Низорамоҳ Зарифова: «Перепис»-и пахта 900 касро қурбонӣ кард

Мусоҳиба 24.12.2010 09:54

nizoramoh-zarifova_12Мардум маро дӯст медошт

- Шумо бону Низорамоҳ, агар имрӯз ҷавон бошеду котиби идеологии ҳукумати Тоҷикистон, корро аз чӣ шурӯъ мекунед?

- Ман 32 сола будам, ки корро ба ҳайси котиби идеологӣ шурӯъ намудам, ин дар замони тинҷу ороми Шӯравӣ буд.

Ва бубинед, дар синни 70 маро раиси Кумитаи занон таъин карданд, ба зӯрӣ маро ба ин вазифа оварданд, дар соли 1994, ки давраи ҷанги дохилӣ буд ва занони фаъоли ҷумҳурӣ ин масъаларо бардоштанд, ки Низорамоҳ Зарифова раиси Кумита шавад, гуфтанд, ки агар розӣ нашавад, мо дигар ба хабаргириаш ҳам намеравем. Ман ҳатто бонувон Каримоваю Раҳимоваро даъват кардам, ки ҳамин хел гап ҳаст. Зебо Аминзода, ки он вақт ҷойнишини раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ буд, маро ба наздаш хонд ва гуфт, ки "ояҷон, мо мехоҳем, шуморо дар бари худ бигирем ва ёрдамчиамон шавед". Ман гуфтам, ки ба синни 70 расидааму нафақахӯр ҳастам, вазифаи ҷамъиятии муовини раиси Шӯрои занони ҷумҳуриро бар дӯш дорам, дар Ҷамъияти "Дониш" ва Кумитаи сулҳ ва якдилии халқҳои Осиё ва Африқо кор мекунам. Ҳеч узри маро қабул накарданд ва ноилоҷ розӣ шуда омадам ва корро ба ҳайси раиси Кумитаи занони ҷумҳурӣ дар ҳукумат сар кардам. Фаҳмидам, ки таҷрибаи ман, малакаву дониши ман ҳамон рӯз барои ҳукумати нав зарур шудааст, бояд барои тинҷии кишварам хидмат кунам. Аҳволи занон ниҳоят вазнин буд, Тоҷикистонро ба харобазор табдил дода буданд. Ба шаҳру навоҳии кишвар сафар мекардам, аҳволу рӯзгори мардум, ба хусус занону тифлонро аз наздик медидаму дилам реш мешуд. Ба худ мегуфтам, ки агар ҷавон мебудам, бо нируи дучанд заҳмат мекашидам, то зиндагӣ зудтар ранги тоза бигирад. Чӣ дурӯғ гӯям, чун ба назди мардум мерафтам, эҳсос мекардам, ки онҳо маро дӯст медоранд, маро мешинохтанд ва бисёр ҳурмат мекарданд. Дигар он замон, ки ман нав корро ба симати раиси Кумитаи занон сар карда будам, не боғчаи бачагон монда буду не мактаб ва на кишту кор дар замин. Ҳукумат ба ҳар куҷо, ки мегуфт, мерафтам, бо мардум сӯҳбат мекардам, дилҳои ранҷида ва ғамзадаро ба ояндаи неку ором, ба пешрафту шукуфоӣ гарм мекардам. Хонаҳои мардум медаромадам, ҳамроҳашон чойю нон мехӯрдам, карру фар надоштам, либосҳои фохир намепӯшидам. Мардум барои ҳамин маро дӯст медошт ва мисли одами худӣ пазироӣ мекард. Чун аз раставу кӯчаҳои деҳот дар ноҳияҳо мегузаштам, мардум маро мешинохт, дар ҳамон солҳои қаҳтӣ нони гарм бароям меоварданд, "апаи Низорамоҳ нон бигир" мегуфтанд. Ман баробари мардуми оддӣ мехӯрдам, мепӯшидам ва дард мекашидам. Агар чунин намекардам, пас ман Низорамоҳ Зарифова намебудам.

Қишри зиёӣ хеле ҳассосанд

- Яке аз мушкили аслӣ ин муносибати ҳукуматдорон бо зиёиён, ба хусус шоиру нависандагон буд, масалан сарнавишти талхи Ҷумъа Одина баъдтар яке аз масъалаҳои доғ бар домони ҳукуматдорони вақт, ба хусус идеологҳои сатҳи аввали ҷумҳурӣ шуд. Имрӯз ҳам дар қиболи бархе аз адибони андешаманди мо чунин маъракаҳои "фармоишӣ" бо истифода аз дастгоҳи идеологии ҳукумат ва расонаҳои ҳукуматӣ роҳандозӣ шудааст, шумо фикр мекунед, ин кори дурусте ҳаст?

