Академик Раҳим Масов: « Зарур шавад, меҷангем»

Мусоҳиба 13.09.2011 09:33

(Идома аз шумораи гузашта)

Колхозҳоро бояд барҳам намедодем

MaSOv_0102- Хуб, дар мавриди ин ки тайи ин 20 сол чӣ дастоварде дорем ва ё оё метавонистем аз ин бештар комёбиву пешрафт дошта бошем?!

-Агар шумо имсол боре ба ҷануб ё шимол ё шарқи кишвар рафта бошед, мебинед, ки роҳҳои хубе дорем. Ғайр аз ин роҳҳо дар тамоми фасли сол чӣ зимистону тобистон бозанд, туннелҳои хуб сохта шудаанд. Дигар ин ки ниругоҳҳои зиёди барқи обӣ бунёд шуданд, ки ин барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Мо аз камбуди барқ азоб нахоҳем кашид, пеши дигарон мӯҳтоҷ намешавем. Камбуди асосӣ дар замони Истиқлол ин буд, ки мо бояд колхозу совхозҳоро барҳам намедодем, бояд ҳатман он сохторро нигоҳ медоштем, чунки ин хоҷагиҳои деҳқонии навтаъсис моро сер кардан наметавонанд. Як ду деҳқон бигзор замини бисёр ҳам дошта бошанд, бо белу каланд чӣ кор карда метавонанд? Колхозу совхозҳоро мешавад, ки бо техникаву трактор таъмин намоем, вале ин қадар хоҷагии деҳқониро чӣ тавр бо техникаи кишоварзӣ таъмин мекунем? Ва ин хоҷагиҳо ҳич вақт зӯрашон ба харидории трактору комбайн намерасад. Бо белу дос он деҳқон худашро сер кардан наметавонад. Дар хотир доред, совхози "Сағирдашт"- и ноҳияи Дарвозро, ки ними ҷумҳуриро бо гӯшт таъмин мекард. Дар ин хоҷагӣ 32 ҳазор гӯсфанд буд. Раисаш Бодамаевро дар тамоми ҷумҳурӣ мешинохтанд. Ва баъд гӯсфандонашро "муҷоҳидон"-и тоҷик хӯрданд.

«Язгуломиҳоро ҷанҷол кардам»

- Кадоме аз муҷоҳидон?

- Бачаҳои Мирзо Ҷага. Ман Ҷагаро ҳамон солҳои ноамнӣ дар Ванҷ дида будам. Гуфтамаш; ин ҷо биё, ту кистӣ? Гуфт, ки ман Мирзо. Гуфтам дурӯғ нагӯ, ту Мирзо Ҷагаӣ ва медонӣ чаро Ҷага ном гирифтаӣ? Барои он ки ту ба қаҳрамони филми ҳиндии "Оворагард" монанд будаӣ, ки ӯ Ҷага ном дошт. Гум шав аз ин ҷо!

Медонед, гап задан натавонист. Баъд аз одамон рафта мепурсад, ки ин кӣ аст. Ба ӯ мегӯянд, ки ин ҳамон Масов аст.

- Ҳайронам, ки чаро Мирзо Ҷага аз Шумо тарсидааст, ӯ мумкин буд, ки шуморо паронад.

- Киро, Масовро?

- Бале!

- Масовро дар ватанаш, эҳа. Он ҷо дар маркази ноҳияи Ванҷ занҳои ванҷӣ ҷамъ буданд, ки муаллим Масов омадааст.

- Шояд Мирзо эҳтироми домоди ванҷиҳо буданро нигоҳ дошт?!

- Хайр, ин Ҷага худӣ буд, зани ванҷӣ гирифт. Ин язгуломиҳо ба як аҷнабӣ, ба Ҷумъаи намангонӣ духтар дода буданд. Ва ман язгуломиҳоро ҷанҷол кардам. Гапҳои сахт гуфтам. Агар маро қаҳр кунад, бароям зӯр ё авторитет вуҷуд надорад.

- Мегӯянд, ки Шумо бархе аз кормандони Пажӯҳишгоҳ, яъне зердастонатонро мезанед?

- Ҳич вақт, ман ин одатро надорам.

- Дар ҷавонӣ муштзӯрӣ мекардед?

- Ҷавониву шӯру шар аст дигар.

