Сайфуддини Тахорӣ маъруф ба мавлавии Тахорӣ аз аъзои аршади Ҷамъияти Исломии Афғонистон ва яке аз ёрону ҳамсафони наздики устоди шаҳид Раббонӣ дар тули 50-соли муборизоти ишон барои озодӣ ва якпорчагии Афғонистон аст.
Дар ин мусоҳиба ҷанбаҳои гуногуни зиндагии устод Раббонӣ ва бахусус нигоҳи он шаҳиди бузургвор ба қазоёи Тоҷикистон ва далоили талошҳои пайгиронаи вай барои истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Мавлавии Тахорӣ барои ширкат дар конфронси байналмилалии "Ҳимоят аз интифозаи Фаластин" ба Теҳрон сафар кардааст ва ин мусоҳиба ҳангоми бозгашти ӯ дар шаҳри Машҳад анҷом шудааст.
Устод Раббонӣ: «Миллатро ба дасти кӣ биспорам!»
- Мавлавӣ соҳиб, дар ибтидо лутфан дар бораи шахсияти устод Раббонӣ, вижагиҳои илмиву ахлоқӣ ва сиёсии ишон, нигоҳи ӯ ба авзои сиёсиву иҷтимоии минтақа, ояндаи Афғонистон ва ҷойгоҳи Афғонистон дар низоми байналмилал, дар бораи муборизоти ишон алайҳи истикбори берунӣ ва истибдоди дохилӣ, муҷоҳидатҳои ишон ба унвони як рӯшанфикри динӣ дар роҳи сарфарозии муслимин ва ғайра суҳбат бифармоед.
- Ба номи Худованди бузург! Шаҳодати устод Раббонӣ як зоеаи бузург буд ва миллати мо ҳануз азодор аст. Устод Раббонӣ чанд вижагии хос дошт: Аввалин вижагии ишон ин буд, ки ҳам олими динӣ буд ва ҳам олими сиёсӣ. Исломро дар чавкоти сиёсат мехост дар ҷомеаи Афғонистон пиёда кунад. Дуввум, устод Раббонӣ сиёсатмадоре буд, ки дар баробари душманаш гузашт дошт. Ҳар кӣ дар баробари ӯ бад мекард, устод дар муқобил гузашт мекард. Бисёр одамонеро дидам, ки пас аз анҷоми амалҳои хусуматомез алайҳи устод, баъдан пушаймон шуда, аз ишон узр мехостанд. Зуд қазоват намекард ва тасмими аҷулона намегирифт. Бо як тадаббури хосе, ки ислом барояш дарс дода буд, аз таърихи ислом ва паёмбари гиромии он огоҳӣ дошт. Устод Раббонӣ бо нақше, ки ислом дар зиндагии инсон таъйин карда буд, ба ӯ амали бисёр хубе дошт. Вижагии саввуми он шаҳид ахлоқи карима буд. Ӯ дар миёни раҳбарони дохил ва ҳатто минтақа боахлоқтарин ва муаддабтарин сиёсатмадор буд. Ахлоқи исломиро муроот мекард ва ба суннати паёмбар пойбанд буд. Дар миёни раҳбарони ҷиҳодии Афғонистон устод Раббонӣ аз назари тақво намуна буд. Ман аз соли 1353 (1973) инҷониб ҳамроҳи устоди шаҳид будам ва мушоҳида кардам, ки устод дар ҳафта ду рӯз рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза медошт. Дам ба рӯза буд ва намози шабаш қазо набуд, шабзиндадор буд.
