Академик Раҳим Масов: «Бобоям қозӣ буд, вале ба ҳеч муллову қозӣ эътиқод надорам!»

Мусоҳиба 05.09.2011 09:52

Дар ҳаққи тоҷик ҷабр шуд

Rahim_Masov_02-Устод, сӯҳбатро аз китоби Шумо "Таърихи табартақсим" шурӯъ мекунем . Кай идеяи таълифи чунин як асари мондагор ба ёдатон расид ва чӣ Шуморо ба навиштани он китоб таҳрик дод?

- Вақте ман таърихи тақсимоти ҳудудии Осиёи миёна ва ташкили ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва худмухторро охири солҳои 80- уми асри рафта, ки дар Маскав бойгониҳо тоза боз шуда буданд, ҷиддӣ омӯхтам, бо бисёр асноду ҳуҷҷатҳое дучор омадам, ки дар ҳаққи халқи тоҷик дар вақти он тақсимот аз ҳад зиёд беадолатӣ шудааст. Дар ҳаққи қадимтарин халқи минтақаи Осиёи миёна, яъне тоҷикон бисёр беадолатона рафтор кардаанд. Мо тоҷикон мисли туркҳо халқи аз дигар маконҳо ба ин ҷо омада нестем, мо халқи муқимӣ ва бумӣ ҳастем, ва ин қаламрав ҳазорсолаҳо ватани мо будааст. Дар ибтидо, яъне дар оғози ҳамон тақсимоти ҳудудӣ- миллӣ дар солҳои 20- уми асри XX мехостанд, ки ба халқи соҳибватан, бофарҳанг ва соҳибтамаддуни тоҷик ҳатто ҷумҳурии мухтор не, дар ҳадди як вилояти мухтор ҳақ ва қаламрав бидиҳанд. Ман ҳамаи он ҳуҷҷату асноди таърихиро омӯхта, ҷамъ карда, китоби "Таърихи табартақсим"- ро навиштам.

Дар табартақсими сарзамини аҷдодӣ айби тоҷик ҳам буд

-Номи хубе ёфтед ба китобатон "Таърихи табартақсим" онро аз куҷо гирифтед?

- Дар ҳамон хулосаи Комиссияи тақсимоти миллӣ- ҳудудӣ гуфта шудааст, ки мо масъалаи тақсимоти ҳудудиро "решили топорний образом", яъне табартақсим кардем. Ва номи китобро аз худи ҳамон хулосаи Комиссияи зикршуда гирифтам.

-Ба андешаи Шумо ҳамчун як донишманди таърихдон чаро сарзамини аҷдодии тоҷикон бо чунин як шеваи бераҳмона ва ноадолатона ба дигар қавмҳо тақсим шуд? Ва гунаҳкори ин тақсимот киҳо буданд; тоҷикҳо, узбакҳо ё русҳо?

- Ин ҷо халқҳо ҳеч айбе надоранд, барои ҳамин нодуруст аст агар бигӯем, ки узбакҳо ё русҳо гунаҳкоранд. Гунаҳкор раҳбарияти онвақта аст. Ин ҷо бештар аз ҳама айби роҳбарияти тоҷикҳо буд. Ва ин ҷо айби худи тоҷик буд, ки мулку сарзамини аҷдодӣ ва бобоии худро ҳимоя кардан натавонист ё нахост ин корро бикунад.

Узбакҳо медонистанд, ки тоҷик кист

-Раҳбарони тоҷик дар он солҳо киҳо буданд?

