- Баҳси додгоҳии Тураҷонзодаҳо бо Шумо идома дорад. Онҳо даъво доранд, ки шумо туҳмат кардаед ва ба ин далел ба додгоҳ шикоят додаанд. Воқеъияташ чӣ гуна буд? Ва то куҷо даъвои онҳо ҷой дорад ва далели шумо чӣ аст? Оё дар воқеъ туҳмат шудааст ва ё не? Баҳс аз куҷо оғоз шуд? Ҷараёни он маҷлисе, ки буд, чӣ гуна буд?
- Бисмиллоҳ Алҳамдулиллоҳ ва салоту вассалому расулиллоҳ. Албатта, ба хотире ки масъала хеле равшан ва ошкор шавад, бояд аз шурӯъи баҳс ҳатман ёдоварӣ кунем. Ин баҳс имсол шуруъ нашудаст, балки тайи чанд соли охир идома дорад ва махсусан се - чор соли охир аст, ки мардум шикоят аз Ошӯрои масҷиди "Туркобод" доштанд. Дар байни мардум ин гапу сухан буд. Ва хусусан аҳли илм ва уламои Тоҷикистон аз ин ранҷида буданд. Инро ҳама мегӯянд. Дар ҳамон маҷлиси ғайри навбатие, ки Шӯрои уламо даъват намуда буд, ҳама ибрози ақида намуданд. Болои ин намефаҳмам, ноомадии кор, ё ин ки омади кор буд, ба ҳар ҳол мо дар таърихи 19 ноябри соли гузашта дар як маъракаи хонаводагӣ, аниқтараш дар хонаи акаи Ҳотам як нишасте доштем. Онҳо ҳам даъват шуда буданд ва мо низ даъват будем. Акаи Ҳотам ҳам яке аз наздикону дӯстони хеле наздику қадимаи оилаи мо ҳастанд. Ҳангоме ки мо рафтем, Нуриддин Қаҳҳоров оид ба Ошӯро, чаро ки аллакай моҳи муҳаррам наздик буд, ва ашк резондану ҷашн ва мотам гирифтани Ошӯро ҳамчун аҷру подош ва ибодат суҳбате доштааст. Вақте ки мо чор нафар дохил шудем, бо ҳам бо як самимият, дӯстона салом кардем, оғӯшгирӣ шуд. Баъди нишастани ман Нуриддин Қаҳҳоров дар бораи Ошӯро тақрибан дувуним ё се дақиқа суҳбаташро идома дод. Дар охир қайд намуд, ки мотам гирифтани Ошӯро ва ашк резондан барои Имом Ҳусайн аҷру подоши хеле зиёде дорад. Дар маҷлис ё дар ҳамон хона тақрибан 30 - 40 нафар ҳузур дошт. Баъди он ки оқои Нуриддин суҳбаташонро ҷамъбаст карданд. Ман бо бисмиллоҳу алҳамдулиллоҳ суҳбат оғоз кардам ва дар давоми мавзӯи Қаҳҳоров Нуриддин ман суҳбат кардам. Ман қайд намудам, ки бародари азиз, ҳазрат, ҳамин Ошӯрое, ки шумо карда истодаед, ин хилофи мазҳаби аҳли суннати вал ҷамоат ва хусусан мазҳаби ҳанафӣ аст. Дар ҳеч замон ва дар ҳеч макон сунимазҳабон, ё ин ки ҳанафимазҳабон чунин мотамгирӣ ва чунин сӯгвории ин рӯзро надоранд. Мо эътироф дорем, дар ҳақиқат ҳадисҳои саҳеҳ аст, ки дар даҳаи моҳи муҳаррам, ё 9 ва 10 моҳи муҳаррам, ё 9,10,11 моҳи муҳаррам рӯза доштанро ҳадис омадааст. Аммо ба мотам табдил додани ин рӯз, яъне 10 моҳи муҳаррамро, ё дар моҳи муҳаррам ба хотири ҳазрати Имом Ҳусайн (р) мотам гирифтан мо ривояте надорем. Ҳатто аксарияти аҳли суннат вал ҷамоат бар ин кор муқобил ҳастанд. Ба хотири чӣ? Ман қайд кардам, ба хотире, ки ин гуноҳи мусалмонҳо буд. Нофаҳмӣ байни мусалмонҳо шуд ва он тараф ҳам мусалмон буданд, ин тараф низ мусалмон буданд. Дуруст аст, ки тарафе хато кард. Аммо хато хатои мусалмон буд. Пас, хатои мусалмонро ифшо кардан, ин кори савоб нест. Мусалмон бояд айби мусалмонро бипӯшонад. Айбпӯшонӣ ин ҷавонмардӣ ва мусалмонӣ аст. Бояд айб ифшо нашавад. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигари масъала, гуфтам, ки шумо мегӯед, ки ашк резондан ва мотам гирифтани Ошӯро, ё махсус барои Имом Ҳусайн дар моҳи муҳаррам аҷр дорад, қабл аз ҳама паёмбари гиромии Ислом Муҳаммад (с) дар натиҷаи заҳр хӯрданаш баъди ду сол аз дунё гузаштанд, шаҳид шуданд.Мо бояд ба хотири вафоти паёмбари Ислом (с) беҳтарини фарзанди инсон, беҳтарин сайидурмурсалин, беҳтарини паёмбарон, ки шахси бузург ҳастанд, ба хотири ӯ мотам бигирем. Ба хотири ӯ ашк бирезонем ва ба хотири ӯ сиёҳ бипӯшем. Гузашта аз ин, ҳазрати Амир Ҳамза, яъне вазири мудофиаи паёмбари гиромии Ислом (с) буд. Аз тарафи мушрикин кушта шуд, ҷигару шикамаш шикофта шуд. Бо як даҳшат, бениҳоят дар як шакли қабеҳ, ғайриинсонӣ ва ғайри башарӣ, яъне ба қатл расонида шуд. Мо бояд барои ӯ мотам бигирем. Хуб, гузашта аз он ҳам ҳазрати Умар(р) халифаи дуюми мусалмонҳо ба ҳангоми саҷда бо ханҷари