Сабақи Чин аз шикасти СССР

countre_china1Ё таҷрибаи чинии ислоҳот ва пешрафт

Ивазшавии пешвоёни ҷаҳон дар таърихи навин падидаи тоза нест. Дар асри нуздаҳ соҳиби ягонаи баҳрҳо Британияи кабир буд. Дар қарни бистум нақши аввалро дар сиёсати ҷаҳонӣ ИМА мебозид.

Дар солҳои 60 - уми қарни ХХ аксари донишмандон умедвор буданд, ки Ҷопон мақоми аввалро дар дунё аз дасти амрикоиҳо кашида мегирад. Аммо имрӯз, рӯшан шудааст, ки авлавиятро аз лиҳози зарфияти иқтисодӣ ҷопониҳо не, балки чиниҳо мегиранд. Афзоиши рӯҳи пешвогароии ИМА баъди пошхӯрии кишвари шӯравӣ дар тамоми дунё майл ба ҷаҳони бисёрқутбиро пеш овард.

Абарқудратҳо ва дунёгирӣ

Ва дар шаклгирии он нақши фаъолро кишварҳои дар ҳоли рушд ва соҳиби ҳудуду ҷамъиятҳои бузург: Чин, Ҳинд, Русия, Бразилия мебозанд. Барои ифодаи муштараки онҳо дар забони истилоҳоти байналмилалӣ ибораи БРИК пайдо шудааст. Дар чаҳорчӯби он аллакай чанд нишасту гирдиҳамоии сарварони кишварҳо ва доираҳои иқтисодӣ баргузор гардидааст. Ба ҳамаи ин кишварҳо рушди устувори иқтисодӣ хос аст. Вале ҷаҳиши босуръат ва ҳайратоварро Чин карда истодааст, кишваре, ки ҳамагӣ се даҳсола пеш чоряки аҳолиаш дар вартаи қашшоқӣ қарор дошт. Тибқи чашмдошти муҳаққиқон, дар соли 2020 ҳиссаи Чин дар маҳсулоти ҷамъи дохилии дунё 23 фисадро ташкил хоҳад дод, дар ҳоле ки ба дӯши ИМА 18 фисад хоҳад буд. Тайи се даҳсолаи ислоҳоти иқтисодӣ Чин тавонист қудрати иқтисодии хешро 15 маротиба афзун кунад ва гардиши тиҷорати берунии худро ба сад баробар расонад.

Чин дунёгир шуд

Ҷолиб он аст, ки дар шароити бӯҳрони глобалии молиявӣ маҳз Чин нахустин шуда, аломатҳои солимшавии иқтисоди худро нишон дод ва он ҳам дар соҳаҳое, ки аз ҳама зиёд зарар дида буданд. Дар давоми соли 2009 дар бозори дохилии кишвар беш аз 10 млн. автомашина фурӯхта шудааст. Тайи чанд соли охир чиниҳо беш аз 60 ҳазор км роҳи автомобилгард сохтаанд, ки ҷавобгӯи стандарти ҷаҳонист. Ибораи "аз баландии парвози уқоб" имрӯз танҳо хоси парранда набуда, балки хоси қаторҳои тезгарди чинӣ ҳам ҳаст.

Соли гузашта мардуми Чин шастсолагии таъсиси Ҷумҳурии мардумии Чинро ботантана қайд карданд. Тобистони соли ҷорӣ тайи сафари хидматие, ки ба ин кишвар доштам, бо баъзе хусусиятҳои таърихи шастсолаи бунёди ҷомеа, ки мо ҳам талоши онро доштем ва бо ном сотсиалистиаш медонистем, шинос шудам. Ин фосилаи таърихиро метавон ба се давра ҷудо кард. Даҳсолаи аввал бо кӯмаки бевоситаи шӯравӣ. Дар панҷсолаи аввал 156 корхонаи нави саноатӣ сохта, таҳкурсии индустрикунонии кишварро гузоштанд, ки бе он ҷаҳиши ҳозира ба пешвоии ҷаҳон ғайриимкон буд. Заводи автомобилсозии Чанчун ё заводи тракторсозии Лоян, ё пули бузурги болои Янсзи, ки бо кӯмаки мутахасссисони шӯравӣ сохта буданд. Гуфтанист, ки чиниҳо на танҳо таҷрибаи шӯравиро меомӯхтанд ва нусхабардорӣ мекарданд, тавре ки мо мепиндоштем, балки онро такмил медоданд ва ба ҳамин усул каҷравиву хатоҳои роҳбарияти шӯравиро такрор накарданд. Аввалан кооперативкунонии хоҷагии қишлоқро бе барҳам додани кулакҳо ҳамчун синф ба роҳ мондаанд. Ва хоҷагиҳои фоидаоварро, ки фишанги афзоиши маҳсулнокии кишоварзӣ гардид, нигоҳ доштанд.

