Қосимшоҳ Искандаров: Ҳукумат дар Афғонистон бояд «яксара» шавад

Мусоҳиба 13.09.2016 13:01

Ахиран Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон зимни изҳороти шадидуллаҳне ихтилофоти худ бо Ашраф Fанӣ, раиси ҷумҳури ин кишварро фош намуд.

 Доктор Абдулло аз ҷумла раиси ҷумҳурро шахси «беҳавсала» унвон кард ва гуфт; «касе, ки ҳавсалаи баҳсро надорад, лаёқати раёсатро низ надорад». Вай аз ҷумла раиси ҷумҳурро дар амал накардан ба усули Тавофуқномаи ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ ва иҷро накардани бандҳои ин Тавофуқнома муттаҳам кард. Бар асоси Тавофуқномаи ташкили Ҳукумати ваҳдати миллӣ, ки 20 сентябри соли 2014 имзо шуда буд, то кунун, яъне дар зарфи ду сол мебоист, Луи ҷиргаи Қонуни асосӣ даъват мешуд ва бо ислоҳоти Қонуни асосӣ ҳукумат ба шакли идораи раёсатӣ ё ба шакли идораи нимараёсатӣ табдил мешуд. Дар Қонуни асосӣ бояд мақоми Садриаъзамӣ ё нахсутвазирӣ ҷорӣ мешуд. Ислоҳоти низоми интихоботӣ ва Камисюни интихобот бояд амалӣ мешуд. Бар изофаи ин то кунун бояд паспортҳои электронӣ ба шаҳрвандон дода мешуд, ки бо вуҷуди имзо шудани қонун амалӣ нашудааст. Инчунин доктор Абдулло, аз худсарона ба мақомот тайин намудани афроди ба гуфтаи ӯ фосид аз суи Ғанӣ интиқод кард. Инчунин гуфта мешавад, ки Ғанӣ қудрати иҷроиро дар дастони худ қабз намуда ва вазирони хориҷа, дохила ва ғайраро дар иҷрои вазифаҳояшон маҳдуд кардааст. Вале мушкили аслӣ сари се нуктаи асосӣ, даъвати Луи ҷирга барои ислоҳоти Қонуни асосӣ ба манзури ҷорӣ намудани вазифаи садриаъзамӣ, ислоҳоти интихоботӣ ва тавзеҳи шиносномаҳои электронӣ мебошад.

Гап сари ин аст, ки ҷонибдорони доктор Абдулло зарфи чанд моҳи ахир дар ҳукумати Ваҳдати миллӣ худро дар ҳошияи тасмимгириҳо эҳсос намуданд ва акнун дар як ҳафтаи ахир аз саросари Афғонистон дар Кобул гирд омада ва хостори тағйири вазъият мебошанд. Изҳороти доктор Абдулло дар шароити фаъолтар шудани гуруҳҳои Толибон ва суқути чандин вулусволӣ дар шимолу ҷануб ба дасти онҳо, Афғонистонро амалан дар ростои як буҳрони нав қарор додааст. Амрико аз ду раҳбари Афғонистон, Fанӣ ва Абдулло хостааст, ки ба ҳамкории худ идома диҳанд ва ҳукуматро аз буҳрон берун кунанд. Ҷонибдорони Абдулло мегӯянд, ин гуна мавзеъгирӣ ба маънои аз ҳукумат берун шудан нест, балки ҳадаф амал намудан ба Тавофуқнома ва иҷрои ваъдаҳоест, ки ба мардум дода шудааст. Чӣ вазъиятеро метавон интизор дошт? Ба чанд суоли мо дар ин замина профессор Қосимшо Искандаров, мудири шуъбаи Ирон ва Афғонистон дар АИ ҶТ, ки коршиноси эътирофшудаи умури Афғонистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, посухи кутоҳ мегӯяд.

 – Оё вазъиятеро, ки дар саҳнаи сиёсии Афғонистон пеш омадааст, метавон буҳронӣ унвон намуд ва ба ибораи дигар оё мешавад гуфт, иҷрои Тавофуқномаи ташкили Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ба бунбаст ва ё буҳрон дучор шудааст?

 – Бешубҳа, вазъияти ба амал омада нишонаи буҳрони амиқи сиёсӣ дар Афғонистон аст. Бо наздикшавии дусолагии имзои Тавофуқнома байни ду тими интихоботӣ дар бораи ташкили Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон мушоҳида мешавад, ки даъвати Луи ҷирга ва ворид намудани тағйирот дар Қонуни асосии кишвар дар муҳлати муқарраршуда амалӣ нагардидааст. Ифшогариҳои Абдулло Абдулло нишонаи ба бунбаст расидани раванди иҷрои муқаррароти асосии Тавофуқнома аст.