- Абдулло Раҳимбоев, Абдуқодир Муҳиддинов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев. Лекин ҳамин Ҳоҷибоев баъдан иштибоҳоти худро дарк кард ва барои ҷумҳурии иттифоқӣ шудани Тоҷикистон хеле хидмати пурарзиш кард. Тоҷик ҳамин хел аст. Аввал бохт мебинад, бой медиҳад, баъд ақлаш ба сараш меояду кӯшиш мекунад, ки ислоҳ шавад. Инҳо ҳамаашон дар Тошканд кор мекарданд ва гумонашон буд, ки барои доимӣ дар вазифаҳояшон дар Тошканд мемонанд, вале чун Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Узбакистон эълон шуд, узбакҳо медонистанд, ки Раҳимбоев, Муҳиддинов ва Ҳоҷибоев тоҷиканд ва барояшон гуфтанд, ки ҷумҳурӣ мехостед, мана гиреду аз ин ҷо гум шавед, равед ба Душанбе кор кунед, обод кунед. Онҳоро аз Тошканд пеш карданд, зеро узбакҳо ба онҳо бовар намекарданд. Онҳо омаданд аз Тошканд ин ҷо аламзада ва мубориза ва нависонависи худро ба Маскав барои ҳаққи миллати тоҷик ва ҷумҳурии иттифоқӣ шудани Тоҷикистон сар карданд, махсусан ҳамин Ҳоҷибоев хеле корҳо кард. Вале хидмати бузургеро дар ин роҳ Нусратулло Махсум ба анҷом расонид. Махсум тоҷики кӯҳистонӣ буд, эҳсоси миллиаш хеле баланд буд, чун дар Ҳуқанд чандин сол мардикорӣ карда буд, узбакиро хуб медонист. Забони русиро омӯхта буд ва ба номи раҳбарияти Шӯравӣ аз тақсимоти беадолатонаи ҳудудӣ номаҳо навишт. Ҳамаи ин дар бойгонӣ маҳфуз аст.

Академик Диноршоев худаш ариза навишта рафт

- Чаро Шумо аз вазифаи раиси Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносӣ барканор нашудед, чун бисёриҳо он интизорро доштанд, ки академик Масов ҳам барои он сӯҳбатҳои чанд вақт пеш анҷом додааш дар расонаҳои хабарӣ ба думболи устод Қаноат аз мансаб сабукдӯш мешавад?

- Ин масъала дар ваколати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ ҳал мекунад. Хидматҳои маро роҳбари давлат ба назар гирифтанд ва ба хулосае омаданд, ки ман дар ин мансаб бимонам.

-Раёсати Академияи улум ҳам номзадии Шуморо пешниҳод намуда буд?

- Бале, дигар ҳеч номзаде набуд. Ва президент номзадии маро дастгирӣ кард.

-Мехостам бипурсам, ки чаро шахсияти шинохтае чун академик Мӯсо Диноршоев аз вазифаи ноиби раиси Академияи улум ва аз вазифаи раҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ озод шуд ва мақомҳояшро ба насли нави файласуфҳо доданд. Магар ин насли нав беҳтар аз академикҳои ба истилоҳ Шӯравӣ дониш, малака ва таҷриба доранд?

- Мӯсо Диноршоевро ман хеле ҳурмат мекунам, чанд сол ҳамсоя будем. Муносибати Диноршоев бо раиси Академия ва бо ҳама хуб буд. Дар ин байн чӣ шуд, ман намедонам. Дар баъзе масъалаҳо норозӣ буд, ба боло менавишт. Вале худаш ариза навишта аз кор рафт. Аз вазифаи ноиби раиси Академия ва ҳам аз мансаби сарвари Пажӯҳишгоҳи фалсафа ариза навишта рафт, худаш кор кардан нахост. Касе ӯро маҷбур накард, бо хости худаш рафт.

Бо 130 сомонӣ ҳамин қадар кор мешавад

-Фаъолияти Академияи улум ба назари Шумо қаноатбахш аст?

- Бо ин шароите, ки дорем, бо ин вазъи иқтисодӣ кори Академия хуб ба роҳ монда шудааст. Масалан маъоши ман 130 сомонӣ аст. Бо ин маъош бояд чӣ қадар кор кард?

- Раиси Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостоншиносӣ ҳамин қадар музд мегирад?

