(Сӯҳбати Раҳматкарими Давлат бо Латифи Пидром, вакили Бадахшон дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон ё "шпаргалка" барои аъзои ҳукумат ва мушовирони раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон)
Латифи Пидром, вакили Маҷлиси намояндагони Афғонистон ва раиси Кунгураи Миллии Афғонистон мегӯяд, Амрико дар садад аст, низомҳои Осиёи марказиро бесубот кунад. Ӯ мегӯяд, ки дар ҳақиққат нируҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистон таҷаммӯъ кардаанд ва ӯ омодааст, дар рафъи ин бӯҳрон ба Тоҷикистон кумак кунад.
Амрико дарёфт, ки бо ҳама бузургиаш шикастпазир аст
- Ба назари шумо Ғарб ва хоса Амрико дар расидан ба ҳадафи худ аз 11 сентябри соли 2001 ба ин сӯ то куҷо пешрафт карданд ва дар маҷмуъ 11 сентябр чӣ сабақе ба ҷо гузошт? Оё Амрико ба мақсади худ расид, ба мақсаде, ки баъди 11 сентябр эълон карда буд?
- 11 сентябр дунёро ба як воқеъияти ҷадид рӯ ба рӯ сохт. Ва аз он воқеъиятҳои ҷадид ин буд, ки қудратҳои бузург, махсусан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳайси калонтарин қудрати атомии дунё наметавонад маҳфуз (осебнопазир) бошад. Дар воқеъ пешрафтҳои техникӣ ва фановариҳое, ки дар ихтиёри қудратҳо қарор гирифтааст, башариятро дар мавқеъияте қарор додааст, ки ҳич кишваре хаёл намекунад ва наметавонад тасаввур кунад, ки осебпазир нест. Амрикоиҳо то кунун хаёл мекарданд, ки ҳамеша дар як ҷанги рӯ ба рӯи ҷабҳаӣ мувоҷеҳ ҳастанд ва ё дар ҷанги миёни кишвар бо кишвар ва ё кишварҳо алайҳи Амрико метавонанд осебпазир бошанд. Вале акнун Амрико дар дурустӣ дарёфтааст, ки қудрати бузург ҳам ба ҳамаи тавонмандияш метавонад осебпазир ва билохира шикастпазир бошад. Ин як натиҷа ва хулосаи бузурге ҳаст, ки дунё ба он рӯ ба рӯ шуд.
Баъди 11 сентябр ду мутафаккири бузург, яке Жак Митрои фаронсавӣ ва Хобл Моркси олмонӣ мусоҳиба карданд, инҳо файласуфони бузурге ҳастанд, ки якеашон чанде пеш дар гузашт. Баҳси онҳо ин буд, ки худи ҳодисаи 11 сентябр ба лиҳози талафот он қадар муҳим набуд, ба андозае, ки ваҳшати баъди он эҷод шуд ва паёмадҳои равонии баъди ҳодисаро ин мутафаккирон аз худи ҳодиса муҳимтар арзёбӣ карданд. Яъне ин ҳодисаҳо нишон доданд, ки дунё ҷои амне нест ва ҳич кишваре ҳам наметавонад дар амон бошад ва ҳар кишваре метавонад мавриди ҳамла қарор бигирад.
Аммо аввалин суханоне, ки Ҷорҷ Буш баъди 11 сентябр иброз дошт, эълони як ҷанги салибӣ алайҳи мусулмонҳоро кард. Ба сароҳат гуфт, ки ҳар касе бо мост, ӯ муттаҳиди мост, ва ҳар касе ҳам бо мо нест, террорист аст. Ва аввалин ҳамалоташ мутаваҷҷеҳи дунёи ислом буд. Албатта баъди ин мушовиронаш ба ӯ гуфтанд, ки ин суханонат иштибоҳи бузург буд ва ӯ дар суҳбатҳои баъдияш каме мавзеъи худро тасҳеҳ кард ва гуфт, ки дар ҷумлаи дӯстони мо кишварҳои исломӣ ҳам ҳастанд, ки мо бо онҳо сари ҷанг надорем. Аммо ӯ дигар иштибоҳро карда буд. Дар воқеъ, 11 сентябр вақте иттифоқ уфтод, ин баҳонае шуд барои расидани Амрико ба ҳадафи худаш дар ҳавзаҳои тамаддуни исломӣ. Ва иқдом кард ба ин баҳона ба густариши султаи худ. Ҳадафи Амрико дар ҳақиқат мубориза бо терроризм набуд, ки мо бигӯем, ҳоло то куҷо пешрафт карда ё накарда, Амрико мехост манофеъи худро таъмин кунад ва то ҷое ҳам ин корро дар минтақа кардааст.
Инглистону Амрико ба думболи истеъморгарӣ ҳастанд
- Ҷорҷ Буш вақте эълони ҷанги салибӣ дод, медонист чӣ мегӯяд? Ва ё дар ҳақиқат иштибоҳ карда буд?
