Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

«Як тоҷик дар командаи таблиғгарони Трамп»

Мусоҳиба 08.11.2016 17:59

То поёнии интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико лаҳзашуморӣ мешавад ва пас аз кӯтоҳмуддат соҳиби нави Кохи сафед мушаххас хоҳад шуд. Дар ростои ин санаи таърихӣ бо Абдулфатоҳ Шафиев, таҳлилгари умури сиёсӣ, ки хонандаи боҳуши рӯзнома бо нигоштаҳояш дар саҳифаҳои «Миллат» хуб ошноӣ дорад ва ҳоло дар Ню-Йорк ба сар мебарад, мусоҳибае анҷом додем, ки пешкаши шумо месозем. Абдулфаттоҳ Шафиев нахустин рӯзноманигори тоҷик аст, ки дар таърихи СММ ҳаққи инъикоси ҷаласаи солонаи Маҷмаъи умумии СММ-ро пайдо кардааст.

 Нахуст аз Абдулфаттоҳ пурсидам: – Ҳоло ки аз наздик аз фазои интихоботии Амрико нафас мекашед, барои хонандаи нашрияи «Миллат» бигӯед, ки дар он ҷо чӣ гуна фазое ҳукмрон аст?

 – Танҳо доир ба Ню-Йорк метавонам ҳарф бизанам, ки он ҷо қарор дорам. Кӯчаҳо пур аз таблиғоти электронист, ки мардумро ба интихобот мехонанд. Барномаҳои зиёде дар интернет роҳандозӣ шуда, ки нишон медиҳад, чӣ гуна ва дар куҷо метавонед раъй бидиҳед. Номзадон охирин талошашонро ба харҷ медиҳанд, то мардумро ба сӯи худ моил кунанд. Бисёре аз нуктаҳои раъйдиҳӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ ба монанди мактабҳо ҷойгир шудаанд ва шояд ба ин сабаб фардо мактабҳо таътил бошанд. Аммо, дар кул барои ҳамагӣ рӯзи таътилӣ нахоҳад буд. Мардум ҳақ хоҳад дошт, то соати нуҳи шаб пушти сандуқҳои раъйдиҳӣ биравад ва раъй бидиҳад. Бар илова, дар иёлатҳои зиёди дигаре мардум метавонист қаблан ҳам раъй бидиҳад. Имрӯз бо як журналисти маъруфи амрикоӣ суҳбат доштам, ки доир ба низоми интихобот мегуфт. Ӯ гуфт, баргаи интихоботро пур мекунӣ ва сипас, онро ба мошини махсус ворид месозӣ, ки иттилоъро искан мекунад ва раъйро мешуморад. Яъне, имконияти тақаллуб ба сифр (ҳеҷ) баробар аст ва на навиштани рақаму на вуруди баргаи иловагӣ дар дасти ҳеҷнафаре нест.

 – Фазои ҳоким дар Амрико аз чӣ дарак медиҳад, кӣ баранда хоҳад буд: Клинтон ё Трамп?

 – Ҳоло шояд аксарият мегӯянд, ки бону Клинтон пирӯз меояд. Аксари расонаҳои бонуфузи амрикоӣ, ки низ ҳаводори ӯ ҳастанд, ҳамин ҳарфро мегӯянд. Аммо, рости гап, ман наметавонам ҳадс бизанам, ки кадом касе барандаи интихобот хоҳад шуд. Аз рӯи назарсанҷиҳо Клинтон каме пешсафтар аз Трамп аст. Аммо бояд инро ба инобат гирифт, ки дар огоз ҳеҷ касе интизор надошт, ки Трамп, сарфи назар аз тамоми талошҳои ҳизби худаш барои ғолиб намадани ӯ, то ба дараҷаи номзадӣ мерасад. Ва сониян, ин ки аксариятиҳаводорони ӯ хеле ҳам ақидатӣҳастанд ва дар муқоиса бо интихоботкунандаҳои муътадил, ки шояд ба пои сандуқҳои раъйдиҳӣ бираванд ё нараванд, тарадфорони Трамп ҳатман дар интихобот иштирок мекунанд. Исми нафари аввали ҷаҳонро тақрибан пас аз 24 соати ин суҳбати ману шумо хоҳем фаҳмид.

 – Мунтақидони бону Клинтон мегӯянд, барномаи бону ҳеҷ тафовуте аз барномаи интихоботии Обама надорад, ва дунё ба ҳамин қарор хоҳад монд. Аммо бо омадани Трамп дунё ба гунаи дигар рақам хоҳад хурд? Нигоҳи ҷомеаи Амрико ба ин масъала чӣ гуна аст?