заҳролуд кушта шуд. Хуб, барои ӯ мотам бигирем. Ҳазрати Усмон (р) хуб, нофаҳмӣ ва низову нифоқ байни мусалмонҳо буд. Омаданд Мадинаи Мунаввараро чӣ қадар вақтҳои тулонӣ муҳосира карданд. Ҳазрати Усмон (р) дар болои Қуръон тиловати Қуръон дошт. Дар охир намегузоштанд, ки аз хонааш берун биравад. Ӯро ҳангоми тиловати Қуръон ба қатл расонданд, ки хунаш дар болои Қуръон то ба ҳол шоҳиди ин воқеа аст. Ин ҳам нифоқу низоъ байни мусалмонҳо буд. Агар сӯгвориву мотамгирӣ мувофиқи шариат ҷоиз бошад, қабл аз ҳама инҳо сазовортар ҳастанд, ки барои инҳо мо бояд мотам бигирем. Гузашта аз ин, падари Имом Ҳусайн (р) ҳазрати Алӣ (р) дар саҷда буд, ки ӯро низ бо ханҷари заҳролуд зада куштанд. Бародари бузурги Имом Ҳусайн Ҳасан (р) аз тарафи душманон аз дасти занаш заҳр дода кушта шуд. Барои ӯ бояд, ки мотам бигирем. Хуллас гуфтам, тамоми бузургони аввали Ислом ҳама шаҳид шуданд. Агар барои ин ҳама шаҳидшудагон рӯзҳои мотам эълон кунему сияҳпӯшӣ кунем, дигар рӯзи сафедамон намемонад. Бо чунин ибораҳо ва чунин калимот ман бо Нуриддин Қаҳҳоров суҳбат кардам. Хостам, фаҳмонам, ки бародари азиз, бародари исломӣ, кореро, ки шумо пеш гирифтаед, ин нифоқу низоъ меорад. Илова бар ин ман боз ишора кардам, ки дар ҳамин Ошӯроҳое, ки дар давлатҳои наздику дури мо мешавад, чӣ қадар хунрезиҳо мешавад. Чӣ қадар таркишҳое мешавад. Чаро мо барои худ, бо дасти худ як мусибатро қабул кунем, як нифоқу фитнаву низоъро қабул кунем. Чаро инсон бо дасти худ чунин бадбахтиҳоро қабул кунад?! Мутаассифона ман фикр кардам, ки то як андозае ман эшонро фаҳмондам ва эшон шояд дарк карда бошанд, шояд бигӯянд, ки Раиси Шӯрои уламо ва муфтии ҶТ аз ин кори мо нороҳат аст ва шикоятҳо ба муфтиёту уламо зиёд рафтааст, бигузор мо аз баҳри ҳамин кор гузаштем. Ва басо зиёд ибодатҳое ҳаст, ки аз ин зиёд аҷру подош дорад. Дигар ибодатҳоеро мекунем, ки аз он болотару афзалтар аст. Мутаассифона якбора сухани маро қатъ кард ва гуфт, ки ту беақл будаӣ. Бародари азиз, дар як маърака дар ҳузури 30 ва 40 нафар, яъне чӣ бигӯям, ки инсон мекӯшад ҳатто як кӯдакро наранҷонад, изо надиҳад. Изои муъмин ҳаром аст, таҳқир накунад. Ва сифати муъмин ҳам ҳамин аст, ки дар назди муъминон таҳқир накунад. Суҳбати мо як суҳбати илмӣ буд, на ин ки дашному ҳақорату таҳқир. То ба ҳол ман боре ҳам лаънату дашному таҳқир нагуфтаам ва намегӯям ҳам. Аммо аз чӣ бошад, ки ӯ яку якбора гуфт, ки беақл, бигузор нагӯям чӣ калимаҳои қабеҳро такрор карду гуфт. Ба ҳар ҳол суханҳои қабеҳ ва суханҳое, ки инсон ҳеч тасаввурот надорад. Ҳозирин ҳам дар ҳайрат монданд, ки ин чӣ гуна мумкин аст. Ин фикри танҳо ман нест, фикри ҳамон чанд нафаре аз ҳозирин аст, ки гуфтанд, мо дар ҳайрат мондем, ки наход дар ҳузури ин қадар мардум… Суҳбат ҳам суҳбати илмӣ буд. Бояд бо далел ва ҳадис ҷиҳати дигарро қонеъ мекард. Чаро яку якбора ба таҳқиру ҳақорат гузашт. Ҳеч бовар надорем, ки чунин мешуд. Ва ҳеч тасаввур надоштем, ки чунин мекард. Аммо шуд. Хуб, ба ҳар ҳол боз мо гуфтем, ки боз агар ман кадом сухани ноҷое гуфта бошам, узр мехоҳам. Ҳамаи суханони ман ҳақ буданд. Ба хотири оромиву осоиштагии мардум буд. Чаро ки оромии мардум пешравии дин аст. Ман ҳатто мисол овардам, ки дар ҳамин нооромие дар Тоҷикистон шуда гузашт, масҷидҳо ба пуррагӣ холӣ аз намозгузорон буд. Имрӯз шукрона кунем, ки тамоми масҷидҳо пурра аз намозгузорон аст. Як вақт нофаҳмиҳову фитнаҳое дар байни мардуми мусалмони Тоҷикистон шуд, ки тамоми масҷидҳоро холӣ карданд. Тарси ман аз ҳамин буд. Худо шоҳид аст ва ман савганд ҳам мехӯрам, ки фақат ба хотире буд, ки оромии Тоҷикистон бошад. Осудагии мардуми Тоҷикистон бошад. Пешравии дину маънавият бошад. Ин суханҳоро ба дигар мақсад нагуфтам. Аммо яку якбора таҳқирҳо шуд. Ба ҳар ҳол ман дар он ҷо такроран гуфтам, ки агар мабодо, гуфта намешавад, бо вуҷуди он ки ман ҳеч асабонӣ ҳам нашудам ва эшон хеле асабонӣ шуданд, рафту ягон сухани ноҷое гуфта бошам, узр мехоҳам.
