Бедории арабҳо қудратҳои худкомаро бедор мекунад

Мусоҳиба 11.02.2011 02:54

Mizi_gird_005Дар идораи нашрияи «Миллат» бо ибтикори Анҷумани байнулмиллалии рӯзноманигорони форсизабон- «Афрӯз» ва масъулини ин нашрия  Мизи гирде дар мавзӯъи  «Тазоҳуроти Миср ва ҷаҳони Араб чӣ таъсир ва паёмаде метавонад ба кишварҳои Осиёи марказӣ дошта бошад?» баргузор гардид.

Ба суолҳои гардонандаи Мизи гирд, узви Раёсати «Афрӯз», муҳаррири нашрияи «Миллат» Толибшоҳи Сайидзода коршиносони варзидаи масоили минтақавӣ  номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Давлати Усмон, Қосими Бекмуҳаммад, Зоҳири Давлат ва Саъдӣ Юсуфӣ посух гуфтанд. Ҳамчунин ба ин Мизи гирд намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Усмон Солеҳ ва корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент Фаррух Умаров низ даъват шуда буданд, ки мутаассифона, чуноне баъдан изҳор доштанд, ҷиҳати ба кори оҷиле масруф будан натавонистаанд дар ин сӯҳбат ширкат дошта бошанд, вале Фаррух Умаров ба суолҳои мо сари мавзӯъи мавриди баҳс андешаҳои хешро ба таври фишурда баён намуданд, ки онҳоро дар хатми сӯҳбати Мизи гирд ба хонанда пешниҳод менамоем.

Толибшоҳи Сайидзода: (минбаъд Т. С.) Ҷанобони мӯҳтарам, чуноне огаҳӣ доред, шурӯъ аз ибтидои моҳи январи соли равон вазъи сиёсӣ дар ҷаҳони Араб печида шуд. Тазоҳуроти мардумӣ дар Тунис ба ҳукмронии 23 солаи Зайналобиддин бин Алӣ хотима бахшид ва баъдан авҷи тазоҳурот Миср, Яман, Урдун ва Сурияро низ фаро гирифт. Пурнуфустарин ва фоҷеъабортарин тазоҳуроти мардумӣ тайи беш аз даҳ рӯз аст, ки кишвари Мисрро фаро гирифта ва мардум хостори истеъфои президент Ҳуснӣ Муборак ҳастанд, ки 30 сол боз қудратро дар панҷаи хеш нигоҳ медорад. Коршиносон ва андешамандон тазоҳуроту ҳамойишҳои мардумиро дар Тунису Миср шарҳу тавзеҳи мухталиф медиҳанд. Чун ин масъала мавзӯъи рӯз аст ва таваҷҷӯҳи тамоми ақшори бедори ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба он нигаронида шудааст ва итминон дорам ҳар субҳ кори хешро Обама ва Медведев, Саркозӣ ва Берлусконӣ, Урдуғон ва Аҳмадинажод, Меркел ва Кэмэрон аз шунидани ахбори тоза оид ба вазъи сиёсӣ дар Миср оғоз мекунанд, аз ин рӯ тасмим бар ин шуд, шуморо ин ҷо гирдиҳам биёварем то назару андешаҳоятонро сари ин мавзӯъ дониста бошем.

Чапгариҳо дар ҷаҳони араб

Мехоҳам андешаи Шуморо дар бораи авомилу сабабҳои сар задани ин ҳаводис ва чӣ бойиси он шуда, ки кишварҳои арабиро имрӯз мавҷи эътирозу тазоҳуроти мардумӣ фаро гирифтааст, бифаҳмам. Бо иҷозаи Шумо шурӯъ мекунем аз устод Давлати Усмон, ки як шахсияти дар ҷомеъа шинохта, сиёсатшинос ва дар пешин аз зумраи арбоби давлат низ будаанд. Бифармоед!

Mizi_gird_007Давлати Усмон: (минбаъд Д. У.) Қабл аз он ки асосҳо ва сабабҳои воқеъоти имрӯзии ҷаҳони арабро бозгӯ ва баррасӣ кунем, каме ба қафо, ба таърихи на чандон дури ин кишварҳо бармегардем. Кишварҳои арабӣ, ки дар ду қора Осиё ва Африқо ҷой гирифтаанд, дар даврони баъди хатми Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва замони авҷ гирифтани ҷунбишҳои миллӣ- озодихоҳӣ сохтори давлатдории иддае аз инҳо тағйир хӯрд, амсоли Миср, Алҷазоир, Тунис, Либиё дар қораи Африқо ва Яману Сурияву Ироқ дар қисмати Осиё. Он режимҳои шоҳӣ ва амирие, ки дар ин кишварҳо ҳукумат доштанд, дар натиҷаи ҷунбишҳои миллӣ- озодихоҳӣ тағйир хӯрда, дар раъси қудрати ин кишварҳо нирӯҳои чапӣ омаданд, чун дар он замон барои ин ҷунбишҳо чапигарӣ як улгу шинохта шуда буд.

Т. С. Хоҳиш мекунам ҳамин мафҳуми чапӣ ё чапгароиро шарҳ бидиҳед?

Д. У. Манзури ман афкори кумунистист. Дар ҷаҳон зери мафҳуми чапӣ ё чапгароӣ ҳаминро мефаҳманд. Қудрати ягонае, ки ин ҳаракатҳои чапиро раҳбарӣ мекард, Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки баъди Ҷанги бузурги ватанӣ хеле нирӯманд шуда буд. Ҳарчанд дар кишварҳое чун Миср, Алҷазоир ва Либиё ҳаракатҳои исломӣ низ амал мекарданд, барои ҷаҳони Ғарб ҳам сари қудрат омадани ҳамин нирӯҳои чап қобили қабул буд, аз он ки гурӯҳҳои мазҳабӣ сари қудрат биёянд, яъне чапҳо бехавфтар буданд. Инҳо нирӯҳое буданд, ки аз миёни мардум бархоста ва барои рушду рифоҳи кишварҳояшон ба мардум ваъдаҳои зиёде ҳам дода буданд. Аммо бо гузашти чанд муддате ба яккаҳукмронӣ расиданд ва ваъдаҳои хешро фаромӯш карданд. Намунаи равшани онро мо дар мисоли Яман, Алҷазоир ва баъдан Миср дидем. Агар дар Миср Ҷамол Абдулносир ва Анвар Содот кӯшишҳое ҳам барои демократӣ кардани ҷомеъаи кишварашон ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардумашон карда буданд, Ҳуснӣ Муборак бо расидан ба ҳукумат, зери ҳимояву ҳидояти Амрикову Исроил қудратро комилан фасодзада ва хонаводагӣ кард.