- Ҳадди ақал ин аст, ки на дунёи Ғарб, на тамаддуни исломӣ ва шарқӣ дунёҳои якдаст нестанд. Дар тамаддуни ғарбӣ ҳам ба лиҳози сохторӣ ба кишварҳо ва сохторҳои мухталиф рӯ ба рӯ ҳастед, дар дунёи шарқ низ ҳамчунин. Масалан, ҳич гоҳ Инглистон Фаронса нест, бо вуҷуде ҳар ду кишвари ғарбӣ ҳастанд, аммо Фаронса пойтахти фарҳангии Аврупо аст ва Инглис пойтахти ҳамчунон ҷаҳонталабӣ, ҷанг ва истеъморгарӣ. Тавзеҳи фарҳанг ва нақши қудрат дар ин ду кишвар мутафовит аст. Ҳукумати Инглистон як ҳукумати ҷангталаб аст. Дар ҳоле ки фаронсавиҳо нишон доданд, ки дигар ба думболи истеъморгарӣ нестанд. Ҳади ақал маълум аст, ки фаронсавиҳо ба гузаштаи истемории худ ба шакли рушан нигоҳ мекунад. Вале Инглистон ва Амрико ҳанӯз ба думболи истеъмор ҳастанд. Ва мехоҳанд султаи худро дар кишварҳои дигар эъмол бикунанд. Миллатҳои дигари Аврупо низ, аз ҷумла Дания, Норвегия, Испания ва Шведсия низ дигар аз фарҳанги истеъморталабӣ даст бар доштаанд ва дар меҳвари шароратбори Амрико қарор надоранд, бо вуҷуде, ки инҳо ҳам кишварҳои ғарбӣ ҳастанд.
Мисли ҳамин, дар шарқи исломӣ ҳам кишварҳое дорем, ки сохторҳояшон исломӣ ҳастанд, вале хеле мутаодил амал мекунанд. Мисли Индонезӣ ва Туркия. Ҳоло шумо наметавонед Туркияро ба Покистон муқоиса бикунед. Бо он ки Туркия ҳам як кишвари исломист ва Покистон ҳам. Туркия як кишвари мусалмонӣ ҳаст, аммо тафаккури динӣ дар он ҷо толеронт, (таҳаммулпазирӣ)-ро қабул кард, плюрализми динӣ ва ё касратгароӣ дар он ҷо пазируфтанист. Бинобар ин ба миён овардани баҳси ҷанги тамаддуни шарқу ғарб ё ҷанги салибӣ як баҳси аҳмақона буд. Ба ин лиҳоз, тақрибан мешавад гуфт, ки Ҷорҷ Буш як одами бесаводе буд, ки инро назарсанҷиҳои мухталифе дар Амрико собит кардааст. Ӯ як шахсияте буд, ки ба зӯри сарват ва ниру ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико расида буд.
Амрико як кишвари террористист
- Аммо ба ҳар ҳол, баъди 11 сентябр дағдағаи Амрико мубориза бо терроризм дар минтақа буд. Аммо имрӯз ба назар намерасад, ки терроризм бештар густариш ёфта ва дунё ҳам бештар аз 11 соли пеш ноамну бесубот шудааст? Аз ҷумла Афғонистон низ хеле ноамн шуда ва ноамнӣ то марзҳои мо пеш омадааст. Мешавад гуфт, ки Амрико дар мубориза бо терроризм, ки дағдағаи аслии он буд, ноком монда?
- Ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ба хотири мубориза бо терроризм набуд. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки таърифи рӯшане аз терроризм вуҷуд надорад, ки терроризм яъне чӣ? Як таърифе, ки дар Қонуни артиши Амрико барои терроризм вуҷуд дорад, ин истифода аз ваҳшат ва тарс барои расидан ба ҳадафҳои идеологӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ аст. Ин меъёри қонуни артиши Амрико аст. Агар мо инро асос ва меъёр қарор бидиҳем ва бигӯем, ки терроризм истифода аз ин васоил барои расидан ба аҳдоф аст, пас беш аз ҳар созмони дигаре, беш аз ҳар кишвари дигаре ва ҳатто беш аз Ал-қоида Амрико мазҳари терроризм аст. Яъне терроризми давлатӣ. Барои он ки дар 25 соли гузашта, ҳич кишвари дигаре, ҳич созмони дигари исломӣ, ҳич наҳзати исломӣ ва ғайри исломие, ҳич ҷунбише аз ҷумла Ал-қоида ба андозаи Амрико даст ба террор назадааст. Дар даҳаи 90-ум бемористон ва фабрикаи тавлиди дору дар Судонро бомбборон карданд. Ин фабрикаи дору бузургтарин тавлидкунандаи доруи молориё дар минтақа ва дунё буд. Ин корхонаро аз миён бурданд ва корхонаи тавлиди доруи дом (чорпо)-ро ҳам дар он минтақа аз миён бурданд. Дар натиҷаи бомбборони ин фабрика ва бемористон ҳазорҳо инсон мустақим ва миллионҳо инсон ғайри мустақим бо дасти амрикоиҳо кушта шуданд. Ин намунаи аълои ҳамлаи террористӣ буд. Ҳамзамон ҳаминҳо дар Индонезӣ аз ҳукумати Сукорту, ки ҳазорон ҳазор кишоварзро ба қатл расонд, ҳимоят карданд. Никарагуаро бомбборон карданд, ки дар натиҷа муштаъмаҳои кишоварзӣ, бемористонҳо ба хок яксон шуданд. Дусад ҳазор одамро амрикоиҳо дар Никарагуа ба қатл расониданд. Ҳамин гуна се - чор кишвари дигарро вайрон карданд. Ин намунаи аълои терроризм буд, ки омили он ҳукумати Амрико аст. Дар Чили ин намунаҳоро доштанд. Дар Либӣ ба хотири куштани як рӯҳонии муътабар автобусеро пур аз маводи мунфаҷира пеши дарвозаи масҷид гузоштанд, ки мунфаҷир шуд ва 70 нафар кушта шуд. Аммо ин руҳонии муборизи зидди амрикоӣ бо тасодуф кушта нашуд. Дар Афғонистон низ ҷанг бо терроризм набуд, чандин ҳазор нафар дар Афғонистон то кунун ба дасти амрикоиҳо кушта шудааст. Ваҳшате, ки амрикоиҳо эҷод карданд, номаш терроризм аст. Ва терроризми давлатӣ ҳамеша густардатар, хатарноктар ва ваҳшатноктар аз терроризмест, ки тавассути гурӯҳҳои кучак анҷом мешавад.
