БА БЕХАТАРИИ ҶАҲОН КӢ ТАҲДИД МЕКУНАД?

Имрӯзҳо боз аз пештара дида бештар қартаи таҳдиди барномаи ҳастаии Ирон ба бехатарии ҷаҳон ба бозӣ дароварда шудааст. Боз ҷомеаи ҷаҳон аз яроқи ҳастаии сохтанашудаи Ирон ба ҳарос андохта мешавад. Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳукуматҳо ва раёсати яҳудитабори давлатҳои ғарб дар зери таъсири ташвиқи нирӯҳои сиюнистӣ, панамрикоию панаврупоӣ бадномсозию маҳкумнамоии Иронро рӯз аз рӯз афзоиш дода, тайёр ҳастанд, ки бар хилофи воқеият ин давлати фарҳангиро чун меҳвари офат ("Ось зла") хонанд.

Марҳалла ба марҳалла мавқеи созишии давлатҳои то ин дам аз маҳкумсозии Ирон худро канор гирифта суст гашта, ботадриҷ онҳо низ ба маъракаи бадхоҳона пайваст карда мешаванд. Бо ин мақсад мокуи найрангбозии калон (большая челночная дипломатия) ба кор андохта шуда, сафарҳои расмию ғайри расмӣ ва маҳрамонаи сиёсатмадорони исроилӣ, амрикоию аврупоӣ ба пойтахти давлатҳо, хусусан, ба давлатҳои араб беш аз пеш сурат мегирад. Сафари дирӯз анҷомёфтаи сарвазири Исроил Натанёҳу ба Маскав ва вохӯриҳои маҳрамонаи ӯ бо роҳбарони Русия аз ҳамин қабил найрангбозӣ буда, натиҷаи он ба аробаи сиёсати сиюнистӣ ва ғарбии маҳкумсозии Ирон пайваст кардани онҳо гардид. Сарварони Русия бар хилофи аҳду паймонҳои дӯстонаи худ аз ҳамсояи барояш манфиатовар-Ирон даргузашта, манфиати ғарбгароии худро афзал донистанд. Дар сафари имрӯзҳо ба анҷом расидаи худ ба Франсия Президенти Русия Медведев расман дастгирии мамлакати худро барои нест кардани объектҳои ҳарбии Ирон изҳор кард. Ва фақат таъкид намуд, ки аз ин амалиёт аҳолии осоишта зарар набинад. Гуё генералҳои амрикоию исроилӣ ва блоки НАТО пеш аз мушакпартоӣ, бомбапартоӣ ва амалиёти дигари ҷазодиҳӣ аз сарварони Русия мепурсида бошанд, ки кадом объект хислати ҳарбӣ ва кадоми дигар хислати осоишта дорад. Ин ҳам як навъ риёкорӣ мебошад, зеро ки нисбат ба ҳар як ҳукумати дигар ба мақомоти разведкавии Русия ҳамаи сиррӣ ҳарбӣ ва ҷойи ҷойгиршавии объектҳои ҳарбии Ирон бештар маълум аст. Ба сарварони ҳарбии блоки НАТО пеш аз амалиёт дар Афғонистон низ тавсия дода шуда буд, ки аз зарба задан ба маҳалҳои осоишта худдорӣ намоянд, вале дар воқеъ ҳазорҳо занону кӯдакон ва мардуми осоишта дар зери бомб ва мушакҳои онҳо ҳалок мегарданд.

Дар сафари ба мамлакатҳои бузурги Америкаи ҷанубӣ ин рӯзҳо пеш гирифтаи худ котиби давлатии ИМА хонум Хилари Клинтон низ айнан чунин мақсад гузоштааст. Сарварони ин давлатҳоро бовар кунонида истодааст, ки имрӯз дар дунё ғайр аз барномаи ҳастаии Ирон қазияи дигари муҳиме нест ва фарқ надорад, ки ин барнома хислати осоишта ё ҳарбӣ дорад. Муҳимаш барои ӯ он аст, ки ёрони сиюнистӣ ҳаминро аз ӯ мехоҳанд ва талаб доранд.