Дар даврони муқовимат тамоми раҳбарон Афғонистонро сар доданд, аммо устод дар канори миллат қарор гирифт ва аз номуси миллати Афғонистон дифоъ кард. Ин хеле ҷолиб буд, ки баъди тасарруфи Кобул ба дасти Толибон дар Бадахшон хидмати устод рафтам ва аз ӯ хостам, ки кишварро тарк ва дар берун паноҳанда шавад. Устод Раббонӣ посухи зебое доданд. Гуфт: " Мавлавӣ соҳиб, агар ман кишварро раҳо кунам, миллатро ба дасти кӣ биспорам?! Бояд хуни мо бо ин миллат якҷо бирезад. Дар рӯзҳое, ки ман бо ин миллат будам, ин миллат аз ман ҳимоят кард ва ҳоло ки ин мусибат ба сари миллати мо омадааст, раҳо кардани онон нишонаи ҷавонмардӣ нест. Ман дар канори ин миллат мемонам ва то замоне ки ҷон дорам, аз ҳуқуқи ин миллат дифох мекунам.» Устод Раббонӣ раҳбари наҳзате (манзур Ҷамъияти исломӣ аст) буд, ки дар Афғонистон низоми истибдодии Зоҳиршоҳ ҳоким буд. Дар ҳамон шароити бисёр хафакон ва низоми диктотурӣ, устод Раббонӣ як наҳзати исломиро дар Афғонистон поягузорӣ кард. Насли ҷавонро ба бедорӣ даъват намуд. Агар насли ҷавони Афғонистон имрӯз бедор аст, ҳама мамнуни заҳамоти устод Раббонист. Инқилоби Афғонистон дар баробари низоми импературии Шуравӣ ба пирӯзӣ расид ва низоми морксистӣ дар Афғонистон шикаст хӯрд. Ҳукумат ба дасти муҷоҳиддин афтод ва устод Раббонӣ Раиси ҷумҳур шуданд, аммо тавтиаи байналмилал ва кишварҳое, ки намехостанд як низоми исломӣ дар Афғонистон ба сари қудрат биёяд, толибонро ба миён оварданд, то тавассути онҳо ҳам ба ҳукумати муҷоҳиддин ва ҳам ба худи ислом зарба бизананд. Бо ин васф, устод Раббонӣ аз муборизаи худ даст накашид ва муборизаро барои таҳаққуқи ҳуқуқу озодиҳои миллати Афғонистон ҳамчунон идома дод.
Устоди ҳама ақвом
- Дар Афғонистон аксари танзимҳо бар асоси тааллуқоти қавмӣ шакл гирифтаанд, аммо нигоҳи устод ба ақвоми дигар чи гуна буд, ки инчунин мавриди эҳтироми тамоми қавму қабоил қарор дошт ?
- Яке аз вижагиҳои боризи устод ҳамин буд, ки танзими ӯ ба як қавму як нажоду як забон иртибот надошт. Устод Раббонӣ як ҷомешиноси бисёр қавӣ буд ва ҷомеаи Афғонистонро бисёр хуб мешинохт, аз ин рӯ намояндагони тамоми ақвоми Афғонистон, чи паштун, чи ҳазора, чи узбак ва чи пашшаӣ дар танзими устод даври ҳам омада, саҳим буданд ва барои як ҳадафи воҳид мубориза мекарданд. Шумо агар дар рӯзи ҷанозаи устод Раббонӣ мебудед, мефаҳмидед, ки устод Раббонӣ дар ақвоми дигар чӣ қадар муассир буд. Ин қадар афроде, ки аз Кандаҳору Ҳилманд аз танзими Ҷамъият омада буданд ва ашк мерехтанд, ҳатто бадахшониҳои ҳамвилоятияш ин қадар маъюс набуданд. Ҳамин буд, ки устод Раббонӣ дар ҷомеаи Афғонистон як наҳзатеро поягузорӣ кард, ки тамоми ақвоми кишвар бо забону мазҳаби мухталиф дар меҳвари устод ҷамъ шуда буданд.
Устод Раббонӣ мехост, ки дар Афғонистон як ваҳдати миллиро ба миён биёрад, як ҳукумати фарогир, ки дар он тамоми ақшор саҳм дошта бошанд ва бартарии устод Раббонӣ низ аз дигар раҳбарон дар ҳамин ҷиҳат буд. Раҳбарони дигар фақат як қишри қавми худро дар як самт раҳбарӣ мекарданд, аммо ҳаракати устод фарогир буд. Ин қадаре, ки устод Раббонӣ ба мардуми Нуристон алоқа дошт ва ҳимоят мекард ё ин қадаре, ки устод дар Кунару Кандаҳору Ҳилманду Фарох нуфуз дошт, дар Бадахшон надошт. Чаро ки аҳдофи Устод баланд буд. Ӯ Афғонистонро муттаҳид ва якпорча мехост. Ин ҳам як вижагии хос ва мумтози устод Раббонӣ аз дигар раҳбарони сиёсӣ дар Афғонистон буд.