- Ҷаноби Муфтӣ, Шумо дар он маҳфил гуфтаед, ки дар масҷиди Тураҷонзодаҳо сад долларӣ барои касоне, ки дар Ошӯро ширкат меварзанд, тақсим мекунанд. Ин воқеъият аст, Шумо ҳамин суханҳоро гуфтаед?
- На, мутаассифона, чунин нагуфта будам. Ман дар он ҷо қиссаеро аз ҳангоми донишҷӯӣ дар Покистон, Донишгоҳи байналмилалии Исломобод оварда будам. Ман гуфта будам, ки мо дақиқ хабар доштем ва ҳама медонад, ки дар минтақаҳои суннимазҳаб ва ҳанафимазҳаб эҷод кардани Ошӯро ва занҷирзаниҳо бо маблағ мешавад. Ва на танҳо Ошӯро, балки динҳои ғайри исломӣ ҳам мардумро бо маблағ даъват мекунанд, ин чиз ошкор аст. Ҳеч кас инро инкор кардан ҳам наметавонад, ин воқеъияту ҳақиқате ҳаст, ки ошкор аст. Ман гуфтам, ки дар ҳақиқат дар минтақаҳои суннимазҳаб ташкил кардани занҷирзаниву Ошӯро бо маблағгузорӣ мешавад ва мисоле ҳам овардам. Аммо ман нагуфтам, ки дар масҷиди инҳо мешавад. Аммо мутаассифона ҳангоме ки таърихи 9 декабр ба масҷиди Туркобод намозгузорӣ мерафтем ва ман дар он ҷо ягон сухани паст ҳам гуфтанӣ набудам. Фақат дар он ҷо мехостем, намоз бигзорем. Бо мардум як суҳбат кунем. Ва Худо шоҳид аст, ҳеч лаъну таън ба касе ҳам гуфтанӣ набудем. Аммо дар он ҷо ба мо яку якбора ҳам "ҷуҳуд" гуфтанд, ҳам гуфтанд, ки ин даъвои саидӣ мекунад. Бародаронам ҳаст, хамкурсонам ҳастанд, хешу таборонам ҳаст, намешавад, ки аз як оилаи калоне ки чанд сад нафар аст як нафар бигӯяд, ки ман саидзода ҳастам ва дигарон саидзода набошанд, фақат як нафар аз як оила саидзода бошад. Ман умуман, дар асл ҳеч боре ҳам нагуфтам, ки саидзода ҳастам. Ва мегӯяд, ки ин даъвои саидӣ мекунад, ин Саидмукаррам нест, Мукаррам аст. Ва болои ин ҳама боз гуфт, ки гӯё ки дар Карбало чанд миллион нафар ҷамъ мешавад, ба ҳамаи онҳо 100 долларӣ медиҳанд. Аслан ин суханро ман нагуфта будам. Ман гуфта будам, ки дар минтақаҳои суннимазҳаб ва ҳанафимазҳаб ривоҷ ёфтани ақидаҳои бегона бо маблағ мешавад. Ҳоло фарқ надорад, хоҳ ақидаи исломӣ бошад ё ақидаҳои мухталифи исломӣ бошад, ин бо маблағ мешавад. Мо шоҳиди чандин чунин ҳолатҳо ҳастем, ҳатто то ба ҳол олиме, ки хондагӣ ҳаст, аҳли илму фарҳангу маърифат ҳаст, ба он даъват карданд, ки мо ҳар моҳ 500 долларӣ ба ту медиҳем, биё ҳамроҳи мо бош, дар ақидаи мо бош. Шоҳиди зинда аст. Олим аст, ман боварӣ дорам, ки дуруғ намегӯяд. Ин чиз ошкору равшан аст, аммо ман ин суханро нагуфта будам. Ба ҳар ҳол ман намефаҳмам.Нуриддин Қаҳҳоров, вақте ки асабӣ мешавад, ман ҳеч бовар надорам, ки вай эътиқод дошта бошад, ки ман кофир бошам ё эътиқод дошта бошад, ки ман бесаводу дигару дигар бошам, ҳар чи ки хоҳад мегӯяд. То ба ҳол фарқ намекунад, то ба ҳол мо ҳамон шиаҳоро бародар мегӯем. Ба хотире, ки аҳли қибла ҳастанд ва мазҳаби ҳанафӣ тамоми аҳли қибларо мусалмон мегӯяд.
- Як иттиҳоми дигар болои Шумо ин аст, ки бо фишори ниҳодҳои давлатӣ ин баёнияро таҳия ва содир кардаед. Дар воқеъ ниҳодҳои давлат дар ин кор чӣ мудохила доштанд?
- Тавре ки шумо медонед, ҳамон мурофиаи судӣ ҳангоме шурӯъ шуд, суҳбат дар бораи он мерафт ва онҳо даъво доштанд, ки аслан маҷлис даъват нашуда буд ва ҳеч касе ҳам ширкат накарда буд. Маълум шуд, дар маҷлисе, ки қарори Шӯрои уламо қабул гардида буд, зиёда аз 60 нафар аъзои Шӯрои уламо иштирок доштанд ва рӯзномаи маҷлис, қарори маҷлис, муроҷиатномаи маҷлиси Шӯрои уламо ҳама тартиб дода шуд. Ҳоло дар як масъала омаданд, ки ин супоришӣ буд. Аввал мегуфтанд, ки набуд. Ҳоло мегӯянд, ки буд, аммо супоришӣ буд. Бояд инсон воқеяиту ҳақиқатро бигӯяд, мардуми тоҷик ҳам мегӯяд, ки каҷ биншину рост бигӯ. Бояд инсон росташро бигӯяд.
