Барои мурдан рафта буд, барои мурдан омад!

Мусоҳиба 28.05.2013 11:44

(мусоҳибаи ихтисосии «Миллат» қабл аз тарки Душанбе дар 5 январи соли 2011)

Bozor sobir01 pgРӯзи 27 -уми майи соли 2013 Бозор Собир бо даъвати ҳукумат дубора ба Ватан бар гашт.

Аммо дар мусоҳибае, қабл аз тарки Душанбе дар рӯзи 5 январи соли 2011 бо «Миллат»   гуфта буд, ки Амрико барои мурдан меравад ва дигар бар намегардад. Шояд ин мусоҳиба барои хонанда ҳанӯз ҳам ҷолиб бошад.

Устод Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷик, ки тақрибан 5 моҳ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, 6 январ ба қасди Амрико Тоҷикистонро тарк кард.

Ӯ суханварест, ки аз замони ба адабиёт шомил шуданаш ва ба вижа тайи беш аз 20 сол ҳамеша номаш, кору пайкораш, ашъораш, гуфтору сӯҳбатҳояш вирди забони хосу омм будааст. Шоми 5 декабр, яъне 14 соат қабл аз парвозаш ба Амрико ба аёдаташ рафта будем. Тӯли панҷ моҳи дар Душанбе будани шоир ин панҷумин сӯҳбату мулоқоти мо бо эшон буд. Ва мусоҳибаи рӯ ба рӯйи видоъиро дар Ватанаш Тоҷикистон, ки акнун афсурдаву озурда «ин дигар Душанбеи ман нест» мегуфт, бо чеҳраи бозу болида бо «Миллат» анҷом доду рафт.

Бозор Собир рафт. Рафт то дигар наояд.

Ӯ аввалин буд аз миёни шуарои тоҷик, ки дар интихоботи озоду шаффофи соли 1990 бар алайҳи ҳама ғиромбозиҳои ҳокимони онвақта аз миёни 6 номзад мардум ӯро хост то вакилаш дар Порлумон бошад.

Ӯ аввалин шоире буд, аз миёни адибони тоҷик, ки Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакиро дар соли 1989 масъулин зери фишори ҳавохоҳону хонандагони бешумораш ночор ба ӯ тақдим карданд.

Ӯ ягона шоири тоҷик буд, ки дар замони яккатозии Ҳизби коммунистӣ шомили як ҳизби дигарандеш – ҲДТ гардида, фаъоли сиёсӣ шуд.

Ӯ ягона шоире буд дар таърихи миллати тоҷик, ки соли 1990 дар назди Қасри Ҳукумат бо нишони эътироз, аллайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ гуруснанишинӣ эълон кард.

Ӯ ягона шоирест аз миёни шоирони тоҷик, ки зиндонӣ шудаву ба қавли худаш «ҷомааш то ?иёмат б?йи зиндон мекунад» ва 9 моҳу 9 рӯзи умри хешро дар маҳбас сипарӣ кардааст.

Ӯ ягона шоири ғариб, шоири мусофири тоҷик аст, ки беш аз 16 сол дар ғурбату дарбадариву беватанӣ умр ба сар мебарад.

Ӯ ягона шоирест, ки ҳамеша андешаву ашъору гуфтораш дар ҷомеъа сару садо ва шӯру фарёд барангехтааст.

Ӯ ягона шоирест, ки дӯстдору бадхоҳаш ашъори ӯро мехонанд ва дар истеъдоди волои суханофариаш ҳақ қойил мешаванд.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки солҳо боз чеҳраааш дар телевизиони миллаташ «табу» асту шеърҳои баландмазмуну дилнишинаш зинатбахши «клип»- ҳои худшиносии шабакаҳои телевизионии кишвараш аст.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки бо вуҷуди соҳибном будан, ҷойгоҳи воло ва Ҷойизаи давлатӣ доштан ҳанӯз «Шоири халқӣ» нест.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки оҳангсозони кишвараш аз ҳама бештар ашъори ӯро оҳанг баставу овозхонҳои зиёд шеърҳои ӯро замзама кардаанд.

Ӯ ягона шоирест, ки дар Иттифоқи нависандагон намеғунҷад.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки Иттифоқи нависандагон, вазорати фарҳанг, масъулин, ҷамъи бешумори шоирон, нависандагон, рӯшанфикрону рӯзноманигорони кишвар натавонистанд (НАХОСТАНД!) барояш дар Душанбе толоре пайдо намоянд то шаби назмашро бо ихлосмандонаш баргузор кунанд. Ва ҳадафи аслии ба Тоҷикистон омадану 5 моҳ ин ҷо зистани ШОИР низ ҳамин буда, ки вазифадоре, масъуле, давлатмарде, курсинишине, мақомдоре, раисе, роҳбаре, соҳибкоре, молдоре, дилсӯзе шаби шеър- мулоқоташро бо ҳамватанонаш баргузор хоҳад кард.

ОСАФО, яке тарсид, дигаре нахост, саввумӣ имкон надошт, чаҳорум фурсат наёфт.

Ва Ӯ рафт…

Сад аламу дарду озору гилаву шикваву ғусса бар ҷону дил рафт.

Рафт бебоку бекинаву бо қалби беғашу соф.

Рафт, аз Ватан рафт!!!

Ӯ ягона шоир буд….

Ӯ ягона шоир аст…

Бозор Собир рафт. Барояш аз Худои бузург тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар он билоди ғариб вақту табъи хуш мехоҳем. Тавфиқ рафиқаш бод!

Бозор рафт! Акнун эй ҳамватан:

Бигӯ он шоири доно куҷо шуд?

Бигӯ он сарви хушболо куҷо шуд?

Бирав бар бом бипурс аз боғбонон,

Ки он девонаи шайдо куҷо шуд?!

Инак, мусоҳибаи видоъии шоир Бозор Собирро бо хабарнигори «Миллат» пешкаши хонандаи арҷманд мегардонем.

«МЕКАШАД ХОКАШ, ХОКУ ХОШОКАШ»

- Салом устод, чӣ ҳол доред?

- Бад нестам, мисли ҳамеша як хел ҳастам.

- Ахир қарор шуд, ки биравед сӯйи «Ватан»?

