(Идомаи суҳбат)
Раҳматкарими Давлат: Дар дохили Афғонистон феълан вазъи сиёсӣ, низомӣ ва сафороийи нируҳо чӣ гуна аст?
Абдулатифи Пидром: Ҳоло дар Афғонистон ду масъалаи муҳим дар рӯ ба рӯи мо қарор дорад. Мо ба соли 2014 наздик мешавем. Ин соле аст, ки нируҳои байналмилалӣ эълом кардаанд, ки аз Афғонистон хориҷ мешаванд. Ҳоло агар ҳамаашон ҳам хориҷ нашаванд, вале бахши бузурги онҳо хориҷ хоҳанд шуд. Дар он сурат бо хуруҷи нируҳо мо бо ду мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳем шуд; мушкили амниятӣ, ки артиши Афғонистон на тавоноии дифоъ аз худаш, на аз тамомияти арзии Афғонистон ва на аз ҳукуматро дорад. Мушкили дигар мушкили иқтисодӣ аст. Барои он, ки ҳаҷми азими ин пулҳое, ки дар бозорҳои Афғонистон гардиш мекунад, пулҳоест, ки барои хадамоти низомӣ масраф мешавад. Мисли харидани бензин, маводи сӯхт ва ҳазорон ҳазор коргару ронандаву инҳо, ки дар бахшҳои низомӣ бо нируҳои хориҷӣ кор мекунанд. Вақте, ки ин нируҳо хориҷ шаванд, мусалламан миллиардҳо доллар кумак қатъ мешавад. Танҳо кумакҳои ғайри низомӣ мемонад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ваъда додааст ва ҳоло маълум нест, ки воқеан кумак мекунанд ё на. Ин чиз рӯшан аст, ки Афғонистон дар айни ҳол бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин ду ҳам ба лиҳози амниятӣ ва ҳам ба лиҳози иқтисодӣ масъалаи бисёр калон ҳастанд. Баъди ин, интихоботи даври саввуми раёсати ҷумҳурӣ мерасад. Ин ҳам масъалае аст, ки аз ҳамин ҳоло эҳтимолан сафбандиҳо шурӯъ мешавад. Ин ҳам ҳоло масъалае аст, ки оё интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад ё на, вазъият чӣ гуна мешавад?! Ҳамаи ояндаи Афғонистон дар баробари суоли печида, ки норӯшан аст, қарор хоҳад дошт. Агар дар ин минтақа ҷанг шавад, баҳси таҷзия матраҳ шавад, маълум аст, ки на интихоботе хоҳад буд ва мо вориди як марҳилаи изтирорие хоҳем шуд. Агар он нашавад ва мо натавонем, ки як интихобот баргузор бикунем, боз эҳтимолоти даргириҳову тазоҳуроту масоили мухталиф вуҷуд дорад. Бинобар ҳамин сафбандиҳо дар дохил ҳанӯз сафбандиҳои ниҳоӣ нест. Сафбандиҳои ниҳоӣ гом ба гом бо наздик шудани соли 2014 ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ хоҳад шуд. Ҳоло эътилофҳое ҳаст, ки эҷод мешавад, аммо зиёд маълум нест, ки идома пайдо мекунанд ё намекунанд, зеро ин мавзӯъ ниҳоӣ нашудааст, ки мавзеъгириҳоро касе бихоҳад рӯшан бикунад. Бинобар ҳамин Афғонистон феълан дар остони як таҳаввулоти бисёр калон ва ба назари ман яке аз марҳалаҳои бисёр муҳим ва сарнавиштсози худаш қарор дорад.
Раҳматкарими Давлат: Баъзе расонаҳои Афғонистон ва баъзе манобеи ғарбӣ ин масъаларо матраҳ карданд, ки Ҳомид Карзай мехоҳад даври раёсати ҷумҳурии худро тамдид намояд. Оё ин имкон вуҷуд дорад?
