30% - ҳо ҳанӯз дар хидмати ватананд

Мусоҳиба 26.02.2011 09:49

Kholiqnazarzoda_01-Устод, шодам, ки ин фурсат бароям даст дода то бар пояи сӯҳбати шумо биншинам, мехоҳам аз Шумо бипурсам, ки чӣ омилҳо буд, ки Шуморо ба арсаи сиёсат кашид?

- Баъд аз шурӯъи таҳаввулоти азимӣ сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо роҳбарии Михаил Горбачев дар охири солҳои 80 - и  асри XX, теъдоди зиёди рӯшанфикрони ҷамоҳири Шӯравӣ барои ҳифзи ҳувият ва ҳайсияти миллиашон даст ба эътирозот ва ҳатто тазоҳурот заданд. Чунин эътирозот пеш аз ҳама дар Русия, дар шаҳри Маскав  дар авохири соли 1987 сар шуда буд. Ҳизбҳои демократӣ, миллӣ ва ҳатто исломӣ низ пеш аз ҳама дар Русия пайдо шуданд. Дар Маскав қариб ҳар рӯз тазоҳуроти доманадори сиёсии ҳизбу созмонҳои гуногун мегузаштанд. Ин ҳама таҳаввулот ба ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ низ таъсири амиқ намуд ва намунаи боризи он таъсиси ҳаракати "Желтоксан" дар Қазоқистон дар соли 1987 ва созмони мардумии "Растохез" дар Тоҷикистон дар солҳои 1988- 1989 буд.  Дар шурӯъи бозсозӣ ман аз соли 1987 то 1989 дар Афғонистон будам  ва аз бисёр ҳаводиси Шӯравӣ то ҷое бехабар мондам. Вақте соли 1989 ба Маскав омадам бовар накардам, ки кишвар ин қадар иваз шудааст. Аз сӯҳбати олимон ва рӯшанфикрони русӣ эҳсос кардам, ки теъдоде тарафдори демократия ва қисме даъвогари  бузургманишии русӣ ҳастанд. Ба Тоҷикистон омадам ва ба кафедраи фалсафаи Донишкадаи забонҳо, ки мудираш устод Нодири Фозил буд, ба кор даромадам. Он замон ректори ин Донишкада шодравон Приписнов буд. Ба ман дастур доданд, ки аз фани атеизми илмӣ ба донишҷӯён дарс бигӯям. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки дар Маскав атеизми илмиро дигар дарс намедиҳанд ва ба ивази он  таърихи адёнро (история религии) дарс медиҳанд. Ректор гуфт, ки агар ин кор аз дастат биёяд барнома сохта дарс додан бигир. Ман барнома сохта ба устод Нодири Фозил нишон додам ва эшон ин барномаро пазируфтанд. Вале вақте дарсҳо шурӯъ шуд ва донишҷӯён бо шавқи фавқулода зиёд ба дарсҳо меомаданд, ректорат хавотир шуда тасмим гирифт, ки ин фанро бубандад.  Ба ман тӯҳмати ҳам миллигароӣ, ҳам исломгароӣ ва ҳам демократгароиро заданд. Гуфтанд, ки шумо, азбаски коммунист нестед, дар дарсҳо ба донишҷӯён Қуръон ва "Инҷил"- ро ҳамчун манбаъ нишон дода ҳисси диндориашонро баланд мекунед. Ман хеле тааҷҷуб кардам ва дар маҷлис гуфтам, ки мутаассифона коммунистони Тоҷикистон аз коммунистони Русия хеле ақиб мондаанд ва ҳанӯз ҳам муҳофизакориашонро (консерватизм) сахт нигоҳ доштаанд. Хулоса, дарсҳоро бастан натавонистанд, чунки донишҷуён ба ҳимояи ман бархостанд ва роҳбарият маро аз кор бекор кардан натавонистанд ва танҳо коре, ки аз дасташон омад, ин буд, ки ба баъзе аз донишҷӯёни худӣ дастгоҳҳои  сабтро доданд то, ки ҳамаи лексияҳои манро барои ректорат сабт кунанд. Соли 1991 ман узви Ҳизби демократи Тоҷикистон шудам ва хуб  дар хотир дорам, ки Табаралӣ Зиёев  низ ҳамон ҷо буд ва узвияти маро дар ҳизб ба қайд гирифт. Баъд аз пазируфтани узвияти ин ҳизб дар Донишкада мулоқоти раёсати ҳизби демократро бо донишҷӯён созмон додам ва натиҷаи ин мулоқот он шуд, ки теъдоди зиёди донишҷӯён ба ҳизби демократ ворид шуданд. Тобистони соли 1991 ман аз Донишкада рафтам ва созмони фарҳангии "Носири Хусрав"-ро таъсис додам. Лекин омили асосии иштироки ман дар фаъолиятҳои мустақими сиёсӣ ин интихоботи президентии соли 1991 буд.

ЧАРО ОН ВАҚТ МАНСАБ БЕҚАДР БУД?

-Дар Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, дар моҳи майи соли 1992 Шумо ба мақоми вазири умури хориҷаи Тоҷикистон таъин шудед. Номзадии Шумо аз ҷониби кӣ пешбарӣ гардид ва дар симмати вазири хориҷа чӣ корҳоеро анҷом додед? Оё рост аст, ки номзадии Шумо ба мақоми вазири хориҷа аз ҷониби Давлати Усмон пешниҳод шуда буд?

- Ман танҳо 11 майи соли 1992 иттилоъ ёфтам, ки нирӯҳои оппозитсионӣ маро ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ пешниҳод намудаанд, чунки дар он музокирот худам иштирок надоштам. Баъдтар фаҳмидам, ки роҳбарони оппозитсион аввал ба ин вазифа шодравон Отахон Латифиро пешниҳод кардаанд, вале тарафи ҳукумат гӯё номзадии ӯро қабул накардааст. Баъд аз он номзадии устод Акбари Турсонро пешниҳод кардаанд, ки номзадии ӯ низ ба сабаҳои ба ман номаълум дастгирӣ наёфт. Номзади сеюм дар рӯйхат ман будам, ки ҳамагон розӣ шуданд, шояд ба хотири он, ки музокирот зудтар ба анҷом бирасад. Як чизро аниқ медонам, ки Давлати Усмон дар он музокирот иштирок накарда буд ва номзадии манро ҳеч вақт пешниҳод накардааст.

