"ШПИГЕЛ": КАРЗАЙ БАРОИ ИНТИХОБИ МУҶАДДАД РИШВАҲОИ МОЛИВУ СИЁСӢ МЕДИҲАД!

Ба назар мерасад Ҳомид Карзай, ки то пеш аз ин ба унвони фарде нолоиқ ва бекифоят муаррафӣ шуда буд, тавонистааст, бо ҳаракати моҳирона, бо мӯҳраҳои калидии худ дар Афғонистон шонси худро ба унвони шахсияти маҳбубу пирӯз дар интихоботи отӣ (дарпешистода, ЗД) афзоиш диҳад. Ҳафтаномаи олмонии "Шпигел" дар таҳлиле бо ишора ба интихоботи 29-и асад (20-уми август) - и Афғонистон ва таҳти унвони "Карзай бо саркардаҳои шибҳинизомиёни афғон созиш кардаву муттаҳид мешавад", овардааст:

Ба назар мерасад Ҳомид Карзай - раисҷумҳури феълии Афғонистон талош мекунад бо ҳар равиши мумкин пирӯзи интихоботи отии ин кишвар бошад, ба гунае, ки вай бо додани ришва ба номзадони рақиб ва инъиқоди қарордод бо саркардаҳову раҳбарони шибҳинизомиён талош мекунад, ба бахти аввали интихобот табдил шавад.

Дар бахши ибтидоии ин таҳлил омадааст: агар ба унвони касе, ки интихоботро ба унвони намоди шаффофияти сиёсӣ медонад, ба ситоди марказии камисиюни бетарафи интихобот дар шарқи Афғонистон саре бизанед, ҳадсу гумонҳову эҳтимолоти мусбате дар мавриди интихоботи Афғонистон нахоҳед дошт. Камисиюни мустақили интихобот (Independent Election Commission) ҳаммонанди як дижу қалъа сангарбандӣ шудааст ва пушти деворҳои бетонӣ ва чандин истгоҳи бозрасӣ, подгонҳое аз асокири Урдуи миллии ин кишвар ба чашм мехӯрад.

Ин дувумин бор пас аз суқути Толибон аст, ки Афғонистон шаҳрвандони худро ба пойи сандуқҳои раъй фаро мехонад. Рӯзи 20-уми август, мушаххас хоҳад шуд, ки чӣ касе барои панҷ соли оянда бояд ба Кохи раёсатҷумҳурии Кобул ворид шавад. Бо вуҷуди ин шароити нооромие, ки дар ин кишвар ва бавижа дар Ҳиндукуш вуҷуд дорад, метавон гуфт, ки натиҷаи интихобот дар бархе манотиқи ин кишвар номаълум аст. Чаро ки касе намедонад дар ҳини рақобатҳои интихоботӣ чӣ иттифоқе хоҳад уфтод. Ҳаниф Атмар - вазири дохилаи Афғонистон низ муътақид аст, ки аз сӯйи Толибон дар тобистони соли ҷорӣ хунбортарин рӯзҳоро шоҳид хоҳад буд.

"Шпигел" меафзояд: Афғонистоне, ки ба шиддат бо ҷанг, террор, фақр, бекорӣ дасту панҷа нарм мекунад, мунтазиру умедвор ба ҳузури раисҷумҳуре аст, ки дардҳои онҳоро дармон кунад.

Суоле, ки акнун матраҳ мешавад ин аст, ки ин раисҷумҳур чӣ касе метавонад бошад ва оё воқеан ҳама иқдомоти лозим ва амалӣ анҷом хоҳад шуд, то афғонҳо аз ин тариқ битавонанд озодона ва бо ҳаққи яксон барои рӯёҳои сиёсии отии худ тасмимгирӣ кунанд? Рӯёе, ки агар муайян шавад, Афғонистонро аз бунбасте ки дар он гирифтор шуда, наҷот хоҳад дод.

"Шпигел" дар посух овардааст: Акнун номзадони интихоботи Афғонистон мушаххас шудаанд. 41 марду зан худро номзади соиб шудани мансаби раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон намудаанд. Афроди бекифояте, ки ҳатто ба ақидаи Азизуллоҳ Лудин - раиси камисиюни интохоботи Афғонистон бояд "ҳарчӣ зудтар ба бемористони равонии Алиобод муроҷиа кунанд". Ба дигар забон ин номзадҳо фоқиди камтарин шоистагиҳо барои соҳиб шудани раёсатҷумҳурии Афғонистон мебошанд.

Ба навиштаи "Шпигел", дар интихоботи соли ҷории Афғонистон номи ҳудуди 17 миллион афғон барои раъй додан сабт шудааст. Аз онҷо, ки ҷамъияти воқеии Афғонистон номушаххас аст, аз ин рӯ рақами воҷидини шароити раъй низ ба таври комил номушаххас аст ва аз онҷо, ки дар муқоиса бо гузаштаву дар соли 2004 оро дар худи марокизи ахзи раъй шумурда мешавад, на дар марокизи вилоятӣ, бисёре аз нозирон аз эҳтимоли дасткории натоиҷи он ҳам дар сатҳи бисёр васеъ хабар додаанд. Бо ин ҳол Карзай талош мекунад, бо ройзаниҳои дуруст шароити интихоби худро ба унвони раисиҷумҳури отӣ беш аз пеш мусаҷҷал кунад.

