Салими Зарафшонфар: Зиёии бефикр ҷунбиши фикрӣ ба бор намеорад!

Мусоҳиба 26.12.2012 19:39

Salimi Zarafshonfar01Суҳбати ихтисосии Раҳматкарими Давлат бо шоири тоҷик Салими Зарафшонфар

Шеър ҳамоно зинда аст

- Оё умри шеъру шоирӣ сар наомадааст? Ба назаратон, шоиру шеър кай мемиранд?

- Шеър, амсоли илм, наққошӣ, мусиқӣ, яке аз ҷилваҳои улвитарини табъу хиради инсонист. Метавонад вобаста ба гардиши замонҳо шаклу мазмуни шеър низ гардиш биёбад, нуфузаш кам шавад ва ё зам шавад. Фаразан, дар асрҳои миёна байни суханварони мо сабқати "Лайлӣ ва Маҷнун"-саройӣ ё "Искандарнома"-саройӣ маъмул буд. Ё бигирем, ба як  ғазали шоири номдоре чандини дигар чандин тазмин менавист. "Шоҳнома"-нависӣ бад-он дараҷа авҷ гирифт, ки ҳатто суханпардозе худро Фирдавсии Сонӣ тахаллус ниҳод.  Имрӯз чунин равишу равия вуҷуд надорад. Ҳар қаламбадасти асолатманд ҷаҳд меварзад гуфтании худро бигӯяд. Дар даврони классикӣ шоирон то ҳадди имкон мекӯшиданд, ки ба аҳли ҳараму ҳашами амиру амирчаҳо дохил бишаванд ва рӯзгори худро бо мадҳиягӯйӣ бигузаронанд. Имрӯз, масалан, шоири махсуси ҳарамиву ҳашамӣ вуҷуд надорад. Агарчи фузунмиқдоранд сухангӯёни мадҳиягустар. Яъне гуна-гуна тафовутҳо дар миён ҳастанд, валекин бо ҳама таҳаввулоту тағйирот рӯзгори шеър идома дорад. Албатта дар айёми пасошӯравӣ адабиёт на он манзалатро дорост, ки дар айёми шӯравӣ дошт.

Умуман дар ақсои олам шеър доираи танги ҷомеаро мутавваҷҷеҳ месозад. Ин табиист. Бо шеър зубдагони зеҳнӣ алоқа доранд. Маълум, ки ин гуруҳ каманд. Лек як худи воқеияти он, ки ҳар сол ба барҷастатарин шоир ё носир, дар радифи намояндагони улуми мухталифи табиӣ, ҷоизаи болотарини ҷаҳонии Нобелро месупоранд, даракдеҳи он аст, ки адабиёт дар саросари гетӣ алҳол аз обрӯву иззат баҳравар мебошад.

Гулрухсор ҳанӯз ҳам гулрухсор аст

- Агар шеър сар наомадааст, пас чаро имрӯз шоир мартабаи пешинро надорад ва шеъри ноб ҳам камтар шудааст? Масалан, чаро ҳамин Гулрухсор мисли Гулрухсори бист-сӣ соли пешин нест?

