ЛАҲЗАИ МОНДАГОР
Соат аз 11-и шаб мегузашт, ки ҳамроҳ бо ҷаноби Саидамин, намояндаи «Ориёнмедиа» ва ҷаноби Борон, намояндаи «ATM интернешнл» аз лифт дар ошёнаи шашуми меҳмонхонаи «Тоҷикистон» берун шуда, ба сӯйи утоқи ӯ қадам мезадем.
Баъди дар кӯфтан, онро ба рӯямон тарҷумони ӯ кушод. Бо ворид шудани мо, ӯ аз сандалияш баланд шуда, номамро гирифту дасташро барои салом сӯям дароз кард. Бархӯрдаш самимӣ буд. Бо ин ки бузургшудаи Лондон аст, шарқиёна бархурду аҳволпурсӣ мекунад. Дар чеҳрааш хастагӣ ҳувайдо буд. Баъди лаҳзае нафас рост кардан, пурсидамаш, ки; «оё омодааст, мусоҳибаро оғоз намоем?» - Оре- гуфт ва ҳамингуна дар он шаби мондагор дар равшании хираи чароғҳои утоқаш, ки тирезааш ба сӯйи боғи Рудакӣ во мешуд, мусоҳибаам бо ситораи маъруфи мусулмон Сомӣ Юсуф баргузор шуд.
РОҲИ ДУШВОР ТО МУСОҲИБА
Аз тамоми журналистика чизеро, ки бароям душвор асту хаставу рӯҳафтодаам мекунад ва гоҳҳо писандам меояд, ҳамин пустғафсӣ, истодагарӣ ва талошҳои пай дар пай барои расидан ба ҳадаф аст. То ин лаҳзаи зебо расидан бароям осон набуд. Аз бозе, ки эълони консерташро дар наздикии Кохи Борбад дидам, беқарори мусоҳибаи ихтисосӣ бо ин ҳунарманди дӯстдоштанӣ шудам. Телефонҳои зиёде ба ину он мекардаму пайгирӣ менамудам, интизорӣ мекашидам ва ваъдаҳо мешунидам, то ин ки ӯ ба Душанбе омаду тамоми ваъдаҳо мисли макре маро ноумед карданду даст аз мусоҳиба бардоштанӣ шудам.
Билети консерташро харидаму ба худ гуфтам, таассуротамро аз ҳунарнамоияш менависаму мусоҳиба намекунам. Дар авҷи ҳамин ноумедиҳо буд, ки нохост аз шумораи номаълуме дар телефонам тамос шуд. Вақте бардоштам, шахсе бо садои ноошно озори дӯстонаам медиҳаду кӣ буданашро намегӯяд. Баъдтар мутаваҷҷеҳ шудам, ки дӯстам Сироҷиддин асту аз Дубай ташриф овардааст. Вақте аҳволамро пурсид, гуфтам аз ин, ки талошҳоям барои мусоҳиба оростан бо Сомӣ Юсуф натиҷа надодаанд, каме хастаам.
Дӯстона ваъдаам дод, ки дар ин кор кӯмакам мекунад. Ва воқеан ҳам сари гапаш истод. Бо ин ки кораш тиҷорат асту сад баҳонаву узр барои фаромӯшхотирӣ дорад, бо масъулияти тамом пайгирӣ намуду аз пешравии кор ҳар лаҳзае тамос гирифта, бароям иттилоъ медод. Шабе, ки Сомӣ субҳи зудаш парвоз дошт, Сироҷиддин бо ман дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» соатҳо мунтазирӣ кашид ва дар долони интизор бо чойу ширинӣ меҳмоннавозиям мекард. Баъди тамом шудани мусоҳиба бо мошини яке аз дӯстонаш дар соати 12-и нимашаб то дами дари хона маро расонд, ки барои ҳамаи ин самимона аз ӯ сипосгузорӣ мекунам ва инчунин аз ҳамаи онҳое, ки дар ин кор маро ёрӣ намуданд.
