УЙҒУРҲО АЗ ҲУКУМАТИ ПЕКИН ДОД МЕХОҲАНД!

Тибқи иттилоъи расонаҳои расмии Чин, пулиси ин кишвар 1434 нафарро дар бастагӣ бо шӯришҳои рӯзи 5-ум ва 6-уми июл дар музофоти Шинҷон боздошт кардааст. Шин Ҳуо - хабаргузории давлатии Чин рӯзи 6-уми июл иттилоъ дод, ки байни мусулмонони ӯйғури музофоти Шинҷон, воқеъ дар қисмати ғарбии Чин ва сокинони чинитаборе, ки дар ин минтақа сукунат гузидаанд, даргирӣ рух дод. Дар ҷараёни даргирӣ то як саду чиҳил нафар кушта ва наздик ба ҳаштсад тани дигар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса пас аз интишори овозаҳое дар бораи ҳуҷуми як гурӯҳаки чиниҳо бар муҳоҷирони ӯйғур дар ҷануби ин кишвар ба вуқӯъ пайвастааст.

Нооромиҳо рӯзи душанбе ба шаҳри дигари Шинҷон - Кошғар дар ин низ сироят кард. Тазоҳуркунандагон мегӯянд, ки хостори адолат барои ду уйғуре будаанд, ки моҳи гузашта дар ҷараёни набарде бо ҳонҳои чинӣ дар як корхона дар ҷануби ин кишвар ба қатл расидаанд.Ин хунрезиҳо боъиси нигаронии байналмилалӣ шудааст ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама тарафҳо хостааст, то "хештандорӣ нишон диҳанд". Бино бар иттилои хабаргузориҳои расмиву дохили Чин дар идомаи ин хушунатҳо тазоҳуркунандагони ӯйғур ба раҳгузарон ҳамлаву ҳуҷум карда, якчанд мошину воситаҳои дигари нақлиётро ба оташ кашиданд ва ҳамзамон бо амалиёти пулиси минтақа даргирӣ ба поён расид. Рӯзи душанбе ҳудуди 200 нафар саъй кардаанд, то дар масҷиди "Ид ко", воқеъ дар шаҳри Кошғар гирдиҳам оянд, вале пулис онҳоро пароканда кард. Гуфта мешавад, ки пулис ҳамчунон иттилооте дар бораи талошҳо барои нооромӣ дар шаҳри Оксу ба бахши Йилӣ дар даст дорад, ки авохири даҳаи 1990 шоҳиди нооромиҳои байниқавмӣ буд. Дар ҳамин росто, уйғурҳои мухолифи давлати Чин, ки дар берун аз ин кишвар иқомат доранд, мегӯянд, ки кормандони пулис ба сӯйи касоне, ки дар тазоҳуроти мусолиматомез ширкат доштанд, оташ кушода, тирпаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти музофоти Шинҷон, ҷудоиталабони ӯйғур, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, масъули созмондиҳии ҳамлаи 6-уми июл мебошанд. Чиниҳои ин минтақа, ки "ҳон" ном доранд, аксарияти ҷамъияти Чинро ташкил медиҳанд. BBC дар пойгоҳи иттилоотӣ-интернетии худ дар бастагӣ ба ин ҳодиса навишт: "Мухолифони ҳукумати Чин дар Шинҷон давлати марказиро муттаҳам кардаанд, ки ба манзури тағйир дар таркиби қавмии ин музофот ва маҳви фарҳанги бумии он, ҳонҳоро муҳоҷират ба ин бахш аз Чин ташвиқ кардааст". Зикр мегардад, ки эътирозгарон бо истифода аз корд, хишт ва ботум (дубинка) ба дӯкону фурӯшгоҳҳо ҳуҷум карда, бо маъмурони амниятӣ задухӯрд карданд. Вале мухолифони ҳукумати Чин, ки дар берун аз ватани хеш ва бе ҳаққи бозгашт ба ватан зиндагӣ доранд, ин иттиҳомро радд мекунанд. Манбаи мазкур навиштааст, ки даргириҳои тозаи қавмӣ дар ғарби Чин хунинтарин даргириҳои бист соли ахир дар ин кишвари "миллиардер" дар доштани аҳолӣ будааст. Маъмурони ҳукуматии марказии Шинҷон шурӯъ шудани нооромиҳои рӯзи якшанберо ба шӯрангезӣ ва таҳрикоти яке аз раҳбарони уйғурҳо нисбат медиҳанд, ки ба ҳолати табъид ё бадарға дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иқомат дорад. Ҳукумати марказии Пекин мегӯяд, ки ин нооромиву даргириҳо маншаъи хориҷӣ доштааст. Мусулмонони бошандаи музофоти Шинҷон давлати Чинро ба талош барои нобудии хусусиёти фарҳангии худ муттаҳам кардаанд ва бархе созмонҳои тундрави ин бахш аз Чин хостори ҷудоии Шинҷон ва эҷоди кишвари мустақили Туркистон дар ин минтақа шудаанд. Бояд гуфт, ки Шинҷон минтақае кӯҳистонӣ ва биёбонист ва дар ҷавор Осиёи Марказӣ ҷойгир мебошад.


©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97