Интихоботи парлумонии Қирғизистон: қадаме ба пеш ё ба қафо

4143

Интихоботи

бесобиқаи қирғистон

Қирғизистон имрӯз ба истиқболи интихоботи парлумоние меравад, ки дар таърихи муосири ин кишвар бесобиқа ва сарнавиштсоз хоҳад буд. Бо баргузории ин интихобот ва ташкили парламент кишвари ҳамсояи мо ба таври қотеъ низоми нави давлатдорӣ дар минтақа ва Шӯравии собиқро ҷорӣ мекунад. Таври маълум дар 27 июли имсол, бо вуҷуди бархе мухолифатҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳатто иттифоқ афтодани даргириҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, Ҳукумати муваққати ин кишвар муваффақ ба баргузории ҳамапурсӣ ва ҳимояти мардум аз низоми нави давлатдорӣ – мудирияти парлумонӣ шуд.

Қотеъияти иродаи Бишкек дар баргузории интихоботи парлумонӣ дар замони аз қабл пешбинишуда, яъне 10 октябр, барои гурӯҳҳои сиёсии дохилӣ ва ҳомиёни хориҷиашон танҳо як роҳро боқӣ гузошт; ширкат дар интихобот ва кӯшиши ба даст овардани бештари курсиҳои парлумонӣ. Ин буд, ки фазои рақобатҳои тундгароёна ва гоҳе мусаллаҳонаи миёни гурӯҳҳои сиёсии Қирғизистон барои муддате ҷои худро ба бархурд ва муборизоти афкор ва андешаҳои аҳзоб вогузошт. Ва инак ҳама ҷои ин кишвар сӯҳбат аз парлумони оянда аст. Бидуни тардид тамоми нашрияҳо, шабакоти радио ва телевизионии Қирғизистон ин шабу рӯз ҳама таваҷҷуҳи худро рӯи таблиғи барномаҳои аҳзоби сиёсӣ гузоштаанд ва ниҳодҳои таҳлилӣ саргарми пешбинии натоиҷи эҳтимолии ин интихобот мебошанд.

Яке аз вижагиҳои бесобиқаи рақобати миёни аҳзоби сиёсии Қирғизистон дар он аст, ки бо наздик шудани замони баргузории интихобот ба омили (фактори) хориҷӣ беш аз пеш аҳамият қоил мешаванд. Ин дар ҳолест, ки то як моҳи пеш бо таваҷҷуҳ ба қарор гирифтани ҳукумат дар ихтиёри мухолифини собиқи Қурмонбек Боқиев, камтар касе ба пирӯзии аҳзоби нави ҳоким, яъне қабл аз ҳама Ҳизби сотсиал-демократ, «Ата Мекен» ва «Оқ Шумқор» шубҳа дошт. Аммо таҳлилҳои коршиносӣ ва назархоҳиҳои анҷомшуда аз тарафи ниҳодҳои бетарафи Қирғизистон нишон медиҳад, ки дар чигунагии натоиҷи интихоботи қарибулвуқӯъ ва таҳаввулоти ояндаи сиёсӣ ва амниятии ин кишвар нақши омили хориҷӣ таъсиргузор хоҳад буд.

Бо дарки ин воқеият, бархе аз масъулини аҳзоби умда ва муддаъии ишғоли бештари курсиҳо дар парлумони ояндаи Қирғизистон пешопеш ба фикри ҷалби ҳимояти муҳимтарин тарафҳои хориҷии кишварашон шуданд ва бо намояндагони расмии мамолике назири Русия, Амрико, Қазоқистон, Туркия ва кишварҳои ғарбӣ ба музокирот пардохтанд.

Албатта, барои коршиносоне, ки масоили минтақа ва бахусус Қирғизистонро пайгирӣ мекунанд, вуҷуди ҳусни таваҷҷуҳи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба аҳзоби мухолиф ва бахусус мутааллиқ ба ҳукумати феълии Қирғизистон, бавижа Ҳизби сотсиал-демократ ва «Ота Мекен» як амри собитшуда мебошад. Вашингтон таи беш аз якуним даҳаи гузашта, қатъи назар аз сатҳи равобиташ бо Бишкеки расмӣ, ҳамвора бо аҳзоби мухолифи ин кишвар иртибот ва ҳамкорӣ дошта ва аз вуҷуди онҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ ва геополитикии худ баҳрабардорӣ кардааст.