 – Чаро зарфи як солу 10 моҳ ҳамин вазъият идома дошт, вале Абдулло Абдулло хомӯш буд ва акнун эътироз кард?

 – Шояд сабабаш он бошад, ки нируҳои қавии сиёсӣ интизори пурра шудани вақти муқарраршуда барои иҷрои бандҳои Тавофуқнома, махсусан даъвати Луи ҷирга ва қонуни сохтани мақоми нахуствазир мебошанд. Имрӯз ин нируҳои сиёсӣ омодагӣ мегиранд. Вокуниши тезу тунди намояндагони ин нируҳоро баъд аз он ки Ҷон Керрӣ муҳлати фаъолияти Ҳукумати ваҳдати миллиро 5 сол хонд, мушоҳида намудед. Аз як тараф, Абдулло Абдулло мехоҳад то ҷое масъулияти иҷро нашудани муқаррароти Тавофуқномаро ба души Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бор кунад, зеро ба қавли маъруф «тоқаташ тоқ шудааст». Аз тарафи дигар, миллионҳо нафар касоне, ки барои Абдулло дар шароити бисёр сахт, ҳатто бо қиммати аз даст додани ангуштони худ, овоз дода буданд, аз ӯ норозӣ мебошанд. Ҳатто аз роҳбарони тими «Ислоҳот ва ҳамгироӣ» фосила гирифт. Акнун кӯшиш мекунад худро ба онҳо наздик бисозад.

 – Дар гузашта ҳам доктор Абдулло хати сурх тайин карда буд ва гуфта буд, ки «қитъа-қитъа» мешавам, аммо ҳукумати тақаллубиро қабул намекунам, вале билохира қабул кард. Ин навбат низ хати сурхе тайин хоҳад кард ва он чӣ метавонад бошад?

 – Маълум аст, ки Абдулло Абдулло дар он замон таҳти таъсири кадом омилҳо ва фишори кадом нируҳо чунин изҳорот дода буд. Агар истодагарии шахсиятҳои пурнуфуз ва мардум намебуд Абдулло Абдулло ҳамон кореро мекард, ки баъд аз даври аввали интихоботи президентӣ дар соли 2009 карда буд. Вазъияти имрӯза боз ҳам печидатар аст ва худи Абдулло Абдулло танҳо наметавонад «хатти сурх» таъин кунад, зеро ҳеч тазмине вуҷуд надорад, ки Ашраф Ғанӣ зарбулаҷали ӯро қабул мекунад. Дар бораи паёмадҳои сиёсаташ ҳам бояд фикр кунад.

 – Фарз кардем, ки агар Fанӣ шароити Абдуллоро напазирад, ҳатто бигӯяд, ки Тавофуқномаро иҷро намекунад, дар муқобил Абдулло ва ҷонибдоронаш аз назари қонунӣ чӣ метавонанд бикунанд: Баромадан ба хиёбонҳо, хориҷ шудан аз Ҳукумати Ваҳдати миллӣ?

 – Фикр намекунам, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бигӯяд, ки тавофуқномаро иҷро намекунам. Фақат ҷонибҳо муқаррароти Тавофуқномаро ҳар гуна шарҳ медиҳанд. Сарони Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба ин назаранд, ки умри ин ҳукумат то панҷ сол аст ва агар дар зарфи ду сол натавонистанд Луи ҷиргаро даъват кунанд, машруъияти ҳукумат боқӣ мемонад ва бо фароҳам шудани шароит Луи ҷиргаро даъват хоҳанд кард. Аммо нируҳои дигари муқтадире ҳастанд, ки хилофи инро мегӯянд. Назари онҳо ин аст, ки агар дар зарфи ду сол ислоҳоти сиёсӣ анҷом нашавад ва низоми сиёсӣ садоратӣ нашавад (албатта ин масъаларо Луи ҷирга ҳал мекунад), Ҳукумати ваҳдати миллӣ машруъиташро аз даст медиҳад ва бояд интихоботи нав доир шавад.

Чизе ки тими «Ислоҳот ва ҳамгироӣ»-ро нигарон кардааст ин ба кундӣ пеш рафтани ҷараёни ислоҳоти сиёсӣ аст: Қонуни интихобот ислоҳ нашудааст ва интихоботи порлумонӣ доир шуда наметавонад, шиносномаҳои электронӣ тақсим намешаванд, то ҳол ҳукумат пурра ташкил нашудааст, бисёр вилоятҳо ва идороти муҳимми давлатиро сарпарастон идора мекунанд, аз ҳама муҳиммаш ҷанг шиддат пайдо кардааст ва дар бораи оғози музокироти сулҳ ҳеч рушание нест, дар ин охирҳо ихтилофоти қавмӣ дар ҳоли шиддат гирифтан мебошад. Бояд чораҳои муассир ва зуд андешида шаванд, вагарна нуфузи гуруҳҳои мусаллаҳи мухолиф зиёдтар хоҳад шуд ва бақои ин давлат зери савол хоҳад омад.

