Ҷанги Тоҷикистон аз мактаб сар зада буд

Мусоҳиба 06.10.2011 08:20

Saidov___maktabКоҳиш ёфтани сифати таълим дар мактабҳои деҳот, ҳадафҳои носолими донишҷӯй шудани баъзе ҷавонон, аз байн рафтани арзишҳои муҳим дар илм, асари бесаводӣ ба ҳувияти миллӣ, илмомӯзӣ ва насли деҳот, ин ва дигар мавзӯҳои ҳалталаби соҳаи маориф аз мушкилиҳое мебошанд, ки ҳалли худро намеёбанд. Чаро? Одатан дар ин мавзӯҳо бештар андешаҳои омӯзгорони шаҳрӣ ироа мегардад. Ин навбат дар остонаи Иди муаллимон суоли рӯз аз як нафар омӯзгори собиқадор, директори мактаби таҳсилоти умумии №36-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Холмаҳмад Саидов пурсида шуд.

Ба гуфти мусоҳиби мо бесаводии ҷомеа ҳам мисли бемориҳои инсон як хусусияти бад дорад, ки иқдоми бартараф кардани он ҳарчӣ қадар дертар гирифта шавад, ба ҳамон андоза ҳалли он мушкилу мураккабтар мешавад. Нишонаҳои бесаводӣ ҳанӯз аз даврони гузариш аз режими сусиёлистӣ мушоҳида мешуд. Дар охир пошхӯрии империяи бузурги Шӯравӣ ҳам аз бесаводии садрнишинони вақт сар зад. Ҳатто баробари гуфтани ин ки, камбуди маънавие, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба гирдоби ҷангу хунрезиҳо кашид, аз куҷо маншаъ мегирад, аввалтар моро ба ёди мактаб мебарад. Агар гӯем, ки яке аз саббабҳои сар задани ин ҷанг аз мактаб шурӯъ шуд, хато нахоҳем кард. Ҳолномаи қаҳрамонҳои манфури ин ҷанг гувоҳи ҳол аст, ки бештари онҳо аз ҷумлаи толибилмони ақибмонда буда, ҳатто мактаби миёнаро пурра нахонда будаанд. Мегӯем, ки ин як ҷанги таҳмилӣ буд, дуруст аст. Зеро ҷангро барои мардуми маданию босавод таҳмил карда наметавонанд. Ҷомеаи бесавод осебпазир аст.

Мактаби олӣ- паноҳгоҳ аз "облава"

- Муаллим, аз он ҳодисаҳои мудҳиш солҳои зиёде пушти сар шуд, аммо сифати таълим дар мактабҳо, ба хусус деҳот ҷавобгӯйи талаботи рӯз нест. Сабаби коҳиш ёфтани сифати таълимро дар замони осоишта чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Агар даҳ сол пештар норасоии омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мавҷуд набудани воситаҳои таълиму дигар мушкилот ба сифати таълим таъсир мерасонид, имрӯз решаи ин иллатро бояд аз донишкадаҳои муаллимтайёркунӣ ҷустуҷӯй кард. Зеро баъзе ҷавонон танҳо барои гурехтан аз хидмати ҳарбӣ ба донишкадаҳои омӯзгорӣ дохил мешаванд. Кор ба дараҷае расидааст, ки дигар дар вақти комиссияи қабул ба хислатномаи довталабон диққат намедиҳанд. Замоне толибилмон барои хислатномаи хуб гирифтан солҳо бо баҳои хубу аъло хонда, дар корҳои ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок мекарданд. Имрӯз хислатномаи довталабон барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ арзише надорад. Ҳол он ки ба факултаҳои омӯзгорӣ бояд танҳо нафароне дохил шаванд, ки воқеан ҳам дилдодаи ин касбу ҳунар мебошанд. Имрӯз давлат барои беҳдошти сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимӣ диққати зиёд медиҳад, аммо муҳимтарин тадбир - интихоби дурусти довталабон ба факултаҳои омӯзгорӣ дуруст роҳандозӣ нашудааст. Яъне қабули довталабон ба факултаҳои омӯзгорӣ дигаргуна ба роҳ монда шавад. Аввал бо дарназардошти талаботи ин ё он ноҳия ба кадр, дуввум хислатномаи довталаб ва нишондиҳандаи шаҳодатномаи хатми мактаб ба назар гирифта шавад. Бояд ба факултаҳои омӯзгорӣ мо толибилмонеро гулчин карда интихоб намоем, ки дар дил ҳавасу орзуи омӯзгор шудан доранд.