МУСОҲИБАИ БОЭҲТИЁТ
Чанд соат қабл аз мусоҳиба аз ман хостанд, ки саволҳоямро пешакӣ навишта ба онҳо тақдим намоям. Инчунин ба ман гуфтанд, ки саволҳо аз сиёсату ҳар гуна мавзӯоти олуда бо сиёсат дур бошанд. Бо ин ки дар дил гуфтаниҳои зиёде ва пурсишҳои фаровоне доштам, мухтасаран чанд саволеро рӯйи коғазе нигошта, пешниҳод намудам, ки ҳатто баъзе онро низ қабл аз мулоқот бо Сомӣ Юсуф хат зада хоҳиш намуданд, ки аз ӯ напурсам. Ҳамингуна мусоҳибаам баъди ду рӯзи будани ӯ дар Тоҷикистон ва баъди консерташ дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» баргузор шуд, ки ҳамакнун бо каме таъхир пешкаши шумо азизон мешавад:
- Бародар Сомӣ, (ӯ истилоҳи бародарро хеле зиёд ба кор мебарад) шуморо ҳамчун тоҷик ба Тоҷикистон хайра мақдам мегӯям ва ҳамчун журналист мехостам ин мусоҳибаро бо саволи хеле ҳам маъмулӣ шурӯъ намоям. Мо тоҷикон доим мехоҳем кишварамонро аз чашму назари дигарон бубинем. Пас таассуроти Шумо аз Тоҷикистон чӣ гуна аст алалхусус баъди намоишу ду рӯзи будубош дар Тоҷикистон?
- Хуб, таассуроти ман се марҳила дорад. Яке вақти расидан дар фурӯдгоҳ фурӯд омадан. Бисёр самимона моро пешвоз гирифтанд. Вале каме мушкилот ба сабаби бисёрии ҳаводоронам ҳам буд. Ва дигар дӯстони мо моро ба ин меҳмонхона (Тоҷикистон – С.Ю.) оварданд, ки мошоаллоҳ хеле меҳмонхонаи зебо ҳасту манзараҳои зебое низ моро иҳота намудаанд. Инҳо табиъист, ки хеле таассуроти хубе дар ман эҷод кардаанд. Марҳилаи дуввум ин консерт буд. Консерт дар воқеъ бовар нокарданӣ буд. Ба консерт танҳо одамони диндор наомада буданд. Ба назари ман одамони гуногуне омада буданд. Дақиқ намедонам, ки ҳамаи онҳо одамони диндоре буданд. Вале як чизаш дақиқ буд, ки дар консерт ҳамаи иштирокдорон мардумони мусиқидӯсте буданд. Шаби консерт барои ман шаби хаёлие буд ва бедаранг метавонам гуфтан, ки хотироти ин шаб то абад дар зеҳну хотирам боқӣ хоҳад монд. Ва марҳилаи сеюм марҳилаи баъди консерт то ҳоло ҳаст. Мо имрӯз берун аз шаҳр ба тамошо рафта будем. Манзараҳои зебоеро дидем. Кӯҳҳоро. Таҷрибаву таасуроти гуногуну хубе дар ман эҷод шуд.
- Сомӣ!!! Воқеан ҳам Тоҷикистонро беҳтар аз он чӣ тасаввур доштед ёфтед?
- Бале. Хеле, хеле беҳтар аз он чӣ тавақӯъ доштам. Мухотабону аудитория беҳтарин буд. Албатта Тоҷикистон яке аз кишварҳои сарватманди дунё нест. Инро ман мефаҳмам. Қаблан дар бораи Тоҷикистон маълумот гирифта будам. Вале барои ман инҳо аҳамият надоранд. Масалан, меҳмонхонаҳои боҳашамату дигару дигар. Ман ошиқи мулоқот бо мардум ҳастам. Ин эҳсос дар вақте, ки консертро доир менамудам, дар ман пайдо шуд. Ва ман хеле нигарон низ будам. Қаблан барои ҳазорҳо тамошочӣ консерт иҷро карда будам, вале ин хеле фарқ дошт. Хеле нигарон будам. Қаблан барои аудиторияи форсӣ консерт иҷро накарда будам, ин нахустин бор буд, ки барои форсигӯён консерт медодам. Инҷо ҳам ҷамъияти форсӣ ҳаст ва ҳам фарҳанги беҳамтои тоҷикӣ. Ин ҳамааш боварнокарданӣ аст.
