Эҳтиёт! Ҳеч касе аз одамҷалобон дар амон нест!

Мусоҳиба 28.04.2016 06:10

Истисмори кориву шаҳвонии одамон имрӯз яке аз мушкилоти доғи ҷомеа боқӣ мондааст. Бо сабаби он ки Тоҷикистон яке аз манбаъҳои содироти нируи корӣ шудааст, мушкилоти марбут ба савдои одамон ҳалли оҷили худро талаб мекунад. Дар ин иртибот бо Баҳром Раҳматҷонов, ҳамоҳангсози барномаи “Муқовимат ба савдои одамон”-и Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон суҳбате оростем.

 – Масъалаи хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон то кадом андоза доғ аст?

– Тоҷикистон кишварест, ки нируи корӣ содир мекунад ва мардуми бисёре барои ҷустуҷӯи кор ба хориҷи кишвар, қабл аз ҳама ба Русия сафар мекунанд. Ин муҳоҷирон яке аз гуруҳҳои асосии осебпазир маҳсуб меёбанд. Ҳолатҳое мешавад, ки ин мардум ба истисмор гирифтор мешаванд ва бо назардошти шароити кор дар кишвари мизбон ва шумораи зиёди хоҳишмандони кор дар он кишвар аз ҳисоби муҳоҷирон, ҳеч кас кафолат дода наметавонад, ки муҳоҷир аз мушкили поймол гардидани ҳуқуқаш ва гирифтори истисмор гардидани хеш дар амн аст. Бо назардошти шумори мардуме, ки аз Тоҷикистон ба хориҷ меравад, ин мавзӯъ барои кишвар доғ боқӣ мемонад ва аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳама санадҳои минтақавию байнулмилалӣ дар робита ба савдои одамон ва ҳимояи ҳуқуқи қурбониёни савдои одамонро имзо ва қабул кардааст, ки ин ҳам далели таваҷҷуҳ ба ин мушкили мубрам мебошад. Ҳамкорони мо аз дафтарҳои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар кишварҳои дигар вақте бо қурбониёни савдои одамон вомехӯранд ва иттилооте, ки марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст, аз ҷумла, ба мо низ мерасад, ки гувоҳи вуҷуд доштани масъала аст. Илова мекунам, ки мардумро на танҳо дар хориҷи кишвар мефиребанд, балки дар дохили кишвар низ фиреб дода, бо макр ба берун аз ҷумҳурӣ мебаранд ва истисмор мекунанд.

– Дар оғози суҳбат Шумо бештар рӯи Русия ва муҳоҷирони корӣ таъкид кардед, вале вақте “савдои одамон” мегӯем, пеши назар бештар “истисмори шаҳвонӣ” меояд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бештар қурбони кадом навъи истисмор мегарданд?

– Аз рӯи тамоюлҳое, ки мо мушоҳида мекунем ва бино бар оморҳое, ки дар даст дорем ва ба мо мерасад, теъдоди мардони қурбонии истисмор нисбат ба занҳо бештар аст. Дуруст аст, ки вақте “савдои одамон” мегӯем, пеши назар истисмори шаҳвонӣ меояд, чунин як фикре дар зеҳни мардум ҷо шудааст. Вале вақте шуморо бо ҳадафи кор фармудан хариду фурӯш мекунанд, озодиятонро маҳдуд мекунанд, пул намедиҳанд – ин ҳам “савдои одамон” аст.

– Бештар кадом қишри ҷомеа аз ин гуна домҳои одамфурӯшон ва истисморгарон осебпазиранд?

– Агар портрети як муҳоҷири тоҷикро ба ҳисоби миёна бикашем – ин як ҷавони зери синни 30 аст, ки мактаби миёнаро хатм карда ва ба муҳоҷирати корӣ рафтааст. Ӯ забони кишвари мизбонашро намедонад, яъне манзурам забони русиро, ва ҳамчунин, аз қонунгузориҳо огаҳии камтар дорад. Тарзи дарёфти санадҳои лозима барои иқомат ва кор дар кишвари мизбонашро намедонад. Ва ин ҳама сабаб мегардад, ки ба мушкилоти ҳуқуқӣ гирифтор шавад ва ё ин ки бадтар, ба доми фиребгарон афтад, ҳуқуқаш поймол гардад, шахсияташ таҳқир ёбад, озодияш маҳдуд шуда, истисмор шавад.