Баромадан ба хиёбонҳо чизеро ҳал намекунад, баромадан аз Ҳукумати ваҳдати миллӣ маънои аз байн рафтани онро дорад, зеро ин ҳукумат дар заминаи тавофуқи сиёсии 50 ба 50 ба вуҷуд омадааст. Фикр намекунам, ки имрӯз аз байн рафтани Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба нафъи миллат бошад. Бояд нируҳои сиёсӣ аз ҳамин ҳоло барои ислоҳи вазъият ва аз буҳрони сиёсӣ раҳо намудани кишвар гуфтугуҳоро афзоиш диҳанд, аз маслиҳат ва созиш кор бигиранд. Имконияти гузаронидани интихоботи нав ночиз аст, ҳам пули зиёд зарур аст, ки фикр мекунам ҳеч кишвар омода нест онро бипардозад ва ҳам вазъи амниятӣ бисёр ногувор аст.

 – Нақши гуруҳҳои фурсатталаб ва раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай дар эҷоди буҳрони сиёсӣ то куҷо қобили эҳсос аст?

 – Бешубҳа, нақши гуруҳҳои фурсатталаб дар ин буҳрон зиёд аст. Гуруҳҳое аз ибтидо ба бақои ин ҳукумат эътимод надоштанд ва рӯзшуморӣ мекунанд. Раиси ҷумҳури собиқ Ҳомид Карзай ҳам бисёр фаъол аст, тими ӯ кор мекунад.

 – Ва саранҷоми кор чӣ хоҳад шуд, ҳукумати дусара суқут хоҳад кард ё ба умри худ идома хоҳад дод?

 – Чуноне гуфтам бо суқути ин ҳукумат(гарчанде аз нигоҳи Қонуни асосии кишвар машруъият надорад, аммо як тавофуқи сиёсӣ ҳосил шудааст), буҳрон шояд амиқтар шавад. Аммо ба ин шакл ҳам умри ин давлат наметавонад идома пайдо кунад. Дар мавриди Афғонистон пешгӯӣ кардан корест бефоида. Ҳама чизро интизор шудан мумкин аст. Ҳоло дар расонаҳо хабарҳое паҳн шудаанд, ки гӯё дар Арг тасмим доранд ба ҷои Абдурашид Дустум Абдулло Абдуллоро биёранд ва Дустумро фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ бисозанд. Бо ҳамин зарурати даъвати Луи ҷирга ва садоратӣ сохтани низом аз байн меравад. Ё баъзе гуруҳҳо пешниҳод доранд, то интихоботи баъдӣ як ҳукумати муваққат рӯи кор биёяд ва дигар гапҳое. Аммо инҳо ҳам дар сатҳи овоза ва сару садо аст. Ин ҳукумат бо миёнҷигарии Ҷон Керрӣ ба вуҷуд омадааст ва агар амрикоиҳо хоста бошанд, ки умри табииаш то 5 сол давом кунад (ба фикри бисёриҳо ин асоси қонунӣ дорад) бисёр мушкил аст, ки дар ду сол умраш ба поён бирасад. Мутаассифона мудохилаи берунӣ дар умури Афғонистон як чизи возеҳ ва ошкор шуда аст.

Ба назари ман беҳтарин роҳ ин аст, ки ҳукумат бояд «яксара» шавад, яъне Тавофуқномаи имзошуда банд ба банд ва дар муҳлати муайяншуда иҷро шавад. Пеш аз ҳама, Луи ҷирга даъват шавад ва мақоми сарвазир дар Қонуни асосӣ ворид шавад, яъне низом садоратӣ шавад, қонуни интихобот ислоҳ ва интихоботи порлумонӣ баргузор шавад, шиносномаҳои электронӣ тақсим шаванд ва ғайра. Бо зиёдаравӣ, бо баҳонаҳои гуногун кашол додани ин раванд ва кӯшиши инҳисорӣ намудани қудрат, аз тарафи кадом нируе ё қавме бошад, оқибати хуб надорад. Намешавад дигар дар ин кишвар ба чизе, ки ба манфиати умумии миллати Афғонистон набошад, ноил шуд. Сари масъалаҳои баҳснок ва низоъангез бояд баҳс сурат гирад ва барои ҳалли онҳо роҳбарон иродаи сиёсиро ба намоиш бигзоранд.

 

Мусоҳиб Р. Давлат

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97