ХУДСӮЗӢ-ТАРЗИ ДАҲШАТНОКИ ҚАСД БАР ҶОНИ ШИРИН КАРДАН

Мусоҳиба 27.08.2009 15:14

Мусоҳиба бо мудири маркази ҷумҳуриявии беморони сӯхтаи

Беморхонаи шаҳрӣ-клиникии № 3, Умаров Алишер Мақсуддинович

Яке аз воситаҳои гурез аз мушкил ё хушунат барои бонувон тариқи худсӯзӣ сурат мегирад. Бархе аз онҳо ҷиҳати тарсонидани наздиконашон ба ин амал даст мезананд ва бархе дигар воқеан мехоҳанд ба ин тариқ аз зиндагӣ фирор кунанд ва ба марг бирасанд. Аммо дар ҳолати стресс ҳеҷ кадом аз онҳо қобилияти бар он андешиданро надоранд, ки дар ҳолати зинда мондан оқибатҳои дардоваре онҳоро интизор аст.

Тасмими мо бар он аст, ки дар мавриди худсӯзӣ пажӯҳишеро анҷом бидиҳем. Аз ин рӯ, аз ҳамаи онҳое, ки дар ин маврид иттилое дар даст доранд ва ҳодисаеро шоҳид будаанд, хоҳиш мекунем, бо мо дар тамос бошанд ва ин масоилро бо мо дар миён бигузоранд, то барои ҳалли ин мушкил даст бо дасти ҳамдигар талош бикунем. Нахустин гоми худро мо барои бозкушоии мавзӯъ аз боздиди Беморхонаи шаҳрӣ-клиникии №3 оғоз кардем ва мусоҳибаеро, ки пешкашатон мегардад, анҷом додем. Боз бо ҳам ба ин мавзӯъ бархоҳем гашт.

- Бигӯед, ки чанд фисади беморони шуморо ашхосе ташкил медиҳад, ки даст ба худсӯзӣ задаанд?

-Дар 6 моҳи сипаригаштаи соли 2009 ба Маркази ҷумҳуриявии беморони сӯхта 390 бемор бистарӣ карда шуд, ки аз ин 14 нафар бемороне мебошанд, ки даст ба худсӯзӣ задаанд.

- Онҳое, ки даст ба худсӯзӣ мезананд, дар соли ҷорӣ чӣ теъдод буданд ва сабабҳои даст ба қасди ҷон карданашонро иқрор мешаванд?

- Чи хеле ки гуфтем, дар соли ҷорӣ теъдоди бемороне, ки худсӯзӣ кардаанд, 14 нафарро ташкил медиҳанд. Ин беморон ба Маркази ҷумҳуриявии беморони сӯхта бо сабабҳои худсӯзӣ ворид мегарданд. Сараввал, шахсоне, ки худсӯзӣ кардаанд, вақте ки ба беморхонаи мо бистарӣ мешаванд, бисёре аз онҳо сабабҳои ҷарроҳати сӯхта гирифтаашонро инкор мекунанд. Мегӯянд, ки ҳангоми пухтани нон ё дар болои тафдон ногаҳон рехтани бензин онҳо ба ҳамин ҳолат дучор шуданд. Баъдан, дар давоми табобат онҳо сабаби худсӯзии худро иқрор мешаванд, ки ҷарроҳати сӯхта гирифтаашонро чи гуна гирифтаанд. Сабабҳои худсӯзии онҳо гуногун аст; яке барои иҷро нашудани ягон мақсад, дигаре рашки зиёд ба шавҳар, сеюмӣ ҷангу ҷанҷол байни келину хушдоман ва ғ.

- Оё шумо ба симмати шоҳид дар додгоҳе, ки ба баррасии парвандаи бемор (пациент) сурат гирифта бошад, ширкат доштед?

