Академик Раҳим Масов: «Тибқи ҳуҷҷатҳо мо ҳаққи даъвои Самарқанду Бухороро дорем»

Мусоҳиба 24.09.2011 09:54

(Идома аз шумораи пешин)

Чаро Узбакистон аз Масов метарсад?

Rahim_Masov_05- Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфта буд, ки Чин агар хоҳад то Хоруғ меояд…

- Номаъқул кардааст Чин ва ҳам касе чунин мегӯяд. Чин дар замони Шӯравӣ даъвои Осиёи миёнаро гирифтан дошт. Гӯё як вақт ҳамин қаламрав зери итоати Чин будааст. Охир ин хел намешавад. Ин таърих аст. Империяҳо меоянду мераванд, қаламрави давлатҳо тағйир меёбад. Як вақт Осиёи миёнаро арабҳо забт карданд, баъдтар муғулҳо ин ҷоро соҳиб шуданд, чӣ имрӯз бояд Арабистони Саъудӣ ва Муғулистон даъво пеш оранд, ки заминамонро гардонда диҳед?! Не, ин тавр намешавад. Ҳамин Чинро ҳам муғулҳо забт карда буданд, вале имрӯз даъвои ба хоки Чин соҳиб шуданро надоранд. Хоки тоҷик ҳам зиёд табартақсим шудааст, вале мо даъво намекунем- ку. Соли 1895 Англияву Русия хоки моро тақсим карданд, соли 1920 бори дуввум хоки тоҷикро табартақсим карданд ва соли 1924 бори сеюм қаламрави аҷдодии моро гирифтанд. Дар ҳамон Шартномаи тақсимоти ҳудудӣ- миллии соли 1924 навишта шудааст, ки ин амал саросема ва табарвор сурат гирифтааст ва барои дубора ба тақсимоти боадолатона бозгаштан зарур аст. Яъне мо имрӯз ҳақ дорем, ки талаб намоем то тақсимоти боадолатона сурат бигирад. Давлати узбакҳо чаро аз Масов метарсад, барои ҳамин, ки ман он ҳақиқати таърихро рӯи об баровардам. Аз он метарсанд, ки мо тибқи ҳамон ҳуҷҷати таърихӣ даъвои гирифтани Самарқанду Бухороро пеш меорем. Ҳамин вилояти Сарикӯли Чин ҳамааш тоҷик аст, пеш дар қаламрави хонигарии Ҳуқанд буд. Чун Тоҷикистон таъсис ёфт, ин қаламрав бояд ба мо дода мешуд. Мо набояд хоки худро ба Чин медодем, балки хоки ҳалоли худро аз онҳо талаб карда мегирифтем. Вазорати корҳои хориҷа бояд ин масъаларо пеш гузорад.

Гӯсфандҳои Сағирдаштро кӣ хӯрд?

- Аз маҳалгароӣ мехоҳам Шуморо бипурсам…

- Ман маҳалгаро нестам.

- Ман ҳам шунидаам, ки Шумо маҳалгаро нестед, вале мехоҳам аз мавҷудияти ин падидаи номатлуб дар сатҳи ҳукумат аз Шумо бипурсам.

- Мо мисли туркнажодон қабила нестем, мо маҳал дорем ва ана ҳамин чиз моро дарди сар шудааст. Мо он вақт миллати бузург мешавем, ки ҳама худро тоҷик бидонад ва маҳалгаро набошад. Мо бояд кӯлобиву хуҷандиву бадахшиву самарқандӣ набошем, ҳама тоҷик бошем. Ин дарди маҳал ҳамин хел аст, ки роҳбар, ки аз як маҳали муайян таъин шуд, намояндагони ҳамон маҳал нируву нуфуз мегиранд. Дар роҳбарии кишвар бояд беҳтарин кадрҳо, фарқ надорад аз кадом маҳале, ки бошад, гирди ҳам оварда шаванд. Роҳбарияти мо дар ин самт кӯшишҳое дорад, ки маҳалгароиву маҳалбозӣ аз байн бурда шавад. Ва ин масъала бештар ба мушовирони президент вобаста аст. Мушовирони раҳбари давлат бояд воқеъиятро ба Президент расонанд, вале онҳо намегӯянд.

- Шумо узви Комиссияи оштии миллӣ будед, дар роҳи сулҳу субот заҳмат кашидед ва бигӯед, ки сулҳи тоҷикон воқеъӣ аст ва он ормоне, ки доштед аз ин сулҳ бароварда шуд?

- Сулҳ пеши роҳи тоҷиккуширо баст. Ин дастоварди бузург аст. Боз ҳам дилам месӯзад, ки ҷанг гуфтанду ғорат карданд, 32 ҳазор гӯсфандро ҷанговарони оппозитсия дар Сағирдашт хӯрданд.

Нурӣ аз мансабталошон безор шуда буд

- Устод, ҷанговарони ин тараф намехӯрданд?