"Аз "Растохез" безор Будам"

- Назари Шуморо дар мавриди созмони мардумии "Растохез", ки ба он шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, донишманди барӯманди тоҷик, муаллифи Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон раҳбарӣ мекард, донистан мехоҳам. Мегӯянд, ки Шумо ҳам узви созмони "Растохез" будед.

- Ман на аъзо будам ва на ҷонибдори "Растохез." Ҳич вақт! Абдуҷабборов як хатогӣ дошт, ки одамони намоёнро напурсида, ба аъзогии "Растохез" қабул мекард. Вақте фаҳмидам, ки номи ман ҳам дар рӯйхати аъзои "Растохез" ҳаст, ба ӯ гуфтам; кӣ туро гуфт, ки чунин бикун?! Ман аз номи "Растохез" безор будам. То ҳозир билети аъзои Ҳизби коммунист бо ман аст, насупоридаам. Мегӯянд, ки "Растохез" дар бедориву Истиқлол нақш дошт, ман мегӯям, ки ҳичи бало надошт. Ҳамон раҳбараш ҳам намешуданӣ буд. Ҳич нақш надошт. Он вақтҳо якчанд созмонҳо пайдо шуданд, аз қабили "Растохез", "Зарафшон", "Лаъли Бадахшон" ва ғайра, ки ягон нақшаи дуруст барои пешрафти миллат надоштанд. Дар ҳамон ибтидои солҳои 90- ум бадбахтии тоҷик ҳамин буд, ки як раҳбари донишманду огоҳ, ки ба дарки воқеъоти замон бирасад ва миллатро бо роҳи дуруст пеш барад, надошт, пайдо нашуд.

"Мо барои Истиқлол мубориза набурдаем"

- Чанде қабл пешниҳоде шуд, ки ба собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон марҳум Қадриддин Аслонов унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад. Мехостам андешаи Шуморо ҳамчун таърихдон дар ин масъала ва дар масъалаи киҳо бояд ин унвони баландро дошта бошанд, бифаҳмам.

- Барои чӣ ба Аслонов бояд унвони қаҳрамонӣ дода шавад?

Ин қаҳрамонӣ нест. Истиқлол ба мо дода шуд. Мо барои истиқлолу озодӣ ҷанг накардем, мубориза набурдем, мисли Ҳиндустону дигар кишварҳо. Ба мо гуфтанд, ки СССР тамом шуд, ҳама озоду мустақилед, равед! Мо бояд аз сохти коммунистии Шӯравӣ миннатдор бошем, ки моро соҳиби давлат карда буд. Ҳамон вақт ҳам парчам доштем, гербу гимн доштем. Ҳама аломатҳои давлатдориро доштем. Ташаккур гуфтан даркор ба Сталин, ки соли 1929 барои мо ҷумҳурӣ сохт. Ин марди бузург тоҷиконро дӯст медошт.

- Шумо ба Сталин эҳтиром доред?

- Бисёр сахт. Сахти сахт.

- Мегӯянд, ки ӯ миллионҳо одамонро террорву, бадарға кард.

- Номаъқул кардаанд касоне, ки чунин мегӯянд. Шумо хаёл мекунед, ки аз як сохт ба сохти дигар гузаштан осон аст. Он вақт Сталин ва давлати Шӯравӣ миллионҳо душман дошт, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ.

Сталин террорист буд?

- Ҳамин муллоҳову эшонҳои тоҷик қариб ҳамааш террору бадарға шуданд. Инҳо ҳам душман буданд?

- Сталин аз куҷо медонист, ки дар Душанбе муллоҳоро кушта истодаанд.

- Хуб бигирем Сталин аз куштани муллоҳо хабар надошт, вале намедонист, ки раҳбарони Тоҷикистон чун Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум ба қатл расиданд ва на ин ҷо дар Душанбе, балки дар пеши чашми Сталин, дар Маскав онҳоро парронданд?

- Ин ҷо айби мақомоти ҳуқуқиву низомии ҳамон вақт буд, амнияту милисаву прокуратураву ва ғайра, ки ба Сталин ахбори ғалату дурӯғ дар бораи ин ё он роҳбар, вазъияти ин ё он ҷумҳурӣ пешниҳод мекарданд. Ва Сталин ба мақомоти худ бовар мекард.

- Масалан Сталин метавонист як бор бо Шоҳтемур ё Махсум мулоқот кунад ва ҳақиқати ҳолро аз худи раҳбарони аввали Тоҷикистон бифаҳмад.