Устод Раббонӣ: «Ман як тоҷикистонӣ ҳастам!»
- Ҳамон тавр, ки медонед, билофосила баъд аз фурӯпошии Шуравӣ ва касби истиқлоли Тоҷикистон низоъҳои дохилӣ низ ба вуҷуд омад. Дар ҳамин замон буд, ки ҳукумати навпои муҷоҳиддин низ дар Кобул тоза ба қудрат расида буд. Даргириҳои дохилӣ аз як сӯ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон аз сӯи дигар бузургтарин ва мушкилтарин чолише буданд, ки пешорӯи ҳукумати устод дар Кобул қарор гирифт. Ҳоло ба унвони яке аз наздикони устод бифармоед, ки назари ӯ дар бораи чигунагии ҳалли бӯҳрони Тоҷикистон чи гуна буд ва чи барномае барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дошт? Чаро устод аз ибтидои шурӯи буҳрон дар Тоҷикистон бар зарурати сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъкид дошт?
- Равобити ман бо раҳбарони наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамон ибтидо самимонаву хуб буд. Рӯзе соати 12-и шаб секретари (муншии) устод Раббонӣ маро хост ва гуфт, устод бо шумо кор дорад. То ман расидам, соат 1-и шаб шуда буд ва устод тоза аз кор фориғ шуда нони шаб мехӯрд. Медонистам, ки кадом масъалаи сиёсии муҳиме дар миён аст, ки устод дар ин нимашаб маро фаро хондааст. Устод аз вазъияти муҳоҷирини тоҷик ва иттиҳоди мухолифин пурсон кард. Гуфтам: "Устод дар миёни бузургони наҳзати Тоҷикистон як ихтилофи назар аст.» Устод бо андуҳи фаровон сар бардошту гуфт: "Мавлавӣ соҳиб, мо низ шуморо барои ҳамин фаро хондаем. Мо бояд коре кунем, ки миёни бародарони тоҷики мо як сулҳ ба миён биёяд. Сулҳ дар миёни ҳукумати Тоҷикистон бо муҷоҳиддину муҳоҷирин. Мо бояд коре кунем, ки ин бародарони мо сарбаландона ба хонаҳояшон баргарданд. Иллаташ ҳам ин аст, ки ман ҳамеша дар ин кишвар Раиси ҷумҳур нестам. Ман мардуми тоҷикро мисли мардуми яке аз вилоятҳои самти шимол медонам. Агар як тоҷик дар ҷое кушта мешавад, ман ранҷ мебарам. Набояд Тоҷикистон хароб шавад. Коре кунем, ки як сулҳе байни ҳукумати феълӣ ва муҷоҳиддин ба миён биёяд, то дигар тоҷик ин қадар зарба нахӯрад. Агар худое накарда, ман набошам, мардуми Тоҷикистон зери дасту по мемонанд." Аз ин сабаб ман ҳамеша ин нуктаро таъкид мекунам, ки бузургтарин кореро, ки устод Раббонӣ дар зиндагии сиёсиаш анҷом дод, ҳамин сулҳи Тоҷикистон буд. Бузургтарин дастоварди ӯ талош барои эҷоди ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва наҷоти оворагони тоҷик аз зиллату бадбахтӣ буд. Мардуми тоҷик бояд солҳои сол мамнуни ин эҳсони устод бошанд. Устод Раббонӣ ба ҳайси як падари меҳрубон ба мардуми тоҷик дар Афғонистон хидмат кард. Устод Раббонӣ ҳеч гоҳ нагузошт, ки як тоҷик дар Афғонистон зери по шавад. Агар як нон пайдо мекард, онро ду тақсим карда, як тақсимашро ба муҳоҷирини тоҷик ва тақсими дигарашро ба мардуми Афғонистон медод. Аз ин сабаб устод Раббонӣ нақши бисёр созанда дар қазоёи мардуми тоҷик бозӣ кард ва алҳамдулиллоҳи вал-минна имрӯз мардуми Тоҷикистон низ барои шаҳодати устод ашк резонданд. Иллаташ ин аст, ки устод Раббонӣ ходими мардуми Тоҷикистон буд ва худашро як тоҷикистонӣ медонист.