-Бале, дигар кормандони мо аз ин ҳам маъоши кам мегиранд. Бо ин музди маъош шукр, ки Академия ҳасту фаъолият мекунад. Ин ҷо макони илм аст, олимон кор мекунанд, дигар куҷо раванд? Ҳоло гап- гап ҳаст, ки маъоши кормандони Академияро 120 дар сад боло мебаранд. Вазъи ҷумҳурӣ ҳамин хел аст, агар хазинаи давлат ғанӣ бошад, музди маъош ҳатман боло меравад, вале дар ҳоли ҳозир ҳамин қадар имкон аст. Иқтисоди мо паст аст, барои ҳамин давлат наметавонад ба олимони тоҷик мисли Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон маъоши баланд диҳад.

-Ҳамчун академик чӣ қадар музд мегиред?

- Аз академикӣ 100 доллар мегирам. Вале гап дар сари мо академикҳо нест. Ин ҷо гап сари ҳама кормандони Академия меравад, ки бояд музди маъоши хуб дошта бошанд, чунки корро онҳо пеш мебаранд.

Забони шуғниро аз ҳар шуғнӣ беҳтар медонам

-Дар Пажӯҳишгоҳи Шумо чӣ қадар кормандон фаъолият мекунанд?

- 180 нафар корманд дорем, ки 19 нафари он номзади илм, 13 нафар доктори улум, 1 академик ва 1 тан узви вобастаи Академияи улум мебошанд. Ҷавонон ҳам ҳастанд, вале камтар. Медонед замони пеш чаро таваҷҷӯҳи ҷавонон ба илм ва кор кардан дар муассисаҳои илмӣ зиёд буд, барои он ки маъош баланд буд, пули хуб медоданд. Раиси Академияи улум он вақт аз роҳбари аввали Тоҷикистон маъоши баландтар мегирифт.

-Шумо пушаймон нестед, ки дар роҳи илм рафтед ва олим шудед?

- Не, ман ҳанӯз дар мактаби миёна мехондам ва орзуи олим шуданро доштам. Соли 1961 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти худро ба ҳайси лаборант оғоз кардам. Баъдан корманди хурди илмӣ, корманди калони илмӣ, мудири шӯъба будам ва имрӯз 23 сол боз директори институт ҳастам.

-Мактаби миёнаро дар куҷо тамом кардед, дар Ванҷ ё Хоруғ?

- Мактаби миёнаро дар Душанбе ба итмом расондам, аввал дар хонаи бачагони шаҳри Хоруғ будам, аз он ҷо ба пойтахт омадам. Замони мактабхониам дар Хоруғ забони шуғниро хеле хуб аз бар кардам, хубтар аз ҳар шуғнӣ.

Ифтихори миллӣ аз қишлоқ сар мешавад

-Чаро насаби Шумо Масов аст, мегӯянд, ки бояд Мастов бошед.

- Ин аз лаҳҷаи ванҷӣ аст, ки мастро мас мегӯянд ва ҳамин тавр насаби ман Масов навишта шуд.

-Чаро Шумо дар Хонаи бачаҳои шаҳри Хоруғ, яъне дар сағирахона таҳсил кардед, аз волидайн маҳрум будед?

-Падарамро дидаам, аз модарам ҳангоми хурд будани ман ҷудо шуда ва модарам шавҳари дигар карда рафта буд. Аз падарам ман як писар ҳастам.

Мо аз насли ашрофони ванҷӣ ҳастем. Бобоям мулло Назир таҳсилкардаи мадрасаи Бухоро ва охирин қозии Ванҷ буд.

-Шумо зиёд аз Ванҷ ёд мекунед, ҳарчанд камтари умри хеш он ҷо будед, зодгоҳатонро дӯст медоред?