Рӯзи 11 майи соли 1992 вақте ба ман гуфтанд, ки бояд ба бӯстонсарои ҳукумат ба назди Президент Раҳмон Набиев равам, ман чизеро намефаҳмидам. Раҳмон Набиев ба ман гуфт, ки фармони таъйини манро ба вазифаи вазири корҳои хориҷӣ имзо кардааст ва ман бояд бо либосҳои расмӣ худи ҳамон рӯз ба вазорат рафта корро қабул кунам. Тааҷҷуби ман ҳадду канор надошт, чунки бо ман ҳеч кас маслиҳат накарда буд ва ман розигии худро ба ҳеч кас ҳам надода будам. Ман ба Президент гуфтам, ки ба ман ин мансаб лозим нест, ман даъвои ягон мансаб надорам. Дар ҷавоб Раҳмон Набиев ҳайрон шуда гуфт: «Инҳо чӣ хел одамҳоро пешниҳод карданд, ки ягонтааш мансаб гирифтан намехоҳад. Аслиддин Соҳибназаров мансаби раиси Бонки миллиро рад кард, ба ман даркор нест гуфт, Холиқназаров мегӯяд, ман дарак надорам, ба ман вазирӣ лозим нест, ин худаш чӣ гап»?  Сипас ба ман нигоҳ карда оҳиста гуфт: «Писарам, барои  амонию тинҷии Ватан розӣ шуда кор кардан даркор». Ин ҳарфҳо маро водор карданд, ки он масъулияти гаронро бар дӯш бигирам, ҳарчад худам эҳсос мекардам, ки таҷрибаи кофӣ барои ишғоли чунин мансаби пурмасъулиятро ҳанӯз касб накарда будам.

МО ВА УКРАИН МУХОЛИФИ МЕРОСБАРИИ РУСИЯ БУДЕМ

Дар шаш моҳе, ки дар вазорати хориҷа ба ҳайси вазир кор кардам, пеш аз ҳама аз тариқи озмун афроди шойиставу сазоворро ба вазорат даъват намудам ва имрӯз пушаймон нестам, чунки бештари онҳо дар ҳоли ҳозир дар мансабҳои сафирӣ кор ва хидмат мекунанд.  Дар ин давра сафарҳои Президенти Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Исломии Ирон ва Покистон омода намуда, бо муваффақият анҷом додем. Ҳамчунин сафари ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон бо сардории сарвазири вақт Акбар Мирзоев ба Афғонистонро, ҳамоҳанг намуда, амалӣ кардем. Ин сафар ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои сарҳадӣ ва шинохти роҳбарони нави тоҷиктабори Афғонистон, Президент Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири мудофиа Аҳмадшоҳи Масъуд хеле муҳим ба назар мерасид.

Дар чандин иҷлосияҳои Иттиҳоди кишварҳои мустақил иштирок намудам, ки якеаш ҳанӯз хуб дар хотирам нақш бастааст. Дар ин Иҷлосия намояндаи Федератсияи Русия даъво карда буд, ки тамоми моликияти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор дошт, бояд бидуни қайду шарт минбаъд танҳо ба Русия, ҳамчун кишвари вориси Иттиҳоди Шӯравӣ тааллуқ дошта бошад ва далелаш ин буд, ки гӯё фақат Русия метавонад ин амволро нигаҳдорӣ  бикунад. Ба ғайр аз намояндагони Украин ва Тоҷикистон ба ин пешниҳоди Русия дигар кишварҳо эътироз накарданд ва имрӯз бештари онҳо пушаймон ҳастанд, ки натавонистанд он замон аз ҳаққи миллии худ дифоъ бикунанд. Имрӯз мебинем, ки ҳамаи кишварҳои собиқи Шӯравӣ, ба ғайр аз Русия мушкилоти фаровон барои иҷораи сафоратхонаҳояшон дар кишварҳои хориҷӣ доранд.

МАН БО ДАСТУРИ ИСКАНДАРОВ БА СММ РАФТАМ

-Шумо аввалини мақоми баландпояи Тоҷикистон ва нахустин тоҷике ҳастед, ки аз минбари Созмони милали муттаҳид бо забони шевои тоҷикӣ- форсӣ суханронӣ намудаед. Дар ҳамин бора муфассалтар сӯҳбат бикунед? Бо даъвати кӣ ба Ню- Йорк рафтед, киҳо буданд ҳамсафарони Шумо ва ҳамин идеяи бо тоҷикӣ суханронӣ кардан аз куҷо пайдо шуд? Шумо бо англисӣ ҳамон вақт ҳам хуб сӯҳбат мекардед ва чаро дар СММ бо ин забон суханронӣ накардед?