- Мартабаи пешинро надоштани шеър аз ҳамон гардишхӯрии гардун, ки гуфтем, вобастагӣ дорад. Дар пешинадаврон, агар шумо даврони шӯравиро назардошт кардед, илму адабиёт нуфузи болову волоеро касб карда буд. Шахсан камина ҳамчун қаламфарсо аз имтиёзоти онвақта баҳра набардоштаам, аммо шоҳиди воломақомии шеъру шоир будам. Ҳоло аз шӯравизамон нолидани баъзе куҳаншоирону куҳанносиронро шунида, хандаам меояд. Инро баҳри ба ин замон ширин кардани худ мегӯянд. Тасаввур кунед; ба як сатри дар рӯзнома, маҷалла, китоб чопшудаи назм аз як суми ҳамондавра то се сум ҳаққуззаҳма медоданд. Як суми шӯравӣ аз як доллар афзун қурб дошт! Ҳисоб кунед, агар як достони сесадсатраи, фаразан,  Мирзо Турсунзода ё Муъмин Қаноат дар маҷаллаи "Садои Шарқ" ба табъ мерасид, нуҳсад сум медодандаш. Агар он достон ба шакли китоб нашр гардад, муаллиф боз нуҳсади дигар мегирифт. Ва агар якчанд бознашр шавад, низ ҳаққи қаламро соҳиб мешуд. Яъне имконпазир буд, ки як шоир фақат аз як достонаш чор-панҷ ҳазор доллар ба даст орад. Он, ки ӯ моҳонаи рӯзгоррас мегирифт, чакидаҳои хурду калонаш дар дигар нашрияҳо чоп мешуданд, истироҳатгоҳҳо мерафт, дар даҳаҳои адабиёт, рӯзҳои фарҳанги бешумор ширкат меҷуст, ва ғайраву ҳоказоро сарфи назар мекунем. Ин як. Дуввум; хоҳ шоиру нависандаву олим, хоҳ коргару муҳандис, аз ҳисоби коргоҳаш бепул хонасоҳиб мешуд. Саввум; азбаски руҳияи пулпарастиву молпарастӣ хеле кам буд, руҳияи илмпарастиву шеърпарастиву фарҳангпарастӣ болоӣ дошт. Номи котиби якуми СеКа, воливу ҳоким не, номи Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдулло Назрӣ, Одина Ҳошим, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Зафар Нозим, Бобоҷон Ғафуров,  Малика Собирова, Малика Қаландарова, Бозор Собир, Лоиқ,  Муҳаммадҷон Шакурӣ,  Ҳақназар Ғойиб, Акбар Турсун, Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода,  Гулрухсор, Саттор Турсун, Куҳзод, Сорбон, Нигина Рауфова, Ардамеҳр, Гулназар, Ҷӯрабек Муродов, Маҳмудҷон Воҳидов ва ҳамин гуна як силсила фарҳангиёни гуногунқареҳаву гуногунсавия сари забони мо буд. Эътибори номбурдаҳо бад-он сон буд, ки мани мактабхон ҳеч ба гӯшаи хаёл овардан наметавонистам, ки рӯзе мешаваду ҳамроҳи дӯстам Сайёд Ғаффор ба дафтари кории Бозор Собир даромада, ҳамсуҳбаташ мешавам, бо Лоиқ понздаҳ сол рафоқат меварзам, бо Шакурӣ, Ҳошим Гадо, Акбар Турсун, Алӣ Бобоҷон, Саттор Турсун, Куҳзод, Сорбон, Меҳмон Бахтӣ, Саидалӣ Маъмур, Ҳақназар Ғойиб, Аскар Ҳаким, Абдулҳамид Самадов, Ардамеҳр, Гулназар ошноӣ пайдо мекунам, бо  Муъмин Қаноат нафақат ҳамнишиниву ҳамсуҳбатӣ насибам мегардад, балки инчунин ба шарафи ҳаштодсолагиаш меҳмони зодгоҳи ӯ  -   Курговад мешавам, бо Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, Убайдулло Раҷабов дӯстӣ пайдо мекунам, ба ҳайси рӯзноманигор аз онҳо мусоҳиба мегирам. Мо ҳатто китобҳои шоирони баъдина - Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Зулфия Атоӣ, Низом Қосим, Муҳаммад Ғойиб, Искандари Хатлонӣ, Зиё Абдулло, Шаҳрия, Қувват Давлат, Алимуҳаммад Муродӣ ва ғайраву ғайраҳоро мекофтем. Инак шумо аз мактаббачагон бипурсед, ки Рустами Хомарахш кисту Равшани Махсумзод кист, шояд аз ҳазорон як нафар ҷавоб бидиҳад. Аз ин зовия, ҳар гоҳ камбудиҳои шӯравизамонро бармешуморем, зиёдбудиҳояшро низ набояд фаромӯш созем. Ба наздикӣ яке аз шеърпардозони накӯсалиқа Тӯлқин Хоҷа баъди бемории ранҷафзо дунёро падруд гуфт.  Ӯ бо ҳазор армону орзу бирафт. Ман медонам, ки яке аз ҳазор армони ӯ нагирифтани ҷоизаи адабии ба номи устод Турсунзода аст. Зиндагиаш хоксорона буд, тӯли умр се китоб чоп кардан тавонист-натавонист. Шоире буд оригиналӣ. Лек имкони шуҳраварӣ надошт.