Абдулатифи Пидром: Қонуни асосии Афғонистон дар даврони ҳукумати муваққат қабул шуд. Ҳамон замон боз эътирози мо Кунгураи миллӣ ва эътирози худи ман ин буд, ки набояд ниҳодҳои параллел, яъне ниҳодҳои мувозӣ бо ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқӣ, ки воқеан ниҳодҳои мардумӣ ҳастанд, эҷод бишаванд. Мо тарҳамон ҳамон замон ҳамин буд, ки танҳо парлумон ҳаққи қонугузорӣ дорад. Ин Шӯрои миллӣ аст, ки бояд тасмимгиранда бошад. Он замон бузургони мову дӯстони мо ба ин масъала таваҷҷуҳ накарданд, чун масъалаи расидан ба қудрат буд, ҳар касе талош дошт дар қудрат ҷо ба ҷо бишавад ва фикр намекарданд, ки баъди даҳсолаҳо чи иттифоқе пеш меояд. Инҳо ҳамон замон дар Қонуни асосӣ омаданд, матнеро ғунҷониданд, гуфтанд, ки олитарин марҷаи тасмимгиранда на парлумони Афғонистон, балки Лӯи Ҷиргаи Афғонистон аст. Қонуни асосиро танҳо Лӯи Ҷирга метавонад тағйир бидиҳад ва ё матнеро изофа бикунад. Ё дар ҳолатҳои ҷангу сулҳ ва ҳолатҳои бисёр калон танҳо Лӯи Ҷирга метавонад тасмим бигирад. Ҷойгоҳи Лӯи Ҷирга бар асоси Қонуни асосии Афғонистон, болотар аз парлумон аст. Коре ки Шӯрои миллӣ наметавонад анҷом бидиҳад. Ва ахиран шоҳиди як ҷиргаи машваратие будем, ки дар Кобул ва бар хилофи қонун баргузор шуд. Дар фурсатҳое, ки мо гуфтем, ки Қонуни асосӣ бояд бозсозӣ шавад. Ин амр ихтиёрро дар дасти ҳар раиси ҷумҳуре медиҳад, ки битавонад давраи раёсати ҷумҳурии худро тамдид бикунад. Ба чӣ маънӣ? Бар асоси Қонуни асосӣ, як нафар аз ду давра бештар ҳақ надорад, ки раиси ҷумҳур интихоб шавад. Аммо ҳамин Қонуни Асосиро як марҷаи дигар вуҷуд дорад, ки метавонад ислоҳ кунад. Ин марҷаъ кӣ ҳаст? Ин марҷаъ Лӯи Ҷирга ҳаст. Ҳоло агар оқои Карзай ва ё ҳар каси дигаре, ки раиси ҷумҳури Афғонистон бошад, бихоҳад як бори дигар худро номзад бикунад ва агар ҳамин Қонуни асосӣ бошад, хеле осон аст. Масалан, вазифаи баргузории интихобот, раҳбарии интихобот, эъломи натоиҷи интихобот дар ихтиёри Кумиссиюни мустақили интихобот қарор дорад. Як касе раиси ҷумҳур бошад ва бихоҳад идома бидиҳад, ба комиссияи интихоботӣ мегӯяд, ки шумо эълон бикунед, ки ба хотири вазъияти низомӣ ё изтирорӣ мо наметавонем интихобот баргузор кунем. Ин як кори қонунӣ аст. Ин дар салоҳияти он Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ҳаст. Масалан. Шумо ба унвони аҳзоби сиёсӣ мехоҳед мухолифат бикунед, ба унвони парлумон мухолифат бикунед, ки мо инро қабул надорем. Мегӯянд, хеле хуб, мо Лӯи Ҷиргаро даъват мекунем, ҳар чи Лӯи Ҷирга файсала кард. Лӯи Ҷирга ҳам маълум аст, ки чи гуна ниҳодест. Лӯи Ҷирга ниҳоди демократӣ нест ва дар он касоне меоянд, ки ба раиси ҷумҳур раъй медиҳанд, барои он ки раиси ҷумҳур интихоб мекунад, ки киро даъват бикунад. Чун ин марҷаъ дар Қонуни асосӣ, дар тасмимгириҳо як марҷаи ҳуқуқӣ аст, дунё ҳам, на Амрико ва на ғайри Амрико наметавонад эътироз бикунад. Бинобар ҳамин то замоне, ки ин Қонуни асосӣ аст ва то замоне, ки Лӯи Ҷирга аст, ҳар коре дар Афғонистон мумкин аст. Мешавад ба тарафи интихобот рафт ва ҳам намешавад ба тарафи интихобот рафт. Ҳар дуи ин қонунист.
