Иззатталабӣ аз Ватан бояд шуруъ шавад

Муҳоҷират 29.10.2012 18:49

Ё мо интизор дорем, ки моро чӣ гуна тасвир кунанд?

muhojiri_izattttДар ҳудуди 6 соли пеш замоне ки Умар, як хеши наздикамон тасмим гирифт, ки Русия корҷӯӣ биравад, барои гусели ӯ субҳи барвақт қабл аз парвоз дар майдони фурудгоҳ ҳозир шудем.

Иттифоқан, яке аз милисаҳои фурудгоҳ, ки ошнои Умар буд, дар ин субҳи зуд низ барои гусели як ҳамдеҳааш ба фурудгоҳ омада буд, ба сару сиккаи Умар дида дӯхта гуфт: "Бубинш, мегӯй, ки депутати Савети олист. Ту бача мардикорӣ мерай, ё Съезд?" Бо ишора ба дӯсти дигари Умар, ки ҳамроҳи ӯ ба Русия мерафт ва овозхоне буд, гуфт: "Инаша бубин, мегуй гастроль рафтеста бошад, ин сару либосашро бубин. Бо ин кару фар барои шумо дар Русия ба фикрм коре намешавад пайдо кард?!" Ҳамин замон яку дуву севу чор… мусофирон ба фурудгоҳ ҳозир шуданду ҳамон ҳамдеҳаи милиса, ки Русия мерафт, низ ба даромадгоҳи самти парвози Душанбе Санкт-Петербург расиданд. Милиса, ки завқи суҳбаташ омада буд, бо ишора ба онҳо гуфт, ки; "анна ин ҳамшаҳриҳои мана бин,  инҳо воқеан Русия корҷӯӣ мераванд, бо либосҳои корӣ, маълум, ки коргаранд…" Почаҳои эзор даруни попӯш барзадагӣ, жемперу куртаҳо дар миён бастагӣ ё дар китфҳо кашол, дуруст ҳамчуноне ки гӯӣ ё дар корзор аст ва ё ҳамин ки аз ҳавопаймо пойин шуд, бояд даст ба дастаи ароба бизанад ё бо ҷорӯбу бел.

Психологияи аробакашӣ

Аз он рӯз солҳо сипарӣ шуданд, Умар аз муҳоҷират баргашту чанде дар Ватан монд ва пас аз чанд соли нимсеру нимгурусна гаштан дар Ватан бори дуввум тасмим гирифт, барои корҷӯӣ Санкт-Петербург биравад. Дар тараддуд шуду пул қарз карду барои худ сару либоси муносиб харид. Дӯсте маслиҳаташ дод, ки бираву ҳамон ҷо кор бикун ва либос бихар, қарзу дарди сари зиёдатӣ чӣ лозим?

Умар гуфт, то кор ёфтан, ки намешавад, мисоли "бомж"-ҳо дар хиёбонҳои олуфтаи Русия қадам бизанам.

Баҳси "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" дар расонаҳо доман заду маро ёди ҳамон мусофирони "аробакаш"-и парвози самти Душанбе -Маскав афтод, ки ҳақирона либос ба тан карда буданд. «Аробакашони Черкиз" ҳанӯз аз ватан бо психологияи аробакашиву ҷорӯбкашӣ озими шаҳри ғурбатҳову сарсахтиҳо мешаванд.  Айб танҳо дар тарроҳони "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ" нест, айб дар худи мо ва имиҷсозии мост, ки мо аз миллати худ ҷорӯбкашу туалетшуву аробакаш сохтему симои миллатро чунин ҳақир ба намоиш гузоштем.

Шикастани оина роҳи ҳал нест

Симои миллии мо то ин дам бузургмардоне амсоли Фирдавсиву Мавлонову Хайёму Носири Хусрав буданд, акнун мо меросбари ана ҳамин тӯдаи аробакашу ҷорӯбкашу таҳқиршудаҳои кӯчаҳои Русия ҳастем.

Ҳоло ки акси мо дар оина ба намо омадааст, мо набояд оинаро бишканем ва худ ҳамон гуна ки ҳастем боқӣ, бимонем, мо бояд ба қавли Мавлоно "дарунро бингарему ҳолро", мо бояд дар пайи ислоҳи камбуди худ бошем.

Мо бояд аввал боиззат буданро дар Ватан ёд бигирем, он гаҳ аз дигарон талаб бикунем, ки бо мо бо эҳтиром муносибат дошта бошанд.