Намунаи боризи он ваъдаи ояндаи босубот ва дорои тавсеъаи иқтисодӣ ва иҷтимоъии Қирғизистон буд, ки аз сӯи аҳзоби мухолиф, созмонҳо ва расонаҳои ғарбгарои ин кишвар дар паи вуруди низомиёни амрикоӣ дар соли 2001 ба Бишкек, дода мешуд. Хеле аз онҳое, ки дар он айём ҳузури низомии Амрико дар кишварашонро фурсати муносиб барои рушду пешрафти иқтисодӣ ва фанноварӣ тасаввур мекарданд, имрӯз дар суфуфи аҳзоби мухталиф по ба майдони рақобатҳои интихоботӣ гузоштаанд. Вале ҳоло тарҷеҳ медиҳанд, то аз ваъдаҳои нуҳ соли пешашон дар робита ба имтиёзоти наздикии ҳарчӣ бештар бо Амрико ва Ғарб ёд накунанд. Яъне мантиқан ин наздикӣ натанҳо дастоварди хосе надоштааст, балки то ҷое боъиси печидатар шудани вазъи сиёсӣ ва амниятии кишварашон низ гардидааст.

Тамоюл ба

русиягароӣ

Ҷолиб аст, ки ҳеч як аз аҳзоби сиёсӣ, ба шумули аҳзоби маълум ба ғарбгароӣ, дар таблиғоти интихоботии худ ба таври огоҳона аз вуҷуди иртиботи хубашон бо Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ фосила мегиранд, дар ҳоле ки таъкид бар муносиботи наздикашон бо Русияро барои худ имтиёз медонанд. Ин аст, ки ҳоло ҳама аҳзоби муҳимми Қирғизистон дар иқдомоти таблиғотии худ рӯи омили Русия дар таъмини пирӯзӣ ва ё ҳадди ақал ҷалби бештари овоз ва орои мардум ҳисоб гузоштаанд. Ҳатто раҳбарони баъзе аз аҳзоби ба истилоҳ ҳоким ва ҳамсӯ бо қудрат, монанди «Оқ Шумқор» ва «Республика», зимни дидор бо интихобкунандагон аз он интиқод карданд, ки Бишкек таи чанд соли ахир бо Маскав иртиботи муносиб ва мавриди эътимод барқарор накардааст, дар ҳоле ки бояд дар амал собит шавад, ки Русия аз наздиктарин шарикони табиъӣ ва стратегии Қирғизистон мебошад.     Тавре ишора шуд, ҳоло натанҳо барои аҳзоби мухолиф, балки аҳзоби ҳукуматгаро низ мавзӯъи Русия то ҷое боаҳамият гардидааст, ки дар таблиғоти интихоботии худ ироаи аксҳо ва наворҳои дидорҳояшон бо мақомоти Маскавро ба унвони имтиёзи хос мешиносанд. Ин падидаест, ки дар интихобтҳои қаблии ин кишвар ба ин ҳад мушоҳида нашудааст ва ба наҳве нақши Русия дар ҳаёти сиёсии Қирғизистонро бозгӯ менамояд.

Дар ду моҳи гузашта ба манзури ҷалби пуштибонии Маскав раҳбарони муҳимтарин аҳзоби ҳукуматгаро, назири Алмазбек Атамбаев, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Темур Сариев, раиси ҳизби «Оқ Шумқор» ва Омурбек Текебоев, раиси ҳизби «Ата Мекен», ки то як моҳи пеш муовинони раиси Ҳукумати муваққати Қирғизистон буданд, аз Маскав боздид ва бо мақомоти сиёсии Русия мулоқот карданд. Дигар аҳзоби сиёсии наздик ба ҳукумат, ба мисли раиси ҳизби «Республика» Омурбек Бабанов низ дар барномаи интихоботии худ ба дидор бо намояндагони расмии Русия аҳамияти бисёр ҷиддӣ қоил шуданд.