Вале наметавонам бигӯям, онҳое, ки синну солашон аз 30 болост, таҷрибаи муҳоҷират доранд, ва ё таҳсилдида ҳастанд, аз хатари гирифторӣ ба доми ҷинояткорон дар амнанд. Яке аз василаҳои маъмули фиреб хӯрдан ин ба таври шифоҳӣ мувофиқ кардани шарту шароити кор мебошад ва ба расмият надаровандан ва қарордод набастан аст. Чунки шароити кор ва зист дар кишвари дигар чунин аст, ки ҳатто муҳоҷири таҳсилдида ва таҷрибадор низ маҷбур мешавад барои кор ба шартҳои кордиҳанда розӣ шавад ва талаби бештар накунад, зеро медонад, ки дар акси ҳол кордиҳанда ба осонӣ метавонад муҳоҷирони дигарро ёбад, ки ин корро иҷро намоянд.

– Бар иловаи Русия, қурбониёни савдои одамонро аз Тоҷикистон ба кадом кишварҳо бештар мебаранд ва бо кадом ҳадафҳо?

–Аз рӯи он воқеаҳое, ки муайян гардидаанд, занони тоҷикро бештар ба Имороти Муттаҳидаи Араб ва ё Дубай мебаранд. Ба онҳо мегӯянд, ки он ҷо дар ягон хона рӯбучин мекунанд ё дар ягон тарабхона пешхидматӣ мекунанд, вале фиреб медиҳанд. Дар маҷмӯъ, ҷинояткор бе хароҷоти зиёде, бо таҳияи танҳо асноди сафар ба мисли шиноснома ва харидории билети ҳавопаймо қурбониро аз кишвар берун мебарад. Ҳолатҳое ҳам будаанд, ки қурбониёнро барои истисмори шаҳвонӣ ба Туркия ва Афғонистон бурдаанд, вале мо дар ин мавридҳо аз воқеаҳои хеле камтар воқиф гаштаем.

– Чаро маҳз Дубай?

– Шояд ба он хотир, ки рафтан ба он ҷо, дарёфти раводид ва билети арзон, дарёфти муштарӣ он ҷо осонтар аст ва шояд барои ҷинояткорон индустрияи савдои одамон дар Иморот барои шаҳрвандони собиқ Шӯравӣ аллакай ба роҳ монда шудааст. Шояд бозораш ҳам гарм аст, чунки вақте ба маълумоти парвандаҳои марбут ба савдои одамон нигоҳ мекунем, мебинем, ки даромадҳои ҷинояткорон чандин даҳҳо ҳазор долларро аз ҳисоби як ё ду танфурӯш ташкил додааст. Дуруст ҳам аст, ки дар ин кишвар қонунҳои мубориза бо танфурӯшӣ хеле пурзӯр ҳастанд.

– Оё бонувоне, ки дар кишварҳои хориҷ танфурӯшӣ мекунанд, дар ҳақиқат фиребхӯрдаанд, ё қабл аз рафтанашон медонистанд, ки бо чӣ кор машғул хоҳанд шуд?

– Дуруст аст, ки мо наметавонем бигӯем, ки ҳамаи он занҳо фиребхӯрдаанд. Ҳаст заноне, ки медонанд барои танфурӯшӣ бурда мешаванд, аммо ин ҷо сухан дар бораи истисмори баъдӣ меравад. Онҳо қабл аз рафтан аз шароити танфурӯшӣ огоҳ нестанд, намедонанд, ки чӣ қисмате онҳоро интизор аст. Шиносномаҳояшонро мегиранд, худашонро қарздор эълон мекунанд, дар шароити бади зисту кор нигаҳ медоранд ва водор мекунанд, ки ғайри хоҳишаш ба чӣ миқдоре, ки муштарӣ ёфт шуд, хидмати шаҳвонӣ расонад. Баъдан, маблағашро низ одамҷаллоб мегирад. Яъне, онҳо қабл аз рафтан розӣ мешаванд, ки танфурӯшӣ кунанд, вале намедонанд, ки истисмор мешаванд. Доир ба ин ки чӣ миқдоре аз теъдоди умумӣ худашон бо пойи худашон ба танфурӯшӣ рафтанду истисмор шуданд, оморе надорем, чунки бисёре аз қурбониён омода нестанд, ки бо мақомот ҳамкорӣ кунанд, аз стигма ва аз ҷинояткорон метарсанд, намехоҳанд, ки гирифтори раванди додгоҳӣ гарданд ва ғайра. 

