Зинатуллоҳи Исмоил: « Мо дар ҳамбастагӣ нирӯем»

Мусоҳиба 16.04.2011 10:16

Zinatullo_Ismoil_02145Зинатуллоҳи Исмоил, журналисти шинохта, раиси телевизиони "Симои мустақили Тоҷикистон" 11 апрели соли равон дар ҷаласаи раёсати Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба мақоми раиси ин Шӯро интихоб шуд. Раиси пешини ин Шӯро профессор Иброҳим Усмонов бо сабаби беморӣ аз мақомаш истеъфо додааст. Хабарнигори "Миллат"бо раиси ҷадиди Шӯрои ВАО Зинатуллоҳи Исмоил сӯҳбате анҷом дод, ки он пешниҳоди хонанда мегардад.

-Зиннатуллоҳ, мо шуморо барои ба симмати раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуданатон муборакбод мегӯем ва бигӯед, ки нахустин кореро, ки ҳамчун раиси ин Шӯро анҷом медиҳед, чӣ хоҳад буд?

- Ташаккур, бо интихоб шудан ба ин вазифаи пурмасъул аввалин ният он мебошад, ки ин Шӯро бояд фарогири тамоми расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ бошад ва ҳадаф аз таъсиси ин шӯро риоя гардидани меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ буд ва аз ибтидо дар ин масъала назарҳо гуногун буданд ва ман шахсан бар он назарам, ки мо бояд бо тамоми касоне, ки нашрияҳо ва воситаҳои электронии ахбор доранд, сари музокира биншинем ва ба он ноил гардем, ки рисолати Шӯрои ВАО-ро, ки мақсади он иттиҳоди тамоми расонаҳои хабарии Тоҷикистон мебошад, ба даст биёварем.

-Ба назари шумо чаро масъулони чанд нашрияи маъруфи кишвар тӯли беш аз як соли фаъолияти ин Шӯро узвияти онро напазируфтанд?

- Бояд бигӯям, ки эътироф кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ аз тарафи васоити ахбори омма ба таври озод ва дар пояи интихоби худи онҳо сурат мегирад. Албатта вақте кас муқобил ва ё фикри дигаре дорад, бояд ба он андеша ҳам гӯш дод, то бидонем, ки муқобилони меъёри ахлоқӣ дар фаъолияти рӯзноманигорӣ чӣ мехоҳанд? Оё воқеъан Шӯро ниёзҳои онҳоро баровардан наметавонад, ё сабабҳои дигаре ҳаст. Ман ҳамчун раиси нави ин Шӯро барои посух ёфтан ба ин суъол кӯшиш хоҳам кард ва баъзе нақшаҳое низ дорем, ки ба ҳайси раиси он ба масъулони ин нашрияҳо бе восита мулоқот хоҳам кард. Рӯ ба рӯ нишаста фикри онҳоро шунида тасмими ниҳоии онҳоро интизор шудан имкон дорад. Шӯрои ВАО бояд шӯрое набошад, ки тақдири ин ё он расонаро дар кабинет ҳал намояд, балки воқеъан ҳамдаму ҳамнафаси рӯзноманигорон ва нашрияҳо бошад ва кӯшиш намояд он масоиле, ки ҳаст аз додгоҳ бевосита дар маҳофили журналистии мо баррасӣ шаванд. Бояд ба хулосае биёем ва роҳ надиҳем, ки расонаҳои хабарии кишвар ҳам ҳукуматӣ ва ҳам ғайриҳукуматӣ, чуноне солҳои ахир рӯй медиҳад, ба ҳайси ҷавобгар ба додгоҳ кашида шаванд. Аз ин рӯ мо дар ин масъала бояд фаъолияти худро дуруст роҳандозӣ намоем, то битавонем ин масоилро пеш аз додгоҳ ҳал намоем ва эътибору шӯҳрати ин Шӯроро миёни ҷомеъа ва ҷомеъаи журналистӣ боло бубарем.

-Зиннатуллоҳ, чанде аз нашрияҳо "Миллат" , "Фараж", "Озодагон", "Азия плюс", "Пайкон", "Чархи гардун" қазияи додгоҳӣ доранд, Шумо дар ин маврид чӣ тасмим доред, корро аз чӣ шурӯъ хоҳед кард? Чун Шӯрои ВАО то ин дам дар ин самт нақшаш маълум набуд.

- Чунин фикр мекунам, ки рисолати Шӯрои ВАО аз ин ба баъд бояд ҳамин бошад ва чеҳраи худро бозгӯй кунад, он ки дар торикӣ монда буд ва агарчанде, ки изҳорот ҳам пахш мекард, вале ин изҳорот пеш аз Шӯро аз ҷойи дигар пахш мешуд. Ин Шӯро агар чеҳраи худро пайдо кунад, воқеъан дар байни ҷомеъаи рӯзноманигорӣ обрӯи хосро хоҳад дошт, ба он муроҷиат мекунанд, то он ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Метавонем кори зиёдеро ба субут расонем, то ин Шӯро битавонад чун як нируи солими ҷомеъа амалеро анҷом бидиҳад.