Агар мо ба чашми дигарон ҳамчун ҷорӯбкашу аробакаш рух мекунем, ин аз таассуротест, ки онҳо аз ҳузури бардавоми мо дар кишварашон бардошт кардаанд. Мо бояд имиҷи худро дигар кунем.

Дуруст аст, ки солҳо расонаҳои мустақили тоҷик бо барномаи масхараомези "Ҷамшуду Равшан" даст ба гиребон шуданд ва билохира он аз эфири телевизионҳои Русия нопадид шуд. Аммо бо дигар намое он аз худ дарак дод. Акнун дар сурате бо намои ҷорӯбу "шпател"… Пас бояд ба ин дарк бирасем, ки аз мост, ки бар мост. Мо ҳамчунин зеҳниятро дар кишвари мизбон ба вуҷуд овардаем ва он ба ҳар тариқае аз худ дарак медиҳад.

Асли масъала ин аст, ки созандагони "Роҳнамои муҳоҷири корӣ" муҳоҷиронро бо асбобҳои сохтмонӣ наққошӣ кардаанду масъулони маҳаллиро дар чеҳраи инсонӣ.

Дуруст аст, ки иштибоҳи созандагони "Роҳнамои муҳоҷири  корӣ", бояд дар баробари инъикоси чеҳраи муҳоҷирон бо асбобҳои сохтмонӣ, намунае аз масъулини хадамот, ба вижа милисаҳои фасодкорро бо чеҳраи пулу фосид наққошӣ мекарданд, ки накардаанд. Якеро ҳамчун олот ва дигареро инсон офаридаанд. 

Мақомоти Санкт-Петербург ҳам алайҳи "Роҳнамо…" шуд

Дар ин робита додситонии шаҳри Санкт Петербург эълон кардааст, ки ин дастурамал аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Назаре ба оянда" дар доираи лоиҳаи "Ғарбу Шарқ" нашр гардидааст ва айни ҳол нисбати ин амал тафтишот шуруъ шудааст.

Ҳама аз он сар шуд, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия китобчае бо номи "Раҳнамои муҳоҷири корӣ" ба нашр расид, ки дар он муҳоҷирон дар сурати ҷорӯбу андовачӯбу ғелак нишон дода шудаанд. Ин дастурамал 10 ҳазор нусха чоп шуда, шакли электронияш низ дар торнамои "Толлерантность" ҷойгир шудааст.

Баробари қоидаҳои вуруд ба Русия ва дарёфти кор дар ин кишвар, ноширони "Роҳнамо" ба муҳоҷирон тарзи гуфтору рафторро нишон додаанд. Аз ҷумла дар дастурамал ба муҳоҷирон тавсия шудааст, ки либосҳои миллӣ напӯшанд, бо либосҳои варзишӣ нагарданд, баланд ҳарф назананд…

Ин раҳнамо, ки ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва қирғизӣ тарҷума ва нашр шудааст, мавҷи эътирозҳоро дар миёни созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва худи муҳоҷирон дар Русия ба бор овардааст. Баробари ниҳодҳои расмии Тоҷикистон созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳам эълон кардаанд, дар "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ", ки ба унвони як дастурамал барои муҳоҷирони муқими Русия таҳия ва нашр шудааст, ҳайсияти инсонҳое, ки аз рӯи ночорӣ рӯ ба муҳоҷират оварданд, таҳқир шудааст.

Гиреҳи мушкили муҳоҷирон дар дасти давлатҳост

Аммо суоли аслӣ ин аст, ки чаро маҳз ин ҳама сару садо атрофи як китобчае шуруъ шуд, ки гуфта мешавад, қаблан бо намояндагии созмонҳои муҳоҷиратии тоҷикон ҳамоҳанг шуда будааст. Ин кадом намояндагӣ аст, дақиқ нест. Ҳоло ҳама ҳомии муҳоҷирон шудаанд, дигар ин қадар соҳибдарак ёфтаанд, ки ба қавле "кадбону нуҳ шуд, атола … шуд", ки аз бисёриашон соҳиби аслӣ маълум нест. Вале дақиқан маълум аст, ки модоме давлат, ки қудрати аслист, наметавонад мушкили муҳоҷиронро ҳал бикунад, ки бояд ҳам ҳал бикунад, аз дасти ҳеч фарди хосе аз ҳомии ҳуқуқ гирифта то ашхоси алоҳида аз қабили муллову раиси диаспораву дигару дигар ин кор барнамеояд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо пойи худ Тоҷикистон омад ва мо фурсат ва имкон доштем, ки лоақал тақозои эҳтиром гузоштан ба худ ва миллати худро аз ӯ бикунем, ки маълум мешавад, ҳаминро накардем. Дигар ҳамааш таблнавозии пас аз тӯй аст.

