Бозор Собир: «ҲНИТ- ро бояд баст»

Мусоҳиба 31.01.2011 12:50

Bozor_Sobir_vido_2С. Ю. - Шумо дар мавриди дин ва мусалмон будану набуданатон зиёд изҳори назар кардед. Вале то ҳанӯз назари Шумо дар масъалаи мавҷудияти ҳизби динӣ шунида нашудааст?

- Агар ба ман вобаста мебуд, ҳизби диниро мебастам. Ҳамин чиз аз хотири ман рафт, вагарна ба Президент бевосита муроҷиат мекардам, ки дар Тоҷикистон ҳизбҳо зиёданд, ки аксари онҳо нодаркоранд.

Агар ҳизбҳои демократӣ, халқӣ, ё сотсиалистӣ бошанд, зарар надорад, бигзор бошанд, вале ҳизби наҳзати исломиро ҳатман мебастам.

- Барои чӣ?

- Барои он ки аз ин ҳизб ба ҷамъият камтар манфиат аст. Камтар не, бисёр камтар.

- Бо кадом далел?

- Бо далели он ки ягон ҷамъияти пешқадам чунин ҳизб надорад. Масалан, дар Амрико дин ягон мақому мавқеъ дар ҷамъият надорад. Албатта калисо ҳаст, онҳо чорч мегӯянд. Чорч ҳаст, аммо дар ҳукумат, давлатдорӣ ва дар ҷомеъа ягон мақому мавқеъ надорад. Масалан, он ҷо дар Сенат ягон поп рафта намешинад, яъне дин дар мақоми қонунгузорӣ намоянда надорад.

- Дар Думаи давлатии Русия ҳаст- ку?

- Дар ин бора ҳам мегӯям. Бале, дар Русия ҳаст. Дар Сарқонуни Амрико навишта шудааст, ки «Контитутсияи Амрико динро ҳимоя намекунад». Ин сионистҳо динро дар тамоми қаламрави хоки Шӯравӣ авҷ доданд. Дар Русия ҳам аз он ки як поп дар порлумон мешинад, ин чизеро ҳал намекунад. Ва аз шиштани ӯ ҳам ба касе манфиате нест, ин як найранги сионистӣ аст. Сионистҳо медонистанд, ки ягона неруе, ки метавонад мардумро алайҳи сохти шӯравӣ бишӯронад, ин дин аст ва динпарастиро авҷ доданд. Бо ин амалашон сионистҳо мехостанд, ки фикри мардумро ба дин машғул сохта, аз ёди мардум мактаби бепул, табобати бепулро берун андозанд. Ва муваффақ ҳам шуданд. Дар ҷомеъаҳои пешрафта ҳатто дар бораи дин гуфтугӯ намекунанд. Аз ҳамин хотир ҳизби исломиро дар Тоҷикистон бастан даркор, чунки оянда зарараш дучандону садчандон хоҳад шуд.

Т. С. - Ин ҳизб дар Тоҷикистон пайравони зиёд дорад, вақте онро мебандем шояд сафи норозиҳо зиёд мешаванд.

- Ҳа охир, ҳама пайравонаш мардуми ақибмонда аст, мардуми нимфеодал. Агар академик ҳам бошаду аз ҳамин ҳизб ҷонибдор бошад, ақибмонда аст. Агар зиёӣ ҳам бошад, дар асл як феодали асримиёнагӣ аст.

 

МАН МУРДАН МЕРАВАМ, ДИГАР БА ИН ҶО НАМЕОЯМ

- Шумо инак меравед ва мегӯянд баъди се моҳ дар Наврӯз боз меоед?

- Не, ин дурӯғ аст. Ман дигар ин ҷо намеоям. Ман Амрико барои мурдан меравам. Гумон надорам, ки дигар ин ҷо биёям, гумон надорам (механдад.) Ман дар ин бора як шеъре ҳам навиштаам, онро бароятон медиҳам, бурда чоп кунед.

Ин ҷо порае аз он шеъри устод Бозорро барои хонандаи хеш меоварем:

…Фархунда бод ғурбати беинтиҳои ман,

Оворагии ман, 

 Бехонумониам!

Сад бор зинда бод,

Бечорагии ман!

Дигар ба сӯйи шаҳри  

Душанбе намепарам, 

Тайёраро чу болу пари худ дар осмон,

Сӯйи Ватан дубора тасаввур намекунам…

- Метавонед бадоҳатан шеър бигӯед? 