Барои ҳамин, баъди ҷиноёте, ки дар Никарагуа содир шуд, Додгоҳи байналмилалӣ Амрикоро ба унвони як кишвари ҷинояткори ҷангӣ маҳкум кард. Дар таърихи Додгоҳи байналмилалии ҷиноёти ҷангӣ Амрико нахустин кишваре ҳаст, ки барои ҷинояти ҷангӣ ва нақзи ҳуқуқи башар маҳкум мешавад. Аммо фишор оварданд, то баҳс зиёд матбуотӣ нашавад. Аз ин лиҳоз ҷанги Амрико дар Афғонистон ҷанг бо терроризм нест, зеро худи ин кишвар як кишвари террористӣ аст.
Ҳадафи Амрико мубориза бо терроризм не, султаталабист
-Агар ҳадаф мубориза бо терроризм набуд, пас чӣ буд? Думболи чӣ ҳастанд ва барои чӣ масраф мекунанд ва кушта медиҳанд?
- Ҳадафи аслии Амрико ин аст, ки ба таври қатъан чӣ гуна манобеъи иқтисодии ҳавзаи Марказӣ ва Қафқозро идора бикунанд. Чаро ба назари Шумо Амрико аз Туркия ин қадар ҳимоят мекунад? Барои он ки Туркия дар ҳавзаи Қафқоз манофеъи амрикоиҳоро таъмин мекунад. Барои он ки Туркия, бо вуҷуди он ки як давлати исломист, пойгоҳҳои ҳавопаймоҳои низомии Исроил дар Туркияст. Дар ҳамин лаҳзае, ки мову Шумо суҳбат мекунем, тамоми фаъолиятҳои ҷосусие, ки дар хоки Ирон сурат мегирад, аз пойгоҳҳои Исроил дар хоки Туркия сурат мегирад. Бинобар ин ҳадафи Амрико ин аст, ки манобеъи нафти Ховари миёнаро контрол кунад, манобеъи нафти Ироқро, ки дуввумин манбаъи нафти дунёст, контрол кунанд. Омаданашон ба Афғонистон ва минтақаи мо ҳам ба ҳамин манзур аст, ки манофеъи нафтиашонро таъмин бикунанд. Аммо барои контрол ба манобеъи нафтӣ, манобеъи иқтисодӣ ба кишварҳое ниёз доранд, ки нӯкари Амрико бошанд. Барои ҳамин хостанд Саддомро аз байн бубаранд, зеро ӯ иҷоза намедод, ки ба нафт контрол дошта бошанд, бо вуҷуди он ҳама ҷинояткор будани Саддом. Амрикоиҳо ба шоҳоне ниёз доранд, ба раёсати ҷумҳуриҳое ниёз доранд, ба ҳокимоне ниёз доранд, ки манофеъи Амрикоро таъмин кунанд. Бинобар ин омаданашон дар минтақа ба хотири ин аст, ки режимҳое мисли Ҷумҳурии Исломии Ирон ва ҳатто Покистон ва ҳатто Ҳинд, ки баъзан ба ҳарфи онҳо на мегӯянд, инҳоро ё иваз кунанд ва зери контрол дошта бошанд. Дар Ҳинд аз замони Раҷив Гандӣ ба ин сӯ, ҳамеша дасти ростиҳо ба қудрат расидаанд. Ин ки ҳоло амрикоиҳо бо Ҳинд ҳамкор ҳастанд, ба ин маъно нест, ки нируҳои мутамаддини ҳиндӣ бо Амрико ҳамкор ҳастанд, на, иртиҷоитарин нируҳои ҳиндӣ дар қудратанд ва бо Амрико дар ҳоли гуфтугӯ ҳастанд. Ва мехоҳанд аз ин мавқеъ дар муқобила бо Покистон истифода кунанд. Бинобар ин Ҳинд ҳоло як кишвари қобили эътиборе, ки мо дар замони Раҷив Гандӣ ба рӯяш ҳисоб мекардем, нест. Мутаваҷҷеҳ ҳастед?
