯ ба рӯ шуданд, ва маҳз аз ҳамин замон инҷониб Ҳомид Карзайро дар Ғарб «мири шаҳри Кобул» ном ниҳоданд. Ахиран оҳиста- оҳиста муносиботи Ҳомид Карзай бо Бритониёи Кабир сард шудан гирифт. Аксаран тамоми нокомиҳои худро Ҳомид Карзай ба дӯши Покистон ҳавола мекунад. Моҳи майи соли 2007 Ҳомид Карзай дар шаҳри Анқара бо раисҷумҳури вақти Покистон Парвиз Мушарраф мулоқот анҷом дод ва онҳо изҳороти муштарак қабул карданд, ки он иборат аз тааҳҳудоти тарафайн алайҳи терроризмро фаро мегирифт. Маҳз баъди ҳамин мулоқот Ҳамид Карзай шурӯъ ба изҳоротҳои худ оид ба пешгирӣ ва ғайри қобили қабул будани талафот дар байни аҳолии осоишта кард. Аз ҳамин замон низ Ҳомид Карзай шурӯъ ба пешниҳодоти худ оиди музокирот бо толибон кардан гирифт, вале ҳар дафъа толибон чунин амалро инкор ва рад мекарданд.

Баҳори соли 2009 бояд интихоботи раисҷумҳурӣ доир мегашт, ки Ҳомид Карзай низ дар он нияти ширкат дошт. Мунтаҳо,  29-уми  январи соли 2009  бо назардошти ноамнию нооромиҳо ба 20-уми август мононда шуд. Тақрибан баъди як моҳ Карзае, ки ваколату салоҳиятҳояш бояд моҳи май хатм мегаштанд, фармонеро оиди дар мӯҳлати муқарраршуда, яъне моҳи апрел доир гаштани интихобот содир намуд. Вале дар ибтидои моҳи март Комиссияи Интихоботи Афғонистон аз иҷрои ин фармон сарпечию худдорӣ намуда тасдиқ кард, ки интихобот моҳи август баргузор хоҳад гашт. Интиҳои моҳи март Додгоҳи олии Афғонистон эълом дошт, ки Ҳомид Карзай бояд вазифаҳои худро то 20-уми  август иҷро намояд.

Моҳи апрели соли 2009 Карзай эълом дошт, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъи риёсатҷумҳурӣ ширкат хоҳад кард. Ба сифати номзадҳои эҳтимолии ноиби раисҷумҳурӣ Карзай ноиби раисҷумҳури воқеӣ Муҳаммадкарим Халилии ҳазора ва фармондеҳи собиқ, маршал Муҳаммадқосим Фаҳимхони тоҷикро ном бурд. Мунтаҳо, иттиҳод бастани Карзай бо Муҳаммадқосими Фаҳимхон аз ҷониби баъзе коршиносон мавриди интиқод қарор дода шуд.

Баъди марҳилаи аввали интихобот, ки 20-уми августи соли 2009 доир шуд, ба фаъолтар гаштани нируҳои толибон нигоҳ накарда, Карзай оиди ғалабаи худ эълом дошт, мунтаҳо ҳамзамон рақиби асосии ӯ доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ низ худро барандаи интихобот ва пирӯз эълон кард. Доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ фориғуттаҳсили факултаи тиббии Донишгоҳи Кобул буда, баъди дарёфти диплом ба сифати чашмпизишк дар госпитали фирориёни афғонӣ дар шаҳри Пешовари Покистон кору фаъолият кард. Доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ забонҳои бодарӣ, пашту, арабӣ, англисӣ ва фаронсвиро балад аст. Замони риёсати ҳукумати интиқолии Ҳомид Карзай ӯ яке аз вазоратҳои калидии Афғонистон- вазорати умури хориҷаро раҳбарӣ мекард. Ӯ соли 1992 ба ҳудуди Афғонистон баргаштааст. Мушовири сиёсии шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва ҳамзамон умури тиббии Ҷабҳаи Муттаҳидаи Афғонистонро раҳбарӣ низ мекард. Се сол чун намояндаи расмии Афғонистон дар СММ фаъолият дошт. Аз соли 1999 вазири умури хориҷаи Афғонистон зимни ҳокимияти марказиро дар даст доштани профессор Бурҳониддин Раббонӣ буд. Он замон вазоратҳои умури хориҷа, умури дохила ва мудофиаро шахсиятҳои садоқатманд ба шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд сарварӣ мекарданд.