Ҳамеша мегуфт: " Ман як тоҷикистонӣ ҳастам!"
Дуввум, нигоҳи устод Раббонӣ ба кишварҳои пасошуравӣ ва мусалмоннишини Осиёи Марказӣ ин буд, ки ҳамон фарҳангу тамаддуне, ки марказияташ Балху Бухоро буд, дубора эҳё шавад ва мусалмонони ин минтақа бори дигар ба домони тамаддуни исломӣ баргарданд. Ба мардуми Осиёи миёна алоқаи дерина, яъне алоқаи таърихӣ ва мазҳабӣ дошт. Аз ин рӯ, талош дошт, ки мусалмонони ин минтақа як бори дигар маҷду азамати худро пайдо кунанд ва тамаддуну гузаштаи худро боз ёбанд.
Устод Раббонӣ тарроҳи сулҳи тоҷикон
- Лутфан, дар бораи мушкилот ва монеаҳои пешорӯи устод дар ҷиҳати тарғиби тарафҳои тоҷикистонӣ ба сулҳ суҳбат бифармоед, зеро то ҷое ман медонам, дар он замон талошҳои сулҳдӯстонаи устод барои бархе шахсиятҳо ва маҳофили сиёсии Тоҷикистон чандон хушоянд набуд.
- Арз шавад, ки устоди мудаббир аз қазоёи Афғонистон ва мушкилоте, ки қудратҳои бузург дар он ҷо эҷод карда буданд, таҷрибаи зиёд касб карда буд, аммо раҳбарони сиёсии Тоҷикистон, ки тоза аз зери сайтараи шуравӣ раҳо шуда буданд, ба умқи ин бозиҳои сиёсӣ ошно набуданд. Дуруст аст, ки бархе раҳбарони мухолифини тоҷик дар ибтидо аз ин иқдоми устод нороҳат буданд. Аммо устод медонист, ки агар сервисҳои амниятиву итилоотии хориҷӣ дар миёни онҳо нуфуз кунанд, қазияи Тоҷикистон шабеҳи Афғонистон печидатар мешуд ва ин кишвари ҷавонро хатари нобудӣ таҳдид мекард. Бинобарин, сарфи назар аз тамоюли раҳбарони тоҷик устод Раббонӣ бо онон нишастҳои гунонун баргузор намуд ва онҳоро барои пазируфтани сулҳ қаноат дод. Устод ба раҳбарони тоҷик, ки аз Омударё рад шуда буданд, мегуфт, ки шумо дар ҳамин зинда будани ман сулҳ кунед, агар ман набошам, зарба мехӯред. Намунаи ошкори он Ҳаракати исломии Узбакистон аст. Ин Ҳаракат қурбонӣ шуд, камараш шикаст. Чаро?
Чунки зери бори ҳукумати ISI (Ой Эс Ой)- и Покистон рафтанд ва ISI низ аз вуҷуди онҳо истифодаи сиёсӣ кард. Ҳатто ҳамин узбакҳоро, ки Устод Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳ ба онҳо кумак мекарданд, ISI алайҳи мо дар ҷанг ба кор гирифт. Имрӯз Ҳаракати исломии Узбакистон зарбаи сангине хӯрда. Имрӯз тамоми марзҳо барои онон баста аст. Аммо аз баракати талоши устод Раббонӣ ва омир Масъуди шаҳид Наҳзат дар худи Тоҷикистон ҳамчунон зинда аст ва фаъолият мекунад. Бо ин тадбири устод насли ҷавони Тоҷикистон кушта нашуд, номуси Тоҷикистон беиззат нашуд ва тоҷикон обрӯмандона ба хонаву кошонаи хеш баргаштанд. Раҳбарони наҳзати исломии Тоҷикистон баъдҳо мефаҳманд, ки устод Раббонӣ чи хидмате барои Тоҷикистон карда. Таърих ҳам баъдан дар бораи хадамоти устоди шаҳид қазоват хоҳад кард. Имрӯз нигоҳ мекунем, ҳам Тоҷикистон якпорча аст, ҳам мусалмонон фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ доранд ва ҳам миллати тоҷик дар дохили Тоҷикистон як ҳукумати воҳид доранд. Ин ба хайри миллати тоҷик буд.
