Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, рӯҳонии саршинос мегӯяд, ки кадоме мехоҳад, бо манъи фаъолияти масҷиди "Муҳаммадия" фитна барпо кунад ва онҳоро ба сиёсат тела бидиҳад, аммо онҳо таҳаммулро пеша карда, барои барқарории намозгузорӣ дар ин масҷид истодагарӣ мекунанд ва мунтазири зинаҳои баъдии додгоҳ мемонанд.
Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, дар як суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори "Миллат" иброз дошт:
- Воқеъан дар вақташ Кумитаи дин ба додгоҳи шаҳри Ваҳдат муроҷиат карда буд, ки фаъолияти ҷумъахонии масҷиди ҷомеъи шаҳри Ваҳдатро бибанданд. Дар ҳамон ариза омада буд, ки фақат намози ҷумъа манъ шаваду намозхонии панҷвақта боқӣ бимонад. Дар аризае, ки аз дувоздаҳ саҳифа иборат буд, Кумитаи дин дар охири он аз суди шаҳри Ваҳдат хоҳиш намуда буд, ки фақат фаъолияти ҷумъахонӣ қатъ карда шаваду бас. Муҳокимаи додгоҳӣ сурат гирифт, мо ҳам бовар доштем, ки хайр аст, ҳамон намози ҷумъа манъ мешавад. Бисёр масъулин аз номи роҳбарҳои олирутбаи кишвар ба мо паём доданд, ки шумо даъво накунед, иншоаллоҳ баъди чанд муддат дубора ҷумъахонӣ низ ин ҷо иҷоза дода мешавад, судбозӣ накунед. Аз ҳамин хотир вақте ки қарор баромад, мо ба ҳеч куҷо даъво накардем, гуфтем, ки даъво намекунем. Аммо рӯзи 23 - юми моҳи май ба мо нусхаи ҳамон ҳалномаи судро оварданд, яъне қариб баъд аз даҳ ё дувоздаҳ рӯзи тамом шудани ҳамон муҳокимаи судӣ, яъне дертар ҳалномаро гирифтем. Дар ин ҳалнома мо мутаассифона дидем, ки ҳеч як таҳқиқи муайян дар бораи фақат қатъи ҷумъахонӣ нест, дар он ҷо омадааст, ки масалан, дархости Кумитаи дин дар бораи қатъи фаъолияти масҷиди ҷомеъи фалонӣ дастгирӣ карда шавад. Дуюм овардааст, ки фаъолияти ҷамоъаи динии масҷиди ҷомеъи халифа Абдулкарими деҳаи Ваҳдатободи шаҳри Ваҳдат манъ карда шавад ва сеюмаш оиди ин аст, ки дар муддати як моҳ метавонед ба суди болоӣ аз тариқи ҳамин суди шаҳри Ваҳдат ариза нависед.
Мо инро бо вакилони мудофеъамон баррасӣ кардем, ки ин чи маъно дорад? Дар ин ҷо ҳеч як истисно наомадааст, ки намозгузории панҷвақта боқӣ мемонад, фаъолияти масҷид қатъиян манъ шудааст. Вакидолни дифоъи мо назди судя рафтанд, вай иброз доштааст, ки аллакай ин қарор баромадааст ва ӯ дигар ин чизро иваз карда наметавонад, ва афзудаааст, ки шумо метавонед масҷиди панҷвақтаатонро аз сари нав ба қайд бигиред.
