ҚИРҒИЗИСТОН ОБИСТАНИ ИНҚИЛОБИ ДИГАР АСТ ё сирри "ҳукумати нобиғаҳо"

БАРОИ "ЛОЛАҲОИ ПАЖМУРДА" КАЙ БАҲОР МЕРАСАД?

Мутаассифона, ҳеч чизе ба андозаи иттифоқоти баду ногувор кишварҳои Осиёи Марказиро дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳонӣ қарор намедиҳад. Қирғизистон имрӯз ин "нишони ифтихор"-ро дигарбора бар рӯи синаи худ задааст. Вилояти шимолии Талас рӯзи сешанбеи гузашта ба майдони ҳарбу зарби мухолифин ва ниҳодҳои интизомиву амниятии Қирғизистон табдил шуда буд. Бинои ҳукумати ин вилоят миёни неруҳои интизомиву амниятии маҳаллӣ ва эъзомӣ аз Бишкек чанд бор, ба истилоҳ, дасти ба даст шуд.

Теъдоде аз ҳарду тараф захмӣ гардиданд, ки вазъи баъзеи онҳо бисёр сангин гузориш мешавад. Тазоҳуроткунандагон дар ин вилоят ба унвони эътироз дар баробари ҳукумати расмӣ аз миёни худ якеро ҳокими мардумии Талас "интихоб" карданд. Манобеъи расонаии хориҷӣ ва умдатан русӣ аз таҳаввулоти Қирғизистон ахбореро пахш мекунанд, ки бидуни ихтиёр поёни замистон ва баҳори ноороми соли 2005 ин кишварро ба ёд меорад. Мухолифини қирғиз рӯзи чоршанбе дар саросари ин кишвар қасди баргузории қурултой (нишасти мардумӣ)-ро доштанд, вале рӯзи сешанбе боздошти муовини раиси ҳизби мухолифи "Ата-Мекен" Болот Шерниёзов ва фаъолони Ҳаракати муттаҳидаи мардумӣ, ки барои ширкат дар қурултой вориди вилояти Талас шуда буданд, ангезае барои иқдомоти тундравонаи мухолифони ҳукумати Қирғизистонро фароҳам кард.

Болот Шерниёзов озод шуд ва дар муқобил Бейшен Болотбеков, ҳокими ин вилоят, ки мехост бо тазоҳуркунандагон гуфтугӯ анҷом диҳад, ба асорати онҳо афтод, вале аз роҳе тавонист ҷон ба саломат бурдаву дар бинои раёсати умури дохилаи вилоят паноҳ ёбад. Фирори ҳокими вилоят мардумро шердил кард ва дар они воҳид бинои ҳукумати вилоят дар тасарруфашон қарор гирифт. Бо иқдомоти (аз ҷумла истифодаи гази ашковар) неруҳои амниятии ин вилоят ва ҳамчунин гурӯҳҳои махсусе, ки тавассути чанд ҳавопаймо ба Талас эъзом шуда буданд, ишғолгарон берун карда шуданд, вале дубораву себора басиҷ шуда, неруҳои интизомиву амниятиро ба ақибнишинӣ водоштанд.

Рӯзи чоршанбе нахуствазир ва масъулини интизомиву амниятии Қирғизистон бо ташкили як нишасти матбуотӣ аз озодии бинои ҳукумати вилояти Талас ва боздошти раҳбарони мухолифин хабар доданд. Албатта онҳо ба ҷои истилоҳи мухолифин аз ибораи "неруҳои тахрибкор" истифода карданд ва онҳоро муттаҳам ба ғасби қудрат намуданд.

Дар ҳоле, ки дар Кохи ҳукумати Қирғизистон ин нишасти матбуотӣ сурат мегирифт, аз вилояти Норин хабари ишғоли ҳукумати он тавассути тазоҳуркунандагон расид. Қабл аз ин низ Норин таи чанд ҳафтаи ахир шоҳиди тазоҳуроти биловақфаи мардум буд.

Дар ин рӯзҳо ахбори Қирғизистон ахбори аз сангари набардҳоро ба ёд меорад. Сомонаи "24 Kq" аз пароканда шудани таҷаммӯъи ҷонибдорони мухолифин дар Бишкек иттилоъ медиҳаду "Белый парус" аз баргузории тазоҳуроти мухолифин дар ноҳияи Кербени вилояти Ҷалолобод. Ва боз мехонем; дар навоҳии Токмок, Соколук, Оқси ва ғайра мардум ба тазоҳурот пардохтаанд, роҳи стратегии Бишкек-Ош тавассути садҳо муътариз баста шудааст.