Сарқонунҳои Осиёи марказӣ идеаланд

Т. С. Яъне мардум Зайналобиддин бен Алиро дар Тунис 23 сол тоқат кард ва Ҳуснӣ Муборакро дар Миср инак 30 сол ва Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро дар Яман 32 сол боз таҳаммул мекунанд ва ин қудратҳо ваъдаҳои хешро иҷро накарданд ва хоставу ормонҳои мардум бароварда нашуд, ҳамин тавр?

Д. У. Бале! Ва бубинед, чун орзуву омоли мардуми ин манотиқ бароварда нашуд, он ҳаракатҳои исломие, ки дар ин кишварҳо амал мекарданд, фаъол шуданд, масалан «Ихвон- ул- муслимин». Ин табиист, вақте қудратҳо худкома, хонаводагӣ ва фасодзада мешаванд, роҳ барои фаъолият ва муборизаи дигар нирӯҳо боз мешавад. Ғарб ҳам баъди фурӯпошии Шӯравӣ хеле ҷаҳд кард ва имрӯз ҳам талошҳое дорад, ки ин ҷомеъаҳо боз шаванд. Ва ин қудратҳои худкомаи арабӣ Ғарбро ҳамеша аз як чиз метарсонданд, ки агар онҳо аз қудрат бираванд, исломи сиёсӣ ва тундгароён рӯйи кор меоянд. Ва мусаллам аст, ки Исроил ва Ғарб душмани исломи сиёсӣ аст. Имрӯз ҷаҳон бо чунон суръати баланду барқосо пеш меравад, ки дигар миллату халқияти кулли дунё бедор шудаанд, дигар зери асорату дар панҷаи ҳокимони худкома ва режимҳои хонаводагӣ зистан намехоҳанд. Дигар мардум он афроди солҳои 20- уму 70- уми қарни ХХ нест ва ҷаҳони Ғарб ҳам дарк кардааст, ки режимҳои худкомаву авторитариро бояд аз байн бурд, то мардум соҳиби ҳақ ва озодиҳо шавад, чунки намешавад як умр мардумро дар панҷаи зулму истибдоди як ҳокими худкома нигоҳ дошт. Мардум дар ҷаҳони Араб дарк кардааст, ки замони демократияи дурӯғин ва коғазӣ хатм шудааст.

Дар кишварҳои Осиёи марказӣ ҳамин демократиябозӣ ва қонунҳои коғазӣ баъди касби истиқлол карданашон шурӯъ шуд. Шумо бигиред сарқонуни дилхоҳ кишвари Осиёи Марказиро ва мебинед, ки он идеал аст, ҳатто дар боби таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз конститутсияҳои Амрикову Аврупо ҳам пешрафтатар аст, аммо танҳо дар коғаз, яъне мо демократиябозӣ дорем. Ҷаҳони Ғарб дигар наметавонад ва он имкону тавонро ҳам аз даст дода, ки ба кишварҳои арабӣ ва африқоӣ бигӯяд, ки «бигиред қанд бихӯреду даҳан ширин кунед», яъне онҳоро наметавонад дигар мисли кӯдак фиреб кунад, зеро онҳо дигар кӯдак нестанд, бузург шудаанд ва ҷомеъаҳо бедор гаштаанд. Масалан, интихобот мегузарад ба як шакли фаҷеъ ва Ғарб бигӯяд, ки як каме қонунвайронкунӣ буд, дар ин сурат эътимоди мардум аз Ғарб мегардад ва онро мунофиқ хоҳанд гуфт. Бубинед, Викилликс чӣ шӯре дар ҷаҳон афканд, ҳазорон асрору найрангҳои кишварҳову нухбагони сиёсиро ошкор сохт.

Комёбии Урдуғон ва Гулро сабаб чист?

Д.У. Ва ҳамин аст, ки дар ҷаҳони Араб мардум ба майдонҳо мерезад ва раисҷумҳури Тунис, ки 23 сол сари қудрат буд, фирор мекунад ва нафаре, ки ҷойгузини ӯ шуда, яъне сарвазир мегӯяд, ки Президент будан намехоҳад, мехоҳад ҷомеъаро боз кунад ва биравад. Имрӯз дар Миср мебинем, Муборак мегӯяд, ки аз ҳокимият безор шудааст, дигар президент будан намехоҳад ва тайёр аст дар моҳи сентябр биравад ва мухолиф аст, ки фарзандаш Ҷамол ҳам номзадиашро пешбарӣ кунад. Ва Умар Сулаймон ҳам, ки имрӯз ноиби раисҷумҳур аст, мегӯяд, омода аст ҷомеъаро боз бикунад ва биравад. Ва дар Сурия ҳам президент ҳукуматро ба истеъфо равон мекунад ва хостори ислоҳот мешавад. Ин чизҳо тасодуфӣ нестанд. Агар мо ин ҳаводисро инқилобҳои контролшуда бигӯем, иштибоҳ намекунем, чунки ҳам барои Исроил ва ҳам барои Амрикову Аврупо зарур аст, ки ин кишварҳо боз шаванд ва ҳам афроде дар ин кишварҳо рӯйи кор биёяд, ки бо манофеъ ва хостаҳои онҳо мухолиф набошад. Чизи аз ҳама ҷолиб дар Туркия аст. Туркия барои Ғарб як майдони таҷриба шуд. Сарвазири ин кишвар Урдуғон ва ҳам раисҷумҳур Абдулло Гул ҳарду дар дохили як ҷунбиши сиёсӣ- исломӣ пухта расидаанд. Ман бо ин ду шахсияти шинохтаи сиёсӣ хуб ошно ҳастам, онҳоро аз наздик медонам. Урдуғон ва Гул ин ду ихвонӣ бо расидан ба қудрат давлате сохтанд, ки ҳам Ғарб онро қабул дорад ва ҳам мардуми Туркия аз онҳо ҷонибдорӣ мекунад. Қабл аз Урдуғон захоири арзии Туркия 1 млн. 700 ҳазор долларро ташкил мекард, дар тӯли 8 соли ҳукумати Урдуғон он ба 600 млн. доллар расид. Ин фантастика аст, боварнокарданист, афсона менамояд, вале ҳақиқат аст. Аз ин рӯ Урдуғон чанд боре ва чанд соле бихоҳад мардумаш ба ӯ райъ хоҳанд дод ва артиш ҳам дигар ҳеч коре карда наметавонад. Имрӯз Ғарб боке ва тарсе надорад, агар ҳамчунин як нирӯи мӯътадили исломӣ дар Миср ё дигар кишварҳои арабӣ сари қудрат биёяд. Ихвониёни Миср гуфтаанд, ки ҳар кас ба сари қудрат биёяд, онро қабул доранд, фақат диктатор набошад. Аз ин рӯ онҳо ал- Бародаиро мепазиранд ва ҳам Амр Мӯсоро қабул доранд. Ҳодисоти Мисру Тунис баёнгари он аст, ки афкори Ғарб дар нисбати Ислом тағйир хӯрдааст. Ғарб имрӯз дар рӯ ба рӯи ҷаҳони Ислом истода ду роҳ дорад; ё ба демократияи коғазӣ хотима мебахшад, ҷомеъаҳоро боз мекунад ва ба демократияи воқеъӣ роҳ мекушояд, ё дар муқобили ал- Қойида истода мағлуб мешавад. Ё Ғарб ин ҷомеъаҳоеро, ки аз онҳо пуштибонӣ дорад, ба ислоҳ меорад, ё ин мардум барои талаби ҳаққи озодиҳои хеш меравад ба канори ал- Қойидаву дигар ҷунбишҳои тундгарову ифротӣ.