-Шумо, ки узви раёсати Шӯро ҳастед, ба фаъолияти якунимсолаи он чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Гузашти якуним сол нишон дод, ки мо дар куҷо заъф доштем, чаро ин корро накардем, шояд кореро кардем, вале на ба он ҳадде кардем, ки бояд мекардем? Ҳамаи ин баъди интихоботи раиси нав муҳокима шуд ва консепсияи нави фаъолияти Шӯроро мураттаб сохтем. Бо дарки он сабақ аз хатоҳое, ки кардем барои фаъолияти минбаъдаи Шӯро, ки чӣ гуна хоҳад буд, ман итминони комил дорам бо гузашти фурсате дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунем.

-Шумо ба симмати раиси ин Шӯро оё ният доред, ки раёсати онро бознигарӣ ва ё таҷдид намоед?

- Бояд бигӯям, ки тағйири раёсати Шӯро тибқи низомнома ва ойиннома дар Маҷлиси умумии муассисон ва созмонҳои журналистие, ки меъёрҳои ахлоқиро эътироф намудаанд, дар он ҷо имконпазир мебошад. Ин ҷаласа дар моҳи декабр баргузор мегардад ва то он фурсат аъзои раёсат бетағйир боқӣ мемонанд. Ин ҷаласа метавонад бо натиҷагирӣ аз он коре, ки раиси нави Шӯро ва аъзои раёсат ба анҷом расонидаанд, дар мавриди аъзои раёсат фикру андешаҳои худро бигӯяд.

-Шумо барои чанд мӯҳлат раис интихоб шудаед?

- Тибқи ойинома ҳар сол як бор дар маҷлиси умумӣ масъалаи интихоби раис ба миён гузошта мешавад ва раис набояд аз ду мӯҳлат зиёд раёсати Шӯроро ба дӯш дошта бошад. Ваколатеро, ки ба ман бовар кардаанд то моҳи декабри соли 2011 аст ва дар он ҷаласае, ки дар охири соли равон баргузор мешавад, ман аз фаъолияти худ ба сифати раис ҳисобот медиҳам ва иштироккунандагони ин ҷаласа метавонанд, аъзои нави раёсат ва раиси нави худро интихоб бикунанд.

-Аз матбуоти даврӣ кадом нашрияҳоро мутолиа мекунед?

- Ман тамоми нашрияҳоро мутолиа мекунам сарфи назар аз он, ки ба кӣ тааллуқ доранд, онҳо ҳукуматӣ ҳастанд ё ғайриҳукуматӣ. Ман ба аксари сардабирони ин нашрияҳо фикри худро мегӯям. Дар хонаи ман бастаи рӯзномаҳо аз соли 1990 ҳаст ва ҳар рӯзи якшанбеи ман ба хондани рӯзномаҳое, ки дар давоми ҳафта нахондаам, ихтисос дода мешавад. Ва то андозае матолиби имрӯзии нашрияҳоро қиёс мекунам бо журналистикае, ки дар солҳои навадум доштем.

-Шумо ба замми он, ки раиси Шӯрои ВАО интихоб шудед, раҳбарии ягона телевизиони мустақилро ба ӯҳда доред. Оё ин вазифа барои шумо сарборӣ намешавад?

- Ба фикри ман, не. Ба он хотир, ки робитаи моро бо ҳамкасбонамон мустаҳкамтар мекунад. Шумо медонед, ки Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ) дучори мушкил аст, дар мавҷе аст, ки қонунан ба СМТ тааллуқ дорад, вале аз сабаби он, ки Хадамоти алоқа ва Кумитаи телевизион ва радио, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сиёсати давлатиро дар фазои иттилоотии кишвари мо пиёда созанд, аз фаъолияти худсаронае, ки аз ҷониби пойгоҳи низомии Русия дар кишвар амалӣ мешавад, пешгирӣ карда наметавонанд ва ба ин далел тамошочиёни мо ба роҳат наметавонанд барномаҳои СМТ-ро тамошо кунанд. Вале дар ин ҷода низ даст болои даст намешинем ва фаъолияти худро аз моҳи май бо таври дигар ва командаи нав пешниҳод мекунем ва умедворем, ки масъалаи мавҷ, ки ҳалли худро пайдо кард, бинандагони ин телевизион метавонанд барномаҳои моро тамошо бикунанд.

-Масъалаи дигар, ки мехостам назари Шуморо бипурсам ин тафриқаандозии расонаҳост, яъне миёни нашрияҳои расмӣ ва мустақил. Шумо барои барҳам задани ин тафриқа ва ба ҳам овардани ҳама ниҳодҳои журналистӣ ва расонаҳо чӣ корҳоеро хоҳед кард?