Имрӯз сатҳи иҷтимоии ағлаби фазлмандону сухансанҷон поён аст. Як сабаби коҳишёбии нуфузи онҳо ҳамин мебошад. Кӯтаҳзабонии онҳо аз кӯтаҳдастии онҳост. Аз ин ҷост, ки вақте як нафар дӯсти шоири ман писарашро ба мактабхониву китобхонӣ ҳидоят мекунад, чунин посух мегирад: "Ота, худат хонда, чӣ шудӣ?" Мо метавонем дар соҳаи маорифу фарҳанг ислоҳоти ҳаргунаи фарогир ҷорӣ созем, аммо то он дам, ки манзалати омӯзгорон, олимон, қаламкашон ва ҳунарваронро тавассути болобардории дараҷаи иҷтимоию маишӣ боло набардорем, ҳама талошҳоямон дар ин самт ба боди фано мераванд. Тавассути бениёзсозӣ ба ҳар як тоҷикистонӣ ҳувияти инсониашро баргардондан ҳатмист.

Дар бастагӣ ба Гулрухсорбону ҳаминро гуфтан метавонам, ки ӯ гулрухсории худро аз даст надодааст. Шояд баъзан ихтилофманиш аст, лекин дар ҳама жанр мисли собиқ назари худро баён месозад. Мисоли тоза мусоҳибаи мунозираангезе шудан метавонад, ки ӯ ба радиои "Озодӣ" додааст. Мо як гуруҳ қаламбадастон низ сари гуфтаҳои ӯ, ба вижа нуктаи "Аз ватане, ки он ҷо гадоям, безорам" баҳс намудем. Аксарият огоҳанд, ки муаллифи ғазали "Бигзор гадо бошам, дар хоки Ватан бошам" дигар чакомапардози соҳибистеъдоди мо Муҳаммад Ғойиб аст. Барои ман хеле аҷиб, ки баъди чунин танқиди принсипиалии шадид, ҳангоме Гулрухсор хоҳ-нохоҳ дар ягон чорабинӣ бо Муҳаммад чашм ба чашм мезанад, чӣ гуна саломуалейк мекарда бошад. Ва инро танҳо Гулрухсор метавонад.

Шумо арз намудед, ки шеъри ноб камтар шудааст. Худаш шеъри ноб аслан камёб аст. Ҳатто девони шоҳи ғазалтирозон Ҳофизи Шерозиро афшон-афшон кунем, обаш мераваду нобаш кам мемонад. Ғайр аз чанд нафар овозадори пешина, миёни осори бархе ҷавонтарҳо ашъору абёти хонданӣ ҳаст.  Аз нигоҳи камина, дар шеъри имрӯз муғлақбаёнӣ, бемантиқӣ, ҳарзагӯйӣ афзудааст. Бархе бо унвони "шеъри сафед" номи шеъри бечораро сиёҳ карда гаштаанд. Гумон доранд, ки агар шеър бевазну беқофия бошад, бояд ҳатман бемаъно низ шавад. Дар пайкари ҳафтод-ҳаштод фоизи шеъри манзуму номанзуми насли нисбатан ҷавон дил наметапад, фазлфурӯшӣ ҷойи маъниофариро гирифтааст. Гапи шумо аз он лиҳоз дуруст, ки мағзобашеърҳо дарё-дарё ҷорианд имрӯз. Чун давраи сармоядорист, дастае шоиртарошону носиртарошон, ки андак пул дорад ва ё аз пулдорон пул ситонда метавонад, китоб пайи китоб чоп мекунад, бо пулёбиву дилёбӣ узви иттиҳодҳои эҷодӣ мешавад, худро ҳар ҷо рекламаву пешниҳод месозад, барои маҷмуъаҳояш аз суханварону донишварони соҳибобрӯ дебоча мегирад. Ин айём, бо таъбири сухангустари инглис Оскар Уайлд, "хонандагон нависанда шудаанд". Як  "бартарӣ"-и муште аз навносирону навшоирони ҷавону пири имрӯзин даҳанкалонӣ, мағрурӣ, худшайдоии ӯст. Аз бебандубории нақд, ҷӯрае ҷӯраашро даҳошоир эълон мекунад, ҷӯрае ҷӯраашро даҳоносир муаррифӣ менамояд. Чун завқи эстетикии бештари хонандагони муосир парвариш наёфтааст, мискинон ба ин рекламаву худрекламаҳо бовар мекунанд. Бинобарин барои гуруҳе Рӯдакиву Роберт Фрост ҳам шоиранду Ҷулдурбек ҳам, Леонид Леонову Ричард Райт ҳам носиранду Ҷулдургулак ҳам. Ин низ яке аз ангезаҳои костани арҷи сухан гаштааст.