Mizi_gird_002Қосим Бекмуҳаммад: (минбаъд Қ. Б.) Ин ҷо ҷаноби Давлати Усмон хеле сӯҳбати хубу муфассал карданд ва ба суолҳои зиёде посух гуфта, мушкили моро осон карданд.

 

Иттиҳоди Миср бо Исроил як омили хашми мардум буд

Т. С. Бо вуҷуд аз Қосими Бекмуҳаммад мехостам, ки назарашро ба шакли мушаххас сари ин масъала изҳор дошта бошад.

Қ. Б. Ба назари ман он чӣ ки дар Миср дар ҳоли анҷом шудан ва дар дигар кишварҳои Ховари наздик дар ҳоли шакл гирифтан аст, ба чанд омил ё фактори дохилӣ ва хориҷӣ иртибот дорад. Яке аз омилҳои асаргузори дохилӣ вуҷуди мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, назири фақр, бекорӣ, мизони бисёр болои фасод ё коррупсия ва ҳамчунин набуди озодиҳои лозими демократӣ мебошад, ки ба ин мавзӯъ ҷаноби Давлати Усмон ишора карданд. Дар ҳар кишваре, ки фасод ба сурати густарда вуҷуд дошта бошад, ба рушди озоди тиҷорат наметавон умед кард ва яке аз мушкилоти кишварҳои фасодзада дар ҷиҳати тавсеъа ва пешрафтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ҳамин аст. Дар мисоли Тунис ва Миср, ки аз меҳваритарин кишварҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом аст, мебинем, ки расидагӣ накардан ба мушкилоти мардум бо чӣ метавонад анҷомад. Ба иттилоъи Ал-Бародаӣ - яке аз мухолифони Ҳуснӣ Муборак, ҳудуди 40 дарсади аҳолии Миср барои ҳазинаҳои як рӯзи худ қудрати харҷи беш аз ду долларро надорад. Заминаҳои ноамниҳо ва ихтилофоту тазоҳурот дар Миср, Тунис ва дигар кишварҳои арабӣ имрӯз не, балки аз хеле пеш гузошта шуда буд. Дар Миср зоҳири як ҷомеъаи шарқии имрӯзӣ сохта шуда буд, ки он аз тариқи фаъолияти ниҳодҳои мухталифи қобили назорати ҷомеъаи маданӣ ё шаҳрвандӣ ба намоиш гузошта мешуд. Ҳатто дар парлумони Миср намояндагони аҳзоб ва шахсиятҳои мухолиф низ ҳузур доштанд ва гоҳ-гоҳе тазоҳуроти мухолифин ҳам ба назар мерасид, ҳарчанд бисёр зуд саркӯб мешуд. Аммо дида мешавад, ки ин ҳама чизе набудааст, ки битавонад мардумро қаноат бидиҳад, то на ҳазору даҳ ҳазор, балки садҳо ҳазор майдоннишиниву ҳатто қурбон шуданро бар худ ҷойиз бубинанд.

Дар робита ба таъсири омили хориҷӣ бояд гуфт, ки шарик ва муттаҳиди стратегии Амрико ва Исроил будани Миср барои тазъифи пояҳои қудрати Ҳуснӣ Муборак нақш дошт. Мардуми Миср дар робита ба таҳаввулоти чанд соли ахири минтақаи Ховари миёна ва бавижа қазияи Фаластин ва иқдомоти ғайрибашарии Телавив, аз мавзеъгириҳои расмии Қоҳира эҳсоси нороҳатӣ мекарданд ва худро дар ҷойгоҳе, ки муносиби як кишвари меросбари тамаддуни бузурги исломист, намедиданд. Қатъан ин мавзӯъ барои тадовуми ҳар навъ қудрат дар Миср аз ин ба баъд бисёр муҳим хоҳад шуд.  Ман бо ин бахш аз сӯҳбатҳои ҷаноби Давлати Усмон, ки мегӯяд ин таҳаввулоту инқилобҳо қобили контрол мебошанд, розӣ нестам, зеро ҳарчанд  Амрико аз чанд муддати қабл бо мухолифини ин кишварҳо ва аз ҷумла Миср вориди музокироти пинҳонӣ шуда буд, вале боз ҳам суръат ва вусъати таҳаввулот ҳатто барои Амрико ғайри қобили пешбинӣ буд.

Д. У. Ман нагуфтам, ки ин инқилобҳо контролшаванда ҳастанд, ман гуфтам, ки мехоҳанд ин таҳаввулот контролшаванда бошанд. Фарқ байни «ҳастанд» ва «мебошанд» зиёд аст. Бубинед, дар Миср чӣ ҳолат рух дода истодааст. Аввал ин ки Муборак мехоҳад бо ҳар воситае то охири мӯҳлаташ, то моҳи сентябр дар қудрат боқӣ бимонад ва ба ҳама гузаштҳо тайёр аст то бо ифтихор аз мансаб биравад. Агар имрӯз сарзаминашро тарк кунад, ин як фазоҳат аст ва шармандагист барои як ҳокиме, ки 30 сол дар сари қудрат будааст. Дуввум дар сурате, ки ин кор нашавад, ҳукумат ба шахсе дода шавад, ки мавриди эътимод бошад.

Қ. Б. Яъне ба Умар Сулаймон.

Д. У. Бале, бубинед, ҳатто нафареро оварданд, ки онро Амрико ва Исроил ҳам қабул доранд, яъне Муҳаммад ал- Бародаиро ва дирӯз Амру Мӯсо, раиси Лигаи кишварҳои Арабӣ ва вазири собиқ умури хориҷаи Мисрро низ ба ин саҳна кашиданд. Яъне кӯшишҳое шуда истодааст, ки натиҷаи кор контролшаванда бошад.