- Бисёр, хеле бисёр. Ифтихори миллӣ аз қишлоқ сар мешавад, аз зодгоҳ, ҳар сангу чӯбу сабзаву дарахташ бойиси ифтихор аст. Зодгоҳ ширин аст. Аз ҳама ҷои ҷаҳон зеботарин макон барои инсон деҳаи ӯст, зодгоҳи ӯст. Ман дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шудаам, он ҷо мавзеъе ҳаст бо номи Скосм, ки он баландтарин деҳаи Бадахшон аст. Маънии "скосм", "кос", яъне баланд, боло, деҳи боло мебошад. Деҳаамро бисёр дӯст медорам. Ифтихор мекунам бо деҳи хурду баландам.

-Кай бори охир ба деҳа рафта будед?

-Дар даврони Шӯравӣ, 20 сол пеш.

-Нияти ба Скосм рафтан надорӣ?

-Имсол меравам. Насли мо қариб ҳама аз дунё рафтанд. Мехоҳам як бор биравам, зиндаҳои деҳаамро бубинам ва дар ҳаққи гузаштагон дуъо кунам.

Рӯзадор нестам ва ба муллову эшонҳо эътиқод надорам

-Шумо рӯзадоред?

- Не, ман ҳич вақт рӯза нагирифтаам. Ва намегирам. Ман танҳо ба Худо имону эътиқод дорам, дигар ба ҳеч чиз. Ба ҳеч муллову эшону қозӣ эътиқод надорам.

Охир бобои Шумо қозӣ будааст…

Rahim_Masov_01- Бобои ман қозии боадолат буд. Соли 1923 мардуми Ванҷ бар зидди аскарони Сурх ҷиҳод эълон намуданд ва бобои ман қозии Ванҷ мулло Назир аз мардум даъват кард, ки ҳамин корро накунанд, ҷиҳодро бас кунанд, аморат шикаст хӯрд, бо белу досу каланд дар по чоруқу дар тан ҷанда ба муқобили Русия, ки тӯпу пулемёти "Максим" дорад, ҷанг кардан як кори беҳуда аст. Ҳокимияти Шӯроҳо аз боло, бо амри Худо омадааст. Муҷоҳидони ванҷӣ, ки сардорашон Одина аз деҳаи Жовуд буд, гӯш накарданд ва ба қалъа ҳуҷум намуданд. Аскарони Артиши Сурх онҳоро мисли тути тар ба замин резонданд. Ва бо ҳамин тамом шуд ҷиҳод. Ва пирӯзии аскарони Сурх ба фоидаи ванҷиҳо шуд. Ҳукумати Шӯравӣ рӯи кор омад ва Ванҷ дар ҳақиқат Ванҷ шуд.

-Як рӯҳонии шинохтаи тоҷик дар як сӯҳбаташ гуфта буд, ки сабаби маҳбубият надоштани олимону академикҳои тоҷик дар миёни мардум он аст, ки аҳли фарҳанги мо аз мардуми худ дур аст, бо мардум нест. Дар намози ҷумъаву ҷаноза ва тую худоии мардум нестанд. Вале мулло шабу рӯз, дар ғаму шодии мардумаш шарик аст, барои ҳамин мулло бологузар аст. Андешаи Шумо дар ин бора чист?