Раҳматкарими Давлат: Даҳ соли пеш вақте, ки амрикоиҳо вориди Афғонистон шуданд ва мо шоҳиди он будем, мардум хушбинии зиёд дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кумаки онҳо омад. Ба ин далел хушбин буданд, ки ҷанг хатм мешавад, зиндагӣ маҷрои дигар мегирад. Ҳоло ҳамин мизони ҷонибдорӣ аз Амрико дар кадом сатҳ аст ва он хушбинӣ ва интизороте, ки мардуми Афғонистон дошт, оё бароварда шуд ё на?
Абдулатифи Пидром: Усулан мо ва шумо, умуман мардуми Шарқ хушбин ҳастем. Пеш аз он, ки фикр бикунем, тасмим мегирем. Мо ба дурустӣ ҳеч вақт аз ақламон истифода намекунем. Як каме эҳсосотӣ ҳастем. Ҳазор-ҳазор шоир дорем, аммо панҷто ҷомеашиноси дараҷаи як надорем. Бинобар ҳамин вақте амрикоиҳо омаданд, ҳамон замон дар рӯзи аввали омадани онҳо ман мухолифат кардам, ки ин тавр намешавад ва ин сиёсатҳо нодуруст аст. Дар ин авохир оқои Карзай дар ифтитоҳи соли дуввуми Маҷлис эълон кард, ки сиёсати иқтисодии мо иштибоҳ буд. Ман ҳаминро даҳ сол пеш гуфта будам, ки ин сиёсати иқтисодӣ, ки сиёсати бозори озод ва сармоядорӣ аст, ғалат аст ва ба дарди кишвари мо намехӯрад. Сиёсати одилона бояд бошад ва бахши хусусиро набояд чунон маҷол дод, ки тамоми дороиҳои мардумро бибарад. Давлате, назорате бояд бошад, ки мо рӯи пои худ биистем то қавонини бозор ба вуҷуд биояд. Мутаассифона он замон накарданд ва ҳоло ба ин натиҷа расиданд, ки ин ҳама иштибоҳ ва ғалат будааст. Беш аз нӯҳ миллион одам зери камарбанди фақр қарор дорад. Вақте зери камарбанди фақр мегӯем, ба ин маънӣ нест, ки фақир аст, балки гурусна аст, нон надорад. Мардум аз он рӯ хушбин буданд, ки барои баррасии ин масоил шуури сиёсии лозим надоштанд. Аз ҷониби сармоядорӣ ҳам фаҳм надоштанд. Амрикоро намешинохтанд ва онҳо хушбин буданд, ки Амрико барои онҳо биҳишт месозад. Коммунистҳо ҳам хушбин буданд, мусалмонҳо ҳам хушбин буданд, чап, рост ва хулоса ҳама хушбин буданд. Мо рӯзи аввал шаку тардид доштем ва гуфтем, ки бо ин амрикоиҳо намешавад ва набояд ҳаяҷонзада шуд. Имрӯз мардуми Афғонистон ба ҳамон натиҷа расиданд. Ҳоло мегӯем бозор, мегӯянд, бале, шумо рост мегуфтед, ин сиёсат ғалат буд. Мо мегӯем, ки инҳо дар минтақа ҷанг мекунанд, ташаннуҷ эҷод мекунанд, ин минтақаро таҷзия мекунанд, мегӯянд, бале, ин тавр шуд. Ба ин ҷиҳат мардуми Афғонистон ҳоло аз амрикоиҳо на ба далели сиёсӣ ва на ба далели иқтисодӣ розӣ нестанд. Ва Амрико ҳеч маҳбубияте дар байни мардуми Афғонистон надорад.
Раҳматкарими Давлат: Оё ҷанги Амрико ва Эрон шуданӣ ҳаст ва агар бишавад, Афғонистон ба унвони пойгоҳ барои ҳамла барои амрикоиҳо хидмат хоҳад кард ё на?
