Абӯбакри Файзалӣ: "Вақте ба писарам ҳамла шуд, ба ёди падари муҳоҷири сарбурида афтодам"

Мусоҳиба 26.11.2012 14:40

Abubakri Fayzali- Шумхабаре, ки шунидем, оё воқеият дорад?

- Мутаассифона, омад ба сарам аз он чӣ метарсидам. Бале, рӯзи 13 ноябр буд. Писарам дар ҷои серодамтарини Маскав - майдони 3 вокзал (Площадь трех вокзалов) мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ду нафар ҷавони 25-27 сола дар дохили вагони электричка ӯро латукӯб кардаанд. Хостаанд, то либосашро аз танаш бадар кунанд, аммо муқовимат нишон додааст, ки телефонаш афтидааст, телефонро гирифтаанд, ва вақте талош кардааст, ки телефони худро бигирад ва ба онҳо часпидааст, ба релси поезд партофтандаш. Худо раҳм хӯрдааст, ки ин замон поезд намеомад.

- Вақте ин хабарро шунидӣ, дар чӣ ҳолате қарор гирифтӣ?

- Соатҳои қариб 16-и вақти Маскав телефонам занг заду ман гӯширо гирифтам. Аввалин садое шунидам, садои ларзони писарам: "Дада, куҷоед?" буд.

Писарам ҳич гоҳ ин тавр суҳбат намекард. Дилам таҳ кашид. Эҳсоси шумие кардам. На салому на алайк, ҳаросон пурсидам, ки чӣ шуд? - "Маро заданд". Садо омад аз он сӯ. Дигар намедонам ки ӯ чӣ гуфт. Ҳамкорам Роберт, ки аз ман тоҷикӣ меомӯхт, маро назорат доштааст ва шояд чизеро аз ин суҳбати кӯтоҳ дарк кард, ки аз ҷояш бархосту маро такон дода, ба худ овард. Гӯширо аз дастам гирифту худаш бо писарам суҳбат кард. Медонам, ки дастонам сахт меларзиданд, чун садои бархӯрданаш ба миз аранг - аранг ба гӯшам меомад. Ҳодисаро аз Роберт фаҳмидам. Ташаккур ба раҳбарияти коргоҳ ва ҳамкоронам дар Маскав, ки ҳар лаҳза занг мезаданду маро ҳамроҳӣ мекарданд. Роҳбарияти коргоҳам ҳатто лозим донист, ба пулис занг занад ва аз қазия пурсон шуд.

- Аввалин чизе ки аз зеҳнат гузашт дар он лаҳзаҳо чӣ буд?

- Аввалин чизе ки пеши назарам гузашт, сари буридаи тоҷикписаре, ки аз партовгоҳе дар Маскав пайдо карданд ва бечорагии муҳоҷире буд, ки бисёрӣ мезадандаш ва навораш дар "Ютуб" пахш шуда буд. Ҳаминро чанд рӯз пеш ба писарам нишон дода будам. Аввалин фикре, ки бар сарам омад, ин буд, ки ба модарам, ки монеъи омадани писарам ба ин шаҳри ғурбат буд, чӣ мегӯям. Ин лаҳза танҳо аз Худо як илтиҷо доштам, ки ҷонашро нигоҳ дорад.

-  Оё қаблан бо писарат дар ин бора, ки дар ин шаҳри ғурбат ҳар лаҳза эҳтимоли мавриди ҳамла қарор гирифтан вуҷуд дорад, суҳбат доштӣ?