-  Меравем сӯйи Ватан (механдад). Бубин, ин ҷомадону бору баста гувоҳанд, ки меравем.

- Мебинам хеле хушҳолу бардамед, хурсандед, ки меравед аз ин Ватан ба сӯйи он Ватан?

- Не, хеле хуб истироҳат кардам, хоби хирсона рафтам, барои ҳамин.

- Шунидам, ки Шуморо шабҳо хоб намеояд?

- Шабҳо кам хоб меравам, дами субҳ яке хобам меояд.

- Чаро шаб хобатон намеояд?

- Хобам дер боз вайрон аст. Тақрибан аз овони ҷавонӣ ҳамин хел бехобӣ мекашам. Солҳои ахир бе дору ҳеч хобам намебарад.

- Шабҳо эҷод мекунед?

- Ин хел нест, ки шаб то рӯз эҷод кунам, китобу рӯзномаҳоро мехонам, ягон чизе барои худ менависам.

- Ин сафар дар Душанбеи азизатон хеле маътал шудед, чун ҳини омаданатон гуфта буданд, ки зуд ба Амрико бозмегардед. Чӣ шуд, «мекашад хокаш, хоку хошокаш?»

-  Мекашад хокаш, мекашад (механдад). Мо ният карда будем, ки ягон ду моҳ ин ҷо бимонем, вале тақрибан моҳи панҷум аст, ки дар Душанбе ҳастем. Вазъи зиндагӣ ва чанд сабабу баҳонае пеш омаду меҳмонии мо тӯл кашид. Ҳамин хона дарди сар шуд. Як одами боэътимод барвақттар ёфт нашуд, ки хонаро ба ӯ супорем.

ДУШАНБЕ ДИГАР ШАҲРИ МАН НЕСТ

- Ин манзили шахсии Шумост?

- Не, ин хонаи хушдоманам аст. Жолаи шоир гуфтааст, ки:

Азбаски умри талхи ҷудоӣ дароз шуд,

Тарсам маро бубинию нашносӣ ин манам.

Ҳамин тариқ бо ҳар баҳона умри сафар дароз шуд.

- Умри Шумо ҳам дароз бод, устод! Ва бигӯед, ки оё худро дар Душанбе, дар шаҳре, ки камол ёфтеду шоири номвари миллат шудед, меҳмон, мусофир ва бегона эҳсос мекунед?

- Ман тақрибан дар ҳама ҷо дар як вазъиятам. Ин ҷо ҳам мусофираму он ҷо дар Амрико ҳам. Душанбеи имрӯз Душанбеи ман нест. Душанбеи ман Душанбеи советист, ки он ҷо парварида шудем. Мо насли советӣ ҳастем. Насле, ки бо тамоми вуҷудамон, бо хуну пӯстамон бо он ҷамъият вобаста будем. Ин ҷамъияти мо нест. Ин ҷомеъаи як гурӯҳи сармоядору молдору анбордору магазиндору бозордорҳост, вале ҷамъияти мо нест. Барои ҳамин комилан озодона дар ин ҷамъият нафас кашидани мардуми камбағалу бенаво имкон надорад. 

МО ДЕМОКРАТИЯ ГУФТЕМУ ФИРЕБ ХӮРДЕМ

-Устод, оё ин ҳамон ҷамъияте нест, ки Шумо ибтидои солҳои 90- и асри гузашта барои бунёдаш моро, мо насли он вақт ҷавонро дунболи хеш ба майдонҳо кашидед, давлати демокративу соҳибистиқлол мехостед, орзуи мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикиро мекардед? Имрӯз он ҳама орзуҳо амалӣ шудаву Шумо мегӯед, ки ин ҷамъияти мо нест?

- Рост гуфтед. Гуфта будем аз истиқлолу демократияву соҳибмақом будани забонамон. Ман қаблан ҳам дар ин бора гуфта будам, ки моро фиреб доданд. Он ҳама шиорҳое буданд, ки гурӯҳҳои саҳюнистӣ барои фиреби мардум сохтаанд. Масалан, демократия мегуфтанд ва мо намедонистем, ки ин демократия чист. Шунида будем, ки мегуфтанд беҳтарин сохтори ҷомеъа аст, вале надида будем. Аз дигарандешӣ, озодии сухан, матбуот бароямон мегуфтанд. Мо ин шиорҳои саҳюнистиро, ки аз ҳар сӯ бароямон мерасиданд, гирифтему ҳангома бар по кардем. Ва оқибат фаҳмидем, ки моро гӯл задаанд, фиребамон кардаанд. Комилан фиребамон карданд. Рост гуфтед, ки ба майдонҳо баромадем, якҷо бо мутаассибон.

- Кӣ буданд, он мутаассибҳо?

- Ба ёдат ҳаст, ки ҳамон майдонҳои пури одам аз киҳо иборат буд? Он майдонҳо пури муллову ришу мардуми камсаводу мазҳабӣ буд. Ашхоси демократ ва рӯшанфикрони асил кам буданд. Ва мо демократҳову зиёиён ҳам дар ҳавои ҳангомаи барпо кардаи мутаассибон мондем. Аз ин рӯ фиреб хӯрдем. Ман шахсан худро як нафари комилан фиребхӯрда меҳисобам. Он шиорҳое буданд, ки моро бо онҳо сеҳру ҷоду карданд. Мо содалавҳона гумон кардем, ки демократия ҳақ ва озодиеро ба мо меоварад, ки болотар аз ҳуқуқу озодиҳои дар Шӯравӣ доштаамон аст, лекин дар амал дидем, ки он ҳама шиорҳо фиреби назар ва комилан дурӯғанд. 

БАХШИДАМ МИЛИСАВУ ЗИНДОНБОНҲОРО

- Шумо барои ҳамон афкору андешаҳо, барои ҳамон талошу муборизаҳои демократияхоҳиатон зиндонӣ шуда будед. Имрӯз хулосаи мо ин мешавад, ки Шуморо ҳаққонӣ ва дуруст зиндонӣ кардаанд. Ва зиндонкардаҳои Шумо ҳаққанд, ҳамин тавр нест?