Абдулатифи Пидром: Ҳукуматҳо мегӯянд, ки мо аз инҷо иҷозат нахоҳем дод. Вале амрикоиҳо то ҳол аз Афғонистон ҳар ҷо хостанд, рафтанд, мисли ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз Афғонистон парвоз мекунанд. Ва амрикоиҳо мусалламан аз ҳукумати Афғонистон нахоҳанд пурсид ва ҳар ҷо, ки бихоҳанд, ҳамла хоҳанд кард. Аммо ин, ки амрикоиҳо феълан ба Эрон ҳамлаи низомӣ бикунанд, ҳанӯз хеле зуд аст, кори сахте аст, ки онҳо ҳоло битавонанд анҷом бидиҳанд. Аммо баҳси таҷзияи Эрон мусалламан рӯи дасташон ҳаст ва ин баҳс дорад шурӯъ мешавад. Дар дарозмуддат имкони як ҷанг дар назар аст, аммо дафъатан як ҳамлаи низомӣ дар назар нест.
Раҳматкарими Давлат: Шумо узви парлумон ҳастед, яъне ҳизби шумо ҳизби парлумонӣ ҳаст. Назари кишварҳои дигар, масалан Русия дар бораи федеролизм чӣ аст? Шумо ахиран ба ин кишвар сафар доштед ва чӣ масоиле дар мулоқотҳои шумо матраҳ буд ва назари Шумо ба интихоботи раёсати ҷумҳури Русия, ки рӯзи 4-уми март баргузор мешавад ва ба шахси оқои Путин чи гуна аст?
Абдулатифи Пидром: Федеролизм як баҳси бисёр муҳим аст ва кишварҳои зиёде ба лиҳози назарӣ бо ин баҳс мувофиқанд. Бо конодоиҳо, фаронсавиҳо ва ҳар кишваре, ки суҳбат доштем, бо ин тарҳ розӣ буданд. Яъне усулан ин кишварҳо мухолифате надоранд. Мунтаҳо баҳси амрикоиҳо баҳси хос аст, чун онҳо нияти шайтонии калоне доранд, ки онро пеш мебаранд. Дар масъалаи интихоботи Русия, ки моҳи март баргузор мешавад. Ҳоло минтақаи мо ва ҳама кишварҳои ҷаҳон марҳилаи бисёр буҳронӣ ва ҳассосеро тай мекунад ва ҷаҳон дар як мақтаи бисёр ҳассосе қарор дорад. Шахсиятҳои муҳим дар ин мақтаъ аз таърихи ҷаҳон, шахсиятҳое, ки муассир ва қавӣ бошанд, метавонанд барои суботи ҷаҳон кумак бикунанд. Ман ба унвони раҳбари як ҳизби демократик, ки гароишҳои демократӣ дорад, иродаи ҳамаи мардумони кишварҳо эҳтиром мегузорем, ки битавонанд раисони ҷумҳури худро интихоб бикунанд. Аммо фикр мекунем, бо таваҷҷуҳ бо таҷрибаҳое, ки тӯли ин ҳама солҳо Русия дошт, Путин дар ҳамин марҳила барои Русия одами қавитаре ҳаст. Ин ки хатари минтақаӣ ва як ҷанги калони амрикоӣ дар минтақа аст, ба назари ман Путин одами коромадтар ва муассиртаре хоҳад буд.
Муҳаммадвафо Ризозода: Баъд аз шаҳодати устод Раббонӣ як холигоҳи раҳбарӣ дар байни тоҷиктаборон ба вуҷуд омад. Аз шаҳодати Устод Раббонӣ панҷ моҳ сипарӣ шуд, вале чаро паҳлӯҳои ин куштор ҳанӯз норӯшан боқӣ мондааст?