Ман як нуктаро фаромуш кардам, то бигӯям, дар ҳамон маъракаи хонаи акаи Ҳотам, дар ҳақиқат вақте ки ҳар дуи мо баҳс кардем, Нафаре аз ҳозирин даст бардошт, бисёр оромона ва эҳтиромона иҷозати сухан кард, ман гуфтам, марҳамат бифармоед. Гуфтанд, ки раиси Шӯрои уламо ва ҳазрати Эшони Нуриддин мо ҳардуи шуморо ҳамчун олим эътироф дорем. Ба ҳардуи шумо мо ихлосу эътиқод дорем. Ва эътироф мекунем, ки ҳардуи шумо аз зумраи олимони шинохтаи Тоҷикистон ҳастед. Аммо бобои Эшон суханҳои раиси Шӯрои уламо ҳама илмӣ буд ва далелҳое ки овард, қаноаткунанда буд. Ман аз шумо як илтимос дорам, ба хотири ҳамин Ошӯро шуморо аз Тоҷикистон то Арабистон ҳама шиа мегӯянд, илтимос ҳамин Ошӯроро накунед. Боз ҳам илова кард, ки ман дар Арабистон бо шайхи арабе суҳбат доштам. Шайхи араб дар мавсими ҳаҷ аз ман пурсон шуд, ки дар шумо Нуриддин гуфтанӣ шахс ҳаст, Ошӯро мекунад, шиа шудаст, медонед, мешунавед чи гуна аст? Ман гуфтам, ки шояд хабар ба шумо нодуруст омада бошад. Ӯ дар ҳамин мавзӯъ суҳбат кард, аммо Эшон тарафи вай гашту гуфт, ки "ту агар ақл медоштӣ, ришта наметарошидӣ. Ту беақл, ришат тарошидагӣ бо гап мезанӣ, агар ту мурдӣ, ман дар болои тобутат Ошӯро мехонам, баъд бурда дафнат мекунанд." Бо ҳамин лаҳҷа ва бо ҳамин гуна сухан, ки зиёда аз 30 - 40 нафар шоҳид дар он маҷлис ҳузур дошт. Ман дар ҳайрат мондам, гуфтам, ин бемор аст. Чи гуна мешавад, ки як инсон бо чунин тарз суҳбат кунад ва таҳқиру дашном бидиҳад.
Аммо бо тамоми истодагарӣ, ҳар чи ки шумо мехоҳед намехоҳед, ҳар чи ки шумо мекунед, намекунед, ман Ошӯроямро анҷом медиҳам. Айнан чунин гуфт, ки агар ҳукумат баргузор кардани Ошӯроро дар масҷид манъ кунад, ман дар хонаам онро анҷом медиҳам. Ҳамин ҳарфҳоро дар маъракаи хонаи акаи Ҳотам гуфта буд. Бо ҳамин ман он маҷлисро хостам фаромӯш кунам. Ва ҳангоми аз маҷлис берун шудан, бо ҳамдигар худоҳофизӣ кардем. Бо вуҷуди ин ки таҳқир ҳам кард, ман ба хотири Худо қабулаш кардам. Ҳеч вазниниву сахтие бе аҷр нест, бигузор Худованд аҷрашро бидиҳад. Бо ҳамин ман қазияро фаромӯш кардам, аммо чанд рӯз баъд намедонам, баъзе аз дӯстон ба ман гуфтанд, ки онҳо махсус дар байни мардум ҳамин суҳбатро паҳн кардаанд, ки бубинед, эшони Нуриддин муфтиро чи қадар муттаҳам кардааст, чи қадар таҳқир кардааст, чи қадар ҳақорат кардааст, паст задаст. Ин суханро гуфтан хуб нест, аммо ин сухани мардум аст, сухани кӯча аст. Вақте дар таърихи 2 декабр, дар рӯзи ҷумъа Ошӯро мегузаронад, боз ба ҳангоми суҳбаташ мегӯяд, ки имрӯз бисёре аз мардум аз Ошӯрои мо нороҳатанд. Ин сабтро мо дорем. Дар он ҷо ҳазрати Муъовия (р), аҳли суннат вал ҷамоъат ва хусусан ҳанафимазҳабон эътиқод доранд, саҳобаи пайғомбар аст, ваъда хилоф, хиёнаткор, фиребгар ва бо як чанд калимаҳои дигар, ки нисбати як саҳоба чунин калимаҳо хеле қабеҳ аст, гуфта шудааст. Дуруст аст, ҳар камбудие, ки шуд, дар он замон шуду гузашт. Аммо маънои онро надорад, ки он бузургиву шарофаташро бар ҳам дода бошад. Ҳоло Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ва Қаҳҳоров Нуриддин аз мазҳабфурӯшиву тағйири мазҳаб гуфтани Шӯрои уламо нороҳатанд. Аммо як саҳобаи бузургро ваъдахилофу хиёнаткор бигӯяд, чи қиёсе карда мешавад, бо саҳобаи пайғомбар ҳеч қиёс карда намешавад. Хуб аз он суханҳову оятҳое, ки мутлақан сад дар сад бо тафсири бародарони шиа тафсир намудааст, як чандин оятҳову чизҳои дигар аст, ки мегӯяд ояи карима: ваътасиму би ҳаблиллоҳи ҷамиъан вало тафаррақу. Яъне шумо чанг бизанед, ба ресмони парвардигор. Ин ресмони парвардигорро тамоми муфасирини аҳли суннат вал ҷамоъат ва ҳанафимазҳабон, тамоми тафсирҳои форсиву арабӣ ҳама тафсир карданд ба Қуръон ва ба шариати исломӣ ва дини исломӣ, яъне ин дини ислом дине ҳаст, ки инсон чанг бизанад ба он комёб мешавад, сабаби дӯстиву бародарӣ мешавад. Аммо Нуриддин Қаҳҳоров тафсир мекунад ба аҳли байт. Шикоятҳои хаттӣ дар мо хеле зиёд аст ва шифоҳӣ ҳам хеле зиёд аст, вақте