- Ростӣ, китоби Ҷумъа Одинаро нахонда будам, аммо чун гуфтанд, ки ҷое нигоштааст, ки гӯё барои мансаб шуда занҳоро пешкаш мекардаанд, озурда шудам, охир ин воқеан таҳқири ҳамаи мансабдороне буд, ки бо мушкил зинаҳои роҳбариро тай мекарданд ва инро дар ҳамон маҷлиси муҳокимаи он асар баён доштам. Вале қишри зиёӣ, ба хусус шоирону нависандагон қишри ҳассосанд, бо онҳо муносибати махсус лозим аст. Ҳар кадом аз ин шахсиятҳои эҷодкор назари хоси худро ба масъалаҳои ҷомеа доранд. Ҳукумат бояд аз андешаҳои созандаи онҳо истифода кунад, онҳоро ба коре машғул бидорад, барои таблиғи ватандорӣ бо ширкати онҳо дар миёни мардум мусоидат кунад.

То низорамоҳ Зарифова шудан…

- Чӣ гуна тасодуф афтод, ки Шумо як духтари деҳотӣ бо чунин зинаҳо боло рафтед?

- Не амак доштам, не тағойӣ, не пул дошам, не падар доштам ва не бародари мансабдору сарватманд доштам. Ман дар панҷсолагӣ аз падар ятим мондам, модарам дар Кӯлоб колхозчӣ буд, заҳмат мекашид. Солҳои баъди ҷанги Германия, замони қаҳтиву гуруснагӣ, хеле давраи вазнин буд. Модарам зани ҷавон, ки буд, як раиси ҷамоат барояш хостгор фиристод ва бо маслиҳати амакам ба ӯ издивоҷ мекунад. Дар ҳамон давра хоҳарам тифли дар гаҳвора буд, бародарам 15 сола ва ман 9 сола будам. Дар колхоз ҳамроҳи модарам кор мекардем, пахта мечиндем, подабонӣ ҳам мекардем. Ҳатто дар ёдам ҳаст, ки душманони сохти колхозӣ ё босмачиҳо мегуфтанд, хеле аз гандумҳорро сӯзонданд ва модарам ҳамаи занҳоро ҷамъ карда, як аспи сафед доштем онро гирифта сӯйи дашт рафта, гандум ҷамъ оварданду мо сағераҳоро сер мекарданд. Дар дигар хонаҳо агар барги дарахтону кунҷора мехурданд, лекин дар хонаи мо чунин набуд. Ҳатто дар ёдам ҳаст, ки як мард хонаамон омада, зори карду ба модарам гуфт, ки аз ин ки аз як зан гандум металбад, хеле хиҷолатзада аст ва ба мурданаш розӣ шудааст то дари хонаи мо биёяд. Модарам ӯро тасаллӣ дода, бароварда як бағал гандумаш дод.

Модарам дар ҳамон солҳои қаҳтӣ бо Зарифов Шариф издивоҷ кард, номи падари ман Одина буд. Зарифов Шариф аввал раиси ҷамоат буд, баъд солҳои 1934-35 дар Кӯлоб раиси ҳукуматаш монданд, ҳамон вақт ман синфи 3-4 будам, Кӯлоб омадем, ҳама ҷо дарсҳо сар шуда буд, курси котибҳои ҷамоъат буд, ӯ гуфт, ки ҳамроҳи ҳаминҳо хондан гир, дарсҳо, ки сар шуданд, баъд бо ҳамроҳии дигарон рафта мехонӣ, ҳамон ҷо рафта хондем, баъдтар ман боз онҳоро дарс медодам.

Баъд ба омӯзишгоҳи педагогӣ ё "педучилиш" мегуфтанд, рафтем, як зан, ки мураббияи техникуми педагогии бонувон буд, наздамон омад. Зани босалиқаву хушсурате буд, бисёр гапҳои нағз зад, дар бораи оянда гап заду дар бораи он ки мо бояд таҳсилро идома бидиҳему мутахассиси хуб бишавем Ӯ ваъда кард, ки барои мо мисли падару модар ғамхорӣ хоҳанд кард. То ин дам ба модарам яке мегуфт, ки духтарат бисёр зебосту мо ӯро ба театр ба кор мегирем, дигаре мегуфт, ки духтаратон духтурзеб аст. Мо, 5 духтар пас аз суханони он зани ношинос, ҳаваси рафтан ба Душанберо кардем. Ҳамроҳи Тоҷиниссо Азизова назди модарам рафтему гуфтем, ки мо барои хондан Душанбе меравем.