- Оҳангҳои шуморо чи чиз ин қадар махсус мегардонад?
- Шумо лутф доред. Ташаккур. Сабабҳои зиёде вуҷуд доранд. Яке ин аст, ки ман аз як хонаводаи аҳли мусиқиям. Асбобҳои мусиқиро хуб омӯхтаам. Дувоздаҳ намуди асбоби мусиқиро навохта метавонам. Хуб ин сабаб ва ё далели ягона надорад. Боз ҳам мегӯям, ки ин сабаби ягона надорад. Унсурҳои гуногуну мухталифе вуҷуд доранд. Як сеҳре вуҷуд дорад. Сеҳри вижае, ки аз тарафи Ӯст. Чизе, ки фақат аз тарафи худост. Қабул ва пазириш. Яъне вақте мардум шуморо қабул намоянд. Пас сабаб танҳо як чиз буда наметавонад. Танҳо садо ё танҳо табассуму рӯйи хуб. Ин танҳо як чиз нест. Хеле омилҳо бо ҳаманд. Албатта он сеҳру он қабулу пазириш аз тарафи Худост. На танҳо ба ин хотир, ки ман як сарояндаи мусулмонам. Ба ҳар ҳол қабулу пазириш аз тарафи Аллоҳ аст. Ман меболам, ки ин саволро ба ман додӣ.
- Мешавад мусиқиятонро таъриф кунед? Ин чи гуна мусиқӣ аст?
- Ин хеле саволи душвор аст, воқеан. Ман акнун баъди ҳафт сол посухе барои ин савол дорам. Ҳафт сол пеш ман жанреро дар мусиқӣ ихтироъ намудам, ки он жанр «спиритик» ном дорад. Дар бораи ин жанр шумо метавонед маълумоти бештаре аз вебсойти ман “Samiyusuf¬official.com» пайдо намоед. Дар асл жанри «спиритик» омезиши мақомоти шарқиву ғарбӣ бо ҳам аст. Хуб, ин як жанре ҳаст, кулан дар иҳотаи рӯҳоният. Ба шакли ҳатмӣ динӣ нест. Рӯҳоният аст. «Спиритик» талош мекунад, як ҳамдигарфаҳмӣ байни мардум эҷод намояд, як ваҳдат эҷод намояд. Ин аст мусиқии ман. Мусиқии ман барои ягон дини хос нест. Барои ягон гурӯҳи хос нест. Ҳатто дар гурӯҳи ҳунармандоне, ки бо ман ҳастанд, атбоъи динҳои дигарро метавон дид.
- Хуб, ин ба ин маъно ҳаст, ки шумо аз тасаввуфи Исломӣ илҳом мегиред?
- Албатта суфизм яке аз аспектҳои ислом аст. Касоне, ки инро инкор мекунанд, ба худашон дурӯғ мегӯянд. Ин хеле аспекти қавие ҳаст. Вале ин танҳо омил нест. Медонӣ, мо одамон як махлуқоти печидае ҳастем. Одамон ҳамеша дар ҷустуҷӯи калима ҳастанд то ҳар чизеро таъриф намоянд ва мардумро дар қуттиҳо ва чорчӯбаҳо ҷой кунанд, вале воқеият ин аст, ки мо махлуқоти печидае ҳастем ва таърифнашавандае. Суфизмро ҳам дар як калима таъриф карда намешавад. Идеяи ман омехтаву чакидаи чандин чиз бо ҳам ҳаст. Ва ин омезишро ҳамчун як чиз намебинам.