- Ҳамин ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон, ҷомеъаи ҳамон зиндонбонҳои ман аст. Зиндонбонҳои ман ҳамонҳоеанд, ки дар ҳукумат буданд. Ман дар замони советӣ зиндонӣ нашудам, ҳарчанд ҳарфҳое ҳам хилофи идеологияи советӣ мегуфтам. Ман барои он ақидаҳоям ҳабс нашудам, маро барои шоири зиддишӯравӣ буданам ҳабс накарданд. Маро барои андешаҳои демократиям ҳамин ҳукумати ҳуқуқбунёди демократӣ зиндонӣ кард.

-Устод, чаро Шумо наметавонед ҳамин алами зиндонӣ шуданатонро фаромӯш созед?

- Аслан дигар кам воқеъ мешавад, ки ман сари ин мавзӯъ баргардам. Гоҳ- гоҳе зиндонӣ шуданам ба хотирам меояд, ба ёдам меояд, ки замоне дар Душанбе зиндонӣ будам, вале комилан аз хотирам сутурда нашудааст.

- Шумо бахшидед он ҳама зиндонбонҳову касонеро, ки Шуморо дар зиндон азият дода буданд?

- Зиндонбонҳоямро ва касонеро ҳам, ки азобам дода буданд, бахшидам, вале онҳоеро, ки маро зиндонӣ карданд, набахшидаам. (Ба рӯям зеҳн монда суъол мекунад: Чӣ дар ҳайрат мондед? Ва механдад)  Он сарбозону милисаву дарбонҳоро бахшидам, онҳо ҳеч гуноҳе надоштанд. Аммо онҳоеро, ки маро бегуноҳ зиндонӣ карданд, то ҳол набахшидаам.

- Оё намешавад бо ин бузургиатон ҳамаро афв намоед, яъне аз касе, ки ранҷиш доред ва гузаштаро канор гузоред?

- Не! Намешавад. Ба забон метавонам бигӯям, ки ҳамаро бахшидам, лекин намедонам чаро дар умқи дилам алам боқист. Бо забон инак мегӯям, ки ҳарчӣ буд гузашт, «бар сари фарзанди одам ҳарчӣ ояд бигзарад».

Маро «Гласность» аз зиндон раҳо кард

Eltsin va Bozor- Чун аз зиндонӣ шудани Шумо ёд кардем, мехоҳам ба як нукта рӯшанӣ андозед? Киҳо барои аз зиндон озод шудани Шумо восита шуданд, ё мусоидат карданд?

- Имрӯзҳо мешунавам, ки ҳар кас ҳарчӣ мегӯяд, ки «мо мусоидат кардем», «мо гап задем», «гуфта будем» ва ғайра. Аслан дар озодии ман нақши Бунёди дифоъи «Гласность» ва хидмати Алекей Симонов, раиси ин созмон, ки дар Маскав фаъолият дорад, бузург аст. Ҳамин созмон, ҳамроҳ бо Иттифоқи нависандагони Русия, адибони шинохтаи советӣ ба унвони Президенти онвақтаи Русия Борис Елсин ҷиҳати мусоидат кардан дар раҳоии ман аз зиндон муроҷиате карда буданд, ки бисёр таъсири ҷиддӣ дошт.

- Аз аҳли адабу зиёи тоҷик киҳо барои озодии Шумо талошу кӯшишҳо карда буданд?

- Аз зумраи адибони тоҷик ҳам нафароне буданд, ки ҳамин гуна як талошҳое барои раҳоии ман аз зиндон карда буданд, вале озод кардани ман аз дасти онҳо намеомад, онҳо ин гуна имконро надоштанд, касе онҳоро гӯш намекард. Масалан, академик Муҳаммадҷон Шукуров ва устод Мӯъмин Қаноат барои озодиям кӯшишҳое карда буданд. Аз номи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карданд, мақолаҳо ҳам нашр шуда буд, ҳатто шоирони ҷавони тоҷик ҳам хостори озодии ман шуда буданд.

- Шунидаам, ки бону Ҳадиса, шоири тоҷик ҳам талошҳое барои раҳоии Шумо аз зиндон карда будаанд?

- Ҳадиса ҳам кӯшише кардааст ва чанд тан аз зиёиён ҳам ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда будаанд.

Дар ҳамин ҷо журналист Саъдӣ Юсуфӣ ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда аз Бозор Собир мепурсад:

- Мехостам аз забони Шумо фаҳмидан, ки гӯё шодравон Муҳаммад Осимӣ низ барои аз зиндон озод кардани Шумо назди Президент даромада ва ҳатто ҳамон қиссаи Фирдавсӣ ва Султон Маҳмудро ба ёдаш оварда бошад. Оё ин воқеъият аст?

- Шояд воқеъият дошта бошад. Ман аниқ намедонам. Вале баъди аз зиндон баромадан дар як газета хондам, ки гӯё Осимӣ маро дар Маскав, дар метро дида бошад, бо ман сӯҳбат доштааст, ки ин комилан дурӯғ аст. Осимиро баъди аз зиндон раҳо шудан надидам ва дар ин бора аз забони ӯ чизе нашунидаам, аз ин рӯ наметавонам гуфтан, ки он ҳама рост аст ё дурӯғ. Шояд ӯ ҳамчун як зиёии пешқадам назди Президент рафта бошад ва ин хоҳишро ҳам карда бошад. Вале фикр намекунам, ки таъсири он аз таъсири Бунёди дифоъ аз ошкорбаёнӣ бештар бошад.

Дар даврони Аскар Ҳаким зиндонӣ шудам

Т. С. - Мегӯянд, ки дилсардии Шумо аз Иттифоқи нависандагон дар замони сарвари ин Иттифоқ будани устод Қаноат маншаъ гирифтааст. Шумо бо устод Қаноат чӣ мушкил доштед?