- Аслан, чунин бемороне, ки бо мақсади худкушӣ ба худсӯзӣ даст задаанд, вақте ки ба беморхонаи мо ворид мегарданд, мо ҳатман ба идораҳои дахлдор хабар медиҳем. Аз прократура ва милисахонаҳо омада, нисбати шахсони худсӯзӣ карда тафтишот бурда мешавад. Вақте ки бемор аз ҳолати садама (шок) баромад, он вақт иҷозат аст, ки омада ташкилотҳои дахлдор аз ин беморон баёнот бигиранд.

-Аз он теъдоди бемороне, ки ба бемористони шумо оварда шудаанд, чанд нафарашон наҷот ёфтаанд?

- Тавре ки гуфтем, дар марказ дар 6 моҳи сипаригашта 14 нафаре, ки худсӯзӣ кардаанд, ворид гашта буд, ки аз ин 14 нафар 8 нафари онҳо фавтиданд ва 6 нафарашон наҷот ёфтанд. Бемороне, ки ба ҳалокат расиданд, фоизи ҷарроҳати сӯхта гирифтаашон бениҳоят калон буд. То 80, 90, 100 %-и бадани онҳо сӯхта буд, ки ин шахсон зинда нахоҳанд монд.

- То ҷое мо маълумот дорем, ҳангоми 93 % сӯхтан, бемор дигар наҷот намеёбад…

- Бале, вале дар давоми корӣ ман бо ҳамин хел ҳолат рӯ ба рӯ шудам ва бемор, Фёдорова 93% ҳаҷми ҷарроҳати сӯхта ҳангоми таркиши газ гирифта буд. Мо ӯро табобат кардем. Ӯ наҷот ёфт. Сипас, барои реабитатсия ӯро ба шаҳри Санк-Петербург бурдем. Ҳоло бемор сиҳату саломат аст. Баъзан ба хабаргирии мо ба марказ меояд.

- Аслан усули онҳое, ки қасди худсӯзӣ мекунанд, кадом аст?

- Асосан, шахсоне, ки ба худсузӣ даст мезананд, аз маводи сӯзишворӣ; бензин, салярка, керосин ва ғ. истифода мекунанд. Бо ин усул онҳо худро ба ҳамин ҳолати бениҳоят вазнин гирифтор мекунанд.

- Бештар мардон ё бонувон худро месӯзонанд? Ва дар кадом сину сол?

- Албатта, бештар ба ин кор бонувон даст мезананд. Лекин ҳар сол як ё ду ҳодисае мушоҳида карда мешавад, ки ба ин кор мардҳо ҳам даст мезананд. Дар ҳамин соли ҷорӣ дар маркази мо ду ҳодисаи худсӯзии мард сурат гирифта буд. Ҳардуи онҳо ҷавони оила барпо накарда буданд. Як нафари онҳо донишҷӯйи курси дуюми Донишкадаи техникӣ буд. Нағз шифо ёфтанд, лекин онҳо сабаби худсӯзии худро иқрор нашуданд.

- Оё онҳое, ки аз кардаи худ пушаймонанд, бештаранд, ё онҳое, ки воқеан мурдан мехоҳанд?

- Нестанд нафароне, ки воқеан мурдан хоҳанд. Тамоми шахсоне, ки ба ин кор даст мезананд, албатта, пушаймон мешаванд. Онҳо оқибати бемориро намедонанд, ки чи гуна дарди ҷонкоҳ дорад. Ин гуна шахсоне, ки ба худсӯзӣ даст мезананд, асабҳои на он қадар мустаҳкам доранд. Дар ин ҳолат онҳо намефаҳманд, ки ба чи кор даст зада истодаанд. Онҳо барои тарсонидани хушдоман, шавҳар ба ҳамин кор даст мезананд. Фикр мекунанд, ки пӯсти қабати боло месӯзад ва як-ду рӯз пас сиҳат меёбад, вале тамоми бадани онҳо месӯзад. Вақте ки ба беморхонаи мо ворид мегарданд, мегӯянд, ки ба хешу ақрабои онҳо хабар надиҳанд. Фикр мекунанд, ки дар давоми 5-10 рӯз шифо меёбанд. Вақте дар муддати дуру дароз табобат мегиранд, дарду сӯзиши ҷарроҳати бардоштаро ҳис мекунанд, онҳо аз кардаи худ сад дар сад пушаймон мешаванд. То ҳатто то ба ҳол барои аз нав баргардонидани ҳолати пешинаи худ барои ҷарроҳии пластикӣ кардан меоянд.