Табиъист, ки мо ба ин кор розӣ нашудем, зеро аз сари нав масҷиди моро ба қайд намегиранд, хуб мо гуфтем, ки як тафсири хаттӣ бидиҳед, баъд ҳамин рӯз, рӯзи охирони ваъдаашон аст, тафсири хаттиашонро бояд бидиҳанд. Вале агар воқеъан фаъолияти масҷиди панҷвақтаамонро иҷозат надиҳанд, мо маҷбур ҳастем, ба Суди олӣ муроҷиат кунем. Агарчи медонем, ин кор бо супориш анҷом шуда бошад, Сули олӣ ҳам шояд ҳамин қарорро мебарорад. Бисёриҳо ба мо гуфтанд, ки фоида надорад ба Суди олӣ муроҷиъат кардан, вале мо ба Суди олӣ ба он хотир муроҷиъат мекунем, ки марҳилаи судиро бигузарем, зеро мо барои фаъолсозии масҷид омода ҳастем ба судҳои байналмиллалӣ ҳам муроҷиъат кунем, то он ҷое ки қонунгузориҳои Тоҷикистон иҷоза медиҳад, зеро ин масъалаи ҳуқуқи инсон аст, озодиҳои диннӣ аст, мо даъвои худамонро идома медиҳем. Қонун ба мо иҷоза медиҳад, то дар муддати як моҳ ба суди болоӣ муроҷиъат кунем.
- Яъне ҳоло намозгузорӣ дар ин масҷид манъ аст?
- Ҳоло қарорашон баромад ва фаъолияти масҷидро манъ карданд, аммо амалан манъ мешавад, ё намешавад, ин аз ҳукуматдорҳои маҳалл вобаста аст. То 23 - юми июн мо ҳаққи ба суди болоӣ муроҷиат карданро дорем. Мақсади мо ҳифзи масҷид аст. Онҳо мехостанд домуллоҳоро аз сухангӯӣ манъ кунанд, ба мақсадашон расиданд, аз минбар маҳрум карданд, дигар ҷумъахонӣ, ки нест, суҳбат ҳам нест. Масҷиди панҷвақта барои он касоне, ки намозхон ҳастанд, маълум аст, ки дар он суҳбат нест, одами зиёд ҳам ҷамъ намешавад. Лекин агар мехоҳанд, ки ҳамин намози панҷвақтаро ҳам манъ кунанд, пас касоне ҳастанд, ки мехоҳанд интиқом бигиранд, бадхоҳӣ карда истодаанд ва хулоса мехоҳанд, ки моро водор созанд, ки ба ягон кори ғайри қонунӣ даст бизанем. Хулоса фитнагарӣ доранд. Касе ҳам, ки дорад ин корро мекунад, фақат ба хотири фитнаҷӯиву фитнаандозӣ онро доранд мекунанд.
- Фитна ба хотири чӣ?
- Ман дарвоқеъ намедонам, ки чаро корро то ин ҳад расонида истодаанд(?). Воқеъан барои ман ҳам ин суол аст. Ё аз рӯи ҳамоқаташон аст, ё аз рӯи душманию адовати шахсие, ки доранд. Воқеъан мехоҳанд, ки мо ягон иштибоҳи ҷиддие ва қонуншикание кунему ба ҳамин моро муҷозот бидиҳанд. Ман намедонам барои чи ин корро карда истодаанд. Ё мехоҳанд, ки мо ошкоро вориди сиёсат шавем. Вале мо ки вориди сиёсат нестем, намехоҳем ҳам то вориди он шавем. Маҷбурамон доранд, ки мухолиф шавем, маҷбурамон доранд, ки душман шавем. Ҳол он ки мо намехоҳем бо касе душман шавем. Бисёр мехоҳам, ки кор то ҳади муроҷиат ба судҳои байналмиллалӣ нарасад, худашон ин ҷо як инсоф намоянд. Акнун судҳо ҳам аз рӯи қонун ҳукм намебароранд. Аз даъвогар дида, инҳо моро зиёдтар ҷазо дода истодаанд, яъне даъвогар мегӯяд, фақат ҷумъахониро ин ҷо қатъ кунед, намози панҷвақта бошад, инҳо намози панҷвақтаро ҳам манъ карданианд, дар ҳоле ки одатан суд тарафи мазлумро мегирад. Бубинем, ки қадами баъдӣ чӣ хоҳад буд. Аммо намозгузорӣ дар масҷиди "Муҳаммадия" то содир шудани ҳукми ниҳоии додгоҳ мамнуъ нест ва мо дар он намоз мегузорем.