Кевин Коверт: Ояндаи Тоҷикистонро илм ва технология муайян мекунад

Мусоҳиба 22.11.2018 16:53

 

 (Мусоҳибаи ихтисосии кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт)

 

 

- Раиси Ҷумҳури ИМА Доналд Трамп баҳори соли ҷорӣ меморандумеро оид ба  “Мубориза бо таҷовузи иқтисодии Чин” ба имзо расонд, ки он нисбат ба маҳсулоти Чин маҳдудиятро имконпазир мекунад. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки ин ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин ба иқтисоди ҷаҳон зарба ворид мекунад. Паёмадҳои ин муносибот ба Тоҷикистон чи гуна хоҳанд буд, зеро мо бо Чин ҳамсарҳад ва муомилоти калони тиҷоратӣ дорем?

 - Ташаккур аз Шумо. Иёлоти Амрико, сарфи назар аз тиҷорат бо Чин, амалан дар ҳамаи муносибатҳои тиҷоратияш хостори муносибатҳои одилона ва мутақобилан судманд бо кишварҳоест, ки бо онҳо тиҷорат мекунад. Ин масъалаест, ки мо рӯи он кор мекунем ва умед дорем, ки Чин ҳам ба мо ҳамроҳ мешавад. Ман боварии комил дорам, ки ҳар вақте мо бо Чин дар масъалаи қарордоди тиҷоратӣ мувофиқат ҳосил кунем, он барои ҳамаи тарафҳо одилона хоҳад буд ва Тоҷикистон ҳам аз он манфиат ба даст хоҳад овард. Он муҳити сармоягузориеро ба вуҷуд хоҳад овард, ки барои Тоҷикистон кушода ва ба суди он хоҳад буд ва ман боварӣ дорам, ки масалан, вақте Чин ба ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ эҳтиром қоил мешавад, он омили калидии ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон хоҳад буд. Ҳамин тавр, бо роҳбарияти мо, бо роҳбарии Президент умед дорем, ки қарордоди тиҷоратии бештар одилона ва мутақобилан судмандро бо Чин ба даст меорем, ки он ба манфиати ҳамаи шарикон хоҳад буд.

- Оё ИМА омода аст Тоҷикистонро аз паёмадҳои нохуши ин ҷанги тиҷоратии Чину ИМА ҳимоят бикунад?

- Ман бояд инро бигӯям, ки мо бо Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо муносибатҳои хуб дорем. Аз ҷумла дар соҳаи иқтисодӣ ва мо ҳамарӯза бо Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ, густариш додани муносибатҳо, амалӣ кардани нақшаи фаъолияти Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунем. Ҳамин тавр мо аз дӯстии худ бо Тоҷикистон даст намекашем. Мо дасти ба даст барои устувор кардани иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҷалб намудани тиҷорату сармоягузорӣ кушиш ба харҷ медиҳем.

- Тибқи изҳороти Департаменти Давлатии ИМА ҳукумати кишвар ба барномаи С5+1 таваҷҷуҳи зиёд дорад. ИМА аз ин барнома чи интизор дорад ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ин барнома кадом аст?

- Ин як ташаббуси ҷолиби дипломатист! C5 + 1 (Cпанҷ ҷамъи як) ташаббуси дипломатиест, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо чандин роҳ ва дар чандин ҷанбаҳо гирди ҳам меорад. Ман, масалан, фикр мекунам, ки он ба рушди иқтисоди минтақа, бозори иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад, ки бар суди кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва Тоҷикистон дар он мавқеи роҳбарикунанда дорад. Масалан, CASA 1000 (CASA як ҳазор)- лоиҳаи нируи барқ. Мувофиқи он нируи барқи Тоҷикистон ба бозорҳои саросари Осиёи Марказӣ пайваст мешавад. Ва нуктаи ҷолиб он аст, ки худи кишварҳо хостори амалӣ шудани ин лоиҳа мебошанд. Онҳо ин ташаббусро дастгирӣ мекунанд. Онҳо дар C5 +1 иштирок мекунанд ва ин интегратсияро пеш мебаранд ва мо ба он мусоидат менамоем. Аммо ин комилан ба ихтиёри худи кишварҳост, ки рух додан, иҷро шудан ва амалӣ шудани онро таъмин мекунанд. Тавре ки ман қайд кардам, фикр мекунам Тоҷикистон дар ин амр мавқеи марказӣ мебозад ва ин боиси хушҳолии мост.