Раҳбарони мухолифини тоҷик як теъдодашон миёнарав буд, баъзеашон зери нуфузи ISI Покистон қарор гирифта буданд ва бархе дигар низ хоҳони саҳм дар ҳукумати феълии Тоҷикистон буданд. Устод Раббонӣ як соли дароз барои мутақоид кардани ҳамаи онҳо ба сулҳ талош кард. Агар устод ин корро намекард, Иттиҳоди мухолифин ба гурӯҳҳои мухталиф таҷзия мешуд ва аз ҳам мепошид. Мо бар асоси таҷрибаи ҳаракатҳои сиёсии Афғонистон аз парокандагии наҳзати Точикистон ҷилавгирӣ кардем.
«Ҳамсоя намехоҳад, то мо осуда бошем»
- Ҷолиб аст, чаро таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳоло дар ҳалли қазияи Афғонистон амалӣ намешавад?
- Миёни Тоҷикистону Афғонистон як фарқи аҷибест. Тоҷикистон аз нигоҳи сохтори қавмӣ тақрибан якзабон аст, аз нигоҳи фарҳанг низ яксон аст, аз нигоҳи салиқа ҳам ба ҳам наздиканд. Ташкилоти иҷтимоии Тоҷикистон низ якдаст аст. Ин хеле имтиёзи бузургест. Аммо Афғонистон як кишвари дорои забонҳои мухталиф, нажоди мухталиф, фарҳанги мухталиф ва дорои бофти иҷтимоии мухталиф аст. Аз сӯи дигар ҳамсояи мо, ҳамсояи номатлуб аст ва нагузошт, ки мо вахдат дошта бошем.Ой Эс Ой-и Покистон аз зуҳури инқилоби мо, ки мудохила мекард то имрӯз. Дар миёни раҳбарону аҳзоби мо ихтилоф эҷод кард ва аз ин тариқ нагузошт, ки ваҳдати миллӣ дар Афғонистон шакл бигирад. Устод Раббонӣ барои ташкили як давлати фарогир ва қудратманд дар Афғонистон талоши зиёд кард, аммо масоили қавмӣ, нажодӣ, саҳмхоҳӣ ва носиюнолисм миллати Афғонистонро табоҳ кард. Ба хотири таҳаққуқи ҳамин ормон буд, ки устод Раббонӣ қудратро ба Карзай таҳвил дод ва то охир дар дохили Афғонистон зиндагӣ кард, зеро ӯ танҳо раиси ҷумҳуре буд, ки аз ҳимояти мардумӣ бархӯрдор буд. Устод ба хотири таҳаққуқи ҳамон ормони баланд раёсати Шӯрои Сулҳро ба душ гирифт ва саранҷом дар ҳамин роҳ қурбонии Сулҳ шуд.
Ҳақи тоҷикон дар сулҳу ҷанги Афғонистон бояд дар назар гирифта шавад
- Ба шуниди ман бисёре аз раҳбарону шахсиятҳои бонуфузи тоҷик дар Афғонистон аз ҷумла шахси шумо мухолифи тасмими устод барои пазириши раёсати Шӯрои Олии Сулҳ будед. Далел ва посухи устод дар баробари ин ҳаракат чи буд?
- Он замон ман хориҷ аз Афғонистон будам ва ин хабарро аз тариқи расонаҳо шунидам. Пас аз се моҳ, ки дохили Афғонистон рафтам, устод маро хост ва даъват кард, ки шумо низ ба Шӯрои Олии Сулҳ биёед. Ман дар посух гуфтам, ки устод, ман бо ин давлат аз ҳамон аввал мухолиф будам ва ҳоло ҳам мухолифаш ҳастам ва шомили Шӯрои сулҳ намешавам. Ман муътақидам, ки ин шӯро натиҷа намедиҳад ва шуморо қурбонии сулҳ мекунанд. Устод Раббонӣ посухи хубе дод. Ишон фармуданд: "Мавлавӣ соҳиб, агар ман дар миён наёям ва Афғонистонро аз ин вазъият наҷот надиҳам, кишвар чандпорча мешавад. Афғонистон бори дигар ба ошӯбу бадбахтии ҷадид кашида мешавад. Миллати мо дигар тоқати ин ҳама ранҷу сахтиро надорад. Сӣ сол ин миллат ранҷ кашид, бояд ин миллатро аз ин ҳолати буҳрони наҷот бидиҳем. Дуввум, мо тоҷикон дар тули таърих барои сарафрозии Афғонистон мубориза кардаем ва дар ин мактаи замонӣ, ки бозиҳои байналмилалии ҷадид атрофи Афғонистон оғоз шудааст ва муодилоти қудрат дар ҳоли тағйир аст, мо набояд худро канор бикашем. Мо тоҷикҳо бояд нақши меҳварии худро дар қазоёи Афғонистон ҳамчунон ҳифз кунем, то нируҳои байналмилалӣ дарк кунанд, ки бидуни дарназардошти манофеи мо ҳеч ҳукумате дар Афғонистон пойдор нахоҳад буд."