 – Барномаҳои номзадони Ҳизби демократии Амрико маъмулан ҷанбаъҳои иҷтимоӣ ва инсондӯстона доранд ва аз ин рӯ ба ҳамдигар монанд мебошанд. Мавзуъи дигар роҳандозии он барномаҳост. Амрико кишваре нест, ки бо як ҳарфи раисҷумҳураш замона дигар шавад ваҳама бо давидан аз пайи иҷрои он шаванд. Раисҷумҳур дар ин ҷо барои он ки ҳадафашро пиёда намояд, хеле ҳам арақи ҷабин мерезад ва дар ҳолатҳое ҳам муваффақ намешавад, чун шохаҳои ҳукумат дар ҳақиқат ҳам тақсим шудааст ва ба як нафар, ҳатто қудратмандтарин нафари дунё, имкон намедиҳад, ки ба танҳоӣ ва осонӣҳукумат биронад.

 – Ба ҳар сурат бархе Трампро як таҳдид ва бархе дигар ҳам «фариштаи наҷот» унвон кардаанд. Ва ба хусус дар Русия ва блоки наздик ба он умед доранд, ки бо ба қудрат расидани Трамп хараҷу мараҷи ба миён омада дар Ховари миёна ва Украина поён меёбад ва як дунёи дигаре хоҳем дошт. Ба назари Шумо то куҷо Трамп ва Ҳизби ҷумҳурихоҳ ин хушбиниро қаноат дода метавонад? Яъне ба эҳтимоли омадани Трамп дар сиёсати ҷаҳонӣ чӣ чиз тағйир хоҳад кард?

 – Трамп як тоҷир аст. Қабл аз ҳама манфиати тиҷоратии худ ва тоҷирони дигарро хоҳад дид. Тиҷорат дар ҷое хуб аст, ки оромӣ бошад. Ва он оромӣ бо чӣ баҳое ба даст меояд, дигар барояш муҳим нест. Трамп дар фикри дахолат ба умури кишварҳои дигар нахоҳад буд, ҳатто агар дар он кишварҳо тамоми мардумро як шоҳе сар бизанад. Ва Трамп нафаре хоҳад буд, ки боз дасти он шоҳро хоҳад фишурд. Амрикое, ки мо имрӯз медонем, ҳарчанд каме, аммо ба ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон эҳтиром қоил аст ва садо баланд мекунад. Бо омадани ин Трамп мазлумони дунё ва онҳое, ки ҳуқуқашон поймол мешаванд, як ҳомии пурқудратро шояд аз даст бидиҳанд.

– Тафовути номзадии як зан ба унвони номзади раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико бо сойири кишварҳои дигар дар чӣ аст? Нигоҳи ҷомеа ба ӯ ба унвони як зан аст ё ҳамсон бо номзади мард?

– Албатта, таваҷҷуҳе ҳам ба ҷинси яке аз номзадон ҳаст, ки дар ин ҷомеа чунин шонсе додан ба ҷинси латиф як бартарии ин номзад аст. Бар илова, бо назардошти занбозиҳои зиёди Трамп ва нигоҳи ӯ ба занон ба ҳайси объекти шаҳват тарафдорони ӯро, махсусан миёни занҳо камтар кардааст. Аммо барои интихобкунандаҳо масъалаи бартар аз ҷинси номзад аст ва инҳам лаёқати ӯ барои идораи кишвар, ҳунари ӯ барои амалӣ кардани ваъдаҳо, ва ҳамсонии ақидатӣ бо номзадон. Дар ин маврид метавон гуфт, аксари занҳо, аксари намояндагони динҳои дигар, аз ҷумла мусалмонҳо, аксари ақаллиятҳои миллӣ, махсусан амрикоиҳои лотин ва аксари амрикоиҳои сафедпӯст, ки озодандешии диниву мазҳабиву миллӣ доранд, бо Клинтон аст. Ҷонибдорони Трамп бошанд аксаран, бовар меравад, ки мардони сафедпӯсти таҳсилнодида бошанд. Аммо дар миёни ҷонибдорони Трамп афроди ҷолибро ҳам хоҳед дид, масалан ҳадди ақал як тоҷики амрикоиро медонам, ки ба ҷонибдории Трамп ҳар рӯз дар сафҳаи фейсбукияш матолиб мекорад.

Иловатан бигӯям, ки шояд ба тарфдории ҳар ду номзад онҳое ҳам раъй бидиҳанд, ки дар асл аз ин номзадон хушашон намеояд, аммо танҳо ба хотири он ки ба номзади дигар нафрати бештар доранд, ба андешаи худашон "аз ду бад бади камтарро" интихоб мекунанд.

 – Сипос барои суҳбати пурмуҳтаво.

– Ташаккур аз таваҷҷуҳатон.

 

Суҳбаторо А. Мирзо

 

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97