- Департаменти Давлатӣ эълон дошт, ки мулоқоти навбатии барномаи "С5+1" ба наздикӣ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Оё ба Шумо маълум нест нишасти навбатӣ дар куҷо баргузор шуданист?

 

Хуб, ман инро қадрдонӣ мекунам! Ман дастгирӣ ва шавқмандиро қадрдонӣ мекунам. Рости гап, Ҳукумати Тоҷикистон низ хоҳишмандии худро ба гузаронидани чорабиниҳои C5+ 1 изҳор намудааст. Дар гузашта, Тоҷикистон чорабиниҳои гурӯҳҳои кории C5+ 1-ро пазироӣ карда буд. Масалан, дар бобати масъалаҳои амният, ки дар саросари минтақа рух медиҳад ва барои ҳамаи кишварҳои минтақа муҳим аст, ба монанди амнияти марзӣ. Азбаски мо ҳанӯз муайян накардаем, ки кадом кишвар нишасти вазирони корҳои хориҷии C5 +1 пазироӣ мекунад, мо таваққӯи онро дорем, ки Тоҷикистон дар сатҳи олӣ иштирок мекунад ва ман хеле умедворем, ки Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик метавонад мизбони чорабиние бошад.  

- Умедворем, шумо дар баргузории ин мулоқоти бонуфуз дар Тоҷикистон мусоидат мекунед.

- Ман ҳамаи кӯшишҳоро ба харҷ медиҳам! Ваъда медиҳам. Ин чунин як кишвари зебост. Мо мехоҳем мардум ташриф оранд. Бале! Ман розиям. Дар соли гардишгарӣ инчунин.

Зимни нишасти Шӯрои миллии рушд, ки тобистони имсол дар Душанбе баргузор шуд, коршиносон таъкид карданд, ки бахши хусусӣ бояд дар трансформатсияи иқтисоди Тоҷикистон, дар сохтани модели “иноватсионӣ-саноатӣ” нақши калидиро иҷро кунад. Яке аз самтҳои аслии рушди бахши хусусӣ ин сармоягузорист. ИМА барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон кадом корҳоро анҷом додаасту чи нақшаҳое дорад?

- Ман бо шумо розиям, ки сармоягузорӣ дар фановариҳо ва технология роҳи пешрафти Тоҷикистон аст ва, рости гап, ҷавонони ин кишвар маро дар ҳайрат гузоштаанд. Онҳо ин қадар фикру ақидаҳои ҷолиб ва ташаббусҳои олӣ доранд, онҳо халлоқанд, ва мо мехоҳем онҳоро дастгирӣ кунем. Мо дар саросари кишвар марказҳои амрикоӣ дорем ва“STEAM fairs” – намоишгоҳҳои илм, технология, маориф, санъат, математикаро сармоягузорӣ мекунем. Дар ин чорабиниҳо ҷавонони дорои идеяҳои нав ҷамъ меоянд ва мо онҳоро бо сармоягузорону соҳибкорон муттаҳид мекунем, то ин ки ширкати нави худро ифтитоҳ дода, ғояҳои навоваронаи худро вориди бозор кунанд. Яъне мо мехоҳем ба нафъи ҷавонони Тоҷикистон сармоягузорӣ кунем. Мо мехоҳем диққати ширкатҳои технологии Иёлоти Муттаҳидаро ҷалб намоем ва барои навоварӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунем. Ҳоло ман ба шумо содиқона мегӯям. Ин ҷои осон барои ташкили бизнес нест. Ва корҳое ҳастанд, ки мо метавонем барои осонтар кардани ин кор анҷом диҳем. Дуруст? Мо бояд дар мавриди масъалаҳои андоз ва мушкилиҳои муҳити ҳуқуқию меъёрӣ ҳамроҳ кор кунем, то муҳити сармоягузорӣ осонтар шавад. Мо бояд риояти ҳуқуқи моликияти зеҳниро дар Тоҷикистон таъмин намоем. Мо бояд итминон дошта бошем, ки шаффофият ва қобили пешбинӣ будани сармоягузорӣ ва муҳити ҳуқуқию меъёрӣ таъмин карда шудааст. Ҳамин тавр, мо якҷоя бар рӯи ин масъалаҳо ҳамкорӣ мекунем, ва ман бо Президент Раҳмон мувофиқам, ки навоварӣ, илм ва технология роҳе барои ояндаи Тоҷикистон аст.

- Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ (Координационный совет) оид ба рушди Тоҷикистон, ҷаноби Ян-Петер Олтерс гуфт: «Тоҷикистон ба қувваи кории на танҳо солиму таҳсилкарда ниёз дорад, балки қуввае, ки аз имконияти навин бо самар истифода бурда тавонад. Бояд мақсади асосӣ аз худ кардани донишҳои навин бошад, на ин ки танҳо таҳсил.То он ҷое ман огаҳам баъзе аз ин корҳои донишомӯзиро Марказҳои амрикоӣ ва дигар барномаҳои омӯзишии сафорати ИМА дар Тоҷикистон солҳост иҷро мекунанд.

- Саволи олӣ! Шумо аз марказҳои амрикоӣ ёдовар шудед ва мо ин платформаро ҳамчун анҷуман ё имконияте барои донишҷӯёни тоҷик дар омӯзиши маҳоратҳои соҳибкорӣ истифода мекунем. Ва аксар вақт маҳфилҳои тиҷоратӣ ва роҳандозии кор дар ин марказҳои амрикоӣ амал мекунанд. Ҳамин тавр, онҳо метавонанд назарияи иқтисод, тарзи навиштани нақшаи тиҷорат ё ба истилоҳ “бизнесплан” ва маҳоратҳои мушаххаси бизнесро тавассути иштирок дар маҳфилҳои гуногун дар ҳашт Маркази амрикоӣ омӯзанд. Илова ба ин, мо як идда барномаҳои омӯзишӣ дорем, ки метавонанд ба донишҷӯёни тоҷик усулу маҳоратҳои бизнесро пешниҳод намоянд ва тавассути Барномаи табодули хонандагони синфҳои болоӣ FLEX, Барнома барои дараҷаи бакалаврии UGRAD, тавассути Барномаи Хамфри ва барномаҳои табодулии дигар мо метавонем донишҷӯёни тоҷикро ба Иёлоти Муттаҳида биоварем ва онҳо дар инҷо метавонанд бизнес омӯзанд, дар соҳаи бизнес дараҷаи таҳсилотӣ ба даст оранд ва маҳоратҳои амалии бизнесро аз худ намоянд.

 

 - Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон маҷмаи лоиҳаҳои сармоягузории кишвар дар соли 2017 68 лоиҳа дар ҳаҷми 2,8 миллиард долларо ташкил медод. Двр ин маҷмаа 25 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи кредитӣ ва 29 лоиҳаи маблағгузориҳои омехта шомил буданд. Саҳми маблағҳои ИМА дар ин самт чи қадар аст?

 

 - Ташаккур! Рости гапро гӯям, дар айни ҳол бо худ рақамҳоро надорам, аммо ман ба ин савол бозмегардам ва аз коршиносони соҳаи иқтисоди хеш хоҳиш мекунам, ки ба саволи Шумо бо рақамҳои дақиқ ҷавоб диҳанд. Аммо ман метавонам бигӯям, ки дар давоми 25 соли охир Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон (1,800000000) яку аз даҳ ҳашт миллиард доллар маблағро чун кумак барои пешрафти соҳаҳои гуногун ихтисос додааст. Ба соҳаи маориф, кишоварзӣ ва тандурустӣ. Инчунин мехоҳам илова кунам, ки Иёлоти Амрико шарики асосии саҳмдор дар муассисаҳои асосии байналмилалии молиявӣ мебошад ва кумакҳоеро мерасонад, ки ба назири он Шумо ишора намудед. Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд. Иёлоти Муттаҳида яке аз сармоягузорони бузург дар ҳамаи ин ташкилотҳо мебошад, аз ин рӯ мо ба таври ғайримустақим кумакеро, ки Шумо дар бораи он сухан меронед, таъмин менамоем.