омаданд, шикоят карданд аз ҳамон тафсирҳову лаънгӯиҳову нафринҳои зиёд, раёсати Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои ҷумҳурӣ маҷбур шуд, ки маҷлиси ғайри навбатӣ даъват кунад. Яъне рӯзи 3-4 декабр аллакай шикоятҳо хеле зиёд шуд. Ва ба мо фитаеро, ки Ошӯро гузаронидааст, оварданд. Фитаро мо тамошо кардем, дар ҳақиқат ҳеч мумкин набуд, ки чунин суханҳо дар масҷиде, ки агар низомномаи масҷиди Туркобод ҳамчун масҷиди шиа, ё исноъашариа, ё зайдия ё исмоилия сабти ном мешуд, мо ҳеч дахолат намекардем. Худо шоҳид аст. Аммо низомномае, ки мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам сабт шудааст, чунин сухане, ки мухолифи мазҳаб аст, албатта Шӯрои уламо, раёсати Шӯрои уламо ба хулосае омад, ки маҷлиси ғайри навбатӣ даъват кунад. Ва ин маҷлис дар асоси шикояти ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳии шаҳрвандон даъват шуд ва ин ҳеч супоришӣ нест ва ин сирф масъалаи мазҳабӣ аст. Борҳо ҳаст, ки Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ва Нурридин Қаҳҳоров мегӯянд, ки мо борҳо ба ҳукумат фаҳмонидем, ки салафиҳо чи хатаре дорад ва имрӯз зиёда аз 80 -100 нафар салафиҳо дар маҳбас ҳастанд, онҳо бо забони худ ҳамин суханро чандин бор гуфтанд. Маркази исломии ҶТ муқобили тамоми ақидаҳои бегона аст, фарқ надорад, хоҳ салафӣ бошад, хоҳ таҳрирӣ, ҳар намуде, ки бошад. Шӯрои уламои Тоҷикистон аниқ медонад, ки яке аз омилҳои асосии оромии кишвари мо ин якмазҳабӣ аст. Чаро ки имрӯз мебинем, ҳамин низоъҳои мазҳабӣ олами исломро муташанниҷ кардааст. Тамоми ҷойҳорро мебинем, ки хунрезӣ аст, омили асосиаш ҳамин низоъҳои мазҳабӣ, фарқиятҳои мазҳабӣ, низоъҳои мазҳабӣ аст.
Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири оромии кишвар ва пешгирии ҳама намуди ақидаи бегона, ки ваҳдати мазҳабӣ аз он сарчашма мегирад, ҳамин маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои уламоро даъват намуд. Ва дар ин ҷо зиёда аз 7-8 нафар баромад карданд ва ҳамаи ҳаминҳо ҳамон Ошӯроеро, ки дар масҷиди Туркобод аз тарафи Нуриддин Қаҳҳоров ва бародаронаш анҷом дода шуд, ироди қатъӣ гирифтанд ва ҳар як кадомашон барои маҳкум кардани ин амал пешниҳод карданд, ки бояд маҳкум карда шавад.
- Пас чаро дар ин ҷаласаи додгоҳии ахире, ки шуд ва расонаҳо ҳам навиштанд, ки гӯё се - чор нафар бар мухолифи шумо шаҳодат доданд. Гуфтаанд, ки баҳс дар Шӯрои уламо набуд ва мо шоҳиди ин набудем. Аз ҷумла, гӯё Мулло Маъруф чунин баёнот дода бошад.
- Ман хеле хуб дар ёд дорам, ки домулло Маъруф чӣ гуфт. Хуб, аз он ҷаласа то ҳол тақрибан се моҳ мегузарад. Ва тамоми калимаҳое, ки дар маҷлис садо дод, шояд дар ёди ман ҳам намонда бошад. Ва шояд дар ёди домулло Маъруф ҳам намонда бошад. Ва баъзе аз ҷумлаҳое аз баёния қироат шуд ва аз ӯ пурсида шуд, ки дар ёдат ҳаст, гуфт, ки дар ёдам нест, чунин набуд. Беҳтар мебуд, ки мегуфт, дар ёдам нест. Хуб, ӯ инсони комилҳуқуқ аст ва ҳуқуқ дорад, ҳар чизе хост бигӯяд. Аммо ман надидам дар он ҷо, ки домулло Маъруф муқобили мо суҳбат карда бошад. Баръакс, ба онҳо гуфт, ҳамон Ошӯрое, ки шумо гузаронидаед, сад дар сад чизи бегона аст. Он ҳадисеро, ки Нуриддин Қаҳҳоров, мегӯяд, "зикру Оли Муҳаммадин соъатан хайруммин ибодати санатин", яъне як соат зикри хонаводаи Муҳаммад беҳтар аз як сола ибодат аст, гуфт, ки ин ҳадис ҳадиси мавзуъ аст. Ва вақте Маҳмуд Қаҳҳоров хост бо ӯ баҳс кунад, дар шоҳидии 30-40 нафар, гуфт, бародар, баҳс накун, бар зарари шумо мешавад баҳс. Зеро ин ҳадис, ҳадиси мавзуъ ва кизб, дуруғ аст. Ӯ мухолифи мо чизе нагуфта буд.
-Ҳоҷӣ Домулло, ин баёния тақрибан мавзуъи аслиаш шиъагарии Тураҷонзода?о буд. Аммо масалан, чаро номи оқои Кабириро дар он баёния зикр кардаед. Ҳоло масалан ширкат дар як конфронси Бедории исломӣ, ки он як конфронсе аст, ки ба масоили мазҳабӣ пайванде надорад, чун тамоми раҳбарони ҳаракатҳои исломӣ дар он гирд омадаанд. Яъне суоле аст, ки чаро номи Кабирӣ дар он баёния зикр шудааст?