Абдулатифи Пидром: Мутаассифона бояд гуфт, ки ҷои устод ҳанӯз холӣ аст ва холӣ ҳоҳад буд. Ва ин, ки ҷараёни шаҳодати онҳо рӯшан нашуда, мисли хеле аз ҷараёнҳои дигарест, ки то ба ҳол рӯшан нашудааст. Қатли Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд, қатли устод Раббони ва дигарҳо ҳанӯз рӯшан нашудааст. Комиссиюнҳое машғули таҳқиқ ҳастанд ва охирин иттилооте, ки мо доштем, масъулини ҳукумат гуфтаанд, ки то ҷое ба натиҷаҳое расидем ва кор идома дорад. Аммо ба ҳар сурат қазия ба ин далел зиёд рӯшан намешавад, ки печидагиҳое вуҷуд дорад, одамҳое эъмоли нуфуз доранд, то ин қазия рӯшан нашавад. Ман як чизро мехоҳам ба шумо рӯшан бигӯям, ки омили қатли устод Раббонӣ мумкин аст, Толибон ё яке аз Толибон буда бошад. Ва маълум нест, ки чӣ касе ин корро кардааст, Толибон, ISI ё CIA. Аммо он чи мусаллам аст ва ман як бори дигар ҳам гуфтам, ки қатли устод як масъалаи бисёр калони байналмилалӣ аст ва дар сатҳи кишварҳои калонтар тарроҳӣ шуда, то аз сатҳи Толибон. Ва афроди муҳиме аз табааҳои худашон шояд дар ин ҷараён даст дошта бошад. Бинобар ҳамин бояд дид ва гуруҳҳои зиёде доранд дар ин масъала фикр мекунанд, ки ҳодиса чӣ гуна иттифоқ афтодааст. Аммо фикр мекунам ба ин соддагӣ нест. Билохира, шояд рӯшан бишавад ва эҳтимолан рӯшан хоҳад шуд. Мунтаҳо ҳамин қадар мегӯям, ки ин ҷо кишварҳои калон даст доранд.
Раҳматкарими Давлат: Яъне инҷо фаротар аз Покистон аст?
Абдулатифи Пидром: Бале, ин фаротар аз Покистон аст.
Муҳаммадвафо Ризозода: Пас ин силсилақатлҳо идомаи ҳамон тарҳе аст, ки мехоҳанд, идома пайдо бикунад?
Абдулатифи Пидром: Бидуни шакк, идомаи ҳамон аст.Бубинед, ин дар таърихи инқилобҳои дунё иттифоқ афтодааст. Як мақулае ҳаст, ки "инқилоб фарзандҳои худро мехӯрад", як дафъа аз ҳамин дохил мехӯрад ва як дафъа ҳамин қудратҳои калон шахсиятҳои калонро, ки корҳои калонро анҷом медиҳанд ва музоҳими тарҳҳои онҳо мешаванд, аз байн мебаранд. Устод бидуни шак аз ҷумлаи чеҳраҳое, буд ки амрикоиҳо ба осонӣ наметавонистанд тарҳҳои худро рӯи ин одам татбиқ бикунанд ва як ҷое метавонист барои амрикоиҳо ва ё англисҳо ва ё қудратҳои дигар, ки дар Афғонистон дар ҷанг буданд ва ё дунболи рақобатҳои калон ҳастанд, монеае эҷод бикунад. Бинобар ҳамин устодро ба унвони як монеаи калон барчиданд ва мавонеи дигареро фикр мекунам, то соли 2014 бар хоҳанд чинд. Қатли устод ин аввали кор аст ва на охираш хоҳад буд ва камокон идома хоҳад дошт, то охирин чеҳраҳои ба истилоҳ музоҳим бар сари барномаҳои худашонро қудратҳои ишғолгар аз байн бибаранд.
Раҳматкарими Давлат: Дар ҳоле ки пеш аз қатли устод Раббонӣ мо ҳар моҳ шоҳиди қатли як чеҳраи саршинос будем, аммо ба дунбол як фосилае дар террори ин шахсиятҳо ба миён омад. Далели ин чӣ аст? Он ҳалқаҳое, ки дар пушти ин ҳама ҷиноятҳо ҳастанд, фикр мекунед, аз мавҷи эътирозҳо тарсиданд ё ақибнишинии тактикӣ карданд?
Абдулатифи Пидром: Бубинед, ҳамзамон намешуд, ки даҳ то ҳуҷуми сартосарӣ анҷом бидиҳанд. Вале ба фикрам мунтазири фурсатҳои дигаре ҳастанд, ки як каме оромтар бишавад ва боз дунболи як ҳодисаи дигар бираванд. Барои он, ки ҳамзамон чанд ҳодиса буҳрони бисёр эҷод мекунад. Дидед, ки ҳар боре хостанд як ҳамла бикунанд, баъд як муддат сокит буданд. Барои он, ки эҳсосоти мардум як каме фурӯ бинишинад, ҳодиса хомӯш шавад, он сарусадоҳо кам шавад, боз ба як кори дигар худро омада бикунанд. Яъне мусаллам аст, ки ин кор идома хоҳад ёфт.