- Писарам нав мактабро хатм кардаасту барои идомаи таҳсил ин ҷо омадааст. Ман монеъ шудам, ки имсол дохил шавад, чун мехостам  рафтори ин мардум, зиндагӣ дар ин кишварро омӯзад, ба қавле мутобиқ ё адаптатсия шавад. Худи ӯ ҳам иқрор шуд, ки бояд курси тайёриро гузарад. Чун дониши доштааш ба талаботи макотиби олии Русия мутобиқ набуд. Рӯзе, ки омад, мо суҳбати тӯлонӣ доштем дар ин бора. Намунаву наворҳои зиёдеро дар бораи ҳамла ба тоҷикони муҳоҷир дар ихтиёраш гузоштам, то эҳсос кунад, ки таҳдид то кадом андоза аст. Аммо ҷавон аст, шояд эҳтиёт накардааст. Ин навбат одоби шарқиёнааш ӯро зери мушту лагад бурдааст. Баъдан пурсидам, ки чаро аз қатор зуд берун нарафтӣ, ҷавобам дод, ки ман ба калонсолон роҳ додам. Ин соддагии кӯдакии ӯст. Дар вагон бо онҳо танҳо мондааст ва онҳо аз ин фурсат истифода бурдаанд. Аҷибаш он буд, ки худро бо азобе аз дохили вагон берун кашидааст, ҳатто фарёд задааст, касе кумакаш накардааст. Дар Русия як муҳити бетарафӣ ҳукмфармо аст. Агар дар пеши чашмашон касеро бикӯшанд ҳам, назаре накарда, гузашта мераванд. Касе фикр намекунад, ки мумкин аст ҳамчунин амале фардо бо худи ӯ низ рух бидиҳад. Ҳатто тоҷиконе, ки дар ҳамин вокзал роҳрӯбӣ мекунанд, телефонаш надодаанд, то занге бизанад. Танҳо як нафар марди рус ба онҳо эътирози лафзӣ кардаасту гузашта рафтааст. Баъде, ки дидам, гарчанде ки сару рӯяш хуншор асту зери чашмонаш сиёҳу варамида, ба ҳар сурат Худоро ҳазорон бор шукр гуфтам, ки зинда асту ба ҷонаш таҳдиде нест.

- Писаратон то куҷо аз қонунҳои Русия огоҳ аст ва онҳоро риоят мекунад?

- Аз рӯзи омадан доим дар бораи тартиби ҳузур ва қоидаҳои ин кишвар таъкидаш мекунам. Қайди расмӣ дорад, патенти кор дорад. Як рӯз хона омаду гуфт; "ман дигар билети электричка намехарам. Ҳама аз болои "турникет" мепаранд ва билет намехаранд. Касе кор надорад. Агар ин тавр бикунам, ҳар рӯз 56 рубли русӣ сарфа мекунам". Сахт сарзанишаш кардам ва худам барои 1 моҳ абонементи электричка харида додам. Яъне, ҳар қадамашро аз рӯи қоида ташкил карда будам, чун намехостам моро, ки мунтазам бо ҳимоят аз муҳоҷирин менависем, ҷое бо ин амали наздиконамон муттаҳам кунанд. 

- Русиро медонад?

- Донистани забони русияш дар сатҳе аст, ки қонеъкунанда аст. Аввал каме мекалавид, дар 2-3 моҳ гӯишаш хеле беҳтар шудааст, озод суҳбат мекунад.

- Оё дар ҳолате ки қарор гирифт, донистани қонуну забони русӣ то куҷо тавониста ҳифзаш бикунад?

- Қаблан як воқеаи дигар ҳам буд. Як ҳамсинфаш аз Твер меҳмонӣ омад. Ӯро барои гусел кардан рафту ҳуҷҷаташро ҳамроҳаш нагирифтааст. Ноомади кор пулис дар назди хона ҳардуро боздошта, ҳуҷҷат мепурсад. Орому озод мефаҳмонад, ки дар хона фаромӯш кардаасту сабаби ин ҷо буданашро шарҳ медиҳад. Пулис ӯро ҷавоб медиҳад, аммо рафиқашро, ки иҷозаи кор, қайди расмии будубош дошту танҳо суҳбат карда наметавонист, гирифта, ба мошинаш мешинонад ва мебарад. Хона омаду ҳуҷҷатҳояшро бо худ гирифт ва мо ҳамроҳ рафтему меҳмонро раҳо кардем.