- Дар  моҳи сентябри соли 1992 вазъияти сиёсии Тоҷикистон хеле тезу тунд шуд. Бо дахолати ғайримустақими кишварҳои хориҷӣ Президент Раҳмон Набиев дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуда ва бо зарби фишор аз мансабаш даст кашид. Ин воқеъаи мудҳиш бойиси аланга задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар шуд. Он замон меҳмонҳои зиёде аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар таҷлили аввалин Ҷашни истиқлол даъват шуда буданд ва бисёре аз онҳо то ин муддат ба Душанбе омада буданд.  Ин амал махсус барои беобрӯ кардани Тоҷикистон дар чашми меҳмонҳои хориҷӣ ва ҷаҳониён сурат гирифта буд. Дар ҳамин вақт  аз ҷониби Созмони милали муттаҳид даъватнома барои ширкат дар Иҷлосияи 47-уми Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид ба номи президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷӣ фиристода шуда буд. Дар ин ҳангом иҷрокунандаи вазифаи Президенти Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров таъйин шуда буд, ки он замон раиси Шӯрои Олӣ буд. Акбаршоҳ Искандаров ба ман дастур дод, ки дар Иҷлосияи СММ иштирок ва суханронӣ кунам. Азбаски шароити сиёсӣ хеле мушкил буд ва мо ҳатто вақти баррасии суханрониро низ надоштем ва ба ҳангоми мулоқот фақат якчанд пешниҳодҳои раиси Шӯрои Олиро навиштам ва бо ҳамин ҳамроҳи шодравон Лақим Қаюмов, ки бо фармони Президент Раҳмон Набиев 27 августи соли 1992 ба вазифаи намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони милали муттаҳид таъйин шуда буд, ба шаҳри Ню-Йорк парвоз кардем.  Вақте ба Амрико омадем ва бо намояндаи Русия дар СММ сӯҳбат намудем, он кас ба ман пешниҳод кард, ки суханрониамро  аз минбари СММ  ба забони русӣ анҷом бидиҳам. Сипас, вақте бо амрикоиҳо мулоқот оростем, онҳо гуфтанд, ки шумо забони англисиро хуб медонед, нағз мешуд, ки аз минбари СММ ба забони англисӣ суханронӣ кунед. Лекин он замон барои мо тоҷикон муҳим он буд, ки ба ҷаҳониён собит созем, ки мо давлати мустақил ҳастем ва истиқлоли миллӣ барои мо муқаддас аст. Суханронӣ ба забони тоҷикиро иштироккунандагони Иҷлосияи Маҷмаъи умумии СММ бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол карданд.

БО КӮМАКИ ТӮРАҶОНЗОДА ДАРИ ИХТИЛОФ БАСТА ШУД

-Гуфтед, ки дар солҳои 1991 ба баъд созмони мардумие амал мекард бо номи "Носири Хусрав", ки раҳбарии онро Шумо ба уҳда доштед. Ин чӣ гуна созмон буд ва ҳадафи Шумо аз таъсиси он чӣ буд?

- Дар солҳои 1990  ба Тоҷикистон мубалиғони мазҳабҳои гуногуни исломӣ аз кишварҳои мухталифи исломӣ, аз ҷумла аз Арабистони Саъудӣ омадан гирифтанд ва дар байни мазҳабҳои гуногуни исломӣ зиддиятҳоро васеъ намуданд. Кор ба дараҷае расид, ки дар баъзе аз масҷидҳо  баҳсҳои нолозими мазҳабӣ бойиси ҷангу ҷанҷолҳо шуд ва ҳатто исмоилиёнро ба номусулмонӣ муттаҳам карданд. Дар чунин шароит як  теъдод рушанфикрони бадахшонитабор, ки бештарашон шарқшинос буданд, дар кишварҳои мухталифи Шарқи наздик ба сифати тарҷумон солҳо кор карда буданд, аз таъриху одоби исломӣ маълумот ва огаҳии хуб доштанд,  созмони ҷамъиятӣ-фарҳангии "Носири Хусрав"-ро дар шаҳри Душанбе таъсис доданд ва манро ба симмати раиси ин созмон интихоб намуданд. Ин созмон тибқи ойинномааш ҳақ дошт, ки танҳо дар шаҳри Душанбе фаъолият бикунад. Баъд аз ба қайд гирифтанаш дар шаҳрдории Душанбе, ман ҳамчун раиси ин созмон ва чанд намояндаи дигар ба идораи Қозиёти ҷумҳурӣ  муроҷиат намудем ва дар бораи мушкилоти мазҳабӣ сӯҳбат оростем. Он замон Қозикалони ҷумҳурӣ ҷаноби Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода баъд аз сӯҳбатҳои мо ба имомхатибҳои масоҷид дастур дод, ки шахсони иғвогар ва ҷанҷолофаринро аз масҷидҳо пеш кунанд. Бадин тарз, якҷо бо Қозиёт мо тавонистем, ки пеши роҳи ҷанҷолҳои бемаънии мазҳабиро бигирем ва ба бародарони аҳли суннат собит созем, ки мазҳаби шиаи исмоилия ҳамроҳ бо мазҳаби ҳанафия, ки таҳаммулпазиртарин мазҳаби аҳли суннат мебошад, аз ибтидои  нашъунамои дини мубини Ислом дар қаламрави Осиёи марказӣ арзи вуҷуд намуда буд  ва машҳуртарин донишмандон ва олимони барҷастаи форсу- тоҷик  ба монанди устод Рӯдакӣ, Шайх- ур-раис Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хаём ва дигарон  аҳли мазҳаби исмоилия буданд ва ё ба ин мазҳаб гаройиши фаровон доштанд.

БОЛОИ ВАКИЛОНИ ИҶЛОСИЯ ФИШОР НАБУД

-Шумо дар иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ширкат доштед ё хайр? Ба андешаи Шумо ҳамчун шахсияте, ки он замон дар мақоми вазири умури хориҷа фаъолият дошт, оё болои ин иҷлосия, ё рӯйи вакилон аз ҷониби кишварҳое чун Русия ва Узбакистон фишор эҳсос мешуд ?

- Замоне ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон шурӯъ шуд, ман дар сафари хориҷа будам ва ҳангоме ки ба Маскав омадам дар сафорати Тоҷикистон дар Москва ба ман гуфтанд, ки ман бояд ба шаҳри Хуҷанд  ба иҷлосия  равам. Рӯзи дигар, яъне 20 ноябри соли 1992 ман ба Хуҷанд рафтам ва аз он ҷо бо мошин маро ба қасри Арбоб ба колхози ба номи Урунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд бурданд, ки дар он ҷо иҷлосия корашро идома медод. Амнияти иштирокдорони ин иҷлосияро баталёни махсус таъмин мекард, ки дар байнашон шахсан ман русҳо ва узбакҳоро надидам. Болои вакилон ягон фишор набуд, фақат шунидем, ки Сафаралӣ Кенҷаевро дар куҷое боздошт кардаанд ва танҳо рӯзи 2 декабр  ӯро озод карданд.

 ПРЕЗИДЕНТ НАБИЕВ АВВАЛ БА МАН БОВАР НАДОШТ

- Шумо ҳамчун вазири умури хориҷа ба кӣ итоат мекардед? Ба Президент Набиев, Ҳукумат ё ба Порлумон?  Раҳмон Набиев чӣ супоришҳо барои Шумо медод ва оё ӯ аз кори Шумо қаноатманд буд?