Терроризми Амрико ба Осиёи Миёна ва Тоҷикистон мекӯчад
- Ташаккур аз тавзеҳи бисёр рӯшанатон. Аммо ба марзҳои худамон агар наздик шавем, сару садо вуҷуд дорад ва мебинем ҳам, ки нируҳои иртиҷоӣ ва террористӣ боз ҳам аз ҷануби Афғонистон ба шимоли ин кишвар мунтақил шуда ва ҳамин тавр нооромиҳо низ ба марзи Тоҷикистон мекӯчанд. Аз тадорукоте, ки давлати Тоҷикистон мебинад ва аз аз қавли расонаҳо маълум аст, ки нигаронӣ дар мавриди таҳдиди ин нируҳо вуҷуд дорад. Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон дар баёнияи худ гуфтааст, ки ҳудуди 1000 нафар аз нируҳои мусаллаҳ ва террорист дар марзи Тоҷикистон, дар минтақаи Бадахшон таҷаммуъ кардаанд. Шумо вакили Бадахшон дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон ҳастед, оё хабари таҷаммуъи ин нируҳо сиҳат дорад ва агар бале, ҳадафи ин нируҳо чист, Тоҷикистон?
- Бубинед, дар солҳои ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ Амрико барои он ки нируҳо зидди Шӯравӣ биҷанганд, бештарин кумакро кард. На танҳо нируҳои мазҳабиро кумак кард, балки иртиҷоитарин ва родиколтарин нируҳои исломиро ҳимоят карданд. Ҳамин гуна дар ҷиноёте, ки дар Афғонистон сурат гирифт, амрикоиҳо масъуланд. Зеро дар Афғонистон дар замони мубориза бо ишғоли Шӯравӣ амрикоиҳо ба нируҳои муътадили исломӣ камтар кумак карданд, барои нируҳои демократӣ-исломӣ камтар кумак карданд, барои нируҳои демократии ғайри исломӣ аслан кумак накарданд. Инҳо барои муртаҷеътарин нируҳои исломӣ бештарин кумакро карданд. Таваҷҷуҳ кардӣ?
Дар ин солҳо ин амрикоиҳо ва Саудиву Покистон буданд, ки шабакаи Ал-қоидаро кумак ва ҳимоят мекарданд. Фақат баъд аз он ки Усома бин Лодин бо хонаводаи фосиди Саудӣ мушкил пайдо кард ва амрикоиҳо аз режими Саудӣ ҳимоят карданд ва Бин Лодан аслиҳаашро ба муқобили Амрико бар гардонд, баъд аз он буд, ки ин ҷунбиш мухолифи Амрико ва террорист унвон шуд. Вагарна то он замон ин ҷунбиш барои амрикоиҳо ҷунбиши озодибахш маҳсуб мешуд. Ман борҳо дар сӯҳбатҳоям дар Тоҷикистон ва телевизиюнҳои Афғонистон гуфтаам, ки Амрико дар пайи як муборизаи ҷиддӣ барои таъмини амнияти минтақа нест. Субот дар минтақаи Осиёи марказӣ ба нафъи Амрико нест. Ба нафъи амрикоиҳо бесуботӣ дар ин минтақа аст. Бесуботӣ, ки натиҷаааш эҷоди ҳукуматҳои дастнишонда бошад, на ҳукуматҳои мардумӣ ва демократӣ ва қавӣ.
Бинобар ин нигаронии шумо ҷо дорад ва таҷаммуъи нируҳо дар Бадахшон бисёр табиист. Барои ин ки ҷунбиши муборизони исломиро бисёр бузург ва миллӣ, яъне саросарӣ таъриф кунанд ва нишон диҳанд, ки ин танҳо хоси ҷануби Афғонистон нест, табиист, ки ин ҷунбишро мебоист дар шимол ҳам фаъол кунанд. Дар ин ҷунбиш Осиёи Марказӣ ва ба хусус дар қадами аввал Тоҷикистон ҳадафи аслист. Ман инро ба ҳайси вакили Бадахшон дар порлумон мегӯям, барои ҳарфҳои худам ҳам масъул ҳастам. Мехоҳам, ки давлатмардони Тоҷикистон, шахси ҷаноби раиси давлат ба ин ҳарфҳо таваҷҷуҳи хос кунанд. Зеро Узбакистон ба чанд далел, камтар осебпазир аст, яке ин ки қудратмандтар аз Тоҷикистон аст ба далели рушди иқтисодӣ, ҷамъият ва технологияи низомӣ, ҳарчанд ҳадафи баъдӣ худи Узбакистон аст, аммо ҳатман ба таъқиби (баъд аз) Тоҷикистон. Дигар ин ки Узбакистон дар як ҳавзаи калони ақвоми турктабор мавҷуд аст, давру бари Узбакистон ҳама қавмҳо ва ҷумҳуриҳои туркӣ ҳастанд, ки боз ҳам Туркия ба унвони ҳампаймони Амрико инҳоро масун (осебнопазир) месозад. Агар Амрико бихоҳад дар ин ҷумҳуриҳо мудохила кунад ҳам, як зарра аз Туркия ҳазар мекунад. Бинобар ин дар ин ҳавза заъифтарин нуктае, ки Амрико метавонад бӯҳрон эҷод кунад, боз ҳам Тоҷикистон аст. Бинобар ин қатъан дақиқ аст, иттилои Шумо, ки ин нируҳо дар Бадахшони Афғонистон таҷаммуъ кардаанд, дар марзи Тоҷикистон ва дар марзи Осиёи Марказӣ.