«Бачамойи оча» ва мулоқот бо Сталин

Фиғони модарам ба фалак печид. Гуфт: "Ту ҳеч ҷое намеравӣ, акат (манзур Зарифов Шариф) раиси ҳукумат аст, ӯ бояд ризо шавад. Ҳамин тариқ як муддат гузашт, ки боз ҳамон зан омаду таблиғ кард. Моҳи декабри соли 1937 дар мошини боркаш соати 4-и шаб аз назди мағоза саворамон карданд. Дар кӯчаи Ленин мағоза буду дар он тарафаш хонаи мо. Овози "бачамой" гӯии модарам то ҳол дар гӯшу ёдам ҳаст. Шаби дуюм дар Кангурт хоб кардему фардо ба омӯзишгоҳи пойтахт моро оварданд. Директораш бисёр ҳам як зани хуб буд. Баҳринисо Тоҳирова ном дошт бо гесувони дарози то кафи по. Ӯ модарии ҳамаи духтаронро бар ӯҳда гирифт. Дар як хона 37 кас зиндагӣ мекардем. Моро бисёр нигоҳубин мекарданду рафторамонро назорат. Омӯзишгоҳи писарҳо ҷудо буд, баъдтар оварда ҳамроҳаш карданд. Духтардуздӣ ҳам шуду ба номуси бархе духтарон таҷовуз ҳам шуд. Худоро сад бор шукр, ки мо соқу саломату тинҷ ҳар чи ки ба ростӣ ҳидоятамон карданд, ба гуфтаи ҳамонҳо кардему ҳамон ҷо хондем. Устод Лоҳутиро ҳам дар ҳамин ҷо дидам.

Спартакиадаи умумииттифоқии варзишӣ дар Маскав доир мешуд. Духтарҳои қоматбаланду зеборо ҷамъ карданд. Аз ҷумҳурии мо 300 нафар намоянда буд, ки дар ин миён 30 нафар духтарҳо буданд. Нотарсии духтарро бубин, ки ба рафтани Маскав ҳам ризо шудам. Як моҳ дар ҳамин ҷо дар кӯчаи Ленин машқ кардем. Шортик пӯшида, дар велосипед тамрин мекардем. Инчунин дар кӯли Комсомол машқ мекардем. Як ҳафта шабона машқ кардем, рафтем Масков. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҷойи сеюмро гирифт. Ба ифтихори ин Парад Сталин зиёфат орост.

Дар зиёфат мани мусалмон ҳеч чиз намехӯрдам, табъам набуд. Мурғу булон оварданд, аммо ҳеч чиз аз гулӯям намегузашт. Дар миёни ҳайъати тоҷикон аз ҳама ҷавонтар ман будам. Дар ҳамон зиёфат Сталин ба ифтихори ҷумҳуриҳои пешқадам қадаҳ мебардошт. Дар онҷо як муаллимаи пединститут иштирок дошт, ки бисёр зани пешқадам буд. Як рӯймоли калон аз дасти Сталин ба ӯ тӯҳфа намуданд. Баъд дар ҳамин вақт дар бораи республикаи Тоҷикистон сухан гуфтанд. Тоҷикистонро таъриф кард ва гуфт, ки "ин республикаи ҷавон, вале бо пешинаи таърихӣ ояндаи нек дорад", ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки тоҷикон олимони бузурги гузашта дорад. Дар ҳамон ҷо ман рӯёрӯ суханронии Сталинро шунида будам. Дар ҳамон замон ҳама ба нӯшидану хӯрдан овора буданду ман аз миён берун баромадам. Соати 4 шаб Сталинро аз зиёфат берун бароварданд, ки ман дар ҳамон ҷо гашту гузор доштам. Сталин аз ман пурсид: "Ты откуда?" Ман гуфтам: "Я из Таджикистана". - Вот вы таджики молодци… гуфта, Сталин шонаамро бо дасташ се бор сила зад. Ман Сталинро аз наздик медидам, рухсораҳояш доғи кунҷитак дошт, ки ҳеҷ гоҳ аз хотирам намебарояд. Ин соли 1939 буд.