- Ҳеч мушкил! Ман бо Қаноат ҳеч вақт мухолиф набудам ва ҳеч вақт мушкил ҳам надоштам. Қаноат яке аз устодони асосӣ ва бевоситаи ман аст. Замони роҳбари Иттифоқи нависандагон будани Қаноат беҳтарин даврони эҷодиёти ман буд. Қаноат тақрибан тамоми шароити эҷодиро барои ман муҳайё сохта буд. Бароям хона дод, кори хуб ҳам дод, маро мудири бахши назм дар Иттифоқи нависандагон таъин кард. Ӯ аслан аз ман талаботи зиёд намекард ва бештар маро ба кори эҷодӣ машғул медошт. Дастхатҳои маро мехонд, таҳрир мекард, бароям машварату маслиҳат медод, камбудиҳоямро ислоҳ мекард. Хулоса, Мӯъмин Қаноат ба ман хеле ғамхор буд. Дар замони раисии Қаноат ман бологузар будам. Дар вақти раисии Аскар Ҳаким бошад, зиндонӣ шудам. Илҳоми аввалини ман аз шеърҳои Қаноат буд. Ман Қаноатро намешинохтам, вале шеъраш маро мафтун карда буд. Масалан, ӯ шеъре дорад бо номи «Баҳори Варзоб», ки он вақтҳо мо шоирони ҷавон ҳама мафтуни он шеър, волаву шайдои тасвирҳои хеле олӣ ва шоиронаи Қаноат будем:

Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,  

Гӯйи ту пири  гулфурӯшон аст. 

Ҷомаи беқасаб ба бар дорад, 

Салаи суф гирди сар дорад. 

Локии шоҳӣ дар камар дорад, 

Сабади гул ба пеши бар дорад.

Аз ин беҳтар тасвир нест ва намешавад.

Ба Турсунзода бад нагуфтам

- Шумо баъзан дар бораи шахсияти устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода суханҳое мегӯед, ки аҳли маънӣ нороҳат мешаванд. Чун бо Шумо рӯ ба рӯ қарор дорам, дар ин масъала мехоҳам назаратонро бо гӯши худ бишнавам.

-  Мирзо Турсунзода як шахсияти бузурги адабиёти мо ҳаст. Турсунзода ҳамчун шахсияти сиёсӣ ва арбоби ҷамъиятӣ дар муаррифии фарҳанги миллӣ ва миллати тоҷик нақши бузург дорад. Ман дар бораи Мирзо Турсунзода ҳеч вақт ҳарфи баде нагуфтаам, дар хотирам нест, ки аз Турсунзода бо бадӣ ёд карда бошам.  Ӯ марди бузург буд. Дар бораи Боқӣ Раҳимзода чӣ гӯям. Раҳматӣ савод надошт. Ӯ бадоҳатан шоир шуда буд. Ӯ хондаву омӯхтаву ҷӯста шоир нашуда буд. Ӯ мактаби шеър надида буд, дар ҷамъияти шоирон афтоду бадоҳатан шоир шуд. Боқӣ тақрибан 20 сол дар Иттифоқи нависандагон мураббии шоирони ҷавон буд. Аз ҷумла мо ҳам шогирдаш будем ва дар маҳфилҳои адабиаш ширкат мекардем. Чун шеърҳои худро наздаш мебурдем, чизе бароямон додаву гуфта наметавонист. Ман боре надидаам, ки ӯ қалам гирифтаву «ин мисраъ, ё ибора, ё калима нодуруст омадааст, ғалат аст, намешавад» гуфта бошад. Даҳонӣ ягон чизе мегуфт, вале қалами таҳрир надошт. Яъне як устоде, ки бевосита бо шогирд кор кунаду шоир тарбия кунад, ин тавр набуд.

- Чуноне огаҳӣ доред, чанде қабл як ҳамлаи расонаӣ бар алайҳи устод Қаноат сурат гирифт, ки мехоҳам андешаи Шуморо сари ин мавзӯъ бидонам?

-  Хабар дорам. Ман мусоҳибаи тӯлонии Қаноатро дар «Миллат»-и Адолат ва ҳам посухи Атахон Сайфуллоевро аз кадом як рӯзномае ботафсил ва дақиқан хонда будам. Сӯҳбати Қаноат ҳамааш дуруст буд, фақат дар масъалаи Айнӣ фикр мекунам нохоста ва дар сари эҳсос гуфтааст. Аммо посухи Сайфуллоев сар то сар тамаллуқ аст, ҷавоби тамаллуқкорона аст. Қаноат дар баҳо додан ба нақши Айнӣ дар таърихи миллат баъдан андешаи худро дар «Миллат» гуфта буд. Он гуфтаҳои қаблии хешро ӯ шарҳу тавзеҳи хубе додааст.

- Мегӯянд, он чӣ устод Қаноат дар он мусоҳибаи тӯлониаш бо «Миллат» гуфтааст, зери таъсири Шумо будааст, яъне Шумо дар мафкура ва андешаи ӯ ҳангоми сӯҳбатҳоятон бо эшон таъсир расондаед?

- Дар шину хезҳо ва сӯҳбатҳои якҷоя бо Қаноат ман ин ҷуръатро надоштам, ки ба ӯ таъсир бирасонам ва ё фишор биорам. Шояд мусоҳибаҳои қаблан доштаам ба Қаноат таъсире расонида бошанд. Гуфтам, ки дар он мусоҳибааш Қаноат агар ба Айнӣ кордор намешуд ва ба болшевикон лаънат намехонд, дигар ҳамааш хуб буд.

Устод Айнӣ кист?

- Хуб, аз Шумо бипурсем, ба андешаи Шумо устод Айнӣ кӣ буд ва ӯ чӣ мақоме дар таърихи миллати тоҷик дорад?

- Садриддин Айнӣ забардасттарин тоҷик аст. Агар тоҷик шахсияте дошта бошад, он бешак Айнӣ аст. Айнӣ шахсияти рақами 1- и сиёсӣ, фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон аст. То Айнӣ мо тоҷикро намедонистем, намешинохтем. Мо худро ё мусулмон мегуфтем, ё форс, ё хуросонӣ. Ин калимаро Айнӣ дар даҳони мо гузошт. Ӯ ба мо талқин кард, ки мо тоҷикем ва дар зери ҳамин калима бояд муттаҳид шавем. Ва мо адабиёти тоҷик чист, намедонистем. Ӯ барои мо «Намунаи адабиёт» навишт. Ӯ барои мо бо забони рехтаву суфтаву содаи тоҷикӣ навишт, ӯ дар бораи қаҳрамонҳои халқи тоҷик китоб навишт. Ҳудуди миллиамонро ӯ бароямон гуфт. Мо то Айнӣ намедонистем, ки Самарқанду Бухоро шаҳрҳои аслии мо тоҷикон, гаҳвораи шеъру тамаддуни мо ҳастанд. Ӯ инро ба мо гуфт. Шахсиятҳои фарҳангии мо аз Айнӣ шурӯъ мешаванд. Лоҳутӣ, Турсунзода, Улуғзода ва Ғафуров. Дар сари ин шахсиятҳо камтар баҳс кунем, беҳтар аст.