"Шпигел" дар идомаи ин навиштор ба баррасии бархе номзадҳо пардохтааст: Барои мисол ҷенерол Рашид Дустум, ки раҳбари яке аз ақвоми шимоли Афғонистон аст, борҳо тайи ҷангҳои дохилӣ ва қабл аз он, ки бо урдуи 50 - ҳазор нафариаш ба амрикоиҳо дар ҷанг алайҳи Толибон бипайвандад, мавозеъи худро иваз кардааст. Вай, ки яке аз раҳбарони низомӣ ва хушунатталаб маҳсуб мешавад, дар даврони Карзай мансабҳои барҷастаи урдуиро дар даст гирифт, ба иллати пешомадҳои мухталифи соли гузашта ба назар банд шуд ва баъд аз он барои мудово ба Туркия рафт. Карзай тайи рӯзҳои гузашта вайро ба унвони раиси ситоди урдуӣ муаррафӣ кард. Амре, ки Ғарб бо тарсу ваҳшат бо он бархӯрд кард, аммо рӯзномаҳои Кобул онро интисоби оқилонаи раисиҷумҳур муаррафӣ карданду навиштанд: Бо ин иқдоми Карзай, Дустум фурсате меёбад, ки аз истеъдодҳои бисёри худ барои ҷалби манофеи Афғонистон баҳра бигирад.

Тамаъҷӯ кардани номзадони интихоботи Афғонистон бо пул ва бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз номзадии бархе аз намояндагони дигар, яке дигар аз аз иқдомоти Раисҷумҳури Афғонистон мебошад. Вай бо додани ваъда ба номзадони хатарнок, ки руқабои аслии вай ба шумор мерафтанд онҳоро аз идомаи хосташон барои интихоботи Афғонистон мунсариф кард. Дар ин миён барои мисол метавон ба волии Нангарҳор ишора кард. Тибқи изҳороти Карзай ба изои ҳаргуна сарфиназар аз номзадӣ, исми ин афрод дар феҳристи дарёфткунандаҳои пул ворид хоҳад шуд. Аввалин қимати пешниҳодшуда барои сарфи назар аз номзадӣ 11 (ёздаҳ) миллон доллар будааст!

Карзай баъд аз он, ки ба Фаҳиму Дустум ду мансаб ё пусти калидиро пешниҳод кард , акнун хоҳад тавонист дар 29- и асад (20- август) орои тоҷикҳо ва узбакҳоро аз они худ кунад. Карзай илова бар ин бо ин иқдоми худ заминаи муталошӣ шудани ҳизби мухолифро низ фароҳам овард, чаро ки Фаҳим низ ҳамчун Дустум аз сармадорони иттиҳодия ва эътилофи "Ҷабҳаи ваҳдати миллӣ" маҳсуб мешавад. Ҷабҳае, ки Карзайро фарде мурташеъ ва арӯсаки хаймаии шаббозии амрикоиҳо медонист.

"Шпигел" дар идома менависад: Карзай шахсияте аст, ки ҳатто амрикоиҳо низ бар вай хати батлон кашидаанд. Чаро, ки давлати вай аз паси ҳеҷ як аз масъулиятҳои хатири худ бар наёмадааст. На Толибону на фасоди моливу иртишоъ (порахӯрӣ). Ва бояд гуфт: Ин воқеияти талх сиҳҳат дорад, ки Карзай рӯзи 20-августи соли 2009 бари дигар гузина (ихтиёри) -и маҳбуби раъйдиҳандагон хоҳад буд.

"Шпигел" дар идома бо ишора ба ҳузури ду номзади матраҳи ин интихобот овардааст. Бо вуҷуди талошҳои Карзай вуҷуди ду номзади ин интихобот шароити интихоботи вайро сахтхар хоҳад кард, ки яке аз онҳо Ашраф Ғанӣ аст, ки дар Амрико таҳсил карда ва дар даврони Карзай ба унвони вазири молия хидмат мекарда аст.

Вай пештар Карзайро фарде бе салоҳият муаррафӣ карда буд; аммо эҳтимоли пирӯзии вай бисёр маҳдуд аст. Наздикии беш аз андозаи вай ба Амрикову тундхуйҳои вай аз далоили гуфтаи боло маҳсуб мешавад.

Гузинаи дигар Абдуллоҳ Абдуллоҳ аст, ки даврони Карзай вазири хориҷӣ буд. Фарде, ки ҳанӯз аз ҷабҳаи муттаҳиди миллӣ ҳимоят мекунад, аммо айби аслии вай низ ин аст, ки аз ин рӯ ба сахтӣ хоҳад тавонист қабоили муҳимми паштунро ба ҳимоят аз худ водорад.

Дар бахши поёнии ин таҳлил омадааст; Карзай ба андозае интихоби худро мусаҷҷал медонад, ки аҳдофи сиёсии рӯшани бештар аз сӯйи Карзай шунида мешавад, то рақибони вай.

Тибқи изҳороти Ғанӣ, вай дар садад аст, ки баъд аз интихоб шудан ба унвони раисҷумҳур як миллион фурсати шуғлӣ эҷод кунад ва як миллион опортумон низ барои мардуми афғон бино кунад. Бар хилофи ин барнома Абдуллоҳ тасмим доррад тағйиротро ба Афғонистон биоварад, ки шомили интиқоли муҷаддади қудрат ба марокизи вилоятҳост. Бо он, ки авзои имронии Афғонистон дар ҳоли беҳбуд аст, аммо аз лиҳози сиёсӣ ба назар мерасад, Ки аз замони суқути Толибон то кунун иқдомоти дархӯри таваҷҷӯҳе анҷом нашуда бошад. Нухбагони бособиқаи ин кишвар низ қудратро шахсӣ кардаанд ва ба назар мерасад, ки интихоботи 20- август низ битавонад дар он тағйире эҷод кунад.


Таҳияи
Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97