- (Механдад) Бадоҳатан шеър гуфтан наметавонам. Ман ин хел шоир нестам, ин хел илҳоми осмонӣ надорам. «Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.»

- Кадом нашрияҳои Тоҷикистонро мутолиа мекунед?

- Қариб ҳамаашро. Панҷ моҳе, ки ин ҷо ҳастам, фақат рӯзнома хондаам.

 

МАТБУОТИ ТОҶИК «БАРДАК» АСТ

- Озодии баён дар матбуоти имрӯзии тоҷик эҳсос мешавад?

- Озодии баён ҳаст, вале содалавҳона. Ин озодии баёне, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳаст, барои пешрафти мардум як зарра фойида надорад. Ҳар кас ҳарчӣ бихоҳад рӯйи коғаз меорад, ҳатто ҳазёну сафсаттаро ҳам чоп мекунанд. Ҳар чиро рӯйи сафҳаи рӯзнома рехтану ба мардум пешкаш кардан даркор нест. Озодии баёне, ки имрӯз дар матбуоти тоҷик ҳаст, танҳо ба фойидаи ришу масҷиду мулло аст. Рӯзномаҳо ришу ҷелаку эшону махсуми бисёре чоп мекунанд, ки ин озодии баён нест. Ва аз ин озодии баён барои ҷомеъа манфиате ҳам нест. Инро озодии баён не, «бардак» бояд гуфт. Бардак дар матбуот.

- Пас, чӣ бояд кард?

- Ман ҷонибдори он ҳастам, ки сензураро бояд дар матбуот ва нашри китобҳо ҷорӣ кард. Он қадар китобҳои музахраф, китобҳои ҳазён бисёр шудааст, ки ҳисобаш гум аст ва он китобҳо як хонанда ҳам надоранд. Душанбе пур аз китоб аст. Китобҳое, ки касе шавқу ҳаваси хондани онҳоро надорад. Китобҳое, ки ҳатто нависандагонашон онҳоро нахондаанд. Аз ин гуна китобҳо барои мардум манфиате нест. Аз будани чунин китобҳо набуданашон беҳтар аст. Агар масъулини ҳукумат пеши роҳи ин корро нагиранд, «бардак» авҷ мегирад. Ҳаркӣ чор танга ёфту ду ҷумла навиштанро ёд гирифт, китоб менависад. Ҳар ҳазёниву васвосиву девонаву ҳар бесавод, ки пул дорад, китоб менависаду чоп мекунад ва болои сари мардум мерезад.

- Шумо суханҳое мегӯед, ки ҳукуматдорон ҳам ҷонибдори онҳоянд. Масалан, ҳамин мухолифати Шумо бо ришу ҳиҷобу масҷиди бисёру мадрасахонии зиёд ва «бардак» дар матбуоту нашри китобҳо.

- Агар ҳамин хел бошад, бисёр хуб аст. Ҳамин ҳукумат агар он чизҳое, ки ман мегӯям бигӯяд, ин хеле хуб аст. Медонам гоҳ- гоҳе фикрҳои ман бо ҳукумат ва аз ҳукумат бо ман созгор меуфтанд. Ҳукумат дар солҳои пеш худаш ҳамин масҷиду мақбараву мазорсозиро пеша кард ва акнун дарк кард, ки бо ин роҳ мо наметавонем пешрафт дошта бошем.

 

ШАРОИТ ФАРОҲАМ ОВАРЕМ, БАЪД ВОЛИДОНРО ҶАЗО ДИҲЕМ

- Оид ба тарҳи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», ки ба муҳокимаи мардум пешниҳод шудааст, чӣ фикр доред?

- Ин қонуни хуб нест. Акбари Тӯраҷонзода дар сӯҳбаташ хуб гуфтааст, ки он як қонуни бемаънӣ аст, рости рост гуфтааст. Комилан ҳақ ба ҷониби ӯст. Масъулияти тарбия бояд бар дӯши давлат бошад, ин вазифаи давлат аст. Падару модар дар ҳама асру замонҳо тарбиятгар буданд, ҳастанд ва хоҳад монд. Ба онҳо талқин кардан, ки фарзандатро тарбия бикун, илм биомӯз шарт нест. Ҳукумат бояд барои падару модар шароит муҳайё кунад, барои таълими хуб додан ба тифлонашон барояшон нафақапулӣ бидиҳад. Ончунон ёрдампулие бидиҳад, ки падару модар тавонанд фарзандони хешро тарбияи дуруст бидиҳанд, илму донишу савод биомӯзанд. Аввал ба падару модарон нафақа, ёрдампулии хуб бидиҳанд, онгаҳ аз онҳо таълиму тарбияи дуруст додани фарзандонашонро талаб кунанд. Ҳеч имкону шароиту заминае фароҳам нест ва ба падару модарон мегӯянд, ки фарзандро дуруст тарбия кунед, вагарна ҷазо мегиред. Ин тарҳи пешниҳодшуда қобили қабул нест, қонуни хуб нест.