- Сталин вақт надошт. Замон ҳамон хел буд. Шумо як бор Сталинро хонед, гапи дигаронро гӯш накунед. Дар асри ХХ аз Сталин бузургтар касе нест. Ӯро Черчиллу Рузвелт эътироф мекарданд. Яҳудиёнро аз нестшавӣ Сталин наҷот дод, вагарна Гитлер ҳамаашонро мекушт. Имрӯз яҳудиён зидди Сталин гап мезананд.

Ин роҳбарӣ ва истеъдодро Худо медиҳад. Бо Масов ҳазор кас якҷо донишгоҳ тамом карду кор кард, вале роҳбарӣ насиби Масов аст. Ҳама роҳбар намешаванд.

Масов дар муқобили ду академик ва як профессор

- Аз нигоҳи Масов, Шумо раҳбари хубед?

- Инро ман намедонам. Ман як раҳбари одил, обективӣ ва сахтгир ҳастам, ки 23 сол дар вазифаи директори Институти таърих кор мекунам. Ва умуман ман як умр раҳбар будам, сардори синф, сардори курс, котиби ташкилоти комсомолӣ, мудири шӯъба ва директор.

- Шумо чӣ хел роҳбари Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносӣ таъин шудед?

- Маро ба ин вазифа касе таъин накард. Соли 1988 ман ба ин мансаб аз тарафи кормандони институт интихоб шудам. Он вақт раҳбарон интихоб мешуданд. Мо чаҳор номзад будем ва ман қариб сад дар сади овозҳоро гирифтам.

- Киҳо буданд ҳарифонатон?

- Академик Аҳрор Мухторов, академик Нӯъмон Неъматов, профессор Мансур Бобохонов. Ва ман ғалаба кардам.

- Ҳарифонатон воқеъан шахсони шинохта ва бақувват будаанд.

- Ана дидӣ, ту ҳам эътироф кардӣ. Ман барои он интихоб шудам, ки ҳақ кор мекардам, дурӯғ намегуфтам.

Замине, ки додем, пур аз сарватҳои нодир аст

MaSOv_0101- Биёем сари ҳамон эътирози Шумо дар мавриди додани замини Тоҷикистон ба Чин. Шумо ягона будед аз олимони тоҷик, ки дар ин бора ошкоро изҳори назар кардед ва гуфтед, ки ба он санади марбут ба додани замин имзо нагузоштаед, то дар таърих номатон ба бадномӣ ёд нашавад. Баъдан вазорати умури хориҷа гуфт, ки Масов узви он Комиссиюн набуд.

- Ман узви он Комиссиюн будам.

- Узв будед ва баъдан Шуморо аз он хориҷ карданд?

- Ман гуфтам, ки имзо намемонам. Ман муқобил будам. Ин замоне буд, ки Саидамир Зуҳуров, ки ман ӯро сахт ҳурмат мекунам, муовини Сарвазир буданд. Ӯ инро медонад. Як зан дар ҳамон комиссия гуфт, ки ҳамон маконе, ки ба Чин медиҳем чӣ гуна мавзеъ аст, гуфтанд, ки кӯҳсор аст. Он кас гуфт, ки хайр агар кӯҳ бошад, додан даркор, ҳич гапе не. Ман гуфтам, ки 93 дар сади Тоҷикистон кӯҳ аст, бояд ҳамаашро бидиҳем(?), ин тавр намешавад, ҳар як ваҷаб сарзамин муқаддас аст, хоҳ санг аст он ё кӯҳ. Ман яке аз геологҳои шинохтаи Тоҷикистонро, ки хеши наздики ман аст, пурсида будам, ҳамин мавзеъе Чин талабгор шудааст, чӣ дорад, ӯ гуфт, ки зери он замин бойигариҳои нодир хоб аст. Чин замини хушку холиро талаб намекунад. Онҳо медонанд, ки он ҷо маъдани камёб аст. Як кас гуфт, ки агар талаби Чинро иҷро намекардем, онҳо ба хоки мо ҳуҷум мекарданд. Номаъқул кардаанд, ки ҳуҷум мекунанд. Ба Ветнам ҳуҷум карда буданд ва зарбаи сахт хӯрданд. Мо ҳам кам намеоем.

(Давом дорад)

Сӯҳбати Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97