- Дар Ойинномаи Маркази исломии ҶТ аст, ки Маркази исломии ҶТ ва Шӯрои уламо ба хотири дифоъ ва ба хотири ривоҷу равнақ додани ақидаи аҳли суннат ва хусусан мазҳаби ҳанафӣ таъсис дода шудааст. Пас агар чунин аст, мо гуфтем, ки Шӯрои уламо дар муқобили тамоми ақидаҳои бегона истодагарӣ мекунад ва аз аввал истодагарӣ кардааст ва дар оянда ман бошам, ё дигар кас бошад, ҳеч фарқе надорад, бояд истодагарӣ кунад. Чаро ки, такрор ҳам шавад, ҳоло душмани мусалмонҳо ва душмани ислом ҳамин низоъи мазҳабӣ ва ақидавӣ аст, ки истифодааш мебаранд.
Ҳар сухане, ки дар дохили ислом ва мазҳаб аст, Маркази исломӣ бояд аз он дифоъ кунад. Масъалаи бародари азизи Кабирӣ, албатта ин ҳам як ҳушёрӣ додан ба мардум аст. Муроҷиатнома маънои онро дорад, ки мардум ҳушёр бошанд. Модоме ки дар Бедории исломии Ҷумҳурии исломии Эрон муовин шуд, хуб, ҳушёр бошем, ки дар ақидаи мо халале ворид нашавад. Мо дар фаъолияти дигараш кор надорем. Дар фаъолиятҳои сиёсиашон мо аслан коре надорем, аммо аз лиҳози мазҳабӣ ва аз лиҳози ақидавӣ бояд мо мардумро огоҳ кунем ва вазифадор ҳастем, маҷбур ҳастем, ки ба мардум бигӯем, Ошӯрое, ки баргузор шуд, бегона аст. Ва ин коре, ки муовини Бедории ислом дар Ҷумҳурии исломии Эрон, ки расман давлати мазҳабии ташаюъ аст, интихоб шудааст, муовин қабул шудаанд, эҳтиёт бошед, ки дар мазҳаб ва дар ақидаву ибодат кадом халале ворид нашавад. Мо кадом таҳқире накардем ва танҳо мардумро огоҳ кардем.
- Шуморо бо гароиш ба салафия муттаҳам кардаанд ва гуфтанд, ки бисёре аз бачаҳое дар Исломобод таҳсил кардаанд, инҳо на танҳо аз ҷониби Тураҷонзодаҳо ва аз ҷумла аз ҷониби бисёре ба салафигароӣ муттаҳам мешаванд. Як бародари шумо дар он маҷлис номашонро Ҳ. А. Тураҷонзода гирифтанд, гӯё дар хориҷ таҳсил кардаанд, салафӣ ҳастанд. Шуморо ҳам гуфтанд, ки салафӣ ҳастед ва баъд ҳам гуфтанд, ки ман инро исбот мекунам, ки домулло муфтӣ салафӣ ҳастанд. Оё шумо воқеан салафӣ ҳастед, ё чӣ назар доред ба ин? (механдад)
-Ман бисёр хоҳиш мекардам, ки ин суолро ба ҳамкурсам Муҳаммадвафо медод. Ба ҳар ҳол, на танҳо ман ва бародарамро салафӣ гуфтанд, балки бисёр ғайри мунсифона дар баробари як Донишгоҳи хеле машҳур ва бонуфузу хеле муътадил, ки мо фиқҳи муқорин мехондем, қазоват кардаанд.
Ҳато дар ҳамон Донишгоҳи байналмилалии Исломобод мо фиқҳи муқоисавӣ мехондем, тамоми мазҳабҳоро, фиқҳи мазҳаби шофеӣ, ҳанафӣ, моликӣ, ҳанбалӣ ва ҳатто шиъаро. Ақидаву фиқҳи шиъаро дар он ҷо мехондем. Агар он донишгоҳ донишгоҳи салафия мешуд, умуман сухан дар бораи шиъа намерафт. Чаро ки ҳоло ду ҳаракате ҳаст, ки ҳам хеле зиёд ва ҳам хеле тунд, яъне шиъа дар муқобили салафӣ ва салафӣ дар муқобили шиъа дар ҳар куҷое, ки бошанд, хеле тундгароӣ мекунанд. Ҳамин сухане, ки гуфтанд, дар Донишгоҳи исломӣ аслан ақидаи ҳанафиро намедонанд, ақидаи мотуридиро намедонанд, бисёр беинсофона буд. Намедонам ин ба чӣ хотир бошад. Бо вуҷуди ин ки худи такрибан дах сол ? узи Шурои умано ё хайъати муассисин тақрибан буд, буд. Яъне суоле ба миён меояд, ки ба салафиҳо хидмат мекард, ё худ салафӣ буд? Чӣ гуна буд? Ин суханашон хеле ғайривоқеӣ буд ва аз ҳақиқату воқеъият хеле дур буд. Гузашта аз ин бародари ман ҳеч гоҳ нагуфтааст, ки ман салафӣ ҳастам. Ман дар рафтору кирдори бародарам рафтору кирдори салафӣ то ба ҳол надидам. Борҳо пурсидам ва таъкид кардам. Савганд мехӯрад, ки ман дар мазҳаби ҳанафӣ ҳастам ва дар ақидаи ҳанафӣ мебошам.
Мо шаш ҳафт сол бо ҳам дар ҳамон Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод таҳсил кардем ва бо фарзандони ҳамин Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ва Нуриддин Қаҳҳоров мо ҳамдарсу ҳамсабақ будем. Хеле муносибатҳои хуб доштем ва дорем. Агар аз мо як ё ду нафар мехонд, аз он оила шаш - ҳафт нафар мехонд. Хуб, андаке ҳадди ақал инсоф ва раҳм ба ҳамон фарзандони худ ва гирду атрофиёни худ мекард, беҳтар буд, аммо накард, гуфт. Вале ин ҳеч ҳақиқату воқеъият надорад.