- Тавре, ки маълум аст, вазири корҳои хориҷӣ ба Президент ва сарвазир итоат мекунад. Аммо бештари дастурҳоро мустақиман аз Президенти кишвар мегирад ва иҷро мекунад. Ман ҳам бештари дастурҳоро мустақиман аз Президент мегирифтам. Росташро гӯям, аввал Президент шодравон Раҳмон Набиев ба ман он қадар бовар намекард ва бештари дастурҳоро ба мушовирони умури байналмилалиаш медод. Танҳо баъд аз сафарҳои расмиаш ба Ирон ва Покистон, ки дар ин сафарҳо ман ҳамеша дар канораш будам ва бисёр вақтҳо аз набудани тарҷумон худам тарҷума мекардам, ихлосаш дигар шуд ва ба ман эътимод пайдо намуд.

НОТАВОНИИ НАБИЕВ ҶАНГРО ШИДДАТ БАХШИД

- Ба андешаи Шумо ҳамчун як сиёсатмадор чаро Раҳмон Набиев дар ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ он замон муваффақ нагашт, ӯро намегузоштанд то озод кор кунад ё намехост, ё чунин ранг гирифтани корро, ки қудрат аз дасташ хоҳад рафт, интизор набуд? Ва чаро нирӯҳои мардумӣ дар моҳи майи соли 1992 қудратро ба даст гирифтанд, аммо зиёд мехостанд, ки Набиев президент боқӣ монад? Бубинед Қирғизистон Акаев ва баъдан Боқиевро сарнагун карданду қудратро ба даст гирифтанд. Касе дар Қирғизистон фикр накард, ки Акаев ва Боқиев ҳам аз ҷониби мардум бо роҳи интихоботи саросарӣ интихоб шудаанд. Вале чаро Шумо манзурам сарони нирӯҳои мардумӣ чунин накардед?

- Аввал  ин , ки дар моҳи майи соли 1992 нирӯҳои оппозитсионӣ на аз лиҳози сиёсӣ ва на аз лиҳози низомӣ қудрати гирифтани ҳокимиятро надоштанд. Бештари мардум дар майдони "Шаҳидон", ки дар интихоботи президентӣ тарафдори Давлат Худоназаров буданд, ба хотири ҳифзи ҷони худашон аз таҳдидҳои Сафаралӣ Кенҷаев, ки он замон раиси Шӯрои Олӣ буд, ба майдон баромада буданд, на барои сарнагун сохтани Президент Раҳмон Набиев. Талаби асосии мардум низ истеъфои  Кенҷаев буд.  Сафаралӣ Кенҷаев баъд аз интихобот ба лидерони ҳизбу созмонҳои мухолиф чандин бор таҳдид карда буд. Замоне ки майдонбозиҳо шурӯъ шуданд ва мухолифати тарафҳо рӯ ба сӯи ҷанг намуд ва дар майдони "Озодӣ" бо амри Президент Набиев баталёни махсус таъсис шуд ва рӯзи 2 май ба ин баталён силоҳ тақсим шуд, мардуми майдони "Шаҳидон" аз тарси ҷон ба Қасри президент ҳуҷум карданд то аз худ тавонанд дифоъ бикунанд.

Президент Раҳмон Набиев баъд аз таъсиси Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ кӯшиши бисёр ба харҷ дод, ки вазъияти сиёсии кишварро ба эътидол биёрад. Вай дар таърихи 3 ва 4  июни соли 1992 ба вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб сафари корӣ намуда бо табақаҳои гуногуни мардум мулоқот намуд  ва дар бораи таъсиси ҳукумати мусолиҳаи миллӣ суханронӣ намуд. Мардумони ин ду вилоят пешниҳод намуданд, ки дар сурате аз ин ҳукумат тарафдорӣ мекунанд, ки агар аз ҳайати он ду нафар- Давлати Усмон ва Мирбобои Мирраҳим  ихроҷ шаванд. Ҳамин пешниҳод дар вақти сафари кории Президент ба вилояти Ленинобод дар таърихи 7 ва 8 июни соли 1992 низ таъкид шуда буд. Баъд аз ин сафарҳои Президент телевизиони Русия шарҳ дод, ки гӯё сафарҳои Президент ба вилоятҳои Кӯлоб ва Ленинобод бенатиҷа ва бо мушкилот анҷом пазируфтанд. Вақте Президент пешниҳодҳои намояндагони ду вилоятро дар мулоқот бо нирӯҳои демократӣ дар Душанбе матраҳ кард, ин нирӯҳо онҳоро рад карданд. Мушкили дигар он буд, ки дар вилояти Қӯрғонтеппа дар миёнаҳои моҳи июни соли 1992 аллакай байни нирӯҳои тарафдори ҳукумати мусолиҳаи миллӣ  ва мухолифини ин ҳукумат  муборизаҳои яроқнок сар шуда буд. Бале, бояд мунсифона гуфт, ки кӯшишҳои Президент Набиев барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар ҷумҳурӣ натиҷа надод ва зимнан бояд зикр кард, ки дахолати ғайри мустақими кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон низ аз он замон тарҳрезӣ шуда буд. Аз миёнаи моҳи июли соли 1992 бошад Президент мутаасифона худашро аз ҳалли масъалаҳои дохилӣ дур гирифт, дар музокироти сулҳи Хоруғ иштирок накард. Хулоса, бетафовутии  Президент бойиси он шуд, ки 2 сентябри соли 1992 Президиуми Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон дар изҳороташон ба  Президент нобоварӣ изҳор намуданд ва хостори истеъфои ӯ шуданд. Ба назари коршиносон  маҳз ҳамин заъфи Раҳмон Набиев ҷанги дохилиро дар кишвар шиддат бахшид, ки натиҷааш ба ҳамагон маълум аст.