Имтиёз не, шароити аввалия барои ҳама бояд бошад

- Шумо аз бархурдориҳои аҳли илму адаб дар замони Шӯравӣ ёдовар шудед. Оё мехоҳед, ки дар ин замон ҳам онҳо қишри имтиёздори ҷомеа бошанд?

-  Он чизҳо, ки ман номбар кардам, имтиёз не, шароити аввалияи фарҳангиён буданд. Ба таҳсили ройгон, табобати ройгон, манзилгоҳи ройгон ва ғайра танҳо адибону олимон не, тамоми хидматчиёну кормандон дастрасӣ доштанд. Нафақат ба зиёиён, балки ба кулли табақоти Тоҷикистон фаровонрӯзгорӣ муҳайё намудан даркор. Пеш аз ҳама ба деҳқонон, ки рӯзирасони так-таки вакилу вазиру олиму дабир ҳастанд, накӯаҳволӣ, замини киштукор, имконоти маънавӣ фароҳам бояд сохт. Ҷанбаҳои мусбати хоҳ Иттиҳоди Шӯравӣ, хоҳ Фаронса, хоҳ Итолиёро дар ҷомеаамон амалӣ кардани мо лозим.

Ман ба фармони дилам

- Шумо оё шеъри супоришӣ навиштаед?

-  Чунон ки классике гуфтааст, "ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст". Ҳар чӣ, ки дил фармуд, онро навистаам, яъне фармоиши дилро иҷро кардам. Ман худро сухантирози чиразабону чирабаён намеҳисобам, лек аз он хушам, ки ба қавли сухансанҷе: "накашидам қалами оз ба рӯйи сафҳа".

"Игнор" ё тангии вақт?

- Чаро нишастҳои расмиеро, ки дигар адибон ширкат меварзанд, "игнор" мекунед?

-  Умуман гӯем, вақтам хеле кам аст. Аммо ба маҳфилҳои эҷодӣ, рӯнамойии китобҳо, ёдбуди суханварон ҳаҳалимкон меравам. Дигар хел нишастҳое, ки созгори руҳам нестанд, замонфарсойии абасанд.

Шеър нафаси маънавии мост

-  Кай шеър гуфтанро бас мекунед? Оё ин имкон дорад?

-  Камина аз шоирони камнавис ҳастам. То ин дам, ки дар остонаи  панҷоҳ қарор дорам, ҳамагӣ ду маҷмӯаи ашъор мунташир гардондаам. Боқиро агар ғун созем, шояд барои ду маҷмӯаи дигар басандагӣ кунад. Бисёр банудрат  иншо менамоям. Масалан, охирин шеъри то алъон навиштаам ҳамонест, ки ним сол қабл таҳти унвони "Бошу бо мо бош" ба шарафи ҳаштодсолагии устод  Муъмин Қаноат чоп шуд. Аммо тавре ки Гулрухсор мегӯяд, "Шоҳнома нафас аст". Шеър нафаси маънавии мост.

Фикр набошад, ҷумбиши фикрӣ аз куҷост?!

- Миллат метавонад бидуни ҷунбиши фикрӣ ё ҳаракати зиёигарӣ ба пешрафт даст биёбад?

-  Баъзеҳо гумон мекунанд, ки зиёӣ танҳо шоиру нависанда аст. Ҳол он ки муаллим, пизишк, ҳунарпеша, муҳандис ва фалону фалони дигар низ ҳамин қишрро ташкил медиҳад. Имрӯз ин гуруҳҳо ҳар яке дар деги худ ва ҳар яки намояндагони онҳо дар деги худ меҷӯшанд. Ҳамбастагиву ҳам-андешагии солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта, ки миёни равшанфикрони тоҷик вуҷуд дошт, имрӯз барҳам хӯрдааст. Он солҳо рӯзи зиёиён бад намегузашт, вале озодии миллӣ намерасид. Ормони миллӣ ангезандаи ҳамраъйӣ буд. Ҳоло, ки мо ба истиқлол расидаем, ормони муттаҳидсозандае надорем. Қуллае, ки моро сӯйи худ хонад, нест. Иҷтимоъ табақаҳои ҷомеаро пахш карда, ба эҳтиёҷ дучор сохтааст. Зиёӣ саҳаргоҳ бо хаёле аз хоб мехезад, ки имрӯз чӣ тавр панҷ-даҳ сомонӣ дастбурд намояду ба хона ду-се нон орад. Мутафаккири аъзами олмонӣ Гегелро гуфтае ҳаст, ки тақрибан чунин маъно медиҳад: "Вақте шахс ба тан пӯшидание надорад, аз куҷо дар бораи фалсафа биандешад?".