Чаро Муборак ба истеъфо намеравад?

Т. С. Мехоҳам аз ҷаноби Зоҳир, ки таҳсилдидаи Қоҳира аст ва Муборакро аз наздик дидаву вазъи ин кишварро хеле хуб медонад, суол кунам, ки чаро Муборак мегӯяд аз ҳукумат безор шудааст, вале ба истеъфо намеравад? Аз чӣ метарсад, аз кушта шудан, ё аз гурезагӣ?

Mizi_gird_00444Зоҳири Давлат: (минбаъд З. Д.) Хуб, чаро Муборак намеравад? Доираҳои расмии Миср мегӯянд, дар ин рӯзҳое, ки кишварашон ба сахтиву мушкилот ва нооромӣ мувоҷеҳ аст, вуҷуди Муборак замонати амнияти Миср аст. Дар сурати аз кишвар фирор кардани Раиси 82 сола, яъне Муборак он ҷо гурӯҳҳое ҳастанд, ки имкон дорад даст ба ноамн сохтани кишвар бизананд. Муборак дар сӯҳбаташ бо ЭйБиСи гуфт, ки 62 сол ба Миср хидмат кардааст ва намехоҳад кишварашро ба дасти гурӯҳҳои ифротиву тахрибкор бигзорад. Яъне он ҷо имрӯз як нирӯи муттаҳид ва қавӣ, як гурӯҳи мушаххасу муайяне нест, ки вазъро зери назорат дошта бошад ва ҳама аз он пуштибонӣ бикунанд. Ва ҳам ин ҷо дуруст қайд шуд, ки дар сурати фирор кардан аз Миср Муборак ҳама ҳайсияту ифтихоротро аз даст медиҳад. Ва ӯ 30 сол боз дар қудрат аст ва мусаллам аст, ки аз қудрат канор рафтан ҳамеша саъб аст, сахт аст ва ин ба гуфтан осон аст. Биёем ба масоили молӣ ва иқтисодӣ. Ҳар сол Амрико барои амнияти Миср 1 миллиарду 600 миллион доллар масраф мекунад. Дар канораҳои рӯди Нил чандин ҳазор гектар заминҳое ҳастанд, ки агар он ҷо гандум кишт шавад, на танҳо Мисрро, балки сойири кишварҳои арабиро ҳам метавон бо ғалла таъмин кард.

Арабҳо кай моҳигир мешаванд?

Т. С. Ҳамон заминҳое, ки дар замонаш Ҳазрати Юсуф онҳоро гандум кишт карда ва мардумро аз қаҳтии ҳафтсола наҷот дода буд?

З. Д. Бале, ҳамон заминҳои юсуфӣ.

Т. С. Пас, чаро он заминҳо имрӯз кишт намешаванд?

З. Д. Чаро? Ҳозир мегӯям. Гӯё, ки байни Амрико ва Миср қарордоде бошад, ки бояд ин заминҳо кишт нашаванд. Амрико шарт гузоштааст, ки ин заминҳо кишт нашаванд ва ҳам гуфта, ки ҳар кӯмаке зарур аст, яъне орду гандуму дигар маводи ғизоӣ худамон таъмин мекунем. Амрико медонад, ки агар ин заминҳо кишт шаванд, дигар кишварҳои арабиро ниёзе ба ғаллаи онҳо боқӣ намемонад. Яъне Амрико ба Миср гуфтааст, моҳӣ хоҳед медиҳему моҳӣ нагиред.

Д. У. Хулоса ҳамин аст, ки Амрико мехоҳад арабҳо моҳигир нашаванд.

З. Д. Ва чунин менамояд, ки Амрико имрӯз аз Муборак рӯ тофтааст ва барои ӯ шояд ҷойгузине ҳам ёфта бошад. Ва табиати Амрикову ҳар абарқудрате ҳамин гуна аст, ки чун ба дарди онҳо нахӯрд, ҳамеша ба шарикону муттаҳидинашон ношукрӣ мекунанд.

Қ. Б. Ва як падидаи номатлубе, ки дар Миср боъиси фақри мардум ва норозигии ҷомеъа шудааст, густариши бесобиқаи фасод ё худ коррупсия мебошад.

З. Д. Оре, ҳамчунин аст. Дар Миср ҳама кор дар ҳама сатҳ бо роҳи ришва ҳал мешавад.

Қ. Б. Ва афзоиши фасод ҳам яке аз далоили заъиф шудани пояҳои қудрати Муборак аст.

Д. У. На фақат давлати Муборак, балки ҳама режимҳои худкомаи ҷаҳон дар фасод ғӯтидаанд.

З. Д. Дар режимҳои худкома як чиз  мисле, ки анъана шудааст. Масалан, бигирем Муборакро, ки аз аҳли минтақаи ал- Мануфия аст. Дар байни мардуми мисрӣ як навъ тарсу ваҳм ҳам буд, ки дар баробари як шахсияте, ки  аз зодгоҳи Муборак, яъне аз ал- Мануфия бошад, чизе гуфтан наметавонистанд, метарсиданд. Имрӯз дигаргуна шудаву тарс намондааст.

 

Юсуфи Қарзовӣ аз номи нухбагони ислом гуфт

Мехоҳам аз  бародарам Саъдӣ Юсуфӣ бипурсам, ки Юсуфи Қарзовӣ, донишманди бузурги ҷаҳони Ислом хостори истеъфои Ҳуснӣ Муборак шудааст, вале чаро дигар нухбагони дин хомӯшанд? Мо садои Туркия ва Иронро шунидем, вале чаро Покистон, як дигар кишвари бузурги исломӣ то ҳанӯз дар мавриди қазияи Миср назарашро рӯшан накардааст?

Mizi_gird_001Саъдӣ Юсуфӣ: (минбаъд С. Ю.) Шояд хомӯшии Покистон тайъиди он аст, ки Муборак дар қудрат боқӣ бимонад. Дар ҷаҳони Ислом ба шакли умум ҳарфи он нирӯҳои аз сиёсат огоҳ ва исломи сиёсиро дар масъалаи Ҳуснӣ Муборак фикр мекунам Юсуфи Қарзовӣ гуфт. Қарзовӣ аз Муборак бо лаҳни хашин хостори он шуд то аз қудрат биравад ва гуфт, ки вуҷуди ту бойиси фақри мардум ва хароб шудани кишвар шудааст. Юсуфи Қарзовӣ бешак, бедаранг муассиртарин чеҳраи исломи сиёсӣ дар ҷаҳон аст, аз лиҳози илмӣ хеле китобҳо навиштааст ва аз лиҳози фаъолиятҳои сиёсӣ ҳам як чатре аст барои хеле аз доираҳои исломи сиёсӣ дар хеле аз кишварҳои мусалмонӣ.

