Мамлакат Ҷайчиева: Агар фаҳмидам, ки "пешка" шудем, аз бозӣ канор меравам

Мусоҳиба 09.12.2012 17:32

mamlakat- Шумо аз собиқадортарин узви ҲДТ ҳастед ва шоҳиди чанд табаддулот дар давраи гузашта низ, ба фикри Шумо табаддулоти кунунӣ метавонад, бухрони ХДТ-ро рафъ бисозад?

-Ҳизби демократ ба хотири барқарории демократия дар Тоҷикистон дар соли 1990 таъсис ёфта буд ва яке аз ҳизбҳои бонуфузи ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.  Аммо фикр мекунам, ки бо сабабҳои субъективӣ ва объективӣ, ки дар дохили ҳизб ва аз берун рух медодан ва дар дохили ҳизб ҳар гуна ҳуҷумҳои ношоиста ба ин ҳизб равона карда мешуд, боиси он шуд, ки ҳизб ба чандин буҳрон гирифтор шавад. Пеш аз он буҳронҳо дар соли 1995-ум агар хато накунам, дар шаҳри Алма-Ато буд, ки воқеъан ҳам он як табаддулоти ҳизбӣ буд. Ман фикр мекунам, ки раиси ҳизби демократии Тоҷикистон, Шодмон Юсуф чандин маротиба муроҷиъат карда буд, ки мо бояд як ҷо ҷамъ шавем ва суҳбатҳо дошта бошем, аммо гуруҳи дигаре сухани ӯро напазируфт ва саросемаю оҷилан кореро карданд, ки ба ҳизб як зарба заданд. Бори дуввум дар ҳизби демократ дар замони ба роҳбарӣ омадани Масъуд Собиров ҳамин гуна табаддулот рух дод. Ин аз ҳамон гуфтан мумкин аст, ки аз беадолатиҳое, ки аз берун ва баъзан дар дохили ҳизб ҳам буд, рух дода буд. Чунки мо масалан собиқадороне, ки дар ҳамин ҳизби демократ будем, бо чашми худ медидем, ки камбудиҳо ҳама аз дохили ҳизб ва ҳам аз берун буданд, барои ҳамин ҳизб ҳам аз тарафи баъзе одамҳое, ки аъзои ин ҳизб набуданд ва худро аъзои комилҳуқуқи ин ҳизб медонистанд, масалан чун Масъуд Собиров мегуфтанд, ки мо аъзои ҳизби демократем ва ҳатто ба роҳбарии ин ҳизб расиданд. Имрӯз як гуруҳи тадорукотии дигаре таъсис ёфтааст дар Ҳизби демократии Тоҷикистон ва инҳо мехоҳанд, ҳамон қанотҳо ва гуруҳҳоеро, ки аз ҳам дур шуда буд ва бо он иллат ҳизб ба буҳрон гирифтор шуд, онҳоро муттаҳид кунанд ва ҳизб, мисле ки дар солҳои 90-ум буд, аз нав мавқеъ ёбад ва дар ободии кишвар саҳмгузор бошад.

- Шумо, ки дар сангари мухолифони сарсахти ҳукумат қарор доштед ва аз Маҳмадрӯзӣ Искандаров раиси зиндонии ҳизб пуштибонӣ мекардед, чӣ гуна шуд, ки имрӯз бологузар шудед? Оё ба ин ҳеч фикр кардед?