Оятхонӣ, ҷаноза ва мурдашӯӣ дин нест

- Шумо дар ҷомеъаи Тоҷикистон як шоири хеле шинохта ва маҳбуб ҳастед, аммо баъзан аз тариқи матбуот ҳарфҳое мегӯед, ки бойиси қаҳру ғазаби ҷомеъаи мусалмонии мо мешавад. Шумо ба эҳсосоти мардум нохун мезанед, муқаддасоти мардумро, Худову дину муллоҳоро бадгӯӣ мекунед. Оё намешавад, ки ҳамин корро накунед, то эҳтирому эътиборатон миёни мардум баланд боқӣ бимонад?

- Не, намешавад!

- Яъне бояд бигӯед?

- Ман наметавонам замонасозӣ кунам. Шумо бубинед, ҷамъияти пешрафтаи дунё исломӣ нест , ҷаҳони мутамаддин ҷаҳони мазҳабӣ нест. Ман ҷонибдори дунёи пешрафта ҳастам, на ҷонибдори ҷаҳони қафомонда. Ман ҷонибдори дунёи аз ҷиҳати илм, фарҳанг, саноат ва техника пешрафтаву рушд карда мебошам. Ҷонибдори ҷаҳони феодалӣ нестам.

- Шумо пайрави кадом дин ҳастед?

- Аз ҳеч дин! Ба ҳеч дин сару коре ҳам надорам.

- Маъзарат мехоҳам, Шумо мусалмон нестед?

- Ман мусулмон нестам. Ман атеистам, атеисти Шӯравӣ.  Ягон шартҳои мусулмониро қабул надорам.

- Шумо ба зиёрати оромгоҳи падару модар ва наздиконатон рафта будед?

- Сад бор рафтам. Ҳар рӯз меравам.

- Ояти Қуръон хондед?

- Оят ман нахондам, муллову як- ду мӯйсафеди ҳамроҳам буда хонданд. Ин оятхонӣ, ҷаноза ва мурдашӯӣ дигар дин нестанд. Инҳо дигар як анъана ҳастанд. Ҳамин Наврӯз ҳам аз ҷониби шоҳ Ҷамшед чун як ҷашн эълон шуд ва дигар то имрӯз ҷашнгириаш анъана шудааст. Бисёр одатҳои дини зардуштӣ то имрӯз дар миёни мо тоҷикон боқӣ монда ва риоя мешаванд. Инҳо дигар марбут ба дин нестанд, як одати халқӣ шудаанд.

Bozor Sobir vido 2С. Ю. - Шумо дар мавриди дин ва мусалмон будану набуданатон зиёд изҳори назар кардед. Вале то ҳанӯз назари Шумо дар масъалаи мавҷудияти ҳизби динӣ шунида нашудааст?

- Агар ба ман вобаста мебуд, ҳизби диниро мебастам. Ҳамин чиз аз хотири ман рафт, вагарна ба Президент бевосита муроҷиат мекардам, ки дар Тоҷикистон ҳизбҳо зиёданд, ки аксари онҳо нодаркоранд.

Агар ҳизбҳои демократӣ, халқӣ, ё сотсиалистӣ бошанд, зарар надорад, бигзор бошанд, вале ҳизби наҳзати исломиро ҳатман мебастам.

- Барои чӣ?

- Барои он ки аз ин ҳизб ба ҷамъият камтар манфиат аст. Камтар не, бисёр камтар.

- Бо кадом далел?

- Бо далели он ки ягон ҷамъияти пешқадам чунин ҳизб надорад. Масалан, дар Амрико дин ягон мақому мавқеъ дар ҷамъият надорад. Албатта калисо ҳаст, онҳо чорч мегӯянд. Чорч ҳаст, аммо дар ҳукумат, давлатдорӣ ва дар ҷомеъа ягон мақому мавқеъ надорад. Масалан, он ҷо дар Сенат ягон поп рафта намешинад, яъне дин дар мақоми қонунгузорӣ намоянда надорад.

- Дар Думаи давлатии Русия ҳаст- ку?

- Дар ин бора ҳам мегӯям. Бале, дар Русия ҳаст. Дар Сарқонуни Амрико навишта шудааст, ки «Контитутсияи Амрико динро ҳимоя намекунад». Ин сионистҳо динро дар тамоми қаламрави хоки Шӯравӣ авҷ доданд. Дар Русия ҳам аз он ки як поп дар порлумон мешинад, ин чизеро ҳал намекунад. Ва аз шиштани ӯ ҳам ба касе манфиате нест, ин як найранги сионистӣ аст. Сионистҳо медонистанд, ки ягона неруе, ки метавонад мардумро алайҳи сохти шӯравӣ бишӯронад, ин дин аст ва динпарастиро авҷ доданд. Бо ин амалашон сионистҳо мехостанд, ки фикри мардумро ба дин машғул сохта, аз ёди мардум мактаби бепул, табобати бепулро берун андозанд. Ва муваффақ ҳам шуданд. Дар ҷомеъаҳои пешрафта ҳатто дар бораи дин гуфтугӯ намекунанд. Аз ҳамин хотир ҳизби исломиро дар Тоҷикистон бастан даркор, чунки оянда зарараш дучандону садчандон хоҳад шуд.

Т. С. - Ин ҳизб дар Тоҷикистон пайравони зиёд дорад, вақте онро мебандем шояд сафи норозиҳо зиёд мешаванд.

- Ҳа охир, ҳама пайравонаш мардуми ақибмонда аст, мардуми нимфеодал. Агар академик ҳам бошаду аз ҳамин ҳизб ҷонибдор бошад, ақибмонда аст. Агар зиёӣ ҳам бошад, дар асл як феодали асримиёнагӣ аст. 