Дин аз давлат ҷудост

-Фақат террору куштор, магар ин мусалмонӣ аст? (Механдад.) Ин тавр нест. Мо ҳам дар тую ҷанозаи мардум меравем, вале мо аҳли фарҳанг мисли муллоҳо наметавонем, ки дар маъракаҳои мардум аз аввал то охир ширкат намоем. Мо меравем, агар мусибат бошад таъзия баён мекунем, агар тую хурсандӣ бошад, табрик мегӯем. Дар дигар кораш чаро иштирок кунам, намекунам. Он тарафаш дигар вазифаи ҳамон муллову рӯҳонӣ аст. Ҳар кас кори худро анҷом медиҳад. Дар сарзамини мо аз асри 8 ин тараф Ислом ҳукмрон аст, чӣ шуд, ҳеч чиз. Ҳар пешрафте, ки доштем, дар давраи Шӯравӣ шуд. Афғонистонро бинед, дигар кишварҳои мусулмоннишинро бубинед, фақат қатлу куштору террор. Магар ин мусалмонӣ аст? Дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ шуд, ҳазорҳо тоҷик нест шуд. Мехостанд, ки республикаи исломӣ созанд. Мо дар ин бора ҳатман дар такя бо факту далелҳо менависем. Он ҷангро душманону бадхоҳони хориҷиву дохилии мо ташкил карданд. Магар фаромӯш кардед? Мо ҳамаашро дар ёд дорем. Бигзор муллоҳо кори худро кунанд, ба сиёсати давлату илму олим кордор нашаванд. Дин аз давлат ҷудост.

-То ҳанӯз ба ҷанги дохилии Тоҷикистон баҳои воқеъӣ дода нашудааст. Ба андешаи Шумо ҳамчун як таърихнигори шинохта дар ин бора чӣ назар доред?

- Ҷанги дохилии мо сабабҳои бисёре дошт. Ҳам омилҳои берунӣ ва ҳам омилҳои дохилӣ дар шурӯъи ин ҷанг нақш доштанд. Дар хориҷ овоза карданд, ки гӯё дар Тоҷикистон сохти коммунистӣ ва бехудоӣ аст. Дурӯғ мегуфтанд ва бо ҳамин роҳ пул ҷамъ карданд.

Менависем, ки ҷанг буд, як нофаҳмӣ шуд, тамом!

-Киҳо?

- Ҳамонҳое, ки барои исломӣ шудани Тоҷикистон манфиатдор буданд, биёед номашонро нагӯям. Ҳатто Ирон барояшон маблағҳо медод.

-Ин факт аст?

-Конечно факт аст, конечно!

-Ба кӣ?

- Ба ҳамонҳое, ки давлати исломӣ сохтан мехостанд. Эъ, Шумо дар куҷо будед ҳамон солҳо?

- Дар Тоҷикистон, дар Қӯрғонтеппа.

- О, дар Қӯрғонтеппа агар будаӣ, аз сарат гузашта будааст, медидӣ ва медонистаӣ ку? Боз мепурсӣ! Вале мо кӣ гунаҳкор аст дар ин ҷанг номашро наменависем, то бигзор насли хурдсоли мо надонад ин шармандагиро. Падару бобои як қисми насли хурдсоли мо ҷонибдори оппозитсия ва дар як тарафи сангар буд, бобову падари дигар қисматаш ҷонибдори ҳукумат дар ҷониби дигари муқовимат қарор дошт, агар мо инро нависем, чӣ мешавад? Менависем, ки як нофаҳмӣ, як ҷанг шуд, Эшмат чӣ кор карду Тошмату Рӯзмат куҷо шуд, наменависем, тамом. Моро ҷанг андохтанд, аз нофаҳмии худамон. Ин ҷанги мо ҷанг ҳам набуд, як бефаросатӣ, бемаънигӣ буд. Дар ҷанг фронт аст, нақшаи ҷангӣ аст, дар ин бора ягон ҳуҷҷат нест, шӯру ғавғо буд, куштору ғорат, тамом.

-Фронти халқӣ буд, Артиши наҳзати исломӣ буд…

-Ҳамааш гапи холӣ. Як муқовимати мусаллаҳона буд.

Ба забони русӣ мақоми давлатӣ дода шавад!

-Шумо дар ибтидои солҳои 90- уми асри рафта аз пештозони андешаҳои миллӣ будед. Вале чанде қабл дар бораи дар Тоҷикистон ба забони русӣ додани мақоми давлатӣ садо баланд кардед. Ва мегӯянд, ки академик Масов одами русҳост.