Фосидонро аз мактабҳо бадарға кунед

- Маълум аст, ки як сабаби коҳиш ёфтани сифати таълим ин фасод дар мактабҳои олӣ мебошад, ки курсии донишҷӯйиро нафароне бесавод бо ҳар роҳу восита ишғол мекунанд. Оё пеши роҳи ин раванди носолимро гирифтан имкон дорад?

- Агар ташабускори пешгирӣ аз тақаллубкорӣ дар кори комиссияи қабули довталабон ба мактабҳои олӣ, на як-ду нафар, балки кулли ҷомеа саҳим бошанд, амалӣ шудани ҳамагуна иқдоми хайрхоҳона имконпазир аст. Фасод ҳам аз оғози дунё андак-андак афзун шуда, омадааст. Ин кори номатлуб амали доимии ашхоси бесавод аст, ки бо ҳар роҳу восита соҳиби вазифа шуда, рӯз ба рӯз соҳаро хароб мекунанд ва оқибати кори худро дарк намекунад. Охир бесавод ҳувияти миллӣ надорад, дигар чӣ ҷойи ислоҳ кардани ин гуна ашхос аст. Онҳоро бояд ошкор ва аз соҳаи маориф бадарға кард.

Бояд бигӯям, ки сол то сол таъмини шаффофият зимни қабули довталабон ба мактабҳои олӣ дар ҳоли беҳтар шудан аст. Ба хусус дар соли гузашта аз мактаби мо ду нафар хатмкунанда бо дониши худ ба донишгоҳи тиббии кишвар дохил шуданд.

Оне, ки гуфт: "Нони муаллим ҳаром аст", фитнагар буд

- Оё он нуфузу эътибори хосеаро, ки касби омӯзгорӣ дар гузашта, ба хусус солҳои 1970-1980 - уми асри ХХ дошт, имрӯз ҳам дорад?

- Аслан дар инсон ба хусус насли наврас орзую ҳавас нисбат ба ин ё он касбу ҳунар, дар асоси мушоҳидаи онҳо аз зиндагӣ пайдо мешавад. Агар омӯзгор ба равони шогирдон таъсир расонида натавонад, насли наврас аз мушоҳидаҳои худ мебинанд, ки намояндагони кадом касбу кор зиндагии хубу осоишта доранд ва орзу мекунанд то мисли онҳо бошанд. Дар мисоли замони наврасии мо ҳарчанд калонсолон орзу доштанд, ки фарзандонашон касбҳои муҳандис, агроному духтурро интихоб кунанд, аммо устоди мо Абдулло Холов меҳру муҳаббати ин касбро дар дили мо наврасон ҷой кард. Баъдан ҳарчанд бо талабу хоҳиши бародару падарам ба Донишгоҳи политехникӣ дохил шудам, аммо баъди ду соли хониш, тарки донишгоҳ карда, аз нав ба Донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченко дохил шуда, ба орузи худ расидам. Мо чунин тарбия ёфта будем, ки ҳам эҳтироми калонсолони оиларо ба ҷой меовардем ва ҳам аз пайи амалӣ шудани орзуҳои хеш ҷаҳду талош мекардем. Ҳарчанд дар замони мо баъзе бо ном муллоҳои бесавод "фатво" медоданд, ки "нони муаллим ҳаром аст", аммо мо ҷавонони вақт сиёҳро аз сафед ба хубӣ фарқ карда, ба фитнаҳо дода намешудем.

Дар замони ҳозир, агар омӯзгорон касби худро дӯст дошта, аз таҳти дил кор кунанд, мисли устодони худ таваҷӯҳи шогирдонро ба касби омӯзгорӣ ҷалб кунанд, омӯзгор боз нуфузу обрӯи хоса пайдо мекунад. Агар инсон ба касбаш ишқ дошта бошад, ҳеч гуна шароити иҷтимоӣ монеъи амалӣ шудани орзуву ҳадафҳои ӯ шуда наметавонад.