Ҳамин тариқ зинаҳоро тай кардем. Баъди ба анҷом расонидани омӯзишгоҳи тайёрии мактабҳои миёна ба Кӯлоб рафтам. Аввал "облисполком" таъин шудам. Як моҳ кор кардаму комсомол шудам, аз комсомол "райкомпартия" шудам. Як соли дигар дар Маскав хонда омадам. Боз якуним соли дигар кор кардам. Боз се соли дигар ба Маскав хондан рафтам. Барои тамом кардани таҳсил ним соли дигар монда буд, ки аз Тоҷикистон даъват карданд, ки Шуморо ба Комитети марказӣ ҷой додаанд. Ман гуфтам, ки ҳоло ман таҳсилро тамом накардаам, ва ман ба Душанбе не, ба Кӯлоб ба кор меравам. Аз он ҷо гуфтанд, ки аллакай ҷойи корат маълум аст, мо мехоҳем Шуморо даъват кунем ва Шумо дигар ташвиш накашед.

Кор ва хонавода

- Дар ин муддат кай фурсат пайдо кардед, ки оила ташкил кунед?

- Дар Кӯлоб шавҳар кардам. Шавҳарам иштирокчии ҶБВ ва бисёр инсони хуб буд. Дар тарбияти ман ва муваффақиятҳоям ӯ нақши бузург дорад. Ҳамсарам Раҳматуллоев Зуҳуршоҳ, аз Дарвоз омада буд. Падараш тарҷумони сарҳадбонҳои рус буду ӯро барои кор ба Шӯрообод фиристода буданд. Шавҳарам корманди фаъоли комсомол буд.

Шавҳар кардаму ду духтар таваллуд шуд. Модарам онҳоро нигоҳубин мекард.

- Шумо бо муҳаббат оила барпо кардед ё …?

- Не, аз куҷо.

- Шавҳаратон интихоби кӣ буд, худ ё модаратон?

- Ӯ аз ҷанг маҷрӯҳ баргашта меояд, ки зани собиқаш шавҳар кардааст. Ман котиби комсомол шуда кор мекардам. Зуҳуршоҳ ҳамроҳи домодамон- шавҳари хоҳарам кор мекард. Ман он вақт ҳамагӣ 19 сола будам. Ӯ ба Зуҳуршоҳ пешниҳод кардааст, ки бо Низорамоҳ издивоҷ бикун. Аммо ман розӣ нашудам. Намехостам бо марди маҷрӯҳ издивоҷ кунам, гуфтам, ҳоло ҷавон ҳастам, номзади дигаре шояд пайдо шавад. Ӯро намедонам, намешиносам. Билохира модарам маро розӣ кард. Он вақтҳо аз куҷо дағдағаи тӯю сур буд, як гӯсфандро куштанд, ҳамон шаб касе нимашро боз дуздид. Не куртаву не сарупо, ҳеҷ чиз набуд. Курпа ҳам надоштем. Ба дугонаҳоям гуфтам, ки ягон косаи чиниву табақ ва чумчаву ягон чиз биёред, ки мо ягон чиз надорем. Комсомол ба мо ёрдам кард ва мо як оилаи хуб, ба қавле зану шавҳари мустаҳкам шудем. Аввал   ӯро гирифтан нахостам, лекин тақдир ҳамин будааст. Ва аз ин сарнавишт ман розиям. Нақши ҳамсарам дар тарбият ва муваффақияти ман бисёр аст. Худо раҳматаш кунад, марди шарифе буд.

Пас аз таваллуди духтари аввалам буд, ки маро мудири шӯъбаи кумитаи ҳизбии вилоят таъин карданд, баъд котиби кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб шудам. Чанде баъд аз Душанбе занг зада бароям гуфтанд, ки мо Шуморо ба вазифаи котиби Кумитаи марказии ҳизб тавсия намудаем.

Имомов, ки он вақт котиби КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буд ба ман гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров чунин хостааст. Баъд Назаршоҳ Додихудоев, ки бисёр як марди хуб буд, бо шӯхӣ гуфт, "ана Низорамоҳ як одами калон мешавию дигар бо мо гап намезанӣ". Маро котиби КМ таъин карданд. Аммо ҳеч гоҳе "гап задан"-ро фаромӯш накардам. Бобоҷон Ғафуров, ки як одами оқил буд, гуфт, ки даҳрӯза барояш сафари хидматӣ диҳед, то ба Кӯлоб рафта бо хешу табораш чанд рӯз бошаду бо онҳо хайрухуш карда бозгардад ва корро оғоз намояд. Ҳамин тариқ пойтахтнишин шудам.

