Мутахассис: Мардони бадгард сабаби бемории гарданаи бачадони занон мешаванд

Мусоҳиба 28.06.2014 09:37

Jonona-Дар баробари дигар намуди бемориҳо бемориҳои (омоси) гарданаи бачадон, ки бештар аз сини 40-50 солагӣ дар занҳо пайдо мешавад ба ҳаёти онҳо таъсири манфӣ мерасонад, ҳатто дар мавриди бе эҳтиётӣ ва саривақт ба мутахассисон муроҷиат накардан боиси марги занҳо низ мегардад.

Дар ин маврид бо яке аз мутахассисони нодири соҳаи мазкур дар кишвар Ҷонона Хайриддинова, мутахассис оид ба пешгирии бемориҳои (омоси) гарданаи бачадони Маркази солимии репродуктивии шаҳрӣ суҳбате оростем.

- Бонуи гиромӣ, боиси ифтихор аст, ки имрӯз мутахассисе мисли шумо ба дарди садҳо зани муштипар даво мебахшед. Навбатпоийи беҳудуди занон пушти ҳуҷраи кории Шумо далели ин аст, ки Шумо дар кори худ чира ҳастед. Намехоҳам, ки аз худатон дар мавриди тавсифи коратон суол кунам. Балки мехоҳам сабаби пайдоиши ин бемориро барои онҳое, ки дар ин бора маълумот надоранд, шарҳ бидиҳед.

- Ин бемории занҳо бештар аз давраи синну соли муайян, яъне аз синне, ки модарон ба тарбияи фарзандонашон машғуланду лаззати зиндагиро мечашанд, пайдо мешавад. Аммо аз синни 40-то 50  солагӣ бештар бемории (омоси ) гарданаи бачадон дар занҳо падид меояд. Сабаби пайдоиши ин беморӣ, агар бигӯем, ки бештар мардҳо ҳастанд, иштибоҳ нахоҳем кард. Зеро дар шароити имрӯза бештари мардҳо дар муҳоҷират ҳастанд ва аксари онҳо бо чанд нафар ҳангоми ҳамхоба шудан ва баъди баргаштан бо ҳамсарони худ зиён мерасонанд. ҳамчунин занҳое, ки ба танфурушӣ машғул ҳастанд, онҳо бештар гирифтори ин беморӣ мешаванд. Ва ҳам он занҳои сабукпое, ки бо якчанд мард ҳамхоба мешаванд, гирифтори бемории мазкур мегарданд. Занҳое, ки саривақт ба духтур муроҷиат мекунанд, онҳо шифо меёбанд. Аммо онҳое, ки танҳо замоне вазъи саломатиашон вазнин мешаваду он гоҳ ба духтур муроҷиат мекунанд, табобаташон мушкил мегардад.

 

- Оё шумори онҳое, ки саривақт ба духтур муроҷиат намекунанд зиёд аст ва сабаби ин чист? Ноогоҳӣ ё сабабе дигар?

- Мо духтурон имрӯз дар баробари табобат намудан, ҳам барои занҳо равоншиносу маслиҳатчии зиндагии онҳо гардидаем. Мутаассифона хушунати хонаводагӣ ҳанӯз ҳам дар оилаҳои мардуми мо мондааст. Дар бештари маврид занҳоро намегузоранд, ки ба муоинаи духтур бираванд. Волидайн, яъне хусуру хушдоман барои табобат ва муолиҷа кардан сади роҳ мешаванд. Занҳо ҳич маълумоте дар ин бора надоранд. Агар занҳо маълумоти бештар дошта бошанд, ҳич гоҳе бо бемориҳое, ба мисли омоси гарданаи бачадон гирифтор намешаванд. Мутаассифона ин беморӣ бо сабаби ноогаҳӣ ва бе аҳамиятии ҳамсарон ба амал меояд.

- Аслан Шумо барои пешгирии ин беморӣ чӣ кушишҳое ба харҷ медиҳед ва чи чораҳоро меандешед?

- Пешгирӣ намудани беморӣ ин беҳтарин амал аст, ки кори духтуронро осон мегардонад. Ҳоло яке аз роҳҳои муҳим ин ташкили курсҳои омӯзишӣ аст, ки бо ширкати духтурон аз гӯшаву канори кишвар доир мекунем ва ба онҳо машварат медиҳем, ки он маълумотеро дар ин машваратҳо мегиранд, ба беморон ва занҳои дигар бирасонанд. Лекин дар ин маврид мехоҳам ин ҷо қайд кунам, ки хуб мешуд, то барои солим нигоҳ доштани модарон руҳониён, ба хусус имомхатибони кишвар ҳам саҳмгузор бошанд. Зеро тавре қайд кардам, занҳои тоҷик бештар тавассути мардҳое, ки ба сафарҳои дурудароз мераванд, дучори чунин бемориҳо мешаванд. Агар руҳониён ҳангоми хондани мавъиза дар намозҳои ҷамоат ба мардҳо доир ба ин гуна бемориҳои сироятӣ маълумот бидиҳанд ва хатароти онро таъкид кунанд, ин ҷиҳати солим нигоҳ доштани занҳо бештар кумак мекунад. Ва дар ин замина мо метавонем занони солиму тандурусте дошта бошем, ки битавонанд фарзандони солим ба дунё боваранд ва онҳоро ба камол бирасонанд. Зане, ки солим аст, аз ӯ фарзанди солим ва оилаи солим ба мерос меояд. Занҳои мо солим бошанд, насли ояндаро ҳам мо солим дида метавонем.

