СУЛТОН КАРЗАЙ Обама «Султони Афғонистон»-ро таъин кард

Комиссиюни интихоботии Афғонистон, Ҳомиди Карзайро ба унвони раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб кард. Комиссиюни мазкур вақте чунин тасмим гирифт, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақиби Ҳомиди Карзай аз ширкат дар интихоботе, ки қарор буд, рӯзи 7 ноябр баргузор шавад даст кашид.

ЧӢ ГУНА ҲОМИДИ КАРЗАЙ «СУЛТОН КАРЗАЙ» ШУД?!

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон, ки умдатан мавриди ҳимояти ҷомеаи ғайри паштуни Афғонистон қарор дошт, барои ширкат дар даври дуввум ду шарти аслӣ гузошт. Яке барканории Раис ва муовинони раиси Комиссиюни интихоботӣ, дуввум муваққатан барканории вазирони дохила, маориф ва сарҳадот, ки дар интихоботи даври аввал дахолат карда буданд. Аммо Ҳомид Карзай шароити ӯро қабул накард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо дарки ин ки тақаллуби даври аввал дар даври дуввум низ такрор хоҳад шуд, бо вуҷуде, ки ҷомеаи Ғарб даҳшатзада шуд, аммо аз ширкат дар интихобот сарфи назар кард. Билофосила баъди як рӯзи ин тасмими доктор Абдуллоҳ, Амрико ба Кобул, Банги Мунро фиристод ва ба Комиссиюни интихоботии Афғонистон дастур дод, ки Карзайро раиси ҷумҳур эълон кунад. Зеро тасмими доктор Абдуллоҳ Арикоро шокӣ карда буд ва Амрико ҳам хост ба гунае ба Абдуллоҳ, ки интизор дошт, интихобот куллан лағв ва интихоботи нав таъин шавад, посух дод. Он посух ҳам тӯҳфаи ногаҳонии Карзай буд. Бар асоси Қонуни асосии Афғонистон номзаде барандаи интихобот эълон мешавад, ки панҷоҳ бар иловаи як овози интихобкунандагонро соҳиб шуда бошад. Аммо Карзай 49 % овозҳоро соҳиб шудааст.

Аҳмади Беҳзод, вакили Маҷлиси намояндагони Афғонистон мегӯяд, акнун дар маҳофили Кобул, «Ҷалолатмаъоб раиси ҷамҳур Карзай» намегӯянд, балки ба истеҳзо аз ӯ ба унвони «Султон Карзай» ёд мекунанд. Зеро ӯ интихоб нашудааст ва амри қонунӣ надорад, ки раиси ҷамҳур бошад. Балки интисоб шудааст. Яъне насб, гузошта, таъин ва ҳарчи мехоҳед бигӯед ба ҷуз аз интихоб. Худи Карзай ҳам дар рӯбарӯи дурбини телевизионҳои дунё гуфт, ки «агар бигӯям, ки барандаи интихоботи Афғонистон ҳастам, нодуруст хоҳад буд».

МУШКИЛИ НАВИ АФҒОНИСТОН

Ба ҳамин тартиб, гӯё мушкили интихоботи Афғонистон моли таърих шуд, аммо ин мушкил мушкилотеро халқ кард, ки акнун мардуми Афғонистон дар рӯбарӯи он қарор гирифтаанд. Ҷомеъаи Ғарб билфосила, Карзайро табрик гуфт. Барак Обама ва ба думболи он Горден Браун ва ҳам Дмитрий Медведев ҳама пушти якдигар. Аммо Обама роҳе дигаре ҳам надошт, ба ҷуз ин ки Карзайро «султони Афғонистон» таъин кунад ва ӯро табрик бигӯянд. Чун Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз рақобат канор рафта буд ва канорагирии ӯ талошҳои Амрикоро дар ҳамаи зинаҳо, аз ҷумла баргузории интихобот ба чоҳи сиёҳ меандохт. Ба ҳамин далел танҳо гузинаи Амрико барои бархурд ба қазия ҳамин буд, то ба ин восита аз идомаи бӯҳрон бояд худорӣ мекарданд, Аниқтараш аз бадномии бештари интихобот ва демократия ва бадтар шудани авзоъ.

Дар ҳоле ки ҷонибдорони Карзай аз пирӯзӣ хушҳолӣ мекарданд, «Вошингтон пост» навишт, ин ки ҳукуматҳо ба якдигарашон табрик мегӯянд, як урфи сиёсӣ аст. Аммо табрик гуфтани ҳама президентҳо дар як тарафи тарозу ва эътирофи Карзай аз сӯи доктор Абдуллоҳ ва ҷонибдоронаш дар тарафи дигари тарозу қарор хоҳад дошт. Ва билохира Абдуллоҳ Абдуллоҳ эълон кард, ки як Комиссиюне, ки худаш дар тақаллуб муттаҳам буд, ҳаққи интисоби Карзайро ба унвони раиси ҷумҳур надошт. Ва Ҳомиди Карзай як раиси ҷумҳури машруъ ё қонунии Афғонистон нест. Ин баёния сароғози як бӯҳрон ва мушкили нави Афғонистон хоҳад буд. Он ҳам дар ҳоле ки доктор Абдуллоҳ мегӯяд, дар ҳеҷ ҳукумате, ки Карзай раиси он бошад, вуҷуд нахоҳад дошт.

