ОЁ СОЗМОНИ "АЛ - ҚОИДА" ВУҶУД ДОРАД?

Дар посухи суол инро бояд қайд кард, ки барои баррасии фаъолияти як созмон лозим аст, ки нахуст собиқаи таърихии он мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирад ва баъдан самт ва ҳадафҳои асосии он мавриди омӯзиши илмӣ ва тадқиқотӣ қарор дода шаванд. Умуман ҳадаф ва мақсади таъсиси ҳар як созмон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар таъмини мақсад ва ҳадафҳои дарозмуддат ба ҳисоб меравад. Баррасии собиқаи тамоми созмонҳо нишон медиҳад, ки ба хотири ба даст овардани ҳадафҳои дарозмуддат, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсис дода мешаванд, ки ташкили ин созмонҳо сатҳ ва ҷойгоҳи кишварҳои муассисро баланд мебардорад.

Аз ин хотир, аксари кишварҳои мутараққии дунё дар пайи таъсиси чунин созмонҳо ҳастанд. Барои намуна метавон аз созмони бонуфузи ҷаҳонӣ (Созмони Милали Муттаҳид), Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Урупо, Созмони Шанхай, Созмони Конфронси исломӣ, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва як қатор созмонҳои дигар ном бурд.

Бисёри аз кишварҳо дар танҳоӣ қодир ба анҷоми корҳо нестанд ва зарур мешуморанд, бо ҳамкории дигар кишварҳо проблемаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро ҳаллу фасл намоянд.

Агар хоҳем ин мавзӯъро дар таҳлили сиёсии худ роҷеъ ба созмони Ал - қоида рабт диҳем, дар ибтидо ҳадаф аз таъсиси ин созмонро баён мекунем ва баъдан ба паҳлӯҳои дигари созмон мепардозем.

"АЛ-ҚОИДА"

Ҳадаф ва мақсад аз таъсиси ин созмон тибқи бисёри нақли қавлҳо ва ақоиди роҳбарони олимартабаи он мубориза алайҳи зулм ва ситам дар Арабистони Саудӣ буд. Теъдоде аз сарватмандон ва пулдорони араб, ки ба хонаводаи Бин - Лоден тааллуқ доранд, ба хотири мубориза дар роҳи Худо ва берун рондани золимон аз сарзаминашон (манзур аз золимон дар ин ҷо, подшоҳони худи Арабистони Саудист) ҷамъ шуданд ва бо маблағҳое, ки аз худ доштанд ва бо ҷамъоварии маблағҳое, ки аз ҳисоби закот ба даст омада буд, пояҳои асосии ин созмонро тарҳрезӣ намуданд.

Аз ҳисоби пулҳои закот, маблағҳои шахсӣ ва кӯмакҳои хайрия қудрати молии ин созмон афзоиш пайдо кард ва мавқеи хоссаро дар миёни мамолики араб пайдо намуд.

Бо бештар гардидани пайравон ва ҷонибдорони ин созмон ин ҷараёни фикрӣ ва ақидавӣ дар даврони солҳои ҷанги Афғонистон алайҳи Шӯравӣ муборизаҳои низомии худро бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи бархе созмонҳои амниятии кишварҳои абарқудрат оғоз намуд. Бо тағйир додани самти муборизаҳои худ раванди низоъҳо аз дохили Арабистони Саудӣ ба берун кашида мешавад. Аввалин ячейкаҳои он дар Покистон ба вуҷуд меоянд.

"АЛ - ҚОИДА" БА ХОРИҶ КӮЧ БАСТ

Бо муборизаҳои геополитикӣ ва геостратегӣ ва идомаи назарияҳои сиёсии ҳортленд ва ремленд (назарияҳои баҳрӣ ва хушкӣ), ки дар муносибатҳои байналмилалӣ ин мавзӯъот хело машҳуранд, самти фаъолияти ин созмон аз дохили Арабистони Саудӣ ба Покистон ва баъдан ба дохили Афғонистон кашида мешаванд. Бо пуштибонӣ ва ҳимояти муҷоҳиддин дар набарди чандин солаи афғонҳо алайҳи Шӯравӣ теъдоди зиёде аз пайравони ин созмон бо роҳбарии Усома Бин - Лоден дар амалиётҳои низомӣ иштирок меварзанд ва ҳимоятҳои моддӣ ва маънавии худро дар он солҳо дареғ надошта ва то ҳанӯз ҳам дареғ намедоранд.