БОЗИИ АБАРҚУДРАТҲО ҲОЛИ ТОҶИКРО ТАНГ КАРД

- Андешаи Шуморо дар мавриди Акбаршоҳ Искандаров, ки чаро натавонист он замон ҷомеъаро ба сулҳу созиш биёварад, донистан мехоҳам? Шумо ҳамчун вазири хориҷа шояд огоҳ будед, ки чӣ бозиҳои сиёсии пуштипардагие аз ҷониби кишварҳои дуру наздик сари ҳалли қазияи Тоҷикистон ҷараён дошт?

- Акбаршоҳ Искандаров  ба амри тақдир дар даврае иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон шуд, ки дар кишвар алакай бо дахолати хориҷиён ҷанги дохилӣ дар авҷ буд. Аз рӯзҳои аввал Акбаршоҳ Искандаров тамоми кӯшиши худро ба он равона кард, ки вазъи кишварро ба эътидол биёрад. Аммо ин кор хеле душвор буд. Хориҷиён мардуми тоҷикро ба "вовчику" "юрчик" тақсим карда буданд ва ба ҳар ду тараф силоҳ мефурӯхтанд. Аммо худашон ҳангоми задухӯрди тоҷикон молу амволи Тоҷикистонро ба вагонҳо бор карда ба хориҷ кашонданд. Хулоса, Акбаршоҳ Искандаров дар шароити хеле сахти ҷанги дохилӣ танҳо ҳалли масъалаи Тоҷикистонро дар кӯмаки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сулҳ ва шурӯъи мусолиҳаи миллиро дар кишвар медид. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон он замон муборизаи шадид байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақаӣ сар шуда буд ва бозиҳои пуштипардагии абарқудратҳо азобу мушкилоти мардуми тоҷикро рӯз ба рӯз зиёд  мекард.

ВАЗИРИ ХОРИҶАИ УЗБАКИСТОН  ОДАМИ ХУБ БУД, АММО

-Чаро ҳукумати мусолиҳаи миллӣ оштии миллиро таъмин карда натавонист ва баракс бо ба сари қудрат омадани ин ҳукумат вазъи ҷумҳурӣ печидатар шуд? Яъне Шумо ҳамчун вазири хориҷа натавонистед Ҳукуматеро, ки худ узви баландпояи он будед, нигаҳ бидоред. Чаро Шумо ҳамтоёни хориҷии худро бо ҳама он хушсуханӣ, дониш ва таҷрибае, ки доштед эътимод дода натавонистед, ки Ҳукумати мусолиҳаи миллиро эътироф кунанд?

- Дар се моҳи аввали фаъолияти ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, яъне аз 15 май то  хотимаи сессияи XV-и Шӯрои Олӣ 17 августи соли 1992 дар Тоҷикистон суботи нисбӣ таъмин шуда буд. Дар ин давра танҳо мушкили хориҷии мо Узбакистон буд, ки роҳбарияти ин кишвар аслан намехост бо Президенти Тоҷикистон гуфтугӯ бикунад.  Ду роҳбар бо ҳам хусумати шахсие доштанд, ки сабабаш ҳанӯз ҳам барои ман маълум нест. Вазири онвақтаи корҳои хориҷии Узбакистон одами нағз буд ва дар маҷлисҳои мухталифи байналмилалӣ мо бо ҳам зиёд дар бораи рафъи мушкилоти дутарафа сӯҳбат мекардем. Аммо мутаассифона дар моҳи август ё сентябри соли 1992 вай аз мансабаш барканор шуд. Он замон роҳбарияти вазорати корҳои хориҷии Русия бештар ба сиёсати Амрико гаройиш дошт ва пайдоиши ҳизби наҳзати исломиро дар Тоҷикистон бештар ба нуфузи Ирон рабт медод. Азбаски дар худи Тоҷикистон теъдоди зиёди мардум ҳукумати мусолиҳаи миллиро эътироф накард ва дар дохил мардумон натавонистанд ба мувофиқа биёянд, эътирофи ин ҳукумат аз тарафи хориҷиён амре буд ғайриимкон.

МО ХАТМИ ҶАНГРО МЕХОСТЕМ

- Бо ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар моҳи ноябри соли 1992 Шуморо чӣ пеш омад? Вазифаро дар Хуҷанд супоридеду аз Тоҷикистон хориҷ шудед, ё омадед ба Душанбе мӯҳру калидро ба вазири нав таслим кардед ва пасон чӣ шуд?

- Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, истеъфои ҳукумати мусолиҳаи миллӣ тасдиқ шуд ва ман 3 декабри соли 1992  ба шаҳри Маскав рафтам. Ҳадафи асосии рафтан ба Маскав таъсиси Барномаи кӯмак ба Тоҷикистон тавассути созмонҳои хориҷии байналмилалӣ буд. Масъалаи таъсиси ин Барнома ҳанӯз тирамоҳи соли 1992 бо баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ шуда буд. Созмонҳои байналмилалӣ тасмим гирифтанд, ки ин кӯмакро ба Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шурӯъ кунанд, чунки вазъияти иқтисодӣ дар он ҷо бениҳоят бад буд ва камбуди маводи хӯрокӣ бойиси сар шудани гуруснагӣ дар ин вилоят шуд. Ин Барнома бо дастгирии Хазинаи Оғохон аз соли 1993 кӯмакро ба мардуми вилояти Бадахшон шурӯъ намуд ва баъд аз имзои "Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон"  кӯмакашро ба мардуми вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ низ идома дод.

- Чӣ гуна Шумо вориди ҳайати музокироти сулҳи тоҷикон гардидед? Ин пешниҳоди Нурӣ буд, Тураҷонзода ё Шодмон Юсуф?