Д. У. Ва як чизи дигар ҳам ҳаст, ки инро низ бояд гуфт. Қарзовӣ худаш фарзанди Миср аст. ӯ аз дигарҳо бештар ҳақ дорад, ки дар ин бора бигӯяд.

С. Ю. Бале, дуруст аст. Қарзовӣ ҳамчун як шаҳрванди Миср ва ҳамчун як нухбаи ҷаҳони Ислом овоз баланд кард.

Умумиятҳо зиёданд, мутаасифона!

Т. С. Вақте ихтилофоти сиёсӣ дар Қирғизистон ҷараён дошт, коршиносону соҳибназарон гуфтанд, ки ҳатман ҳаводиси ин кишвар ба Тоҷикистон таъсиргузор хоҳад буд. Вале бубинед, қариб як сол аз он ҳаводис гузаштаву шукр вазъ дар кишвари мо амну ором аст. Ва имрӯз мегӯянд, ки ҳаводиси Миср ва мамолики Араб ҳатман ба Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт. Мехоҳам Қосимшоҳ, ки солҳои зиёд дар Қирғизистон ба сар бурдааст, барои мо бигӯяд, ки чаро ҳаводиси Қирғизистон ба ҷумҳурии мо таъсир нагузошт ва тазоҳуроти кишварҳои арабӣ барои ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ чӣ пайомаде метавонад дошта бошад?

Қ. Б. Худи баррасии ҳамин мавзӯъ далели он аст, ки таъсир вуҷуд дорад. Чаро агар дар Ветнам, Сингапур ё ҳатто Беларус чунин иттифоқоте пеш ояд, Шумо ин суолро матраҳ намекунед, ки чӣ таъсире барои Осиёи марказӣ метавонад дошта бошад? Ва чаро дар мавриди кишварҳои ҷаҳони Ислом ин пурсиш аҳамият пайдо мекунад, ки оё ин гуна ҳаводис ба минтақа таъсир хоҳад гузошт? Ин ҷо чандин омили муҳим иртибот ва ҳамбастагии ин кишварҳоро фароҳам кардааст. Мардуми мусалмони минтақа ва аз ҷумла Тоҷикистон ҳеч гоҳе худро ҷудо аз ҷаҳони ислом ва аз ҷумла кишварҳои арабӣ намедонанд ва ба ҳар гуна таҳаввулоти онҳо таваҷҷӯҳ доранд. Ин таваҷҷӯҳ ба Миср ба унвони яке аз кишварҳои меҳварии таърих ва тамаддуни исломӣ, ба сурати табиъӣ, бештар аст. Мо бо онҳо ифтихороти муштараки тамаддунӣ ва исломӣ дорем. Умдаи таърихи ислом дар ин сарзаминҳо навишта шудааст. Ва нуктаи дигар ин аст, ки оё воқеъиятҳо ва омилҳое, ки сабаби нооромӣ ва тазоҳуроти мардум дар кишварҳои арабӣ гардидаанд, бо воқеъиятҳо ва он чӣ ки дар минтақаи Осиёи марказӣ мегузарад, умумият дорад ё не? Мутаассифона, умумиятҳо кам нестанд, ки дар канори чандин омили мушобеҳ бо кишварҳои Ховари наздик, ҳамчунин вобастагиҳои  кишварҳои минтақа аз омил ё фактори хориҷӣ, ки нуфузи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии кишварҳои хориҷӣ ва бахусус қудратҳоро дар назар дорам, фазои Осиёи марказиро таҳти таъсир қарор додааст.

Назарбоев хост, ки умри сиёсиаш дароз бошад

Яке аз умумиятҳои назаррас дар кишварҳои Ховари наздик бо минтақаи мо дар сари қудрат қарор доштани мудирони солхӯрда аст, ки даҳсолаҳо дар раъси қудрат ҷой доранд.   Дигар ин ки қонунҳои асосиии худро ба гунае сохтаанд, ки гӯё ба зоҳир ҳама талабот ва арзишҳои демократиро риоят намудаанд, вале зери пӯшиши қонун муваффақ ба тамдиди умри сиёсии худ мешаванд. Намунаи рӯшани чунин корро дар иқдоми Остона мушоҳида кардем, ки бо истифода аз абзорҳои калидии демократия, яъне назарпурсии ҳамагонӣ ва ё интихобот, мехоҳанд бақои Нурсултон Назарбоев дар раъси қудрут ҳифз гардад. Саҳнаҳои мушобеҳе дар кишварҳои Ховари наздик низ бисёр зиёд буд ва ҳаст ва ин ҳама бо манофеъи стратегии Амрикову Ғарб, ки доди ҳимоят аз демократияро мезананд, дар таноқуз ва муҳодифат қарор намегирад. Барои бештари ин гуна кишварҳо бароварда шудани аҳдофи хоси худашон дар манотиқи мухталифи дунё муҳим аст, на арзишҳои демократӣ лозим шавад, демократияро барои солҳои тӯлонӣ фаромӯш мекунанд.

Бинобар ин ниёзҳои асили мардум, хоставу ормонҳои онҳо баҳси дигар аст, ки онро наметавон танҳо аз роҳи пур кардани меъдаҳои мардум таъмин кард ва даҳонашонро барои ҳамеша баст. Миср инро собит кард. Яъне озодиҳои маданӣ ва шаҳрвандӣ чизест, ки ниёзи ҳам ҷомеъаи доро ва ҳам ҷомеъаи гирифтори фақр мебошанд. Аз ин рӯ аз Чин гирифта то кишварҳои Осиёи марказӣ, ба истиснои Қирғизистон, дар чанд рӯзи аввал ахбори марбут ба Миср ва дигар кишварҳои Ховари наздикро аз тариқи расонаҳои расмӣ ба сурати ҳадди ақал бозтоб доданд, ки худ далели нигаронист ва фикр мекунам ибтикори Назарбоев барои баргузории интихоботи зудҳангоми раёсатиҷумҳурӣ бидуни иртибот бо ин мавзӯъ нест. Агар чунин набуд, чӣ ниёз ҷой дошт то ду сол зудтар интихобот баргузор гардад? Зеро бидуни шак баъди ду сол низ Нурсултон Назарбоев бо муваффақияти тамом метавонист курсиашро ҳифз кунад. Аз ин хотир, хулоса ин аст, ки таҳаввулоти Миср ва Ховари наздик рӯи кишварҳои мусалмони тамоми дунё бетаъсир нахоҳад буд. Ман бар ин бовар нестам, ки ин таъсир ба сурати мустақим қобили мушоҳида бошад, яъне бо илҳом гирифтан аз тазоҳуроти Мисру Тунис, масалан, мо шоҳид бошем, ки фардо дар Остона ё Тошканд мардум даст ба гирдиҳамоӣ мезананд. Не, вале бидуни таъсир  аз ин назар нахоҳад буд, ки ин фурсат бори дигар барои мудирони ин кишварҳо фароҳам мешавад, то сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ, рӯйкардҳои сиёсии худро дар баробари мушкилоти ҷомеъаи худ ва наҳваи равобиту вобастагиҳояшон аз меҳварҳои хориҷиро мавриди баҳсу баррасӣ ва бознигарӣ қарор бидиҳанд.