Басо  зиёиёни мо донишманд ҳастанд, аммо тафаккурварз, мустақилманиш, миллатдӯстдор, меҳанпараст, гуманист, ҷӯёву пӯё нестанд. Фикр, ки надоранд, чӣ ҷунбиши фикрӣ ҳосил оранд?

Рисолати зиёӣ ризқёбӣ шудааст

-  Оё шоир ба унвони як зиёӣ ё як фарҳангии тоҷик имрӯз рисолати худро иҷро мекунад?

-  Ин вобаста ба он аст, ки кадом шоир кадом рисолатро интихоб кардааст. Яке рисолати худро дар  хидматгарии фирқаву гуруҳе дида, дар ин масир талош меварзад. Яке муридӣ пеш гирифта, рисолаташро дар тарғиби дину мазҳаб мебинад. Яке думравию тамаллуқкориро касб карда, бо ин васила рӯзгорашро обод месозад. Дар маҷмуъ рисолати муштараке надоранд шоирони мо. Агар озодию ободии миллатро рисолати суханварӣ бишумарем, навад дар сади адибон, рӯзноманигорон, олимони мо мунҳарифи ин ҷодаанд.

Аз паҳлӯи дигар бигирем, рисолат вожаи баланд аст. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ғафуров, Турсунзода, Улуғзода, Лоиқ, Бозор рисолат доштанд, гӯем, дуруст аст. Баҳри рисолатмандӣ шахсият бояст будан. Барои рисолати шоирӣ аввал асолати шоирӣ бояд дошт. Ҳар илмпешаву суханпешаи камзарфият, ки ҳолиё рӯзашро бо ҷадали рӯзиёбӣ шаб мекунад, чӣ рисолат доштан метавонад?

Бояд мисли Шабдолову Кабирӣ якдигарро таҳаммул бикунем

-  Бозор Собир мегӯяд, ки аксари зиёиёни тоҷик таҳти таъсири андешаҳои мазҳабӣ қарор гирифта, мазҳабгаро шудаанд. Ба фикри ӯ, ин бад аст ва ҳатто мақолае дар тасвири ин вазъият бо номи "Академикҳои назҳати исломӣ" навишта буд. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

-  Аз азал илму ойин антагонисти ҳам буданд. Ҷое ин пирӯз асту ҷое он. Мо дар ҷомеае умр мебарем, ки лоя-лоя динист. Имрӯз озодии виҷдон ҳукмфармост. Динварон беташвиш рӯза мегиранд, намоз мегузоранд, ба ҳаҷ мераванд. Қишри  нафарони вижапиндор шумораи камтарро тартиб медиҳад. Модоме демократия аст,  ҳар шаҳрванд ҳуқуқи интихоб дорад. Аммо имрӯз миллати моро се омил ҷудо месозад; табақаи иҷтимоӣ, маҳал, ойин. Барои он, ки бадбинии синфӣ ба вуҷуд наояд, фарқияти табақаҳоро коҳиш бояд дод. Албатта шумо гуфтан метавонед, ки давр даври капитализм аст, касе тавонад,  роҳи пулкоркуниро ёфта, кӯшки се-чаҳорошёна созад, "Мерседес"-и панҷоҳҳазордоллара бихарад, шабакаи дӯконҳо ё ошхонаҳо ташкил диҳад. Дуруст мегӯед. Лек ин ҷо сухан аз боби миллатсозӣ меравад. Хоҳем-нахоҳем, фақирмард ба ғанимард хушназар нест ва ғанимард нисбати фақирмард кароҳат мепарварад. Ҳама афрод бояд бениёз гарданд, то як фарди миллат аз фарди дигараш сархаму муттаҳам набошад. Нахустпояи якмиллатшавӣ бениёзии моддист. Миллати комил аз шаҳрвандони номуҳтоҷ таркиб меёбад. Барои он, ки маҳалбадбинӣ ба вуҷуд наояд, маҳалҳоро бо роҳҳои гуногун омезиш додан, эҳтироми ҳамдигариро талқин сохтан, таносуби маҳалҳоро дар сатҳи болоӣ таъмин намудан ва ғайра амалкардҳое хоҳанд буд,  ки ба ин тариқ миллати воҳид фароҳам шавад. Ин равандест беандоза дуру дароз ва шебу фароз. Кори якрӯзаву дурӯза, яксолаву дусола нест. Дар як рубоии худ камина ба ин муносибат гуфтаам:

Вайроназамин, ту кай гулафшон бишавӣ?

Вайроназамон, ту кай бишавӣ?

Хатлону Бадахш, Зарфишон, Ғарму Хуҷанд,

Кай омада ҷамъ, Тоҷикистон бишавӣ?

Барои он, ки бародарони моро ба исломи тундгаро гаравонда,  пош-пош насозандамон, инсонгароиро талқин кардан бояст. "Инсон маҳаки ҳама ашёст!" - гуфта буд мутафаккири қадимюнонӣ Протагор. Дар номаҳои ойинӣ омада, ки "муъин - бародари муъмин". Ҳамин шиорро тақвият дода, илқо бояд кунем; "тоҷик - бародари тоҷик", "инсон - бародари инсон". Агар ойинро мабдаъ қарор диҳем, метавонанд хасмони мо аз он суистеъмол карда, моро бо ҳам барангезанд. Чаро? Чунки дар меҳани мо сунниҳо, шииҳо, боз баъзе силкҳои диниву ирфонӣ вуҷуд доранд (конфессияҳои ғайрро фурӯгузор мекунем). Он ҷо ки фирқа ҳаст, ҳатман тафриқа ҳаст. Ойин "пошнаи ахиллесӣ"-и миллати мост. Ангезишёбии мо аз ин ҷост. Ойин барои ойинвар муқаддас аст. Хайл-хайл ойинварон ба хотири ойини худ розианд, ки ҷон бибозанд. Имрӯзҳо ман мушоҳида мекунам, ки аллакай дар байни тоҷикон баҳси "ту шиию ман суннӣ" ва ё "ту суннию ман шиӣ" оғоз ёфтааст. Мисоле бароятон меорам; дар "танген" бари ронанда нишаста, аз Иттиҳоди нависандагон сӯйи Қарияи Боло мерафтам. Чун ба "Маркази исмоилиён" расидем, ҷавони ронанда  ғазаболуд гуфт:  "Ака, бубин, кофиро ин ҷада мачит сохтостан!". То манзил расидан хеле кӯшидам, ба вай фаҳмонам, ки помириён бародарону хоҳарони решагии моянд. Аммо комёб нашудам. Оқибат вақти фаромаданам бо нигоҳи теғкашида гуфт: "Ака, худутам исмоилӣ-писмоилийӣ, мегум, ки иқа тарафгиришон кадӣ?!". Чунин эътиқодмандони аз маҷро бурунҷаста омодаанд, ки ҳар лаҳза теғи нигоҳро ба теғи ниқор иваз созанд. Хавфи низои аҳли тасаннуъ ва ташайюъро дар кишварамон сода нагиред. Агар душманон дар ин самт муваффақ гарданд, суннибозиву шиибозии мо ба шиитозиву суннитозӣ фарҷом пазируфта, хоки миллатамон бехта хоҳад шуд. Намунаи дуюм; соли гиромидошти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо як рафиқи мансабдори Вазорати корҳои хориҷӣ суҳбат доштем. Аз ҷумла ӯ изҳор кард: "Ба ҷойи он, ки ҳайкали Рӯдакия канда партоянд, боз ҷашн мегиранд". Ман пурсидам: "Барои чӣ ҳайкали Рӯдакиро бояд кананд?".  Посух дод:  "Худатона ба нодонӣ мезанед-а? Охир, Рӯдакиятон қарматӣ буд!". Гунаи сеюм; дар автобус рост истодаам. Зани хушситораи миёнсоли атласпӯше низ рост роҳист. Курсии пешорӯямонро як ҷавонписари навриш банд карда нишастааст. Оҳиста ба китфаш даст расонда гуфтам: "Додарам, мебахшед, намехезед, ки ин апа шинанд?". Бе ҳеч ибову бе ҳеч изо гуфт: "Ма занакои бефаранҷида ҷо наметум!"