Дар рафтуомадҳои раҳбарони аҳзоби ҳукуматгарои қирғиз ба Маскав мулоқот бо нахуствазири Русия Владимир Путин имтиёзи хос дониста мешуд, ки танҳо ба раиси Ҳизби сотсиал-демократ Алмосбек Атамбаев муяссар гардид ва боқии шахсиятҳои ёдшуда бо дидор бо мақомоти Кремл ва аз ҷумла раиси дастгоҳи раиси ҷумҳури Русия иктифо карданд. Вале билохира бо гузашти ҳудуди як моҳ мухолифини ҳукумати феълии Қирғизистон, ба истилоҳ тавонистанд гӯйи сабқат аз онҳо бирабоянд. Дар 23 сентябр раиси ҳизби «Ор ва номус» Феликс Кулов натанҳо бо ҳизби Владимир Путин «Русияи воҳид» санади ҳамкорӣ имзо кард, балки аз тарафи раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ ба ҳузур пазируфта шуд. Дар қиёс бо мулоқотҳои қаблии раҳбарони аҳзоби сиёсии қирғиз бо намояндагони Кремл, сафари Феликс Кулов ба Маскав ва дидорҳояш бо мақомоти олии ин кишвар, дар Русия бозтоби густардаи расонаӣ дошт.

Дар нигоҳи аввал чунин ҳаракати Маскав метавонад ба маънои ҳисоби мушаххаси он рӯи ҷиддитарин ҳизби мухолифи ҳукумати Қирғизистон, яъне ҳизби «Ор ва номус» дар интихоботи пеши рӯ арзёбӣ шавад. Ҳизбе, ки дар сурати пирӯзӣ боз гардонидани низоми раёсати ҷумҳурӣ ба Қирғизистонро ваъда кардааст. Ин амр комилан дар ростои манофеъи Русия қарор мегирад, зеро аз ибтидои таҳаввулоти моҳи апрели соли ҷории Қирғизистон ва эълони тарҳи ислоҳи қонуни асосӣ аз сӯи Ҳукумати муваққат, Маскав аз ҷиддитарин мухолифини ин иқдоми Бишкек буд. Ҳатто борҳо мақомоти олии ин кишвар ва бахусус Дмитрий Медведев бо интиқод аз ин ибтикор, ояндаи сиёсии Қирғизистонро бӯҳронӣ ва асафбор пешбинӣ кард. Чунин ба назар мерасад, ки имзои ғайриъалании қарордоди тамдиди ҳузури пойгоҳи Амрико барои як соли дигар аз сӯи Роза Отунбоева Кремлро бештар нороҳат кардааст, ки аз тариқи истиқболи бесобиқаи Феликс Кулов ба унвони мухолифи аршади ҳукумати мавҷуди Қирғизистон, ҳусни нияти худро дар мавриди неруҳои сиёсии рӯи саҳнаи интихоботи парлумонии 10 октябри ин кишвар ба намоиш гузошт.

Бо вуҷуди ин аҳзоби ҳукуматгарои Қирғизистон ҳанӯз ҳам ба омили Русия дар таъйиди ҷойгоҳи худ дар миёни интихобкунандагон хеле умед доранд. Амалан, ба истиснои ҳизби «Ата мекен», боқӣ ҳама эълон кардаанд, ки Русия шарики стратегии шумораи аввали Қиризистон мебошад ва дар сурати пирӯзӣ ба афзоиши нақш ва ҷойгоҳи Русия дар сиёсати хориҷии кишварашон талош хоҳанд намуд.

Русия низ, ба қавли маъруф ҳама тухмҳоро дар як сабад нагузошта, дар канори «Ор ва номӯс» ва аҳзоби ҳукуматгарои ёдшуда бо дигарон низ ҳамкорӣ мекунад, то дар сурати ҳар гуна натиҷаи интихобот манофеъаш тазминшуда бошад. Ба ин манзур Маскав бо аҳзобе назири «Ота ҷурт», «Содружество», «Замандаш», «Бутун Қирғизистон», Ҳизби коммунисти Қирғизистон ва ғайра тамос барқарор карда ва ба ҳусни таваҷҷуҳи онҳо даст ёфтааст.