- Фикр мекунам фурсати он расида, ки доир ба мавзуъҳои иҷтимоӣ суҳбатамонро идома бидиҳем. Тибқи мушоҳидаи ман, солҳои охир таваҷҷуҳи тоҷикистониён ба барномаи Green Сard хеле зиёд шудааст ва шумораи барандагони ин лоторея ҳам кам нестанд. Ин иштирокчиёнро пас аз пирӯзӣ дар ИМА чӣ интизор аст, оё кадом ниҳоде аз онҳо пуштибонӣ мекунад?

 

- Бале! Мамнун, бисёр саволи хуб! Пеш аз ҳама хеле хушҳолам эълон намоям, ки Лотореяи солонаи раводиди муҳоҷиратӣ идома меёбад ва мо ҳоло дархостномаҳоро ба ин лотореяи раводиди муҳоҷиратӣ қабул мекунем. Мо шумо ва шунавандагони шуморо ба мурур кардани сомона ва омӯхтани тарзи ирсоли дархостномаҳо барои иштирок дар ин барнома даъват менамоем. Ин барномаи хеле муваффақ аст. Дар соли 2018 мо ба ин барнома бештар аз 47 000 дархост гирифтем. Ва ман фикр мекунам, ки тариқи системаи лоторея 1 200 дархост қабул гардид ва ин дархосткунандагон ба мусоҳиба барои дарёфти раводид даъват шуданд. Ин барнома хеле машҳур аст. Он идома дорад ва зинда аст. Он ҳоло рӯй медиҳад. Ҳамин тавр, ин хабари хуб аст. Агар тавонистам ба саволи шумо ҷавоб диҳам, фикр мекунам, ки он саволи олӣ ва хелеодилона аст. Онҳое, ки ба ин барнома дархост мефиристанд, бояд донанд, ки ба кишвари нав кӯч мебанданд. Воридшавӣ ба фарҳангу ҷомеаи нав, ман бояд ба Шумо содиқона бигӯям. Ин ҳаёти нав аст. Ва он боиси мушкилиҳои нав мешавад ва ҳар як дархосткунанда бояд донад, ки чашмонаш ба сӯи ин мушкилиҳо боз аст. Мо манзили бепул таъмин намекунем. Мо онҳоеро, ки раводиди муҳоҷиратӣ ба даст меоранд, бо ҷойи кор таъмин намекунем. Чӣ ҳолат рӯй медиҳад? Ман хеле шодам, ки дархосткунандагоне, ки ин раводидро ба даст меоранд, ба Иёлоти Муттаҳида ворид мешаванд ва барои худ ҷамоате пайдо мекунанд. Онҳо бо ҷамоат пайваст мешаванд. Чӣ ҷамоати тоҷикон бошад, чӣ оила ва ё дӯст. Онҳо дармеёбанд, ки амрикоиҳо онҳоро истиқбол мекунанд. Онҳо мефаҳманд, ки метавонанд зиндагии навро оғоз кунанд. Ин имконият дорад. Он меҳнати сахт ва фидокориро талаб мекунад ва осон нест. Аммо онҳо одамонеро меёбанд, ки ба онҳо кумак мерасонанд ва Ҳукумат низ дар баъзе масъалаҳо ёрӣ мерасонад. Ҳукумати маҳаллӣ аксар мавридҳо кумак мерасонад. Мо мехоҳем бизнесҳо ва соҳибкоронро дастгирӣ кунем. Мо метавонем ба ташкили бизнеси нав кӯмак расонем. Мо метавонем дар бораи мактаби кӯдакон маълумот фароҳам кунем. Ҳамин тавр, онҷо манбаъҳо мавҷуданд, аммо ман розӣ ҳастам, ки ин ҳама мушкил аст. Хабари хуб он аст, ки онҷо ҷамоате ҳаст, ки онҳоро истиқбол мекунад.