Ин мисолҳоро чанду чанди дигар метавонем қатор намоем. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки адӯвони миллати мо аллакай мутасаллит бар мафкураи пиру ҷавон гаштаанд. Масъала ин, ки набояд гузошт, то  диндӯстдории халқро манфиатхоҳон  ба миллатбадбинӣ, фарҳангбадбинӣ, инсонбадбинӣ бадал созанд. Бояд ҳамагии олимон, адибон, руҳониён, ҳизбиён дар мағзи мардум толерантнокиро ҷой бисозанд. Формулаи ҳамзистии осоиштаи мо чунин бояд бошад; аввалқадам, мо одамем; дуввумқадам, мо тоҷикем; саввумқадам, мо гуногунақидаем (ман мусулмон, ту коммунист, вай зардуштӣ, фалонӣ масеҳӣ, беҳмадонӣ синтоӣ). Албатта баҳри динварон таҳаммули ин принсип гарон мебошад. Вале иқтизои замон ҳамин аст. Толерантнокӣ ба оҳистагиву мушкилӣ побарҷо мешавад. Тавре дар порлумон  Шабдолову Кабирӣ вазифадоранд, ки иззати якдигарро нигоҳ дошта, гуфтору рафтор кунанд, дар ҷомеа ҳар яки мо ҳамин гуна вазифадор мебошад.

Азбаски мағзи ойинварон асарпазир аст, разведкаҳои хориҷӣ, мамолики манфиатдор аз ин устоёна истифода мебаранд. Зомбисозӣ аз асарпазир осон аст ё аз асарнопазир? Худ ба худ фаҳмост. Фаразан, Амрико хоҳад, ки барои дар таги бинии Чину Русия қарор гирифтани худ толибонро бархезонда, кишвари моро ба бузбозӣ андозад, кадом қишрро васила мепазирад? Ҳамин қишрро. Зеро ҳам пурмиқдоранду ҳам зудбарангез. Чун андешаварон дунболи ойинварон гиранд, шодхӯрдаву гарданниҳодаи ин қишр мешаванд, "ман"-и худро аз каф медиҳанд, ба дастхуши силке аз сулук табдил меёбанд. Дар паёмад ба тоҷикиятзудойӣ нафъ меоранд, огоҳона ва ё ноогоҳона ҳамдасти саркӯбгарони даруниву берунии миллати мо мешаванд. Табиист, ки ба ҳимояи манофеи миллии мо тоҷикияти мо мусоидат менамояд, на арабияти мо.

Чунон ки огоҳед, дар сатҳи байналмилалӣ даъват ба гуфтугӯйи тамаддунҳо садо медиҳад. Дар кишвари мо ҳамзистии пиндорҳо зарурист. Вақте як табақа ба забартабақа табдил ёбад, дигар табақаҳоро зерҳукми худ мекунад. Озодиву озодагии фардӣ аз истиқлоли давлатӣ камаҳамият нест. Тоқатпазирии ақидавӣ, эҳтиромгузории ҳайсияти инсонӣ, бедориву ҳушёрии миллӣ, донишгароӣ, мафкураи созандаву офаранда, ҷаҳоншиносии густарда, фарогирии фанновариҳои навин, -  бидуни инҳо миллат мавҷудияти худро ба дарозо кашондан наметавонад.

Ғайр аз ин, муҳоҷирати меҳнатӣ, ки миллати бе ин ҳам камшумораи моро дар Русия  ассимилятсия мекунад, фурӯрезии чиниён, ки онҳо  метавонанд моро тадриҷан дар худ фурӯ баранд, -  ин қабил хавфу хатарҳо ба мо таҳдид доранд. Баҳри дар муқобили глобализатсия истодагӣ кардани миллати мо барномаҳои қотеи давлатӣ роҳандозӣ бояд шаванд. Миллате, ки сарозоду сарафрохта, худсозу худшинохта нест, ба осонӣ бозичаи дасти қудратмандон мегардад. Ин замон ҳар лаҳзаи якмиллатшавии мо ғанимат аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97