Тоҷик қонунӣ Русия меравад, "муҳоҷирати ғайриқонунӣ" бояд ҳазф шавад

Муҳоҷират 15.10.2012 15:43

Tajik_MigrantsДар қароргоҳи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 21 сентябри соли ҷорӣ лоиҳаи қонун "Дар бораи агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ" ва қонун "Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ" бо ҳузури  масъулони ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ, ҳуқуқшиносон ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Қабули қонун аз рӯи ин ду лоиҳа дар ин нишаст муҳим арзёбӣ шуд, зеро гуфта мешавад, ки тибқи муқарароте, ки дар тарҳи қонун "Дар бораи агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ" пешбинӣ шудааст, дар Тоҷикистон дар баробари агентиҳои шуғли аҳолии давлатӣ минбаъд ҳамчунин агентиҳои хусусиии шуғли аҳолӣ ҳам бояд фаъолият намоянд. Айни ҳол теъдоди субъектҳои хоҷагидоре, ки оид ба содироти нируи корӣ ба хориҷа иҷозатнома доранд, ҳудуди 70 то мебошанд, вале аз ин шумора дар маҷмуъ 23-24 то аз он фаъол аст, ки бевосита ба содироти нируи корӣ машғуланд. Тибқи пешниҳодҳои ироашуда ба ин лоиҳа агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ, мисли марказҳои шуғли аҳолии давлатӣ барои ба кор таъмин намудани мардум, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар машғул хоҳанд шуд. Дар лоиҳаи мазкур бархе аз муқарарот пешниҳод шудааст, ки дар он ҷо тартиби ташкил, номнависӣ, инчунин намудҳои фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин тибқи пешниҳодҳо агентиҳо муваззаф мешаванд, ҳолати ба хориҷа содир намудани муҳоҷирони меҳнатиро аз ибтидо то интиҳо назорат намоянд ва дар ҳолати вайрон кардани банде аз қарордод, ки байни агентиҳои хусусӣ ва корманд баста мешавад, муҷозот пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, баррасии лоиҳаи қонун "Дар бораи агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ" то ду моҳи оянда ба итмом бирасад ва ба парлумон пешниҳод бишавад.

Қонун "Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ" низ дар ин нишаст баррасӣ ва баҳс шуд. Ба тӯл кашида шудани баррасии тарҳи ин қонун сабаби нигаронӣ арзёбӣ мешавад. 

Ойниҳол Бобоназарова, раиси Бунёди ҷамъиятии "Перспектива+" дар ҳамин маврид мегӯяд, ки мехоҳанд дар мадди аввал масъалаи амалишавии бисёр созишномаҳое, ки миёни Тоҷикистону Русия вуҷуд доранду сарнавиштсозандро, ба баррасӣ бигиранд. Зеро ба гуфтаи ӯ, иштироки ҷомеаи маданӣ дар баррасии лоиҳаи ин қонун хеле муҳим аст: "Бояд таҳлил кунем, ки қонунҳо то кадом андоза ба меъёрҳои байнулмилалӣ мутобиқ ҳастанд ва то куҷо манфиати муҳоҷиронро ҳифз мекунанд. Аз ин рӯ ба миён гузоштани ин масъала бисёр муҳим аст".

Ин ҳомии ҳуқуқи инсон аз он изҳори таассуф мекунад, ки дар қонунгузории амалкунандаи муҳоҷирати меҳнатӣ мафҳуми "муҳоҷирати ғайриқонунӣ" вуҷуд дорад, ки тибқи Конвенсияи байнулмилалӣ, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст, бояд бардошта шавад: "Тоҷикон вақте ба Русия мераванд, он ҷо ба таври қонунӣ ворид мешаванд, зеро миёни Тоҷикистону Русия раводид нест. Ҳамчунин агар муҳоҷир сарҳадро низ вайрон кунад, қонун дар бораи вайрон кардани сарҳад аст. Дар худи ҳамин конвенсияи байнулмилалие, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст, мафҳуми муҳоҷирати ғайриқонунӣ вуҷуд надорад".

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар баррасии лоиҳаи нави қонун "Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ" пешниҳод шудааст, ки мафҳуми "муҳоҷирати ғайриқонунӣ" аз он ҳазф карда шавад. 

Зимнан, тарҳи қонуни мазкур 9 боб ва 30 моддаро дар бар мегирад, ки қарор аст, то ду моҳи дигар барои баррасӣ ба порлумони кишвар фиристода бишавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97