Бозгашти ҳаводиси Миср дар расонаҳои хабарӣ

Д. У. Ман як чизро мехоҳам илова бикунам, бубинед ҳама кишварҳоеро, ки чуноне қаблан ҳам ёдовар шудам имрӯз ҳамин гуна бӯҳронҳо фаро гирифтааст, қонунҳояшон хеле идеал аст, қонунҳои Миср ҳам хеле демократӣ ҳастанд. Ва инҳо Ғарбро ҳама вақт бо як чиз метарсонданд, ки агар шумо ба ин камбудиҳои мо чашм напӯшед, шумо ҳатман ба исломи сиёсӣ мувоҷеҳ мешавед. Ва бархе аз кишварҳои Осиёи марказӣ низ аз  ҳамин таҷриба кор мегиранд. Фикр мекунам, ки умумияти асосӣ  ана ҳамин  аст. Ва ҳатман таҳаввулоту тазоҳурот ва бедории мардуми кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Тунис, Яман, Миср ва Алҷазоир ба мардуми кишварҳои Осиёи марказӣ таъсир хоҳад дошт.

Т. С. Яъне он чизе, ки Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар Осиёи марказӣ  гуфтааст, ки ҳаводиси Мисру Тунис ба Қирғизистону Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт ва он чӣ ин ҷо ёдоварӣ шуд, ки  ҳаводиси Мисру Тунис дар расонаҳои хабарии расмӣ камтар шарҳу бозтоб мешавад, далели он аст, ки  нигарониҳо вуҷуд доранд.

Қ. Б. Дар тамоми кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҳатто дар Чин ҳам бо рӯйдодҳои Миср эҳтиёткорона муносибат мекунанд.

Аз банди абарқудратҳо раҳоӣ ҳаст?

Mizi_gird_006

Т. С. Дар Қирғизистон инъикоси ҳаводиси ҷаҳони Араб аз тариқи расонаҳо чӣ гуна аст?

Қ. Б. Дар Қирғизистон наҳваи инъикосу нигориши тазоҳуроту таҳаввулоти кишварҳои арабӣ дигаргуна аст. Он ҷо ин  ҳаводис инъикос мешаванд. Чунки онҳо, ба истилоҳ, бо низомҳои худкомаи Оқоев ва баъдан Боқиев мубориза карда буданд. Он чӣ шумо гуфтед, ки ҳаводиси сиёсии Қирғизистон ба ҳамсоякишварҳо ҳеч таъсире надошт, албатта ин тавр нест. Ҳанӯз ҳам кишварҳои дуру наздик аз раванди таҳаввулоти сиёсии Қирғизистон нигаронӣ доранд. Ҳатто Русия ҳам мухолифи тағйири низоми мудириятӣ дар Қирғизистон аст. Кишварҳои Осиёи марказӣ  бар он бовар нестанд, ки низоми парлумонӣ дар Қирғизистон битавонад ба пешрафти ҷомеъа мусоидат намояд ва дастоварде барои дигар кишварҳо арза кунад. Ҳанӯз мушаххас нест, ки дар шароити низоми мудирияти парлумонӣ фақр,  фасоди молӣ ва идорӣ коҳиш меёбад. Муҳимтарин мавзӯъ ва масъала ба назари ман дар ин замина ин аст, ки бозие, ки кишварҳои ғарбӣ дар либоси демократия бо ҳама дунё, аз ҷумла бо ҷаҳони Ислом ва минҷумла бо Осиёи Марказӣ анҷом медиҳанд, ин натиҷаро ба бор овардааст, ки ин кишварҳо ва ба хусус нухбагони миллии кишварҳои Осиёи марказӣ бидуни вобастагӣ ба хориҷ бақои худашонро ғайри қобили тасаввур донанд, яъне бидуни тайъиди қудратҳои ҷаҳонӣ  инҳо фикр кунанд, ки рӯйи саҳна ё ҳаққи ҳузур пайдо карданро надоранд ё агар ҳам ҳузур пайдо бикунанд, бақояшон пойдор нахоҳад буд. Ин як тарафи сикка аст ва тарафи дигар ба он бармегардад, ки дар ҳақиқат дар шароити кишварҳои Осиёи марказӣ ин фурсат барои мухолифин ё гурӯҳҳо ва аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ  фароҳам нашудааст, ки онҳо дар масъалаҳои калидӣ ва ҳаётии кишварҳои худашон  на танҳо барномаи амалӣ дошта бошанд (шояд ҳатто барномаро битавон аз ягон кишваре нусхабардорӣ кард), балки барои пазируфтани масъулияти миллӣ дар арсаҳои мухталиф омода бошанд. Ва мо дар Қирғизистоне, ки  фикр мекардем ин зарфият вуҷуд дорад, имрӯз мебинем, ки мутаассифона, чунин нест.

Д. У. Таъсири ҳаводиси сиёсии Қирғизистон ба хусус интихоботе, ки дар моҳи декабри соли гузашта он ҷо сурат гирифт, барои кишварҳои минтақа хеле таъсири қавӣ дорад. Имрӯз мо агар кишварҳои назди Балтикро ва Украинаро истисно бикунем, ки онҳо боз шудаанд, дигар имрӯз ҳама кишварҳои собиқи Шӯравӣ зери таъсири Қирғизистон қарор гирифтанд., ҳатто худи Русия ҳам, ки то имрӯз ҷомеъааш боз нест. Ва Русияро то имрӯз Ғарб ҳамчун давлати демократӣ намешиносад. Интихоботи парлумонии Қирғизистон воқеъияти ҷомеъаи онҳоро нишон дод. Он ҷо фарқ дар гирифтани овози мардум аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ як дар саду ду дар сад аст. Яъне як интихоботи озод он ҷо сурат гирифт. Ин бисёр чизи муҳим аст. Албатта Русия ва ҳам Қазоқистон низ комёбии сохтори нави Қирғизистонро орзу надоранд. Инҳо мехоҳанд, ки низоми парлумоние, ки он ҷо рӯйи кор омадааст, ноком шавад. Ва барои миллатҳояшон бигӯянд, ки дидед ҳанӯз  он замоне фаро нарасидааст, ки интихоботҳоро озоду шаффоф баргузор намоем.

