"Зиндонбонҳоро бахшидам, касонеро, ки зиндониам карданд, не!"

Мусоҳиба 17.01.2011 09:54

Bozor_sobir01_pgУстод Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷик, ки тақрибан 5 моҳ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, 6 январ ба қасди Амрико Тоҷикистонро тарк кард.

Ӯ суханварест, ки аз замони ба адабиёт шомил шуданаш ва ба вижа тайи беш аз 20 сол ҳамеша номаш, кору пайкораш, ашъораш, гуфтору сӯҳбатҳояш вирди забони хосу омм будааст. Шоми 5 декабр, яъне 14 соат қабл аз парвозаш ба Амрико ба аёдаташ рафта будем. Тӯли панҷ моҳи дар Душанбе будани шоир ин панҷумин сӯҳбату мулоқоти мо бо эшон буд. Ва мусоҳибаи рӯ ба рӯйи видоъиро дар Ватанаш Тоҷикистон, ки акнун афсурдаву озурда «ин дигар Душанбеи ман нест» мегуфт, бо чеҳраи бозу болида бо «Миллат» анҷом доду рафт.

Бозор Собир рафт. Рафт то дигар наояд.

Ӯ аввалин буд аз миёни шуарои тоҷик, ки дар интихоботи озоду шаффофи соли 1990 бар алайҳи ҳама ғиромбозиҳои ҳокимони онвақта аз миёни 6 номзад мардум ӯро хост то вакилаш дар Порлумон бошад.

Ӯ аввалин шоире буд, аз миёни адибони тоҷик, ки Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакиро дар соли 1989 масъулин зери фишори ҳавохоҳону хонандагони бешумораш ночор ба ӯ тақдим карданд.

Ӯ ягона шоири тоҷик буд, ки дар замони яккатозии Ҳизби коммунистӣ шомили як ҳизби дигарандеш – ҲДТ гардида, фаъоли сиёсӣ шуд.

Ӯ ягона шоире буд дар таърихи миллати тоҷик, ки соли 1990 дар назди Қасри Ҳукумат бо нишони эътироз, аллайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ гуруснанишинӣ эълон кард.

Ӯ ягона шоирест аз миёни шоирони тоҷик, ки зиндонӣ шудаву ба қавли худаш «ҷомааш то ?иёмат б?йи зиндон мекунад» ва 9 моҳу 9 рӯзи умри хешро дар маҳбас сипарӣ кардааст.

Ӯ ягона шоири ғариб, шоири мусофири тоҷик аст, ки беш аз 16 сол дар ғурбату дарбадариву беватанӣ умр ба сар мебарад.

Ӯ ягона шоирест, ки ҳамеша андешаву ашъору гуфтораш дар ҷомеъа сару садо ва шӯру фарёд барангехтааст.

Ӯ ягона шоирест, ки дӯстдору бадхоҳаш ашъори ӯро мехонанд ва дар истеъдоди волои суханофариаш ҳақ қойил мешаванд.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки солҳо боз чеҳраааш дар телевизиони миллаташ «табу» асту шеърҳои баландмазмуну дилнишинаш зинатбахши «клип»- ҳои худшиносии шабакаҳои телевизионии кишвараш аст.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки бо вуҷуди соҳибном будан, ҷойгоҳи воло ва Ҷойизаи давлатӣ доштан ҳанӯз «Шоири халқӣ» нест.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки оҳангсозони кишвараш аз ҳама бештар ашъори ӯро оҳанг баставу овозхонҳои зиёд шеърҳои ӯро замзама кардаанд.

Ӯ ягона шоирест, ки дар Иттифоқи нависандагон намеғунҷад.

Ӯ ягона шоири тоҷик аст, ки Иттифоқи нависандагон, вазорати фарҳанг, масъулин, ҷамъи бешумори шоирон, нависандагон, рӯшанфикрону рӯзноманигорони кишвар натавонистанд (НАХОСТАНД!) барояш дар Душанбе толоре пайдо намоянд то шаби назмашро бо ихлосмандонаш баргузор кунанд. Ва ҳадафи аслии ба Тоҷикистон омадану 5 моҳ ин ҷо зистани ШОИР низ ҳамин буда, ки вазифадоре, масъуле, давлатмарде, курсинишине, мақомдоре, раисе, роҳбаре, соҳибкоре, молдоре, дилсӯзе шаби шеър- мулоқоташро бо ҳамватанонаш баргузор хоҳад кард.

ОСАФО, яке тарсид, дигаре нахост, саввумӣ имкон надошт, чаҳорум фурсат наёфт.

Ва Ӯ рафт…

Сад аламу дарду озору гилаву шикваву ғусса бар ҷону дил рафт.

Рафт бебоку бекинаву бо қалби беғашу соф.