Маскав дар қиёс бо дигар тарафҳои хориҷии Қирғизистон аз абзорҳои бамаротиб ҷиддитари нуфуз рӯи фазои сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар бархурдор мебошад, ки муҳимтарини он ҳузури лашкари садҳо ҳазорнафарии муҳоҷирини кории қирғиз дар Русия мебошад. Ба иттилоъи Бонки миллии Қирғизистон маблағи ирсолӣ аз сӯи муҳоҷирини кории муқими Русия муъодили 20 дарсади маҳсулоти нохолиси дохилии ин кишвар аст. Бахусус дар паи таҳаввулоти ахири сиёсӣ ва амниятии Қирғизистон, ки боъиси маҳдуд шудани фаъолиятҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ гардидааст, кӯмакҳои молии муҳоҷирини корӣ дар ҳифзи суботи нисбии иҷтимоъии ин кишвар бисёр муассир мебошад ва ҳеч ҳизби сиёсие наметавонад аз ин омили муҳим сарфи назар намояд.

Ваъдаи тағйири

низоми давлатдорӣ

Тавре ишора шуд, таи панҷ моҳи гузашта хеле аз иқдомоти Ҳукумати муваққати Қирғизистон мавриди қабул ва ҳимояти Русия қарор нагирифт. Махсусан иқдоми Бишкек барои ислоҳи Қонуни асосӣ ва ҷорӣ кардани низоми парлумонӣ Маскавро ба ҳадде нороҳат намуд, ки намояндагони Кремл ва дигар давоири сиёсии Русия то ҷое рӯҳияи баёнияҳои худро таҳдидомез карданд ва дурнамои Қирғизистонро ҳамроҳ бо бесуботӣ ва ҳарҷу марҷ донистанд. Албатта, иддае аз коршиносони сиёсии рус далели ин нороҳатиҳои мақомоти кишварашонро ба «сирфан тарҳи амрикоӣ будани ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон» рабт доданд.

Вале раиси ҳизби «Ата Мекен» ва яке аз муаллифони асосии лоиҳаи Қонуни асосии нави Қирғизистон Омурбек Текебоев ин иттиҳомро беасос медонад ва мегӯяд, ки ҳизби вай аз ибтидои касби истиқлоли Қирғизистон хостори низоми парлумонӣ аз тариқи ҳузури аҳзоб дар интихобот буд, то билохира нақши минтақа ва таборгароӣ аз байн бурда шавад. Вай муътақид аст, ки дар як рӯз кишвари парлумониро наметавон сохт, аммо ҳузур ва рақобати воқеъӣ ва солими аҳзоби мухталиф дар парлумон, ҳукумат ва дигар ниҳодҳои қудрати расмӣ, заминаи низоми ҳақиқии ҳизбӣ дар Қирғизистонро фароҳам хоҳад кард. Ба боварӣ Текебоев вуҷуди рақобат моҳият ва хислати қудрати расмиро тағйир дода, нақши назоратии мардум бар иқдомоти мақомоти марказӣ ва маҳаллиро таъмин менамояд. Ва ба тадриҷ нақш ва ҷойгоҳи мансабдоронро афкори умум таъйин хоҳад кард, на як нафар ё гурӯҳи хоси худкома.

Вале бархе аз аҳзоби бонуфуз, ки ба вурудашон ба парлумони ояндаи Қирғизистон коршиносон ҳеч шакке надоранд, тағйири низоми мудириятӣ дар кишварашонро яке аз аҳдофи муҳимми барномаҳои интихоботии худ муаррифӣ кардаанд. Ҳадди ақал аҳзобе назири «Ор ва номус», «Ота ҷурт», «Содружество», «Бек», «Бутун Қирғизистон», «Иттиҳоди ақвоми Қирғизистон», Ҳизби коммунисти Қирғизистон ва амсоли инҳо ҷонибдори баргардондани низоми раёсати ҷумҳурӣ мебошанд, ки ба сурати табиъӣ аз тарафи Русия ва дигар ҳамсояҳои минтақаии Бишкек ҷонибдорӣ мешавад.