- То он ҷое, ки мо иттилоъ дорем, мутахассисони бемориҳои бачадон дар кишвар ба шумор ҳастанд. Оё камбуди мутахассисони ин соҳа кори Шуморо дучанд ва мушкил намесозад?

- Албатта ҳамаи кор дар танҳоӣ ва бидуни ҳамёрӣ мушкил аст. Аммо ман имрӯз ифтихор мекунам, ки зиёда аз 100 нафар шогирд дорам, ки барои муолиҷаи ин беморӣ омӯзиш ва таҷриба дидаанд ва онҳо дар ин ҷода мутахассиси хуб ҳам шудаанд. Дар кишварҳои хориҷ, аллакай ваксинаи бемории гарданаи бачадон вуҷуд дорад ва агар он дар кишвари мо ҳам пайдо шавад, пешгирии ин беморӣ осон хоҳад шуд.

- Барои боз ҳам беҳтар шудани кор ҷиҳати солимгардонии занон дар соҳае, ки Шумо фаъолият доред, чи тадбирҳое лозим аст?

- Дар бахше, ки мо фаъолият дорем, дар ҳоли ҳозир шароити баде нест, лекин боз ҳам хубтар мешуд, ки бо таҷҳизоти муосир бахш таъмин шавад, духтурони мушовири бахш дар тамоми манотиқи кишвар бештар карда шавад. Тариқи расонаҳои хабарӣ, ба хусус радио ва телевизион барномаҳои солимгардонӣ бештар манзури мардум гардонида шавад. Системаи бақайдгирӣ ва марказҳои ташхиси скрининг (муайянкун)-ӣ  бояд бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин бошад. Духтурон бештар муоинаи визуалии скринингиро бо методи сода ва дастрас аз худ кунанд. Дар ин ҳолат солимгардонӣ дар ҷомеа хубтар мешавад. Вале муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум дар бораи пешгирии маризиҳост, ки агар ин кор дар ҳоли ҳозир амалӣ шавад ва ба вижа матбуот, радио ва телевизион, руҳониён дар ҳамкорӣ бо пизишкон дар ин замина фаъолият кунанд, мо модарони солим, фарзандони тануманду паҳлавону боҳуш ва оилаи намунавӣ хоҳем дошт.

Воқеъан, аз Шумо барои шуруъи ин ҳамкорӣ ташаккур мекунам ва боқӣ саломат бошед!

- Дасти Шумо дард накунад, табиби мушфиқи модарон! 

Нигоранда С. Мирзо

P.S.: Агарчӣ корафтодагон аз назди Ҷонона Хайриддинова розӣ берун мешуданд, аммо зимни берун шудан аз ҳуҷраи кории Ҷонона Хайриддинова хостам аз Муҳаббат Ҳусайнова, мудири Маркази солими репродуктивӣ дар назди Маркази саломатии шаҳрӣ аз фаъолияти ин мутахассис чанд суоле бикунам. Зеро аксар вақт бо сабаби камбуди мутахассис аксари онҳое, ки ба фаъолияташон бештар таваҷҷуҳ мешавад ва кишвар ва мардум ба касби онҳо ниёз дорад, ботакаббур рафтор мекунанд ва кори хешро барои мардум миннат мегузоранд.

Мудири ин марказ мегӯяд: - Ҷонона мутахассиси хуби соҳа аст, дар ин самт кори номзадиашро пеш бурда истодааст. Ӯ бо беморон муомилаи хубу самимӣ дорад ва барои комилан шифо ёфтани беморон талош мекунад. Ӯ бо вуҷуди серкорӣ аз шуруъи табобат ва то баъди шифо ёфтани бемор бо ин занон дар тамос аст ва вазъи сиҳатии онҳоро таҳти назорат мегирад. Бо ҳалимию меҳрубонӣ ба занҳо мефаҳмонад, ки ба дигарон оид ба пешгирии беморӣ маслиҳат бидиҳанд. Агар шоирона бигӯем, ӯ ошиқи касби хеш аст ва дилсӯзи корафтодагон.

Аммо аз мудир мепурсам, ки ба ин дилбохтаи касб ва дилсӯзи маризон чӣ илтиффоте шуда ва аз ӯ чӣ қадрдоние шудааст?! Мудир мегӯяд, як маротиба ҳуҷ-ҷатҳояшро барои мукофоти давлатӣ гирифтан пешниҳод карда будем, ки мутаассифона намедонам чаро пазируфта нашуд…

Вале мукофоти олитар аз ҳама маҳбуби мардум будан аст, ки ин мукофотро мардум нисори Ҷонона Хайриддинова кардааст. Мутахассисе, ки мондан дар кишвар ва ҳамроҳи мардуми худ буданро авлотар ва муҳимтар аз зиндагии муфарраҳ ва хориҷ аз Ватан донистааст. Ӯ қарзи худро назди виҷдон, Ватан ва Мардум ба иҷро мерасонад.

Ин дигарон ҳастанд, ки дар мавриди ин муқаддасот бояд фикр кунанд. Не?!

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97