Дар асл маъракаи бадномсозии Ирон сарфи назар аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, сиёсатмадорони ғарб ва ё русӣ ба иҷро расидан, таҳиягари ин сиёсат доираҳои сиюнистии ҷаҳон ва ба манфиати Исроил аст. Зеро масъулини идораи ин созмонҳо ва раёсати давлатҳои ғарб ва Русия асосан яҳудитаборон буда, пиёдасозии сиёсати сиюнистон ҳадафи ниҳоии онҳо мебошад. Аз ин рӯ, умед бурдан аз онҳо барои андешаи солимонаю воқеъбинона ба ҳодисаҳои ҷаҳонӣ, хусусан, ба вазъияти Шарқи Наздик ва Ирон баҳо додан берун аз қолаби аз тарафи сиюнистон тарҳрезишуда, пуч аст. Агар ИМА аз Ирон қасду хусумати дерина дошта сарчашмаи он аз сарнагун сохтани реҷаи шоҳ ва халалдор гаштани робитаҳои байни ду давлат оғоз ёбад, хусумати Исроил ба Ирон аз ҳароси он аст, ки рӯзе мерасад, ки ба таҷовузу зӯроварии беохири худ нисбати халқи араби фаластин ва дигар халқҳои ҳамсоя дер ё зуд ҷавоб додан пеш меояд. Сиёсати воқеии зӯроварии Исроил аз беҷавоб мондани он аст. Зеро ҷаҳони араб имрӯз ба ҳифзи шаъну шарафи миллии худ омода нест ва онҳо рақиби ҷиддии яҳудиҳо нестанд. Ягона давлати қудратманде, ки сиёсати зӯровариии Исроилро ошкоро маҳкум месозад, Ирон мебошад. Маҳз ҳамин омил, кӯшиши Ирон барои ба қудрати иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ ноил гаштан, Исроилро ба даҳшат андохтааст.

Вақте реҷаи сиёсии ироқӣ аз қолаби муросокорӣ бо Исроил ва итоат ба Амрико сар печид ва сиёсати онҳоро маҳкум сохт, сиюнистон тавонистанд аспи даванди амрикою инглис ва иттифоқчиёнашонро ба муқобили Ироқ барангезонанд, мамлакати тамаддуни исломӣ ва таърихи фарҳанги ҳазорсолаҳо доштаро ба хун оғушта созанд. Дар тули зиёда аз даҳ сол инҷониб садҳо ҳазор халқи осоиштаи ироқро несту нобуд намоянд. Дар қатори қурбониёни ин моҷаро ҳазорҳо нафар аскарони ҷавони амрикоию аврупоӣ низ ҳастанд, вале дар байни онҳо ягон яҳудиро дарёб кардан аз эҳтимол берун аст. Акнун одамон дар андешаанд, ки оё Исроил ва колонаи панҷуми сиюнистӣ қодир аст, ки боз аспи пештози муқобили ироқиро ба суйи Ирон равона созад. Оё ақли солим тафаккури ҷомеаи ғарбро тарк кардааст ва сиюнистон ин дафъа низ метавонанд, халқу миллатҳои дигарро ба ҳам барангезанд ва фарзандони онҳоро қурбон созанд. Муаллифи ин сатрҳо чанде пеш дар атрофи ин қазия андеша ронда, навишта будам, ки дар ҷаҳони муосир муҳорибаи дунёи масеҳӣ ва исломӣ дар шаклу мазмуни мухталиф идома дорад ("Миллат". 25 январ № 4 (73), 1 феврал № 5 (74) ва 8 феврал № 6 (75) соли 2007). Ва пешоҳанги ин муҳориба маҳз Исроил ва доираҳои хайрхоҳӣ он мебошанд. Имрӯзҳо он навиштаҳо боз ҳам бештар тасдиқ гашта истодаанд. Ва нақшаи ҷазодиҳии Ирон яке аз шаклҳои ҳамон муҳориба мебошад.

Аҷаб таъриху аҷаб сабақе. Яҳудиҳои ҷаҳон худро халқи аз ҳама бештар озору ҷабрдида ва қурбонидодаи ҷанги дуюми ҷаҳон медонанд. Ва ҳатто қиссаи холокостро эҷод кардаанд. Аммо аз анҷоми он ҷанг то имрӯз таърихи давлати эътирофнашудаи Исроил пур аз саҳифаҳои таҷовуз ва зӯроварӣ нисбати халқҳои араби ҳамсоя мебошад. Бо истифода аз яроқи мудҳиши ҳозиразамони дурзан халқу кишварҳои ҳамсояро ба даҳшат андохта, садҳо ҳазор бегунҳонро несту нобуд кардааст. Гарчи сароҳанги ҷанги ғарб бо Ироқ асосан Исроил аст, аммо дар ин муҳориба ягон яҳудӣ иштирок ва хун нарехтааст. Ин дафъа ҳам Исроил дар умеди ба муқобили Ирон сафарбар ва қурбон кардани умри ҷавонони аз макру фиреб бехабари давлатҳои ғарб мебошад.