Коммунисти матин ва комитети партиявӣ

- Шавҳарат ин даъватро чӣ тавр қабул кард?

- Шавҳарам ҳамеша чунин пешниҳодотро хуш қабул мекарду насиҳатам мекард, росткориву покизагиро, ки аз омилҳои пешрафти инсонанд, аз ёд набарам. Вай коммунисти боэътиқоде буд. Маро барои хондан боз ба Маскав равон карданӣ шуданд. Ман пеши Турсун Улҷабоев рафта гуфтам, ки дигар хондан намехоҳам. Чанд бор рафта, омӯхтам, бас аст? Ӯ гуфт, ки барои мо нафаре лозим аст, ки оянда дошта бошад, барои халқи худ хидмат кунад.

Ман омадам, боз шавҳарамро пеши ӯ равон кардам. Ӯ гуфтааст: "Низорамоҳ туро равон кард? Бирав, бигӯ, ки ӯ оянда дорад, бо халқ муносибат карда метавонад, кор карда метавонад, ҳар чӣ мегӯӣ бигӯ, аммо ӯ ҳаққи "не" гуфтан надорад".

Шавҳарам, коммунисти матин дар ҷавоб гуфтааст, ки агар Комитети партиявӣ ин қадар боварии калон дошта бошад, ман қабул мекунам. Баъд ноилоҷ рафтем хондан. Се сол хондам, дар таътилҳо пеши хонаводаам меомадам. Баъди бозгашт ба кор гирифтанд. Як сол дар Комитети марказӣ кор кардам. Соли 1956 Бобоҷон Ғафуровро Маскав фиристоданд, Турсун Улҷабоев котиби якум ва Имомов вазири маданият шуд. Ман котиби идеология шудам. Ҳарос доштам, ки дар он ҷо занони босалиқаву обруманду доно фаъолият мекарданд, либосҳои зебо мепӯшиданд ва ман мегуфтам, ки чӣ тавр ман дар байни онҳо кор мекунам, аз ҳамон занон метарсидам. Агар кас то чи андоза хоксору хушмуомилаву хушгуфтору хушрафтор бошад, бо ҳама дӯст мешавад. Баъд бо ҳамроҳии онҳо наздик шудем ва онҳо ҳама қариб ёрдамчии ман шуданд.

Даҳшати «переписка»

- Мудҳиштарин мушкиле, ки дар тӯли фаъолиятатон дар замони Шӯравӣ ба он рӯ ба рӯ шудед, кадом аст?

- Давраи "переписка" ё изофанависии пахта. Изофанависии пахта дар Шӯравӣ сар шуду ман дар мобайн соф баромадам ва ҳамаи мардонро айбдор карданд. Аз ман гуноҳ наёфтанд, аз болои ман касе шикоят накардааст, мо изофанависӣ ҳам надоштем ба ҳамаи мардум нормаҳоро медодем. Ҳамин ҳодисае, ки дар Тоҷикистон шуд бояд дар вилояти Сурхондарёи Узбакистон мешуд, қариб ҳамаи республикаҳоро ба ин гунаҳкор карданд. Лекин Шароф Рашидович котиби якуми КМ ҲК Узбакистон, ки узви Политбюро буд, гапашро гузаронидан тавонист. Ковал гуфтани шахс мехост дар Тоҷикистон котиби дуюм шавад, аммо мо котиби дуюми мо Пётр Степанович Обносов буд. Бисёр одами хубу коркушта буд. Турсун Улҷабоев Ковалро ба ҷойи ӯ қабул накард ва барои ҳамин дар мо часпиданд, комиссияҳои бисёр шуд. Боз онҳо сиррҳои худро ба ман мегуфтанд. Ҳамаи ин барои республика душвории зиёдеро ба бор овард. Мардҳои бечораро бегуноҳ ҷазо доданд. Дар маҷлисе дар Шаҳринав иштирок доштам ва аз он ҷо бармегаштам Азимов Бӯриро бегуноҳ зиндон карданд, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буд. Ҳарчанд ба чунин одам будани ӯ бовар надоштам ва инро ҳам гуфтам, лекин касе касеро гӯш намекард. Қариб 900 нафар зиндонӣ шуд, чанд касро паронданд, чанд каси дигарро аз вазифа сабукдӯш карданд. Дар ҳамон пленум тасаввур намекардам, ки онҳое, ки маро то ҳамин дараҷа баровардаанд, чӣ хел барояшон мегӯӣ, ки ту гунаҳкориву ман бегуноҳ. Аз як тараф Гагарин ба кайҳон парвоз мекарду аз дигар тараф мо ин ҷо аз партия шахсиятҳои аввал ва намоёни ҷумҳуриро бо гуноҳҳои сохтаву бофта мебаровардем . Азоби сахт буд ва Худоро шукр, ки ҳамаи ин душвориҳоро паси сар кардем. Билетҳои партиявиашонро ман баровардам намедонам чӣ хел худамро доштам ва гиря накардам, дод нагуфтам. Бисёр вазнин буд, барои ман, ки бо одамони хуб кор карда оқибат бояд чунин мекардам. Лекин боз хурсандам, ки ташаббускор худам шуда онҳоро аз зиндон баровардам, боз чанд муддате кор карданд, дубора аъзои партия шуданд.