 

АЗ МАН БА ПРЕЗИДЕНТ МАНФИАТЕ НЕСТ

- Агар Президент бихоҳад бо Шумо сӯҳбате дошта бошад ва аз Шумо даъват кунад, меравед?

- ҳи сарду чуқур мекашад) Агар 10 сол қабл, ки ҷавонтар будам даъват мекард, ба ҳузураш мерафтам, ҳозир не. Ҳозир дигар на аз ман ба Президент манфиате ҳасту не аз Президент ба ман. Агар ба як пиёла чой даъват мекард, (механдад) ҳеч гап набуд, шояд мерафтам.

- Шумо як вақтҳо сиёсатмадор будед...

- Не, ҳеч вақт сиёсатмадор набудам.

- Устод, як лаҳза. Дар соли 1990 Шумо депутати Порлумони кишвар ва узви Садорати Ҳизби демократи Тоҷикистон будед. Ва ман аризаи дохилшавии Шуморо ба сафи ин ҳизб дида будам, ки он ҷо чунин байте ҳам буд: 

Чароғеро, ки мардум барфурӯзад,

Ҳар он кас пуф кунад, ришаш бисӯзад.

- Не, ин тавр набуд, ман навишта будам, ки: 

Чароғеро, ки мардум барфурӯзад,

Латифӣ пуф кунад, ришаш бисӯзад.

(Шодравон Отахон Латифӣ, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар соли 1990 муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар умури илм, фарҳанг ва созмонҳои ҷамъиятӣ буданд. Шарҳи мо)

- Назари Шумо дар бораи фаъолияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

- Ин аҳзоб ба чӣ кор машғуланд, ман намедонам. Он Ҳизби демократ, ки мо бо Шодмон Юсуф ва дигар бачаҳо сохтем, аз байн рафт, он дигар вуҷуд надорад, танҳо номаш ҳасту халос. Инҳо чӣ кор мекунанду чӣ барнома доранд, ман намедонам. Масъуд (Масъуд Собиров, раиси феълии Ҳизби демократи Тоҷикистон. Шарҳи мо.) баъзан меояд, бо ӯ сӯҳбатҳо доштам ва мақолаву навиштаҳояшро ҳам аз тариқи рӯзномаҳо мехонам, эрод мегирад, танқид мекунад.

 

САНГАКУ РИЗВОН БОСМАЧӢ БУДАНД?

Bozor_va_DomulloЯк вақт хондам, ки навиштааст босмачиҳо шахсиятанд. Магар ҳамин гап аст, ки босмачиро шахсият бигӯем. Босмачӣ ҳеч вақт шахсият набуд ва намешавад. Босмачиро ҳамин дирӯз буд, ки мо бо чашми худ дидем. Ҳамин Сангаку Ризвону як каси дигар буд дар ҳамон Фронти халқӣ бо Сангак номаш чӣ буд, ҳа Файзалӣ, ана ҳаминҳо босмачӣ буданд. Босмачиҳои Фронти халқӣ муридони Мулло Ҳайдар буданду босмачиҳои оппозитсия муридҳои Нуриву Тӯраҷонзода. Ҳамон босмачиҳои солҳои 20- уму 30- юми асри гузашта як тӯдаи авбошу ғоратгар ва муриди ягон муллову эшон буданд. Босмачӣ босмачӣ аст. Онҳоро ҳамон вақт ва ҳамин дирӯз ҳам ҳамин муллову эшонҳо «регулировка» мекарданд.

- Ман шоҳид будам, ки Шумо бо ҷаноби Тӯраҷонзода чанде қабл дар як маҳфил хеле дӯстона ва гарму ҷӯшон сӯҳбат доштед, вале ӯро ҳамеша интиқод мекунед ва ҳамин ҳоло аз ӯ ҳомӣ ва «регулировшик»- и босмачиҳо ном бурдед. Оё эшон аз Шумо малол намешаванд?