Дуввум, хеле нозукбинона бе мусодиракунӣ азнавсозии сотсиалистии саноат ва тиҷорати хусусиро гузаронданд. Ҳадафи асосии бунёди корхонаҳои давлатӣ- хусусӣ - ба хидмати умум гузоштани на танҳо сармояе, ки дар ҷайби соҳибкор аст, балки сарвати дар сари ӯ буда ҳам буд. Собиқ соҳиби корхонаро кулаку бадарға накарданду ҳамчун директори генералӣ боқӣ монданд ва дар паҳлӯяш комиссари сурхро дар симои котиби комитети ҳизбӣ монданд. Чунин муносибат ба буржуазияи миллӣ таваҷҷӯҳи диаспораҳои сарватманди бурунмарзиро ба Пекин зиёдтар кард. Маҳз ҳамин диаспораҳои сарватманд маблағгузори асосӣ ва такягоҳи ислоҳот шуданд. Агар дар кишвари шӯравӣ мо ба ҳамшаҳриҳои бурунмарзиамон муносибати эҳтиёткорона (на шубҳаноки чекистона) мекардем, - дисиденту лаънаткардаҳои халқ, хоинон, ватанфурӯшон мегуфтем, пас барои ҳукуматдорони Пекин хуатсяо (чиниҳои бурунмарзӣ) меҳмонони деринтизор буданд.

Ва ниҳоят, коммунистони чинӣ бар хилофи коммунистони мо баромади иҷтимоии одамонро меъёри бовариву садоқатмандӣ ба сохти нав накарданд. Фарзандони сарватмандону кулакҳо ва рӯҳониёнро писарони душмани халқ нагуфта, ба узвияти комсомол мегирифтанд, ба омӯзишгоҳҳои низомӣ роҳ медоданд, ба идораи давлатӣ ҷалб мекарданд. Ин амал такягоҳи иҷтимоии мухолифин ва стимули муқовимат ба инқилобро заъиф кард.

Аммо дар таърихи Ҷумҳурии мардумии Чин давраи беназмиву мавҳум ҳам фаро расид, баъди эълони инқилоби маданӣ - даҳсолаи волюнтаризми "ҷаҳиши бузург", маишати казармавии "коммунаҳои халқӣ", худсариҳои хунвейбинҳо. Ва ин ҳол то давроне давом кард, ки ба сари қудрат Дэн Сяопин омад ва кишварро аз гирдоби фано берун кард ва роҳи ислоҳот ва бунёди ҷомеаи кушод, яъне модернизатсияи чинро пеш гирифт.

Чаҳор унсури формулаи муваффақият

Имрӯз баҳс кардан душвор аст, ки бунёди иқтисоди бозаргонӣ маънии аз сотсиализм ба капитализм гузаштанро дорад. Муҳимаш натиҷаи мушаххаси ислоҳот аст. Ислоҳот ба андешаи Дэн Сяопин ҳамон вақт маънӣ пайдо мекард, ки аввалан ба рушди истеҳсолот мусоидат мекард, дуввум сатҳи зиндагии мардумро боло мебурд, саввум, қудрати кишварро дар маҷмӯъ зиёд мекард.

Имрӯз, ки кишвари мо ислоҳоти азими иқтисодиро аз сар мегузаронад, чаҳор сабақи ислоҳоти чиниро набояд фаромӯш кард:

Аввалан, ислоҳот аз шикастани низоми сиёсӣ, балки боло бурдани самаранокии иқтисодиёт оғоз мешуд. Зеро дар давраи гузариш ҳокимияти нерӯманди марказ, ки фишангҳои боэътимоди идораро дар даст дорад, зарур аст. Балки роҳи устуворшудаи хоҷагии плонӣ ё нақшавӣ ва роҳи нави иқтисоди бозаргонӣ қитъаи бероҳа аст. Ва агар дастгоҳи идораи машина бурида шавад, ба бероҳа рафтан душвор аст. Чиниҳо ҳам дар ин маврид назари худро доранд; барои он ки сафинаи иқтисоди бозаргонӣ суръаташро баланд кунад ва бо роҳи рост равад, бодбонҳои соҳибкорони хусусӣ ва фармондори танзими давлатӣ заруранд.

Дуввум, аз шаҳр не, балки аз деҳ бояд оғоз кард, то ки тезтар мардумро хӯронем, қашшоқиро кам кунем ва барои соҳибкорони хурд шароит муҳайё намоем. Соддатар карда гӯем, арзиши иҷтимоии ислоҳотро кам карда ба миллионҳо нафар одамон имконияти фоидабинӣ аз онҳоро бояд дод.

Саввум, хусусигардонии корхонаҳои давлатиро набояд тезонид, ба яғмои сарвати халқ, ки бо меҳнати дастаҷамъонаи мардум ҷамъ шудааст, ба вижа сарватҳои табиӣ набояд роҳ дод. Ба ҷои ин такя ба ҷалби сармояи хориҷӣ бо роҳи таъсиси минтақаҳои хоси иқтисодӣ бо режими боимтиёз барои сармоягузорон лозим аст, ки дар онҳо ширкатҳои хориҷӣ на танҳо ҷойҳои корӣ таъсис медоданд, балки сатҳи умумии технологии истеҳсолотро дар кишвар боло мебурданд.