Дар асл оё барномаи ҳастаии Ирон боиси чунин ташвиш аст. Барои ин оё ягон асоси воқеӣ вуҷуд дорад. Аввалан он ки Ирон ҳануз ин яроқро насохтааст ва барои анҷоми ин кор боз солҳои зиёд лозим аст. Дуюм, чаро ба изҳороти расмии роҳбарияти Ирон дар хусуси таъиноти осоишта доштани барномаи ҳастаии он бовар намекунанд. Ин изҳорот чандин бор баъди аз тарафи комиссиюни расмӣ санҷида шудани ин барнома аз забони раиси собиқи МАГАТЭ Ал-Барадаи ҳам садо дода буд. Вале ба монанди қазияи яроқи кимиёвии Ироқ ин дафъа низ ҷомеаи ҷаҳонро ба иштибоҳ андохта истодаанд. Сеюм, чигуна кодекси ахлоқие фармудааст, ки давлати эътирофнашудае, ки ҳаҷму нуфузаш ба монанди як музофоти Ирон нест, даҳҳо сол инҷониб дорои ҳам яроқи мудҳиши ядроӣ ва ҳам кимиёвӣ бошад, вале мамлакати бузурге чун Ирон ин ҳуқуқро надошта бошад. Оё ин саргумӣ дар ҳисоби манфиатҳо қалбакӣ будани мавқеи дунёвии давлатҳои ғарб ва иттифоқчиёни онҳоро нишон намедиҳад.

Ба назар чунин мерасад, ки сиёсати байналмилалӣ дар хусуси пешгирии паҳн гаштани яроқи ҳастаӣ ва дигар яроқҳои мудҳиш фақат ба муқобили кӯшиши давлатҳои рӯ ба тараққӣ барои ноил гаштан ба истеҳсоли он равона карда шудаасту халос. Дар асл бошад, пешгирии паҳнгардии ингуна яроқ ин роҳ надодан ба хариду фурӯш ва дигар роҳҳои доду гирифти он мебошад. Давлатҳои абарқудрат рӯз аз рӯз бозори фурӯши ҳар гуна яроқ, аз ҷумла, воситаҳои техникии барандаи он, тупу ракету чархболу ҳавопаймоҳоро ривоҷ дода, боигарии худро афзун менамоянд. Аллакай бозори фурӯши яроқ дар байни ин давлатҳо тақсим шудааст ва акнун рақобат фақат барои харидори нав пайдо кардан мебошад. Давлатҳое, ки барои соҳиб гаштан ба яроқи истеҳсоли худ камар бастаанд, барои иштирокдорони ин бозор хавфнок мебошанд. Зеро ки онҳо аз харидани яроқи хориҷӣ даст мекашанд ва дигаронро низ аз ин бозор дилхунук месозанд. Ана яке аз сабабҳои дигари хашму ғазаби давлатҳои ғарб ва иттифоқчиёни онҳо нисбати Ирон ва Курияи Шимолӣ дар чӣ мебошад.

Ҳамаи ин саволҳо инсонро водор месозад, ки дар атрофи ин омилҳо андеша ронад ва аз қолабҳои дурангаю бисёррангаи давлатҳои абарқудрат ва иттифоқчиёни онҳо ба ҳайрат ояд. Вале агар шахс дарк намояд, ки ин иқдомҳо идомаи ҳамон муҳорибаи ду дунё: масеҳӣ ва исломӣ аст, пас барои худ хулосаҳои муфид бароварда метавонад.