- Яъне ин нируҳои исломии иртиҷоъӣ ба истилоҳ, пешравӣ кардаанд?
- Бале, пешравӣ карданд ва рӯз аз рӯз бештар тақвият мешаванд ва ба сафҳои худашон афроди бештареро ҷамъ мекунанд. Ва ҳар вақте ки хоста бошанд, метавонанд, ки авзоъи минтақаро бесубот кунанд.
Ман борҳо дар минтақа ба раҳбарони ин минтақа гуфтам, ки Амрикоиҳо дар ин минтақа ба думболи сарватҳо ва шароратҳои калон ҳастанд ва набояд шумо фиреби амрикоиҳоро бихӯред.
Устод Раббонӣ Тоҷикистонро ҳушдор дода буд!
- Дуруст аст, ки чунин сӯҳбатҳое карда будед ва худо биомурзад Устод Раббониро, ки дар бештар аз як соли пеш паёме фиристода буданд ба раиси ҷумҳур ва мардуми Тоҷикистон ва ҳамин ҳушдорро дода буданд, ки нируҳои зиёде дар қасди бесубот кардани Тоҷикистон ҳастанд ва бояд шумо ҳама бо ҳам ба ин сӯиқасдҳо муқобила кунед. Ҳамон ҳушдорҳо акнун ба сароҳат рӯшан мешаванд, акнун бӯҳрони пеши рӯ қобили дидан ва ламс кардан ҳаст. Вале аз дасти раҳбарони кишварҳои минтақа чӣ коре дигар сохта аст? Чӣ метавонанд дар пешгирии бӯҳроне, ки омаданаш дигар қатъист, бикунанд, инҳо?
- Дигар бӯҳрон бисёр амиқ шудааст, нируҳо таҷаммуъ намуда ва осебпазирии марзҳо бисёр амиқ аст. Ман вакили Бадахшон ҳастам ва мо ба ҳич ваҷҳ моил нестем, ки Тоҷикистон ноором бошад. Зеро феълан мушкили аслии мардуми мо аз тариқи пулҳое ҳал мешавад, ки дар рӯдхонаи Ому сохта шудаанд. Мо ин нооромиро нооромии худамон хоҳем донист. Мо низ баробари шумо аз ин нооромӣ ранҷ мебарем ва шояд бештар аз Шумо. Мо тоза ҳамкориҳои дуҷонибаро оғоз кардаем, пулҳо бастем бар фарози Ому, мушкили зиёди мардумамонро ҳал кардем ва пружаҳои зиёде дар ҳоли иҷрост ва агар бесуботӣ пеш биояд, ин пружаҳои мо нақше бар об мешаванд. Бинобар ин мо ҳам бояд аз ин бӯҳрон пешгирӣ кунем.
Ҳоло танҳо роҳи мумкин барои контроли бӯҳрон ин аст, ки дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо ақвоме, ки дар он тараф ҳастанд, гуфтугӯ бикунем. Ман ба унвони раиси Ҳизби Кунгураи Миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар пеши ин мардум масъул ҳастам, чун пойгоҳи аслии мо ҳамин ҷост, Бадахшон. Бисёр табиӣ аст, ки ман ба лиҳози раиси як ҳизби миллӣ будан як, бадахшонӣ будан ду, ба лиҳози тоҷик будан се, ба лиҳози намояндаи ин мардум дар маҷлис будан чор, намехоҳам ин мардум мутазалзил бишаванд. Дар ин минтақа мо метавонем барои суботи Тоҷикистон кумак бикунем ва аз ҳар лиҳоз ин имконро дорем. Ва омодаем, ки аз имконоти инсонӣ ва ҳар имкони дигари худ дар ин росто истифода бикунем. Аммо мутаассифона, Тоҷикистон сари ин мавзӯъ бисёр ҷиддӣ фикр накардааст. Ин минтақаест, ки агар Тоҷикистон осеб бубинад, аз ҳамин ҳавза хоҳад дид.