МАН МУРДАН МЕРАВАМ, ДИГАР БА ИН ҶО НАМЕОЯМ

- Шумо инак меравед ва мегӯянд баъди се моҳ дар Наврӯз боз меоед?

- Не, ин дурӯғ аст. Ман дигар ин ҷо намеоям. Ман Амрико барои мурдан меравам. Гумон надорам, ки дигар ин ҷо биёям, гумон надорам (механдад.) Ман дар ин бора як шеъре ҳам навиштаам, онро бароятон медиҳам, бурда чоп кунед.

Ин ҷо порае аз он шеъри устод Бозорро барои хонандаи хеш меоварем:

…Фархунда бод ғурбати беинтиҳои ман,

Оворагии ман, 

 Бехонумониам!

Сад бор зинда бод,

Бечорагии ман!

Дигар ба сӯйи шаҳри  

Душанбе намепарам, 

Тайёраро чу болу пари худ дар осмон,

Сӯйи Ватан дубора тасаввур намекунам…

- Метавонед бадоҳатан шеър бигӯед? 

- (Механдад) Бадоҳатан шеър гуфтан наметавонам. Ман ин хел шоир нестам, ин хел илҳоми осмонӣ надорам. «Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.»

- Кадом нашрияҳои Тоҷикистонро мутолиа мекунед?

- Қариб ҳамаашро. Панҷ моҳе, ки ин ҷо ҳастам, фақат рӯзнома хондаам. 

МАТБУОТИ ТОҶИК «БАРДАК» АСТ

- Озодии баён дар матбуоти имрӯзии тоҷик эҳсос мешавад?

- Озодии баён ҳаст, вале содалавҳона. Ин озодии баёне, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳаст, барои пешрафти мардум як зарра фойида надорад. Ҳар кас ҳарчӣ бихоҳад рӯйи коғаз меорад, ҳатто ҳазёну сафсаттаро ҳам чоп мекунанд. Ҳар чиро рӯйи сафҳаи рӯзнома рехтану ба мардум пешкаш кардан даркор нест. Озодии баёне, ки имрӯз дар матбуоти тоҷик ҳаст, танҳо ба фойидаи ришу масҷиду мулло аст. Рӯзномаҳо ришу ҷелаку эшону махсуми бисёре чоп мекунанд, ки ин озодии баён нест. Ва аз ин озодии баён барои ҷомеъа манфиате ҳам нест. Инро озодии баён не, «бардак» бояд гуфт. Бардак дар матбуот.

- Пас, чӣ бояд кард?

- Ман ҷонибдори он ҳастам, ки сензураро бояд дар матбуот ва нашри китобҳо ҷорӣ кард. Он қадар китобҳои музахраф, китобҳои ҳазён бисёр шудааст, ки ҳисобаш гум аст ва он китобҳо як хонанда ҳам надоранд. Душанбе пур аз китоб аст. Китобҳое, ки касе шавқу ҳаваси хондани онҳоро надорад. Китобҳое, ки ҳатто нависандагонашон онҳоро нахондаанд. Аз ин гуна китобҳо барои мардум манфиате нест. Аз будани чунин китобҳо набуданашон беҳтар аст. Агар масъулини ҳукумат пеши роҳи ин корро нагиранд, «бардак» авҷ мегирад. Ҳаркӣ чор танга ёфту ду ҷумла навиштанро ёд гирифт, китоб менависад. Ҳар ҳазёниву васвосиву девонаву ҳар бесавод, ки пул дорад, китоб менависаду чоп мекунад ва болои сари мардум мерезад.

- Шумо суханҳое мегӯед, ки ҳукуматдорон ҳам ҷонибдори онҳоянд. Масалан, ҳамин мухолифати Шумо бо ришу ҳиҷобу масҷиди бисёру мадрасахонии зиёд ва «бардак» дар матбуоту нашри китобҳо.

- Агар ҳамин хел бошад, бисёр хуб аст. Ҳамин ҳукумат агар он чизҳое, ки ман мегӯям бигӯяд, ин хеле хуб аст. Медонам гоҳ- гоҳе фикрҳои ман бо ҳукумат ва аз ҳукумат бо ман созгор меуфтанд. Ҳукумат дар солҳои пеш худаш ҳамин масҷиду мақбараву мазорсозиро пеша кард ва акнун дарк кард, ки бо ин роҳ мо наметавонем пешрафт дошта бошем. 

ШАРОИТ ФАРОҲАМ ОВАРЕМ, БАЪД ВОЛИДОНРО ҶАЗО ДИҲЕМ

- Оид ба тарҳи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», ки ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудааст, чӣ фикр доред?

- Ин қонуни хуб нест. Акбари Тӯраҷонзода дар сӯҳбаташ хуб гуфтааст, ки он як қонуни бемаънӣ аст, рости рост гуфтааст. Комилан ҳақ ба ҷониби ӯст. Масъулияти тарбия бояд бар дӯши давлат бошад, ин вазифаи давлат аст. Падару модар дар ҳама асру замонҳо тарбиятгар буданд, ҳастанд ва хоҳад монд. Ба онҳо талқин кардан, ки фарзандатро тарбия бикун, илм биомӯз шарт нест. Ҳукумат бояд барои падару модар шароит муҳайё кунад, барои таълими хуб додан ба тифлонашон барояшон нафақапулӣ бидиҳад. Ончунон ёрдампулие бидиҳад, ки падару модар тавонанд фарзандони хешро тарбияи дуруст бидиҳанд, илму донишу савод биомӯзанд. Аввал ба падару модарон нафақа, ёрдампулии хуб бидиҳанд, онгаҳ аз онҳо таълиму тарбияи дуруст додани фарзандонашонро талаб кунанд. Ҳеч имкону шароиту заминае фароҳам нест ва ба падару модарон мегӯянд, ки фарзандро дуруст тарбия кунед, вагарна ҷазо мегиред. Ин тарҳи пешниҳодшуда қобили қабул нест, қонуни хуб нест. 

АЗ МАН БА ПРЕЗИДЕНТ МАНФИАТЕ НЕСТ

- Агар Президент бихоҳад бо Шумо сӯҳбате дошта бошад ва аз Шумо даъват кунад, меравед?