 

-Дар ҳоли ҳозир шумораи сокинони тоҷиктабор дар ИМА чи қадар аст?

- Медонед, ман боз он рақамро дар даст надорам. Узр мепурсам, вале маълумоти дақиқро гуфтан наметавонам. Шумо метавонед омори аниқро бевосита аз сомонаҳои мухталиф пайдо намоед. Ҳарчанд боварӣ надорам, ки мо миқдори сокинони Амрикоро аз рӯи қавмият ё мансубияти қавмӣ пайгирӣ мекунем. Мо ин маълумотро ба таври расмӣ пайгирӣ намекунем. Инчунин дар хотир дошта бошед, ки онҳо тоҷикони амрикоиянд, шояд онҳое, ки дар Иёлоти Муттаҳида таваллуд шудаанд. Шояд тоҷик-ӯзбекони амрикоӣ бошанд. Аз ин рӯ ба даст овардани миқдори умумӣ мушкил аст. Ман гуфта метавонам, ки ҷамоати тоҷикони Амрико хеле фаъол, пӯё ва бо ҳам пайваст аст. Албатта ман бо аҳолии шаҳри Ню Йорк, шаҳрҳои калон вохӯрдаам ва дар бораи онҳо шунидаам. Дуруст? Аммо онҷо боз Денвер, Колорадо ҳаст, ки шаҳрҳои андозаашон миёна мебошанд. Дар шаҳри Денвер фарҳанги хеле фаъоли тоҷикӣ мавҷуд аст. Чойхонаи машҳур намунаи он аст. Инчунин дар Флорида, иёлате дар канори кишвар, тоҷикон зиндагӣ кардаанд ва зиндагӣ мекунанд ва дар кишвари мо рушд мекунанд. Онҳоро ҳамеша хайра мақдам мегӯем!

 

- Суоли навбатиам бештар мавриди таваҷҷӯҳи донишҷӯён аст. Як донишҷӯи тоҷик чӣ гуна метавонад ба яке аз барномаҳои омузишии кутоҳмудти ИМА шомил шавад. Оё чунин барномаҳои кутоҳмуддат дар аёми таътил вуҷуд дорад?

- Медонед, содиқона гӯям, бештарибарномаҳои табодулии момуддати тӯлонитари сафар ва муддати тӯлонитари омӯзиши барномаро ба назар гирифтаанд. Чӣ он таҳсил дар мактаби болоӣ тавассути Барномаи FLEX ё Барномаи UGRAD барои таҳсил дар донишгоҳи бакалаврӣ ва ё Барномаи Fulbright бошад. Мо баъзан бо олимони тоҷик мубодилаи таҷриба дорем ва он дар ҳақиқат барои анҷоми чанд чиз пешбинӣ шудааст. Он ба донишҷӯ барои омӯхтани фарҳанги амрикоӣ ва тарзи ҳаёти амрикоӣ ва ошноӣ бо мардум фурсати бештар медиҳад. Вақте кас ба кишвари мо ташриф меоварад, мо мехоҳем, ки онҳо ба ҷомеаи мо ворид шаванд ва бо мардуми Амрико шиносоӣ пайдо кунанд. Ин амр вақт мехоҳад. Ва мо инчунин мехоҳем, ки онҳо ҳамчун донишҷӯён ба таълимоти худ сармоягузорӣ кунанд ва дар давоми як муддати муайян барои сахту кӯшо кор кардан вақт пайдо кунанд. Бо ҳамин сабаб момоил ба доштани барномаҳои дарозмуддат ҳастем. То ҷое ки ман иттилоъ дорам, мо, масалан, барномаҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони англисӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида сармоягузорӣ шуда бошад, надорем. Ҳамаи барномаҳо оид ба таҳсил дар риштаи худ, барои гирифтани диплом ё барномаи муайяни таҳсилӣ мебошад. Бинобар ин барои анҷоми барномаҳо вақти тӯлонитар лозим аст.

Суҳбати

Шаҳноз Комилзода

барои маҷаллаи “Ҳаво”

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97