- Намедонам хафа мешавад ё не, вале агар боз ҳам ӯро бубинам гарму ҷӯшон сӯҳбат хоҳам кард. Хафа ҳам шавад, мегӯям.

- Бо Шодмон Юсуф, поягузори Ҳизби демократи Тоҷикистон робита доред?

- Телефонӣ гоҳ- гоҳе сӯҳбат мекунем, дӯст ҳастем.

- Ӯ чаро ба Душанбе намеояд?

- Метарсад, мегӯяд, ки душмани бисёр дорад. Он ҷо дар Австрия зиндагиаш хуб аст.

- Шумо тайи панҷ моҳи ин ҷо будан кадом китобҳои адибони тоҷикро мутолиа кардед?

- Китоби «Сакарот»- и Гулрухсорро варақ задам, вале нахондам. Аммо китоби шоир Латифи Пидром «Ҳикояти як хобгард»- ро пурра хондам. Китоби хуб навиштааст ва умуман Пидром шоири олиҷаноб аст. Агар дар мақоми Нодирпур, Сиёвуши Касроӣ, Ахавони Солис нарасида бошад ҳам, вале аз Сулаймон Лоиқу Бориқ Шафеъӣ болотару пешрафтатар аст. Бо камоли завқу шавқ китоби Пидромро хондам. Ҷавон аст, сиёсатмадор ва чеҳраи шинохтаи Афғонистон аст, дар Порлумони кишвараш намоянда интихоб шудааст. Инсони фозил ва марди хубе ҳам ҳаст.

 

РОСТ ГУФТААНД, МАН ОДАМИ ХУБ НЕСТАМ

- Аз хубиву бадӣ сухан кардед, баъзеҳо мегӯянд, ки Бозор Собир шоири хуб аст, вале одами хуб нест. Ин рост аст?- (Механдад)

Гуфтаанд, ки ман одами хуб нестам. Рост меган, рост гуфтаанд. Шумо аз ман мепурсед, ки оё ин рост? Кадом одам худро бад мегӯяд? Ман ҳам мегӯям, ки одами хуб ҳастам. Вале касе омӯхтаву мушоҳида кардаву гуфта бошад, ӯ дуруст мегӯяд.

- Устод, мехостам андешаи Шуморо сари бунёди НБО- и Роғун бидонам?

- Ин беҳтарин кор аст, агар Роғун бунёд шавад. Ман дар замони Шӯравӣ ҳам ҷонибдори бунёди Роғун будам ва имрӯз ҳам тарафдорам, ки ин ниругоҳ сохта шавад. Ҳатто ҳамон замон шеъре ҳам дар васфи Роғун навишта будам. Роғун бояд бузургтарин пойгоҳи саноатии Тоҷикистон шавад. Имрӯз Тоҷикистон як ҷумҳурии бесаноат аст, тақрибан чизе истеҳсол намекунад, ҳатто як сӯзанак истеҳсол намекунад. Бинобар ин Роғун манбаъи аслии рушди саноат ва пешрафти Тоҷикистон хоҳад шуд.

- Ба назари Шумо ихтилофоти миёни Тоҷикистону Узбакистонро сабаб чист?

- Инҳо корҳоеанд, ки ба боло вобастаанд. Инҳо кори ҳукуматдоронанд. Ман камтар ин чизҳоро мефаҳмам.

Кори ҳар буз нест  

хирман кӯфтан,

Гови нар мебояду

марди кӯҳан.

- Марди кӯҳан ё пӯҳан? Мегӯянд, ки пӯҳан дуруст аст, зеро дар кӯҳистон марди зӯру тавонмандро, ки мисли гов мехӯраду кори даҳ касро мекунад, пӯҳан ё поҳанг ном мебаранд.

- Шояд, шояд ин дуруст бошад. Ман кӯҳан шунидаам, яъне ба маънии ботаҷриба, лекин пӯҳан, ки Шумо гуфтед, мувофиқтар аст.

- Марги Нигина Рауфова Шуморо зиқ кард?

- Ҳа, бечора ҳайф шуд, барвақт рафт. Лекин марг ногузир аст. Ман ҳамин сол дарк кардам, ки одам мемурдааст. Сад дар сад бовар кардам, ки одам дар ин дунё муваққат будааст.

- Оё беҳтар нест, ки наравед ва ин ҷо бимонед. Тоқии тоҷикӣ дар сар гоҳ- гоҳ ба масҷид рафта бо мӯйсафедони диёр гарм- гарм сӯҳбат кунед. Он ҷо кӣ аз Шумо хабар мегирад, ғарибхок мешавед?