Камина барои дуруст дарк кардани моҳият ва мазмуни барномаи ҳастаии Ирон ва маъракаи бадномсозии ин давлати қадимаи аҳли фарҳанг дар назди худ якчанд гурӯҳ саволҳо гузоштам, ки ба онҳо ҷавоб ёбам ва ба хонандаи ҳушманду андешаманди ин қазия низ муроҷиат намоям, ки дар атрофи чунин саволҳо мулоҳиза намоянд. Якум, оё имрӯз Ирон ба истеҳсоли яроқи ҳастаӣ комъёб гаштааст? Оё барномаи ҳастаӣ ва қудрати Ирон ба ягон мамлакат хавфи воқеӣ дорад? Оё Ирон дар садсолаи охир ба ягон давлат таҷовуз кардааст? Оё Ирон иттифоқчии стратегӣ дорад? Дуюм, Исроил аз Ирон чи мехоҳад ва чаро аз амалӣ гаштани барномаи ҳастаии Ирон дар ҳарос аст? Оё амнияти Исроил ва бехатарии ҷаҳон як аст? Оё Ғарб ва Русия бе пешоҳангии Исроил дар ҷаҳон ягон мавқеи мустақили байналмилалӣ доранд? Оё элитаи сиёсии ғарбӣ ва русӣ бе нирӯи сиюнистӣ қобилияти амалисозии сиёсати хориҷӣ доранд? Сеюм, мавқеи ягонаи давлатҳои исломӣ нисбати барномаи ҳастаии Ирон чигуна аст? Оё ҷаҳони ислом дар дифои таҷовузи аҷнабиён ба давлати исломӣ ягон масъулият доранд? Дар сурати таҷовуз ба Ирон мамлакатҳои араб киро дастгирӣ хоҳанд кард? Мавқеи Покистон ҳамчун давлати ягонаи исломии дорои яроқи ҳастаӣ дар қазияи мамлакати ҳамсояааш-Ирон чигуна хоҳад буд? Оиди ҳамраъйии мусулмонон дар ҳолати таҷовузи аҷнабиён ба мамлакати исломӣ дар Куръон ва суннати Пайғомбари ислом (с.) чӣ гуфта шудааст? Дар яке аз ҳадисҳои Паёмбари гиромӣ (с.) омадааст, ки "Мӯъминон дар дӯстӣ ва тараҳум ба якдигар чун аъзои пайкаранд: вақте яке ранҷур шавад, дигарон ҳам дар бехобиву таби он ширкат (ҳамроҳӣ) мекунанд". Чорум, магар дарси ибрати Ироқ ва Афғонистон барои Ғарб ва хусусан, ба амрикоиён сабақ нест? Магар ИМА ва иттифоқчиёни он дар қазияи Ирон аз нирӯҳои ҳарбии худ дар Ироқ ва Афғонистон суиистифода кардани ҳастанд? Иқдоми Президенти нави ИМА дар хусуси бо роҳи афзудани шумораи ҷангиён ноил гаштан ба ҳалли қазияи Афғонистон оё варианти истифодаи ин нирӯҳоро бар муқобили Ирон ва бо ҳамин роҳ бо як тир ду нишон заданро надорад? Панҷум, оппозитсиюни Иронро кӣ ба муқовимати шадид бо ҳукуматдорон тела мекунад? Оё ранҷу озурдагии оппозитсиюни Ирон аз реҷаи сиёсии мамлакат дар лаҳзаи тақдирсози миллат метавонад, боиси дастгирии таҷовузкорон гардад? Оё муҳоҷирони иронӣ дар Ғарб гаравгон нестанд?

Ин саволҳо ҳар яки мо ҳамватанонро, ки дар зери таъсири сатрҳои безаволи "Шоҳнома", "Сиёсатнома", "Кобуснома", "Сафарнома", "Бустон", "Гулистон" ва дигар муъҷизаҳои насру назми форсу тоҷик тарбия гирифта ба камол расидаем ва таърихи худро ҳеҷ вақт берун аз таърихи Ирон тасаввур накардаем, ба андеша водор месозад. Аз ҳама муҳим он аст, ки агар таҷовузи Ғарб ба Ирон рух диҳад, мавқеи Тоҷикистон чигуна хоҳад буд? Оё вобастагии Тоҷикистон ба Русия, ИМА ва дигар давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба дастгирии мавқеи Ирон монеъ шуда метавонад? Дар сурати таҷовуз ба Ирон оё мамлакати мо ба гузаронидани борҳои гуманитарӣ ба Афғонистон ба давлатҳои коалитсияи зиддитеррористӣ иҷозат медиҳад?

Ҳоло Ирони кӯҳан дар арафаи санҷиши гароне қарор дорад, албатта миллати сарбаланди он дар пеши таҷовузкорон сар хам нахоҳад кард ва барои пирӯзӣ бар аду худро сафарбар хоҳад кард. Дар ҳадиси дигари худ Паёмбари ислом (с.) мефармоянд, ки "Худо ҳар вақт барои миллате хайр хоҳад, гирифторашон кунад. То озмудаву варзида шаванд ва битавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд". Шояд ки ақли солим пеши азми таҷовузкорон ва иттифоқчиёни онҳоро гирад ва таҷовуз ба вуқӯъ напайвандад ва агар пайвандад онҳоро шармсору саркуб гардонад. Парвардигори олам аллакай як кӯшиши моҷарои сиёсӣ-ҳарбии амрикоиро барои кашида гирифтани гаравгонҳои корпуси дипломатии худ аз Ирон чанд сол пеш бе ҳеҷ гуна амалиёти ҳарбии ирониён дар он муҳориба ба шикасти мудҳиш дучор карда буд. Агар ин дафъа низ роҳи муколимаву мусолиҳа инкор ва роҳи зӯрӣ пеш гирифта шавад, Иншоолоҳ иқдоми зӯроварӣ завол меёбад.


Ашӯрбой ИМОМОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97