БОҚИЕВ ДИГАР "ИСТЕЪФО" НАМЕГӮЯД, МЕШУНАВАД

Дақиқан он чи имрӯз дар Қирғизистон мегузарад, саҳнаҳои панҷ соли пеши ин кишварро ба ёд меорад. Дар соли 2005 низ мухолифин, ки дар раъсашон раиси ҷумҳури феълии Қирғизистон қарор дошт, дар вилояти Ҷалолобод даст ба ишғоли биноҳои ҳукуматӣ ва ниҳодҳои амниятиву интизомӣ зада буданд. Сипас ин раванд то дигар вилоятҳои ҷанубии Қирғизистон-Ошу Боткан низ домани худро паҳн кард ва дар Бишкек дар либоси инқилоб бадар омад. Имрӯз ҳам шиорҳои мухолифин аз шиорҳои панҷ соли пеш ҳеч фарқе намекунад: ғасби қудрат тавассути бастагону наздикон, хусусисозӣ ба суди гурӯҳи ҳоким, фосила гирифтан аз арзишҳои демократӣ ва ҷорӣ кардани низоми худкома, фасоди идорӣ, маҳдудияти озодии баён ва расонаҳо… Ҳатто шиорҳо бештар ва мушаххастар шудаанд. Фарқ танҳо дар он аст, ки дар соли 2005 ин иттиҳомот ба номи Оқоев зада мешуд, ҳоло ба номи Боқиев.

НАҚШИ ҚУДРАТҲО

ё чаро маҳз Владимир Путин?

Ҳатто авомили берунӣ низ ҳеч тағйире накардаанд. Русияву Амрико ду бозигари аслии хориҷӣ дар ин кишвар мебошанд. Ва ҳисоби ҳукумат ва мухолифин низ аслан рӯи ҳамин ду кишвар аст. Дигар ҳамсояҳои Бишкек ба шумули қудрати бузурге чун Чин тарҷеҳ медиҳанд, аз ин моҷароҳо расман фосила бигиранд. Ҳарчанд хеле дилашон мехоҳад аз ҳукумати мавҷуди Қирғизистон ба сурати ошкор ҳимоят бикунанд, вале барои "мабодо"-и фардо ҷой мегузоранд. Чаро мушаххасан ба Русияву Амрико ишора кардем?

Зеро ба таъйиди манобеи хабарӣ чанд рӯз қабл аз ин таҳаввулот мухолифини қирғиз (ҳамонҳоеро, ки ҳукумати ин кишвар неруҳои тахрибкор медонад) бо намояндагиҳои сиёсии ин ду кишвар дар Бишкек тамос доштаанд. Мушаххасан ба дидори раиси ҳизби "Ата-Мекен" ва яке аз сарсахттарин мухолифини раиси ҷумҳури Қирғизистон Омурбек Текебоев бо сафири Русия ва муовини сафири Амрико ишора мешавад, ки ин ду кишвар дар чигунагӣ ва таъйини самти рушди таҳаввулоти сиёсии Қирғизистон метавонанд болотарин таъсирро дошта бошанд.

Далоили дигаре низ ба вуҷуди рӯҳияи "хос"-и Маскав ишора мекунад. Таи чанд моҳи ахир бо ошкор ва расонаӣ шудани нақши фаъоли авомили хориҷӣ (ва бахусус амрикоӣ ва ғарбӣ) дар умури сиёсӣ ва иқтисодии ниҳодҳои мухталифи Қирғизистон ва бахусус вогузории маҳале барои эҷоди маркази тамриноти низомии Амрико дар ҷануби ин кишвар, фишорҳои Русия аз роҳҳои мухталиф афзоиш ёфт.

Дар чанд ҳафтаи ахир рӯзномаҳо, сомонаҳо, хабаргузориҳо ва шабакоти телевизиониву радиоии Русия ба таври бесобиқа аз амалкарди ҳукумати Қирғизистон ва вуҷуди мудирияти хонаводаӣ дар ин кишвар сухан ба миён оварданд. Маскав аз тариқи манъи идомаи сармоягузорӣ рӯи тарҳи сохти неругоҳи "Қамбарота" ва маҳдуд кардани мубодилаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ (ба монанди арзаи сӯхт дар айёми ҳассоси оғози корҳои кишоварзӣ) бо Бишкек ин паёмро расонд, ки равиши худро тағйир медиҳад. Дар муқобил Бишкек зоҳиран ин ҳушдорҳоро ҷиддӣ нагирифт.