- Ҳамин тоқиро мебарам бо худ хотира ва меравам.

- Аз Иттифоқи нависандагон ба хабаргириатон меомаданд?

- Меҳмон Бахтӣ омада буд.   Абдулҳамид меомад. Аз аҳли фарҳангу ҳунармандон Қиёмуддини Чақал, Аҳмадшоҳи Улфатшоҳ, Ибодуллоҳи Машраб, Ортиқи Қодир, Ҳабибуллоҳи Абдураззоқ меомаданд.

- Гуфта будед, ки шеърҳоямро ба Ортиқ бахшидам…

- Ҳа бахшидам ба Ортиқ. Онҳо дигар шеърҳои Ортиқанд.

- Шуморо дар телевизион дидам, ки дар шаби назми Давлат Сафар нишаста будед.

- Як рӯз буд Давлат Сафар ду китоби худро ба ман овард, ки бихонам. Ман хондам, лекин фикр надоштам, ки ин хел маҳфил дораду маро гирифта мебарад. Баъд як рӯз омада гуфт, ки маҷлиси шеър дорам, биёед иштирок кунед. Ва рафтам. Ӯ як шоири ҷавон аст, ду китобча навиштааст, ғазалу шеърҳои нимоӣ дорад, рубоиву дубайтиҳо дорад. Вале он камтар маҷлиси шеър буду бештар он ҷо рақсу сурудхонӣ буд. Агар маҷлиси шеър мебуд, беҳтар буд.

- Мегӯянд он ҷо Шумо ҳам сухан гуфтаед?

- Бале гуфтам, вале онро буриданд. (механдад) Ман чанд рубоии Давлат Сафарро мисол овардам, ки хеле хуб ва шоирона гуфта шудаанд. Ҳар кас маро ба маҷлиси шеъраш мехонд, ҳатман мерафтам. Ҷойи мо маҷлиси шеър аст. Фақат як маҷлиси шеър воқеъ шуд, ки рафтам.

- Малол нестед, ки шаби назматон баргузор нашуд?

- Малол ҳастам, сахт. Дареғ, ки ҳамин кор нашуд. Агар мешуд, беҳтар буд. Нияти ба Душанбе омадани ман ҳам ҳамин буд, ки ин ҷо шаби назме баргузор намоем. Ният доштам, ки як бори дигар ҳамон Иттифоқи нависандагоне, ки дар замони Қаноат ҷӯшу хурӯш дошт, ҳамонро рӯйи саҳна барорем. Барои баргузории шаби назм, мулоқот бо хонандаҳо ва шоиру нависандаҳо касе мушахасан фикр накард, касе ҷиддӣ аз пайи ин кор нашуд ва ман фаҳмидам, ки дақиқан намехоҳанд. Нияти дуюм ин буд, ки ин ҷо як китоб чоп кунем ва китоб чоп шуд.

- Дар Амрико чиро бештар ёд мекунед?

- Эй, ки ба ноз хӯрдаӣ хуни

дилам сабӯ- сабӯ,

Гуфта наметавонам ин

ҳамаро ба гуфтугӯ.

Гоҳе як дӯстро, гоҳе деҳаро, гоҳе чашмаеро, гоҳе сӯҳбатҳои ин ҷо доштаамро. Дар ин ҷо сайру гаштҳоро ба ёд меорам.

- Қурутовхӯриҳоро чӣ?

- Оҳ нагӯ, нагӯ, барои қурутовҳои бомаззаи ин ҷо дилам ҳамеша гум мезанад.

- Як дуъои хайре кунед, дар ҳаққи миллат?

- «Миллат»- и Адолат ё миллати Тоҷик? Ё ҳарду?

- Ё ҳарду.

- Мекунам, вале дуъои ман мустаҷоб намешавад.

- Орзу кунед?

- Ёди ҳама ба хайр бод! Панҷ моҳ ин ҷо роҳат будем. Зиндагии ҷамъият маро намефорид, вале сӯҳбату шину хезҳо бо дӯстону рафиқон, шоирону аҳли фарҳанг хеле хубу самимӣ буд. Рӯҳан болида мешудам. Комёб ва муваффақу сарбаланд бимонед!

- Роҳи сафед, тавфиқ рафиқ бод!

Сӯҳбати

Т.Сайидзода ва С. Юсуфӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97