- Ҷаноби муфтӣ, оё назорат аз болои масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта дар салоҳияти Шӯрои уламо аст? Беҳтар набуд, ки агар таҳдиде ба амният вуҷуд дошта ва ё қонунгузорӣ нақз шуда буд, мақомоти амниятӣ, додситонӣ ва кумитаи дин даст ба кор мешуданд, то пойи шумо дар миён намешуд? Зеро мақоми шумо аз нигоҳи иҷтимоӣ болотар аз вазорату кумитаву додситонӣ аст. Ҳарфи Шумо бештар аз онҳо мухотаб дорад ва ҷониби дигар ҳам чунин ҷонибдорон дорад. Беҳтар набуд, ки худи ин ниҳодҳо ин корро мекарданд?
- Барои он ки шубҳаву гумон дар ин замина рафъ шавад, ман бевосита аз Ойинномаи Маркази исломӣ иқтибос меорам. Ин вазифаи Марказӣ исломӣ аст. Дар зерхати 1 банди 2 гуфта мешавад: "Маркази исломӣ барои ҳалли масъалаҳои умумидиёнатии пайравони равияи суннимазҳаби ҳанафии дини ислом дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст". Ва дар зерхати 5 банди 2 зерхати 3 мегӯяд: "Фаъолияти масҷидҳои ҷумҳуриро дар мавриди риояи мазҳаби ҳанафӣ ва арзишҳои он зери назорати доимӣ қарор диҳад".
-Яъне Шумо дар ин қазия ба масъулияту ваколати худатон амал кардед?
- Бале, мувофиқи Ойиннома амал кардем. Ва бар асоси шикоятҳои хаттӣ ва шифоҳии мардум ҷаласаи ғайринавбатӣ давъат кардем ва тасмим гирифтем.
- Ҳ. А. Тураҷонзода гуфтанд, ки даҳ рӯз шумо фурсати додгоҳро гирифтед, аммо ба шароити оштӣ посухи рад додед, чаро?
- Мо даҳ рӯз муҳлат гирифтем ва бо тамоми аъзои Шӯрои уламо тамос гирифтем. Андешаи онҳоро оиди ин масъала баррасӣ кардем. Ҳатто шахсеро, ки бархе масъалаҳоро инкор кард, шояд аз рӯи пиронсолӣ бошад, ман номашро намегирам, вақте онҳо суол медоданд, ки "не" мегуфт, вақте ман суол медодам, "ҳа" мегуфт, пешаш рафтам. Гуфтам, ки ҳазрати устод, шумо имзои худро мешиносед? Гуфтанд, бале, мешиносам. Гуфтам, ҳамин имзои шумо ҳаст? Гуфт, бале, имзои ман аст. Гуфтам, чаро имзо кардӣ? Гуфт, ки ман дар ҳақиқат хатари шиъагароиро дидам. Барои ҳамин такроран аъзои Шӯрои уламо хоҳиш карданд, ки мо бекор кардани қарори Шӯрои уламоро ҷонибдорӣ намекунем. Ба ҳамаи онҳо гуфтам, ки хаттӣ бигӯед, ки барои барҳам додани Шӯрои уламо розӣ ҳастед ё нестед. Гуфтанд, нестем, маҳкум кардем ва намехоҳем ин қарор бекор карда шавад.
- Ҷониби даъвогар алайҳи Шумо мегӯяд, ҳамаи шартҳои дигарро пас гирифта ва танҳо як шарт дорад. Шумо чӣ мегӯед, чӣ пешбнӣ доред ва чӣ шароит пеш мегузоред? Ё мехоҳед ҳарфи охирро худи додгоҳ бигӯяд?
- Дар ҳақиқат ман фикр намекардам, ки бародарон Тураҷонзодаҳо то ин андоза хурдагирӣ ва сахтгирӣ кунанд. Ҳоло (хайрият, ки дохили панҷара неву наздики панҷара) моро рост карда, чунон таҳқиру чунон суолборону чунон ҳарфҳои зиште мегӯянд, ки агар бовар кунед, ман саломатиямро тақрибан аз даст додам. Гузашта аз ин ин сифати муъмин буд, ки дар масҷиди худашон моро мегузоштанд, оромона суҳбат мекардем, намози худро мегузоштем, баромада меомадем, ҳеч гап намешуд. Аммо дар он ҷо моро "кофир" ҳам гуфтанд, "ҷуҳуд" ҳам гуфтанд, "аҳмақ" ҳам гуфтанд. Тамоми гапҳои зиштро гуфтанд. Мо ба додситонии Ваҳдат муроҷиат карда будем. Онҳо хеле сабук ҷазодиҳӣ шуданд. Мо ҳам ба он қаноъат кардем. Дар сурате ки чунин сахтгирӣ ва таҳқир ва хурдагирӣ мешавад, ман не, одамони бетарафе, ки дар ҳамон толор шоҳид ҳастанд, мегӯянд, ки мо дар ҳайратем, ки чӣ гуна мешавад, як роҳбари имониву рӯҳониро рост монда таҳқир кардан, ин аз ҳамаи андозаҳо берун аст. Хеле зарари маънавӣ дидам. Ман дидам, ки бениҳоят аз ҳад гузарониданд. Ҳамаи талоши мо ба мақсади пешгирӣ аз фитна ва ба хотири оромиву осудагии ҷомеъа буд. Аммо хеле таҳаммул кардем. Ҳоло тарафи ҳимояи мо ба хотири пешниҳод кардани даъвои муқобили даъво санад ҷамъ оварда истодааст. То мо талаби ҷуброни зарари маънавӣ кунем. Модоме, ки чунин бошад, мегӯянд, ки "бо сангзан сангшикан бош". Ман хеле таҳаммул кардам, аммо дидам, ки бародарон ҳеч муросое карданӣ нестанд. Инсоне, ки роҳбари динияшро эътироф накунад, ба роҳбари динияш бад бигӯяд, дашном бидиҳад, таҳқир кунад, ӯ чӣ кор кардан мехоҳад? Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода як вақте қозидомулло буданд, агар дар масҷиде ӯро "кофир" мегуфтанд, "ҷуҳуд" мегуфанд, ё "садқаи салла шав" мегуфтанду аз масҷид берун мекарданд, ҳамин бародар Тураҷонзода чӣ кор мекард?