- Ман моҳи апрели соли 1993  ба шаҳри Маскав барои таҳсил ба докторантура рафтам. Ҳодисаҳои тобистони соли 1993 дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ба кушта шудани сарҳадбонони заставаи 12- и русӣ мунҷар шуда буд, дар Русия  акси садоҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Он замон, ҳарчанд теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия хеле кам буд, боз ҳам бар зидди онҳо милисаи Русия таҳқиру боздоштро шурӯъ намуд. Мо як идда равшанфикрони тоҷик, шодравон Отахон Латифӣ, Бозоралӣ Сафаров, Абдунабӣ Сатторзода, Азизи Хошок  ва дигарон, ҷамъан 20 нафар дар моҳи сентябри соли 1993 дар шаҳри Маскав Маркази ҳамоҳангсозии фаъолияти нирӯҳои демократии Тоҷикистонро дар кишварҳои муштарак- ул-манофеъ таъсис додем. Раиси ифтихории ин  Марказ шодравон Отахон Латифӣ интихоб шуд ва камина муовини вай интихоб гардидам. Мақсади асосии ин Марказ иборат аз он буд, ки бояд ҳарчӣ зудтар дар Тоҷикистон ба ҷанги дохилӣ хотима дода шавад ва музокироти сулҳ байни нерӯҳои даргир сар шавад. Бо ҳамин мақсад тасмим гирифта шуд, ки намояндагони Марказ  ба Ирон ва Афғонистон сафар намуда, бо роҳбарони оппозисиони исломӣ дар мавриди шурӯъи музокироти сулҳ гуфтугӯ бикунанд. Дар охири моҳи декабри соли 1993 намояндагони Марказ ба шаҳри Теҳрон сафар карда, дар он ҷо бо баъзе аз роҳбарони оппозитсиони исломӣ дар мавриди зарурати шурӯъи музокироти сулҳ гуфтушунид намуданд. Ин кӯшишҳо натиҷаи хуб доданд ва моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав  аввалин даври музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд.

АВЗОЪ ДАР ТОЛОРИ МУЗОКИРОТ САРД БУД

- Ба андешаи Шумо ҳамчун нафаре, ки дар тамоми 14 даври музокироти сулҳ ширкат кардаед, яъне ба истилоҳ "ветеран"- и гуфтушуниди сулҳ, кадоме аз он даври музокирот душвор буд? Ва Шумо вақте бори нахуст бо намояндагони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба гуфтушунид нишастед, чӣ эҳсосе Шуморо фаро гирифта буд, қаҳру ғазаб, кинаву адоват, бадбинӣ ба ҳамдигар, пушаймониву надомат аз мансабҳои аз даст рафта ё ҳамдигарфаҳмӣ, эҳсоси бовару эътимод ба ҳам ё чизи дигар? Ва Шумо ҳамон замон бовар доштед, ки ба сулҳ ва ризояти миллӣ мерасем?

-  Даври аввали музокирот моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав шурӯъ шуд.

Ҳайати ҳукуматиро Шукурҷон Зуҳуров ва оппозитсионро шодравон Отахон Латифӣ сарварӣ мекарданд. Дар мулоқоти аввал ҳамагон бо ҳам салом ва пурсупос карданд, ман шахсан аз ягон кас ҳарфи пасту баландро нашунидам. Бале, бояд мунсифона гуфт, ки авзоъ дар толори музокирот сард буд.  Баъд аз ду рӯзи музокирот дар толор аллакай фазо гарм шуд ва сӯҳбатҳои самимӣ ҳама ҷоро фаро гирифт. Шахсан ман ҳамеша эътимоди комил доштам, ки тоҷикон бо ҳам дар ҳар шароит забон меёбанд, агар хориҷиён халал нарасонанд.

Kholiqnazarzoda_02- Барои хонандаи "Миллат" ашхоси ширкатдори нахустин музокироти сулҳи тоҷиконро хоҳишмандам ном ба ном бигӯед?

- Дар аввалин музокироти сулҳи тоҷикон ҳайати ҳукуматӣ аз шахсони зерин иборат буд: Зуҳуров Шукурҷон (раис), Салимов Саид, Усмонов Иброҳим (ҷонишинҳо), Абдуллоев Б. Н., Азимов А. Н., Мирзоев Ш., Ғоибов Э., Ҳошимов Р.И., Шарифов Ш.Н., Холдоров У., Юнусов Т.   Ҳайати мухолифин: Латифӣ Отахон (ҷонишин), Сафаров Бозоралӣ, Саидов Зайд, Сатторов Абдунабӣ, Холиқназаров Худойбердӣ, Сангинов Ҳабиб.

Музокироти аввали сулҳи тоҷикон нишонгари он буд, ки роҳбарони ду тараф тасмими истиқрори сулҳро дар Тоҷикистон алакай гирифта буданд  ва усули пиёда кардани ин сулҳро дар музокирот ҷустуҷӯ мекарданд. Нӯҳ даври музокирот,  6 мулоқоти сарон, 3 машварат ва даҳҳо машваратҳои ғайрирасмӣ дар охир тоҷиконро ба сулҳ овард ва рӯзи 27 июни соли 1997 дар Маскав "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон"   ба имзо расид.

ҲИЗБИ ДЕМОКРАТ МАРО БА ВАЗИРӣ ПЕШНИҲОД НАМУД

- Кай ва дар куҷо Шумо вориди Ҳизби демократи Тоҷикистон шудед, чун мегӯянд то сентябри соли 1992 Шумо узви ин ҳизб набудед, вале дар музокироти сулҳ ин ҳизбро муаррифӣ мекардед ва аз саҳмияи ҳамин ҳизб ба мақоми вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон расидед? Ҳамин вазифаи вазири меҳнат кай буд, ки ба Шумо ваъда шуд? Ҳангоми ба Душанбе омадан ё ҳини дар хориҷа буданатон?

- Тавре, ки гуфта шуд, ман дар соли 1991 узви Ҳизби демократи Тоҷикистон шуда будам ва аз соли 1995 дар Анҷумани ин ҳизб дар шаҳри Алмаато муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шудам. Дар охири соли 1995 Ҳизби демократи Тоҷикистон ба эътилофи Иттиҳодияи оппозитсиони тоҷик (ОТО- ИНОТ) ҳамроҳ шуд. Он замон ИНОТ аз Ҳизби наҳзати исломӣ, Маркази ҳамоҳангсозии фаъолияти нирӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои муштарак- ул- манофеъ ва Ҳизби демократии Тоҷикистон  иборат буд.