(Оҳи сарду чуқур мекашад) Агар 10 сол қабл, ки ҷавонтар будам даъват мекард, ба ҳузураш мерафтам, ҳозир не. Ҳозир дигар на аз ман ба Президент манфиате ҳасту не аз Президент ба ман. Агар ба як пиёла чой даъват мекард, (механдад) ҳеч гап набуд, шояд мерафтам.

- Шумо як вақтҳо сиёсатмадор будед...

- Не, ҳеч вақт сиёсатмадор набудам.

- Устод, як лаҳза. Дар соли 1990 Шумо депутати Порлумони кишвар ва узви Садорати Ҳизби демократи Тоҷикистон будед. Ва ман аризаи дохилшавии Шуморо ба сафи ин ҳизб дида будам, ки он ҷо чунин байте ҳам буд: 

Чароғеро, ки мардум барфурӯзад,

Ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисӯзад.

- Не, ин тавр набуд, ман навишта будам, ки: 

Чароғеро, ки мардум барфурӯзад,

Латифӣ пуф кунад, ришаш бисӯзад.

(Шодравон Отахон Латифӣ, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар соли 1990 муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар умури илм, фарҳанг ва созмонҳои ҷамъиятӣ буданд. Шарҳи мо)

- Назари Шумо дар бораи фаъолияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

- Ин аҳзоб ба чӣ кор машғуланд, ман намедонам. Он Ҳизби демократ, ки мо бо Шодмон Юсуф ва дигар бачаҳо сохтем, аз байн рафт, он дигар вуҷуд надорад, танҳо номаш ҳасту халос. Инҳо чӣ кор мекунанду чӣ барнома доранд, ман намедонам. Масъуд (Масъуд Собиров, раиси феълии Ҳизби демократи Тоҷикистон. Шарҳи мо.) баъзан меояд, бо ӯ сӯҳбатҳо доштам ва мақолаву навиштаҳояшро ҳам аз тариқи рӯзномаҳо мехонам, эрод мегирад, танқид мекунад. 

САНГАКУ РИЗВОН БОСМАЧӢ БУДАНД?

Bozor va DomulloЯк вақт хондам, ки навиштааст босмачиҳо шахсиятанд. Магар ҳамин гап аст, ки босмачиро шахсият бигӯем. Босмачӣ ҳеч вақт шахсият набуд ва намешавад. Босмачиро ҳамин дирӯз буд, ки мо бо чашми худ дидем. Ҳамин Сангаку Ризвону як каси дигар буд дар ҳамон Фронти халқӣ бо Сангак номаш чӣ буд, ҳа Файзалӣ, ана ҳаминҳо босмачӣ буданд. Босмачиҳои Фронти халқӣ муридони Мулло Ҳайдар буданду босмачиҳои оппозитсия муридҳои Нуриву Тӯраҷонзода. Ҳамон босмачиҳои солҳои 20- уму 30- юми асри гузашта як тӯдаи авбошу ғоратгар ва муриди ягон муллову эшон буданд. Босмачӣ босмачӣ аст. Онҳоро ҳамон вақт ва ҳамин дирӯз ҳам ҳамин муллову эшонҳо «регулировка» мекарданд.

- Ман шоҳид будам, ки Шумо бо ҷаноби Тӯраҷонзода чанде қабл дар як маҳфил хеле дӯстона ва гарму ҷӯшон сӯҳбат доштед, вале ӯро ҳамеша интиқод мекунед ва ҳамин ҳоло аз ӯ ҳомӣ ва «регулировшик»- и босмачиҳо ном бурдед. Оё эшон аз Шумо малол намешаванд?

- Намедонам хафа мешавад ё не, вале агар боз ҳам ӯро бубинам гарму ҷӯшон сӯҳбат хоҳам кард. Хафа ҳам шавад, мегӯям.

- Бо Шодмон Юсуф, поягузори Ҳизби демократи Тоҷикистон робита доред?

- Телефонӣ гоҳ- гоҳе сӯҳбат мекунем, дӯст ҳастем.

Ӯ чаро ба Душанбе намеояд?

- Метарсад, мегӯяд, ки душмани бисёр дорад. Он ҷо дар Австрия зиндагиаш хуб аст.

- Шумо тайи панҷ моҳи ин ҷо будан кадом китобҳои адибони тоҷикро мутолиа кардед?

- Китоби «Сакарот»- и Гулрухсорро варақ задам, вале нахондам. Аммо китоби шоир Латифи Пидром «Ҳикояти як хобгард»- ро пурра хондам. Китоби хуб навиштааст ва умуман Пидром шоири олиҷаноб аст. Агар дар мақоми Нодирпур, Сиёвуши Касроӣ, Ахавони Солис нарасида бошад ҳам, вале аз Сулаймон Лоиқу Бориқ Шафеъӣ болотару пешрафтатар аст. Бо камоли завқу шавқ китоби Пидромро хондам. Ҷавон аст, сиёсатмадор ва чеҳраи шинохтаи Афғонистон аст, дар Порлумони кишвараш намоянда интихоб шудааст. Инсони фозил ва марди хубе ҳам ҳаст. 

РОСТ ГУФТААНД, МАН ОДАМИ ХУБ НЕСТАМ

- Аз хубиву бадӣ сухан кардед, баъзеҳо мегӯянд, ки Бозор Собир шоири хуб аст, вале одами хуб нест. Ин рост аст?- (Механдад)

Гуфтаанд, ки ман одами хуб нестам. Рост меган, рост гуфтаанд. Шумо аз ман мепурсед, ки оё ин рост? Кадом одам худро бад мегӯяд? Ман ҳам мегӯям, ки одами хуб ҳастам. Вале касе омӯхтаву мушоҳида кардаву гуфта бошад, ӯ дуруст мегӯяд.

- Устод, мехостам андешаи Шуморо сари бунёди НБО- и Роғун бидонам?