Рафт, аз Ватан рафт!!!

Ӯ ягона шоир буд….

Ӯ ягона шоир аст…

Бозор Собир рафт. Барояш аз Худои бузург тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар он билоди ғариб вақту табъи хуш мехоҳем. Тавфиқ рафиқаш бод!

Бозор рафт! Акнун эй ҳамватан:

Бигӯ он шоири доно куҷо шуд?

Бигӯ он сарви хушболо куҷо шуд?

Бирав бар бом бипурс аз боғбонон,

Ки он девонаи шайдо куҷо шуд?!

Инак, мусоҳибаи видоъии шоир Бозор Собирро бо хабарнигори «Миллат» пешкаши хонандаи арҷманд мегардонем.

«МЕКАШАД ХОКАШ, ХОКУ ХОШОКАШ»

- Салом устод, чӣ ҳол доред?

- Бад нестам, мисли ҳамеша як хел ҳастам.

- Ахир қарор шуд, ки биравед сӯйи «Ватан»?

-  Меравем сӯйи Ватан (механдад). Бубин, ин ҷомадону бору баста гувоҳанд, ки меравем.

- Мебинам хеле хушҳолу бардамед, хурсандед, ки меравед аз ин Ватан ба сӯйи он Ватан?

- Не, хеле хуб истироҳат кардам, хоби хирсона рафтам, барои ҳамин.

- Шунидам, ки Шуморо шабҳо хоб намеояд?

- Шабҳо кам хоб меравам, дами субҳ яке хобам меояд.

- Чаро шаб хобатон намеояд?

- Хобам дер боз вайрон аст. Тақрибан аз овони ҷавонӣ ҳамин хел бехобӣ мекашам. Солҳои ахир бе дору ҳеч хобам намебарад.

- Шабҳо эҷод мекунед?

- Ин хел нест, ки шаб то рӯз эҷод кунам, китобу рӯзномаҳоро мехонам, ягон чизе барои худ менависам.

- Ин сафар дар Душанбеи азизатон хеле маътал шудед, чун ҳини омаданатон гуфта буданд, ки зуд ба Амрико бозмегардед. Чӣ шуд, «мекашад хокаш, хоку хошокаш?»

-  Мекашад хокаш, мекашад (механдад). Мо ният карда будем, ки ягон ду моҳ ин ҷо бимонем, вале тақрибан моҳи панҷум аст, ки дар Душанбе ҳастем. Вазъи зиндагӣ ва чанд сабабу баҳонае пеш омаду меҳмонии мо тӯл кашид. Ҳамин хона дарди сар шуд. Як одами боэътимод барвақттар ёфт нашуд, ки хонаро ба ӯ супорем.

 

ДУШАНБЕ ДИГАР ШАҲРИ МАН НЕСТ

- Ин манзили шахсии Шумост?

- Не, ин хонаи хушдоманам аст. Жолаи шоир гуфтааст, ки:

Азбаски умри талхи

ҷудоӣ дароз шуд,

Тарсам маро бубинию

нашносӣ ин манам.

Ҳамин тариқ бо ҳар баҳона умри сафар дароз шуд.

- Умри Шумо ҳам дароз бод, устод! Ва бигӯед, ки оё худро дар Душанбе, дар шаҳре, ки камол ёфтеду шоири номвари миллат шудед, меҳмон, мусофир ва бегона эҳсос мекунед?

- Ман тақрибан дар ҳама ҷо дар як вазъиятам. Ин ҷо ҳам мусофираму он ҷо дар Амрико ҳам. Душанбеи имрӯз Душанбеи ман нест. Душанбеи ман Душанбеи советист, ки он ҷо парварида шудем. Мо насли советӣ ҳастем. Насле, ки бо тамоми вуҷудамон, бо хуну пӯстамон бо он ҷамъият вобаста будем. Ин ҷамъияти мо нест. Ин ҷомеъаи як гурӯҳи сармоядору молдору анбордору магазиндору бозордорҳост, вале ҷамъияти мо нест. Барои ҳамин комилан озодона дар ин ҷамъият нафас кашидани мардуми камбағалу бенаво имкон надорад.

 

МО ДЕМОКРАТИЯ ГУФТЕМУ ФИРЕБ ХӮРДЕМ

-Устод, оё ин ҳамон ҷамъияте нест, ки Шумо ибтидои солҳои 90- и асри гузашта барои бунёдаш моро, мо насли он вақт ҷавонро дунболи хеш ба майдонҳо кашидед, давлати демокративу соҳибистиқлол мехостед, орзуи мақоми давлатӣ доштани забони тоҷикиро мекардед? Имрӯз он ҳама орзуҳо амалӣ шудаву Шумо мегӯед, ки ин ҷамъияти мо нест?