- Ростӣ гап ман дар сари ин масъала зиёд андеша кардам. Ман фикр мекунам, ки барои ҳизби мо, яъне ҳизби демократ айниҳол дар ҳамин шабу рӯз лозим аст, ки ҳадди ақал битавонем аъзои ҳизбро ҷамъ намоем ва як анҷумане доир намоем. Ҳадди ақал битавонем ҳамон ҳизби таърихиеро, ки заъиф шудааст, эҳё кунев ва аъзои он як ба худ биёем. Мо дар кадом замоне ки бошад, агар бубинем ноҷӯрие ва ё камбудие, ки аз кадоме аз мо сар бизанад, мо албатта роҳи алтернативиро пешниҳод мекунем. Ҳеч вақт роҳи ноадолатиро дастгирӣ намекунем ва дар ҳамон ақидаҳои худ ҳастем . Имрӯз як комиссияи тадорукот таъсис додем, ку бубинем, ки давоми ин кор чӣ мешавад, зеро то ҳанӯз он барои мо он қадар рӯшан нест. Мо масалан дар Вазорати адлия дар  қайд ҳастем ё на, аммо мо барои он ки ҳамон гуруҳҳои собиқадори пешинаро, ки берун ронда шуданду ким-касҳои дигар омаданду як гуруҳи дигареро ба миён оварда, ҳизбро ба ин ҳол расониданд, ҷамъ овардем ва мехоҳем, ки ҳамин ҳизбро муттаҳид бикунем. Роҳҳои стратегӣ ва тактикии инро албатта мо муайян мекунем. Мо айни ҳол ҳамон гуруҳҳоро эҳё карда истодаем ва баъзе созмонҳои дигарро аз нав таъсис дода истодаем ва он созмонҳое, ки пароканда шуда буданд, онҳоро гирди ҳам оварда истодаем. Мо ку як бор бубинем теъддодамон чӣ қадар аст ва умуман Анҷумани худамонро ба тариқи демократӣ ва шаффоф бигузаронем ва он ҷо Масъуд Собиров ҳам даъват шудааст ва ҳоло наомада истодааст. Ҳамаи он гуруҳҳое, ки дар ҳизб ҳастанд, аз ҷумла собиқадоронро, ҳамаашонро даъват карда истодаем, ки марҳамат, биёянд ва ҳамон Анҷуманро гузаронем ва гуруҳҳои асосии ҳизбро муайян кунем. Фикр мекунам, ки дар ин гуруҳ баъзе аз шахсиятҳо, аз ҷумла Мирзо Муҳиддин, ё Шогунбекова ва дигару дигарҳо ҳастанд, инчунин рӯзноманигорон ҳам он ҷо ҳастанд, гуруҳҳое, ки шадидан танқид мекарданд.

- Мамлакат, Шумо аз собиқадортарин узви Ҳизби демократ ҳастед, ва ҳамеша ҳарф аз демократия мезанед, ба андешаи Шумо дар Тоҷикистон имрӯз демократия нисбат ба чанд соли пеш бештар рушд кардааст, ё чӣ сабаб шудааст, ки роҳи Шумо барои баргузор намудани масалан ҳамоише барои таъсиси комиссиюни тадорукотӣ дар сатҳи олӣ боз шуд?

- Сабаби асосиаш аз он иборат аст, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон имрӯз мушкилоти зиёде дорад, ки инҳоро оҳиста- оҳиста бояд ҳал кард. Сабаби дигар ин ки барои чӣ комиссияи тадорукот таъсис ёфт. Масалан Мирҳусейнов яке аз ҷойнишинони Масъуд Собиров аст, ки ин ҷино дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст ва Сафар Амрохонов яке аз собиқадорон дар Хатлон, ки ин ҳам ба гуруҳи Масъуд Собиров пайваста буд ва агар хабар дошта бошед, як моҳ пеш созмони ҳизби демократ дар Суғд ҳам бо худи Масъуд Собиров пайваста буд, вале онҳо имрӯз худашон аз ин ҷино баромаданд. Аз Бадахшон худи ҳамон ҷонишинаш изҳорот дод, ки Масъуд Собиров бо мо маслиҳат намекунад, ва имконият намедиҳад то як бор гирди ҳам биоему маслиҳат кунему якдигарро гӯш кунем, барои ҳамин инҳо худашон баромаданду изҳорот доданд. Масалан ин корро ҷиноҳои дигар накарданд, масалан гуруҳҳои Искандаров ва дигарон накарданд. Ӯ метавонист, ки ба дигарон имконият диҳад, ки кор кунанд, аммо ӯ натавонист, ки бо ҳамон нафароне, ки ба ҷониби худ кашида буд, кор кунад. Ва имрӯз онҳо худашон изҳорот доданд ва хориҷ шуданд. Аз ин лиҳоз гуруҳи Искандаров ва дигарон якҷоя шуда ҳамин Кумитаи тадорукотро ташкил намуданд. Ва ин ҳама ба хотири он аст, ки кишвар дар пешорӯи як маъракаи хеле муҳим истодааст ва мо бояд, ки ҳамчун як ҳизб ақидаи худ ва фикри худро дошта бошем. Ва ин ҳизбе, ки дар ин ҳолат буд, ҳеч кор карда наметавонист, чунки ҷаноби Масъуд Собиров, умуман мо ҳозир намехоҳем, ки ӯро танқид кунем, чунки мо худамон низ аз камбудӣ орӣ нестем, лекин ҳизбро ба дараҷаи нестӣ оварда расониданд. Акнун дар ин ҳолат бетараф будан дигар хело гуноҳи азим буд.