«РАИСИ ҶУМҲУРИ ҒАЙРИ ҚОНУНӢ»

Ҳоруни Мирзода, раиси Маркази таҳлилҳои сиёсӣ ва истротежики Афғонистон мегӯяд, он чи дар Афғонистон иттифоқ уфтод, нишонгари он аст, ки режимҳои Афғонистон ва минтақа машрӯъияти худро аз мардумони худ намегиранд. Балки аз хориҷ ва умдатан аз Ғарб ва ё ҳар кишвари дигари пуштибонашон мегиранд. Зеро баҳси интихобот, се моҳ идома кард, вале бо ин ки Амрико Карзайро табрик гуфт, бӯҳрон гӯё пушти сар шуд, дар ҳоле ки зоҳиран чунин аст. Дар асл бӯҳрони Афғонистон амиқтар ва дохилтар меравад. Вақте режимҳои минтақа машрӯъияти худро аз кишварҳои хориҷ мегиранд, барои онҳо муҳим нест, ки мардумонашон дар дохил чӣ назар ва чӣ ҳоле доранд. Балки муҳим назар ва дидгоҳи кишварест, ки ин режимҳоро ҳимоят мекунад. Ин ҷо ҳаққи мардум поймол шудааст ва ҳеҷ интихоботе маънӣ надорад.

ИШТИБОҲ ВА АШКҲОИ ДОКТОР АБДУЛЛОҲ

Доктор Абдуллоҳ, вақте ки об дар чашмонаш ҳалқа мезад, буғз гулугираш карда буд, мехост тасмими худро эълон кунад, ки дар интихобот ширкат намекунад. Ва гуфт, ки сӣ сол мубориза ва ҷанги Афғонистон барои як ҳаққиқат буда, барои як рӯз, барои рӯзи интихоботи одилона. Чун режимҳои ҳоким натавониста буданд, ки адолатро таъмин кунанд. Аммо боз ҳам ба нишони эътироз аз беадолатии ҳукумат ва комиссиюни интихобот, гуфт доктор Абдуллоҳ, дар интихоботи рӯзи 7 ноябр ширкат намекунам.

Аммо вақте, рӯзи 4 ноябр дар муҳаватаи хонаи худ дар ҷамъи зиёди хабарнигорон сӯҳбат мекард ва боз ҳам аз ҳукумати ҳашт соли Карзай интиқод кард, касе аз ӯ суол кард, ки саҳм ва ғалати худро дар ин ноҳақиҳо то куҷо мебинад, чун ӯ ҳам чанд сол вазири Карзай буд? Доктор Абдуллоҳ гуфт, ман на танҳо дар ин ҳукумат будам, балки ин ҳукуматро сохтам. Иштибоҳи ман ин буд, ки Карзайро дар ҷаласаи Бон раиси ҳукумати муваққат кардам.

Валлоҳ, ки агар Абдуллоҳ ва Қонунӣ дар Бон аз Карзай пуштибонӣ намекарданд, дастори зебандаи Раббонӣ дар қасри гулхонаи Кобул ба телпакчаи нангини Карзай иваз намешуд. Ин ду нафар дар декабри соли 2001 Устод Раббониро маҷбур карданд, ки ба нафъи идораи муваққат ва Карзай канор биравад. Аммо се моҳ қабл аз он Ғарб, касеро аз байн бурд, ки медонист, ба ҳеҷ созише дар ҳаққи миллати худ тан дар нахоҳад дод. Ӯ Аҳмадшоҳи Масъуд буд, ки агар зинда буд, соҳиби тахти Кобул ҳанӯз ҳам Устод Раббонӣ будӣ. Вале дар соли 2004 Юнуси Қонунӣ ҳам, касе, ки дӯшодуши доктор Абдуллоҳҳ дар паҳлӯи Масъуд буд ва нақши муҳимро дар барандозии Устод Раббонӣ ва овардани Карзай боз ҳам бо Абдуллоҳ дошт, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кард ва дар баробари Карзай шикаст хӯрд. Дар интихоби Раиси маҷлиси Афғонистон, Карзай тамоми талошро кард, ки Қонуниро аз пай дароварад, аммо пуштибонии вакилони қавми ҳазора ва узбак ӯро раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон кард. Акнун доктор Абдуллоҳ, ашк мерезад. Мисле, ки дар чиҳилумин рӯзи даргузашти Масъуд дар тирамоҳи соли 2001 дар масҷиде дар Ҷангалаки Панҷшер дидамаш, ки дар воқеъ ашк мерехт. Он вақт ман низ ҳамроҳаш гириста будам. Аммо акнун намедонам бигӯям, ин ҳоле, ки ӯ имрӯз дорад, сазои сари некиҳояш ба Карзай аст ва ё хиёнаташ ба Пир Бурҳониддини Рабонӣ. Ё шояд ҳарду?

Ба ҳар ҳол дилам барои ӯ боз ҳам метапад.


Р. ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97