- Медонӣ Сомӣ, сабаби ин саволро ба ту додан ин аст, ки вақте мо ба Суфизм назар мекунем, онҷо рӯҳонияти бештаре мебинем?
- Дақиқан. Ман мувофиқам. Вале ҳамаи мазоҳиб ҳам. Хоҳ ин Қуръон бошад, динҳои тавҳидӣ бошанд: Ислом, масеҳият, яҳудият ва ё динҳои ғайри тавҳидӣ мисли Буддизм. Тамоми динҳо як фаҳмиши муштарак доранд ва он фаҳмиши муштарак ин аст, ки ин ҷаҳонро бояд маконе беҳтар созем. Ин аст ҳадаф. Ҳадафи асосии тамоми динҳои инсонҳо. Чӣ гуна ин ҷаҳонро ба дунёи беҳтаре табдил диҳем. Бо дар назардошти ин ҳадаф мусиқии ман ба худ рангу маъно мегирад. Мусиқии ман як василаи пропаганда, даъват нест, балки ба беҳтар намудани дунё равона карда шудааст. Мо ҳама инсонҳо махлуқоти худовандем. Мо умедворем, ман умедворам.
- Саволи дигари ман дар иртибот ба оҳангҳои ту аст, ки матни оҳангҳоятро, лирикаи туро менигорад?
- Ман худам менависам. 95 дарсади лирикаи оҳангҳоямро худам менависам.
- Матни дигар забонҳоро чӣ?
- Дигар забонҳо асосан тарҷумаи матни англисӣ ҳастанд.
- Онҳоро кӣ бармегардонад?
- Нависандагони гуногун, ҳунармандон. Дар ширкате, ки ман кор мекунам, лиристҳо (оҳангнависон – С.Ю.) -и арабӣ, форсӣ кор мекунанд. Онҳо оҳангҳои маро тарҷума мекунанд. Ман баъзеи онҳоро мешиносам ва баъзеи дигарашонро не. Ширкат онҳоро пайдо мекунад. Асосан бисёр вақт онҳо матни англисиро баргардон мекунанд, гоҳҳо ин тарҷумаи таҳтуллафзӣ ҳаст, гоҳҳо фақат тарҷумаи муҳтавову маъно. Вақте оҳангеро ба арабӣ ва ё форсӣ иҷро мекунам, асосан он ҳамон версияи англисӣ ҳаст,ҳамон гуна, ки мегӯянд, «модароҳангаш». Оҳанги асосӣ ё модароҳангаш ба англисӣ суруда мешавад, баъд мо версияҳои арабӣ, форсӣ, туркияшро иҷро мекунем. Ва тамоми он маънои ҳамон оҳанги англисӣ ҳастанд.
- Шахсан ман ба истиснои туркӣ матни дигар оҳангҳоро мефаҳмам. Доим ин эҳсосро дорам, ки гӯё хамаи он забонҳоро дар оҳангҳои ту гӯё як нафар суруда бошад. Онҳо хеле бо ҳам муртабитанду алоқаманд.
- Бале, ман оҳангҳоямро менависмам ва асбобҳои мусиқиро низ менавозам ва дар умум контроли эҷодӣ дорам, контроли эҷодии пурра. Гоҳҳо баъзеҳо ба ман мегӯянд, чаро инро наменавозӣ, чаро ин оҳангро иҷро намекунӣ. Ман контроли пурраи эҷодӣ дорам, барои ин рӯҳияи умумии оҳангҳоям ягона аст. Ҳамон эҳсос, ҳамон отифа. Чун ягон оҳанги ман қалбакӣ нест ва ягонтоаш дуздӣ нест. Ин ҳамааш аз дил аст.
(идома дорад)
Сӯҳбаторо Саъдии ЮСУФӢ