Равшан Собиров: Ба касе кина надорам

Мусоҳиба 23.04.2014 17:42

Ravshanbek SobirovРаиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ва Вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистон дар бораи гирфториаш ба зиндон қисса мекунад.

Вазири пешини рушди иҷтимоӣ ва вакили собиқи ҳизби "Ота Макен" Равшан Собиров, ки моҳи гузашта бар пояи афви умумӣ аз зиндони низоми шадид озод шуд, дар мусоҳибае бо нашрияи "Вечер-ный Бишкек"-и Қирғизистон дар бораи зиндагиаш дар моҳҳои ахир, ки бар асоси туҳмату дурӯғ бандӣ шуда буд, ҳикоят кардааст.

 

- Равшан Озодович, ҳангоме ки бар зидди Шумо парвандаи ҷиноӣ боз карда ва зиндониатон карданд, чӣ мушкилотеро аз сар гузарондед?

- Ман дар садамаи рӯҳӣ афтодам. Намедонистам, ки чӣ мегузарад, бо кадом гуноҳе маро гунаҳкор мекунанд. Ҳангоме ки маро зиндонӣ карданд, ҳанӯз ним сол мешуд, ки ман мақоми вазири рушди иҷтимоиро ба дӯш доштам. Ва метавонам бо боварӣ бигӯям, ки кори ман дар ин соҳа пешрафт дошт. Дар муддати нисбатан кӯтоҳ ман тавонистам хеле чизҳоро тағир бидиҳам ва корҳоро дар ин идора ба танзим бидарорам.

- Агар иштибоҳ накунам, Шуморо ба мақоми вазорат ҳамҳизбонатон аз "Ота Макен" пешбарӣ карда буданд?

- Бале, ҳамин тавр буд. Ман ба ин мақом бо дарки масъулият ва бошуурона омадам. Ман соҳиби таҷруба дар соҳаи ҳимояи қишрҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазири ҷомеа ҳастам. Ҳангоми намояндаи мардум буданам, дар ин робита як қатор корҳоро барои интихобкунандагонам дар ноҳияи Қара-Суй ба иҷро расонда будам. Вале гап бар сари ин нест. Ман ҳамеша фикр мекардам, ки ёрӣ расондан ба одамон рисолати ман аст. Бинобар ин, ҳангоме ки ба вазифаи вазир ба кор омадам, бо бовару қотеият ба кор оғоз кардам; лоиҳаҳои нав дар соҳаи фарзандхонӣ ва ёрии тиббӣ, ободонӣ дар минтақаҳои ҷудогона шурӯъ шуд. Шояд ҳамин ҷӯшу хурӯши кор ба касоне писанд наомад.

- Акнун пинҳон нест, ки Шуморо дар асоси шаҳодати ёваратон Мирзоаҳмадов боздошт карданд. Оё Шумо кӯшиш кардед равиши муносибататонро ба касе, ки амалан дар доғдор кардани зиндагиномаатон нақш гузоштааст, равшан кунед?

- На. Мо танҳо дар муҳокимаҳои судӣ ҳамдигарро медидем. Ҳанӯз дар муҳокимаи нахустини судӣ дар ноҳияи Первомайск ӯ гуфт, ки маҷбураш кардаанд, ки ба муқобили ман шаҳодат бидиҳад. Гӯё бо роҳи истифода аз шиканҷа аз ӯ шаҳодат гирифтаанд. Назар ба гуфтаи худаш, ба каллааш халтаи селофанӣ пӯшонда ва ошкор гуфтаанд, ки худи ӯ барои нерӯҳои тафтишотӣ лозим нест, вале маълумот барои паст кардани эътибори ман хеле зарур аст. Мирзоаҳмадов изҳор кард, ки зиндагиашро хатар таҳдид мекард, бинобар ин бар зидди ман шаҳодати бардурӯғ додааст.

Аммо, агарчи ӯ бо "шаҳодаташ" ба шонаҳои ман гуноҳи зиёд "холӣ" кард, вале суди ноҳияи Первомайск саранҷом маро пурра бегуноҳ ҳукм кард ва ба озодӣ баровард. Чунки нерӯҳои тафтишотӣ дар муқобили ман гуноҳе пайдо накарданд. Манбаи олудагии ман ба ришваситонӣ собит нашуд. Гузашта аз ин, суди мақоми аввал ба муқобили раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Додситонии Кулл ва гурӯҳи тафтишотӣ ҳукми таъиноти алоҳида баровард.

- Вале суди шаҳрӣ дубора Шуморо маҳкум кард…

- Инро ба ёд овардан даҳшатнок аст! Гап дар сари он аст, ки дар парвандаи ҷиноии ман шоҳид вуҷуд надорад. Аз бозҷӯӣ дар ҳуҷраи корӣ ва манзилам далеле ба даст наоварданд. Аз ин рӯ, то ҳол барои ман пурсишҳое муаллақ мондаанд; оё 5 ҳазор долларе, ки ҳамеша дар муҳокимаҳои судӣ дар бораи он ҳарф мезаданд, мавҷуд буд ё на? Дар бораи боздошти дувум танҳо мехоҳам инро бигӯям; аз чунин сурат гирифтани кор ман ба харобии асаб гирифтор шудам.

- Оё касонеро, ки ба Шумо хиёнат кардаанд, бахшидед?

- Он чи ки ба ёвари ман марбут аст, ин аст, ки ӯ дар ин бозии калон каси хурд аст, аз ин рӯ, ман аз рӯзи нахуст ба ӯ қаҳр надорам.