- Ин беҳтарин кор аст, агар Роғун бунёд шавад. Ман дар замони Шӯравӣ ҳам ҷонибдори бунёди Роғун будам ва имрӯз ҳам тарафдорам, ки ин ниругоҳ сохта шавад. Ҳатто ҳамон замон шеъре ҳам дар васфи Роғун навишта будам. Роғун бояд бузургтарин пойгоҳи саноатии Тоҷикистон шавад. Имрӯз Тоҷикистон як ҷумҳурии бесаноат аст, тақрибан чизе истеҳсол намекунад, ҳатто як сӯзанак истеҳсол намекунад. Бинобар ин Роғун манбаъи аслии рушди саноат ва пешрафти Тоҷикистон хоҳад шуд.

- Ба назари Шумо ихтилофоти миёни Тоҷикистону Узбакистонро сабаб чист?

- Инҳо корҳоеанд, ки ба боло вобастаанд. Инҳо кори ҳукуматдоронанд. Ман камтар ин чизҳоро мефаҳмам.

Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан,

Гови нар мебояду марди кӯҳан.

- Марди кӯҳан ё пӯҳан? Мегӯянд, ки пӯҳан дуруст аст, зеро дар кӯҳистон марди зӯру тавонмандро, ки мисли гов мехӯраду кори даҳ касро мекунад, пӯҳан ё поҳанг ном мебаранд.

- Шояд, шояд ин дуруст бошад. Ман кӯҳан шунидаам, яъне ба маънии ботаҷриба, лекин пӯҳан, ки Шумо гуфтед, мувофиқтар аст.

- Марги Нигина Рауфова Шуморо зиқ кард?

- Ҳа, бечора ҳайф шуд, барвақт рафт. Лекин марг ногузир аст. Ман ҳамин сол дарк кардам, ки одам мемурдааст. Сад дар сад бовар кардам, ки одам дар ин дунё муваққат будааст.

- Оё беҳтар нест, ки наравед ва ин ҷо бимонед. Тоқии тоҷикӣ дар сар гоҳ- гоҳ ба масҷид рафта бо мӯйсафедони диёр гарм- гарм сӯҳбат кунед. Он ҷо кӣ аз Шумо хабар мегирад, ғарибхок мешавед?

- Ҳамин тоқиро мебарам бо худ хотира ва меравам.

- Аз Иттифоқи нависандагон ба хабаргириатон меомаданд?

- Меҳмон Бахтӣ омада буд.   Абдулҳамид меомад. Аз аҳли фарҳангу ҳунармандон Қиёмуддини Чақал, Аҳмадшоҳи Улфатшоҳ, Ибодуллоҳи Машраб, Ортиқи Қодир, Ҳабибуллоҳи Абдураззоқ меомаданд.

- Гуфта будед, ки шеърҳоямро ба Ортиқ бахшидам…

- Ҳа бахшидам ба Ортиқ. Онҳо дигар шеърҳои Ортиқанд.

- Шуморо дар телевизион дидам, ки дар шаби назми Давлат Сафар нишаста будед.

- Як рӯз буд Давлат Сафар ду китоби худро ба ман овард, ки бихонам. Ман хондам, лекин фикр надоштам, ки ин хел маҳфил дораду маро гирифта мебарад. Баъд як рӯз омада гуфт, ки маҷлиси шеър дорам, биёед иштирок кунед. Ва рафтам. Ӯ як шоири ҷавон аст, ду китобча навиштааст, ғазалу шеърҳои нимоӣ дорад, рубоиву дубайтиҳо дорад. Вале он камтар маҷлиси шеър буду бештар он ҷо рақсу сурудхонӣ буд. Агар маҷлиси шеър мебуд, беҳтар буд.

- Мегӯянд он ҷо Шумо ҳам сухан гуфтаед?

- Бале гуфтам, вале онро буриданд. (механдад) Ман чанд рубоии Давлат Сафарро мисол овардам, ки хеле хуб ва шоирона гуфта шудаанд. Ҳар кас маро ба маҷлиси шеъраш мехонд, ҳатман мерафтам. Ҷойи мо маҷлиси шеър аст. Фақат як маҷлиси шеър воқеъ шуд, ки рафтам.

- Малол нестед, ки шаби назматон баргузор нашуд?

- Малол ҳастам, сахт. Дареғ, ки ҳамин кор нашуд. Агар мешуд, беҳтар буд. Нияти ба Душанбе омадани ман ҳам ҳамин буд, ки ин ҷо шаби назме баргузор намоем. Ният доштам, ки як бори дигар ҳамон Иттифоқи нависандагоне, ки дар замони Қаноат ҷӯшу хурӯш дошт, ҳамонро рӯйи саҳна барорем. Барои баргузории шаби назм, мулоқот бо хонандаҳо ва шоиру нависандаҳо касе мушахасан фикр накард, касе ҷиддӣ аз пайи ин кор нашуд ва ман фаҳмидам, ки дақиқан намехоҳанд. Нияти дуюм ин буд, ки ин ҷо як китоб чоп кунем ва китоб чоп шуд.

- Дар Амрико чиро бештар ёд мекунед?

- Эй, ки ба ноз хӯрдаӣ хуни дилам сабӯ- сабӯ,

Гуфта наметавонам ин ҳамаро ба гуфтугӯ.

Гоҳе як дӯстро, гоҳе деҳаро, гоҳе чашмаеро, гоҳе сӯҳбатҳои ин ҷо доштаамро. Дар ин ҷо сайру гаштҳоро ба ёд меорам.

- Қурутовхӯриҳоро чӣ?

- Оҳ нагӯ, нагӯ, барои қурутовҳои бомаззаи ин ҷо дилам ҳамеша гум мезанад.

- Як дуъои хайре кунед, дар ҳаққи миллат?

- «Миллат»- и Адолат ё миллати Тоҷик? Ё ҳарду?

- Ё ҳарду.

- Мекунам, вале дуъои ман мустаҷоб намешавад.

- Орзу кунед?

- Ёди ҳама ба хайр бод! Панҷ моҳ ин ҷо роҳат будем. Зиндагии ҷамъият маро намефорид, вале сӯҳбату шину хезҳо бо дӯстону рафиқон, шоирону аҳли фарҳанг хеле хубу самимӣ буд. Рӯҳан болида мешудам. Комёб ва муваффақу сарбаланд бимонед!

- Роҳи сафед, тавфиқ рафиқ бод!

Сӯҳбати Т.Сайидзода ва С. Юсуфӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97