Қамчибек Тошиев, яке аз раҳбарони «Ота ҷурт», ки ҳизби интиқомталаб ва наздик ба раиси ҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев дониста мешавад, таи як сӯҳбати худ бо расонаҳо Қонуни асосии Қирғизистонро рӯнависшуда аз қавонини амрикоӣ ва ғарбӣ донист ва гуфт, ки чун бо воқеиёти кишвараш созгор нест, ҳатман бояд иваз шавад. Дигар шахсиятҳои бонуфузи аҳзоби мухолиф, монанди Феликс Кулов, Турсунбой Боқир уулу, Омурбек Сувоналиев, Мирослав Ниёзов ва Адахан Мадумаров низ низоми парлумониро қабул надошта, мӯътақиданд, ки он ангезае барои ҳарҷу марҷ ва бӯҳронҳои сиёсӣ фароҳам хоҳад кард.

Қавли ихроҷи

пойгоҳи Амрико

Дигар чизе, ки дар барномаҳои интихоботии аҳзоб ба чашм мехурад, ваъдаи ихроҷи пойгоҳи Амрико аз Қирғизистон мебошад. Иддае аз аҳзоб ба таври ошкор эълон мекунанд, ки дар сурати ишғоли бештари курсиҳо дар парлумон ин мавзӯъро дунбол хоҳанд кард.

Раиси ҳизби «Эркин Қирғизистон» Турсунбой Боқир уулу, ки ба сурати эътилоф ба ҳизби «Ор ва номус» пайваста ва ҷузъи се нафари аввали феҳрести номзадҳои он мебошад, зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо муаллифи ин сатрҳо гуфт, ки ҳузури низомии қудратҳо дар Қирғизистон аҳдофи хоси геополитикиро дунбол мекунад ва ба беҳбуди шароити амниятии ин кишвар ҳеч рабте надорад.

- Таи 9 соли ҳузури низомии Амрико дар Қирғизистон ба ҷои тақвияти субот ва амният, баръакс, осебпазирии кишвари мо бештар шудааст. – гуфт Боқир уулу- Бинобар ин гурӯҳи мутааллиқ ба «Эркин Қирғизистон» дар сурати интихоб шудан ба намояндагии парлумон ҳатман тақозои ихроҷи пойгоҳи Амрикоро хоҳад кард.

Аз дигар шахсиятҳои сиёсии бонуфуз ва ширкаткунанда дар интихоботи 10 октябр Қамчибек Тошиев («Ота ҷурт») ва Омурбек Сувоналиев («Содружество») низ аз тариқи расонаҳо бастани пойгоҳи низомии Амрикоро яке аз аҳдофи худ дар парлумон хондаанд. Ҳатто Қамчибек Тошиев ду инқилоб ва фирори руасои ҷумҳури кишвараш ба хориҷро ба ҳузури низомии Вашингтон нисбат дода, эҳтимоли такрори ин сарнавишт барои раиси ҷумҳури феълиро низ имконпазир донистааст.

Бо ин ҳол то куҷо ваъдаи ихроҷи пойгоҳи Амрико барои ин аҳзоб самар хоҳад дод, дар 10 октябр маълум хоҳад шуд.

Чӣ аҳзобе ба парлумон роҳ хоҳанд ёфт?