- Аммо ҳамҳизбонатон, номатонро ҳанӯз пеш аз он ки гуноҳатон собит шавад, аз ҳайати ҳизб хориҷ карданд…

- Воқеан, ин кирдори онҳо барои ман ғайриинтизор буд. Гап дар сари он аст, ки ман ҳанӯз гумонбар бо мақоми "узви ҳизб" будам ва ҳатто дар ҳолати зиндонӣ шудан ҳам метавонистам ба навъе узви ин ҳизб бошам. Вале ба сабаби ғайриҳизбӣ буданам фишори мақомоти тафтишот бар ман афзоиш ёфт.

Аммо мехоҳам бигӯям, ки маро мушкиле пеш омад, ки чунин саргузашти талх, хиёнат ва бадиҳои дигарро пушти сар кунам, акнун чизҳои дигар муҳим нестанд. Аз ин рӯ, ба ҳамҳизбҳои собиқам низ қаҳр надорам.

- Наход, ки ҳангоми боздошт ва нигаҳдоштатон дар боздоштгоҳ хоҳише пайдо нашуда бошад, ки аз касони дар ҳақатон хиёнаткарда қасос бигиред?

- Албатта, эҳсоси қасд пайдо шуда буд. Вале аз сӯи дигар, барои ман ин дарк хеле муҳим буд, ки ман гуноҳ надорам. Аз ин рӯ, бовар доштам, мушкиле, ки ман ба он гирифтор шудаам, рӯзе ҳал хоҳад шуд.

- Шуморо дар чаҳорчӯби мубориза бо фасод, ки аз тарафи президент эълон шудааст, зиндонӣ карданд. Фикр намекунед, боздоштатон намоишӣ ё фармоишӣ буд?

- Бовар дорам, ки ман ва чанд нафар мансабдори дигар ба ин тақсимот афтодем. Ва аҷоибот ин ҷост: дар кишвари мо ба сурати ғайриоддӣ бар зидди фасод ё коррупсия мубориза бурда мешавад. Ман мефаҳмам, ки барои ин мисолҳои аёнӣ заруранд. Бинобар ин хеле осон аст, ки як вазирро бо "ришваи 5 ҳазор доллар" дар муқобили ошкор кардани симои касоне, ки аз будиҷаи давлат миллионҳоро медузданд, хеле осон аст. Ба ҳамин тариқ, дар ҷои ман ҳар каси дигар, ҳатто як шаҳрванди комилан поку беолоиш низ метавонист биафтад.

Ман чунин мешуморам, ки нерӯҳои тафтишот бояд танҳо бар пояи далелу шаҳодати воқеӣ амал кунанд, набояд одамонро бар асоси маълумоти бардурӯғ ба зиндон бикашанд.

- Ҳукмномаи Суди Олӣ чунин буд: 5 соли зиндон бо мусодираи молу мулк - нуктаи катъӣ дар парвандаи Шумо. Пас аз ин Шумо наметавонистед ба органи дигаре шикоят ё этироз кунед. Ҳукми мақоми болоиро чӣ тавр қабул кардед?

- Шарофатмандона мегӯям: Рӯзе, ки дар дар Суди Олӣ ҷаласа идома мекард,Ю ман гумон доштам, ки ҳукми бегуноҳиамро мебароранд. Ҳатто бору буғчаамро ҷамъ карда, дар ҳуҷраи боздошт интизор будам, ки барои озод карданам меоянд. Вале вақте хешовандонам гуфтанд, ки муҳокима ба нафъи ман ҳал нашудааст, ба гӯшҳоям бовар накардам. Наметавонам, он лаҳзаи ғамангезро тасвир кунам. Аз навмедӣ гуруснанишинӣ эълон кардам. Муддати як ҳафта нахӯрдам, наошомидам ва бар пояи асабоният бемор шудам. Зеро ҳатто дар хоби даҳшатнок ҳам наметавонистам бубинам, ки ба зиндон афтодаам.

- Дар бораи он фикр накардед, ки касе дидаву дониста дар фикри ҷисман нобуд карданатон аст?

- Бешубҳа дар зиндонӣ кардани ман шахсоне даст доштанд. Медонам, ки ин амали нангин бо дархости чӣ касе амалӣ шудааст, вале ҳоло намехоҳам номашро ошкор кунам. Аввал бояд худам бояд ба умқи воқеаи гузашта сарфаҳм биравам. Мехоҳам таъкид кунам: Бо касе ҳисоб баробар карданӣ нестам.

- Шуморо дар асоси афви умумӣ озод карданд. Яъне доғи судиатонро бекор накардаанд, ки наметавонед дар муддати чандин сол ба корҳои роҳбарӣ дар мақомоти давлатӣ фаъолият кунед. Оё ин чунин махно надорад, ки ба маснади сиёсиатон хати батлон кашидаед?

- Ман мақсад дорам, ки доғи судиамро бекор кунам. Бояд бегуноҳиамро исбот кунам. Дар дохили зиндон ман бо хеле далелҳои ғайриоддӣ ошно шудам. Дар хеле маврид додгоҳ ё суд бо гумонбаршудаҳо дар иртикоби ҷиноят ҳукми ғайриодилона мебарорад. Ман ба хулоса омадам, ки агар бо ман, ки узви ҳукумат будам, чунин рафтор карданд, пас бо одамони оддӣ, ки намедонанд аз кӣ ёрӣ бипурсанд, чӣ муносибатеро раво мебинанд. Ба ҳамин хотир, мехоҳам доғи судиро аз зиндагиномаам комилан хориҷ кунам, то ки дар сатҳи кори давлат битавонам ба фаъолияти органҳои судӣ ислоҳот ворид кунам.

Виктория Куренева

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97