Мардум барои пазируфтани озодӣ омода нест

Қ. Б. Интихоботи Қирғизистон нишон дод, ки он яке аз озодтарин, шаффофтарин интихобот дар тӯли 20 соли ахир, на танҳо дар ин кишвар, балки дар бештари кишварҳои пасошӯравӣ буд ва дар ин ҳеч шаке вуҷуд надорад. Вале ман дар Қирғизистон инро мушоҳида кардам, ки барои пазируфтани озодии зиёд низ ҷомеъа бояд омода бошад. Ва он ҷо ҳанӯз ин сатҳи омодагии ҷомеъа ба назар намерасад. Ҳамин ҳоло дар Қирғизистон мавзӯъи сӯҳбату гуфтугӯҳо аз вуқӯъи инқилоби дигар аст. Ва ман сар задани боз як инқилоберо аз эҳтимол дур намедонам. Ба хотири он ки дар канори ин озодиҳои шаҳрвандӣ, яъне озодии тазоҳурот, озодии матбуот ва ғайра мардум зиндагӣ мехоҳад, ҷойи кор мехоҳад, маводи ғизоии хуб мутаносиб бо пуле, ки дар ҷайбаш ҳаст, мехоҳад. Ва қатъан ин ҳамаро дар шароити кишвари фақире чун Қирғизистон наметавон дар ду солу се сол фароҳам кард. Ин корҳое нестанд, ки бо тағйири низоми мудириятӣ битавон онҳоро дар як муддати кӯтоҳ анҷом дод.

Д. У. Ҳамин вазъияти дар Қирғизистон мавҷуд бударо кишварҳои абарқудрат, ки аз хеш ҳомии демократия ва пуштибони озодиҳои шаҳрвандӣ метарошанд, метавонанд ба зудӣ ва осон ҳал бикунанд. Хуб, низом дигар шуд, интихоботи озоди парлумонӣ баргузор гардид, дигар чӣ даркор, сармояи хориҷи даркору кӯмак аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ ва молиявӣ. Роза Отунбоева, президенти Қирғизистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ 1 миллиард доллар талаб кардааст, то иқтисоди кишварашро ба по рост кунад. Дар Қирғизистон имрӯз озодиҳо зиёданд, андеша ва тафаккури мардум тағйир хӯрдааст.

Ҳаводиси Мисру Тунис ба дигар кишварҳо як воқеъиятро нишон дод,  Амрикое, ки пойгоҳи аслии Миср буд, он лаҳза дид, ки пояҳои қудрати Муборак дар ҳоли фурӯпошӣ аст, ҳамон лаҳза аз ӯ пушт гардонд. Ин барои кишварҳои Осиёи марказӣ бисёр муҳим аст, ки бозии Ғарб дар либоси демократиясозӣ то рӯзе идома хоҳад ёфт, ки ба манофеъи онҳо созгор бошанд, аз ин рӯ барои тасмимгириҳои баъдии хеш якҷоя бо нухбагони миллӣ аз ҳозир бояд фикр бикунанд. Ва пойгоҳи аслии мардумиро бояд дар дохили кишварҳояшон дошта бошанд. Ва ин як паёми мусбате аз таҳаввулоти Миср барои  қудратҳои Осиёи марказӣ буда метавонад.

Инқилобҳои баъдиро гуруснаҳо сар мекунанд

Т. С. Акнун мехоҳам андешаи шуморо дар ин масъала дониста бошам, ки давлат ва масъулини кишварҳои Осиёи марказӣ дар ҳоли ҳозир барои рафъ ё пешгирӣ аз чунин ҳаводис бояд чӣ кор бикунанд? Ҷаноби Юсуфӣ, мебинам, ки хеле боз хомӯшед, хоҳиш мекунам Шумо чизе бигӯед?

С. Ю. Ман фикр мекунам, ки муҳимтарин паёмеро, ки таҳаввулоти Миср ба ҳама сарварони кишварҳои ҷаҳон дод ин буд, ки дигар танҳо бо додани амният ба мардум наметавон сари қудрат боқӣ монд. Бубинед, яке аз ифтихороти бузурги Ҳуснӣ Муборак дар сӣ соле, ки сари қудрат аст, ҳамин буда, ки  Миср яке аз кишварҳои амнтарини ҷаҳон маҳсуб меёфт. Вале бо додану будани амният наметавон мардумро розӣ нигаҳ дошт. Ва дигар паём ин аст, ки агар дар асри 21 инқилобҳое боз ҳам сар мезананд, аз ҳамин камбудиҳои иқтисодӣ ва фақру нодорӣ, яъне аз ҳамин нукта бармехезанд. Дигар аз гурӯҳҳои исломгарову ифротиву ин гапҳо хабаре нест. Пас, раҳбарони худкомаро зарур аст, ки аз таҷрибаи Миср сабақ бигиранд ва бо додани амният ба мардум иктифо накунанд, балки  бештар барои беҳбуду осудаҳолии мардум талош дошта бошанд ва зиндагии мардумро рушд бубахшанд. Инқилобҳои асри навинро одамони фақиру нодор ба амал меоваранд. Ва инқилоби Мисрро инқилоби бе роҳбар низ ном мебаранд.  Ва ҳар кас, ки гурусна буд ва аз фақр азоб мекашид рафт ба хиёбону талаби ҳақ кард.

Д. У. Ман ба ин гуфтаҳои оқои Юсуфӣ розиам ва танҳо ҳаминро гуфтаниам, ки агар мо ба нишондоди омор бовар кунем мебинем, ки фоизи фақр дар Миср 16 аст, дар Тунис низ тақрибан ҳамин қадар мардум дар ҳоли фақр қарор дорад, вале дар Тоҷикистон қариб 50 дар сади мардум дар ҳоли фақр мезияд, яъне ин ҷо аҳвол бадтар аст. Дар Тунис даромад ба сари ҳар як аз аҳолӣ бештар аз 6 ҳазор доллар аст, дар Миср 8 ҳазор доллар мебошад. Дар Тоҷикистон бошад ба сари аҳолӣ 600 доллар рост меояд. Тавлидоти нохолиси мо имрӯз 5, 5 миллиард долларро ташкил мекунад. Мо агар 7 миллион аҳолӣ дошта бошем, ин  5, 5 миллион долларро тақсим бикунем, бештар аз 600 долларро ташкил мекунад. Дар ҳоле, ки дар Узбакистон як ҳазор доллар аст, дар Қирғизистон наздик ба 850 доллар аст. Мо дар миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ аз ҷиҳати даромади нохолис пойинтар аз ҳама мебошем. Ман мувофиқ ҳастам, ки фақру нодорӣ сабаби вуқӯъи инқилобҳо ҳаст, аммо на танҳо фақри моддӣ, балки фақри маънавӣ ҳам метавонад сабаби сар задани тазоҳурот бишавад.