"Сиёсат"-и каланди Қарахон

- Омӯзгорон сабаби коҳиш ёфтани сифати таълимро аз бетаваҷҷуҳии оила медонанд, волидайн мегӯянд, ки аз норасоии омӯзгорони баландихтисос фарзандони онҳо бесавод мемонанд. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?

- Барои ҷалби таваҷҷӯҳи наврасону ҷавонон ба илму донишандӯзӣ оила таъсири бештар расонида метавонад. Дар деҳаи мо амаки Қарахон гуфтани як деҳқон аст. Як сол дар хонааш меҳмон шудаму дар атрофи сатҳи дониши фарзандаш сӯҳбат кардем. Ӯ рафта каландашро оварда, ба писараш хитоб кард: "Алишер, ҳамин каланд аз бобят ба ман мерос мондааст. Хоҳиш дошта бошӣ, мехонӣ, мисли устодонат соҳиби касбу кори хуб мешавӣ. Агар хондан нахоҳӣ, ҳамин каланди бобоӣ садқаи сарат, онро ба ту бахшидам. Аз ин ҳодиса 15 сол гузашт. Имрӯз фарзанди амаки Қарахон дар Амрико рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, ба волидайнаш ваъда додааст, ки унвони докториро ҳифз карда, баъд ба Ватан бармегардад. Яъне волидайн бо як сухани бомаврид метавонанд, ҷаҳони фарзандонро дигар кунанд.

Ба низоми таълими 12 сола омода нестем

- Оё зарурияти таъсиси мактабҳои типи нав дар деҳот пайдо нашудааст? Зеро мушоҳида мешавад, ки солҳои охир бисёр аз оилаҳои деҳот ҳам фарзандонашонро барои таҳсиломӯзӣ ба литсею гимназияҳои шаҳр мефиристанд.

- Бояд дар сатҳи ҳар як ҷамоати деҳот як мактаби муъосир нав таъсис дода шавад. Таъсиси мактабҳои усули нави таълим байни макотиб рақобати солим эҷод мекунад. Баъдан барои ҷалби мардуми деҳа ба илмомӯзии фарзандонашон таъсири мусбат мерасонад. Деҳотиён имкон пайдо мекунанд, ки аз ҳисоби даромади хоҷагиҳои деҳқонии худ таълими фарзандонро маблағгузорӣ кунанд. Умуман аз сокинони шаҳр дида, аҳолии деҳот имконияти бештари бо усули шартнома омӯхтани фарзандонро доранд.

- Ҳанӯз соле қабл масъалаи гузаштан ба усули таълими 12 сола матраҳ мешуд. Баъзе мутахассисони соҳаи маориф омодагии ҷомеаи моро барои гузаштан ба низоми нави таълим эълон доштанд. Оё дар шароити деҳа амалӣ намудани ин ислоҳот имконпазир менамояд?

- Албатта замони муъосир усулҳои нави таълимро талаб мекунад. Дар баробари ин рушди фарҳангу иттилоот, синамо, компутеру интернет, ки маънавиёти насли наврасро дигар кардааст ва баъзе унсурҳои усули таълими Шӯравӣ дар таълими насли имрӯза коромад нест. Аммо барои пурра гузаштан ба усули таълими 12 сола мо алъон шароит надорем. Барои ба низоми таълими 12 сола гузаштан, танҳо барои мактаби мо 10 синфхонаи иловагӣ лозим меояд. Аз ин рӯ то пайдо кардани заминаи иқтисодӣ барои гузаштан ба таълими 12 сола бояд ба таълими иловагии насли наврас тариқи ташкили муаллими хонагӣ, ба роҳ мондани таълими интерактивӣ, таъсиси мактабҳои типи нав усули таълимро марҳила ба марҳила бояд тағйир диҳем.

Ҳолнома: Холмаҳмад Саидов, фаъолияти омӯзгориро соли 1967 аз роҳбарии пионерони мактаб оғоз карда, аз соли 1973 то 1980 омӯзгори фанҳои нақшакашӣ ва риёзӣ, соли 1980-1989 ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия ва аз соли 1989 то имрӯз директори мактаби №36-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мебошад. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени Дӯстии халқҳост. Муҳимтар аз ҳама Ӯ як муаллим аст, муаллиме, ки ба пешааш ишқ дорад.

Мусоҳиб Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97