То ҳоли ҳозир аз 29 ҳизби ширкаткунанда дар интихоботи қарибалвуқӯъи парлумонии Қиғизистон танҳо ҳудуди 10 ҳизб таблиғоти васеъеро роҳандозӣ кардаанд. Коршиносон вуруди ҳамин теъдод аҳзоб ба маҷлиси ояндаи ин кишварро қобили пешбинӣ медонанд. Манзур ҳизби «Ота Мекен», «Ор ва номус», «Сотсиал демократ», «Ота ҷурт», «Оқ Шумқор» ва «Республика» мебошад, ки назархоҳиҳои анҷомшуда вуруди онҳо ба парлумонро қатъӣ медонанд, вале ин эҳтимол низ ҷой дорад, ки аҳзоби дигаре назири «Бутун Қирғизистон», «Бек», «Содружество», «Айкол» ва «Ҳақиқат» низ битавонанд ҳадди нисоби 5 дарсадӣ аз оро ва овози куллии интихобкунандагонро, ки 2 миллиону 726 ҳазор мебошад, пушти сар гузоранд.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳеч як аз аҳзоб ба танҳоӣ қодир ба ишғоли аксарияти курсиҳои парлумонӣ нахоҳад буд. Ин амр онҳоро водор ба эҷоди эътилоф ба манзури ташкили ҳукумати нави Қирғизистон хоҳад кард. Тибқи Қонуни асосии ин кишвар ҳизб ё эътилофе ҳаққи ташкили ҳукуматро дорад, ки аз 120 курсии парлумон 65 тоашро дар ихтиёр дошта бошад.

Натоиҷи назархоҳиҳо нишон медиҳад, ки аҳзоби муҳимми ёдшуда ба таври мутавассит метавонанд аз 15 то 25 курсиро дар ихтиёр бигиранд. Агар чунин амре иттифоқ биафтад, пас бидуни шак аҳзоби ҳукуматгарое назири «Ота Мекен», Ҳизби сотсиал-демократ, «Оқ Шумқор» ва «Республика» муваффақ ба ташкили ҳукумат хоҳанд шуд ва барномаҳои рақибони худ барои ислоҳи дигарбораи Қонуни асосӣ ва бозпас овардани низоми раёсати ҷумҳуриро ҳадди ақал барои чанд соли дигар ба таъхир хоҳанд андохт.

Таваҷҷуҳи

кишварҳои хориҷӣ

Ҳамон гуна ки ишора шуд, дар гузоришҳои расонаҳо ва сӯҳбатҳои коршиносон ба ҳимоятҳои сиёсӣ ва молии ғайрирасмии бархе аз кишварҳои хориҷӣ аз аҳзоби муҳимми Қирғизистон ишора шудааст. Ҳатто баъзе аз аҳзоб ҳамзамон бо чанд кишвари дорои манофеъи мутафовит ва гоҳе мухолифи ҳам тавонистаанд иртиботи наздик барқарор кунанд, ки дар зер ба муҳимтарин онҳо ишора хоҳад шуд.

Ҳизби «Ота Мекен»- Амрико ва кишварҳои ғарбӣ

Ҳизби «Ор ва номус»- Русия, Қазоқистон, Узбакистон

Ҳизби сотсиал-демократ- Туркия, Русия, Қазоқистон, Амрико, Аврупо

Ҳизби «Ота ҷурт»- Русия

Ҳизби «Оқ Шумқор»- Русия, Қазоқистон, Амрико, Аврупо

Ҳизби «Республика»- Қазоқистон, Русия, Амрико

Албатта, аҳзоби дигаре низ вуҷуд доранд, ки аз ҳимоятҳои мухталифи Русия, Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бархурдоранд, вале бо вуҷуди он таъсири ҷиддӣ рӯи таносуби неру дар саҳнаи сиёсии Қирғизистон нахоҳанд дошт.

Аммо чизе ки мусаллам аст, ин аст, ки интихоботи 10 октябри Қирғизистон аз назари ҳазинаҳои таблиғотӣ барои ин кишвар бесобиқа мебошад, ки пуштибонии молии хориҷии аҳзобро таъйид мекунад. Ҷолиб аст, ки бештари аҳзоби ширкаткунанда дар ин интихобот то чанд моҳе пеш ҳатто барои чопи моҳномаи худ тавони молӣ надоштанд, аммо имрӯз барои таблиғоти хеш садҳо ҳазор доллар ҳазина мекунанд. Вогузории пули нақд ба интихобкунандагони ҷонибдор аз тарафи ҳама аҳзоби аслии довталаби курсиҳои парлумонӣ расм шудааст. Ва дар кӯчаву бозорҳои Қирғизистон ҳама медонанд, ки овози як нафар аз 5 то 10 доллар арзиш дорад. Ин пулҳои ҳангуфт ҳастанд, ки ҳазорон ва гоҳе даҳҳо ҳазор нафарро аз шаҳру деҳот ба мулоқотҳои раҳбарони аҳзоб мекашонанд. Яке аз коршиносони қирғиз мегуфт, ки баъди фурӯпошии Шӯровӣ ҳаргиз варзишгоҳҳову майдонҳои кишвараш (ба истиснои намозҳои ид) ин қадар аз мардум моломол нашуда буд...