Аз навиштаи аксари муҳаққиқон ва коршиносони масоили умури Афғонистон чунин бармеояд, ки дар даврони ҷиҳоди афғонҳо бар нируҳои Шӯравӣ ин созмон аз мавқеияти муҷоҳиддин пуштибонӣ ба амал меовардааст. Албатта қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳоли ҳозир ҳам ин созмон фаъолияти худро дар Покистон ва Афғонистон то ҳанӯз қатъ насохтааст.

Хулоса, бо мурури кӯтоҳе ба сабаби таърихии фаъолияти ин созмон ба асли матлаб мепардозем. Бо равшан шудани собиқаи таърихии он бо ҳадафҳо ва самтҳои асосии фаъолияти ин созмон ишора мекунем.

ҲАДАФ: БАРАНДОХТАНИ ҲУКУМАТҲОИ ҒАЙРИДИНӢ

Асосан ин созмон дар пояи эътиқодоти динӣ тарҳрезӣ шуда, мақсади он барандозӣ ҳукуматҳои ғайридинӣ ва дар ниҳоят барқарории ҳукумати исломӣ мебошад.

Тибқи иддаои аксари роҳбарони бонуфузи он, мақсад ва мароми онҳо барқарории давлатии исломӣ дар сурати ба вуҷуд омадани шароит дар ҳар гӯшае аз дунёст.

Низомномаи ин созмон бар асоси фармудаҳои Қуръони Карим ташкил шуда, мақсад ва мароми онҳо дар ниҳоят сарнагунии ҳукуматҳои подшоҳӣ ва барпо намудани ҳукумати исломист.

Аз ин лиҳоз, дар ҳар куҷое, ки шароити мубориза фароҳам ояд, он ҷо ҳузур меёбанд ва мақсадҳои ниҳоии худро пиёда месозанд. Имрӯза бо таҳлили авзои Ховари миёна ва бархе аз кишварҳои ҳамҷавор метавонем чунин натиҷагирӣ намуд, ки созмони Ал-Қоида ба хотири ҳадафҳои дарозмуддати худ даст ба амалҳои харобкорона зада, кишварҳои дар ҳоли рушдро аз сиёсатҳои дар пеш гирифтаашон боз медорад.

МУБОРИЗАИ МУСАЛЛАҲОНА - ОХИРИН РАВИШ

Муборизаҳои мусаллаҳона охирин равиш барои онҳост. Пойгоҳи дақиқ ва мушаххас барои онҳо вуҷуд надорад.

Ҳар куҷое, ки заминаи муборизаи мусаллаҳона фароҳам ояд, иқдом ба фаъолият менамоянд, дар шароити феълӣ ва равандҳои ноустувори муосир ҷараёнҳои печида дар ҳоли шаклгириянд.

Бозиҳои пушти пардаӣ ва геополитикии абарқудратҳо боиси он гардидааст, ки аз ин гуна созмонҳо кишварҳои қудратманд ба хубӣ истифода кунанд.

Созмони Ал-Қоида низ дар ҷараёнҳои печидаи глобалӣ бетаъсир намондааст. Таҳти таъсири кишварҳои қудратманд қарор гирифта, ба бозиҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ шомил гардидааст.

Доманаи фаъолияти он васеътар шуда, дар кишварҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Судон, Кашмир ва бархе аз кишварҳои дигари дунё ба таври махфиёна фаъолиятҳои худро пеш мебарад.

Дар кишварҳои Осиёи марказӣ тибқи бархе таҳлилҳо ва назарҳо ҳанӯз ба он шакле, ки дар минтақаи Ховари миёна ва Осиёи ғарбӣ фаъолият мебарад, вуҷуд надорад. Агар ҳам ҳузур дошта бошанд, хело ба таври махфиёна амал мекунанд.

Зеро бо ошкор шудани ин созмон хавфи дастгир шудан ва нобуд сохтани онҳо ба миён меояд. Аз сӯи дигар, ин созмон дар садри ҷадвали созмонҳои террористӣ дарҷ гардидааст.

Созмони Шанхай, ОДКБ ва ЕВРАЗЕС яке аз аҳдофашон мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва бунёдгароӣ мешавад. Аз ин рӯ ташкили ин гуна созмонҳо дар Осиёи марказӣ ба манфиати кор буда, аз иқдомҳои тахрибкоронаи онҳо ҷилавгирӣ ба амал меорад.


Абдуллоҳи Қодирӣ
сиёсатшинос
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97