- Табобати онҳо чӣ қадар тӯл мекашад?

- Табобати баъзеи онҳо то 5-6 моҳ тӯл мекашад. 6-7 маротиба ҷарроҳиҳои пластикӣ мекунем. Лекин баъди шифо ёфтан он дардҳо, сӯзишҳо, доғҳо як умр дар бадани бемор меистад. Он доғи сӯхтагӣ ҳам дард мекунад, ҳам сӯзиш мекунад, ва ҳам хориш. Он доғҳое, ки дар бадани бемор мемонад, мо онро фақат қисм-қисм ҷарроҳии пластикӣ мекунем. Он доғ аз бадани бемор тамоман нест намешавад.

- Мудҳиштарин худсӯзие, ки тӯли фаъолиятатон шумо ба он дучор омадаед, кадом аст?

- Муддати 16-17 сол аст, ки ман дар ҳамин марказ фаъолият дорам, хушбахтона, сол ба сол ин беморон кам шуда истодаанд. Дар солҳои 2002-2003 ин беморони сӯхта то 45-50 нафар буд. Дар ҳамин 16 соли кориам дар соли 2001 ман бо як чунин мудҳиштарин худсӯзӣ дучор шудам. Зане аз ноҳияи Фархор, ки қасди худкушӣ бо роҳи худсӯзӣ карда буд, ба беморхонаи мо ворид гардид. Ин зан ҳомиладор буд. Ба бадани худ бензин рехта, худро сӯзондааст. 100%-и бадани ӯ сӯхта буд. Ҷанҷол бо шавҳараш сабаби худсӯзии ӯ гардида буд. Фарзанди ӯ аз батнаш афтид. Муддати як ҳафта баъд бемор бо чи қадар азобҳо ҷон дод, ки ҳанӯз ҳам аз пеши назарам дур нест.

- Оё чунин шудааст, ки нафареро, ки як бор наҷот додаед, дубора қасди худкушӣ ба усули худсӯзӣ карда бошад?

- Дар ҳамин муддати фаъолияти кориам хушбахтона ба ин ҳолат дучор наомадаам.

- Бархе бо усули хурдани уксус низ қасди худкушӣ мекунанд ва ин афрод низ ба бемористони шумо оварда мешаванд? Агар бале, ин теъдод чанд нафарро дар сол ташкил медиҳанд?

- Роҳҳои худкушӣ бениҳоят зиёданд. Бархе бо усули хӯрдани уксус, бархеи дигар худро оташ мезананд ё заҳр мехӯранд, дигаре худро ба дор меовезанд ё ин ки ба об ғарқ мекунанд.

Дар беморхонаи мо шӯъбаи бемориҳои заҳролудшавӣ амал мекунад. Шахсоне, ки бо хӯрдани уксус қасди худкушӣ мекунанд, дар ҳамин шӯъба бистарӣ карда мешаванд. Онҳое, ки миқдори зиёди уксусро фурӯ бурдаанд, мутаассифона наҷот ёфта наметавонанд. Шахсоне, ки наҷот меёбанд, дар онҳо нуқсонҳо пайдо мешаванд. Узвҳои роҳи нафас месӯзанд. Овози онҳо бениҳоят ғафс мешавад, ки инро мутахассисон боз бештар метавонанд шарҳ бидиҳанд.

- Шумо ба онҳое, ки қасди худсӯзиро доранд, чӣ маслиҳат медиҳед?

- Ин андешаи ботилро аз сар дур кунанд ва ба амонати Худованд, ки ҷони онҳост, хиёнат накунанд.

-Ташаккур, барои сӯҳбат.

Ин матлаб бо дастгирии Бунёди ҷамъиятии

"Перспектива+" нашр шудааст.


Заринаи МУХТОРЗОДА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97