Сомӣ Юсуф: «Тақлид ин чоплусиву тамаллуқ аст»

Мусоҳиба 28.10.2010 10:06

sami-yousuf1

ҶОИЗАҲОИ СОМӢ ЮСУФ

- Оё барои ҳунаратон ҷоиза бурдаед? Агар бале, кай ва дар куҷо?

- Ман қадрдонӣ шудаам. Вале медонед, ман думболи ҷоиза намегардам ва ин хислати ман нест. Намехоҳам бо ҷоизаҳо бифахраму дар вебсойтам бигузораму. - Сомӣ! Ман шуморо дарк мекунам, вале хонандаҳои мо ин саволро додаанд. Онҳо мехоҳанд бифаҳманд, ки шумо ҷоизае бурдаед ё не?

- Ман барандаи як фестивал барои оҳанги «Ал-муаллим» дар Искандарияи Миср шудам. Он як фестивали байналмилалӣ буд. Вале агар рост бигӯям, намедонам ҳамон ҷоизаамро дар куҷо мондаам. Валлоҳӣ. Ҷоизаҳои бурдаам дар ҷойе дар хонаам ҳастанд. Ман ҷоизаҳоро ҷиддӣ намегирам. Вале дар миёни ҳамаи ҷоизаҳоям аз қадрдонӣ шудан бо унвони доктори адабиёт мефахрам. Ин мукофотро донишгоҳи Роҳемтон бароям эъто намуд. Ин дар воқеъ барои ман ифтихори бузурге ҳаст. Ин унвони илмии «ПиЭчДи» нест. Ин унвон аз «ПиЭчДи» ҳам болотар аст. Ин унвон барои онҳое дода мешавад, ки дар соҳаи худ «пионер»-пешгому пешқадам ҳастанд. Ин барои ҳиссагузории ғайримуқаррарӣ дода мешавад ва яке аз соҳаҳояш мусиқӣ ҳаст. Шумо албатта медонед, ин яке аз донишгоҳҳои Британия ҳаст. Ин барои ман як ифтихор аст. Вақте ин мукофотро гирифтам, 29 сол доштам ва ман ҷавонтарин шахсе будам, ки соҳиби ин ҷоиза шудам. Бисёр каманд афроде, ки ин ҷоизаро ба даст овардаанд. Яке аз онҳо нахуствазир Гордон Браун аст. Ин хеле хуб аст, вале як бори дигар мегӯям, ки ман бисёр ҷиддӣ намегирам. Ин аз эҳсосоти нафсонӣ ҳаст. Биноан ман наменишинаму фикр кунам, ки ҷоизаи навбатии ман кай мешавад. Алҳамдулиллоҳ агар ҷоиза буд, хуб, вале агар набуд боз ҳам Алҳамдулиллоҳ.

ТАҚЛИДКОРӢ ЧОПЛУСИСТ

- Сомӣ! Баъзеҳо дар Тоҷикистон туро тақлид мекунанд. Оҳангу шеърҳоятро мехонанд. Масалан, ҳамин оҳанги машҳури «Ҳасби Рабби»-ятро мегиранду муҳтавояшро тағйир дода, ҳатто бе он кӣ ту бидонӣ, онро мехонанд. Вақте аз чунин корҳо огоҳ мешавӣ, чӣ эҳсос туро фаро мегирад?

- Медонӣ, аксари консертҳои ман, 80 дар сади консертҳои ман ё ҳатто 90 дар сади консертҳои ман як ҷуре хайрия ҳастанд. Вақте чунин тақлидкориҳо рух медиҳанд, ман ғамгин мешавам. Каме нороҳат мешавам. Чун ин як кори бад асту бадрафторӣ. Онҳое ба чунин кор даст мезананд, ба ҳақи туву ҳақи мусиқии ту таҷовуз мекунанд. Ва аз худ мепурсӣ, ки чаро? Чаро чунин корҳо рух медиҳанд? Ман фикр мекунам, ин табиати одамӣ ҳаст. Ин табиати одамӣ ҳаст, ки ба чунин корҳо даст мезанад. Ин чоплусиву тамаллуқ аст. Вале ин танҳо дар Тоҷикистон нест, ин дар ҳар ҷои дунё ҳаст. Медонӣ дар Покистон як нафар аст, ман номашро намедонам, вале як бор бо телевизиёни Покистон мусоҳиба медодам, ва дар васат дар ҷойе, ки барои реклама ҳаст, ҳамон ҷавон баромад намуд. Он ҷо як покистонӣ буд, бо исми Нодия. Ман аз Нодияхонум пурсидам, ки ман кай ин оҳангро хондаам? Ман дар ҳақиқат фикр кардам, ки он шахс ман худам ҳастам. Комилан мисли ман ҳаст; айнак дорад ва риш, айнан мисли ман. Нусхаи ман аст, фақат каме сиёҳтар аст. Ин чоплусиву тамаллуқ аст, вақте касе ба чунин коре даст мезанад. Ман фикр мекунам, ҳар кас бояд кӯшиш кунад худаш бошад ва талош накунад каси дигареро тақлид кунад. Вақте ман соли 2003 вориди саҳна шудам, кӣ мисли ман буд? Вақте ман оҳанги «Ал-муаллим»-ро сохтам, киро тақлид кардам?