Ҳай-ҳай

Дар ҳамин ҳол Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо пахши изҳороти расмӣ, нашри "Роҳнамои муҳоҷирони корӣ"-ро маҳкум карда, онро иғвою дасиса хонд, ки гуруҳҳои алоҳида барои "ҳадафҳои нопоки худ" роҳандозӣ кардаанд.

Сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, чопи "Роҳнамо…"-ро амали номатлуб ва таҳқири рӯйирости муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикистониёни Русия арзёбӣ кардааст.

Намояндагони Тоҷикистон дар Маскав бо пахши изҳороти расмӣ аз мақомоти Русия даъват кардааст, ки масъалаи мазкурро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, зуҳури чунин падидаҳои номатлубро дар оянда ҷилавгирӣ намоянд: "Ашхос ё гуруҳҳои алоҳида, ки аз иғвову дасиса ва таҳқиру озор барои пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки худ, яъне халалпазир кардани раванди осоиштаи кору зиндагии мардум ва ба вуҷуд овардани тирагиҳо миёни қавму миллатҳои гуногун кор мегиранд, ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро ин амали нораво аз сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва соҳибфарҳанг ба ҳеч ваҷҳ ва ҳеч сурат мавриди пуштибонӣ қарор нахоҳад гирифт."

Ҳамааш то ин ҷо олиҷаноб аст. Аммо кошке, ки вақте тоҷикро дар Русия сар мезананду месӯзонанд ва ҳангоми фиристодани турбати ба хун оғуштаи ҳамватанони ҷавонмаргу кушташудаамон ҳамчунин сару садое аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия буланд мешуд. Ҳадди ақал таъзияе ба хонаводаҳои ин мазлумон фиристода мешуд, ҳоҷати ҳеч гуна баррасии ин вокуниши Сафорат намебуд. Аммо вақте ки мо дар баробари ҷони инсонҳо, он ҳам ҷавонони дар ҳукми гулу қурбонии шаҳри ғурбат беэътиноӣ мекунем, ҳатман ҳамчунин интизоротро бояд дошта бошем, ки онҳо бо мо чӣ гуна бархӯрд хоҳанд кард. Ҳоло ин "Роҳнамо…" намунаи маданитарини муносибат бо миллати мост. Ҷони як ҷавони гулгункафан садҳо бор аз ин 10 ҳазор коғази наққошишуда боарзиштару пурбаҳотар аст. Хоҳ мувофиқ бошед, хоҳ на. Ҳақиқат ҳамин аст.

Тадбир чист?

Барои боиззат шудан, аввалтар бояд, ки мо ёд бигирем, ки чӣ гуна ба худамон арҷ бигузорем. Дуввум, аз фирори мағзҳо ҷилавгирӣ кунем.

Севвум боистӣ, ки хонаи худамон, Ватанро  бисозем. Бо ниру ва ақлу заковати хеш.

Чаҳорум бояд ҷои кори бештаре дар Тоҷикистон таъсис бидиҳем, ки битавонем аз ҳиҷрати селаи мардони кор ба хориҷ, ба хусус Русия ҷилавгирӣ кунем. Ва аз вобастагӣ барои ҳамеша наҷот пайдо кунем. Тасаллӣ додани худ, ки бидуни муҳоҷирати корӣ ҳеч кишваре наметавонад бошад, ҷуз фиреби худ чизе ба бор намеорад.

Ҳатто мо истифода аз зарфиятҳои худро дар кишвари худ доро нестем, пас чӣ гуна метавонем, дар кишваре ғайр талаби ҳаққу иззат кунем. Ҳатто агар он кишвар шарики стратегие бо номи Русия бошад.

То замоне ки андешаи мо аз занҷираи ғуломӣ раҳо нашавад, ҳамоно моро таҳқир хоҳанд кард, агар ҳатто барномаи "Ҷамшуду Равшан" набошад ҳам ва "Раҳнамо"-е ҳам дигар бо теъдоди 10 ҳазор нусха барчидаву сӯхта бишавад ҳам. Ин интизорро дошта бошед, ҳатман бо намое дигар, бо тарзе дигар моро фуш хоҳанд дод. То он даме ки мо худ ва вазъро ислоҳ накунем.

Ситора Наҷмидинова, собиқ муҳоҷир

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97