Дар воқеъ Устод Раббонӣ дар шароити бисёр баде ба аксари вилоёт сафар кард ва мавзӯи сулҳро бо гуруҳҳо ва ақвоми мухталиф дар миён гузошт ва тарҳи хуберо истифода кард ва тавфиқоту пешрафтҳои чашмгире низ дар ин роҳ ба даст овард. Аммо чун ин сулҳ ба нафъи бархе қудратҳо ва кишварҳои минтақа аз ҷумла Покистон набуд, Ой Эс Ой-и Покистон тавассути муздуронаш Устод Раббониро ба шаҳодат расонид.
Ба ҳамин тартиб, устод Раббонӣ Афғонистони якпорча мехост, устод Раббонӣ Афғонистони муттаҳид мехост, устод Раббонӣ Афғонистони сарбаланд мехост, устод Раббонӣ Афғонистони озод мехост.
Ин буд назар, биниш, басират ва ҷаҳонбинии устод Раббонӣ ба қазоёи Афғонистон.
Бидуни тоҷикон ҳеч низоме наметавонад ҳукумат кунад
- Ба унвони суоли охир ҷойгоҳи тоҷикон дар Афғонистонро чи гуна арзёбӣ мекунед?
- Дар Афғонистон як даврае буд, ки давраи сиёҳ буд. Даврони ҳукуматҳои диктотурии гузашта. Ун давраҳо фотиҳаш хонда шуд. Ҳоло фасли ҷадиде дар Афғонистон омадааст. Ба назари ман ҳеч қавме дар Афғонистон дигар наметавонад ба танҳоӣ низом бисозад. Ҳеч қавме қодир нест, ки низоми такқавмиро дар Афғонистон ба қудрат биёрад. То ҳамаи ақвом аз низом ҳимоят накунанд, ун низом пойдор намемонад. Яке аз ақвоми муҳиме, ки дар Афғонистон таърих дорад, фарҳанг дорад, шаҳид дорад ва Афғонистонро аз буҳрон наҷот дода ва дар давраи муқовимат аз Афғонистон сарбаландона дифоъ кардааст, тоҷикон ҳастанд. Инро таърих ҳам шаҳодат медихад, дунё ҳам шаҳодат медиҳад ва муаррихин ҳам менависанд. Ҳамаи ақвоми Афғонистон аз ин сарзамин дифоъ кардаанд, аммо дар давраи муқовимат ягона қавме, ки муқовимати ҷонона кард ва Афғонистонро аз ишғоли артиши сурхи Шуравӣ ва чанголи Ой Эс Ой-и Покистон наҷот дод, ҳамин тоҷикон буданд. Имрӯз бидуни мо дар Афғонистон ҳеч низоме наметавонад ҳукумат кунад. Аз ин рӯ, мо дар ояндаи сиёсии Афғонистон нақши муҳим дорем. Дуруст аст, ки устод Раббонӣ рафта, аммо устод дар Афғонистон ҳазорон шогирду пайрав дорад. Дар Афғонистон миллати мо бедор аст ва таъриху фарҳанг дорад. Насли ҷавони мо дорои донишу фарҳангу қалам аст. Бинобарин мо дар сохтори ояндаи Афғонистон нақши муҳиме хоҳем дошт.
Сӯҳбати Беҳрӯзи Забеҳулло,
Машҳад, 20/10/2011