Раҳматкарими Давлат: Яъне рӯиҳамрафта Афғонистон обистани як таҳаввулоти дигар аст?
Абдулатифи Пидром: Ба назари ман на танҳо Афғонистон, балки тамоми минтақа.
Раҳматкарими Давлат: Мо чӣ қадар мунтазир бошем?
Абдулатифи Пидром: Ба назари ман шурӯъ аст. Фикр мекунам, рӯшан шудани музокироти Қатар бо Толибон оғоз мешавад барои рӯшан шудан, ки ҳаводис чӣ гуна иттифоқ меафтад.
Раҳматкарими Давлат: Дақиқан бигӯед, ки Амрико Толибонро ба ин зудӣ ба қудрати сиёсӣ дар Кобул бармегардонад ё на?
Абдулатифи Пидром: Гумон мекунам баҳси ин, ки Кобулро дар ихтиёри Толибон қарор бидиҳад, нест, балки баҳси эҷоди қудратҳои кӯчак-кӯчак дар кулли минтақа аст. Яъне тақсим кардани кишварҳои ин минтақа ва ҳавзаҳои кӯчактар ва таҷзия кардани ин манотиқ. Чун қудратҳои калони якдаст дар минтақа барои амрикоиҳо ҳамеша даступогир аст. Вале ҳадди ақал эҷоди чанд то кишвар дигар дар ин ҳавза метавонад дасти Амрикоро барои таҳоҷуми баъдӣ боз бикунад ва боз муқаддимаи даргириҳои тӯлониро барои даргириҳо дар қарнҳои оянда боз эҷод бикунад, ки ҳар бори дигар, ки бихоҳанд, мудохила бикунанд. Вале он чи, ки мусаллам аст, мехоҳам бигӯям, ки феълан ҷунбиши Толибон, бихоҳем нахоҳем ба унвони як ҷунбиши расмӣ, ки дорои як престиж аст, аз сӯи нируҳои байнулмилилӣ ба расмият шинохта шудааст. Шурӯи музокирот бо Толибон маънияш ин аст, ки инҳо як тарафи воқеӣ ҳастанд, маънияш ин аст, ки инҳо террорист нестанд, маънияш ин аст, ки инҳо бояд дар қудрат саҳм дошта бошанд, ин эътибори бисёр калон барои Толибон аст.
Раҳматкарими Давлат: Муносибати Шумо бо Толибон чи гуна аст?
Абдулатифи Пидром: Мо бо Толибон ҳеч гуна робитаи ҳизбӣ, ташкилотии мустақим ва ғайримустақим надорем. Ҷуз ин, ки мо ҳам, онҳо ҳам зидди Амрико ҳастанд. Ҳамин хел як муштарак дорем. Мисли он, ки онҳо ҳоло гуфтугӯ доранд, мо надорем (механдад).
Раҳмакарими Давлат: Бо Покистон чӣ?
Абдулатифи Пидром: Ман дар раъси як ҳайати парлумонӣ ба Покистон рафта будам. Бо нахуствазири ин кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ ва раҳбарони Ҳизби мардумӣ, гуруҳҳои дигаре аз Ҳизби робитаи Исломии Покистон мулоқотҳо доштем. Мо бо Покистон мушкиламон кам аст ва он ҳам сари хатти Дюранд. Покистониҳо дар бобати хати Дюранд аз мо зиёд хашмгин нестанд. Бо онҳо ҳам мо робитаи ҳизбӣ надорем.
Муҳаммадвафо Ризозода: Оё оппозитсиюни давлати оқои Карзай дар музокирот бо Толибон даъват шудаанд ё на?
Абдулатифи Пидром: На, аз аҳзоби сиёсӣ ва аз эътилофҳо касе даъват нашудааст. Ҳоло гуфтугӯ мустақиман байни Толибон ва Амрикост ва эҳтимолан намояндагони давлати Афғонистон мебошанд.