Аз моҳи апрели соли 1994 ман ҳамчун намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии фаъолияти нирӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои муштарак- ул- манофеъ дар музокироти сулҳи байни тоҷикон дар 9 давра, 6 мулоқоти сарон, 3 машварат ва даҳҳо машваратҳои ғайрирасмӣ то моҳи сентябри соли 1997 иштирок намудам. Баъд аз имзои "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон" ва шурӯъи кори Комиссиюни оштии миллӣ дар шаҳри Душанбе моҳи сентябри соли 1997, маҳз ҳамин Комиссиюни оштии миллӣ бо дархости Садорати Ҳизби демократи Тоҷикистон маро ба вазифаи вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ пешниҳод намуд. Албатта ман мутахассиси ин соҳа набудам, лекин пешниҳоди Комиссиюни оштии миллиро натавонистам, ки рад бикунам. Он замон барои мусолиҳаи миллӣ ин зарур буд.

ШОДМОН  ЮСУФ МУЗОКИРОТ НАМЕХОСТ, ТОҲИРИ АБДУҶАББОР БОВАР НАДОШТ

- Чаро Тоҳири Абдуҷаббор, Давлати Худоназар ва Шодмон Юсуф аз ширкат дар раванди музокироти сулҳ берун монданд? Ва дар бастагӣ ба ҳамин суъол аз Шумо пурсидан мехостам, ки ба мақоми президентӣ дар тирамоҳи соли 1991 пешбарӣ гардидани Давлати Худоназарро бисёриҳо имрӯз иштибоҳ медонанд, ҳатто онҳое ҳам, ки он замон ба Худоназаров хеле наздик буданд. Андешаи Шумо дар ин масъала чист?

- Тавре, ки гуфта шуд,  дар аввалҳои соли 1994 ба намояндагӣ аз Маркази ҳамоҳангсозии нирӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои муштаракул манофеъ мо се кас шодравон Отахон Латифӣ, устод Абдунабӣ Сатторзода ва ман барои машварат ба Теҳрон сафар кардем ва дар он ҷо бо Шодмон ва шодравон Тоҳир дар мавриди шурӯъи музокироти сулҳи тоҷикон сӯҳбат оростем. Шодмон Юсуф қатъиян музокиротро рад кард ва гуфт, ки ман ҳеҷ вақт бо ин ҳукумат сари ягон миз намешинам. Шодравон Тоҳир ба музокирот бовар надошт ва онро талафи вақт номид. Давлати Худоназар он замон дар Амрико буд. Дар масъалаи интихоботҳои соли 1991 фикри ман чунин аст, ки шахсони мӯътабари он давра бояд  интихоботро ба шакли мусолиҳа барқарор мекарданд, на ба шакли зиддияти байни ноҳияҳо. Онҳо бояд пеш аз ҳама дар бораи манфиатҳои умумимиллӣ фикр мекарданд, на дар бораи манфиатҳои қавмӣ ва маҳаллӣ. Мутаассифона дар байнашон ашхоси эҳсосотӣ ва ғаразхоҳ зиёд буданд.

ЛАГАНБАРДОРОН ҲИЗБИ ДЕМОКРАТРО ПОРА КАРДАНД

-Алъон Шумо узви кадом ҳизб ҳастед ва чаро баъди он ки ба ҳайси корманди сафорати Тоҷикистон дар Чин таъин шудед, равобитро ботамом бо ин ҳизб буридед? Ин кори Шуморо бархе аз аъзои ин ҳизб хиёнат ба ормонҳои ҲДТ, ҳизбе, ки Шуморо ба мақоми вазири меҳнат нишонд, медонанд. Дар ин бора чӣ андеша доред?

- Ман ҳанӯз ҳам узви Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳастам. Баъд аз он, ки манро ба сафорати Тоҷикистон дар Чин ба сифати муовини сафир таъйин карданд, ман  бо раиси ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров  дар тамос будам ва аз ҳоли ҳизб мепурсидам. Тобистони соли 2003 ба Душанбе ба рухсатӣ омадам, бо раис телефонӣ сӯҳбат кардам ва ӯ худаш хоҳиш кард, ки рӯзи дигар ба наздаш ба мулоқот равам. Рӯзи дигар дар идорааш ҳамроҳи Садриддин Ҳасанзода се соат мунтазири раис нишастем, аммо раис наомад. Ман ҳис кардам, ки касе аз наздикони раис  мулоқоти моро намехост. Сабабашро низ фаҳмидам, онҳо дар анҷумани ҳизб мехостанд маро аз вазифаи муовини раиси ҳизб бидуни он, ки ман хабар дошта бошам, барканор кунанд. Ҳамин тавр, манро ба анҷуман даъват накарданд. Пеш аз итмоми рухсатӣ ман ба раиси ҳизб телефон кардам ва хоҳиш кардам, ки ҳамкориро бо ҳизби халқии демократӣ мустаҳкам кунад ва баъзе аз лаганбардорони гирду атрофашро, ки муқобили ин ҳамкорӣ ҳастанд,  аз наздаш дур кунад.   Мутаассифона ин лаганбардорон хидмати хирсонаашонро карданд, ки дар натиҷа ҳизби демократ ба чанд қисм тақсим шуд.

- Шумо дар Ҷумҳурии мардумии Чин чанд муддат фаъолият доштед ва мегӯянд, ки он ҷо Шумо хешу табор ҳам доред, яъне гузаштагонатон аз Қошғар ҳастанд, оё ин рост аст? Ва чӣ рисолате Шумо дар Чин доштед? Ва устод, назари Шуморо сари додани хоки Тоҷикистон ба Чин мехоҳам бидонам, оё кори хуб шуд, ё ин бохти мо аст?