Як нукта ҷолиб аст. Қабл аз зуҳри рӯзи чоршанбе нахуствазири Қирғизистон зимни нишасти матбуотӣ аз боздошти раҳбарони мухолифин ва додани шаҳодат аз тарафи онҳо хабар дод ва ба таври бисёр маънидор ба як мавзӯъ ишора кард. Вай гуфт, ки Темир Сариев (яке аз саршиностарин мухолифини қирғиз, ки субҳи чоршанбе ҳангоми фуруд омадан аз ҳавопаймои парвози Маскав-Бишкек боздошт шуд) зимни шаҳодат гуфтааст, ки Владимир Путин аз онҳо ҳимоят мекунад. Албатта, нахуствазири Қирғизистон ин иддаъоро дурӯғ хонд, вале муҳим он аст, ки ба наҳве ба таври ғайримустақим ба нақши Маскав ва мушаххасан нахуствазири Русия ишора кард.

ҲУКУМАТИ "НОБИҒАҲО"

Ҳар миқдор, ки аз соли 2005 мегузарад, арзиши ҳукумати Аскар Оқоев дар чашми мардуми одии Қирғизистон болотар меравад. Албатта, ин ба он маъно нест, ки мардум мухлиси Оқоев буданд, вале ба истилоҳ, дар интихоб миёни баду бадтар ҳаққи бештарро ба раиси ҷумҳури собиқашон қоил мешаванд. Аммо чизи муҳимтар он аст, ки ҳамин мардуме, ки имрӯз дар манотиқи мухталифи Қирғизистон ба эътирозоту тазоҳурот мепардозанд, то чанд моҳи пеш майли чанд қадам рафтан аз пушти сарварони феълии мухолифинро надоштанд.

Чаро? Зеро тарҷиба карда буданд, ки шиорҳои хуб ва ҳатто ормонии мухолифин дар аввалин лаҳзаи ба курсӣ расиданашон аз ёд меравад ва дар симои ҳамон мардуме, ки бо ҳимояти онҳо ба ин мақому манзалат расиданд, хатарро мебинанд. Аз онҳо фосила мегиранд ва аз пушти айнакҳои атрофиёни чоплӯси худ, ки ҳирси андухтани сарвати ҳарчи бештар чашмони онҳоро хира кардааст, ба мардум менигаранд. Ҳамаро серу пур мебинанд. Баъд пушти сари ҳам қимати барқу сӯхт, ҳамлу нақл ва куллан хадамотро боло мебаранд. Дар натиҷа маоши устоди донишгоҳ дар ин кишвар танҳо барои он кифоя мекунад, ки ҳудуди 50-70 дарсади ин ҳазинаҳоро пардохт намояд. Аз он ки дар ҳар хонаводаи қирғиз ҳадди ақал 4-5 нафар зиндагӣ мекунад ва бояд бихураду бипӯшад, чизе намегӯем.

Ин қишри ҷомеа ҳастанд, ки бо қарор гирифтан дар бунбаст ба даъвати мухолифин лаббайк мегӯянд, вагарна, тавре гуфтем, хотираи хуше аз онҳо низ надоранд. Басо ин ки бархе аз раҳбарони имрӯзии мухолифин ва онҳое, ки таи ин рӯзҳо боздошт шудаанд, бо мастиву дигар рафторҳои ғайриахлоқии худ дар миёни ҷомеа ҷойгоҳе надоштанд. Ва ҳатто борҳо бо даъвати онҳо барои тазоҳурот 50-60 нафар бештар ҷамъ намешуд. Ҳоло ҳукумати феълии Бишкек онҳоро табраъа кард ва ба рагҳои хушкидаашон хуни тоза дамид. Агар мудирияти ноком ва судҷӯии як гурӯҳи маҳдуд набуд, дар ин айёми кору бори саҳроӣ ҳазорон - ҳазор мардуми деҳотӣ худро дар муқобили мили аслиҳа ва шалоқи (дубинкаи) кормандони пулис ба майдонҳо намезаданд. Бале, бояд нобиға буд, то мардуми қимоб аз инқилобро бо ин роҳатӣ дубора ошиқи инқилоб кунӣ. Аз ин назар ҳукумати имрӯзии Қирғизистонро метавон "ҳукумати нобиғаҳо" хонд.

PS: Вақте ин матлаб омода мешуд, хабар расид, ки беш аз 10 ҳазор тазоҳуроткунанда раёсати корҳои дохилаи вилояти Таласро ишғол карда ва дар Бишкек ҳазорон нафар дар назди кохи ҳукумат ҷамъ шуда, шиор медиҳанд, ки "Боқиев, кетсин!" (Боқиев, бирав!). Таърих чӣ довари сахтгир аст. Дар панҷ соли пеш дар ҳамин майдон ин шиор садо медод, танҳо бо тафовути ном.


Қосими БЕКМУҲАММАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97