- Хуб, агар ошкортар ҳарф бизанем, кӣ шуморо тахрик мекунад ва чаро пештар ин корро накардед, яъне аз пайи наҷоти ҲДТ нашудед?

- Ба ростӣ агар шумо фикратон танҳо ба ҳизб равона шуда бошад ман ба ин савол ҷавоб медиҳам, аммо ман ҳамчун собиқадори ҳизби демократ ана ҳамин чанд соли ахир аз солҳои 97 ин ҷониб ягон дақиқа аз фаъолият боз намондам. Масалан дар ноҳияҳо, дар вилоятҳо, дар клубҳои мубоҳисавие, ки фаъолият мекунанд, ман ҳамчун аъзои ҳизби демократ иштирок мекардам, гарчанде ки моро гӯё аз ҳизб ронда буданд, аммо ин ягон асоси қонунӣ надошт. Ман худам тани танҳо муборизаи сиёсӣ ва ҳуқуқии хешро бурдаам ва сокит наистода будам. Дигар ин ки мо дар ҳизб набудем ва ақидаҳои мо бо он рост намеомад ва он шахс моро дар кӯча медиду мегузашту мерафт ва ақидаҳоямон ба ҳам рост намеомад. Шахсан худам ягон дақиқа ором набудам, кор мекардам ва ақидаҳоямро пеш мебурдам, лекин дар маҷмуъ фаъол набуд ҳизб ва акнун дар ин шароити таърихӣ боястӣ ба ҳам биёем.

- Яъне ҳеч касе ва ҳеч ниҳоде шуморо ба ин кор таҳрик накардааст?

- На! Дар масъалаи раиси комиссияи тадорукот интихобшудани ман ба ростӣ инро аз ҳамон 18 нафаре, ки дар ҷаласа иштирок карда буданду интихоб карданд, аз онҳо метавонед бипурсед. Онҳо маро интихоб намуданд.

- Шумо фикр намекунед, ки ин як бозии сиёсии навбатӣ дар пешорӯӣ интихобот аст ва шуморо ҳамчун "пешка" истифода мекунанд?

- Ин масъалаи бисёр нозук ва душвор аст. Як коре ҳаст, ки аз уҳдааш баромадани як зан бисёр душвор аст. Ман медонам, ки суоли шумо баҷо аст. Чунки дар воқеъоти таърихӣ ин ҳолатҳо бисёр рух медоданд. Масалан занҳоро ҳамчун "пешка" истифода мебаранд ва ҳатто дар бисёр ҳолатҳо ин чизҳо пеш ҳам омада буд, вале ман имрӯз дар ин бора дақиқан чизеро бовар кардан намехоҳам. Аммо сари ин масъала албатта фикр мекунам. Аз худованди мутаъол умед дорам, ки ин тур набошад. Ва ҳар гоҳ ки фаҳмидам ин ҷуз бозие беш нест, тасмимамро хоҳам гирифт.

- Хуб, қаблан ҷинои Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки шумо ҳам бо онҳо будед, бар он буданд, ки ҷинои Масъуд Собиров бо далолати Ҳизби ҳоким ва дасти ҳукумат, ҲДТ-ро ба даст овард. Ва агар ҳоло ҳарфи муомила бо ҳукумат ва ё ҲХДТ дар миён нест, муътабар шинохта шудани худатон аз ҷумлаи собиқ мухолифони оштинопазирро чи гуна тавҷеҳ медиҳед?