Аммо, баъди ин ҳодисаи шум, то ман аз ҷои кор расида омадам, худаш ба пулис рафта, ариза навиштааст ва онҳоро маҷбур кардааст, то камераҳои видеоиро бубинанд ва онҳоро даст бигиранд. Ҳарчанд пулис чанд бор ӯро рондааст, аммо исрор кардааст, ки ин вазифаатон аст, агар чора набинед, шикоят хоҳам кард. Ба ӯ ҳатто гуфтаанд, ки ту нӯшидагӣ ҳастӣ, ё касе туро махсус фиристод, ҳарчанд сару рӯяш пури хуну таги чашмонаш сиёҳу варамида буданд. Дар ниҳоят пурсидаанд, ки падарат чи кор мекунад, гуфтааст, ки журналист аст, баъдан ҳамагон оҷил пайи кумакаш шудаанд. Ба ҳар сурат ба Николай ном корманди пулиси вокзали Ярослав, ки тӯли 2 рӯз бо мо дар пайи ҷустуҷӯ буд, ташаккур мекунам. Вақте наворҳоро тамошо кардем, хурсанд аз он будам, ки ин ҷавони навхати 18 сола бо 2 марди 25-27сола муқовимат кардааст ва аз худ ҳимоят намудааст. Ҳатто як лаҳза эҳсоси оромиш кардам, ки писарам метавонад аз худ ҳимоят кунад, ё кӯшише барои ҳимояи худ кардааст.

- Тадобире ки барои амнияти ӯ рӯи даст гирифтед, кадом аст?

- Ростӣ, ин ҷо чӣ тадобире метавон гирифт? Шояд он чизе ки ман мегуфтам, наворҳое дар ин бора тамошо мекард, ба он ҳаде таъсираш нагузошта буданд, то ин воқеа. Доимо таъкид мекунем, ки эҳтиёт кунад. Боқӣ, тақдири ҳамаи мо ба дасти Худост.

- Пас аз бозтоби ин хабар дар ВАУ -и Русия оё касе аз масъулони тоҷик ва муҳоҷират аз шумо аҳвол пурсиданд?

- Ростӣ, намехостам ин ҳодиса расонаӣ шавад, аммо ман, ки дар миёни рӯзноманигорон будам ва дастикам 10 нафар рӯзноманигор дар ин дафтар кор мекунанд, боис шуд то ин мавзуъ расонаӣ шавад. Аммо шояд ҳодиса сахт мутаассирам карда буд, ки дар девори саҳифаи фейсбукам ба қавле диламро холӣ кардам. Аслан касеро аз масъулин огоҳ ҳам накардам. Ман ин ҷо будаму Худоро шукр, ки ба ҷони фарзанди ман осебе нарасид. Аммо ҳоли он падаронеро эҳсос бояд кард, ки сари фарзандашонро аз тан ҷудо кардаанд. Ҳанӯз пайи як тобуте бо сари буридаи ба Ватан рафта кӯр нашуда, дирӯз шумхабари марги маҷбурии тоҷики дигар дар Русия ба мо расид... Ба ҳамаи он ҳамкасбон, дӯстон, нафароне, ки ман ҳатто намешинохтаму аз аҳволи мо дар ин рӯз пурсиданд, ҳатто бародароне аз Ирон дар ин маврид бо мо буданд, ташаккур мекунам.

- Интизороти шумо дар мавриди ҳимоят аз ҳақи муҳоҷирон аз мақомоти зиддахли давлати Тоҷикистон ва Русия чист?

- Чиро ин ҷо метавон интизор шуд. Мо ин ҷо ҳастем ва мебинем, ки ба онҳо ҳам чӣ гуна мушкил аст. Ин ҷо бояд муносибатро, роҳро дигар кард. Ин ҷо чанд нафаре ҳастанд, ки бояд бори ин қадар мушкилро бардоранд. Дирӯз дар консулгарӣ будам. Дидам, ки худи консул сари компютер нишаста, варақа чоп мекунад. Дар 1 рӯз то 600 нафар аз ин коргоҳ ҳуҷҷати бозгашт ба Ватан мегиранд. Ин ҳама корро ба даҳон гуфтан осон аст. Агар муносибат дар сатҳи боло дигар нашавад, аз дасти ин чанд нафаре, ки барои ҳимояи беш аз 1 млн гумошта шудаанд, чизе, ба ҷуз бурдани ҳисоби шаттахӯрдаву кушташуда чизе намеояд. Шояд барои баъзеҳо ин гуфтаҳои ман писанд набошад, аммо бояд воқеиятро гуфт.