Дурнамои

таҳаввулот

Аҳзоби муҳимми ширкаткунанда дар интихоботи 10 октябр санадеро ба имзо расонданд, ки дар сурати баргузории шаффоф ва одилонаи интихобот бо натоиҷи он розӣ хоҳанд шуд. Вале мавзӯъи баргузории шаффоф ва одилонаи интихобот аз қабл аз сӯи бархе аз аҳзоби асосӣ ва таъсиргузор таҳти шубҳа қарор дода шудааст. Масалан, «Ор ва номус» ва «Ота ҷурт» эълон кардаанд, ки ҳукумат ва аҳзоби ҳоким дунболи мудохила ба раванди интихобот мебошанд.

Турсунбой Боқир уулу, яке аз раҳбарони «Ор ва номус» ба нигорандаи ин матлаб гуфт, ки барои ҳукумат ва аҳзоби феълии ҳоким ин охирин имкони ҳифзи курсиҳои раҳбарист ва талош хоҳанд кард, то онро аз даст надиҳанд.

Вай гуфт: Истифода аз имконоти идорӣ яке аз роҳҳои мудохила мебошад ва ин кор комилан имконпазир аст, зеро баъд аз табаддулоти моҳи апрел ба ҷои афроди Қурмонбек Боқиев аз боло то поин намояндагони аҳзоби нави ҳоким таъйин шуданд. Онҳо медонанд, ки шикаст хурдан дар интихобот ба маънои худоҳофизӣ бо курсиҳояшон аст...

Аммо Ҷумъақодир Акенеев, устоди Академияи дипломатии Қирғизистон зимни сӯҳбат баён дошт, ки ба эҳтимоли зиёд дар 10 октябр демократитарин интихобот дар таърихи навини кишвараш сурат хоҳад гирифт.

- Ҳама аҳзоб ба шумули аҳзоби ҳоким медонанд, ки тақаллуби ошкор дар ин интихобот мавҷи нави бесуботиҳоро дар пай хоҳад дошт, ки масъулияти он бар ӯҳдаи ҳамин аҳзоб мебошад. – таъкид кард вай.

Дар ин миён ҳизби «Ота ҷурт», ки аз маҳбубияти зиёде дар байни қирғизтаборони ҷануби ин кишвар бархурдор буда, 70 дарсади мардуми Қирғизистонро ҷонибдори худ медонад, ҳушдор додааст, ки дар сурати ғайришаффоф баргузор шудани интихобот, натоиҷи онро қабул нахоҳад дошт ва даст ба иҷрои барномаи хоси худ хоҳад шуд. Коршиносон манзур аз барномаи хоси ин ҳизбро сарпечии манотиқи зери нуфузаш аз тобеъияти Бишкек донистаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли ташаннуҷи авзоъи сиёсӣ ва амниятӣ раиси ҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева дар чанд рӯзи пеш ҳушдор дод, ки дар сурати риоят нагардидани санади имзошуда ва эҷоди таҳдид бар тамомияти арзӣ, субот ва амнияти кишвар ҳолати фавқулъода ҷорӣ хоҳад кард. Маълум аст, ки дар ҳолати фавқулъода баргузории ҳеч интихоботе имкон надорад. Пас ин ба маънои тамдиди умри ҳукумати муваққат хоҳад буд, ки Қирғизистонро метавонад вориди марҳалаи нави таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятӣ кунад.

Қосим Бекмуҳаммад

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97