– Чаро ҷабрдидагони истисмори шаҳвонӣ вақте ба кӯчаву хиёбон мебароянд, ба пулис ё дигар мақомоти дахлдор муроҷиат намекунанд ва намегурезанд?

– Аз худи калимаи пулис бо як стереотипе тарсонида шудаанд. Ба онҳо мегӯянд, ки агар шумо ба мақомоте шикоят кардед, шумо худатон ҳам ба зиндон меравед. Иръоб (шантаж) ва ё таҳдид мешаванд, ки мо наворҳои видеои шуморо дорем ва ин наворҳоро ба хешу таборатон мефиристем. Таҳдид мешаванд, ки шуморо дармеёбем ва мекушем ё зарари ҷисмонӣ мерасонем. Ба ҳар васила, ба роҳҳои психологӣ тарс дар дили ҷабрдидагон хеле ҷо дода мешавад.

– Барои пешгирӣ аз ин ҷиноятҳо ва кумак ба қурбониён СБМ дар Тоҷикистон чӣ корҳоеро иҷро мекунад?

– Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар самти муқовимат ба савдои одамон дар тамоми Осиёи Марказӣ як созмони пешсаф мебошад, чун мо дар чаҳор самти асосӣ – пешгирӣ, ҳимоя, муқовимат ва ҳамкорӣ фаъолият дорем. Мо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ кор мебарем, бо ходимони илм ва дин, бо аҳолӣ кор мебарем ва омӯзишҳо мегузаронем. Баргаҳои иттилоотӣ таҳия ва тақсим мекунем. Як хатти оҷилии телефониро фаъол кардаем, ки шаҳрвандон метавонанд ба он занг зада, доир ба ҳодисаҳои савдои одамон, ки огоҳ ҳастанд, иттилоъ бидиҳанд ва машварати ҳуқуқӣ бигиранд. Мо барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ омода менамоем ва коршиносону мақомотро низ ба ин барномаҳои махсуси расонаӣҷалб мекунем.

Барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, додситонӣ, хадамоти гумрук, марзбонон ва дигар сохторҳои қудратӣ давраҳои омӯзишӣ баргузор менамоем, ва ин давраҳои омӯзишии мо бо назардошти тағйироти кадрии мунтазам, ки дар ин мақомот ҳамеша баргузор мешаванд, то кормандони навомада низ аз таълимоту бозомӯзиҳо баҳра бигиранд. Дар Донишгоҳи миллӣ дар ҳамкорӣ бо факултаи ҳуқуқшиносӣ аз соли 2008 инҷониб Маркази миллии таълимии муқовимат ба савдои одамон фаъолият мебарад ва як курси махсуси таълимӣ низ таҳия шудааст, ки аз соли 2010 бад ин сӯ ба донишҷӯёни солҳои чоруму панҷум таълим дода мешавад. Марказ бо озмоишгоҳ, китобхона, компютер ва интернет таъмин гардидааст.

Дар баробари ин, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар самти тарҳрезии қонунҳои вижа, таҳияи васоити таълимӣ, тадқиқоту пажӯҳишҳо, ҳамкорӣ дорем. Коршиносонро барои ин ҳама корҳо омода ва ҷалб мекунем.

– Изҳори сипос аз суҳбат ва иттилои бисёр зарурӣ, умедворем ин барои шаҳрвандони кишвар як дарси хуби ҳаётӣ бишавад то худ ва азизони худро аз доми фиреби одамҷалобон ҳифз бикунанд.

– Худо нигаҳдор!

 Суҳбати Абдулфаттоҳ Шафиев

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97