- Ҳоло ин қазияе, ки пеш омада ва идомаи он ба назари Шумо ба нафъи кӣ аст?
- Ба назари ман ба нафъи мардуми Тоҷикистон аст. Чаро ки мардум як бор бо низоъҳои мазҳабӣ дучор шуда буд. Мо дар ёд дорем, ки барои як коса шӯрбо ё як либосе, ки дар ҷанозаҳо медоданд, одамҳоро ҳаромхӯру кофир гуфтанд. Ҳамон сабаб шуд ва чӣ қадар хунрезиҳо шуд. Ҳамон низоъҳо мардумро ба бадбахтиҳо бурд. Ва ҳатто сабаб шуд, ки имрӯз зиёда аз сад ҳазор мусулмон аз дини ислом рӯ гардонидааст. Барои чӣ, барои як кило шакар, як литр рӯған, ки маҷбураш карда то ба дини дигар бигаравад. Имрӯз мегӯяд, ки (Ҳ. А. Тураҷонзода) ман дар тамомии кишвар обрӯ ва нуфуз доштам, ҳама гапи маро гӯш мекард, ҳатто президент ҳам гапи маро мегирифт. Агар нуфуз доштед, чаро пеши роҳи хунрезиро нагирифтед? Имрӯз мегӯяд, ки дар баёния Шӯрои уламо маро муттаҳам ба ҷанги шаҳрвандӣ кардааст. Фарз кардем, агар накардааст, вале нуфузу маҳорат доштӣ, чаро пеши роҳи хунрезиро нагирифтӣ? Маркази исломии Тоҷикистон, ба хотире, ки нифоқ ва низоъи мазҳабӣ ба миён наояд, мардуми Ҷумҳуриии Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки мардуми мусулмон, огоҳ бошед, ба ҳар ақидаи бегона нагаравед.
- Шумо ҳарду тараф барои ислом хидмат мекунед. Сарфи назар аз қарор ё ҳалномаи додгоҳ, аз нигоҳи афв ва азхудгузаштагӣ Шумо чӣ кор метавонед бикунед?
- Худованд ҳамеша ба қалб назар мекунад. Пас вақте ният поку соф аст, барои он амал аҷру подош медиҳад. Ман ҳеч гоҳ ғараз надоштам ва ҳеч гоҳе ғараз намегирам. Ҳаргиз нисбат ба касе бадгумон ҳам нестам. Ман ҳамчун як нафаре аз аъзои Шӯрои уламо иқдоми Тураҷонзодаҳоро маҳкум кардам ва ба ин фикрам ҳастам. Ин ба хотири чист? Такрор ҳам шавад, мегӯям, ки ба хотири якмазҳабӣ, ки якмазҳабӣ омили асосии ваҳдати миллӣ ва динии мост. Ҳарчӣ қароре додгоҳ мебарорад, муносибати ман тағйир намекунад, ман ғараз намегирам. Баъд аз он ҳам ман ба гунае муносибат мекунам, ки қабл аз шунидани ин ҳама таҳқиру гапҳои зишту сахт доштам. Худованд арҷу баракаташро медиҳад. Чаро, ки мо оромии Тоҷикистонро мехоҳем, осудагии худи Тураҷонзодаҳоро мехоҳем. Чанд сол баъд медидем, ки агар пешгирӣ намешуд, ба монанди дигар давлатҳо масҷидкафониҳо шуруъ мешуд. Мову шумо шоҳид будем, дар ҳамин Покистон суннӣ масҷиди шиъаро мекафонд, шиъа масҷиди сунниро. Агар чунин ҳолат шавад, пас набарагонашон лаънаташон мекарданд, ин чӣ коре буд, ки эҷод карданд. Як кореро, ки набуд, низоъе, ки набуд, душмангарие, ки набуд, аз куҷо омад, кӣ эҷод кард? Ин ба нафъи худи Тураҷонзодаҳо ҳам ҳаст.
- Як суоли дигар, гуфтанд, ки ҳудуди 17 ё 24 имомхатиби масҷидҳо ба далели қироъат накардани Баёнияи Шӯрои уламо аз масъулият барканор шудаанд, аз ҷумла мулло Абдураҳими Қазоқонӣ. Ҳақиқати ин қазия чи гуна аст?
- Аз рӯи ҳақиқат ин сари садоҳо ҳеч воқеъияте надоранд. Ман бисёр мехостам, ки дар ҳақиқат имомхатибонро бекор ва ё ба кор таъйин кунад. Аммо мувофиқи Ойиннома ман ин ҳақро надорам, ки касеро озод ё таъйин кунам, магар дар ҳамин Маркази исломӣ. Якчанд имомхатибон тавассути комиссиюне, ки дар назди Кумитаи дин ҳаст, аз санҷиш нагузаштанд ва озод шуданд. Мо низ узви ин комиссиюн ҳастем. Аммо ростӣ, аз бекор шудани домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ман, ки дар банди мурофиъаҳои судӣ будам ва дар кори он комиссия иштирок надоштам ва намедонам бо кадом сабаб озод шудааст. Ман шахсан аз касе хоҳиш накардаам, ки ин ё он нафарро аз вазифа сабукдуш кунад.
Мусоҳибон: Раҳматкарими Давлат, Муҳаммадвафо Ризозода, Абдулло Ашӯров