С. Ю. Фақри мисриҳо бо фақри мо қиёснашаванда аст, он ҷо беш аз як миллион мардум аз надоштани ҷойи зист шаби хешро дар дохили гӯристонҳо, дар қабри кӯҳна рӯз мекунанд.

Ноадолатиҳо бойиси тазоҳурот шуд

Д. У. Ман мехоҳам ҳамин чизро рӯшан бикунам, ки ҳеч ҷомеъа, ҳеч кишвар наметавонад бе дорову фақир бошад, ин гуна кишвар нест. Гап дар ин ҷост, ки агар дар Миср ё Тунис як шахсе боло шаваду камбудиҳои ҷомеъа ё давлатро бигӯяд, ӯ ҳатман саркӯб мешавад, ё зиндониаш мекунанд. Вале дар Амрико агар шумо камбудии Барак Обамаро ёбед, бароятон минбар фароҳам меоваранд, кӯмакатон мекунанд. Матбуот озод аст, додгоҳ озод аст. Агар Обама қонунро нақз бикунад, шумо метавонед аз болои ӯ ба додгоҳ шикоят бубаред. Аммо шумо ин корро дар  Миср, дар кишварҳои осиёӣ карда наметавонед. Инқилобро дар Мисру Тунис ноадолатиҳои ҷомеъа ба вуҷуд оварданд. Тамоми дороӣ ва тиҷорат дар Мисру Тунису дигар кишварҳои арабӣ дар дасти 5 дар сади намояндагони элитаи давлатӣ ва наздикону пайвандони онҳо аст. Тиҷорат ва роҳи сармоядор шуданро барои дигарон маҳдуд месозанд. На танҳо фақр, балки ана ҳамин маҳдудиятҳои иҷтимоӣ инқилобҳоро эҷод мекунад.

Қ. Б. Як омили дигари норозигии мардум дар кишварҳои арабӣ ин тафовути бисёр назарраси миёни қишри фақир ва қишри доро аст. Бар хилофи кишварҳои Ховари наздик дар ҷомеъаҳои Осиёи марказӣ ҳанӯз хотироти шӯравӣ зинда аст. Яъне он замон миёни мардум ва қишри ҳоким тафовут хеле маҳдуд ва ночиз буд. Як бор оморгирӣ шавад, ки онҳое, ки савори мошинҳои шик ва соҳиби қасру манзилҳои бошукӯҳ ҳастанд, онҳо кистанд, он сармояро дар чӣ асл пайдо кардаанд ва он сармояҳо дар хидмати рифоҳи ин миллату ин кишвар ҳаст ё нест? Инҳо чизҳое нестанд, ки  мо бигӯем, ки як нафар коршинос ё журналист ё мухолиф рӯйи инҳо фикр мекунад. Не, ин тавр нест. Мардумро бо чашми кам набояд дид. Мардум ин ҳамаро мебинад ва фикр мекунад. Ва маҷмӯъи ин фикрҳо як рӯз андеша эҷод мекунад, яъне паёми Миср барои ҳукуматҳои минтақаи осиёӣ ин аст, ки ба фикри коҳиши ин тафовути бисёр азими  миёни ду ва се дар сади қишри боло ва аввом бошанд. Ин як фурсатест, ки бояд мудирони бештари кишварҳои Осиёи марказӣ рӯйи он ҷиддӣ фикр бикунанд.

Т. С. Банда барои ҳамаи Шумо аз номи раҳбарияти нашрияи «Миллат» ва Анҷумани «Афрӯз» изҳори сипос мегӯям, ки вақти қиммати хешро дареғ надошта, ин ҷо омадед ва сӯҳбати моро зебу шукӯҳ бахшидед. Сарбаланду тансиҳат бимонед!  

P.S. Фаррух Умаров, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ: 

Ҳодисаҳои кишварҳои арабӣ ба он маъно, ки айнан такрор мешаванд, дар Осиёи марказӣ таъсири ҷиддӣ нахоҳад дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нишон дод, ки инқилобҳои иҷтимоию сиёсӣ кишварро барои даҳсолаҳо ба қафо партофт, ҳазорон нафар ба ҳалокат расиданд, милёнҳо нафар муҳоҷир шуданд. Аз ин хотир, чӣ нирӯҳои мухолифи ҳукумат ва чӣ Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш хоҳанд кард, ки ҳодисаҳои Миср дар Тоҷикистон такрор нашаванд, зеро Миср ҳам имрӯз дар арафаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад, ҳаводиси Қирғизистон ҳам зиндагии мардумро беҳтар накард. Тунис ҳам имрӯзҳо дар ҳолати бӯҳрони сиёсӣ қарор дорад ва ояндаи он норавшан мебошад. 

Сабаби асосии аз тариқи шабакаҳои телевизиони расмӣ камтар пахш шудани ҳаводиси Миср ва Тунис дар он аст, ки Тоҷикистон имконияти ифтитоҳи нуқтаҳои кореспандентиро дар кишварҳои мазкур надорад. Расонаҳои ғайрирасмӣ бошад, дар бораи ҳодисаҳои мазкур бо такя ба расонаҳои хориҷӣ мунтазам иттилоот паҳн карда истодаанд. 

Ангезаи асосии тазоҳуроти мардум дар Мисру Тунис падидаи сиёсии «таврис», яъне ҳамчун принсипи давлатдорӣ меросӣ шудани ҳокимияти олӣ ва маҳдуд кардани озодии инсон, ки хосси аксари кишварҳои арабист, мебошад. 

Роҷеъ ба маҷаллаи «Таймз» ва гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ ҳаминро бояд қайд кард, ки баҳои онҳо ғайривоқеъӣ мебошад, зеро ба рӯйхати онҳо роҳбарони баъзе давлатҳо, ки кайҳо боз ҳамчун диктатор машҳур шудаанд, ба мисли президенти Судон Умар ал-Башир, президенти Узбакистон Ислом Каримов ва дигарон дохил карда нашудаанд. 

Масъулини Тоҷикистон бояд он омилҳоеро, ки бойиси норозигии мардум мешаванд, дар мисоли Мисру Тунис омӯзанд ва барои бартараф кардани онҳо саъю талоши ҷиддӣ кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97