- Ман аз Президенти ҷумҳурӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор ҳастам, ки маро соли 2000- ум ба назди худ ба дастгоҳи иҷроияи Президент ба кор даъват намуданд ва ба вазифаи мушовири Президент дар масъалаҳои байналмилалӣ, ки тахассуси ман ҳаст, таъйин карданд. Сипас, дубора эътимод карда дар моҳи сентябри соли 2001 ба вазорати корҳои хориҷӣ супориш доданд, ки маро ба сафорати Тоҷикистон дар Чин  ба вазифаи  муовини сафир таъйин кунанд. Дар Чин аз соли 2001 то соли 2007 фаъолият доштам ва то ҳадди имкон  кӯшиш кардам, ки ба рушду тавсеаи муносиботи дутарафа мусоидат намоям. Агар дар соли 2001 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин дар ҳудуди 7,5 миллион доллари амрикоӣ буд, дар соли 2008 ин гардиш ба ним миллиард доллар расид. Дар ин муддат ду сафари расмӣ, 2 сафари корӣ ва як сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии мардумии Чин бо муваффақият анҷом пазируфт. Дар масъалаи гузаштагонам, ки Шумо пурсидед, бояд бигӯям, ки бобои ман аз тарафи падарӣ аз тоҷикони Тошқурғони Чин ҳаст, ки дар солҳои 70- и асри 19 ба Бадахшон омада ин ҷоро ватани муқимӣ ихтиёр кардааст. Масъалаи музокироти сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Чин ва вогузории 1000 километри квадратӣ аз 28 ҳазор километри квадратии хоки баҳсталаб ба Чин масъалаест, ки тавзеҳоти зиёдро талаб мекунад ва ман ин тавзеҳотро ба "Миллат" дар шакли як мақолаи алоҳида пешкаш хоҳам намуд.

30 % -ҲО ТО ҲАНӮЗ ДАР ХИДМАТИ ВАТАНАНД

- Он чӣ, ки аз сулҳи тоҷикон умед доштед, он бароварда шуд? Чун баъзеҳо мегӯянд, ки бисёр умедҳо бароварда нашуданд ва назари ҷониби дигари сулҳ- яъне намояндагони оппозитсиюни собиқ дигар барои ин ҳукумат арзише надорад.

- Бисёре аз намояндагони шойистаи  саҳмияи 30 фойиза аз соли 1998 то соли 2006 дар Ҳукумати Тоҷикистон фаъолона хидмат карданд, яъне дар ҳудуди 9 сол, магар ин кам аст. Ин муддате буд, ки оромии нисбии сиёсиро ба кишвар овард ва сулҳро таъмин намуд. Ашхоси дигари саҳмияи сӣ фоиза, то ҳанӯз дар корҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд ва барои ободии Ватан хидмат мекунанд.

- Оё Шумо ҳамонҳое, ки сулҳро барои миллати тоҷик ҳадя кардед, чӣ аз ҷониби ҳукумат ва чӣ аз ҷониби оппозитсиюни собиқ гоҳ- гоҳе гирди ҳам омада сӯҳбату машварат мекунед? Ва андешаи Шуморо дар мавриди он ки "Клуби сулҳсозон" таъсис ёбад, донистан мехоҳам. Яъне таҷрибаи сулҳофарии Шумо омӯхта шавад, бозмондаҳои раванди музокироти сулҳ ҷамъ биёед ва аз тариқи телевизион бо мардум сӯҳбат бикунед, бо чӣ азобу мушкилот ба даст омадани тинҷиву амонии кишварро ба насли ҷавон бигӯед, мунозираву мубоҳиса бикунед, чун ин бисёр чизи муҳим аст. Насле, ки имрӯз ба майдон омадааст, на ҷанги тоҷикро дидаасту на сулҳашро. Ва ҳамин насл имрӯзҳо Тунису Мисрро ба ларза афкандааст. Яъне ба насли ҷавон дарси таърих, сабақи Сулҳу ваҳдатро биомӯзед. Ва дар идомаи ҳамин суъолу пешниҳод мехостам назари Шуморо дар мавриди он ки ҳаводиси сиёсии ҷаҳони Араб, ба хусус Тунису Миср чӣ паёмад ё таъсире метавонад ба Тоҷикистон дошта бошад, бидонам?

-  Тавре, ки ман иттилоъ дорам, баъд аз хатми кори Комиссияи оштии миллӣ дар чаҳорчӯби маҳфили "Диалог", ки аз тарафи давлати Шветсария маблағгузорӣ мешуд, баъзе аз намояндагони ду ҷониби музокироти сулҳ бо ҳам то соли 2009 дидор ва гуфтугӯ мекарданд. Сулҳи тоҷикон воқеъан бесобиқа буд ва назири он дар ҷаҳон кам аст. Ба таъсиси "Клуби сулҳсозон" ба хотири тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи сулҳофаринӣ мувофиқам. Дар мавриди таъсири эҳтимолии воқеъаҳои Тунису Миср ба кишварҳои Осиёи марказӣ ва бахусус ба Тоҷикистон бояд бигӯям, ки афзоиши мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ адами озодиҳои фардӣ ва қавонини демократӣ дар ҳамаи ҷомеъаҳои ҷаҳонӣ ба бурузи эътирозот, нооромиҳо ва инқилобҳо меорад. Мардуми тоҷик, ки ҳамаи ин мушкилотро аз сар гузаронд, бадбахтиҳои ҷанги дохилиро дид, мушкилоти имрӯзаро низ таҳаммул ва пушти сар хоҳад кард ва бад-ин сабаб суботу оромии кишварро аз ҳама чиз гаронтар меҳисобад.

ШАРҲИ ҲОЛ

Худойбердӣ Холиқназарзода, 14 июни соли 1951 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, солҳои 1974- 1976 дар Афғонистон ба сифати тарҷумон хидмат намудааст. Солҳои 1978- 1980 ба сифати тарҷумони забони форсӣ дар Ирон фаъолият дошт.

Аз соли 1981- 1987 дар Институти шарқшносӣ кор карда, соли 1987 рисолаи номзадиашро дар шаҳри Маскав дифоъ намудааст.

Солҳои 1987- 1989 дар Афғонистон ба симмати тарҷумон фаъолият кардааст.

Аз феврали соли 1989 мудири кафедра дар Институти забонҳост.

Соли 1991 ҷамъияти фарҳангӣ-маънавии " Носири Хусрав"-ро таъсис дод.

Солҳои 1993 - 1998 фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар хориҷи Тоҷикистон.

Аз феврали соли 1998 то соли 2000-ум  вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

Аз моҳи марти соли 2000-ум мушовири Президенти Тоҷикистон.

Солҳои 2001- 2009 муовини Сафири Тоҷикистон дар Чин.

Аз 1 октябри соли 2009 Сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон аст.

Сӯҳбаторо:

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97