Ҳамзамон оиди таҳрифоту тақаллуботи зиёде зимни интихобот иттилоъ дода мешуд, ки дар маҷмӯъ ҳатто ба бархӯрде байни намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон ва Покистон ҷаноби Ричард Ҳолбрук ва Карзай низ сабаб шуд. Ричард Ҳолбрук шаффофият ва боадолатии интихоботро зери шакку шубҳа қарор дода буд. Ҳисобу китоби овозҳо фақат 17-уми сентябр хотима ёфт ва эълом шуд, ки Карзай бо касби 54, 6 % -и овозҳо баранда шудааст, мунтаҳо тасдиқи расмии натойиҷи ниҳоӣ то ба охиррасии тафтишу санҷиши овозҳои тақаллубӣ гузошта шуд. 19-уми  октябр комиссияе, ки тақаллуботро  месанҷид, эълом дошт, ки дар 210 қитъаи овоздиҳӣ таҳрифу тақаллуб ҷой доштааст. Комиссия ба қароре омад, ки Карзай камтар аз 50%-и раъйи мардумро касб кардааст ва бояд даври дуввуми овоздиҳӣ гузаронида шавад. 20-уми  октябр Карзай қарори мазкури комиссияро эътироф намуд ва онро «қадаме ба пеш» ба сӯи демократия унвон кард ва барои гузаронидани даври дуввуми интихобот ризоят дод. Мунтаҳо, 2-уми ноябр баргузории даври дуввум беэътибор дониста шуд, чаро ки доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ бо назардошти адами эътимодаш ба шаффофияту адолати интихобот аз давом додани мубориза худдорӣ кард. 19-уми ноябри соли 2009 Карзай савганди раисҷумҳурӣ ёд кард ва расман шурӯъ ба фаъолият барои мӯҳлати дуввум намуд.

Октябри соли  2010 рӯзномаи НйуЙорк таймс иттилоъ дод, ки  маъмурияти Карзай аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Ирон кӯмаки калони молиявӣ дарёфт кардааст, ки ҳадаф пиёда намудани манофеъи Ирон дар Афғонистон аст. Баъди чанд ҳафта ин далел ҳам аз ҷониби Теҳрон ва ҳам аз ҷониби Кобул эътироф гашт. Вале Карзай, ки хеле сиёсатмадори зираку ҳушманд аст, афзуд, ки ӯ на танҳо аз Ирон, балки аз ҷониби кишварҳои ғарбию Амрико низ мунтазам кӯмакҳои молиявӣ дарёфт мекунад.

Ҳомид Карзай ба тариқи озод бо забонҳои пашту, дарӣ, урду ва англисӣ сӯҳбат карда метавонад. Шуғлҳои дӯстдоштааш аспсаворию мутолиаи кутуби фалсафӣ мебошад. Тариқе, ки худи ӯ эътироф мекунад, ба ақидаю ҷаҳонбиниаш фалсафаи Маҳатма Гандӣ таъсири зиёд дорад.

Соли 2003-ум Карзай аз ҷониби маликаи Бритониёи Кабир – Елизаветаи дуввум мушарраф ба унвони «Ҷавонмарди ифтихорӣ» гашт. Соли 2004-ум Нишони Филаделфии «Озодӣ»-ро сарфароз гардид.

Зимни муҳоҷират дар Покистон соли 1999 Ҳомид Карзай ба бонуи табиб – Зиннати Қурайшӣ издивоҷ намуд. Соли  2007 соҳиби писаре бо номи Мирвайс гаштанд.

Чандест дар Афғонистон ва берун аз он гуфтугӯйҳо оиди мусолиҳа ва мулоқотҳо бо толибон сари забонҳо гаштааст. Банда замони шӯравӣ ва ҳам чанде қабл замони ҳокимияти Карзай низ дар Афғонистон сафарҳои корию хидматӣ доштам.  Ахири замони шӯравӣ низ гуфтугӯйҳо оид ба мусолиҳа ва мулоқотҳо бо муҷоҳиддин сари забонҳо гашта буд ва баъди хуруҷи неруҳои шӯравӣ ҳокимият баъди чанде ба дасти муҷоҳиддин гузашту Иттиҳоди Шӯравӣ низ ба понздаҳ қисмат тақсим гашт. Дар ин кор банда таъсири хароҷоти ҳангуфти шӯравиро дар Афғонистон мепиндорам. Молиёте баробар бо буҷаи қариб се ҷамоҳири калони шӯравӣ ҳар сол барои амалиёти низомӣ дар Афғонистон ихтисос дода мешуд. Амрико низ ҳоло маблағҳои ҳангуфтеро барои амалиёти низомӣ дар Афғонистон тахсис дода истодааст. Ба гумони баъзе коршиносон ва пешгӯиҳо Амрико низ таҳти таъсири ҷанги Афғонистон ва ҳамин замони маъмурияти Обама ба ду қисмат бояд ҷудо шавад ва дар ин амр ҷангҳои Афғонистонро низ бетаъсир ҳадс намезананд. Имрӯз дар Афғонистон беш аз 90 ҳизби сиёсӣ, 60 рӯзнома, 16 шабакаи телевизионӣ, 2850 созмони ғайриҳукуматӣ амал мекунанд. Барои як ҷою мақом дар Порлумони кишвар ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки то 100 нафар мубориза мебаранд.

Ҷумъахон Алимӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97