Ниҳоят, чаҳорум, амали ҳукуматро бо назардошти таҷрибаи мусбату манфӣ таҳлил кард, тавре ки дар Чин мегӯянд, дарёро гузашта бо пойҳоят сангҳоро ламс бикун.

Ба ғайр аз меъёрҳои зикршудаи ҳадафманд Дэн Сяопин се марҳилаи стратегии татбиқи ислоҳотро нишон дода буд. Дар марҳилаи аввал дар солҳои 80- ум маҳсулоти ҷамъи дохилӣ ду маротиба зиёд карда шуда, тақсими онро ба ҳар сари аҳолӣ аз 250 то 500 доллар зиёдтар кардан лозим буд.

Дар марҳилаи дуввум, солҳои навадум боз маҳсулоти ҷамъи дохилӣ ду маротиба боло мерафт. Ин ҳадаф дар мавриди ҳаҷми молу хидматрасонӣ татбиқ шуд. Аммо азбаски аз оғози ислоҳот аҳолии кишвар 300 милион афзуд, танҳо дар соли 2002 даромад ба ҳар сари аҳолӣ 1000 долларро ташкил дод.

Марҳилаи сеюм, миёнаҳои асри XXI оғоз ёфта, дар назар аст, ки маҳсулоти ҷамъи дохилӣ чаҳор маротиба зиёд шавад ва даромад ба ҳар сари аҳолӣ бояд то 4000 доллар боло равад. Ин ба Чин имконият медиҳад, ки қашшоқӣ ва қафомондагиро барҳам дода, ба сатҳи кишварҳои сатҳи миёнаи пешрафт доштаи урупоӣ баробар шавад.

Акнун бубинем, ки кишвар ба ҳаддҳои пешниҳод кардаи асосгузори ислоҳот чи гуна наздик мешавад. Ду ҳадди аввали болоравии маҳсулоти ҷамъи дохилӣ дар мӯҳлати муқарраршуда фатҳ шуд. Барои ҳадди сеюм боз 6 соли дигар лозим шуд. Дар соли 2006 маҳсулоти ҷамъи дохилӣ 2,7 трлн. долларро ташкил дод, ки ба ҳар сари аҳолӣ 2000 доллар рост меояд. Пас, афзоиши чоркаратаи маҳсулоти ҷамъи дохилӣ то соли 2020 имконпазир мегардад. Он гоҳ маҳсулоти дохилӣ ба 6 трлн. наздик мешвад, ки ба ҳар сари аҳолӣ 4000 долларро ташкил хоҳад дод.

Дар оғози ислоҳот чоряки аҳолии кишвар дар сатҳи қаш¬шоқӣ қарор дошт. Имрӯз теъдоди мардуми қашшоқ то ба 24 миллион расидааст, ки 2% -и аҳолиро ташкил медиҳад. Ин падида аз ҷониби СММ ҳамчун пирӯзии бемисл бар қашшоқӣ дар таърихи инсоният арзёбӣ шуд.

Пароканда кардани коммунаҳои халқӣ бойиси рӯҳбаландӣ ва болоравии фаъолияти меҳнатии деҳқонон гардид. Баъди 6 соли оғози ислоҳот истеҳсоли ғалла дар кишвар аз 300 то 400 млн тонна афзуд. Бори аввал дар таърихи Чин ба сари ҳар нафар аҳолӣ 400 кг ғалла ҷамъоварӣ шуд.

Аммо барои нигоҳ доштани сатҳи мавҷудаи истеъмол дар шароити афзоиши аҳолӣ аз оғози асри XXI кишвар бояд соле 500 млн.тонна ғалла ҷамъоварӣ намояд.

Дар Чин ба ҳар сари аҳолӣ 0, 10 га замини корӣ рост меояд, ки аз нишондиҳандаи ҷаҳонӣ се баробар камтар аст. Чин бо доштани 7 % замини корам 22 фоизи аҳолии дунёро бояд хӯронад.

Чин дар оғози асри ХХ1 истеҳсоли гӯштро то 55 млн.тонна ва моҳиро то 28 млн тонна расонд. Одамон ҳар чи бештар ба меваву сабзавот рӯ оварданд. Акнун барои аҳолии якуниммиллиардаи Чин 525 млн. тонна зарур аст, ки ба воқеият наздик шудааст. Аз ин амр ду хулоса мебарояд; аввалан, фақат кишоварзӣ аз ӯҳдаи бойгардонии 800 млн. нафар деҳқонон намебарояд. Сониян, танҳо соҳибкории маҳаллӣ, ё индустрияи деҳот метавонад аҳолии деҳотро ба кор таъмин кунад ва сарвати асосии Чин - захираҳои меҳнатиро ба қувваи реалии тавлиди мол ва хидматрасонӣ табдил диҳад.

(идома дорад)

Холаҳмад САМИЕВ, устоди кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97