(Механдад.) - Ман то ҳозир ҳам ба ҳамин андеша ҳастам, ки забони русӣ бояд мақоми давлатӣ дошта бошад. Ин чӣ бадӣ дорад? Дар Ҳиндустону Покистон забони англисӣ дар мақоми давлатӣ аст. Аз ин ҳеч ҳиндуву покистонӣ безобита нест. Қариб нисфи тоҷикон дар Русия ҳастанд, аз русҳо дида ин барои мо фоида дорад. Русия ин Русия аст, бародар! Иқтисоди пешрафта дорад, як абарқудрати ҷаҳонӣ аст, ҳимоятгари мо беҳтар аз Русия ҳеч давлате нест. Агар ба забони русӣ мақоми давлатӣ дода шавад, ҳеч фоҷеъа нахоҳад шуд.

-Истиқлоли тоҷик халалдор намешавад?

-Ҳеч вақт, ҳеч вақт! Чӣ магар дар давраи шӯравӣ забони русӣ мақому мавқеъ дошт, ягон тоҷик забони модариашро фаромӯш кард, не! Аз насли имрӯза дида насли замони шӯравӣ тоҷикиро хуб медонад. Насли имрӯз на тоҷикиро хуб медонаду не русиро.

Замоне коммунист буд, имрӯз мулло. Ин чӣ гап аст?!

-Назари Шумо дар бораи ҳамгироии се давлати форсизабон; Ирон, Афғонистон, Тоҷикистон чист? Ё Шумо бар он андеша ҳастед, ки ҳамгироӣ бо Русия беҳтар аст?

- Агар ман бигӯям, ки тоҷиконро Русия аз нестшавӣ ва нобудӣ наҷот додааст, шумо бовар кунед. Ман инро ҳамчун як таърихчӣ мегӯям. Дар наҷоту такомули миллати тоҷикон Афғонистону Ирон нақше надоранд. Ирони замони шоҳӣ аз ҷиҳати пешрафт дар Шарқ дар мақоми дуввум буд, ҳозир нисфи ҷаҳон бо Ирон гап намезанад, муносибат надоранд. Дунё пур аз иронӣ шудааст, ҳатто Душанбеи мо ҳам. Аз дасти муллоҳо ин ҷо меоянд. Мо дар аморати Бухоро чӣ мегузашт, нағз медонем, беақливу бетартибӣ буд. Мебахшед, се- чор зан доштанду боз баъзеяш бачабозӣ ҳам мекарданд. Ба ҳеч муллову эшон эътиқод надорам.

-Магар ҳамин муллоҳову эшонҳо нестанд, ки ҷанозаи моро мехонанд…

- Эҳ ҷаноза, ҷанозахон ёфт мешавад. Як вақт коммунист буд, имрӯз мулло шудааст. Худоро фиреб кардан даркор нест. Одам бояд якрӯ бошад. Пеш муаллим буд, имрӯз ҳоҷӣ ва эшон аст. Ин чӣ гап аст?

- Ҳич гап не, агар тавба кардаву ба сӯи Худо бозгаштааст…

-Тавбааш қабул намешавад. Инсон як бор виҷдонашро фурӯхт, тамом. Одам бояд принсип дошта бошад.

-Мо дар остонаи 20- умин солгарди Истиқлоли кишварамон қарор дорем. Тайи ин бист сол мо чӣ дастоварде дорем ва оё метавонистем аз ин бештар комёбиву пешрафтҳо дошта бошем? Ва бохти мо чист?

Дар 20 соли Истиқлол панҷ - шаш соли он бо кашмокашу ҷанги дохилӣ пушти сар шуд. 5 соли дигар дар барқарор кардани харобаҳои ҷанг ва таъмини сулҳу суботи саросарӣ сарф шуд. Ва асосан мо даҳ сол аст, ки ба ободкориву созандагӣ машғул ҳастем. Хеле пешрафтҳо дорем, махсусан дар самти роҳсозӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ.

(идома дорад)

Сӯҳбати Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97