- Ин тараф ҳам хӯрданду он тараф ҳам. Вале аз Комиссияи оштии миллӣ ин ҷо шумо гуфтед, бояд бигӯям, ки ҷониби оппозитсия аз ин Комиссия сулҳу салоҳ як сӯ, фақат вазифа мехост, мансаб мехост. Ҳамин бечораи Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар гулӯяш қапида буданд, ки вазифа диҳед. Ҷанҷол буд барои вазифа, ҳатто занозанӣ мекарданд. Ин мегуфт, ки ман вазир мешавам, дигарӣ мегуфт, ки не, ман мешавам. Ҳамон мардаки Нурӣ дигар безор шуд. Ӯ маро "Падари миллат" ном мебурд.

- Чаро Нурӣ Шуморо "Падари миллат" ном мебурд?

- Ба хотири он ки ман "Таърихи табартақсим"- ро навишта будам.

- Воқеъан, Нурӣ чӣ гуна шахсият буд?

- Бисёр одами хуб буд. Як марди нуронӣ, мулоим, ботамкин, як инсони нағз буд. Ин сулҳ ва оштии миллӣ асосан бо хидматҳои ду кас ба даст омад; Президент ва Нурӣ. Агар ҳамин ду шахсият розӣ намешуд ва ба як қарор намеомаданд, ҳич чиз намешуд.

"Сарбозони рус биёянд, ҳич зиён надорад"

Rahim_Masov_04- Имрӯзҳо аз бозгашти дубораи сарбозони рус ба марзи Тоҷикистон расонаҳои хабарии русӣ ва ҳатто сиёсатмадорони маъруфи Русия зиёд сӯҳбат мекунанд. Назари Шумо дар ин бора чист?

- Ман тарафдорам, ки сарбозони рус биёянд. Сарбозони русро мо мардуми наздимарзӣ хуб медонем, бо аҳолӣ муносибати хуб доштанд. Агар биёянд ва ҳамон гуна хуб муносибат кунанду сарҳадро якҷоя бо сарбозони мо ҳимоя кунанд, ягон бадӣ надорад. Аз он ки онҳо меоянд ва сарҳади моро бонӣ мекунанд, ин ба Истиқлоли мо чӣ зиён дорад? Баракс проблемаи нигаҳбонии сарҳад, мушкилоти дигар аз байн меравад.

- Охир мо як кишвари соҳибистиқлолем, ин чӣ тавр мешавад, ки марзи як давлати соҳибихтиёрро артиши як давлати дигар ҳимоя бикунад?

- Ҳамин Арманистон соҳибистиқлол аст, вале дар хоки он низомиёни рус ҳастанд, дар Абхазистон ҳам. Мо агар бо Русия шарикем ва аъзои ИДМ ва дигар созмонҳо ҳастем, пас агар ҳамдигарфаҳмӣ кунем, хуб аст. Аз он ки Истиқлол бигӯему як тоҷикбачаи гуруснаву пойлучро дар дифоъи марз бигзорем, оё беҳтар нест, ки бо русҳо ва аз ҳисоби русҳо ин сарҳадро тоҷикон ҳимоя кунанд. Имрӯз давлат имкону шароите надорад, ки постгоҳҳои марзиро бо технология ва таҷҳизоту аслиҳаи навтарин таъмин бикунад. Аскарбачаҳоро бо ғизо ва пӯшок таъмин намояд. Беш аз 3 ҳазор километр марзро осон нест, ҳимоя кардан. Болои ин марзи Тоҷикистонро бо Чин, Узбакистон ва Қирғизистон ҳам мустаҳкам кардан даркор. Ин шӯхӣ нест. Як саҳар мехезем, ки дар пеши хона ҳама узбакӣ гап зада истодаанд, ҳуҷум кардаанд. Ҳозир ба ҳамаи ин корҳо зӯри давлати мо намерасад.

Маҳмуд омад, ҳама гурехт

- Оё хатари ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев аз Узбакистон ба хоки мо имкон дорад?

- Соли 1998 вақте Маҳмуд ба Хуҷанд ҳуҷум кард, ман бо раҳматии Лоиқ Шералӣ он ҷо будам. Тамоми раҳбарони идораҳои вилояти Суғд гурехтанд, ба истиснои як- ду нафар қариб ҳамааш аз тарси ҳамлаи Худойбердиев ба ҳар сӯ фирор карданд. Хуҷанд бесоҳиб монд. Ана биёву бигир. Ин ҳолатро ман дар ҳеч кишвари ҷаҳон надидаам. Дар Душанбе омадем ва дар ин бора гуфтем. Қариб дигар ба Хуҷанд моро рафтан намемонданд. Ҳама гурехта буд, раиси вилоят, кумитаи амният, бисёр мансабдорони дигар гурехтанд. Як журналисти мастчоҳии бечора аз телевизион Маҳмуди хунхор мегуфт, мардумро шердил мекард, дигарон гурехтанд. Бубинед, Маҳмуд то Хуҷанд омад ва касе пеши роҳашро гирифтан натавонист. Ҳозир ҳам ҳамин хавф ҳаст, вале он ҷо нируҳои тоза ва ватанпарастро ҳукумати Тоҷикистон мустақар кардааст. Ин дафъа агар қасди омадан кунад, ҳатман ҷавоби сазовор мегирад.   

Сӯҳбати Толибшоҳи Сайидзода


©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97