Ман касеро тақлид накардам. Қабл аз баромадан низ ҳаргиз ба худам фикр накардам, ки ман оё айнак пӯшам ё напӯшам? Фикр накардам, ки пироҳане пӯшам, ки ба ягон нафар, ягон ҳунарманд худамро монанд намоям. Ман фақат худам будам. Холисона худам будам. Ман ба ҳеч касе фикр накардам, фақат ба гапи дилам кор кардам. Боре дар бораи чизе фикр накардам. Фақат аз таҳи дил ба сурудан оғоз намудам.

ОЗОДАГӢ ТӮҲФАИ ИЛОҲИСТ

- Таваққуъи саволи дигареро доштӣ, ки напурсидам?

- Не, ташаккури зиёд барои мусоҳиба. Ташаккур барои дастгирӣ. (Инҷо ишорае кард ба матлабе, ки дар шумораи Миллат ба чоп расонида будаму ба Сомӣ Юсуф додам). Шунидам, ки рӯзномаи шумо мустақил аст. Ин олӣ аст. Умедворам, ки шумо идома медиҳед. Гуфтаниям, ки ба чизе, ки кори шуморо ба ақиб андозад иҷозат надиҳед. Ба назари ман худованд беҳтарин тӯҳфаро барои мо арзонӣ доштааст. Ва он тӯҳфа ҳаққи худододии озодӣ аст. Ва агар шумо озодӣ надошта бошед, шумо чизе надоред. Бе озодӣ умеду оянда вуҷуд дошта наметавонад. Озодӣ чизе ҳаст, ки бояд дар ҳар соҳаи ҳаёт барои доштани он талош намуд. Албатта касе комилан озод нест. Мо бояд дар ҳар соҳа, дар ҳар ҷомеа, дар ҳар давру замона барояш талош намоем. Ҳар давру замон мушкилоту масъалаҳои худро дорад. Баъзе одамон мегӯянд замонаи баде фаро расидааст. Дар воқеъ давру замонаи феълӣ ба он ҳад, ки онҳо фикр мекунанд ҳам бад нест. Мо давраи ҳуҷуми Муғулҳоро доштем, қатли омҳо, мо давраи Темури ланг ва дигарҳоро доштаем…

- Кӣ давраҳои бадтаре буданд…

- Ба маротиб бадтар. Қатли омҳо. Ба назари ман муттаҳам намудани замона «скепизм-фирор аз воқеият» аст. Воқеият ин аст, ки ҳамчун инсон ҳамчун шаҳрвандон мо бояд ҳамеша саъй намоем, худу кишварҳои худро ҳимоят намоем. Ин аст ончӣ ман эҳсос мекунам. Ман худам шаҳрванди Бритониё ҳастам, ҳамеша фаъолона таҳаввулоти Бритониёро пайгирӣ менамоям. Таҳаввулоти сиёсӣ ва бозаргонӣ. Шумо низ бояд ҳолу ҳаво дошта бошед, дар бораи ҷомеаатон, дар бораи кишваратон ва медонам, ки доред, вале гоҳҳо вақте мушкилиҳо пеш меоянд, монеаҳо пеш меоянд, баъзеҳо мегӯянд, ки фаромӯшаш кун ва бирав пушти корат. Ба назари ман ин гурӯҳи одамон дучори скепизм шудаанд, ки ин мисли хобидан аст. Ин аст ончӣ шумо бояд накунед. Мо бо ҳар роҳ мекӯшем, ки корҳои хубе бикунем. Ҷомеаамонро кӯмак намоем. Ва ба худамон ҳам кӯмак намоем. Ва як бори дигар ташаккури зиёд ба шумо.

- Дар мусоҳибаат бо БиБиСи гуфтӣ, ки мехоҳӣ, баъд аз шаш моҳ боз ба Тоҷикистон биёӣ?!

- Ман умедворам. Дар ҳақиқат орзу дорам. Умедворам.

- Яъне ин нақша нест?

- Не, нақша нест. Мо умедворем боз биёем, ҳатто агар барои рухсатӣ бошад.

- Ташаккур Сомӣ.

- Ташаккур ҷаноб. Раҳмати Худо бар шумо бод!

Сӯҳбаторо Саъдии ЮСУФӢ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97