Ва дар айни ҳол як соир масоил бар мегардад ба кули масоили Осиёи Марказӣ, ба плонҳои Ғарб, ки муқобила ба он плонҳо ба эҷоди як паймони минтақаии кишварҳои ин ҳавза ниёз дорад. Барои он ки ҳадафи амрикоиҳо дар ин минтақа, ҷанг бо Чин, ҷанг бо Русия ва ҷанг бо Ирон аст. Бисёр табиист, ки амрикоиҳо дар қадами аввал дар як ҷанги рӯ ба рӯ ба Русия ва Чин намерасанд. Кишварҳое, ки аз тариқи онҳо метавонанд мутазалзил (ларзон) бисозанд Чин ва Русияро, дар воқеъ кишварҳое ҳастанд ҳовии манофеъи Русия, мисли Тоҷикистон, мисли Узбакистон. Мисле, ки рӯи Балуҷистони Ирон, Балуҷистони Покистон ҳам чунин ҷудоихоҳиро доман мезананд. Ҳадафи аслӣ дар қадами аввал ун ҷост, аммо барои убур ба он ҳадаф кишварҳои Осиёи Марказӣ мутаасифона дар сари роҳи ин барнома уфтодаанд. Зеро аз ин минтақа метавонанд ба хоки Русия, хоки Чин ва Покистону Ирон нуфуз кунанд.
Амрикову Ғарб қабри ҳар киро бо дастони худи ӯ мекананд
- Аммо бубинед, Амрико ва Ғарб ҳар кореро мехоҳанд пиёда кунанд, ба таври мустақим намекунанд, ба дасти нируҳо ва гуруҳҳои дохилии худи мо мекунанд.
- Баъди таҷрибаи Афғонистон ва Ироқ Амрико дигар ба ҳич кишвари дигаре ҳамлаи мустақим намекунад. Намунаи Яман, намунаи Тунис, намунаи Миср, намунаи ҳамин ҳолои Сурия нишон медиҳад, ки амрикоиҳо думболи усулҳои бисёр содатар ва осонтар ҳастанд. Дар Яман аз гуруҳҳои исломӣ ва иртиҷоӣ, мисли Ал -қоида истифода шуд. Ҳамин ҳоло дар Сурия аз ҳамин гуруҳҳо истифода мешавад, аз ихвониҳо ҳам истифода мешавад.
Ҳамин ҳоло ҳам, ки мегӯянд, ба Ирон ҳамла мекунем, ё Исроил дар қасди ҳамла ҳаст, ин дуруст нест, Амрико ҳамлаи мустақими низомӣ ба ин шева дигар намекунад. Ҳадди аққал ба ин зудӣ. Инҳо дар ҳавзаи Осиёи марказӣ ҳам ҳамлаи низомӣ дар назар надоранд. Аммо бо эҷоди норизоиятӣ дар миёни мардум, дар дохили кишварҳо аввал норизоиятӣ ба вуҷуд меоранд, баъд эътирозҳои мардум оғоз мешавад, баъди он саркӯбии мардум сар мешавад, баъд ҳам мухолифат оғоз мешавад ва бесуботӣ доман зада мешавад. Баъд саркӯбии мардум, ки оғоз шуд, баҳонае мешавад барои эҷоди минтақаи парвоз мамнӯъ ва баъди он сарбозони СММ пиёда мешаванд. Ва Амрико баланд мешавад, мегӯяд, ки ҳаққи мардумро бидеҳ, коре, ки дар Сурия карданд, коре, ки бо Қаззофӣ карданд. Аз ин ба баъд шеваи кори амрикоиҳо дар минтақа ҳамин гуна хоҳад буд. Дар се замина; қавмӣ, мазҳабӣ ва миллӣ метавонад ихтишошҳоро ба роҳ биандозанд.
Ҳам ба наъл мезананд, ҳам ба пошна
- То ҷое, ки ман дарк кардаам, инҳо ҳам давлатро пуштибонӣ мекунанд дар саркӯби мухолифон ва маҳдуд кардани онҳо, ҳам мухолифони давлатро.
- Дақиқан дуруст аст, инҳо аввал давлатҳоро таҳрик мекунанд, ки маҳдудият эҷод кунанд, баъд мухолифонро таҳрик медиҳанд, ки бо ин маҳдудиятҳо бояд муқобила кард. Чун муқобила ва муқовимат оғоз шуд, давлатҳоро ба саркӯби мухолифон таҳрик мекунад. Вақте давлатҳо ба саркӯб ва хушунат пардохтанд, заминаи хуби мудохилаи Амрико фароҳам мешавад. Дигар ҳай баёния ва маҳкум кунӣ, ҳай муомила ва миёнҷигарӣ оғоз мешавад.
- Иттифоқан, чаро Амрико интихоботи Мисрро эътироф кард, ки дар он ҳам исломиҳо пирӯз шуданд, вале интихоботи Ҳамосро, ки он ҳам шохае аз Ихвониҳост эътироф намекунад? Ҷумбиши бедории исломӣ дар Ховари миёна то куҷо аз сӯи амрикоиҳо мудирият мешавад?