- Рост гуфтед. Гуфта будем аз истиқлолу демократияву соҳибмақом будани забонамон. Ман қаблан ҳам дар ин бора гуфта будам, ки моро фиреб доданд. Он ҳама шиорҳое буданд, ки гурӯҳҳои саҳюнистӣ барои фиреби мардум сохтаанд. Масалан, демократия мегуфтанд ва мо намедонистем, ки ин демократия чист. Шунида будем, ки мегуфтанд беҳтарин сохтори ҷомеъа аст, вале надида будем. Аз дигарандешӣ, озодии сухан, матбуот бароямон мегуфтанд. Мо ин шиорҳои саҳюнистиро, ки аз ҳар сӯ бароямон мерасиданд, гирифтему ҳангома бар по кардем. Ва оқибат фаҳмидем, ки моро гӯл задаанд, фиребамон кардаанд. Комилан фиребамон карданд. Рост гуфтед, ки ба майдонҳо баромадем, якҷо бо мутаассибон.

- Кӣ буданд, он мутаассибҳо?

- Ба ёдат ҳаст, ки ҳамон майдонҳои пури одам аз киҳо иборат буд? Он майдонҳо пури муллову ришу мардуми камсаводу мазҳабӣ буд. Ашхоси демократ ва рӯшанфикрони асил кам буданд. Ва мо демократҳову зиёиён ҳам дар ҳавои ҳангомаи барпо кардаи мутаассибон мондем. Аз ин рӯ фиреб хӯрдем. Ман шахсан худро як нафари комилан фиребхӯрда меҳисобам. Он шиорҳое буданд, ки моро бо онҳо сеҳру ҷоду карданд. Мо содалавҳона гумон кардем, ки демократия ҳақ ва озодиеро ба мо меоварад, ки болотар аз ҳуқуқу озодиҳои дар Шӯравӣ доштаамон аст, лекин дар амал дидем, ки он ҳама шиорҳо фиреби назар ва комилан дурӯғанд.

 

БАХШИДАМ МИЛИСАВУ ЗИНДОНБОНҲОРО

- Шумо барои ҳамон афкору андешаҳо, барои ҳамон талошу муборизаҳои демократияхоҳиатон зиндонӣ шуда будед. Имрӯз хулосаи мо ин мешавад, ки Шуморо ҳаққонӣ ва дуруст зиндонӣ кардаанд. Ва зиндонкардаҳои Шумо ҳаққанд, ҳамин тавр нест?

- Ҳамин ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон, ҷомеъаи ҳамон зиндонбонҳои ман аст. Зиндонбонҳои ман ҳамонҳоеанд, ки дар ҳукумат буданд. Ман дар замони советӣ зиндонӣ нашудам, ҳарчанд ҳарфҳое ҳам хилофи идеологияи советӣ мегуфтам. Ман барои он ақидаҳоям ҳабс нашудам, маро барои шоири зиддишӯравӣ буданам ҳабс накарданд. Маро барои андешаҳои демократиям ҳамин ҳукумати ҳуқуқбунёди демократӣ зиндонӣ кард.

-Устод, чаро Шумо наметавонед ҳамин алами зиндонӣ шуданатонро фаромӯш созед?

- Аслан дигар кам воқеъ мешавад, ки ман сари ин мавзӯъ баргардам. Гоҳ- гоҳе зиндонӣ шуданам ба хотирам меояд, ба ёдам меояд, ки замоне дар Душанбе зиндонӣ будам, вале комилан аз хотирам сутурда нашудааст.

- Шумо бахшидед он ҳама зиндонбонҳову касонеро, ки Шуморо дар зиндон азият дода буданд?

- Зиндонбонҳоямро ва касонеро ҳам, ки азобам дода буданд, бахшидам, вале онҳоеро, ки маро зиндонӣ карданд, набахшидаам. (Ба рӯям зеҳн монда суъол мекунад: Чӣ дар ҳайрат мондед? Ва механдад)  Он сарбозону милисаву дарбонҳоро бахшидам, онҳо ҳеч гуноҳе надоштанд. Аммо онҳоеро, ки маро бегуноҳ зиндонӣ карданд, то ҳол набахшидаам.

- Оё намешавад бо ин бузургиатон ҳамаро афв намоед, яъне аз касе, ки ранҷиш доред ва гузаштаро канор гузоред?

- Не! Намешавад. Ба забон метавонам бигӯям, ки ҳамаро бахшидам, лекин намедонам чаро дар умқи дилам алам боқист. Бо забон инак мегӯям, ки ҳарчӣ буд гузашт, «бар сари фарзанди одам ҳарчӣ ояд бигзарад».

(идома дорад)

Сӯҳбаторо, Толибшоҳи Сайидзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97