- Ман фикр мекунам, ки воқеъан ҳукумате, ки бихоҳад ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳад, ки роҳи демократиро пеш гирифтааст, дигар чорае надоранд, ба ҷуз таслим шудан ба ҳамон фикрҳою ақидаҳои демократӣ, аммо ман намедонам, ки нияти онҳо то куҷо аст. Онҳо бояд ин чизро дарк кунанд ва бояд бифаҳманд, ки воқеъан ҲДТ дар қатори дигар аҳзоби кишвар барои рушди Тоҷикистон зарур аст. Чунки ҲДТ баъди ҲКТ дувуммин ҳизбе буд, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон пайдо шуд. Мо аввалин аз ҳизбиёне будем, ки мегуфтем, интихоби президентӣ дар Тоҷикистон амалӣ шавад ва дигар онҳо бояд ҳам чора надошта бошанд, ба ҷуз сохтан ба будани ҲДТ. Ҳизбе, ки воқеъан ҳам ҳизби боқувват бошад. Чунки дигар барои ҳама гуна давлатҳо ҳам, хусусан давлате, ки оянда ҳам дар роҳи демократӣ қадам мениҳад, ин муҳим аст. Мо бояд ба як фикру як андеша биёем, зеро ба ҷуз ин роҳ роҳи дигаре надорем.

- Фикр мекунед, мушкили аслии ХДТ аввалин ҳизби дигарандеш дар чист, ки ин қадар залилу бечора шудаст? Чаро танҳо ҲДТ дар пешорӯи интихоботҳо ба "тӯби футбол" табдил мешавад?

- ҲДТ ҳизбе аст, ки дар он ошкоргӯйӣ ҷо дорад. Чаро масалан ҲДТ тӯби футбол мешавад? Ман ростӣ гап фикр мекунам, ки ин дафъа бояд ин тавр нашавад. Мо аъзои ҲДТ бояд кӯшиш кунем, ки "тӯби футбол" нашавем. Бубинед, интихоботи пешинаро ҲДТ бойкот карда буд, интихоботи парлумониро ҳам, аммо дар интихоботи раиси ҷумҳур гуруҳҳои дигар ширкат карда буданд. Аммо Масъуд Собиров дар интихоби баъдӣ ширкат варзиданд ва номзадии Табаралӣ Зиёевро ба қайд нагирифтанд, чунки овозҳои ҷамъкардаи вай кофӣ набуд ва фикр мекунам, ки ҲДТ барои чӣ дар баъзе ҳолат ба садамаҳо дучор мешавад, шояд ин ҳама дар дохили ҳизб аст, ман намехостам, ки дар ин бора андешаамро бигӯям, шахсиятҳое, ки масалан ақидаҳои мустаҳкам надоранд, шояд дар дохили ҲДТ ҳамин гуна шахсиятҳо буданд. Мо бояд аз дохил мустаҳкам ва устувор мешудем, ки ба ин рӯзҳое, ки гузашт намерасидем, аммо ман намедонам шояд баъзе нафарҳо истифода мешуданд ва бархеи дигар ҳадафҳои шахсие доштанд, то тавассути ин ҳизб мансаберо соҳиб шаванд. Аммо ман вақте ки соли 90 шомили ҳизб шудам ва яке аз ташкилкунандагони ҳизб худро мешуморам, танҳо ба хотири демократия омадаам, на ба хотири мансаб ва на ба хотири чизи дигаре ва умеди мо аз худо он буд, ки мо як ҷомеъаи миллию мардумӣ бисозем, ки дар он инсонҳо фикру ақидаҳои худро озод баён карда тавонанд ва озодона зиндагонӣ кунанд. Ана бо ҳамин мақсад ман ба ин ҳизб омада будам ва мақсади дигар надоштам, аммо он бозиҳое, ки рух медоданд, худованд худ бузург аст ва сазои ҳар як бозингарро шояд бидиҳад, дар ин дунё агар набошад, дар он дунё ҷазои ин бозингаронро худованд медиҳад ва дар ин бозиҳо шахсиятҳое, ки аъзои ҳизби демократ набуданд, зиёд ҳастанд. Ман фикр мекунам, ки агар мо дар дохил мустаҳкам мебудем, мо ба ин буҳронҳо гирифтор намешудем, чунки камбудиҳо дар дохил зиёд буд.

- Муносиботи чеҳраҳои шинохташудаву собиқадори ҲДТ  ба иқдоми ахири шумо чӣ буда, ба мисли Ойниҳол Бобоназарова, Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров ва дигарон?