Раҳматкарими Давлат: Устод, Шумо вакили парлумон ва раиси Кунгураи миллӣ ҳастед, номзад ба раёсати ҷумҳурӣ ҳам будед ва агар раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам бошед, Шуморо дар Тоҷикистон ба унвони шоир мешиносанд. Яъне Шумо бештар ба унвони шоир матраҳ ҳастед. Мо бисёр мехоҳем вақте шумо меоед, баҳси мо баҳси фикру шеъру адаб, фалсафаву ҳикмат бошад. Мутаассифона ин сиёсатҳо намемонад. Инҷо як нигаронии бисёр бузурге аз вазъи забони форсӣ вуҷуд дорад. Ин вазъ дар он ҷо чи гуна аст?
Абдулатифи Пидром: Фикр мекунам, на танҳо забони форсӣ, балки забонҳои дигар низ ба таҳоҷум рӯ ба рӯ ҳастанд. Яке аз мушкилоти калон дар Афғонистон ин аст, як касе агар бихоҳад дар яке аз идораҳои муҳим ё муассисаҳо истихдом шавад, аввалин шарт ин аст, ки бояд англисӣ бидонад. Ин ҳамин коре буд, ки дар қарнҳои 18 ва 19 дар Ҳинд таҷруба карданд. Шумо ҳоло дар Афғонистон лавҳаҳоро мехонед ва нигоҳ мекунед, калимаҳо ва ибораҳои хориҷӣ зиёд аст. Мутаассифона ин корест, ки бояд вазорати фарҳанг барояш расидагӣ бикунад. Аммо вазорати фарҳанг ҳам билохира дастгоҳ аст. На номгузориҳо ҳанӯз рӯшан аст, на назорате ҳаст бар номгузориҳо ва ин ки як касе агар англисӣ бидонад, бояд истихдом бишавад, як кори ғайри қонунӣ аст. Инҳо ҳатто дар як кори оддӣ ҳам мегӯянд, ки бояд англисӣ ёд дошта бошӣ. Ҳоло мумкин аст, корманди маҳаллии сафорати Амрико бошед, мешавад англисӣ ёд дошта бошед, вале вақте шумо муаллим ҳастед, чаро бояд англисӣ бидонед? Ин маънияш ин аст, ки як навъ таҳоҷум ба ҳама забонҳо вуҷуд дорад. Аммо мутаассифона ба далели ин буҳронҳо, дар марокизи расмии давлат нисбат ба забонҳо таваҷҷуҳи бештаре надоранд. Аммо хушбахтона боз донишгоҳҳову муассисоти хусусӣ ҳаст, худи мардум, форсзабонон ҳастанд, ки дар ин робита кор мекунанд, таваҷҷуҳ ба забон ҳаст. Айни ҳол мо дар баробари таҳоҷум қарор дорем. Шумо медонед, ки таҳоҷуми истеъморӣ танҳо таҳоҷуми иқтисодӣ нест, фарҳангӣ ҳам ҳаст ва забон ҳам шомилаш мешавад. Шумо дар ҳамин минтақаи худатон шоҳидаш будед, маҷбур мешавед, русӣ гап бизанед. Дар Афғонистон низ инҳо бисёр талош доранд забони англисиро ором-ором мусаллат бисозанд. Ҳам ба забони форсӣ ва ҳам ба забони пашту. Вале мо ҳам вазифадор ҳастем бо ин вазъ мубориза бикунем.
Раҳматкарими Давлат: Вазъи шеър чӣ гуна аст? Шеър дар Афғонистон умраш саромад ё ҳаст?
Абдулатифи Пидром: Шеър ҳаст. Маҳфилҳои кӯчак - кӯчак баргузор мешавад. Вале аз он шабҳои бошукуҳи шеър, ки 20-30 сол пеш буд, аз он барномаҳо нест. Ҳам ба далели мушкилоти иқтисодии мардум ва ҳам ба ин далел, ки шеър куллан он ҷозибаҳои умумии қаблиашро надорад. Агар мавқеъ буд, дар як фурсате дар ин робита баҳси алоҳидае анҷом хоҳем дод.
Раҳматкарими Давлат: Яъне ба ин далел шумо бештар сиёсатмадор ҳастед то шоир?
Абдулатифи Пидром: Ман ҳам шоир ҳастам (механдад).