-Ман инро гуфтаниям, ки ҳадафи асосии мо ба ҳам овардани маҳфилҳои журналистӣ ва иттиҳодияҳои журналистӣ ва нашрияҳову васоити ахбор маҳз ба ҳамин мақсад аст, ки мо бояд муттаҳид бошем. Ин нерӯе ҳаст, ки шояд имрӯз эътироф нашавад, вале ин як нерӯи бузурге аст, ки дар масъалаи аудитория ва фаҳмиши аудитория, инъикоси масъалаҳои муҳимтарини ҷомеъа ҷойгоҳи хосаи худро дорад. Ман фикр мекунам, ки аз мо ба сифати як нерӯи бузурги ҷомеъа иқрор намекунанд, сабабаш ҳамин парокандагии мост. Ҳатто дар дохили нашрияҳои мустақил на ҳама вақт ҳамраъйии воқеъӣ дорем. Масалан, болои як нашрия мушкил меояд, нашрияи дигар гӯё инро намебинад. Яъне бо ташкили як иттиҳод метавонем аз манфиатҳои худамон ва мавқеъе, ки нашрияҳо ва дигар васоити ахбор ба воситаи барномаҳои худ ба даст овардаанд, дифоъ кунем. Ман медонам, ки ин кори осон нест. Барои ин корро кардан, хеле кӯшиш кардан лозим аст, вале ин корро бояд як касе бикунад. Мақсаду маром ва рисолати Шӯрои ВАО ҳамин мебошад, яъне кӯшиш мекунем, ки васоити ахбори омма дар ҳоли парокандагӣ набошад. Таъсиси Шӯро на ба хотири як нафар бошад, на ба хотири як мақсади кӯчак бошад, балки фаротар аз ин мақсадҳо бошад, яъне муттаҳидии ҳамаи рӯзноманигорон сарфи назар аз он ки дар кадом расона фаъолият доранд. Бубинед, вақте як рӯзноманигор дар Русия дучори мушкиле мешавад, ё ин ки мавриди лату кӯб қарор мегирад, пеш аз он ки ҷомеъаи шаҳрвандӣ садо баланд кунанд, аз минбарҳои баланди ҳукуматӣ садо бармехезад.

Ин аз он хотир аст, ки онҳо воқеъан ҳамрайъ ҳастанд ва маҳз ҳамин ҳамраъйӣ барои мо имрӯз лозим аст. Мо рӯзноманигорони тоҷик бояд инро дарк бикунем ва ба ҳам биоем. Бояд бигӯям, ки ҳар як нашрия вақте ба бозор меояд, ҳадафҳои худро дорад. Вале ҳадафи умумии мо ин ваҳдати рӯзноманигорон аст.

-Шумо аз ҳамраъйӣ сӯҳбат кардед ва Толибшоҳи Сайидзода иқдоми бузургеро пеш гирифтааст ва мехоҳад, ки вакили Парлумон бошад. Даъвати Шумо аз ҷомеъаи рӯзноманигорони тоҷик чист?

- Ман ҳам яке аз нафарони ин соҳа мебошам, ки Толибшоҳро солҳо мешиносам. Пешниҳоди ин шахсияти шинохта ба вакили Парлумони касбии кишвар, пеш аз ҳама бе шубҳа бурди журналистикаи тоҷик аст. Зеро имрӯз нафаре, ки бевосита аз дохили «ошхона»-и журналистика бархоста бошад, дар Парлумони мо нест. Ҳастанд вакилоне, ки аз онҳо ба сифати рӯзноманигор ёд мекунанд, вале онҳо қаблан дар ин соҳа кор мекарданд. Имрӯз чун намояндаи журналистикаи мустақил пешниҳод шудани Толибшоҳи Сайидзода гувоҳӣ аз он медиҳад, ки рӯзноманигорон низ бояд дар ин парлумон симои худро дошта бошанд. Интихоби вакил ҳаққи қонунии мардум, интихобкунандагон аст, вале ман шахсан ҳамчун рӯзноманигор ва раиси Шӯрои ВАО номзадии ҷаноби Сайидзодаро дастгирӣ мекунам ва албатта тавсия медиҳам, ба ҳамкасбонамон ва ба ҳамаи онҳое, ки дар журналистикаи тоҷик саҳм гузоштанӣ ҳастанд, ин номзади моро, ки намояндаи мо журналистон аст, дастгирӣ бикунанд.

-Интихоби шумо демократӣ буд?

- Бале. Ду дафъа давом кардани ҷаласа ин гувоҳи он аст. Дар дафъаи аввал мо бо Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ овози баробар гирифтем. Баъди се рӯз боз аз нав ҷаласа шуд ва бо ба даст овардани раъйи аксар ман ғолиб омадам.

-Бароятон барору мувафаққият орзу дорам.

- Сипос ба Шумо ва ман умед мекунам, ки нашрияи "Миллат", ки воқеъан бо роҳи худ ва бо пайроҳае худ интихоб намудааст ва ин пайроҳа миллатро муаррифӣ мекунад, устуворона ва собит пеш меравад. Ман умеди онро мекунам, ки минбаъд ҳамкории Шӯрои ВАО бо тамоми нашрияҳо ва аз ҷумла бо "Миллат" ҳам нек идома хоҳад дошт. Умеди онро дорем, ки ин нашрия дар боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ ва он рисолати бузурге, ки пеши худ гузоштааст, содиқона талош хоҳад кард ва ин талошҳо иншоаллоҳ самари нек хоҳанд дод.

-Ташаккур!

Сӯҳбати Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97