- Чунин ба назар мерасад, ки ё  сафи ҷинояткорӣ бо ширкати муҳоҷирон пас аз имзои Созишномаи ахири Русия ва Тоҷикистон зиёд шудааст ё як маъракаи ҷадиди расонаӣ аллайҳи муҳоҷирони тоҷик роҳандозӣ шудааст, ки хабарҳои зиёде дар мавриди боздошту муҷозоти тоҷикон ба нашр мерасанд. Шумо, ки дар маҳалли ҳодисот қарор доред, дар робита ба ин вазъ чӣ назаратон чист?

-Асосан сару садоҳо дар бораи афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирини тоҷик овозае беш нест. Мутобиқ ба омори расмӣ на танҳо тоҷикон, ҷамъи муҳоҷирин, ҳамаги 1, 6%-и тамоми ҷиноёти Русияро содир мекардаанд. Чизи дигар, ки барои мардуми маҳаллӣ мафҳуми "муҳоҷиру тоҷик" ҳаммаъно шудааст. Намояндаи кадом миллате ҷиноят накунад, ВАУ оҷилан номи тоҷиконро он ҷо ҳамроҳ мекунад. Чун медонад, ки касе аз он бозпурсӣ нахоҳад кард. Барои мисол, ҳама ВАУ- и русӣ, ҳатто тоҷикӣ ҳам дар бораи хархашаи 240 нафар тоҷик дар яке аз сохтмонҳои Сочи навиштанд. Аммо касе баъдан радияро, ки пулис эълон дошт, ва гуфт, ки тоҷикон он ҷо набуданд, касе, ҳатто тоҷикон ҳам, нашр накарданд, ба ҷуз мо.

Рӯзе, ки ман ба ҳайси раҳбари ин сомона пайи иҷрои вазифа омадам, ҳар рӯз то 3 хабаре, ки симои тоҷиконро манфур нишон медод, ба нашр мерасид. Шарти аввали ман ҳамин буд, ки ин гуна ахбор, ки 90 дар сади он бофтаву туҳмат аст, ба сомона роҳ дода намешаванд.

Ин ҷо бояд масъулини хадамоти матбуотӣ, ки мутаассифона, ба назари ман, аслан ба дигар корҳо сафарбар мешаванд, дар баробари хабаргузориҳо эътироз кунанд ва бинависанд ва ҳатто талаб кунанд, ки аз мардуми тоҷик узр бипурсанд. Се чор расона, ки узр пурсид, дигарон ҳушёр мешаванд, ки сомонаҳо аз ҷониби масъулин мониторинг мешаванд ва онҳоро лозиим меояд, ки ҷавоб бигӯянд. Мавзуъи ҷинояти муҳоҷирин дар ВАУ -и Русия мавзуи ба қавли худашон "дежурний" аст. Сомона, ки холӣ монд, дар ҳол чунин як хабар мепартоянд аз қавли сарчашмаи худашон дар мақомоти қудратӣ ва ному насаби гумонбарро ба хотири халал нарасонидан ба тафтишот намеоранд. Яъне, ин сад дар сад метавонад буҳтон бошад.  Бубинед, як хабаре пахш шуд, ки гӯё роҳбаладони тоҷик ба қочоқи 22 кг мухаддирот даст доштаанд. Мақомоти Русия мегуфт, ки ҳудуди 6 моҳ ин гуруҳи муташаккилро назорат доштааст ва ниҳоят дар яке аз минтақаҳои назди роҳи оҳан, дар ҷангал 22 кг мухаддиротро пайдо кардаанд, ки гӯё роҳбаладони тоҷик партофтаанд.

Хандаовар нест, ки 6 моҳ назорат бикуниву аз Афғонистон то ба Русия "бор" зери назорат омада бирасаду қочоқбарро боздошт карда натавонӣ, аммо 22 кг борро пайдо бикунӣ?!

Ин изҳорот болои амалкарди ҳама мақомоти қудратии Тоҷикистон хат кашид, аммо ягон кас аз масъулин эътироз накард, ягон корманди хадамоти матбуотии ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, сафорат, намояндагии Хадамоти муҳоҷират, намояндагони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳатто кушиши ҳимоят аз мардуми тоҷик ва охирӣ аз кормандонашон накарданд.Мутаассифона.

Мусоҳиб:

Замира Сулаймонӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97