Муҳаммадвафо Ризозода: Устод, Шумо ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон ишора кардед. Шумо намояндаи мардуми Бадахшон дар парлумон ҳастед. Ва ҳамагон медонем, ки Бадахшон яке аз маҳрумтарин минтақаҳои Афғонистон аст. Чи тарҳҳое дар сатҳи ҳукумати Афғонистон барои зиндагии беҳтари мардуми Бадахшон рӯи даст аст?
Абдулатифи Пидром: Мо барои манотиқи Бадахшон саъй кардем ва муҳимтарин чиз барои ин вилоят роҳи мошингард буд. Мо хушбахтона 11 миллион доллар шомили будҷа кардем, ки сараки Файзобод- Дарвозҳо сохта шавад ва ҳоло бо ширкатҳо қарордод мебанданд. Бо сохтани ин роҳ, тамоми Бадахшон бо ҳам васл мешавад. Як тарҳи бисёр калон ҳаст, ки имконоти бештари иҷтимоиро дар минтақа ба вуҷуд меорад. Вақте роҳ сохта мешавад, як маданияти ҷадид ворид мешавад. Хушбахтона сараки Файзобод-Баҳорак-Ишкошим зери кор аст. Сараки Бадахшон ба Панҷшер меравад. Тарҳҳои бунёди нируҳои барқи "Шӯробак"-и Бадахшон аст, ки ҳоло онро олмониҳо гирифтанд. Ҳамчунин як тарҳи дигари ниругоҳи барқӣ аст, ки чиниҳо кор мекунанд. Феълан тарҳҳои хубе барои Бадахшон дорем, ки бо такмил шудани тарҳи роҳҳо, иншоаллоҳ то як-ду соли дигар Бадахшон инкишофи хубтаре хоҳад дошт.
Раҳматкарими Давлат: Шумо дар маҳофили Тоҷикистон ҳам як шахсияти матраҳ ҳастед. Шумо ёд доред, ки фарҳангиёни Тоҷикистон чи гуна аз Шумо дифоъ карданд. Ҳоло дар ҷараён ҳастед, ки як баҳс идома дорад миёни устод Бозор Собир ва устод Шакурӣ. Мо намехоҳем шуморо вориди ин баҳс кунем. Фақат мехоҳем назари шуморо оид ба ҷойгоҳи устод Шакурӣ дар ҷомеа бифаҳмем.
Абдулатифи Пидром: Ман устод Шакуриро аз наздик мешиносам ва чанд бор ин ифтихорро доштам, ки ба хидмати онҳо бирасам. Ва ҳамин тартиб устод Бозорро, ки онҳо дӯсти ман ҳастанд. Ва ҳар дуи мо шоир ҳастем ва бисёр дӯсташ дорам ва ба эшон эҳтиром дорам. Як шоири бузург ва бисёр шуҷоъи мо ҳаст. Аммо бо ҳифзи эҳтиром ба устод Бозор, устод Шакурӣ қуллаи бисёр матраҳ ва бисёр бо эътибор барои мардуми Тоҷикистон ва барои фарҳанги тоҷик аст. Вақте шумо дар Эрон, Афғонистон ва ё дигар кишварҳо меравед, эшонро ба унвони як академик ва як олим мешиносанд. Бинобар ҳамин ин ҷойгоҳашон як ҷойгоҳи бисёр муҳим аст. Ман як бори дигар гуфтам, суол карда буданд, ки Миллитон шоири хуб аст ё Шиллӣ? Ҳар ду ҳам шоирони англис ҳастанд. Гуфтанд, ки Миллитон бисёр мудерн аст, аммо Шиллӣ бузург аст, Шиллӣ як азамат аст. Мо мехоҳем бигӯем, ки устод Шакурӣ як азамат ҳастанд барои Тоҷикистон. Ва иншоаллоҳ зинда бошанд, хадамоти зиёде анҷом доданд, дар атрофи қонуни забон талошҳо карданд, омаданд китоби маъруфи "Азизи ман Хуросон аст инҷо"-ро навиштанд, нақши муҳим доштанд дар нигаҳ доштани ҳувияти фарҳангии ин сарзамин ба сурати илмӣ, ба сурати академӣ ва як чеҳраи саршиноси тоҷик дар сатҳи байнулмилалӣ ҳастанд. Бинобар ҳамин ба назари ман ӯ як одами бисёр бузург аст ва мо ҳама муваззаф ҳастем қадри онҳоро бидонем.