- Сад дар сад дуруст аст, ки амрикоиҳо мехоҳанд дар ин раванд мудохила бикунанд ва равандҳоро мудирият намоянд. Аммо бедории мардумӣ дар Ховари миёна воқеъан ҷумбиши воқеъӣ аст. Ихвонулмуслимин таҷрибаи ҳафтод ҳаштодсолаи муборизаро дорад. Мумкин аст, ки истеъморгарон мехоҳанд ва битавонанд ин ҷумбишҳоро мунҳариф ё бероҳа кунанд, аммо то кунун ин ҷумбиш воқеъан ҷумбиши мардумӣ буда. Амрикоиҳо ба хотири манфиатҳои худашон аз хонаводаҳои фосид ҳимоят карданд.
Ихвониҳо демократия намесозанд
- Агар ихвониҳо бо Амрико муомила намекарданд, оё имон дошт, ки пирӯзии онҳоро қабул кунанд? Ва дар масъалаи аслӣ ва усулӣ, ки масъалаи Фаластин аст, ихвониҳо дар раёсати ҷумҳурӣ чӣ фарқе аз Муборак доранд?
- Ҷумбиши Ихвонулмуслимин идеология надорад, ин як тамаддун ва ҷумбиши мазҳабӣ аст. Ва шумо зиёд интизор надошта бошед, ки он як тафаккури демократӣ аст. Ва як ҳукумати демократӣ ё сотсиал -демократӣ барои шумо месозад. Мисли Туркия барои мисол, зеро Туркия агар режими секулорӣ ва толеронт дорад, ба далели ҳузури Отатурку ҷавонтуркону билохира ҷунбишҳое буд, ки заҳмат кашиданд дар ин замина. Ин заҳмати унҳо буд, ки ҳоло дар ихтиёри Абдулло Гулу инҳо боқӣ мондааст. Аммо дар Миср чунин набуд, замони хезишҳои мардумӣ дар аксари манотиқ, шиори тазоҳургарон динӣ буд, ба ҷуз аз Искандария ва Қоҳира ва чанд шаҳри муҳими дигар, ки шиорҳои демократӣ медоданд ва ё коммунистӣ медоданд ё сотсиал -демократӣ. Хашми рӯшанфикрони арабӣ дар муқобили ҳимоятҳои Амрико аз хонаводаҳои фосид ва режимҳои диктотурии арабӣ як хашми бисёр табиӣ буд, ки мунҷар ба ҳаракати арабӣ шуд. Ҳарфи бин Лодан, ки мегуфт, ман ба хонаводаи фосиди Олӣ Сауд мувофиқ нестам ва бояд ӯ биравад, бисёр ҳарфи дурусте буд, ман ҳам ба ҳамин ҳарф мувофиқ ҳастам. Сарфи назар, аз он ки бини Лодан ва Алқоида чӣ рақам одам ва чӣ рақам созмоне ҳастанд. Ҷумбишҳои исломӣ инҳо давлат нестанд, ки як кас дар он тасмим бигирад, ин мактаб аст, фарҳанги хос аст, ҳар ҳалқаи ин ҷумбишҳо бо бардоште, ки аз ин фарҳанг дорад, амал мекунад. Вақте ки бурҷҳои Тиҷорати ҷаҳониро мунфаҷир карданд, бин Лодан ҳадди аксар гуфт, ки ман намедонам, кӣ ин корро кардааст, ӯ ҳаргиз нагуфт, ки ман ин корро кардам. Ҳоло афроди ҷудогонае дар ин ҷумбишҳо имкон дорад, харида ва фурӯхта бишаванд, ба нафъи ину он кор бикунанд, аммо хашми зидди Амрикоии мардуми араб ҳамчунон боқист ва мардум аз арзишҳое, ки дорад, таҳти фишори ҳич зӯре даст бар намедорад. Масъалаи Миср ба масъалаи Ҳамос фарқ мекунад.
- Ба назари Шумо ин ҳукуматҳое, ки дар мавҷи хезиши арабӣ ба қудрат расидаанд, чӣ кор метавонанд бикунанд? Барои амрикоиҳо чӣ муҳим аст, ки ин ҳукуматҳо чӣ гуна бошанд?
- Ин ба заҳамот ва ҳушёриву доноии мардумони Ховари миёна бастагӣ дорад, ки чӣ гуна метавонанд суботро дар кишвари худашон таъмин кунанд. Амрико мехоҳад афроди мавриди назари худро дар ин ҳукуматҳо мусаллат бикунад, аммо интизори мардуми ин кишварҳо ин аст, ки хостаҳои худашон бароварда шаванд, ва ба Амрико иҷоза надиҳанд, ки хостаҳои амрикоиҳо амалӣ бишавад. Вале бояд бидонем, ки ҳар ҳукумате дар Ховари миёна бихоҳад истиқлоли амал дошта бошад, барои Амрико хушоянд нест. Имкон дорад, агар хостаҳои амрикоиҳо бароварда нашавад ва худро ноком бубинанд, Ховари миёнаро ба як ҷанги дигар бикашанд.
Аммо дар бораи ҳукумати ихвониҳо. Намешавад гуфт, ки ин ҷумбиш як институти демократӣ аст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи талхи 70 солае, ки ин ҷумбиш дорад, ҳанӯз зуд аст хулоса кунем, ки ин ҷумбиш дар ихтиёри амрикоиҳо хоҳад буд ва ё муҳимтарин кишвари арабиро мисли як кишвари мустақил идора хоҳад кард. Ҳоло каме дигар фурсат дар ихтиёр дорем.