- Аз Шумо наранҷиданд?

- Не, мегуфтанд, ки Низорамоҳ мард аст. Баъд маҷлиси партиявӣ шуд, гуфтанд; кӣ таклиф дорад?! Баъд аз партия Мирзо Раҳматович баромада гуфт, ки "Стоит их исключит из партии и Улҷабоеву и Додихудоеву они натворили…". Ӯ раиси президиуми Шӯрои Олӣ буд, ман гуфтам, ки барои чи ту гунаҳкор нестӣ, барои чӣ ман гунаҳкор нестам? Танаффус шуду баромада назди Мирзо Раҳматович рафта гуфтам, ки ҳамин аст ҷавонмардӣ? Чаро онҳо ҷавобгар ҳастанду мо нестем? Магар мо аъзои бюро нестем? Чаро онҳоро аз партия бароранду моро не? Вале фоидае надошт…

- Болои Шумо фишор намеоварданд, ки чунин мекардед?

- Не. Ман охир ҳақ будам, барои ин суханонам ҷавоб дода метавонистам.

Хастаам, хаста…

- Оё дар тай кардани ин роҳи мураккаб эҳсоси хастагӣ намекардед?

- Чаро не?! Албатта сахт эҳсоси хастагӣ мекардам. Соати 3-и шаб ба хона меомадаму субҳи барвақт кор мерафтам.

- Пас аз он пушаймон намешудед, ки чаро ба ин роҳ рафтед?

- Пушаймон мешудам, ҳозир ҳам мешавам. То ҳозир ҳам мегӯям, ки раҳмат ба ҳамин партияи коммунистӣ, ба ҳамон одамоне, ки ба ман устодӣ мекарданд, маро тарбият мекарданд, маро хононданд, ба ҳамин дараҷа расонданд. Сад бор шукр, ки Худованди карим маро дастгирӣ кард. Аммо боз мегӯям, ки аз ҳамин калони калон шудан ё пасти паст шудан, миёна будан беҳтар аст.

- Чаро?

- Кори худатро кардан мегирӣ. Ин қадар масъулияти калон надорад. Аммо он ҷо медонед, чӣ қадар масъулияти бузург дорад?! Се котиби КМ будем, яке Маскав мерафт ё шаҳру ноҳияе мерафт ва ё касал мешуд, ҳамаи вазнинии ҷумҳурӣ ба гардани ман буд.

Ба ҷойи охирсухан

Пас аз сӯҳбати дурудароз бо ӯ, барои хотира чанд аксе мебардораму боз суолаш мекунам, ки бубинед, ки имрӯз бархе вазир таъин мешаванду соҳиби қасру кушку мошини хориҷӣ мешаванд. Аммо самари меҳнати шумо ку?!

Бо дард механдаду мегӯяд: Мо 16 нафар дар ҳамин котеджи ҳукуматӣ, ки ба Зуҳуршоҳ, барои иштирокчии ҶБВ буданаш додаанд, зиндагӣ дорем. Фарзандонам, ҳамагӣ фарҳангианд ва аз дасташон тиҷорат намеояд. Аз аввал як зиндагии хоксоронае доштем, дубора ба ҳамун баргаштем…

Аз хонаи хоксоронаи ин зани аз кор хаставу бегилаву озор берун мешавему ба худ меандешам: Чаро яке аз ин кушку қасрҳое, ки хонаи ӯро иҳота кардаанд, насиби зане, ки умри худу хонаводаашро сарфи меҳнату корҳои ҳукуматӣ кардааст, нест.

 

Мусоҳибаи Адолати МИРЗО

ва Ниҳонии ХУШҚАДАМ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97