- Аз Ойиниҳол Бобоназарова хабаре надорем. Дар хусуси профессор Умаров як иттилоъе дорам, ки чанд маротиба ба назди онҳо рафтам ва он кас чанд муддат дар хориҷа буданд ва ягон ҷавоби қатъӣ надоданд ва чуноне ки хабар ёфтам, ҷое назари худро иброз намуданд, ки он кас дар ҳайати Комисмияи тадорукот нестанд. Аммо ман худам ин чизро ба гӯш нашунидам. Умаров ҳам як шахсияти бисёр наҷиб ва инсони бисёр донишманд ҳастанд, аммо ҳам Умаров ва ҳам ман дар буҳрони ҲДТ гунаҳкор ҳастем, чунки мо шояд, ки хуб кор накардем.

- Устод Холиқназарзода чӣ?

-Онҳо аз ҲД каме дур рафтаанд ба ин ҳизб алоқамандие надоранд.

Аз собиқадорон бо Умаров ва Валиев машварат доштем, аммо ман бо Сатторзода шахсан худам ягон машварат надоштам. Раҳматуллоҳ Валиев ягон мухолифат бо мо накардааст ва дар Комиссия тадорукот ҳам шомил нест. Аз Толибшоҳи Сайидзода хабар надорам. Дӯстмуҳаммади Дӯст шояд бо мо биёянд.

- Бубинед, собиқадорони ҳизб дар ин кор шуморо ҳамроҳӣ намекунанд, ва аксар чеҳраҳое, ки нав бурӯз кардаанд, бештар "дилсӯз"-и ҲДТ шудаанд ва ин шуморо ба шубҳа намеандозад?

- На ба шубҳа намеандозад, чунки инҳоро барвақтар ба корҳои дигар банд буданд ва корҳои дигарро анҷом медоданд. Аз ҲД хеле дурр рафта буданд. Агар биёянд ва ба ҲД пайваст шаванд, мо ҳама вақт ниёз ба инҳо дорем. Ниёз ба ин собиқадорон дорем.

- Накунад, ки ин бор низ мисли интихоби Масъуд Собиров ба ҳайси раиси ҳизб ба коми ташаббускорони барандозии раис нахӯрад, дар ин ҳол Шумо мушти охирро дар сари кӣ хоҳед зад, боз ҳам дар ҲДТ боқӣ хоҳед монд, ё онро тарк хоҳед кард?

- То даме, ки зинда ҳастам ва умуман то рӯзе, ки набзам мезанад ва то рӯзе, ки дар ин дунё ҳастам ман барои демократия мубориза мебарам. Айни ҳол сиҳатиям ҳам он қадар хуб нест, вале дар ин ҳолат ҳам фикрамро хоҳам гуфт. Дар ҳар сурате, ки бошад, ман дар ақидаи худам устувор ҳастам ва аз худованди мутаъол умед мекунам, ки худованд аз ақидаҳои нодуруст моро нигоҳ бидорад ва ҲДТ-ро аз балоҳои охиру аввал нигоҳ бидорад ва фикр мекунам, ки бо дуъои шумо рӯзноманигорони хеле варзидаи тоҷик, ки дили шумо ба ин миллату ба ин халқ бештар аз дигарон месӯзад, мо бояд якҷоя як роҳи дурустро биёбем.

Ва дар он сурате, ки боз ҳизб роҳи нодурустро пеш бигирад, боз агар ҳамон парокандагию боз ҳамдигарро танқид кардану аз ким куҷоҳо кадом гуруҳҳои дигар омадану масалан роҳи ҳақро гузошта ба ягон роҳи ноҳақ рафтан бошад, ман ҳамон рӯз аз Ҳизби демократ хоҳам рафт.

- Агар рафту ба як ваҳдату эътилоф даст ёфтед, номзади эҳтимолии ҲДТ кӣ хоҳад буд?

-Мақсади асосии мо ҳоло ҳамин аст, ки ҳизберо, ки аз масираш бе роҳа шудаст, онро дар масир рост бикунем. Дар бораи номзади ҲДТ бошад, ин корро Анҷуман ҳал мекунад ва дар Анҷуман ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Мусоҳиб

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97