Аммо бояд бигӯем, ки ин ҷумбишҳои мазҳабӣ ва исломӣ мушкили аслие, ки доранд, беусулӣ дар мубориза аст. Як усули собит надоранд, барои ҳамин муомила мекунанд, имтиёз медиҳанд ва имтиёз мегиранд. Ва ҳикмати машҳуре аз Гандӣ аст, ки мегӯяд: "Чанд чиз аст, ки моро ба нобудӣ мекашад; сиёсати бидуни шарофат, яъне усул, лаззати бидуни виҷдон, илми бидуни шахсият ва тиҷорати бидуни ахлоқ.
Амрико фундаменталистҳоро ҳамкор интихоб хоҳад кард
- Хуб, дар минтақаи Осиёи марказӣ амрикоиҳо кадом навъе аз гуруҳҳоро, манзур гуруҳҳои сиёсиро ҳамкори ояндаи худашон қарор додаанд? Гуруҳҳои демократиро ё нируҳои ба ҳар ҳол мазҳабӣ ва тундгароро?
- Нируҳои демократиро амрикоиҳо дӯст намедоранд. Нируҳои миллӣ, нируҳои мазҳабӣ- миллӣ ва ҳар нируеро, ки мехоҳад худаш тасмим бигирад, амрикоиҳо ҳаргиз дӯст надоранд, ва бо он нируҳо ҳамкорӣ нахоҳанд кард, чун хуш надоранд. Амрикоиҳо барои он ки минтақаҳо ва кишварҳоро ноором бисозанд, беҳтарин ҳамкоре, ки метавонанд дошта бошанд, нируҳои мазҳабӣ ва он ҳам мазҳабии фундаметалист ҳастанд. Ҳич режими демократие дар минтақа барои онҳо муҳим нест. Туркия як режими нимадемократӣ дорад, ин заҳмати худи туркҳост. Мурсиро ҳам маҷбур шуданд амрикоиҳо ба расмият бишиносанд, вале ин маънои онро надорад, ки дар дигар ҷо ҳам мехоҳанд режимҳои демократиро биоранд. Таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ки нируҳои истиқлолхоҳ ва озодиталаб ҳаргиз мавриди қабули Амрико нестанд. Боз ҳам намешавад гуфт, ки ҷумбишҳои мазҳабӣ ҳама яксон ҳастанд, аммо дар миёни ин ҷумбишҳо ҳам ҷараёнҳои озодихоҳ зиёданд, аммо равиши кори онҳо ба гунаест, ки Амрикоиҳо метавонанд барои бесубот кардани минтақа истифода кунанд. Барои мисол як ҷумбиши исломӣ метавонад барои бесубот кардани Осиёи Марказӣ бештар муассир бошад, то як ҷумбиши коммунистӣ. Ё барои фурӯ пошонидани режимҳои ин минтақа. Ва Амрико дақиқан рӯи ҳамин нуктаҳо дар ин минтақа кор мекунад.
Ҳоло ҳушдори ман барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ин аст, ки набояд фиреби Амрикоиҳоро бихӯранд. Мехоҳам бигӯям, ки ин мардум ва давлатҳои Осиёи марказӣ худашон бояд дар бораи сарнавишти худ фикр бикунанд ва дастаҷамъӣ тасмим бигиранд. То худашон роҳҳоеро пайдо кунанд, ки гирифтори ҷанги дохилӣ нашаванд, як. Мардумонашон мутазалзил нашаванд, ду. Низомҳои осебпазири демократиашон нобуд нашавад, се. Ҳар навъа пул ва имтиёз гирифтан аз Амрикоиҳо ин давлатҳо ва ин кишварҳоро табоҳ хоҳад кард. Ин дар шакли як эътилофи минтақаӣ, осиёӣ имконпазир аст. Бояд рӯшанфикрон, масъулони ин кишварҳо фикр бикунанд. Ҳоло ҳарфе, ки ман метавонам ба масъулият ба инҳо бигӯям, фақат ин аст, ки Амрико дар фикри нобудии сохторҳои демократӣ ва ивази ин сохторҳо ва табдили режимҳо ҳаст. Дигар боқӣ заимҳои (масъулони) ин миллатҳо бояд худашон фикр бикунанд. Амрикоиҳо на дӯст доранд, на муттаҳид, рафиқашон ҳар касест, ки манофеъашонро таъмин бикунад.
- Оё режимҳои Осиёи марказӣ метавонанд дар дарозмуддат ҳамкори Амрико бошанд?
- Ба ҳич ваҷҳа. Дар кутоҳмуддат аз инҳо истифода мекунанд, дар дарозмуддат на. Ба думболи як фурсат ҳастанд, ки ҳар режимеро, ки ҳатто замоне дар мадори Русия буда, суқут бидиҳанд, ва мавриди назари худро ба ҳарики қудрат биоранд.